ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Нигористон

-A A +A

МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН - ҚАДАМИ УСТУВОР БА СӮИ ҶОМЕАИ АМН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 07/05/2026 - 10:28
     Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият ҳамчун рукни асосии Конститутсионӣ ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин ҳама, савдои  одамон дар шаклҳои гуногуни зуҳури худ (истисмори шаҳвонӣ ва меҳнатӣ, ғуломии маишӣ, ҷалб намудан ба иқтисодиёти ниҳонӣ ва ғайра) бо ин гуна ҷиноятҳои  муташаккили фаромиллӣ ҷомеаи ҷаҳони рӯ ба рӯ мешавад. Масъалаҳои марбут ба савдои одамон дар шароити имрӯза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуроти манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 07/05/2026 - 10:21
     Ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон яке аз омилҳои асосии татбиқи самарабахши сиёсати андозу буҷет буда, дар баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ нақши муҳим дорад. Ин раванд дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ зарур мебошад. Аз ин рӯ, Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд [1].
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МЕХАНИЗМҲОИ ТАТБИҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 01/05/2026 - 16:45
     Дар ҷаҳони муосир, ки арзишҳои инсонӣ дар мадди аввал қарор доранд, таъмини баробарӣ ва мубориза бо табъиз аҳамияти хосса касб мекунад. Табъиз дар ҳама шаклҳо ва зуҳуроти имконпазираш яке аз намудҳои маъмултарини поймолкунии ҳуқуқи инсон ва сӯиистифода аз онҳо ба ҳисоб меравад. Ин падида ба ҳаёти ҳаррӯзаи миллионҳо нафар таъсир расонида, аз ҷумлаи падидаҳое мебошад, ки ошкор намудани онҳо хеле мушкил аст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ ИШТИРОКИ ЗАНОН ДАР ҲАЁТИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 30/04/2026 - 11:53
     Дар ҷаҳони муосир масъалаи иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ яке аз масъалаҳои муҳими рушди ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад. Зан ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеа на танҳо дар оила, балки дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши калидӣ мебозад. Имрӯз пешрафти ҳар як давлат аз сатҳи иштироки занон дар идоракунии давлатӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ ва қабули қарорҳои муҳим вобастагии зиёд дорад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ПЕШГИРИИ ГАРОИШИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 29/04/2026 - 15:22
     Яке аз масъалаҳое, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ба ҳисоб меравад. Ҷавонон ҳарчанд бахши пешрави ҷомеа бошанд ҳам, бо сабаби надоштани таҷрибаи кофӣ бештар ба таъсири омилҳои гуногун дучор мегарданд ва дар бархе ҳолатҳо ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротии динӣ меафтанд.
     Аз ин рӯ, пешгирии ин падида танҳо бо ҳамкории давлат, оила ва ҷомеа имконпазир аст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ПЕШГИРИИ ГАРОИШИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 29/04/2026 - 14:33
     Яке аз масъалаҳое, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ба ҳисоб меравад. Ҷавонон ҳарчанд бахши пешрави ҷомеа бошанд ҳам, бо сабаби надоштани таҷрибаи кофӣ бештар ба таъсири омилҳои гуногун дучор мегарданд ва дар бархе ҳолатҳо ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротии динӣ меафтанд.
     Аз ин рӯ, пешгирии ин падида танҳо бо ҳамкории давлат, оила ва ҷомеа имконпазир аст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 28/04/2026 - 16:26
     Сатҳу сифати қонунгузорӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ буда, ба он ҳар як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд диққати аввалидараҷа медиҳад, зеро қонуни босифат дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, кору фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим дорад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 28/04/2026 - 11:33
     Дар шароити ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои бисёр мубрам ванигаронкунанда фасод, ё худ коррупсия ба ҳисоб меравад. Коррупсия ва дигар кирдорҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ба рушди устувори иқтисодӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ монеа эҷод намуда, ҳамзамон ба татбиқисамараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мушкилҳоро ба вуҷудмеоранд. Илова бар ин, чунин падида ба суботу амнияти давлат таъсири манфӣ расонида, муҳимтар аз ҳама, боиси коҳиши эътимоди ҷомеа нисбат ба мақомоти давлатӣ мегардад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОДУ РАШТ ДАР САМТИ ШАРҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ҲУҶҶАТҲОИ БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГИИ МУҚОВИМАТ БА ЭТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ВА КОРРУПСИЯ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 24/04/2026 - 13:22
    23 апрели соли 2026 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар доираи сафари кории кормандони Марказ фаҳмондадиҳии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025, Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

НАҚШИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 24/04/2026 - 11:40
     Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаб ва хатарноки иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ буда, ба рушди устувори давлат, таъмини адолати иҷтимоӣ ва боварии шаҳрвандон ба ҳокимият таъсири манфӣ мерасонад. Он метавонад боиси заиф гардидани низоми идоракунӣ, коста шудани иқтисоди миллӣ ва коҳиши сатҳи зиндагии аҳолӣ гардад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат ва фаъолияти мақомоти дахлдор ба ҳисоб меравад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Танзими ҳуқуқии фаъолияти телевизион ва радио

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 23/04/2026 - 16:59
    Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио ҳамчун воситаҳои асосии ташаккули афкори умум ва таъмини амнияти иттилоотии давлат боқӣ мемонад.  Танзими ҳуқуқӣ ин раванди таъсири мақсадноки давлат ба муносибатҳои ҷамъиятӣ бо ёрии воситаҳо ва усулҳои махсуси ҳуқуқӣ буда, ба муътадилсозӣ ва батартиб даровардани онҳо равона шудааст. Яке аз муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки мавзуи танзими ҳуқуқӣ мебошад, ин телевизион ва радио аст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 22/04/2026 - 09:15
     Терроризм яке аз ҷиноятҳои хавнок дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Инро таҷрибаи мавҷудаи ҷаҳонӣ дар замони муосир нишон медиҳад. Ягон давлат наметавонад мустақилона, бе ҳамкории дигар давлатҳо бо ин ҷиноят мубориза барад. Террорист миллат, забон, дин, ва дигар арзишҳои ҷудокунандаро надорад. Дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ терроризми байналмилалӣ афзоиш меёбад, ки ин ҳолат ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Дар асл, терроризм ҳамчун таҳдиди ҷаҳонӣ ба амнияти давлат, тамомияти давлатҳо, ҳуқуқи инсон ва ғайра таҳдид мекунад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

УСУЛҲО ВА ВОСИТАҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ МОНИТОРИНГИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 21/04/2026 - 16:08
     Аз дидгоҳи илмӣ, мониторинги қонунгузорӣ ҳамчун механизми муассири ҳамгироии назария ва амалия баромад намуда, имконият фароҳам меорад, ки меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ дар заминаи воқеияти иҷтимоӣ ба таври низомнок, ҳамаҷониба ва далелнок арзёбӣ карда шаванд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 17/04/2026 - 16:22
     Ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон яке аз омилҳои асосии татбиқи самарабахши сиёсати андозу буҷет буда, дар баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ нақши муҳим дорад. Ин раванд дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ зарур мебошад. Аз ин рӯ, Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд [1].
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ ИПОТЕКА: ТАҲҚИҚОТИ НАЗАРИЯВӢ ҲУҚУҚӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 14/04/2026 - 10:08
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
Обуна ба Нигористон