ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Июн 2026

-A A +A

Таҳлили илмӣ-ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 17/06/2026 - 11:26
     16 июни соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд ва пас аз қабули он ба қонун имзо гузоштанд.
     Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» яке аз зуҳуроти муҳими сиёсати ҳуқуқӣ ва инсондӯстона ба ҳисоб меравад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ПАРТАВИ РОҲБАРӢ ВА РОҲНАМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ.

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 26/06/2026 - 11:19
     Дар ҳар сарзамине, ки сулҳу Ваҳдат ва дӯстию рафоқат ҳукмрон бошад дар он ҷо дари пешрафту тараққиёт ва саодати мардум боз мегардад. Ин далел дар Тоҷикистон ба куллӣ ва яқин таҷассум ёфтааст. Солҳои 90 – ум вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо сар задани ҷанги таҳмилӣ дар кишвар  боиси нигаронӣ буд. Муноқишаҳои дохилии давлат, гуруснагӣ, камчинии озуқаворӣ гуреза шудани мардуми тоҷик таҳдиди нестшавию пароканда шудани миллатро ба вуҷуд оварда буд. Ин ҳама нобасомониҳо, ин ҳама парокандагӣ роҳи ҳалли дуруст ва саривақтиро талаб менамуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 25/06/2026 - 15:31
     Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими пояҳои давлатдории мустақил, таъмини суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки рушди устувори ҷомеа бидуни ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти сиёсӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон имконнопазир аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин қонунияти умумӣ истисно набуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 24/06/2026 - 11:50
     Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омадааст, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ба шумор меравад. Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, балки заминаи воқеии эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди илму маориф, фарҳанг ва таҳкими худшиносии миллиро фароҳам овард. Маҳз дар шароити истиқлол халқи тоҷик имконият пайдо намуд, ки сарнавишти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро мустақилона муайян карда, роҳи рушди давлатро мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ интихоб намояд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ГУЛҲОИ СИЁВУШ ВА ЛОЛА – РАМЗИ ЭҲЁ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 22/06/2026 - 08:42
     Баҳор дар диёри зебоманзари мо, Тоҷикистон, ҳамеша бо эҳёи табиат ва шукуфоии гулҳои рангоранг оғоз меёбад. Гулҳо барои миллати мо танҳо узви табиат нестанд, балки унсури муҳими фарҳанг, таърих ва ҷаҳонбинии ниёгонамон ба шумор мераванд. Дар ин миён, гули Сиёвуш ва гули Лола ҷойгоҳи махсусу таърихӣ доранд ва чун рамзи баҳору ифтихори миллӣ шинохта мешаванд.
      Гули Сиёвуш: Рамзи покӣ ва эҳёи ҷовидонӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР СОҲАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 19/06/2026 - 16:37
     Дар шароити муосир технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба унсурҳои ҷудонопазири низоми идоракунии давлатӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва равандҳои иҷтимоии ҷомеа табдил ёфта, дар баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа нақши муҳим ва муассир доранд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛИ ЧОРАҲОИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 19/06/2026 - 15:48
    Танзими давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ барои ҳар як давлат мушаххас самарабахш, ба таври дуруст ҳамоҳангшуда, ташаккули сатҳи шуғли аҳолӣ ва тақвияти самтҳое, ки ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва суръат бахшидани дигаргуниҳои сохторӣ дар шуғл нигаронида шудаанд, тақвият дода мешавад.
     Дар шароити муосир барои бартараф намудани мушкилоти шуғли аҳолӣ тавассути тадбирҳои иҷтимоӣ, ки роҳи баромадро аз масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ таъмин мекунад, ин истифодаи оқилонаи захираҳои меҳнатӣ мебошад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҚАБУЛ ГАРДИДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АВФ» ҲАМЧУН АМАЛИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 19/06/2026 - 09:19
     Яке аз масъалаҳои муҳими принсипи инсондӯстӣ дар сиёсати ҷиноятӣ ва ҳуқуқии давлат падидаи авф ба ҳисоб меравад. Авф ҳамчун воситаи ҳуқуқии сабук намудани оқибатҳои ҳуқуқии ҷиноят барои гурӯҳҳои муайяни шахсон, дар аксари давлатҳои ҷаҳон истифода мешавад ва ба таъмини тавозун байни адолат, инсондӯстӣ ва манфиатҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ институти авф ҳамчун унсури муҳими сиёсати давлатии ҳуқуқӣ ва ҷиноятӣ мавқеи хос дошта, қабули қонунҳои авф одатан  чун анъана ба муносибати санаҳои муҳими таърихӣ ва давлатӣ амалӣ мегардад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

АВФ ЯКЕ АЗ ИҚДОМҲОИ ИНСОНПАРВАРОНА ВА ТАШАББУСҲОИ НАҶИБОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 18/06/2026 - 15:58
     Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар кишвари азизу маҳбубамон балки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибэҳтиром, инсондӯст арзиш пайдо намудааст.
     Иқдомҳои инсонпарварона ва ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат дар ҳимояи арзишҳои олии инсонӣ Тоҷикистонро ба як намунаи барҷаста дар соҳаҳои ҳаёти инсонӣ дар ҷаҳон табдил додааст. 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

АҲАМИЯТИ ИҶТИМОӢ ВА ҲУҚУҚИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ АВФ”

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 18/06/2026 - 15:48
     Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 маротиба санадҳои авф қабул ва амалӣ гардидаанд. Қонуни навбатии авф, ки ҳамчун 18-умин санади башардӯстона қабул гардид, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи принсипи инсондӯстӣ ва таҳкими арзишҳои инсонпарварона равона гардидааст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ИФРОТГАРОӢ ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ-СИЁСӢ: ТАҲЛИЛИ ОМИЛҲОИ ШАКЛГИРӢ ВА МЕХАНИЗМҲОИ МУОСИРИ ПЕШГИРӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 01/06/2026 - 13:50
     Дар шароити ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ва нигаронкунандае, ки ба амният ва суботи давлатҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд, падидаи ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Ин зуҳуроти манфӣ танҳо ба доираи як кишвар ё минтақа маҳдуд набуда, ба мушкили фарогири ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Таъсири ин падида ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсат, иқтисод ва фарҳанг, торафт бештар эҳсос мегардад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба таъмини шуғл

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 16/06/2026 - 17:01
     Шyғл ва бекоpӣ яке аз масъалаҳои калидии иҷтимоӣ-иқтисодии ҳаp як давлат ба ҳисоб pафта, бо сатҳи pyшди иқтисод, вазъи бозоpи меҳнат ва самаpанокии сиёсати иҷтимоии давлат pобитаи зич доpад. Фаъолияти мyътадили бозоpи меҳнат даp шаpоити иқтисоди бозоpӣ баp пояи мyвозинати пешниҳод ва талабот ба қувваи коpӣ ташаккул ёфта, даp ин pаванд нақши танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба шyғл аҳаммияти махсус касб менамояд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Нақши қонун дар ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи инсон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 16/06/2026 - 15:21
     Дар шароити имрӯзаи рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи ҳифз ва таъмини ҳуқуқи инсон, инчунин ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ ва раванди пешрафти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.[1] Ҳар як давлате, ки ба сӯи субот, адолат ва рушди устувор ҳаракат мекунад, ногузир бояд ҷойгоҳи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар маркази сиёсати худ қарор диҳад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

АМАЛӢ НАМУДАНИ ҶАНБАҲОИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 10/06/2026 - 09:23
     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд- қонун) 20-уми июни соли 2024 таҳти №2048 дар таҳрири нав қабул гардид, ки 6 боб ва 22 моддаро дарбар мегирад.
     Қонун яке аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллие маҳсуб мебошад, ки бо мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон қабул гардидааст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МЕХАНИЗМҲОИ ТАТБИҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 09/06/2026 - 09:44
     Дар ҷаҳони муосир, ки арзишҳои инсонӣ дар мадди аввал қарор доранд, таъмини баробарӣ ва мубориза бо табъиз аҳамияти хосса касб мекунад. Табъиз дар ҳама шаклҳо ва зуҳуроти имконпазираш яке аз намудҳои маъмултарини поймолкунии ҳуқуқи инсон ва сӯиистифода аз онҳо ба ҳисоб меравад. Ин падида ба ҳаёти ҳаррӯзаи миллионҳо нафар таъсир расонида, аз ҷумлаи падидаҳое мебошад, ки ошкор намудани онҳо хеле мушкил аст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4 (5 овоз)

ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 08/06/2026 - 14:31
     Масъалаи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлат ба ҳисоб меравад. Қабули қонунгузории махсус дар ин самт аз зарурати ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандон, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, инчунин нигоҳдошти арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ сарчашма гирифтааст. Таҳқиқи раванди ташаккул ва рушди қонунгузории танзими ҷашну маросим имкон медиҳад, ки нақши ин институти ҳуқуқӣ дар таҳкими суботи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ муайян карда шавад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Танзими ҷашну маросим - омили ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳкими сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон.

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 03/06/2026 - 16:12

Танзими ҷашну маросим - омили ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳкими сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Нақши занон дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар даврони истиқлол

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 03/06/2026 - 08:59
     Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа табдил ёфтааст. Дар ин раванд нақши занон, модарон, бисёр назаррас ва муассир мебошад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Истиқлолият — пояи давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 02/06/2026 - 09:16
     Муҳимтарин сарвати ҳар як халқу миллат истиқлол аст. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид намудаанд: «Истиқлолият шарафу номуси ҳар як миллати озодандешу соҳибхирад мебошад. Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гардид. Дар ҳақиқат, чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе тасаввур намекард. Истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, ҳифзу пойдор нигоҳ доштани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯз ва фардо мебошад» [1].
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)