ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Истиқлолият — пояи давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 02/06/2026 - 09:16
     Муҳимтарин сарвати ҳар як халқу миллат истиқлол аст. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид намудаанд: «Истиқлолият шарафу номуси ҳар як миллати озодандешу соҳибхирад мебошад. Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гардид. Дар ҳақиқат, чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе тасаввур намекард. Истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, ҳифзу пойдор нигоҳ доштани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯз ва фардо мебошад» [1].
     Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронбаҳотарин арзиш барои ҳар давлату миллат ба шумор меравад. Он омили асосии рушду пешрафт, заминаи ҳузур дар арсаи байналмилалӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ мебошад. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи тоҷикон яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин рӯйдодҳои сарнавиштсоз буда, аҳамияти бузурги сиёсиву таърихӣ дорад. Он шиносномаи ҳастии давлати соҳибихтиёр ва комилҳуқуқи тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки тибқи он Тоҷикистон сиёсати дохиливу хориҷӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро мустақилона пеш мебарад [2].
     Раванди ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба баъзе ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ осон набуд. Дар ҷомеа нофаҳмиҳо ва ихтилофҳо ба миён омада, ниҳоят ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд.
     Хушбахтона, фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷикон ғолиб омад ва дар тафаккури мардум ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва бахшиш боло гирифт. Дар натиҷа, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлол ба ҳисоб меравад ва имрӯз дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
     Истиқлолияти давлатӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки ба ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгон аҳамияти хосса диҳем. Забони тоҷикӣ ифодакунандаи таърих, фарҳанг ва ҳастии миллат буда, воситаи муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ дар тӯли асрҳо маҳсуб меёбад. Истиқлолият барои рушди забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард ва ҳифзу гиромидошти он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди бонангу номус гардид.
     Дар даврони истиқлол барои баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Таваҷҷуҳи амиқ ба таърихи миллат, эҳёи расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошанд.
     Дар тӯли 35 соли истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар самти эҳёи забони тоҷикӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид. Ин давра барои худшиносии миллӣ, бозгашт ба решаҳои таърихӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ аҳамияти калидӣ дорад. Забони тоҷикӣ мақоми худро ҳамчун забони давлатӣ таҳким бахшида, ба забони расмии давлат ва воситаи асосии пешбурди ҳаёти ҷомеа табдил ёфт.
     Дар ин давра қонунгузорӣ дар бораи забон такмил дода шуда, истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла идоракунӣ, маориф ва илм таъмин гардид.
     Дастовардҳои асосии рушди забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол:
- Муқаррар гардидани мақоми забони тоҷикӣ дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Эълон гардидани 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ;
- Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Қабул ва татбиқи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030»;
- Такмил ва ягонасозии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
- Иваз намудани номҳои бегонаи маҳалҳо ва кӯчаҳо бо номҳои таърихии тоҷикӣ;
- Таҳияи «Фарҳанги номҳои миллӣ» барои ҳифзи фарҳанги номгузорӣ.
     Ҳамчунин, эҳёи ҷашнҳои миллӣ — Наврӯз, Меҳргон ва Сада, гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ ва Куруши Кабир, инчунин таҷлили санаҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ, ба монанди 1100-солагии Давлати Сомониён, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва 3000-солагии Ҳисори Шодмон, барои таҳкими ҳувияти миллӣ нақши муҳим гузоштанд.
     Аз нигоҳи сиёсӣ, истиқлолият ба Тоҷикистон имконият дод, ки сохтори давлатдории худро мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ бунёд намояд.
     Қабули Конститутсия, таъсиси ниҳодҳои давлатӣ, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошанд.
     Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва 2 марти соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид шуд.
     Бори аввал дар таърихи муосир марзҳои давлатӣ муайян ва расман тасдиқ гардиданд. Кишвар соҳиби рамзҳои давлатии худ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ шуд.
     Таъсиси Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии қонунгузор, Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ барои ҳифзи амнияти миллӣ аҳамияти муҳим доштанд.
     Тоҷикистон инчунин сиёсати хориҷии мустақили худро роҳандозӣ намуда, ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд.
     Аз ҷиҳати иқтисодӣ, истиқлолият заминаи гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва таъмини соҳибихтиёрии иқтисодиро фароҳам овард. Кишвар имконият пайдо кард, ки захираҳои табиии худро мустақилона истифода барад, сармояи хориҷиро ҷалб намояд ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалиро густариш диҳад.
     Дар соҳаи энергетика корҳои бузурги созандагӣ анҷом дода шуданд. Сохтмон ва ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва ба кор даромадани чархаҳои НБО «Роғун» аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол мебошанд [3].
     Ҳамчунин, 30 октябри соли 2000 пули миллӣ, сомонӣ ба муомилот бароварда шуд, ки яке аз рукнҳои муҳими соҳибихтиёрии молиявӣ ба ҳисоб меравад.
     Дар ин давра низоми мустақили бонкӣ ташаккул ёфт ва шабакаи бонкӣ аз низоми соддаи замони шӯравӣ ба низоми муосиру миллӣ табдил ёфт.
     Имрӯз дар Тоҷикистон даҳҳо бонк ва ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият доранд, ки ба рушди иқтисод ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд [4].
     Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки истиқлолият танҳо як рӯйдоди таърихӣ нест, балки раванди доимии рушду такомул мебошад.
     Дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти истиқлолияти давлатӣ боз ҳам бештар мегардад. Равандҳои ҷаҳонӣ, рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдидҳои муосир тақозо менамоянд, ки давлатҳо сиёсати оқилона ва устуворро пеш баранд. Тоҷикистон низ бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ сиёсати мутавозинро амалӣ намуда, барои таъмини амният ва рушди устувор талош мекунад.
     Ҳамзамон, истиқлолият масъулияти бузургеро низ бар дӯши ҷомеа мегузорад. Ҳифз ва таҳкими истиқлолият вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Арзишҳои миллӣ ва давлатӣ бояд эҳтиром карда шаванд ва ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии суботу пешрафт ҳифз гардад. Зеро истиқлолият на танҳо ҳуқуқ, балки масъулият низ ҳаст.
     Дар маҷмӯъ, истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо рӯйдоди муҳими таърихӣ, балки сарчашмаи рушди ҳамаҷониба ва пешрафти ҷомеа мебошад. Он имконият фароҳам овард, ки давлатдории миллӣ эҳё гардида, пояҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гузошта шаванд. 
     Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки соҳиби давлати мустақил будан барои ҳар миллат неъмати бузург аст. Истиқлолият арзиши муқаддасест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, обрӯ, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои давлатро таъмин менамояд.
     Дар шароити кунунии ҷаҳон таҳкими истиқлолият, устувор гардондани пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти ҳаётӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд барои ҳифзи сулҳу субот, рушди иқтисод, пешрафти саноат, ободии Ватан ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол саҳми арзандаи худро гузорад [5].
 
Мусозода Розихуҷа Маҳмад
Сардори шуъбаи қонунгузорӣ 
оид ба молия, андозу гумрук
ва фаъолияти бонкии
Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
     Руйхати адабиётҳои истифодашуда:
 
1. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. – Душанбе, 2009. – С. 104.
2. Истиқлолият ва марҳилаи нави давлатдории миллӣ [Захираи электронӣ].-манбаи дастрасӣ: https://sadoidushanbe.tj/archives/29304 (санаи муроҷиат 19.05.2026).
3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». – Душанбе: Шарқи озод, 2023
4. В Таджикистане насчитывается 69 кредитных финансовых организатций [Захираи электронӣ].-манбаи дастрасӣ: https://khovar.tj/rus/2026/02/v-tadzhikistane-naschityvaetsya-69-kreditnyh-finansovyh-organizatsij/ (санаи муроҷиат 18.05.2026).
5. Истиқлолият-неъмати бебаҳост [Захираи электронӣ].-манбаи дастрасӣ: https://avkd.tj/tg/khabarho/1548-644.html (санаи муроҷиат 19.05.2026).
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)