You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1780 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 20.04.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1773 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 20.04.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1761 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ Маҷлиси Олии ҶТ 29.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Декабр 2020

-A A +A

Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022

Ношир: Шамсидинзода Ис... Санаи интишор: Чшб, 02/12/2020 - 10:57
Тоҷикӣ
Таснифгар: 
Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам: 
158
Мақомот: 
Ҳукумати ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Шанбе, 1 Апрел, 2017
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022
 
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
2. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалигардонии Барномаи мазкур муайян карда шавад.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалигардонии Барномаи зикршударо дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда, аз ҷараёни иҷрои он ҳар нимсола ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот пешниҳод намоянд.
4. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Барнома ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Барномаро дар доираи маблағҳои ба ин мақсад пешбинигардидаи буҷети давлатӣ таъмин намояд.
 
 
 
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон
 
аз 1 апрели соли 2017, № 158
ш.Душанбе
 
 

МИЗИ МУДАВВАРИ ДОХИЛИИДОРАВӢ ДАР МАВЗӮИ “АМАЛИШАВИИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН БА МУРОҶИАТ”

Ношир: Шамсидинзода Ис... Санаи интишор: Чшб, 09/12/2020 - 09:03
    30 ноябри соли 2020 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари дохилиидоравӣ дар мавзӯи “Амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат” бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ баргузор гардид.
Кори мизи мудавварро Директори Маркази миллии қонунгузорӣ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло оғоз намуда, оид ба рушд ва мушкилиҳои қонунгузорӣ дар самти муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ изҳори ақида намуданд.

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “ПАДИДАИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ: РУШД ВА МУШКИЛИҲО”

Ношир: Шамсидинзода Ис... Санаи интишор: Чшб, 09/12/2020 - 15:01
  18 ноябри соли 2020 дар Маркази миллии қонунгузорӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ: рушд ва мушкилиҳо”, баргузор гардид, ки дар он як зумра олимон, мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
  Мизи мудавварро Директори Марказ, Саидзода Иззатулло Ҳабибулло оғоз ва ҳозиринро хайрамақдам намуд.
  Номбурда доир ба татбиқи падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ҷумҳурӣ маърӯза кард.

МИЗИ МУДАВВАРИ ДОХИЛИИДОРАВӢ ДАР МАВЗӮИ «НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН»

Ношир: Шамсидинзода Ис... Санаи интишор: Чшб, 09/12/2020 - 17:20
  9 декабри соли 2020 дар толори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон мизи мудаввари дохилиидоравӣ дар  мавзӯи  «Нақши  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ҳуқуқу  озодиҳои  инсон» баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва кормандони Марказ, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

ИШТИРОК ДАР МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: Шамсидинзода Ис... Санаи интишор: Ҷум, 11/12/2020 - 15:00
  10 декабри соли 2020 бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон мизи мудаввар ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, прокуратура, судӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД (БАТР)

Ношир: Шамсидинзода Ис... Санаи интишор: Чшб, 16/12/2020 - 10:50
   11 декабри соли 2020, соати 14:00 мулоқоти Директори Маркази миллии қонунгузорӣ бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар мавзӯи “Таҳлили таъсири танзимкунӣ бо дарназардошти омилҳои гендерӣ” тариқи онлайн баргузор гардид.
   Дар вохӯрӣ – баррасии минбаъдаи Ёддошти тафоҳум байни Марказ ва БАТР, таъсиси гурӯҳи корӣ ва нақшаи амал барои соли 2021 доир ба масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ”

Ношир: Шамсидинзода Ис... Санаи интишор: Пшб, 24/12/2020 - 11:06
  22 декабри соли 2020 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди қонунгузории хизмати дипломатӣ” баргузор гардид.
  Муовини Директори Марказ – Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон дар оғози чорабинӣ оид ба рушд ва баъзе масоили қонунгузорӣ дар самти хизмати дипломатӣ изҳори андеша намуд.

МАҶМАИ УМУМИИ СММ ҚАТЪНОМАИ ОБИ ТОҶИКИСТОНРО ҚАБУЛ КАРД

Ношир: Шамсидинзода Ис... Санаи интишор: Пшб, 24/12/2020 - 15:41
ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 
  21 декабри соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 75-уми худ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028», ки аз сӯи Тоҷикистон ва Нидерланд бо ҳаммуаллифии аксарияти мутлақи кишварҳои узви СММ — 190 давлат пешниҳод шуда буд, қабул намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.