ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ИФРОТГАРОӢ ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ-СИЁСӢ: ТАҲЛИЛИ ОМИЛҲОИ ШАКЛГИРӢ ВА МЕХАНИЗМҲОИ МУОСИРИ ПЕШГИРӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 01/06/2026 - 13:50
     Дар шароити ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ва нигаронкунандае, ки ба амният ва суботи давлатҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд, падидаи ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Ин зуҳуроти манфӣ танҳо ба доираи як кишвар ё минтақа маҳдуд набуда, ба мушкили фарогири ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Таъсири ин падида ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсат, иқтисод ва фарҳанг, торафт бештар эҳсос мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ аз чунин таҳдидҳо пурра эмин буда наметавонад, бинобар ин зарурати муборизаи мунтазам ва самаранок бар зидди он ба миён меояд.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 таъкид намудаанд, ки: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд» [1].
     Ифротгароӣ пеш аз ҳама ҳамчун як зуҳуроти идеологӣ ва иҷтимоӣ-маънавӣ арзёбӣ мегардад, ки тадриҷан ба шуур, ҷаҳонбинӣ ва низоми арзишҳои инсон таъсир мерасонад. Дар натиҷаи чунин таъсиррасонӣ арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии шахс заиф мегардад. Шахсе, ки таҳти таъсири чунин идеология қарор мегирад, қобилияти таҳлили мустақилонаи равандҳои сиёсиву иҷтимоиро тадриҷан аз даст медиҳад. Ин ҳолат махсусан дар заминаи норасоии маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ шиддат мегирад.
     Гурӯҳҳои ифротгаро барои таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа аз усулҳои гуногун истифода менамоянд, аз ҷумла таҳрифи мафҳумҳои динӣ, тафсири бардуруғи матнҳои мазҳабӣ ва истифодаи нодурусти арзишҳои динӣ бо мақсадҳои сиёсӣ. Мақсади асосии чунин гурӯҳҳо таҳмил намудани ақидаҳои худ ба ҷомеа ва ба вуҷуд овардани тасаввуроти ғалат мебошад. Дар ин раванд арзишҳои аслии дин, ки ба сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстӣ асос ёфтаанд, таҳриф карда мешаванд.
     Дар адабиёти ҳуқуқӣ вобаста ба муайян намудани мафҳуми экстремизм назари ягона вуҷуд надорад. Н.В. Голубих ва М.П. Леготин экстремизмро ҳамчун падидаи барои ҷомеа хавфнок арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд, ки он хусусияти бисёрҷанба ва зиддиҳуқуқӣ дорад. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ба халалдор намудани пояҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ равона мегардад [2, с. 61]. Ба ақидаи Р.Х. Мирзазянов, экстремизм имрӯз ҳамчун таҳдиди глобалӣ ва омили халалдоркунандаи амнияти байналмилалӣ ва рушди устувори ҷомеа эътироф мегардад [3, с. 224].
     В.А. Бурковская экстремизми диниро ҳамчун ҷузъи таркибии ифротгароӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, онро ҳамчун падидаи иҷтимоӣ арзёбӣ менамояд, ки дар чанд шакли ба ҳам алоқаманд ифода меёбад: шуури динӣ, идеологияи динӣ ва фаъолияти амалисозии ақидаҳои динӣ. Ба андешаи ӯ, ифротгароии динӣ-ҷиноятӣ низоми ягонаи амалҳои дорои хавфи баланди ҷамъиятӣ мебошад, ки қонун онҳоро ҷиноят эътироф кардааст. Ин гуна кирдорҳо ба ташаккул ва паҳн намудани ғояҳои динӣ бо истифода аз воситаҳои гуногун равона гардида, аз ҷониби қонун манъ шудаанд. Ҳамчунин, чунин амалҳо бештар бо истифодаи зӯроварӣ алоқаманд буда, метавонанд ба муносибатҳои ҷамъиятӣ зарар расонанд ё хатари воқеии расонидани зарарро ба вуҷуд оваранд [4, с. 53]. Ҳамзамон, ба андешаи А.А. Осташев, экстремизм мафҳуми умумие, ки барои ифодаи фаъолияти ғайриқонунӣ истифода мегардад [5, с. 18].
      Е.Б. Кургузкина қайд менамояд, ки фаъолияти ифротгароёна фаъолияти дар асоси идеологияи таҳрифшуда мебошад, ки ба таҳқири шаъну шарафи инсон аз рӯи аломатҳои нажодӣ, динӣ ё иҷтимоӣ, барангехтани адоват ва кинаву низоъ, тарғиби бартарӣ ё пастзании шаҳрвандон, инчунин ташкили амалҳои хусисияти ифротгароӣ дошта равона карда шудааст [6, с. 103] .
     Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки: «Ифротгароӣ ва терроризм  дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст ва набояд фирефтаи он гашт» [7].
     Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми экстремизм дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, №1655 муайян гардидааст. Мутобиқи он, экстремизм – ин ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие мебошад, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст [8].
     Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз гурӯҳҳои асосии осебпазир дар баробари таъсири ифротгароӣ ҷавонон мебошанд. Ҷавонон бинобар хусусиятҳои синнусолӣ ва равонӣ бештар дар ҷустуҷӯи худшиносӣ ва мавқеи иҷтимоӣ қарор доранд. Гурӯҳҳои ифротӣ аз ин вазъият истифода намуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба шуури ҷавонон таъсир мерасонанд.
     Дар шароити рушди технологияҳои иттилоотӣ ва густариши фазои рақамӣ, раванди паҳншавии ғояҳо ва идеологияҳои ифротӣ нисбат ба давраҳои қаблӣ хеле босуръат ва фарогир гардидааст. Имрӯз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бояд ҳамчун воситаи мубодилаи дониш, рушди фарҳанг, таҳкими маърифат ва густариши робитаҳои иҷтимоӣ хизмат намояд, дар баъзе ҳолатҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ҳамчун воситаи таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа ва паҳн намудани ғояҳои тундрав истифода бурда мешавад. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз имкониятҳои васеи технологияҳои муосир, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳо, барномаҳои мубодилаи паём ва платформаҳои видеоӣ, кӯшиш менамоянд идеологияҳои худро дар шакли ҷолиб ва фиребанда миёни истифодабарандагон паҳн намоянд.
     Хусусияти асосии чунин таблиғот дар он зоҳир мегардад, ки он бештар хусусияти равонӣ ва идеологӣ дошта, ба шуур ва ҷаҳонбинии шахс таъсири мақсаднок мерасонад. Гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз усулҳои таблиғотии муосир, маводи эҳсосотӣ, шиорҳои бардурӯғи «адолат», «озодӣ» ё «дифои дин», махсусан ҷавононро ба доми идеологияи худ ҷалб менамоянд. Маҳз ҷавонон, бинобар фаъол будан дар фазои интернетӣ, таҷрибаи нокифояи сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҷустуҷӯи мавқеи иҷтимоӣ, бештар ба таъсири чунин ғояҳо осебпазир мебошанд. Дар бисёр ҳолатҳо онҳо бе дарки оқибатҳои воқеии чунин равандҳо таҳти таъсири таблиғоти ифротӣ қарор мегиранд.
     Дар чунин шароит масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ, баланд бардоштани фарҳанги истифодаи интернет ва ташаккули тафаккури интиқодӣ аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд. Танҳо тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифат ва донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ метавон таъсири манфии идеологияҳои ифротиро коҳиш дод.
     Мақсади асосии гурӯҳҳои ифротгаро заиф гардонидани пояҳои давлатдорӣ ва халалдор сохтани суботи сиёсӣ мебошад. Онҳо арзишҳои бунёдии давлатдорӣ, аз ҷумла истиқлолият, қонуният, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии давлатро инкор менамоянд. Чунин ғояҳо ба арзишҳои ҷомеаи демократӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мухолиф мебошанд.
     Таъсири ифротгароӣ танҳо ба сатҳи давлатӣ маҳдуд намешавад, балки ба ҳаёти ҳар як инсон ва ҷомеа низ таъсири манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мерасонад. Таҷрибаи давлатҳои гуногун нишон медиҳад, ки шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро боиси аз ҳам пошидани оилаҳо, коста гардидани эътимоди иҷтимоӣ ва афзоиши ҷинояткорӣ мегардад.
     Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки ифротгароӣ дар ҳеҷ давру замон омили пешрафти ҷомеа набудаанд. Баръакс, фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳои гуногун боиси ҷангҳои тӯлонӣ, буҳрони иқтисодӣ ва нооромии сиёсӣ гардидааст.
     Дар чунин шароит масъалаи таъмини амнияти миллӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарназардошти таҳдидҳои муосир як қатор стратегияҳо ва барномаҳои давлатиро дар самти муқовимат ба экстремизм қабул намудааст.
     Яке аз роҳҳои муҳимтарини пешгирии ифротгароӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷомеа мебошад. Таҷрибаи давлатҳои гуногун нишон медиҳад, ки сатҳи пасти дониш ва набудани тафаккури интиқодӣ метавонанд заминаи мусоид барои паҳншавии идеологияҳои ифротӣ гарданд.
     Дар ин раванд нақши оила ва муассисаҳои таълимӣ хеле муҳим мебошад. Муҳити солими оилавӣ ва тарбияи дуруст метавонанд ҷавононро аз таъсири ғояҳои тундрав эмин нигоҳ доранд. Ҳамзамон воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бояд дар тарғиби арзишҳои инсонгароӣ, сулҳ ва таҳаммулпазирӣ саҳми фаъол гузоранд.
     Илова бар ин, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ аҳамияти калон дорад. Азбаски ин падида хусусияти фаромиллӣ дорад, танҳо бо талошҳои як давлат онро пурра бартараф кардан имконнопазир аст. Ҳамкории давлатҳо дар самти мубодилаи иттилоот, таҷриба ва тадбирҳои пешгирикунанда метавонад дар коҳиш додани сатҳи ифротгароӣ нақши муҳим бозад.
     Аз ин лиҳоз, давлатҳои муосир ҷиҳати таҳким бахшидани низоми қонунгузории миллӣ дар самти муқовимат бо экстремизм тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизм тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати соҳибистиқлол барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин падидаи хатарнок заминаҳои ҳуқуқии мустаҳкамро фароҳам овардааст. Дар солҳои истиқлоли давлатӣ як қатор санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва банақшагирию стратегӣ қабул гардидаанд, ки ба пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани омилу сабабҳои мусоидаткунандаи экстремизм равона шудаанд, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм»  аз 2 январи соли 2020, №1655, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2006, №1717 тасдиқ карда шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ карда шудааст, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ карда шудааст, Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 тасдиқ карда шудааст.  
     Бояд қайд намуд, ки санадҳои мазкур пояҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ташкил медиҳанд.
     Дар баробари ин, фароҳам овардани фазои солими иттилоотӣ ва фарҳангӣ дар ҷомеа ҳамчун яке аз самтҳои муҳими пешгирии ифротгароӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Пешбурди арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ метавонад ҳамчун сипари маънавӣ бар зидди идеологияҳои бегона хизмат намояд.
     Дар маҷмӯъ, муқовимат ба ифротгароӣ танҳо бо истифода аз чораҳои маъмурӣ ва ҳуқуқӣ маҳдуд намегардад, балки пеш аз ҳама хусусияти маънавӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ дорад. Самаранокии мубориза бар зидди ин падида аз сатҳи маърифати ҷомеа, устувории ҷаҳонбинӣ ва масъулияти шаҳрвандии аҳолӣ вобаста мебошад.
     Аз ин рӯ, ташаккули сиёсати муосири давлатӣ дар самти муқовимат ба ифротгароӣ бояд ба ҳамгироии тадбирҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва маърифатӣ асос ёбад.
     Дар натиҷаи таҳқиқ муайян гардид, ки ифротгароӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Он на танҳо дар шакли амалҳои зиддиҳуқуқӣ, балки ҳамчун идеологияи таҳрифшуда ба шуур ва ҷаҳонбинии шахс таъсири манфӣ мерасонад.
     Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мубориза бар зидди ифротгароӣ танҳо тавассути чораҳои ҳуқуқӣ самаранок буда наметавонад. Барои пешгирии ин падида татбиқи маҷмӯи тадбирҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва иттилоотӣ зарур мебошад. Дар ин раванд баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва рушди фарҳанги иттилоотӣ аҳамияти махсус дорад.
     Дар маҷмӯъ, муқовимат ба ифротгароӣ танҳо дар шароити ҳамгироии механизмҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ имконпазир буда, ҳамчун яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти миллӣ арзёбӣ мегардад.
 
     Рӯйхати адабиёт:
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 январи соли 2021 // [Захираи электронӣ]. Манбаи электронӣ: https://www.president.tj (санаи муроҷиат: 15.04.2026).
2. Голубых Н.В., Леготин М.П. О сущности понятия «экстремизм» // Адвокат. – 2013. – № 6. – С. 60-63.
3. Мирзазянов Р.Х. К вопросу о вариантах модернизации законодательства о противодействии экстремистской деятельности и терроризму в правовом поле России // Россия и современный мир. – 2022. – № 3(116). – С. 224-236.
4. Бурковская В.А. Криминальный религиозный экстремизм в современной России. – М.: «Издатель Пресс», 2005. – 216 с.
5. Осташев А.А. Экстремизм: понятие, виды, причины и способы противодействия экстремистской деятельности в России и зарубежных странах. – М., 2021. – 21 с.
6.  Кургузкина Е.Б. Понятие экстремизма // Научный портал МВД России. – 2010. – № 1(9). – С. 101-105.
7.   Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» аз 4-уми майи соли 2018 // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: https://www.president.tj (санаи муроҷиат: 12.03.2026).
8.   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, №1655 // [Захираи электронӣ]. Манбаи электронӣ: http://mmk.tj (санаи муроҷиат: 13.05.2026).
 
 
Акбарализода Ҷасур Акбаралӣ,
сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ,
соҳибкорӣ ва оилавии
Маркази миллии қонунгузорӣ
 
Шарифов Аминҷон Аҳмадович,
                                                              корманди Маркази миллии қонунгузории
                                                             назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)