ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Нигористон

-A A +A

ИСТИҚЛОЛИЯТ – АСОСИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Ҷум, 06/09/2024 - 15:29
     Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як кишвар падидаи бениҳоят муқаддас, волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки барои мушарраф гардидан ба истиқлолияти пойдор ва рушду нумӯи он одамон чӣ қадар ҷоннисориҳо намудаанд. Мубориза барои истиқлолу озодӣ – гиромитарин фасли таърихи ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Агар мо ба таърихи башарият назар афканем, шоҳиди он мегардем, ки аз замони пайдоиши нахустин давлатҳо одамон кӯшиш бар он менамуданд, ки истиқлолияти давлатии хешро ҳифз намоянд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “ИСТИҚЛОЛИЯТ-РАМЗИ СОҲИБИХТИЁРИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ АСТ”

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Ҷум, 06/09/2024 - 10:58
     6 – сентябри соли 2024 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор ҷашн гирифтани 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Истиқлолият-рамзи соҳибихтиёрии миллату давлат аст” мизи мудаввар баргузор гардид.
   Мизи мудаввар бо сухани директори Марказ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло оғоз гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗ ДАР "РӮЗИ ДАРҲОИ БОЗ” ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Пшб, 05/09/2024 - 16:18
     05.09.24. Бо мақсади тарғиби китобхонӣ ва таҳкими майлу рағбати шаҳрвандон ба мутолиаи китоб дар Китобхонаи миллӣ "Рӯзи дарҳои боз" бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва "Рӯзи китоб" баргузор гардид.
     Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилию маънавӣ доир карда шуда, кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ дар раванди он фаъолона иштирок намудаанд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 02/09/2024 - 17:37
    Тамошои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш Ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои таълимии кишвар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 02/09/2024 - 14:40
    Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, симои бақои миллат, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон аст.
                                                                   Эмомалӣ Раҳмон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 1 (3 овоз)

Вохӯрӣ бо намояндаи Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 23/08/2024 - 14:23
     23 августи соли 2024 дар бинои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини директори Марказ Шарифзода Ф.Ш. бо намояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Вера Ткаченко ва коршиноси минтақавӣ Куат Рахимбердин баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 22/08/2024 - 15:57
     Дар шароити ногувори авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва афзоиши хатару таҳдидҳои нав ба амнияти кишварҳо, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ амри зарурист. Ҳануз ҳам чунин равандҳое, ки ба ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳдид менамоянд, бо истифода аз имкониятҳои муосири технологӣ ҷой дошта, мавҷудияти тартибот ва шароити муътадили амалигардонии онро халалдор менамоянд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО» (Бахшида ба истиқболи 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ»)

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 21/08/2024 - 09:09
     20 августи соли 2024 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба истиқболи 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон намудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо мақсади таъмини иҷрои банди 8 Нақшаи кории шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузорӣ барои соли 2024 мизи мудаввар дар мавзуи «Рушди қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

САФАРИ РОҲБАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ИШКОШИМ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ БАРТАРАФНАМОИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 12/08/2024 - 16:21
     Дар деҳаи Зугванди ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим 4 августи соли 2024 дар натиҷаи баланд гардидани оби рӯдхонаи деҳаи мазкур офати табиӣ ба вуҷуд омад, ки вазъияти ба миёномада зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбарияти Олии мамлакат қарор дошта, бо супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардида корвони иборат аз 20 мошини пурбор кумаки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонда шуд. Ин кумаки башардӯстонаи Пешвои мардумпарвару хирадманд аз маводи хӯрока ва масолеҳи сохтмонӣ иборат мебошад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Пшб, 08/08/2024 - 16:36
     Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, омӯзиши ҷиддӣ ва мунтазам, муносибати махсус, муқобилияти комплексӣ ва оперативиро талаб менамояд. Таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, боварии шаҳрвандон ба институтҳои давлати демократӣ таҳияи сиёсати зиддикоррупсиониро дар миқёси умумимиллӣ талаб менамояд, ки бояд воситаи муттаҳидсозии саъю кӯшиши мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҳамаи шакли моликият ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гардад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ПАЁМАДҲОИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Пшб, 08/08/2024 - 10:25
    Бо дарки муҳимияти падидаи оила дар ташаккул ва пешрафти давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи кафолати ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила қувваи конститутсионӣ касб намуд.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ СИРРИ БОНКӢ

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Чшб, 07/08/2024 - 09:28
    Масъалаҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ оид ба истифода ва паҳнкунии иттилоот дар адабиёти ҳуқуқӣ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол намуда, дар байни онҳо таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаҳои танзими ҳуқуқии сирри бонкӣ дода мешавад. Зеро  сирри бонкӣ як намуди мустақили сир буда, ҳифзи он бо низоми махсуси махфият таъмин карда мешавад.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҚАБУЛ БА МАГИСТРАТУРА АЗ РӮЙИ ИХТИСОСИ ҲУҚУҚШИНОСӢ (240102)

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Сшб, 30/07/2024 - 13:31
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Ҷум, 26/07/2024 - 16:49
    Душанбе, 26 июли соли 2024
 Имрӯз нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузорӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Чшб, 24/07/2024 - 13:50
 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июли соли 2024 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
    Вақти баргузорӣ: соати 10:00
 Макон: шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов-13, бинои маъмурии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
     Телефон барои тамос: 227-08-07; 988-94-33-95.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Нигористон