ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Сентябр 2023

-A A +A

ИСТИҚЛОЛ БАХТ, ЭЪТИБОР ВА ИФТИХОРИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН АСТ.

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 04/09/2023 - 13:59
Дар ин рӯзҳо мардуми шарифи тоҷик дар остонаи таҷлили бошукӯҳи ҷашни бузурги миллӣ 32-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ қарор доранд. Ин ҷашни хуҷаста ҳар хонадони тоҷику тоҷикистониро фараҳманду хушнуд ва қалби ҳар фарзанди Ватанро аз эҳсоси ифтихор ва неъмати муқаддаси озодӣ ва истиқлол, ваҳдати шикастнопазири миллӣ лабрез намуда, мақоми шоиста ва эътибори баланди Тоҷикистони мустақилро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

МИЗИ МУДАВВАР БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 08/09/2023 - 16:34

    8 сентябри соли 2023 дар бинои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ мизи мудаввар доир гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 25/09/2023 - 16:09
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақам: 
1955
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
15.03.2023

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 феврали соли 2023, № 975

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 марти соли 2023, № 364

ҷонибдорӣ карда шуд

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии хариди давлатиро муайян намуда, ба ташаккули низоми ягонаи хариди давлатӣ, ки истифодаи самарабахш ва сарфакоронаи маблағҳои давлатиро дар заминаи принсипҳои рақобат, муносибати одилона нисбат ба ҳамаи иштирокчиёни озмун ва шаффофияти расмиёти хариди давлатӣ таъмин менамояд, равона карда шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1) хариди давлатӣ (харид) - аз ҷониби ташкилоти харидор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба даст овардани мол, кор ва хизматрасонӣ, ки пурра ё қисман аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ маблағгузорӣ мегардад;

2) озмун - ҷараёни интихоби таҳвилгар (паймонкор) бо мақсади тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур вобастакунии шартнома оид ба таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;

3) иштирокчии озмун - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гурӯҳи чунин шахсоне, ки манфиатдориашонро ҷиҳати иштирок дар ҷараёни гузаронидани харид изҳор менамоянд;

4) таҳвилгар (паймонкор) - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гуруҳи чунин шахсоне, ки мол, кор ё хизматрасониро дар натиҷаи расмиёти харид пешниҳод менамоянд ё пешниҳод карда метавонанд;

5) пешниҳоди озмунӣ - дархост, пешниҳод ё нархномае, ки дар ҷавоб ба дархости расмии ташкилоти харидор барои таҳвили мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ пешкаш карда мешавад;

6) ҳуҷҷатҳои озмунӣ - ҳуҷҷат ё бастаи ҳуҷҷатҳое, ки шартҳо ва тартиби гузаронидани хариди дахлдорро муайян намуда, аз тарафи ташкилоти харидор ба иштирокчии озмун барои таҳияи пешниҳоди озмунӣ дода мешаванд;

7) шартномаи харид - шартномае, ки ҳангоми ба анҷом расондани расмиёти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ баста мешавад;

8) мол - маҳсулоти ҳар намуд ва таъинот, аз ҷумла ашёи хом, маснуот, таҷҳизот, технология, ашё дар ҳолати сахт, моеъ ва газӣ, неруи барқ ва гармӣ, объектҳои ҳуқуқи моликият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хизматрасониҳои марбут ба таҳвили мол, агар арзиши чунин хизматрасониҳо аз арзиши худи мол зиёд набошад;

9) кор - фаъолияти марбут ба сохтмон, таҷдид, вайрон ва таъмир намудани бино ва иншоот, аз ҷумла васлу насби таҷҳизот, инчунин хизматрасониҳои вобаста, ба монанди пармакунӣ, корҳои геодезӣ, аксбардории кайҳонӣ, таҳқиқоти сейсмологӣ ва хизматрасониҳои дигаре, ки тибқи шартномаи харид пешниҳод мешаванд, агар арзиши чунин хизматрасониҳо аз арзиши худи кор зиёд набошад;

10) хизматрасонӣ - фаъолияте, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ташкилоти харидор равона карда шудааст ва хизматрасонии машваратӣ намебошад;

11) хизматрасонии машваратӣ - хизматрасонии дорои хусусияти зеҳнӣ ё машваратӣ, ки аз ҷониби мушовирони инфиродӣ ё ташкилотҳои дорои дониш ва таҷрибаи махсуси касбӣ ва тахассуси мувофиқ анҷом дода мешавад;

12) маблағҳои давлатӣ - маблағҳои буҷети давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидории дигар, ки дар онҳо зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳо ё ҳисса ба давлат тааллуқ доранд, ташкилоту муассисаҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ таъсисдодашуда, бонкҳои давлатӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ, маблағҳое, ки ба суратҳисобҳои мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ташкилот, муассиса ё корхонаи давлатӣ ворид гардида, аз ҷониби онҳо ба манфиати шахсони соҳибмулки ҳамин маблағҳо ихтиёдорӣ мегарданд, маблағҳои қарзие, ки аз тарафи давлат ё корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ, ҷамъияти саҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидории дигар, ки дар онҳо зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳо ё ҳисса ба давлат тааллуқ доранд, кафолат дода шудаанд ё таъмин гардидаанд, грантҳо, ба истиснои грантҳо дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ;

13) мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хариди давлатӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро оид ба хариди давлатӣ амалӣ менамояд;

14) давраи интизорӣ - даврае, ки аз лаҳзаи ирсоли огоҳинома оид ба нияти вобастакунии шартномаи харид оғоз гардида, то ба охир расидани он ташкилоти харидор шартномаи харидро ба имзо расонида наметавонад.

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур нисбат ба хариди давлатӣ, ба истиснои харид дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, ки аз ҷониби давлатҳои донор, бонкҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ пурра ё қисман маблағгузорӣ карда мешаванд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узв ва иштирокчии онҳо мебошад, инчунин хариди бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" танзимшаванда татбиқ мегардад. Тартиби харид аз ҷониби Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Ҳангоми хариди давлатӣ дар доираи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои шартномаҳои байналмилалӣ татбиқ мегарданд, агар дар шартномаҳои байналмилалӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хариди давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хариди давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Принсипҳои хариди давлатӣ

Хариди давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

1) истифодаи оқилонаи маблағҳои давлатӣ, сарфакорӣ ва самаранокӣ ҳангоми анҷом додани хариди давлатӣ;

2) рақобат дар доираи расмиёти шаффофи хариди давлатӣ;

3) баробарҳуқуқӣ ва муносибати одилона нисбат ба ҳамаи иштирокчиёни озмун, инчунин таҳвилгарон (паймонкорон), ки шартномаҳои хариди давлатиро иҷро мекунанд;

4) махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда.

БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ МУНОСИБАТИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 5. Иштирокчиёни хариди давлатӣ

1. Иштирокчиёни хариди давлатӣ инҳо мебошанд:

1) ташкилотҳои харидори соҳибтахассус, ки аз тарафи Комиссияи тахассусӣ оид ба додани мақоми "ташкилоти харидори соҳибтахассус" (минбаъд Комиссияи тахассусӣ) мувофиқи меъёрҳои дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқарраргардида сертификатсия шудаанд;

2) ташкилотҳои харидор, ки аз тарафи Комиссияи тахассусӣ сертификатсия нашудаанд;

3) таҳвилгарон (паймонкорон);

4) мақоми ваколатдори давлатӣ.

2. Ташкилотҳои харидори зерин иштирокчиёни хариди давлатӣ мебошанд:

1) муассисаҳои буҷетӣ;

2) мақомоти давлатӣ;

3) корхонаҳои давлатӣ;

4) ташкилоту муассисаҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ таъсисдодашуда;

5) корхонаҳои коммуналии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ё ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда;

6) мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

7) фондҳои мақсадноки давлатӣ;

8) ҷамъиятҳои саҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидории дигар, ки дар онҳо зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳо ё ҳисса ба давлат тааллуқ доранд;

9) мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо ё корхонаҳои давлатӣ, ки маблағҳои ба суратҳисобашон аз ҷониби соҳибмулки ҳамин маблағҳо воридшударо ихтиёрдорӣ менамоянд;

10) филиалҳо ва (ё) намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии дар боло зикргардида;

11) бонкҳои давлатӣ.

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хариди давлатӣ салоҳияти зеринро дорад:

1) сиёсати давлатиро дар соҳаи хариди давлатӣ танзим менамояд;

2) барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳоро оид ба рушди хариди давлатӣ тасдиқ менамояд;

3) чораҳоеро, ки барои харид ба мақсадҳои рушди устувор ва иҷтимоӣ равона шудаанд, муайян менамояд;

4) мақоми ваколатдори давлатиро муайян менамояд;

5) қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ, ҳуҷҷатҳои стандартии озмунӣ, шартномаи намунавии харид, дастурамалҳо оид ба харид ва дастурҳои методиро тасдиқ менамояд;

6) низомнома ва ҳайати Комиссияи тахассусиро тасдиқ менамояд;

7) амалӣ намудани салоҳияти дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хариди давлатӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хариди давлатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба хариди давлатӣ;

2) пешбурд ва инкишофи портали ягонаи хариди давлатии электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд портали ягонаи хариди давлатии электронӣ) бо дастрасии ягона ба иттилоот оид ба хариди давлатӣ;

3) амалисозии чораҳое, ки баҳри тақвияти институтсионалии низоми хариди давлатӣ, таъмини истифодаи самаранок ва сарфакоронаи маблағҳои давлатӣ ва муқовимат бо коррупсия дар соҳаи хариди давлатӣ нигаронида шудаанд;

4) мусоидат ба такмили фаъолияти ташкилотҳои харидор бо роҳи расонидани кумаки машваратӣ ва ташаккули махзани маълумот оид ба таҳвилгарони (паймонкорони) ватанию хориҷӣ барои ҷустуҷўи таҳвилгарони (паймонкорони) эҳтимолӣ;

5) тайёр намудан ва бозомўзии мутахассисон оид ба хариди давлатӣ дар асоси барномаҳои худӣ ё муштарак оид ба касбомўзӣ ва такмили ихтисос;

6) назорат ва мониторинги риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хариди давлатӣ бо ҳуқуқи дархост намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳо барои ҳамин мақсадҳо аз ташкилоти харидор, мақомоти дахлдори ваколатдор ва ташкилотҳои молиявӣ;

7) гузаронидани расмиёти хариди давлатӣ аз номи ташкилотҳои харидор, ки дорои мақоми "ташкилоти харидори соҳибтахассус" намебошанд;

8) татбиқи чораҳо нисбат ба таҳвилгарони (паймонкорони) беэътимод (бевиҷдон) ва ташкилотҳои харидори соҳибтахассус тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур;

9) таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ, ҳуҷҷатҳои стандартии озмунӣ, шартномаи намунавии харид, дастурамалҳо оид ба харид ва дастурҳои методӣ;

10) амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 8. Талабот нисбат ба корхонаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидории дигар

1. Нисбат ба корхонаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидории дигар, ки ташкилоти харидори соҳибтахассус ё ташкилоти харидор буда, дар онҳо зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳо ё ҳисса ба давлат тааллуқ доранд, бояд ҳамон расмиёту талаботе татбиқ карда шаванд, ки нисбат ба категорияҳои дигари ташкилотҳои харидор татбиқ карда мешаванд. Дар асоси муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст қоидаҳои махсуси танзимкунандаи харид аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидории дигар, ки дар онҳо зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳо ё ҳисса ба давлат тааллуқ доранд, муқаррар карда шаванд.

2. Нисбат ба корхонаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидории дигар, ки дар онҳо зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳо ё ҳисса ба давлат тааллуқ доранд, аз ҷумла корхонаҳои ба ташкилоти харидор тааллуқдошта, ки иштирокчии озмун мебошанд, бояд ҳамон расмиёту талаботе татбиқ карда шаванд, ки нисбат ба категорияҳои дигари иштирокчиёни озмун татбиқ карда мешаванд. Ба корхонаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидории дигар, ки дар онҳо зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳо ё ҳисса ба давлат тааллуқ доранд, зимни иштирок дар озмун набояд бинобар шакли моликияташон бартарият дода шавад.

Моддаи 9. Тартиби харид барои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тартиби харид барои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

БОБИ 3. АСОСҲОИ ТАШКИЛИИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 10. Ғайримарказикунонии хариди давлатӣ

Хариди давлатӣ метавонад бо назардошти шартҳои зерин ғайримарказӣ карда шавад:

1) барои гирифтани ҳуқуқи мустақилона гузаронидани харид ташкилоти харидор бояд дар хусуси доштани имкониятҳои зарурӣ барои иҷрои самараноки вазифаҳои харидорӣ аз тарафи Комиссияи тахассусӣ сертификатсия шуда бошад. Меъёру талаботи гирифтан ва нигоҳ доштани эътибори сертификати дахлдор дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқаррар карда мешаванд;

2) барои ташкилотҳои харидор, ки ҳамчун ташкилоти харидори соҳибтахассус сертификатсия нашудаанд, харид аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад, зимнан муқаррароти Қонуни мазкур, ки марбут ба ташкилотҳои харидор мебошад, ба таври дахлдор ба мақоми ваколатдори давлатӣ татбиқ мегардад.

Моддаи 11. Мақоми ташкилоти харидори соҳибтахассус

1. Мақоми ташкилоти харидори соҳибтахассус бо қарори Комиссияи тахассусӣ дода мешавад.

2. Комиссияи тахассусӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Аъзои Комиссияи тахассусӣ фаъолияти худро ройгон анҷом медиҳанд.

3. Комиссияи тахассусӣ дархости ташкилоти харидорро ҷиҳати додани "мақоми ташкилоти харидори соҳибтахассус" дар муҳлати понздаҳ рўзи тақвимӣ баррасӣ намуда, оид ба қарори қабулнамудааш мақоми ваколатдори давлатиро хабардор менамояд.

4. Қарори Комиссияи тахассусӣ барои дохил намудани ташкилоти харидор ба Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибтахассус асос мебошад.

5. Мақоми ташкилоти харидори соҳибтахассус аз лаҳзаи ба Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибтахассус аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ворид намудани ташкилоти харидор ва додани сертификати дахлдор эътибор пайдо мекунад.

6. Ба Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибтахассус ворид намудани ташкилоти дахлдор дар муддати як рўзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани қарори Комиссияи тахассусӣ амалӣ карда мешавад.

7. Ба Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибтахассус ворид намудан ва аз Феҳристи мазкур додани маълумот дар бораи мақоми ташкилоти харидори соҳибтахассус ройгон анҷом дода мешавад.

8. Бозхонди "мақоми ташкилоти харидори соҳибтахассус" бо қарори Комиссияи тахассусӣ дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ амалӣ карда мешавад.

9. Боздошти амали мақоми "ташкилоти харидори соҳибтахассус" аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ амалӣ карда мешавад.

10. Пешбурди Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибтахассус аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Моддаи 12. Таъминоти ташкилии хариди давлатӣ

Барои таъмини фаъолияти харидорӣ дар марҳилаҳои дахлдори расмиёти харид воҳидҳои харид, комиссияҳои озмунӣ ва комиссияҳои дигар, ки тартиби ташкил ва кори онҳо, аз ҷумла бо назардошти хусусиятҳои хариди электронӣ дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муайян карда мешаванд, таъсис дода мешаванд.

Моддаи 13. Хариди давлатии мутамарказ ва муштарак

1. Бо мақсади анҷом додани хариди мутамарказ мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи моддаҳои 54-56 Қонуни мазкур созишномаҳои қолабиро барои истифодаи ҳатмӣ аз ҷониби ташкилотҳои харидор, ки дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур дарҷ гардидаанд, ба имзо мерасонад. Рўйхати мол ё хизматрасонӣ, ки бо истифодаи созишномаи қолабӣ харида мешавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

2. Хариди муштарак мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад тартиби дигари хариди муштарак ё мутамарказро, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда шудаанд, истифода намояд.

Моддаи 14. Хариди давлатии электронӣ

1. Хариди давлатӣ тавассути портали ягонаи хариди давлатии электронӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд, анҷом дода мешавад.

2. Хариди давлатии электронӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ бо назардошти муқаррароти қисмҳои 3-8 моддаи 30 Қонуни мазкур таҳия ва тасдиқ карда мешаванд, анҷом дода мешавад.

Моддаи 15. Таҳкими иқтидори захираҳои кадрӣ дар соҳаи хариди давлатӣ

1. Захираҳои кадрӣ дар соҳаи хариди давлатӣ метавонанд дар шакли басти вазифавии мутахассисони хариди ташкилоти харидор ташкил карда шаванд.

2. Вазифаҳои харид дар ташкилотҳои харидори соҳибтахассус аз тарафи шахсоне, ки мутобиқи барномаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ё барномаҳои бо мақоми ваколатдори давлатӣ муштарак омўзонида шуда, дорои сертификати мутахассиси харид мебошанд, амалӣ карда мешаванд. Сертификати мутахассиси харид аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳо барои гирифтани сертификат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ мегузаронад, дода мешавад.

3. Мутахассисони харид уҳдадоранд дар барномаҳои такмили ихтисос, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ ва гузаронида мешаванд, бо минбаъд супоридани имтиҳон, ки барои нигоҳ доштани эътибори амали сертификати мутахассиси харид асос мебошад, иштирок намоянд.

БОБИ 4. БАНАҚШАГИРИИ ХАРИД

Моддаи 16. Банақшагирии харид

1. Ташкилоти харидор барои ҳар як соли молиявӣ нақшаи харидро, ки тамоми эҳтиёҷоти пешбинишавандаи онро барои харид дар соли молиявӣ дар бар мегирад, бо тақсимоти мол, кор ва хизматрасонӣ ба категорияҳо мутобиқи таснифгари соҳавии харид бо зикри давраи расмиёти дахлдор, арзиши тахминии шартномаҳо, ки аз ҷониби ташкилоти харидор дар асоси таҳлил ва мониторинги бозор муайян карда шудааст ва навъи расмиёте, ки барои вобастакунии шартномаҳо истифода хоҳанд шуд, таҳия ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд. Дар эҳтиёҷоти умумии харид ҳамчунин эҳтиёҷоте бояд ба назар гирифта шаванд, ки тавассути хариди муштарак ва мутамарказ қонеъ карда мешаванд.

2. Нақшаи солонаи харид бояд дар оғози соли молиявӣ дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ, бо назардошти ошкор насохтани арзиши тахминии шартномаҳо, интишор карда шавад.

3. Тамоми тағйирот ба нақшаи солонаи харид дар муқоиса бо нақшаи ибтидоӣ бояд нишон дода, дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ интишор карда шаванд.

4. Ба қисмҳо тақсим кардани харид бо мақсади хориҷ намудани он аз танзими ҳадди нишондиҳандаҳои арзишӣ, ки бо қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқаррар гардидаанд, роҳ дода намешавад.

5. Хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар нақшаи солонаи харид пешбинӣ нашудааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқарраршуда, иҷозат дода намешавад.

Моддаи 17. Машварати пешакӣ бо бозор

Бо мақсади омода шудан ба харид ташкилотҳои харидор метавонанд пеш аз оғози расмиёти харид машварати коршиносон ва мақомоти мустақил ё иштирокчиёни бозорро бо шарте, ки чунин машваратҳо дастаҷамъӣ гузаронида шаванд, дархост ё қабул кунанд. Машваратҳои бадастовардашуда метавонанд барои банақшагирӣ ва гузаронидани расмиёти харид бо шарте, ки онҳо шароити рақобатро таҳриф накунанд ва ба вайрон намудани принсипҳои ғайритабъизӣ ва шаффофият оварда нарасонанд, истифода карда шаванд.

Моддаи 18. Ҳисоби арзиши тахминии харид

1. Ташкилоти харидор ҳуқуқ надорад, ки хариди худро ба қисмҳо тақсим намояд, ягон усули махсуси арзёбиро барои ҳисоби арзиши тахминии харид ҷиҳати маҳдуд сохтани рақобати байни таҳвилгарон (паймонкорон) истифода намояд ё ба тариқи дигар аз иҷрои уҳдадориҳои худ, ки бо Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, саркашӣ намояд.

2. Ҳангоми ҳисоби арзиши тахминии шартномаи харид ташкилоти харидор бояд арзиши тахминии умумии ҳадди ниҳоии шартномаи харидро, сарфи назар аз он ки он ба як ё шумораи бештари таҳвилгарон (паймонкорон) дар шакли як ё якчанд лот вобаста карда мешавад, ё ҳамаи шартномаҳои хариди мутобиқи созишномаи қолабӣ дар давоми тамоми муҳлати амали он пешбинишуда, бо назардошти ҳамаи шаклҳои подошҳо, ба назар гирад.

3. Арзиши тахминии шартномаи харид, ба истиснои татбиқи музоядаи электронии баръакс ва хариди машваратҳои хизматрасонӣ аз рўи усули интихоб дар шароити буҷети муқарраршуда, набояд ба иштирокчиёни озмун ошкор гардад ва бояд то кушодани пешниҳодҳои озмунӣ махфӣ нигоҳ дошта шавад.

4. Агар нархи мол, кор ва хизматрасонии харидоришаванда танзим гардад, нархи танзимшаванда ба назар гирифта мешавад.

Моддаи 19. Тавсифоти техникии мавзуи харид

1. Ташкилоти харидор дар ҳуҷҷати озмунӣ тавсифи муфассали мавзуи харид, аз ҷумла талаботи ҳадди ақалеро, ки ба он пешниҳодҳои таклифшаванда бояд барои ҷавобгў эътироф шудан мутобиқ бошанд, нишон медиҳад.

2. Тавсифи мавзуи харид бояд аз рчи имкон воқеӣ бошад. Дар тавсифи техникӣ ё қисмҳои дигари ҳуҷҷатҳои озмунӣ ба тамға ё номгўи мушаххаси тиҷоратӣ, патент, дизайн ва навъ, маҳалли муайяни истеҳсолкунанда ё таҳвилгар ягон талабот ё истинод набояд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар талабот ба мавзуи харид ё тавсифи хусусиятҳо ба андозаи кофӣ дақиқ ва фаҳмо номумкин бошад, зимнан дар лоиҳа хусусиятҳои тавсифшуда, тавсифот ва талабномаҳо ибораи "ё муодили он аз рчи хусусиятҳо" ё ҳар муқаррароти ба ин монанд истифода мешавад.

3. Ягон тавсифи мавзуи харид, ки метавонад иштироки таҳвилгаронро (паймонкоронро) дар харид маҳдуд созад, ба истиснои меъёр, талабот ё расмиёте, ки ташкилоти харидор метавонад мутобиқи қисми 3 моддаи 24 Қонуни мазкур муқаррар намояд, иҷозат дода намешавад.

Моддаи 20. Усулҳо ва расмиёти хариди давлатӣ

1. Ташкилоти харидор мутобиқи муқаррароти пешбининамудаи Қонуни мазкур яке аз усулҳо ё расмиёти хариди зеринро бо асоснок кардан интихоб менамояд:

1) озмуни кушод;

2) озмуни думарҳилавӣ;

3) дархости нархномаҳо;

4) дархости пешниҳодҳо барои хизматрасонии машваратӣ;

5) музокироти рақобатӣ;

6) хариди мустақим;

7) музоядаҳои электронии баръакс (реверсӣ);

8) расмиёти созишномаҳои қолабӣ.

2. Усули асосии хариди давлатӣ озмуни кушод мебошад. Истифодаи ҳар усули дигари харид ё расмиёти созишномаҳои қолабӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои хариди мустақим мутобиқи банди 1) қисми 1 моддаи 52 Қонуни мазкур, иҷозат дода мешавад.

3. Харид, ки бо маълумоти дорои сирри давлатӣ алоқаманд аст, бо истифодаи усулҳои музокироти рақобатӣ ё хариди мустақим бо риояи талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур анҷом дода мешавад.

Моддаи 21. Харидҳо бо мақсади рушди устувор ва иҷтимоӣ

1. Ташкилотҳои харидор мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чораҳоеро татбиқ менамоянд, ки ба рушди устувор ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Низоми қоидаҳо ва муносибати амалӣ дар соҳаи харид бо мақсади рушди устувор ва иҷтимоӣ метавонад чунин унсурҳоро, ба монанди кам кардани таъсири манфӣ ва мусоидат ба таъсири эҳтимолии мусбат ба муҳити зист ҳангоми анҷом додани хароҷот барои харид, васеъ гардонидани имкониятҳо барои соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла занони ба соҳибкорӣ машғул, муассисаю корхонаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ташкилотҳои маъюбон, мусоидат ба масъулияти идоравии иҷтимоӣ, тандурустӣ ва некуаҳволии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бар гирад.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ ба лотҳо тақсим намудани харидро, аз ҷумла бо мақсади васеъ гардонидани имкониятҳо барои иштироки соҳибкории хурду миёна пешбинӣ намояд. Агар ташкилоти харидор нияти ба лотҳо тақсим намудани харидро дошта бошад, дар огоҳинома оид ба харид ё даъватнома ҷиҳати изҳори манфиатдорӣ бояд зикр намояд, ки ирсол намудани пешниҳодҳои озмунӣ ба як, якчанд ё якбора ба ҳамаи лотҳо мумкин аст.

3. Уҳдадорие, ки ба ғолиби озмун бо назардошти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади рушди устувор ва иҷтимоӣ вогузор карда мешавад, бояд дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ зикр карда шавад.

БОБИ 5. ҶАНБАҲОИ УМУМИИ РАСМИЁТИ ХАРИД

Моддаи 22. Забони расмиёти хариди давлатӣ

1. Расмиёти хариди давлатӣ бо забони давлатӣ анҷом дода мешавад. Ҳангоми зарурат расмиёти зикргардида метавонад инчунин бо забонҳои русӣ ё англисӣ анҷом дода шавад. Агар ҳуҷҷатҳо бо зиёда аз як забон тартиб дода шуда бошанд, дар онҳо бояд ишора карда шавад, ки дар сурати ихтилоф байни матнҳо, матни кадом забон асосӣ мебошад.

2. Дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ барои тавсифот, нақшаҳо, ҳисоботҳои техникӣ ва мукотибот мумкин аст истифодаи забоне иҷозат дода шавад, ки дар савдои байналмилалӣ истифода мешавад.

Моддаи 23. Муомила бо маълумоти дорои сирри давлатӣ

1. Ҳангоми хариде, ки бо маълумоти дорои сирри давлатӣ алоқаманд аст, ташкилоти харидор нисбат ба таҳвилгарон (паймонкорон) талаботи ба ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ пешбинигардидаро татбиқ менамояд.

2. Ҳангоми хариде, ки бо маълумоти дорои сирри давлатӣ алоқаманд аст, ташкилоти харидор уҳдадор аст дар даъвати нахустин оид ба харид дар хусуси имконияти андешидани тадбирҳо ва талаботе, ки барои дар сатҳи зарурӣ ҳифз намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ заруранд, огоҳ созад, инчунин ин тадбиру талаботро муайян намояд.

3. Ҳангоми хариде, ки бо маълумоти дорои сирри давлатӣ алоқаманд аст, ташкилоти харидор:

1) аз таҳвилгарон (паймонкорон) талаб менамояд, ки зертаҳвилгарони (зерпаймонкорони) онҳо риояи талаботи ба ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ пешбинигардидаро таъмин намоянд;

2) истифодаи расмиёти интишори маълумотеро, ки дар ҳолати дигар истифода шуда метавонанд, ихтисор менамояд.

Моддаи 24. Меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок

1. Барои ба даст овардани ҳуқуқи бастани шартномаи харид, пешкаш намудани пешниҳоди озмунӣ дар ҳолати гузаронидани интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани рўйхати мухтасар иштирокчии озмун бояд аз рўи принсипи "қабул/ғайри қабул" ба талаботи зерини иҷозатдиҳӣ барои иштирок, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ, ҳуҷҷатҳо оид ба интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани рўйхати мухтасар зикр карда мешаванд, ҷавобгч бошад:

1) барои бастани шартнома қобилияти ҳуқуқӣ дошта бошад;

2) пардохтпазир бошад, таҳти идоракунии беруна, дар ҳолати муфлисшавӣ ё дар марҳилаи барҳамдиҳӣ набошад, фаъолияти тиҷоратии он набояд муваққатан боздошта шуда бошад ва набояд мавзуи баррасии судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати дигар бошад;

3) аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет қарздор набошад;

4) дар давоми се соли то ҷараёни харид барои содир кардани ягон ҷинояти вобаста бо коррупсия ё қаллобӣ маҳкум нашуда бошад;

5) дар давраи баргузории озмун аз иштирок дар харид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 73 Қонуни мазкур, аз иштирок дар харид дар мамлакатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ мутобиқи тартиби аз ҷониби онҳо муқарраршуда хориҷ нашуда бошад, дар байни муассисон, роҳбарон ё кормандон шахсонеро, ки амалҳояшон ба хориҷ гардидани таҳвилгар (паймонкор) аз иштирок дар харид ба давраи баргузории ҳамин озмун оварда расонид, надошта бошад;

6) бо иштирокчии озмун ё таҳвилгаре (паймонкоре), ки дар давраи баргузории озмун аз иштирок дар хариди давлатӣ мутобиқи моддаи 73 Қонуни мазкур хориҷ карда шудааст, ба таври дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ зикргардида алоқаманд набошад.

2. Ташкилоти харидор ҳуқуқ надорад талаботеро муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба маҳдуд сохтани иштироки таҳвилгарон (паймонкорон) дар расмиёти харид равона гардида, табъизи таҳвилгарон (паймонкорон) ё категорияҳои онҳоро пешбинӣ менамояд.

3. Таҳвилгарон (паймонкорон), сарфи назар аз кишвари аслашон, ба истиснои расмиёти хариде, ки маҳдудиятҳоро дар мавриди кишвари асл бо сабабҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зикргардида пешбинӣ менамоянд, бояд барои иштирок дар расмиёти харид роҳ дода шаванд. Изҳороти дахлдор дар хусуси маҳдудиятҳо ё ҳар дасткашии дигар аз ин принсип бояд дар ҳуҷҷатҳое, ки зимни ҷалби нахустини иштирокчиёни озмун ҷиҳати иштирок дар озмун истифода шудаанд, дохил карда шавад.

4. Ташкилоти харидор уҳдадор аст, ки дар бораи талабот ё маҳдудсозии ҳуқуқи иштирок дар ҷараёни хариди мутобиқи қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи мазкур ё моддаи 21 Қонуни мазкур ҷоришаванда, ҳангоми даъвати якум барои иштирок дар расмиёти харид, инчунин дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ хабардор созад.

5. Ташкилоти харидоре, ки иштироки таҳвилгаронро (паймонкоронро) дар расмиёти харид мутобиқи қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи мазкур ё моддаи 21 Қонуни мазкур маҳдуд месозад, бояд ба протоколи харид изҳоротро дар бораи асосҳои муқаррар намудани чунин маҳдудиятҳо ворид намояд.

Моддаи 25. Талаботи тахассусӣ

1. Барои бастани шартномаи харид ё барои иштирок дар расмиёти харид иштирокчии озмун бояд ба талаботи тахассусӣ, ки аз ҷониби ташкилоти харидор барои иҷрои шартномаи харид мувофиқи мақсад дониста мешавад, ҷавобгч бошад. Пеш аз даъват барои иштирок дар харид ташкилоти харидор бояд талаботи тахассусии дахлдорро, ки ба хусусият, мураккабии техникӣ ва арзиши харид ҷавобгў буда, муқаррар намудани талаботи барзиёдии тахассусиро роҳ намедиҳад, муайян намояд.

2. Талаботи тахассусӣ ба иштирокчиёни озмун танҳо нисбат ба салоҳияти касбӣ, идоравӣ ва техникӣ, захираҳои молиявӣ, таҷҳизот ва захираҳои дигари моддӣ, таҷриба ва ҳайати кормандон, ки барои иҷрои шартномаи харид зарур аст, муқаррар карда мешавад.

3. Талаботи мутобиқи моддаи мазкур муқарраргардида бояд дар ҳуҷҷатҳои интихоби пешакии тахассусӣ ё ҳуҷҷатҳо оид ба тартиб додани рўйхати мухтасар, агар онҳо гузаронида шаванд ва дар худи ҳуҷҷатҳои озмунӣ муайян карда шуда, нисбат ба ҳамаи иштирокчиёни озмун аз рчи принсипи "қобили қабул (ғайри қобили қабул)", ба андозаи баробар, ба истиснои ҳолатҳои тартиб додани рўйхати мухтасар, ки баҳогузории муқоисавиро дар асоси тахассус иҷозат медиҳад, татбиқ гардад. Ташкилоти харидор барои муқаррар намудани ягон меъёр, талабот ё расмиёти дигар нисбат ба тахассуси иштирокчиёни озмун, ки аз меъёр, талабот ё расмиёти пешбининамудаи Қонуни мазкур фарқ мекунанд, ҳуқуқ надорад.

4. Дар ҳуҷҷатҳои интихоби пешакии тахассусӣ ё ҳуҷҷатҳо оид ба тартиб додани рўйхати мухтасар, агар онҳо гузаронида шаванд, инчунин дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ бояд зикр карда шавад, ки иштирокчии озмун кадом иттилоот ва ҳуҷҷатҳоро барои исбот намудани мутобиқати худ ба меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок ва талаботи тахассусии татбиқшаванда пешниҳод менамояд.

5. Агар расмиёти интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани рўйхати мухтасар гузаронида нашавад, ташкилоти харидор бояд расмиёти баррасии минбаъдаи тахассусиро гузаронад, ки тибқи он ташкилоти харидор тахассуси иштирокчии озмуни барои вобастакунии шартнома муайяншударо ҷиҳати мутобиқатӣ ба талаботи тахассусии дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муқарраршуда месанҷад.

Моддаи 26. Интихоби пешакии тахассусӣ

1. Интихоби пешакии тахассусӣ ҳангоми хариди калон ё мураккаб, ба монанди корхонаи саноатӣ, таҷҳизоти махсус таҳиягардида, хизматрасонии махсус, технологияҳои мураккаби иттилоотӣ, харид аз рчи шартномаи "таҳти калид", лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти мураккаб ё шартномаҳои идоракунӣ тавсия мешавад.

2. Агар ташкилоти харидор интихоби пешакии тахассусиро гузаронад, он бояд интишори даъватномаро ҷиҳати иштирок дар интихоби пешакии тахассусӣ дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ, инчунин дар манбаъҳои байналмилалӣ, агар ин мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, зарур бошад, таъмин намояд.

3. Ҳангоми гузаронидани интихоби пешакии тахассусӣ ташкилоти харидор ҳуҷҷатҳоро оид ба интихоби пешакии тахассусӣ дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ интишор мекунад. Нисбат ба интихоби пешакии тахассусӣ муқаррароти моддаи 25 Қонуни мазкур татбиқ мегарданд.

4. Ташкилоти харидор натиҷаҳои интихоби пешакии тахассусиро дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ интишор намуда, ҳар як иштирокчии пешкашнамудаи дархостро дар хусуси он ки аз интихоби пешакии тахассусӣ гузаштааст ё не, огоҳ месозад.

5. Ташкилоти харидор метавонад талаб намояд иштирокчии озмун, ки аз интихоби пешакии тахассусӣ мутобиқи Қонуни мазкур гузаштааст, аз нав тахассуси худро мутобиқи ҳамон меъёрҳои барои интихоби пешакии тахассуси ҳамин иштирокчиёни озмун истифодашуда нишон диҳад. Ташкилоти харидор бояд иштирокчии озмунро, ки аз нав нишон додани тахассусашро рад мекунад, хориҷ намояд.

Моддаи 27. Тартиб додани рўйхати мухтасар

1. Бо мақсади маҳдудсозии миқдори таҳвилгарон (паймонкорон), ки аз онҳо оферта, пешниҳод ё нархнома дархост карда мешавад, ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад расмиёти тартиб додани рўйхати мухтасарро гузаронад.

2. Ташкилоти харидор рўйхати мухтасари иштирокчиёни озмунро, ки баҳои баландтаринро гирифтанд, ба миқдори дар ҳуҷҷатҳо оид ба тартиб додани рўйхати мухтасар зикршуда, аммо дар мавриди мавҷудияти чунин имконият, ба миқдори на кам аз се иштирокчӣ, тартиб медиҳад.

3. Талабот нисбат ба тартиб додани рўйхати мухтасар дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқаррар карда мешавад.

Моддаи 28. Рўйхати истифодаи бисёркарата

Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми зарурат барои ташкилотҳои харидор рчйхати таҳвилгаронро (паймонкоронро) ҷиҳати истифодаи бисёркарата, бо шарте ки огоҳиномаи дорои даъвати таҳвилгарони (паймонкорони) манфиатдор барои пешниҳоди дархост ҷиҳати ворид намудан ба рчйхати дар боло зикргардида ҳар сол дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ интишор гардад ва мунтазам дастрас бошад, пеш мебарад. Талабот нисбат ба татбиқи рўйхати таҳвилгарон (паймонкорон) ҷиҳати истифодаи бисёркарата дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқаррар карда мешавад.

Моддаи 29. Иштироки гурчҳи таҳвилгарон (паймонкорон)

1. Гурчҳи иборат аз ду ё шумораи бештари таҳвилгарон (паймонкорон) дар асоси созишномаи расмӣ байни тарафҳои гурчҳ ё изҳороти расмӣ дар бораи нияти бастани созишномаи расмии байни тарафҳо, агар ба гурчҳ шартномаи харид вобаста карда шавад, ба сифати иштирокчӣ дар ҷараёни харид иштирок карда метавонад. Ҳамаи аъзои гурчҳ барои иҷрои уҳдадориҳои иштирокчии озмун ва иҷрои шартномаи харид мутобиқи шартҳои он бояд масъулияти шахсӣ ва муштарак дошта бошанд.

2. Дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ, ҳуҷҷатҳо оид ба интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани рўйхати мухтасар зикр карда мешавад, ки ҳар узви гурчҳ бояд ба кадом талаботи тахассусӣ дар алоҳидагӣ ва гурчҳ дар маҷмчъ ба кадом талабот ҷавобгч бошад.

3. Муқаррар намудани талабот оид ба ташкили гурўҳи таҳвилгарон (паймонкорон) ҳамчун шарти иштирок дар расмиёти хариди давлатӣ манъ аст, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

Моддаи 30. Муросилот дар расмиёти харид ва истифодаи воситаҳои электронӣ

1. Ҳуҷҷат, огоҳинома, қарор ё иттилооти дигар, ки дар ҷараёни харид таҳия ва мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ирсол карда мешавад, бояд дорои шакле бошад, ки барои нигоҳ доштани мундариҷаи иттилооти дахлдор ва пайдо кардани дастрасӣ ба ин иттилоот дар давоми муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият диҳад.

2. Барои пешкаш намудани ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва ҳуҷҷатҳои интихоби пешакии тахассусӣ метавонад маблағ ба андозае, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ситонида шавад ва он баргардонида намешавад.

3. Ҳангоми истифодаи воситаҳои электронӣ мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор аст, ки дар платформаи хариди электронӣ истифодаи захираҳо ва технологияҳое, ки бехатарӣ, пайдарпайӣ ва махфияти иттилооти коркардшаванда ва ҷараёни харидро кафолат медиҳанд, таъмин намояд.

4. Портали ягонаи хариди давлатии электронӣ бояд ба талаботи амнияти иттилоотӣ ҷавобгў буда, анҷом додани ҳамаи расмиёти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониро бо истифодаи технологияҳое, ки бо аксари низомҳои компютерӣ мутобиқ мебошанд, барои таъмини ҳамкорӣ ва дастрасии зарурии ҳамаи тарафҳои манфиатдор ба портали мазкур, таъмин намояд.

5. Портали ягонаи хариди давлатии электронӣ бояд дорои инфрасохтори зарурии барномавӣ, дастгоҳӣ ва электронӣ ҷиҳати таъмини вазифаҳои огоҳсозӣ, хабардиҳӣ, ирсоли иттилоот ва арзёбӣ барои ҳамаи ташкилотҳои харидор бошад.

6. Воситаҳои технологии барномавӣ бояд айнияткунонии истифодабарандагони ба қайд гирифташуда, бақайдгирии тамоми мубодилаи иттилоот дар ҷараёни расмиёти харид, инчунин нигоҳдории тамоми иттилоотро бо ҳифзи кафолатноки ҳуҷҷатҳои рақамӣ таъмин намоянд.

7. Портали ягонаи хариди давлатии электронӣ бояд иттилоотро дар бораи хариди давлатӣ ройгон пешкаш намояд.

8. Агар истифодаи воситаҳои электронӣ танҳо барои истифодабарандагони ба қайд гирифташуда иҷозат дода шуда бошад ё дар асоси музднок амалӣ карда шавад, шартҳои дастрасӣ ба портали ягонаи хариди давлатии электронӣ ва воситаҳои дигари электрониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Аз истифодабарандагон, ба истиснои имзои электронии рақамӣ ва ҳомили он, набояд харидорӣ намудани барномаи таъминотӣ, ки махсус барои дастрасӣ ба портали ягонаи хариди давлатии электронӣ ва воситаҳои дигари электронӣ пешбинӣ шудааст, талаб карда шавад.

Моддаи 31. Муҳлати манзур намудани пешниҳодҳои озмунӣ ва дархостҳо

1. Муҳлати ниҳоии манзур намудани дархост барои иштирок дар интихоби пешакии тахассусӣ, ворид шудан ба рўйхати мухтасар ё пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ бояд дар шакли сана ва вақти мушаххас ва мутобиқи муҳлати камтарини дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муайяншуда муқаррар шуда, ба иштирокчиёни озмун барои таҳия ва манзур намудани дархостҳо ё пешниҳодҳои озмунӣ, бо назардошти эҳтиёҷоти қобили қабули ташкилоти харидор ва омилҳои зерин, вақти кофӣ дода шаванд:

1) хусусият ва мураккабии харид, аз ҷумла хусусияти тиҷоратии мол, кор ва хизматрасонӣ;

2) ҳаҷми паймонкории фаръии пешбинишаванда;

3) истифодаи воситаҳои электронӣ барои интишори эълону даъватномаҳо, ирсоли ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва манзур намудани пешниҳодҳои озмунӣ, дархост барои иштирок дар интихоби пешакии тахассусӣ ё ворид шудан ба рўйхати мухтасар;

4) вақте, ки барои манзур намудани пешниҳодҳои озмунӣ, дархостҳо барои иштирок дар интихоби пешакии тахассусӣ ё ворид шудан ба рўйхати мухтасар зарур аст;

5) ҳолатҳои дигари марбут ба хариди дахлдор.

2. Дар ҳолати харид мутобиқи қисми 2 моддаи 2 Қонуни мазкур муҳлати ниҳоӣ бояд тибқи талаботи шартномаҳои дахлдори байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда шавад.

Моддаи 32. Таъминоти пешниҳоди озмунӣ

1. Ҳуҷҷатҳои озмунӣ метавонанд талаботро дар бораи аз тарафи иштирокчиёни озмун пешкаш намудани таъминоти пешниҳоди озмунӣ ба андозаи то 3 фоизи арзиши тахминии харид, бо назардоши хусусият ва аҳамияти шартнома, дар бар гиранд. Арзиши тахминии харид ва фоиз, ки аз тарафи ташкилоти харидор барои ҳисоби таъминоти пешниҳоди озмунӣ истифода мешавад, набояд ифшо гардад.

2. Агар таъминоти пешниҳоди озмунӣ талаб карда шавад, дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ бояд зикр гардад:

1) таъминоти пешниҳоди озмунӣ бояд дар давоми 28 рчзи тақвимӣ ё муҳлати дигаре, ки мумкин аст дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ зикр карда шавад, аз санаи ба охир расидани муҳлати аввалаи амали пешниҳоди озмунӣ ё муҳлати тамдидгардидаи амали пешниҳоди озмунӣ эътибор дошта бошад;

2) таъминоти пешниҳоди озмунӣ дар шакли дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ пешбинишуда пешниҳод мегардад, онҳо бояд бешарт, бебозгашт, мутобиқ ба андоза ва асъори дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муқарраргардида бошанд.

3. Таъминоти пешниҳоди озмунии гурчҳи иштирокчиёни озмун бояд аз номи гурчҳ пешкаш карда шавад.

4. Иштирокчии озмун ҳуқуқи худро барои баргардонидани таъминоти пешниҳоди озмунӣ дар ҳолатҳои зерин аз даст медиҳад:

1) бозхондан ё тағйир додани пешниҳоди озмунӣ пас аз ба охир расидани муҳлати ниҳоӣ барои пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ;

2) розӣ нашудани иштирокчии озмун барои қабул кардани ислоҳи хатогии риёзӣ дар пешниҳоди озмунии худ;

3) имзо накардани шартномаи харид мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои озмунӣ ё пешкаш накардани таъминоти иҷрои шартнома, агар пешкаш намудани он мутобиқи ҳуҷҷатҳои озмунӣ талаб карда шавад.

5. Агар истифодаи таъминоти пешниҳоди озмунӣ мувофиқи мақсад дониста нашавад, ташкилотҳои харидор метавонанд чунин талаботро бо эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунӣ ё вариантҳои дигари алтернативии иҷозатдодаи қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ иваз намоянд. Бо пешниҳоди эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунӣ иштирокчии озмун розӣ мешавад, ки мавҷудияти яке аз ҳолатҳои дар қисми 4 моддаи мазкур зикргардида метавонанд боиси хориҷ намудан аз иштирок дар харидҳои давлатӣ ба муҳлати бо қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқарраршуда гарданд. Истифодаи эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунӣ бояд дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ зикр гардида, нисбат ба ҳамаи иштирокчиёни озмун татбиқ шавад.

Моддаи 33. Шарҳу эзоҳ ва тағйиру иловаҳо дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ

1. Иштирокчии озмун метавонад аз ташкилоти харидор шарҳу эзоҳи ҳуҷҷатҳои озмунӣ, ҳуҷҷатҳо дар бораи интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани рчйхати мухтасарро на дертар аз 5 рўзи тақвимӣ то муҳлати ниҳоии манзур намудани пешниҳодҳои озмунӣ ё дархостҳо дархост намояд.

2. Ташкилоти харидор бояд ба дархости иштирокчии озмун дар давоми давраи вақте, ки ба иштирокчии озмун барои сари вақт манзур намудани пешниҳоди озмунӣ ё дархости худ имконият медиҳад, вале на дертар аз 3 рўзи тақвимӣ то муҳлати ниҳоии манзур намудани пешниҳодҳои озмунӣ ё дархостҳо посух дода, бе муайян намудани манбаи дархост шарҳу эзоҳро дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ дар ҳамин муҳлат интишор намояд.

3. Ташкилоти харидор метавонад на дертар аз 3 рўзи тақвимӣ то муҳлати ниҳоии манзур намудани пешниҳодҳои озмунӣ ё дархостҳо бо ташаббуси худ ё дар натиҷаи дархости иштирокчии озмун оид ба шарҳу эзоҳ ба ҳуҷҷатҳо тағйиру иловаҳо ворид намуда, онҳоро дар шакли илова ба ҳуҷҷатҳо пешниҳод кунад. Илова ба ҳуҷҷатҳо дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ дар ҳамин муҳлат интишор мегардад.

4. Агар шарҳу эзоҳ ё тағйиру иловаҳо, ки мутобиқи қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур ворид карда шудаанд, боиси тағйироти назарраси огоҳинома оид ба харид, ҳуҷҷатҳои озмунӣ, ҳуҷҷатҳо дар бораи интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани рчйхати мухтасар гарданд, ташкилоти харидор бояд муҳлати ниҳоии манзур намудани пешниҳодҳои озмунӣ ё дархостҳоро тамдид намояд.

Моддаи 34. Шарҳу эзоҳи иттилоот дар бораи тахассус ва пешниҳодҳои озмунӣ

1. Дар ҳамаи марҳилаҳои расмиёти харид ташкилоти харидор бо мақсади мусоидат дар муайянкунии тахассус ё омчзишу арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ метавонад аз иштирокчии озмун шарҳу эзоҳи иттилоот дар бораи тахассус ё пешниҳоди озмунии онро дархост намояд.

2. Ташкилоти харидор танҳо хатогиҳои риёзиеро, ки ҳангоми омчзиши пешниҳодҳои озмунӣ ошкор карда мешаванд, ислоҳ мекунад. Ташкилоти харидор иштирокчии озмунро, ки пешниҳодҳои озмуниро пешкаш намудааст, дар бораи чунин ислоҳ огоҳ месозад. Пешниҳоди озмунии иштирокчие, ки чунин ислоҳҳоро қабул кардан намехоҳад, бояд рад карда шавад.

3. Байни ташкилоти харидор ва иштирокчии озмун набояд ҳеҷ гуна гуфтушунид дар мавриди иттилоот дар бораи тахассус, пешниҳодҳои озмунӣ ё ҳуҷҷатҳои дигари пешкашгардида гузаронида шавад, ҳамчунин тағйир додани нарх пас аз гирифтани шарҳу эзоҳ, ки мутобиқи моддаи мазкур дархост шуда буд, роҳ дода намешавад.

4. Дархост, пешниҳод намудан ё иҷозат додан барои ворид намудани ягон тағйироти назаррас ба иттилоот дар бораи тахассус ё пешниҳоди озмунӣ, ки ба ғайриқонунӣ соҳибтахассус эътироф намудани иштирокчии озмуни тахассуснадошта ё мутобиқ эътироф намудани пешниҳоди озмунии номутобиқ равона гардидааст, иҷозат дода намешавад.

5. Муқаррароти қисми 3 моддаи мазкур ба пешниҳодҳои озмуние, ки мутобиқи қисми 2 моддаи 48 ва моддаи 52 Қонуни мазкур пешкаш гардидаанд ва пешниҳоде, ки дар мавриди музокироти рақобатӣ беҳтарин ва ниҳоӣ намебошад, дахл надоранд.

6. Ҳамаи мукотиботи дар доираи моддаи мазкур анҷомдодашуда бояд ба протоколи расмиёти харид ворид карда шаванд.

Моддаи 35. Арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ

1. Ташкилоти харидор ҳангоми арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ ва муайян намудани ғолиб бояд танҳо он меъёру расмиётеро истифода намояд, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ нишон дода шудаанд ва танҳо ба ҳамон тарзе, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ пешбинӣ гардидааст. Ба истифодаи меъёру расмиёте, ки мутобиқи муқаррароти мазкур пешбинӣ нагардидаанд, роҳ дода намешавад.

2. Ташкилоти харидор ҳуқуқ надорад маълумотро доир ба омчзиш, арзёбӣ ва муқоисаи пешниҳодҳои озмунӣ ё дархостҳои пешкашшуда ва муҳтавои онҳо то анҷоми расмиёти арзёбӣ ошкор намояд.

3. Меъёрҳои арзёбӣ, ба истиснои меъёрҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тибқи моддаи 21 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бояд марбут ба мавзуи харид бошанд.

4. Арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ ва муайян намудани ғолиб дар мавриди хариди электронӣ аз ҷониби ташкилотҳои харидори соҳибтахассус дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда мешавад.

Моддаи 36. Пешниҳодҳои озмунӣ бо нархи ғайритабиӣ паст

1. Агар ташкилоти харидор муайян намояд, ки нархи пешниҳоди озмунӣ дар якҷоягӣ бо унсурҳои дигари таркибии пешниҳоди озмунӣ барои мол, кор ва хизматрасонии харидоришаванда ниҳоят паст буда, шубҳаовар аст, ки иштирокчии озмун бо чунин нархи пешниҳоди озмунӣ шартномаро иҷро карда метавонад, ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад пешниҳоди озмуниро рад кунад, ба шарте ки он дар бораи унсурҳои таркибии пешниҳоди озмунии дахлдор маълумоти муфассали қонеъкунандаи ташкилоти харидорро дар шакли хаттӣ дархост намояд. Ин маълумоти муфассал, аз ҷумла метавонад марбут ба инҳо бошад:

1) ҷанбаҳои иқтисодии усули сохтмон, ҷараёни истеҳсол ё хизматрасонӣ;

2) қарорҳои интихобшудаи техникӣ ё шароити ниҳоят мусоиде, ки иштирокчии озмун барои иҷрои кор, таҳвили мол ё хизматрасонӣ дорад;

3) аслӣ будани кор, мол ва хизматрасоние, ки иштирокчии озмун пешниҳод менамояд.

2. Ташкилоти харидор ин унсурҳои таркибиро тавассути машваратҳо бо иштирокчии озмун, бо назардошти далелҳои пешниҳодгардида, санҷида, ҳангоми қабули қарор маълумоти пешниҳоднамудаи иштирокчии озмунро ба назар мегирад.

3. Қарори ташкилоти харидор дар бораи рад кардани пешниҳоди озмунӣ, асосҳо барои қабули чунин қарор ва ҳамаи тамосҳо бо иштирокчии озмун мутобиқи моддаи мазкур бояд ба протоколи расмиёти харид ворид карда шаванд. Оид ба қарори ташкилоти харидор ва асосҳои он бояд ба иштирокчии дахлдори озмун хабар дода шавад.

Моддаи 37. Рад кардани пешниҳодҳои озмунӣ

1. Ташкилоти харидор ҳамаи пешниҳодҳои озмуниро баъди арзёбии онҳо аз ҷониби комиссияи озмунӣ рад мекунад, агар ягон пешниҳоди воридгардида ба таври назаррас ба талаботи ҳуҷҷатҳои озмунӣ мутобиқ набошад ё нархи ҳамаи пешниҳодҳо нисбат ба ҳаҷми пешбинишудаи маблағгузорӣ барои шартномаи дахлдори харид зиёд бошад.

2. Радкунии ҳамаи пешниҳодҳои озмунӣ ва асосҳои он бояд дар протоколи расмиёти харид зикр гардида, дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ интишор карда шавад.

Моддаи 38. Бекор кардани расмиёти харид

1. Ташкилоти харидор метавонад то муҳлати ниҳоии манзур намудани пешниҳодҳои озмунӣ ё дархостҳо харидро бекор карда, қарорро дар бораи бекоркунӣ дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ интишор намояд. Ташкилоти харидор пас аз қабул гардидани қарор дар бораи бекоркунии харид барои кушодани пешниҳодҳои озмунӣ ё дархостҳо ҳуқуқ надорад.

2. Ташкилоти харидор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад расмиёти харидро пас аз кушодани пешниҳодҳои озмунӣ ё дархостҳо бекор кунад, агар:

1) мол, кор ё хизматрасонӣ мутобиқи изҳороти асосноки ташкилоти харидор дигар лозим набошад ва бинобар ин идома додани расмиёти харид ба манфиатҳои ҷамъиятӣ ҷавобгч намебошад;

2) дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ норасоӣ ё хатогии ҷиддие ошкор гардида бошад, ки идомаи расмиёти харидро номумкин гардонад;

3) зарурати ба таъхир гузоштани хариди мол, кор ё хизматрасонӣ ба муҳлати дертар, ки аз ҷониби ташкилоти харидор асоснок карда шудааст, ба миён омадааст.

Моддаи 39. Вобастакунӣ ва эътибор пайдо кардани шартномаи харид

1. Андешидани ягон тадбир барои ба имзо расонидан ё таъмини эътибор пайдо кардани шартномаи харид бо роҳи дигар то гузаштани давраи интизорӣ, агар татбиқи давраи интизорӣ бо муҳлатҳои дахлдори он бо қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқаррар шуда бошад, иҷозат дода намешавад.

2. Агар иштирокчие, ки пешниҳодаш пазируфта шудааст, шартномаро ба таври зарурӣ ё дар муҳлати то 30 рўзи тақвимӣ аз санаи огоҳонӣ дар бораи нияти вобастакунии шартнома ба имзо нарасонад ё таъминоти талабшудаи иҷрои шартномаро пешкаш нанамояд, ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад харидро бекор кунад ё пешниҳоди беҳтарини навбатиро аз байни пешниҳодҳои эътибордошта мутобиқи меъёру расмиёте, ки дар Қонуни мазкур ва ҳуҷҷатҳои озмунӣ муайян шудаанд, интихоб намояд. Дар мавриди интихоби пешниҳоди беҳтарини навбатӣ муқаррароти моддаи мазкур нисбат ба ҳамин пешниҳоди навбатӣ, бо назардошти ҳамаи тағйирот, татбиқ мегарданд.

3. Иштирокчии ғолиби озмун шартнома оид ба харидро мутобиқи ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва пешниҳоди озмуниаш дар муҳлате, ки дар огоҳинома оид ба нияти вобастакунии шартнома муқаррар гардидааст, имзо намуда, таъминоти иҷрои шартномаро дар ҳолате, ки агар он бо ҳуҷҷатҳои озмунӣ пешбинӣ шуда бошад, ба андозаи дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муқарраршуда пешниҳод менамояд.

4. Андозаи таъминоти иҷрои шартнома метавонад то 10 фоиз аз нархи шартномаи харид бошад, ба истиснои ҳолате, ки бо шартномаи харид пешпардохт пешбинӣ шудааст. Ҳангоми пешпардохт, агар он бо шартномаи харид пешбинӣ шуда бошад, ташкилоти харидор метавонад таъминоти баргардонидани пешпардохтро, ба шарте ки таҳвилгар (паймонкор) аз ҳуқуқи худ оид ба даст кашидан аз пешпардохт истифода набурдааст, ба андозаи на кам аз 50 фоизи маблағи пешпардохт талаб намояд. Шаклҳои таъминоти иҷрои шартнома ва таъминоти баргардонидани пешпардохт, шартҳои сари вақт баргардонидани онҳо ба таҳвилгарон (паймонкорон) мутобиқи қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муайян карда мешаванд.

5. Дар рўзи кории пас аз эътибор пайдо кардани шартномаи харид ё ба имзо расидани созишномаи қолабӣ огоҳиномаи дахлдор дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ интишор мегардад. Огоҳинома бояд иттилооти зеринро дар бар гирад:

1) тавсифи мол, кор ё хизматрасонии харидоришаванда;

2) ном ва суроғаи ташкилоти харидор;

3) ном ва суроғаи таҳвилгари (паймонкори) ғолиб;

4) дар мавриди шартномаи харид арзиши шартнома;

5) санаи баимзорасонӣ.

БОБИ 6. РАСМИЁТИ ГУЗАРОНИДАНИ ХАРИД

Моддаи 40. Дархости пешниҳодҳои озмунӣ дар мавриди озмуни кушод

1. Даъватнома барои иштирок дар озмуни кушод бояд дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ, инчунин манбаъҳои байналмилалӣ интишор карда шавад, агар интишори байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, талаб карда шавад.

2. Даъватнома барои иштирок дар озмун бояд дорои маълумоти зерин бошад:

1) рақами мушаххаси расмиёти озмунӣ;

2) маълумоти мушаххаси ташкилоти харидор, суроғаи он ва маълумот барои тамос;

3) мавзуи харид, муҳлат ва маҳалли талабшавандаи таҳвили мол, иҷрои кор, хизматрасонӣ ё муҳлати амали шартнома;

4) усули хариде, ки истифода хоҳад шуд;

5) тарзи гирифтани ҳуҷҷатҳои озмунӣ ё ҳуҷҷатҳо оид ба интихоби пешакии тахассусӣ, агар он гузаронида шавад ва дар ҳолати зарурат пардохт барои ҳуҷҷатҳо, агар чунин пардохт ситонида шавад;

6) номгчй ва шарҳи мухтасари ҳамаи шартҳои иштирок дар озмун, аз ҷумла ҳамаи талабот нисбати аз ҷониби иштирокчиёни озмун пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои мушаххас;

7) забон ё забонҳое, ки ҳуҷҷатҳои озмунӣ бо онҳо тартиб дода шуда, пешниҳодҳои озмунӣ метавонанд бо онҳо пешкаш карда шаванд;

8) маҳал ва муҳлати ниҳоии манзур намудани пешниҳодҳои озмунӣ;

9) маблағи таъминоти пешниҳоди озмунӣ, агар талаб карда шавад;

10) агар харид мутобиқи шартномаи байналмилалӣ амалӣ карда шавад, истинод ба ин шартнома.

Моддаи 41. Ҳуҷҷатҳои озмунӣ

1. Ташкилоти харидор бояд ҳуҷҷатҳои озмуниро дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ интишор намояд.

2. Бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ҳар гуна ҳуҷҷатҳои стандартии татбиқшавандаи озмунӣ, ҳуҷҷатҳои озмунӣ бояд тамоми иттилооти заруриеро, ки ба иштирокчиёни озмун барои таҳия ва пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунии ҷавобгчи талаботи муқарраргардида имконият медиҳад, дар бар гиранд.

Моддаи 42. Таҳия ва пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ

1. Пешниҳоди озмунӣ бояд мутобиқи ҳуҷҷатҳои озмунӣ дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ пешкаш карда шавад.

2. Бо назардошти қисми 4 моддаи 43, моддаҳои 48 ва 59 Қонуни мазкур, инчунин мутобиқи муқаррароти ҳуҷҷатҳои озмунӣ марбут ба даъват барои пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ ё иҷозат барои пешкаш намудани пешниҳодҳои алтернативӣ иштирокчии озмун ҳангоми гузаронидани харид метавонад танҳо як пешниҳоди озмуниро пешкаш намояд. Иштирокчии озмуне, ки пешниҳоди озмуниро пешкаш менамояд, ҳуқуқ надорад, ки дар доираи ҳамон як харид узви гурчҳи иштирокчиёни озмуне бошад, ки дар доираи ҳамин харид пешниҳоди алоҳидаи озмуниро пешкаш менамоянд. Дар ин ҳолат ташкилоти харидор ҳарду пешниҳодро рад мекунад.

3. Пешниҳодҳои озмунӣ, ки пас аз ба охир расидани муҳлати пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ ворид гардидаанд, бояд кушоданашуда баргардонида шаванд.

4. Пешниҳодҳои озмунии воридгардида бояд ба тариқи бехатар ва махфӣ нигоҳ дошта шуда, то муҳлати таъиншудаи кушодани пешниҳодҳои озмунӣ кушода нашаванд.

5. Дар давоми давраи то кушодани пешниҳодҳои озмунӣ бо мақсади таъмин намудани махфияти расмиёти харид ифшо кардани иттилоот дар бораи номгчй, ном ва суроғаи иштирокчиёни озмун ё намояндагони онҳо роҳ дода намешавад.

Моддаи 43. Муҳлати амал, тағйир додан ва бозхондани пешниҳодҳои озмунӣ

1. Ҳуҷҷатҳои озмунӣ эътибори худро дар давоми давраи дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муқарраршуда нигоҳ медоранд.

2. Муҳлати амали пешниҳоди озмунӣ танҳо бо розигии иштирокчиёни озмун ва бо тамдиди дахлдори муҳлати таъминоти пешниҳоди озмунӣ, агар чунин таъминот талаб шуда бошад, тамдидгардида эътироф карда мешавад.

3. Иштирокчии озмуне, ки таъминоти пешниҳоди озмунии он тамдид нагардидааст ё таъминоти пешниҳоди озмунии нав пешкаш нанамудааст, ҳамчун дархости раднамуда дар бораи тамдид намудани муҳлати амали пешниҳоди озмунии худ баррасӣ мешавад.

4. Иштирокчии озмун ҳуқуқ дорад пешниҳоди озмунии худро то гузаштани муҳлати пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ тағйир диҳад, иваз кунад ё бозхонад, зимнан он ҳуқуқ ба таъминоти пешниҳоди озмунии худро нигоҳ медорад. Чунин тағйирдиҳӣ ё огоҳонӣ дар бораи бозхондан ба шарте эътибор дорад, агар он аз тарафи ташкилоти харидор то гузаштани муҳлати пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ қабул гардида бошад.

Моддаи 44. Кушодани пешниҳодҳои озмунӣ

1. Пешниҳодҳои озмунӣ бояд дар вақт ва маҳалле кушода шаванд, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ ё тағйиру иловаҳо ба онҳо муқаррар гардидаанд. Кушодани пешниҳодҳои озмунӣ бояд дарҳол пас аз гузаштани муҳлати пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ оғоз карда шавад.

2. Пешниҳодҳои озмуние, ки пас аз муҳлати ниҳоии пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ гирифта шудаанд, бояд рад карда шаванд.

3. Ном ва суроғаи иштирокчии озмун, маблағи умумии ҳар як пешниҳод, нархи ҳар як пешниҳоди алтернативӣ, мавҷуд будан ё набудани таъминоти пешниҳоди озмунии талабшуда ва маблағи он, инчунин рўйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ бояд пас аз фаро расидани муҳлати ниҳоии пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ ба таври автоматӣ дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ бо имконияти дастрасӣ дар реҷаи вақти воқеӣ барои ҳар як иштирокчии озмун ва аҳли ҷомеа коркард ва интишор карда шавад. Дар раванди кушодани пешниҳодҳои озмунӣ набояд ягон қарор дар бораи хориҷ намудан ё рад кардани ягон пешниҳоди озмунӣ қабул ё эълон карда шавад.

4. Пас аз кушодани пешниҳодҳои озмунӣ ва то огоҳ намудани иштирокчиёни озмун дар бораи нияти вобастакунии шартнома ягон иштирокчии озмун ҳуқуқ надорад, ки бо ташаббуси худ ба ташкилоти харидор муроҷиат намояд ё барои бо ягон тариқ таъсир расонидан ба ҷараёни баррасӣ ва арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ аз ҷониби ташкилоти харидор кчшиш намояд.

Моддаи 45. Мутобиқати назарраси пешниҳодҳои озмунӣ

1. Пас аз кушодани пешниҳодҳои озмунӣ ташкилоти дахлдор аввал бояд мутобиқати дахлдори онҳоро ба талаботи ҳуҷҷатҳои озмунӣ санҷад, аз ҷумла пешниҳодҳои озмунии ба талаботи ҳуҷҷатҳои озмунӣ мухолифати ҷиддӣ доштаро ошкор намояд.

2. Мухолифати ҷиддӣ чунин мухолифат ба талаботи ҳуҷҷатҳои озмунӣ дониста мешавад:

1) ба сифат ва натиҷаи харид дар шартномаи пешниҳодшаванда таъсири ҷиддӣ мерасонад;

2) ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбинишавандаи ташкилоти харидор ё иштирокчии озмун дар шартномаи пешниҳодшаванда таъсири ҷиддӣ мерасонад;

3) дар ҳолате, ки онҳо тағйир дода шудаанд ё ба инобат гирифта нашудаанд, шароити рақобатпазириро байни иштирокчиёни боқимонда, ки пешниҳодҳои озмунии онҳо ба талаботи муқарраргардида мутобиқати назаррас доранд, вайрон мекунанд.

3. Ташкилоти харидор ҳар пешниҳоди озмуниеро, ки ба таври ҷиддӣ ба талаботи дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муқарраргардида ҷавобгч намебошад, рад ва аз арзёбии минбаъда хориҷ мекунад. Пешниҳоди озмуние, ки ба таври ҷиддӣ ба талаботи муқарраргардида ҷавобгч намебошад, наметавонад дар марҳилаи нисбатан дертар тавассути ислоҳ кардани номутобиқатӣ, саҳв ё камбудиҳои асосӣ ба мутобиқати назаррас оварда шавад.

4. Мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ташкилоти харидор пешниҳодҳои озмуниеро рад мекунад ва аз арзёбиву муқоисаи минбаъда хориҷ месозад, агар онҳо:

1) пурра набошанд, имзо нашудаанд ё бо ҳамроҳи худ таъминоти пешниҳоди озмунӣ ё ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки талаб карда шудаанд, надоранд;

2) нисбат ба муҳлати дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муқарраргардида дар давоми муҳлати нисбатан кўтоҳтар амал мекунанд;

3) аз ҷониби иштирокчии озмуне ворид гардида бошанд, ки аз интихоби пешакии тахассусӣ нагузаштааст, агар он гузаронида шуда бошад;

4) аз ҷониби иштирокчии озмуне ворид гардида бошанд, ки боз як пешниҳоди озмунӣ пешкаш намудааст ё боз дар як пешниҳоди озмунӣ дар доираи ҳамон як харид иштирок карда бошад, зимнан бояд ҳарду пешниҳоди озмунӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки пешниҳоди дуюм то гузаштани муҳлати пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ ба таври зарурӣ бозхонда шудааст ё иштирокчии озмун мутобиқи ҳуҷҷатҳои озмунӣ пешниҳоди алтернативӣ пешкаш намудааст) рад карда шаванд;

5) дорои мухолифати дигари ҷиддӣ, ки моҳиятан ҷавобгчи тавсифоти техникӣ, шартҳои лоиҳаи шартнома ва талаботи дигари муҳими дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муқарраргардида намебошанд.

5. Расмиёти харид наметавонад дар он асос, ки танҳо як пешниҳоди озмунӣ ворид гардидааст, баргузорнашуда эътироф карда шавад.

Моддаи 46. Арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ ва вобастакунонии шартнома

1. Ҳангоми муайян намудани пешниҳоди озмунии судмандтарин ташкилоти харидор метавонад меъёрҳои зерин ё омехтаи онҳоро, ба шарте ки онҳо дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ тавсиф ёфта бошанд, ба эътибор гирифта, онҳоро ба тариқи дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ зикргардида истифода намояд:

1) нархи пешниҳоди озмунӣ;

2) меъёрҳои ғайринархии марбут ба хароҷоте, ки ба нархи пешниҳоди озмунӣ муносибат надоранд (чунин меъёрҳо, ба монанди маҷмчи хароҷот дар давоми силсилаи ҳаёт, ки бо ифодаи пулӣ пешниҳод гардидаанд ё метавонанд пешниҳод карда шаванд), инчунин меъёрҳои дигари ғайринархӣ, аз ҷумла меъёрҳои ҳатмии аз рчи принсипи "қобили қабул (ғайри қобили қабул)" арзёбишаванда ва меъёрҳои рейтингии дар асоси холҳо арзёбишаванда.

2. Ҳамаи меъёрҳои ғайринархии арзёбӣ бояд аз рчи имкон воқеӣ бошанд, мавриди арзёбии миқдорӣ қарор дода шаванд ва бо арзиши пулӣ ифода ёбанд.

3. Шартнома ба он иштирокчии озмуне вобаста карда мешавад, ки пешниҳоди озмунии судмандтаринро, ки моҳиятан ба меъёрҳои тахассусии дар ҳуҷҷатҳои интихоби пешакии тахассусӣ, тартиб додани рўйхати мухтасар ё ҳуҷҷатҳои озмунӣ муқарраршуда ҷавобгў мебошад, пешкаш намудааст.

Моддаи 47. Истифодаи озмуни думарҳилавӣ

Харид тавассути озмуни думарҳилавӣ метавонад дар ҳолатҳои зерин гузаронида шавад:

1) ташкилоти харидор натавонад қаблан хусусиятҳои хос, техникӣ ва аломатҳои сифатии мол, кор ва хизматрасонии харидоришавандаро муайян намояд ва бо ин сабаб муҳокима бо таҳвилгарон (паймонкорон) барои қабули қароре, ки бештар эҳтиёҷоти ташкилоти харидорро барои харид қонеъ мегардонад, зарур бошад;

2) мавзуи харид таҳқиқот, озмоиш, таҳияи хулосаи илмӣ ё хизматрасонии дигари махсус бошад;

3) агар озмуни кушод ё расмиёти дигари харид бо огоҳиномаи оммавӣ гузаронида шуда, вале ягон пешниҳоди озмунии ҷавобгчи талабот ворид нагардида бошад ё харид аз ҷониби ташкилоти харидор мутобиқи Қонуни мазкур бекор шуда бошад, зимнан ба ақидаи ташкилоти харидор гузаронидани озмуни кушоди нав ё расмиёти дигари харид эҳтимол аст, ки бо бастани шартномаи харид анҷом наёбад.

Моддаи 48. Расмиёти гузаронидани озмуни думарҳилавӣ

1. Дар марҳилаи якуми расмиёти озмуни думарҳилавӣ ташкилоти харидор уҳдадор аст, ки аз иштирокчиёни озмун пешниҳодҳои озмунии ибтидоиро бе нишон додани нарх дархост намояд.

2. Дар марҳилаи якум ташкилоти харидор метавонад дар муҳокимаҳо бо ҳамаи иштирокчиёни соҳибтахассуси озмун бо мақсади муайян намудани мутобиқатии пешниҳодҳо ба талаботи ташкилоти харидор ё барои ишора намудан ба тағйироте, ки ҷиҳати таъмини қобили қабул будани пешниҳодҳо ва ноил гардидан ба омодагии иштирокчӣ ҷиҳати ворид намудани чунин тағйирот заруранд, иштирок намояд.

3. Дар марҳилаи дуюми расмиёти хариди думарҳилавӣ ташкилоти харидор иштирокчиёни озмунеро, ки пешниҳодҳояшон рад карда нашуданд, даъват менамояд, то пешниҳодҳои ниҳоии озмуниро бо нишон додани нарх ва бо назардошти тағйироти ба шартҳои харид воридкардашуда пешкаш намоянд.

4. Иштирокчии озмуне, ки хоҳиши пешкаш намудани пешниҳоди ниҳоии озмунӣ надорад, ҳуқуқи бозпас гирифтани таъминоти озмуниеро, агар пешниҳод намудани он аз иштирокчии озмун талаб карда шуда бошад, аз даст надода, аз расмиёти озмун хориҷ карда мешавад.

5. Ба ғайр аз расмиёти дар моддаи мазкур зикргардида, ҳангоми истифодаи усули озмуни думарҳилавӣ муқаррароти ба озмуни кушод дахлдошта истифода мешаванд.

Моддаи 49. Истифодаи дархости нархнома

1. Ташкилоти харидор ҳангоми хариди мол ё хизматрасонии дастрасе, ки махсус мутобиқи тавсифоти мушаххаси ташкилоти харидор истеҳсол намешавад ё пешниҳод намегардад, барои он бозори ташаккулёфта мавҷуд аст, метавонад мутобиқи қисмҳои 2, 3, 4 ва 5 моддаи мазкур харидро тавассути дархости нархнома гузаронад, ба шарте ки арзиши тахминии шартномаи харид аз ҳадди нишондиҳандаи арзишии дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқарраргардида камтар бошад.

2. Огоҳинома оид ба дархости нархномаҳо дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ интишор мегардад. Дар огоҳинома оид ба дархости нархномаҳо бояд дар бораи зарурати ба нарх ворид намудани ягон унсури дигар, ба ғайр аз худи арзиши мол ё хизматрасонӣ, ба монанди хароҷоти ҳамлу нақл ва суғурта, пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳо, огоҳ карда шавад.

3. Ҳар иштирокчии озмун метавонад танҳо як нархномаро пешниҳод намояд ва барои тағйир додани он пас аз гузаштани муҳлати пешкаш намудани нархнома ҳуқуқ надорад. Гузаронидани ҳар гуна гуфтушунид байни ташкилоти харидор ва иштирокчии озмун дар мавриди нархномаи пешниҳодгардида роҳ дода намешавад.

4. Шартномаи харид бояд ба иштирокчии озмуне вобаста карда шавад, ки нархномаи пасттарини қонеъкунанда талаботи ташкилоти харидорро, тавре дар дархости нархнома зикр гардида буд, пешниҳод намудааст.

5. Агар танҳо як нархнома пешниҳод шуда бошад, ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад такроран дархости нархнома гузаронад, усули дигари харидро мутобиқи Қонуни мазкур интихоб намояд ё шартномаи харидро бо иштирокчии ягонаи озмун, ба шарте ки нархи нархнома аз маблағи барои харид ҷудошуда зиёд набошад, бандад.

Моддаи 50. Дархости пешниҳодҳо барои хизматрасонии машваратӣ

1. Хизматрасонии машваратӣ аз тарафи мушовирон, ки шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ буда, дорои тахассуси зарурии касбии дар дархости пешниҳодҳо нишондодашуда мебошанд, расонида мешавад.

2. Хизматрасонии машваратӣ бояд бо истифодаи дархости пешниҳодҳо, ки дар моддаи мазкур ва қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ пешбинӣ карда шудааст, бо татбиқи яке аз усулҳои интихоби зерин, ки дар дархости пешниҳодҳо зикр мегардад, харидорӣ карда шавад:

1) интихоб аз рўи сифат ва арзиш;

2) интихоб аз рўи сифат;

3) интихоб дар шароити буҷети муқарраршуда;

4) интихоб аз рўи нархи пасттарин;

5) интихоб дар асоси тахассуси мушовир.

3. Усули интихоби мустақим барои хизматрасонии машваратӣ метавонад дар ҳар яке аз ҳолатҳои зерин истифода карда шавад:

1) агар хизматрасониҳо табиатан ба таври илова ба хизматрасониҳои қаблӣ, ки аз тарафи мушовир расонида шудаанд, зарур бошанд ва аз гузаронидани расмиёти озмунӣ фоидае набошад;

2) агар арзиши хизматрасонӣ аз ҳадди нишондиҳандаи арзишии дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқарраршуда камтар бошад;

3) агар танҳо як мушовири соҳибтахассуси дорои дониш ва таҷрибаи истисноӣ, ки барои вазифаи талабшуда мувофиқ аст, мавҷуд бошад;

4) ташкилоти харидор ният дорад шартномаро бо мақсади таҳқиқот, озмоиш ва коркард ба имзо расонад, ба шарте ки шартнома истеҳсоли молҳоро ба миқдоре, ки барои таъмини даромаднокии тиҷоратӣ ё ҷуброни хароҷот барои таҳқиқот, озмоиш ва коркард кофӣ мебошад, пешбинӣ накунад;

5) дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 3) қисми 1 моддаи 52 Қонуни мазкур.

4. Хариди хизматрасонии машваратӣ аз шахсони воқеӣ (мушовирони инфиродӣ) дар ҳолатҳое, ки дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқаррар карда шудаанд, анҷом дода мешавад.

5. Хариди хизматрасонии машваратӣ метавонад инчунин тавассути созишномаҳои қолабӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ ба имзо расонида шудаанд, анҷом дода шавад.

6. Агар ташкилоти харидор мувофиқи мақсад шуморад, барои дар асоси озмун гирифтани нақша ё лоиҳа дар соҳаи банақшагирии шаҳру деҳот, меъморӣ, анҷом додани корҳои муҳандисию техникӣ ё коркарди маълумот мумкин аст аз озмуни лоиҳаҳо истифода карда шавад. Зимнан интихоби чунин нақша ё лоиҳа аз ҷониби ҳайати доварони беғараз ва соҳибтахассус, ки аз иштирокчиёни озмун вобастагӣ надоранд, бо додан ё надодани мукофотпулӣ амалӣ мегардад. Ҳайати доварон аз ҷониби роҳбари ташкилоти харидор то эълони озмун таъин карда мешавад.

7. Озмуни лоиҳаҳо бояд мутобиқи принсипҳои дар моддаи 4 Қонуни мазкур ва расмиёти дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқарраршуда баргузор гардад.

Моддаи 51. Музокироти рақобатӣ

1. Ташкилоти харидор метавонад дар ҳолатҳои зерин дар музокироти рақобатӣ мутобиқи моддаи мазкур иштирок намояд:

1) агар дар натиҷаи ҳолати фавқулода эҳтиёҷоти фаврӣ ба объекти харид ба миён омада бошад, ки истифодаи расмиёти озмуни кушод ё ҳар усули дигари хариди рақобатнокро, бо назардошти вақте, ки барои истифодаи чунин усулҳо зарур аст, ғайримақсаднок гардонад;

2) бинобар ба миён омадани эҳтиёҷоти фаврӣ, ба шарте ки ташкилоти харидор ҳолатҳои фавриятро шарт гузошта, онҳоро пешбинӣ карда наметавонист ва онҳо натиҷаи фаъолияти ғайрифаъолонаи он намебошанд;

3) агар ташкилоти харидор хоҳиши бастани шартнома бо мақсади гузаронидани таҳқиқот, озмоиш ва коркард дошта бошад, ба шарте ки шартнома истеҳсоли молҳоро ба миқдоре, ки барои таъмини даромаднокӣ ё ҷуброни хароҷот барои таҳқиқот, озмоиш ва коркард кофӣ мебошад, пешбинӣ накунад;

4) агар ташкилоти харидор муайян намояд, ки усули интихобшуда усули муносибтарини харид барои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ мебошад, бо шарте ки ин маълумот тибқи тартиби муқарраршуда ба сирри давлатӣ мансуб дониста шудааст;

5) харид аз ҷониби корхонаи давлатӣ, инчунин ҷамъияти саҳомӣ ё субъекти хоҷагидории дигар, ки дар он зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳо ё ҳисса ба давлат тааллуқ доранд, гузаронида шавад.

2. Агар ташкилоти харидор харидро тавассути музокироти рақобатӣ гузаронад, пас он бояд бо мақсади таъмини рақобати самаранок дар музокирот бо шумораи кофии таҳвилгарон (паймонкорон), вале агар имкон бошад, на кам аз се таҳвилгар (паймонкор), иштирок намоянд.

3. Пас аз ба анҷом расидани музокирот ташкилоти харидор бояд аз ҳамаи иштирокчиёни дар расмиёт боқимонда талаб намояд, ки то санаи муқарраршуда пешниҳоди беҳтарин ва ниҳоиро нисбат ба ҳамаи ҷанбаҳои пешниҳодҳои озмунии худ пешкаш намоянд.

4. Музокирот байни ташкилоти харидор ва иштирокчиёни озмун дар мавриди пешниҳодҳои беҳтарин ва ниҳоии онҳо роҳ дода намешавад.

5. Пешниҳоди озмуние ғолиб мебошад, ки ба таври беҳтарин эҳтиёҷоти ташкилоти харидорро мутобиқи меъёрҳо ва расмиёти арзёбӣ, ки дар даъватнома барои иштирок дар озмун ва ҳуҷҷатҳои озмунӣ муқаррар шудаанд, қонеъ мегардонад.

Моддаи 52. Хариди мустақим

Хариди мустақим расмиёти хариди давлатие мебошад, ки ҳангоми он ташкилоти харидор шартномаи харидро пас аз гуфтушунид бо як ё якчанд таҳвилгар (паймонкор) бе истифодаи усули озмуни кушод ё усули дигари рақобатнок ба имзо мерасонад, ба он шарте ки ин усул барои роҳ надодан ба рақобати ҳадди аксари имконпазир ё поймол намудани ҳуқуқи иштирокчиёни озмун истифода нашавад ва агар истифодаи ҳар усули дигари харид ҷоиз набошад, ташкилоти харидор метавонад мутобиқи моддаи мазкур хариди мустақимро дар ҳолатҳои зерин гузаронад:

1) арзиши тахминии харид аз ҳадди нишондиҳандаи арзишии дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқарраршуда зиёд набошад, зимнан дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ барои хариди мустақими корхонаҳои давлатӣ, инчунин ҷамъиятҳои саҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидории дигар, ки дар онҳо зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳо ё ҳисса ба давлат тааллуқ доранд, ба шарте ки мавзуи харид дар номгчйи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ мавҷуд бошад, метавонад ҳадди нишондиҳандаи арзиши баландтар муқаррар карда шавад;

2) мол, кор ё хизматрасониро танҳо аз як таҳвилгар (паймонкор) харидан мумкин бошад, ё танҳо як таҳвилгар (паймонкор) дорои ҳуқуқи истисноӣ ба мол, кор ё хизматрасонӣ бошад, ё агар хизматрасонӣ дар соҳаи санъат лозим бошаду ягон алтернативаи оқилона ё иваз мавҷуд набошад;

3) дар ҳолати зарурати фавқулода, бинобар ҳолатҳои таъхирнопазир дар натиҷаи ҳодисаҳое, ки ташкилоти харидор пешбинӣ карда наметавонист, сари вақт дастрас намудани мол, кор ё хизматрасонӣ дар сурати истифодаи озмуни кушод ё ҳар усули дигари хариди рақобатнок, бо назардошти он вақте, ки барои истифодаи чунин усулҳо зарур аст, ғайриимкон бошад;

4) агар дар натиҷаи офати табиӣ эҳтиёҷоти фаврӣ ба объекти харид ба миён омада бошад, ки истифодаи расмиёти озмуни кушод ё ҳар усули дигари хариди рақобатнокро, бо назардошти он вақте, ки барои истифодаи чунин усулҳо зарур аст, ғайримақсаднок мегардонад, зимнан мол, кор ва хизматрасонии мустақиман харидоришаванда бояд танҳо эҳтиёҷоти бетаъхирро қонеъ гардонанд, миқдори онҳо бошад, бояд бо эҳтиёҷоте маҳдуд карда шавад, ки бинобар ҳолати марбутаи таъхирнопазир ба миён омадааст;

5) ташкилоти харидор пас аз харидани мол, таҷҳизот, технология ё хизматрасонӣ аз таҳвилгар (паймонкор) муайян кунад, ки танҳо аз ин таҳвилгар (паймонкор) мол, қисмҳои эҳтиётӣ ё хизматрасонии иловагӣ ё ба сифати ивазкунӣ пешниҳодшаванда бинобар зарурати таъмини стандартизатсия ё таъмини мутобиқат бо мол, таҷҳизот, технология ё хизматрасонии аллакай мавҷудбуда, бо назардошти самаранокии харид ё дастрасии ибтидоӣ аз нуқтаи назари қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ташкилоти харидор, маҳдуд будани ҳаҷми хариди баррасишаванда нисбат ба харид ё дастрасии ибтидоӣ, оқилона будани нархи мол ё хизматрасонии харидоришаванда ва қобили қабул набудани алтернативаи мол ва хизматрасониҳои баррасишаванда, харидан мумкин аст;

6) корҳои иловагӣ ба шартномаи ибтидоии харид дохил нашуда бошанд ва барои иҷрои чунин корҳо зарурат ба миён ояд, зимнан ташкилоти харидор зарурати ба зиммаи паймонкори хариди ибтидоӣ вогузор намудани ин корҳои иловагиро тасдиқ намояд, ба шарте ки вогузор намудани корҳои иловагӣ ба паймонкори дигар аз лиҳози техникӣ ва иқтисодӣ мувофиқи мақсад набошад, инчунин ба шарте ки арзиши умумии шартномаи иловагии харид аз 20 фоизи арзиши шартномаи ибтидоӣ зиёд набошад;

7) дар ҳолати хариди корҳое, ки иҷрои онҳо пас аз ба охир расидани соли молиявие идома ёбад, ки дар он шартнома ба имзо расонида шуда буд, зимнан барои ба итмом расонидани ин корҳо ба давраи иловагӣ ҷалб намудани ҳамон паймонкор зарур бошад, ба шарте ки чунин имконият ва ҳаҷми пурраи корҳо дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ инъикос ёфтаанд;

8) ташкилоти харидор хоҳиши бастани шартнома бо таҳвилгар (паймонкор) бо мақсади гузаронидани таҳқиқот, озмоиш ва коркард дошта бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки шартнома истеҳсоли молҳоро ба миқдоре, ки барои таъмини даромаднокӣ ё ҷуброни хароҷот барои таҳқиқот, озмоиш ва коркард кофӣ мебошад, пешбинӣ намояд ва дар баробари ин, расмиёти мутобиқи банди 2) моддаи 47 ё банди 3) қисми 1 моддаи 51 Қонуни мазкур гузаронидашуда боиси пешкаш намудани ягон пешниҳоди озмунии ҷавобгчи талабот нагардиданд;

9) хариди маҳсулот, ки аз ҷониби муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ истеҳсол шудаанд;

10) агар ташкилоти харидор муайян намояд, ки усули интихобшуда усули муносибтарини харид барои ҳифзи маълумот, ки тибқи тартиби муқарраршуда ба сирри давлатӣ мансуб дониста шудааст, мебошад.

Моддаи 53. Расмиёти хариди мустақим

1. Агар ташкилоти харидор хариди мустақимро интихоб намояд:

1) ҷалби пешниҳод ё пешниҳодҳо бояд ба ҳуҷҷатҳои тавсифкунандаи талаботи ташкилоти харидор асос ёбад;

2) ташкилоти харидор бояд таъмин намояд, ки ҷанбаҳои техникии мавзуи харид ба талаботи ташкилоти харидор мутобиқ бошанд;

3) ташкилоти харидор уҳдадор аст таъмин намояд, ки нархи шартномаҳои хариди бо истифодаи усули хариди мустақим басташуда нисбат ба нархҳои дар бозор амалкунанда одилона ва қобили қабул бошад.

2. Харид бо истифодаи усули мустақим дар асоси шартномаҳои харид ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда анҷом дода мешавад.

3. Дар сурати гузаронидани хариди мустақим бо асосҳои дар банди 7) қисми 1 моддаи 52 Қонуни мазкур зикргардида, ташкилоти харидор уҳдадор аст, ки аз таҳвилгар (паймонкор) нав кардани иттилоотро дар бораи мутобиқати худ ба меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок ва меъёрҳои тахассусӣ то вобастакунии шартнома талаб намояд.

4. Тартиби ҷалб намудани пешниҳоди таҳвилгар (паймонкор) ё пешниҳодҳои таҳвилгарон (паймонкорон) ва гузаронидани гуфтушунид ҷиҳати анҷом додани хариди мустақим тавассути портали ягонаи хариди давлатии электронӣ ё тариқи дигар аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 54. Истифодаи созишномаҳои қолабӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад барои истифодаи ҳатмӣ аз ҷониби ташкилотҳои харидор, ки дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур зикр карда шудаанд, созишномаҳои қолабиро ба имзо расонад, агар интизор равад, ки:

1) зарурат ба мавзуи харид ҳангоми номуайянӣ ё чандинкарата дар давоми давраи мушаххаси вақт ба миён меояд;

2) эҳтиёҷот ба мавзуи харид бинобар хусусияти он дар давоми давраи мушаххаси вақт бетаъхир ба миён меояд.

Моддаи 55. Навъҳои созишномаҳои қолабӣ

1. Созишномаҳои қолабӣ пчшида ва кушода буда метавонанд.

2. Агар созишномаи қолабии пчшида ба имзо расонида шавад, таҳвилгаре (паймонкоре), ки аз аввал иштирокчии созишномаи қолабӣ набуд, ҳуқуқи минбаъд тарафи он шуданро надорад.

3. Агар созишномаи қолабии кушода ба имзо расонида шавад, таҳвилгарони (паймонкорони) нав метавонанд минбаъд тавассути ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешкаш намудани дархости озмунии тахминӣ мутобиқи талаботи даъватнома ҷиҳати иштирок дар созишномаи қолабии кушода илова ба тарафҳои ибтидоӣ иштирокчиёни созишнома гарданд.

4. Созишномаҳои қолабии кушода ва пчшида бояд дар реҷаи мустақим (онлайн) дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ ба имзо расонида, пеш бурда шаванд.

Моддаи 56. Баимзорасонӣ ва амали созишномаҳои қолабӣ

1. Созишномаҳои қолабӣ тибқи қоидаҳои барои озмуни кушод пешбинигардида ба имзо расонида мешаванд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳамаи пешниҳодҳои озмунии тахминии дар давраи амали созишномаи қолабии кушода воридгардидаро дар давоми муҳлати ниҳоие, ки дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқаррар гардидааст, мутобиқи расмиёти дар даъватнома ҷиҳати иштирок дар созишномаи қолабии кушода баёнгардида баррасӣ менамояд.

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ иштирокчиёни озмунро дар хусуси он, ки оё онҳо иштирокчиёни созишномаи қолабӣ гардидаанд, инчунин сабабҳои рад кардани пешниҳодҳои тахминии онҳо дар сурати иштирокчиёни созишнома нашудан, огоҳ месозад.

4. Шартномаи харид дар доираи созишномаи қолабӣ мутобиқи шартҳои созишномаи қолабӣ ва расмиёте, ки дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муайян гардида, ба маълумоти иштирокчиён дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ расонида шудаанд, танҳо ба таҳвилгаре (паймонкоре) вобаста карда мешавад, ки тарафи созишномаи қолабӣ мебошад.

5. Дар давоми муҳлати амали созишномаи қолабӣ ворид намудани тағйирот ба тавсифи мавзуи харид роҳ дода намешавад. Тағйир додани шартҳои дигари харид, аз ҷумла меъёрҳои гузаронидани озмун дар марҳилаи дуюм ва услуби истифодаи онҳо, инчунин расмиёти бастани шартномаи харид танҳо ба ҳамон дараҷа ва бо тартибе иҷозат дода мешавад, ки дар шакли ошкоро дар созишномаи қолабӣ пешбинӣ гардидааст.

Моддаи 57. Истифодаи музоядаҳои электронии баръакс

1. Ташкилоти харидор метавонад харидро тавассути музоядаи электронии баръакс бо шароитҳои зерин анҷом диҳад:

1) бозори рақобатноки таҳвилгарон (паймонкорон) мавҷуд аст, ки тавре эҳтимол меравад, ҷавобгчи талаботи тахассусӣ барои иштирок дар музоядаи электронии баръакс хоҳанд буд, то ин ки рақобати самаранок таъмин карда шавад;

2) меъёрҳое, ки ташкилоти харидор ҳангоми муайян намудани пешниҳоди ғолиб истифода мебарад, аз рчи миқдор ва арзиши пулӣ ифодашаванда мебошанд.

2. Музоядаи электронии баръакс метавонад дар шаклҳои зерин истифода шавад:

1) усули алоҳидаи харид;

2) ба сифати марҳилаи ниҳоӣ дар мавриди татбиқи усули озмунии хариди дар моддаи 20 Қонуни мазкур зикргардида ё дар созишномаи қолабӣ бо озмуни марҳилаи дуюм то ба имзо расонидани шартномаи харид, ба шарте ки ташкилоти харидор иштирокчиёни озмунро ҳангоми даъвати нахустини онҳо ҷиҳати иштирок дар расмиёти харид дар бораи гузаронидани музоядаи электронии баръакс огоҳ карда бошад.

3. Ташкилоти харидор метавонад шумораи иштирокчиёни озмунро, ки барои иштирок дар музоядаи электронии баръакс ба қайд гирифта шуда метавонанд, танҳо ба андозае маҳдуд созад, ки бинобар имкониятҳои маҳдуди низоми иттилоотию коммуникатсионӣ зарур мебошад ва уҳдадор аст, ки иштирокчиёнро барои чунин бақайдгирӣ дар асоси ғайритабъизӣ интихоб намояд.

Моддаи 58. Баррасии ибтидоии пешниҳодҳои озмунӣ

Агар қабл аз музоядаи электронии баръакс дар ҳар ду ҳолати дар қисми 2 моддаи 57 Қонуни мазкур зикргардида арзёбии пешниҳодҳои ибтидоии озмунӣ гузаронида шавад, ташкилоти харидор пас аз арзёбии пешниҳодҳои ибтидоии озмунӣ уҳдадор аст:

1) ба ҳар иштирокчии озмуне, ки пешниҳоди ибтидоии озмунии ч рад карда шудааст, огоҳинома дар бораи радкуниро ирсол намояд;

2) ҳар таҳвилгареро, ки пешниҳоди ибтидоии озмунии ч ҷавобгчи талабот мебошад, ҷиҳати иштирок дар музоядаи электронии баръакс бо пешкаш намудани тамоми иттилооти барои иштирок дар музояда зарур ва иттилоот дар бораи натиҷаҳои арзёбии пешниҳодҳои ибтидоии озмунӣ даъват намояд.

Моддаи 59. Арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ ва вобастакунии шартнома

1. Пешниҳоди озмуние, ки дар лаҳзаи пчшидани музоядаи электронии баръакс мутобиқи меъёрҳои арзёбӣ пешниҳоди дорои нархи пасттарин ё пешниҳоди судмандтарин мебошад, бояд бо назардошти муқаррароти моддаи 35 Қонуни мазкур пешниҳоди ғолиб дониста шавад.

2. Агар ташкилоти харидор пешниҳодҳои ибтидоиро то музояда баррасӣ накарда бошад, он бояд мутобиқати пешниҳоди озмунии ғолиб ба талаботи озмунӣ, инчунин тахассуси иштирокчии озмунро, агар расмиёти интихоби пешакии тахассусӣ гузаронида нашуда бошад, арзёбӣ намояд.

3. Агар пешниҳоди озмунии ғолиб ҷавобгчи талабот нисбат ба пешниҳодҳои озмунӣ набошад ё агар иштирокчӣ ҷавобгчи талаботи тахассусӣ набошад, ташкилоти харидор уҳдадор аст, ки пешниҳодро рад намояд ва бидуни расонидани зарар ба ҳуқуқи ташкилоти харидор барои рад намудани ҳамаи пешниҳодҳои озмунӣ мутобиқи қисми 1 моддаи 37 Қонуни мазкур ҳангоми пчшидани озмун пешниҳодеро интихоб намояд, ки дар раддабандӣ ҷои навбатиро ишғол намудааст, ба шарте ки ин пешниҳод ҷавобгчи талабот нисбат ба пешниҳодҳои озмунӣ буда, иштирокчии озмун ба талаботи тахассусӣ ҷавобгч мебошад.

4. Агар шумораи таҳвилгарони (паймонкорони) барои иштирок дар музоядаи электронии баръакс ба қайд гирифташуда барои таъмини рақобати самаранок нокифоя бошад, ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад музоядаро бекор кунад.

БОБИ 7. БАРРАСИИ ШИКОЯТҲО

Моддаи 60. Ҳуқуқ ба шикоят

Иштирокчии озмун дар хусуси он, ки дар натиҷаи вайронкунии ягон уҳдадории бо Қонуни мазкур ба зиммаи ташкилоти харидор вогузоршуда зиён ё зарар дидааст ё дида метавонад, ҳуқуқ дорад тибқи тартиби муқарраршуда бо шикоят нисбат ба қарор ё амали (беамалии) ташкилоти харидор ба ташкилоти харидор, Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо ё ба суд муроҷиат намояд.

Моддаи 61. Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо

Барои баррасии саривақтӣ ва мустақилонаи шикоятҳо Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо таъсис дода мешавад, ки низомнома ва ҳайати он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Моддаи 62. Танзими шикоят

1. Талабот ва шартҳо нисбат ба пешниҳоди шикоят, ба баррасӣ қабул кардан ё накардани шикоят, боздоштани харид дар робита ба шикоят, иштироки тарафҳо дар расмиёти баррасии шикоят, қабули қарор ва воситаҳои ҳифзи ҳуқуқии иштирокчиёни озмун дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқаррар карда мешаванд.

2. Ташкилоти харидор ё мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки ба Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо ё суд ҷиҳати ба имзо расонидани шартнома дар асоси манфиатҳои таъхирнопазири ҷамъиятӣ дархост намоянд. Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатро баррасӣ намуда, вобаста ба он қарори дахлдор қабул менамояд.

Моддаи 63. Шикоят бо тартиби судӣ

1. Нисбат ба қарор ё амали (беамалии) ташкилоти харидор ё Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.

2. Муқаррароти боби мазкур наметавонад ҳуқуқи иштирокчии озмунро ҷиҳати муроҷиат ба суд бе ҳалли пешакии ихтилофи назар мутобиқи Қонуни мазкур маҳдуд созад.

БОБИ 8. МАЪМУРИКУНОНӢ ВА ИҶРОИ ШАРТНОМАҲО

Моддаи 64. Масъулият барои маъмурикунонӣ ва назорати иҷрои шартномаи харид

1. Ташкилоти харидор барои маъмурикунонӣ ва назорати иҷрои шартномаҳои хариди ба имзо расонидааш масъул мебошад.

2. Ташкилоти харидор уҳдадор аст, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ва иттилооти дигари марбут ба татбиқи шартномаҳоро пешниҳод намояд.

Моддаи 65. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шартномаи харид

1. Тағйиру иловаҳо ба шартномаи харид бояд бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда шуда, дар шакли созишномаи иловагӣ ба шартнома, ки аз ҷониби ҳарду тараф имзо гардидааст, ба расмият дароварда шавад.

2. Тағйиру иловаҳо ба шартнома набояд хусусияти асосии шартномаи харид ё муҳтавои пешниҳоди озмуниро, ки барои интихоби таҳвилгар (паймонкор) асос гардид, тағйир диҳанд. Кам кардани миқдори мол, ҳаҷми кор ва хизматрасонӣ бе мувофиқан кам кардани нархи шартномаи харид роҳ дода намешавад.

Моддаи 66. Тасҳеҳи нархҳо

1. Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ, ки нарх метавонад мутобиқи шартнома, бо назардошти тағйир ёфтани шароити иқтисодӣ ё тиҷоратӣ, тасҳеҳ гардад, ба шарте ки чунин имконият дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва шартнома пешбинӣ шуда бошад, нархи шартномаи харид муқарраршуда ҳисобида мешавад.

2. Агар шартномаи харид имконияти тасҳеҳи нархро мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ намояд, муқаррароти шартнома оид ба тасҳеҳи нарх бояд вақт барои муайян намудани ҳар тасҳеҳи нарх, шартҳое, ки тасҳеҳи нархро асоснок мегардонанд, ба монанди болоравӣ ё коҳиши арзиши масолеҳ, қувваи корӣ, энергия, инчунин формула ва шохисҳои муайянкунандаи андозаи ҳар тасҳеҳи нарх ва расмиёти дигареро, ки бояд риоя шаванд, муқаррар намояд.

Моддаи 67. Паймонкории фаръӣ ва гузашт

1. Таҳвилгар (паймонкор) метавонад барои иҷрои қисми шартномаи харид бо розигии пешакии хаттии ташкилоти харидор барои шартномаи паймонкории фаръӣ зерпаймонкорро ҷалб намояд.

2. Ҷалби зерпаймонкорон масъулияти таҳвилгарро (паймонкорро) барои иҷрои шартномаи харид маҳдуд намесозад. Тахассуси зерпаймонкори ҷалбшаванда бояд барои ҳамон уҳдадориҳое муайян карда шавад, ки таҳвилгари (паймонкори) асосӣ нисбат ба паймонкори фаръӣ ба зимма дорад.

3. Таҳвилгар (паймонкор) бе иҷозати хаттии ташкилоти харидор барои ба шахси дигар гузашт кардани шартномаи харид ҳуқуқ надорад, вале таҳвилгар (паймонкор) метавонад ба таври зарурӣ ташкилоти харидорро огоҳ сохта, ҳуқуқи гирифтани маблағҳои пулиро тибқи шартнома ба шахси дигар гузашт кунад.

Моддаи 68. Эътироз аз рчи шартномаи харид

1. Дар ҳолати ба миён омадани баҳсу ихтилофот дар робита ба иҷрои шартномаи баимзорасида як тараф дар сурати гирифтани эътирози тарафи дигар уҳдадор аст, ки онро баррасӣ намуда, дар давоми 15 рчзи тақвимӣ пас аз пешниҳоди эътироз, ҷавоби хаттӣ диҳад.

2. Дар ҳолати рад гардидани эътироз ё надодани ҷавоб дар муҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур муқарраршуда тарафи манфиатдор ҳуқуқ дорад, ки ба суд муроҷиат намояд.

Моддаи 69. Азназаргузаронии мол, кор ва хизматрасонӣ

1. Ташкилоти харидор уҳдадор аст, ки комиссия оид ба санҷиш ва қабули мол, кор ва хизматрасониро таъсис диҳад.

2. Таҳвилгар (паймонкор) уҳдадор аст, ки аз ҳисоби худ ба ихтиёри ташкилоти харидор биноҳо, воситаҳо ва ҳайати кормандони барои гузаронидани санҷиш заруриро пешкаш намояд. Таҳвилгар (паймонкор) ва ташкилоти харидор хароҷоти марбут ба иштироки намояндагонашонро дар санҷиш дар алоҳидагӣ пардохт менамоянд.

3. Таҳвилгар (паймонкор) ҳар камбудию норасоии худро аз ҳисоби худ бартараф менамояд.

Моддаи 70. Бекор кардани шартномаи харид

1. Ташкилоти харидор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад ҳангоми тағйирёбии ҷиддии ҳолатҳо, ки тарафҳо зимни бастани шартномаи харид дар назар доштанд ва тағйироте, ки пешбиниашон дар лаҳзаи бастани шартномаи харид имконнопазир буд ва ҳамзамон, агар иҷрои шартнома метавонад хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ бошад, бо тартиби яктарафа шартномаи басташударо бекор кунад.

2. Ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад шартномаи харидро дар давоми як моҳи фарорасии ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур, ки ба ў маълум гардидаанд, бекор намояд.

3. Агар шартномаи харид тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур бекор карда шавад, барқарор намудани ҳуқуқҳои тарафҳо аз рўи принсипи барқароркунии (реститутсияи) дутарафа ва ҷуброни зиёни расонидашуда анҷом дода мешавад.

4. Ташкилоти харидор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби яктарафа шартномаи харидро бекор менамояд, агар дар рафти иҷрои он муайян карда шавад, ки таҳвилгари (паймонкори) эҳтимолии муқарраршуда мутобиқат намекунад ё иттилооти дидаю дониста бардурўғ оид ба мутобиқатии худ ба чунин талаботро пешниҳод намудааст, ки ба ў имконият додааст ғолиби расмиёти харид гардад.

БОБИ 9. МАҲДУДИЯТҲО ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 71. Бархўрди манфиатҳо

1. Ба хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоти харидор манъ аст:

1) ба расмиёти хариди давлатӣ бо ҳар тариқ ба манфиати ҳар яке аз тарафҳои харид таъсир расонанд;

2) дар хариди бо Қонуни мазкур танзимшаванда ба сифати иштирокчии озмун, таҳвилгар (паймонкор) иштирок намоянд ё ба сифати намояндаи қонунии онҳо баромад кунанд.

2. Шахс барои намояндагӣ кардани ташкилоти харидор, иҷро намудани уҳдадориҳои дигари марбут ба расмиёти хариди давлатӣ ё иҷро намудани вазифаҳои машваратчӣ оид ба расмиёти хариди давлатӣ ҳуқуқ надорад, агар ч:

1) бо иштирокчии озмун, таҳвилгар (паймонкор) хеши наздик бошад, муносибатҳои фарзандхондӣ, васоят ё парасторӣ дошта бошад;

2) дар давоми ду соли то гузаронидани расмиёти хариди давлатӣ дар расмиёти хариди давлатӣ ба сифати корманд ё шахси мансабдори иштирокчии озмун, таҳвилгар (паймонкор) иштирок карда бошад ё дар он манфиати молиявӣ дошта бошад.

3. Фаъолияти марбут ба хариди хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоти харидор аз номи ташкилоти харидор, ки таҳти амали маҳдудиятҳои марбут ба бархўрди манфиатҳои дар моддаи мазкур зикргардида қарор мегирад, аз ҷумла инҳоро дар бар мегирад:

1) арзёбӣ ва муқоисаи пешниҳодҳои озмунӣ ва дархостҳо;

2) гузаронидани муҳокимаҳои техникӣ ё гуфтушунидҳо;

3) интихоб ё тасдиқи интихоби иштирокчии озмун;

4) маъмурикунонии шартномаҳои харид, аз ҷумла пардохтҳо ва танзими баҳсҳо.

Моддаи 72. Ошкор намудани бархўрди манфиатҳо

1. Хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоти харидор уҳдадоранд, ки дар бораи ҳамаи бархўрдҳои воқеӣ ва эҳтимолии манфиатҳо хабар дода, аз иштирок дар расмиёти хариде, ки ба он ихтилофи манфиатҳо таъсир расонида метавонад, даст кашанд. Ҳар як чунин хабар ё дасткашӣ бояд дар протоколи харид сабт карда шавад.

2. Хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоти харидор бояд то оғози арзёбӣ ва муқоисаи пешниҳодҳои озмунӣ ва дархостҳо ё ҳар гуна мувофиқасозӣ, маъқул донистан ё иҷрои вазифаҳои марбут ба харид аризаро дар хусуси он ки бо иштирокчиёни озмун ё таҳвилгарон (паймонкорон) дар ягон муносибатҳое, ки дар моддаи 71 Қонуни мазкур зикр карда шудаанд, алоқаманд нестанд, инчунин дар хусуси он ки оид ба кори оянда бо онҳо гуфтушунид намебаранд ё аҳду паймон набастаанд, ба имзо расонанд.

Моддаи 73. Хориҷ намудан аз иштирок дар хариди давлатӣ

1. Таҳвилгар (паймонкор) ё зерпаймонкор аз иштирок дар хариди давлатӣ бо ворид намудан ба Феҳристи таҳвилгарони (паймонкорони) беэътимод (бевиҷдон) ба муҳлати дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқарраршуда бо асосҳои зерин хориҷ карда мешавад:

1) пешниҳод намудани иттилооти дидаю дониста бардурўғ дар ҷараёни пешкаш намудани пешниҳоди озмунӣ ё дархост;

2) иҷро накардани шартномаи харид;

3) саркашӣ намудан аз бастани шартномаи харид, ба шарте ки иштирокчии озмун ҳуқуқи худро барои баргардонидани таъминоти пешниҳоди озмунӣ мутобиқи қисми 4 моддаи 32 Қонуни мазкур аз даст надода бошад;

4) вайрон кардани шартҳои эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунӣ;

5) аз ҷониби ташкилоти харидор ба таври яктарафа бекор кардани шартномаи харид, ки дар рафти иҷрои он муайян карда шудааст, ки таҳвилгар (паймонкор) ба талаботи дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ нисбат ба таҳвилгарони (паймонкорони) эҳтимолӣ муқарраршуда мутобиқат намекунад ё иттилооти дидаю дониста бардурўғ оид ба мутобиқатии худ ба чунин талабот пешниҳод намудааст, ки ба ў имконияти ғолиби расмиёти харид шуданро додааст;

6) дар муддати се сол то оғози расмиёти харид содир намудани амалҳои ғайриқонуние, ки ба пешкаш намудани пешниҳоди озмунӣ ё дархост муносибат доштанд;

7) дар муддати се сол то оғози расмиёти харид содир намудани ҷинояти марбут ба коррупсия ё қаллобӣ;

8) ба имзо расонидани шартномаи паймонкории фаръӣ бе розигии пешакии хаттии ташкилоти харидор.

2. Ворид намудан ба Феҳристи таҳвилгарони (паймонкорони) беэътимод (бевиҷдон) ва аз он хориҷ намудани таҳвилгар (паймонкор) тибқи Тартиби пешбурди Феҳристи таҳвилгарони (паймонкорони) беэътимод (бевиҷдон), ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда шудааст, амалӣ карда мешавад.

3. Таҳвилгар (паймонкор) наметавонад дар мавриди мавҷудияти бархўрди манфиатҳо, ки дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқаррар карда шудаанд, дар расмиёти харид иштирок намояд.

БОБИ 10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 74. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 75. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" аз 3 марти соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №3, мод. 158; с. 2012, №4, мод. 265) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 76. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 15 марти соли 2023, № 1955

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 25/09/2023 - 16:24
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақам: 
1949
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
15.03.2023

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, тартиб ва ҳолатҳои татбиқи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1) давлати хориҷӣ – давлат, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, воҳидҳои таркибии давлат ва мақомоти онҳо, ташкилотҳои дигар ва (ё) намояндаҳои ваколатдори давлат, ки дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқи амалӣ намудани ваколатҳои мустақили ҳокимиятро доранд;

2) моликияти давлати хориҷӣ – молу мулки ба давлати хориҷӣ тааллуқдошта, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;

3) масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он – масунияти судӣ, масуният нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи суд;

4) масунияти судӣ–уҳдадории суди  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риоя намудани масунияти давлати хориҷӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои нисбат ба ин давлат оғозгардида ва худдорӣ намудан аз ҷалби давлати хориҷӣ ба иштирок дар мурофиаи судӣ;

5) масуният нисбат ба чораҳои таъмини даъво  – уҳдадории суди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба худдорӣ намудан аз гузоштани ҳабс ба  моликияти давлати хориҷӣ ё нисбат ба ин давлат андешидани чораҳои дигаре, ки минбаъд метавонанд баррасии баҳс ва (ё) иҷрои ҳалномаи судро таъмин кунанд;  

6) масуният нисбат ба иҷрои ҳалномаи суд – уҳдадории суд ё мақомоте, ки иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷроро амалӣ менамояд, оид ба худдорӣ намудан аз нигаронидани ситониш ба моликияти давлати хориҷӣ, андешидани чораҳои дигар нисбат ба давлати хориҷӣ ва моликияти он бо мақсади иҷрои маҷбурии ҳалномаи суд;  

7) суди Ҷумҳурии Тоҷикистон – судҳои низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;    

8) юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон – маҷмуи ваколатҳои суди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияти худ;

9) ваколатҳои мустақили ҳокимият – ваколатҳои ба соҳибихтиёрӣ асосёфтаи давлат, ки бо мақсади амалисозии ҳокимияти давлатӣ анҷом дода мешаванд.   

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ 

Давлати хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон масунияти юрисдиксиониро бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода менамояд. Суд уҳдадор аст масъалаи пешниҳод намудани масунияти юрисдиксиониро ба давлати хориҷӣ, ҳатто дар ҳолати иштирок накардани он дар муҳокима баррасӣ намояд. 

Моддаи 4. Имтиёз ва масуниятҳое, ки Қонуни мазкур маҳдуд намекунад 

1. Қонуни мазкур имтиёз ва масуниятҳоеро, ки мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба давлати хориҷӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, миссияҳои махсус, намояндагиҳо дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин ба роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ё роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии давлатҳои хориҷӣ пешниҳод мешаванд, маҳдуд намекунад.

2. Қонуни мазкур масуниятеро, ки аз ҷониби давлати хориҷӣ мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба киштиҳои ҳавоӣ ё объектҳои кайҳоние, ки ба давлати хориҷӣ тааллуқ доранд, ё бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода мешаванд, маҳдуд намекунад.

Моддаи 5. Принсипи мутақобила оид ба масъалаҳои татбиқи масунияти юрисдиксионӣ

1. Масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, метавонад дар асоси принсипи мутақобила маҳдуд карда шавад, агар мавҷудияти маҳдудиятҳои масунияти юрисдиксионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моликияти он, ки оид ба он ва молу мулки он дар давлати хориҷӣ масъалаи вобаста ба масуният ба миён омадааст, муқаррар гардад. 

2. Ҳангоми баррасии парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ суд ҳуқуқ дорад бо ташаббуси худ ё дархости тарафҳо принсипи мутақобиларо татбиқ кунад. Таносуби ҳаҷми масунияти юрисдиксионие, ки дар давлати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад ва масунияти юрисдиксионие, ки ба давлати хориҷӣ мутобиқи Қонуни мазкур пешниҳод шудааст, аз ҷониби суд дар асоси далелҳои пешниҳоднамудаи тарафҳо ва хулосаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.  

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои масунияти юрисдиксионие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моликияти он дар давлати хориҷӣ пешниҳод мегардад, хулоса медиҳад.

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАТБИҚ НАМУДАНИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНӢ

Моддаи 6. Розигии давлати хориҷӣ барои амалисозии юрисдиксия аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон  

1. Давлати хориҷӣ наметавонад ба масунияти юрисдиксионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавола кунад, агар он уҳдадории эътироф намудани юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба баҳси мушаххас дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин ба зимма гирифта бошад:  

1) шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  

2) созишномаи хаттии тарафҳои баҳс;  

3) ариза дар суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё огоҳномаи хаттии суди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё огоҳномаи хаттии тавассути роҳҳои дипломатӣ дар доираи муҳокимаи судии парвандаи мушаххас ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида. 

2. Розигии давлати хориҷӣ барои амалисозии юрисдиксия аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба баҳси мушаххаси пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур бозхонд шуда наметавонад ва ҳамаи марҳилаҳои муҳокимаи судиро фаро мегирад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бозхонди чунин розигӣ дар созишномаи бо тарафи дигари баҳс басташуда пешбинӣ шуда бошад.   

3. Ба мурофиаи судӣ дохил шудани давлати хориҷӣ ё амалисозии ягон амали мурофиавии дигар дар доираи муҳокимаи мушаххас бо мақсади изҳор намудани масунияти худ, ё пешниҳоди далелҳои мавҷудияти ҳуқуқи моликият ба молу мулке, ки мавзуи муҳокимаи судӣ мебошанд, ҳамчун розигии давлати хориҷӣ барои амалисозии юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намегардад.

4. Розигии давлати хориҷӣ барои татбиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба баҳси мушаххас ҳамчун розигӣ барои амалисозии юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намегардад.

5. Иштирок накардани давлати хориҷӣ дар муҳокимаи судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун розигии он барои амалисозии юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи муҳокимаи мазкур дониста намешавад.

6. Ҳозир шудани намояндаи давлати хориҷӣ ба муҳокимаи судии суди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани нишондоди шоҳид ё ба сифати коршинос ҳамчун розигии он давлат барои амалисозии юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста намешавад. 

7. Розигии давлати хориҷӣ барои амалисозии юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба баҳси мушаххас ба масунияти давлати хориҷӣ нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва (ё) иҷрои ҳалномаи суд вобаста ба муҳокимаи мазкур паҳн намегардад.

Моддаи 7. Даст кашидан аз масунияти судӣ 

1. Давлати хориҷӣ аз масунияти судӣ дасткашида эътироф мешавад, агар ба суди Ҷумҳурии Тоҷикистон даъво пешниҳод намояд, ба мурофиаи судӣ ба сифати шахси иштирокчии парванда дохил шавад ё амалҳои дигарро оид ба моҳияти баҳс иҷро кунад. Агар давлати хориҷӣ дар суд исбот кунад, ки то анҷом додани чунин амалҳо далелҳое, ки барои изҳори масуният асос мегарданд, ба он маълум набуданд, дар ин сурат он метавонад дарҳол пас аз маълум шудани чунин далелҳо ба масуният ҳавола кунад.

2. Аз ҷониби давлати хориҷӣ ба имзо расондани созишномаи арбитражӣ ё ҳакамӣ оид ба ҳалли баҳси мушаххас бо иштироки он дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷро намудани уҳдадориҳое, ки ба миён омадаанд, ё дар оянда метавонанд ба миён оянд, ҳамчун ихтиёран аз масунияти судӣ даст кашидани давлати мазкур дониста мешавад.

3. Пешниҳоди даъво ба суди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлати хориҷӣ ҳамчун дасткашии ин давлат аз масунияти судӣ нисбат ба ҳама гуна даъвои муқобил, ки дар муносибатҳои ҳуқуқӣ аз рӯи даъвои аввала ба миён омадааст, эътироф мегардад.  

4. Аз ҷониби давлати хориҷӣ ба суди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани даъвои муқобили даъво ҳамчун аз масунияти судӣ оид ба даъвои аввала даст кашидани он дониста мешавад.   

5. Даст кашидани давлати хориҷӣ аз масунияти судӣ нисбат ба баҳси мушаххас бозхонд карда намешавад ва ба тамоми марҳилаҳои муҳокимаи судӣ паҳн мегардад. Даст кашидани давлати хориҷӣ аз масунияти судӣ нисбат ба баҳси мушаххас ҳамчун дасткашии давлат аз масуният нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи судӣ эътироф намегардад.

БОБИ 3. ҲОЛАТҲОИ ТАТБИҚ НАГАРДИДАНИМАСУНИЯТИ СУДӢ

Моддаи 8. Татбиқ нагардидани масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои алоқаманд бо иштироки давлати хориҷӣ дар аҳдҳои ҳуқуқии маданӣ, амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигари иқтисодӣ

1. Масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳое, ки аз аҳдҳои ҳуқуқии мадании анҷомдодаи давлати хориҷӣ бармеоянд ва ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нестанд, татбиқ намегардад, агар чунин баҳсҳо мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи татбиқшаванда ба юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб ва ба амалисозии ваколатҳои мустақили ҳокимият аз ҷониби давлати хориҷӣ алоқаманд набошанд. 

2. Агар тарафҳои аҳди ҳуқуқии маданӣ давлатҳо бошанд ё тарафҳои аҳд дар бораи тартиби дигар ба созиш омада бошанд, муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур татбиқ намегарданд. 

3. Масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳое, ки ҳангоми амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигари иқтисодӣ аз ҷониби давлати хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳудуди давлати дигар пайдо мешаванд ва оқибатҳои чунин фаъолият ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошанд, татбиқ намегардад.

4. Ҳангоми муайян намудани алоқамандӣ байни аҳди анҷомдодаи давлати хориҷӣ ва амалисозии ваколатҳои мустақили ҳокимият аз ҷониби он, суди Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳият ва мақсади чунин аҳдро ба назар мегирад.

Моддаи 9. Татбиқ нагардидани масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои вобаста ба иштирок дар ширкатҳо, ассотсиатсияҳо ва шахсони ҳуқуқии дигар  

1. Масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои вобаста бо иштироки давлати хориҷӣ дар ширкатҳо, ассотсиатсияҳо ва шахсони ҳуқуқии дигар, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд ё ҷойи асосии фаъолияти онҳо дар ҳудуди он қарор дорад, татбиқ намегардад, агар чунин шахси ҳуқуқӣ дар баробари давлатҳо, ташкилотҳои байнидавлатӣ ва (ё) байниҳукуматӣ иштирокчиёни дигар дошта бошад. 

2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур, дар сурати пешбинӣ гардидани тартиби дигар дар созишномаи байни давлатҳои дахлдор, ҳуҷҷатҳои таъсисии ширкат, ассотсиатсия ё шахси ҳуқуқии дигар, ё агар тарафҳои баҳс ба таври хаттӣ ба мувофиқаи дигар омада бошанд, татбиқ намешаванд.

Моддаи 10. Татбиқ нагардидани масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои вобаста ба ҳуқуқи моликият

Масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои зерин бо иштироки давлати хориҷӣ, ки ба ҳуқуқи моликият вобастаанд, татбиқ намегардад: 

1) оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои давлати хориҷӣ ба молу мулки ғайриманқули дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта;

2) оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои давлати хориҷӣ ба молу мулки манқул ва ғайриманқуле, ки дар натиҷаи ба мерос ё туҳфа гирифтан, ё мавҷудияти молу мулки бесоҳиб пайдо мешаванд;  

3) оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои давлати хориҷӣ доир ба идора намудани молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта;

4) оид ба муқаррар намудан ва амалисозии ҳуқуқи давлати хориҷӣ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ ва саноатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи ҳуқуқӣ қарор доранд;

5) оид ба эҳтимолияти аз ҷониби давлати хориҷӣ вайрон кардани ҳуқуқҳои шахсони дигар ба объектҳои моликияти зеҳнӣ ва саноатие, ки ба шахсони сеюм тааллуқ дошта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.

Моддаи 11. Татбиқ нагардидани масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои вобаста ба истифодаи воситаҳои нақлиёти обӣ

1. Масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳо оид ба истифодаи воситаҳои нақлиёти обӣ, ки давлати хориҷӣ соҳибмулк ё истифодабарандаи онҳо мебошад, татбиқ намегардад, агар дар лаҳзаи пайдо шудани далели барои даъво асосгашта чунин воситаҳо бо мақсади тиҷоратӣ, ё мақсади дигари фоидаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шуда бошанд.

2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур дар сурате татбиқ мешаванд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

Моддаи 12. Татбиқ нагардидани масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои вобаста ба ҷуброни зарар

Масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳо оид ба ҷуброни зарари аз ҷониби давлати хориҷӣ ба ҳаёт, саломатӣ, молу мулк, шаъну шараф, эътибори кории шахси воқеӣ ва (ё) ба молу мулк, эътибори кории шахси ҳуқуқӣ расондашуда татбиқ намегардад, агар чунин талабот дар натиҷаи расондани зарар бо амал (беамалӣ) ё ҳолати дигар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада бошанд. 

Моддаи 13. Татбиқ нагардидани масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои меҳнатӣ 

1. Масунияти судӣ нисбат ба он баҳсҳои меҳнатӣ татбиқ намегардад, ки байни давлати хориҷӣ ва корманд оид ба коре, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ё қисман иҷро шудааст, ё бояд иҷро шавад, ба миён омадаанд.

2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур татбиқ намегарданд, агар:

1) корманд бо мақсади иҷро намудани уҳдадориҳои мушаххас оид ба амалисозии ваколатҳои мустақили ҳокимияти давлати хориҷӣ ба кор қабул шуда бошад;

2) корманд:

а) мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ агенти дипломатӣ ё шахси мансабдори консулӣ бошад;

б) корманди дипломатии намояндагиҳои доимии назди ташкилотҳои байналмилалӣ, миссияҳои махсус бошад ё ба ҳайати давлати хориҷӣ дар мақомоти ташкилоти байналмилалӣ, ё конфренсияи байналмилалӣ ба ин сифат шомил шуда бошад;

в) шахсе, ки масунияти дипломатӣ дошта бошад; 

3) мавзуи муҳокимаи судӣ ба кор қабул намудан, идома додани иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ ё барқарор кардан ба кори пештара бошад;

4) мавзуи муҳокимаи судӣ қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатӣ бо корманд бошад ва сарвари давлати хориҷӣ, ҳукумати давлати хориҷӣ ё роҳбари мақомоти корҳои хориҷии давлати хориҷӣ дар шакли хаттӣ тасдиқ кунад, ки чунин муҳокима ба манфиати амнияти ин давлати хориҷӣ дахл дорад;

5) дар лаҳзаи оғоз кардани муҳокима оид ба парванда дар суди Ҷумҳурии Тоҷикистон корманд шаҳрванди давлати хориҷие бошад, ки бо он шартномаи меҳнатӣ бастааст, ба истиснои ҳолате, ки ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намояд.

БОБИ 4. МАСУНИЯТ НИСБАТ БА ЧОРАҲОИ ТАЪМИНИ ДАЪВО ВА ИҶРОИ ҲАЛНОМАИ СУД

Моддаи 14. Масунияти давлати хориҷӣ нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи суд  

Давлати хориҷӣ нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи суд дорои масуният мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар он:

1) ба амалисозии юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби пешбининамудаи қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур розигӣ дода бошад;

2) бо мақсади қонеъ гардондани талаботе, ки мавзуи муҳокимаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад, молу мулкро захира ё ба таври дигар таъин карда бошад;

3) муқаррар карда бошад, ки молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоштаи давлати хориҷӣ аз ҷониби ин давлат бо мақсадҳои амалисозии ваколатҳои мустақили ҳокимият вобастанабуда истифода мешаванд ва (ё) барои истифода таъин гардидаанд.

Моддаи 15. Молу мулки давлати хориҷӣ, ки вобаста ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи суд бо масуният фаро гирифта мешаванд

1. Масуният нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи суд молу мулки зерини давлати хориҷиро фаро мегирад, ки моликияти он мебошанд ва барои истифода аз ҷониби он бо мақсади амалисозии ваколатҳои мустақили ҳокимият таъин гардидаанд: 

1) молу мулке (аз ҷумла, маблағи пулӣ дар суратҳисоби бонкӣ), ки бо мақсади амалисозии вазифаҳои намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии давлати хориҷӣ, миссияҳои махсус, намояндагиҳои назди ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳайатҳои давлати хориҷӣ дар мақомоти ташкилотҳои хориҷӣ, ё дар конфренсияҳои байналмилалӣ истифода мегарданд, ё таъин шудаанд;

2) молу мулки ҳарбӣ ё молу мулке, ки бо мақсади ҳарбӣ, ё дар амалиёти сулҳофаронаи эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон   истифода мешаванд;

3) сарватҳои фарҳангӣ ё маводи бойгоние, ки ба фурӯш гузошта нашудаанд, ё барои фурӯхтан таъин нагардидаанд;

4) молу мулке, ки қисме аз нигораҳои намоишгоҳҳо буда, аҳамияти илмӣ, фарҳангӣ ё таърихӣ доранд ва ба фурӯш гузошта нашудаанд, ё барои фурӯш таъин нагардидаанд;

5) молу мулки бонки марказӣ ё мақомоти дигари давлати хориҷӣ, ки назорати бонкӣ ба вазифаҳои он дохил мешавад.

2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур бо назардошти талаботи  бандҳои 1) ва 2) моддаи 14 Қонуни мазкур татбиқ мешаванд.

БОБИ 5. ХУСУСИЯТҲОИ МУРОФИАИ СУДӢ ОИД БА ПАРВАНДАҲО БО ИШТИРОКИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ

Моддаи 16. Мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ  

Парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, баррасӣ мегарданд.  

Моддаи 17. Ба давлати хориҷӣ супоридани огоҳнома оид ба муҳокимаи судӣ  

1. Огоҳнома дар хусуси оғоз карда шудани парванда нисбат ба давлати хориҷӣ дар суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дигари судӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ фиристода мешаванд. Санаи гирифтани огоҳнома аз ҷониби идораи пешбарандаи сиёсати хориҷии давлати дахлдор санаи супоридани чунин ҳуҷҷатҳо ҳисобида мешавад.

2. Супориши суди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоридани  ҳуҷҷатҳо ба давлати хориҷӣ ва иҷрои амалҳои дигари мурофиавӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки тартиби расондани ёрии ҳуқуқиро танзим менамоянд, ба расмият дароварда мешавад.

3. Давлати хориҷие, ки дар муҳокимаи судӣ аз рӯи моҳияти парвандаи нисбат ба ӯ оғозгардида иштирок кардааст, наметавонад ба он ҳавола кунад, ки ҳуҷҷатҳо оид ба муҳокимаи судӣ тибқи муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур супорида нашудаанд.

Моддаи 18. Ҳалномаи ғоибона 

1. Суд ҳалномаи ғоибонаро нисбат ба давлати хориҷие, ки дар муҳокима дар суди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок накардааст, баъд аз муқаррар кардани шартҳои зерин метавонад қабул намояд:

1)  талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 17 Қонуни мазкур риоя шуда бошанд; 

2) аз санаи супоридани ҳуҷҷатҳо ба давлати хориҷӣ дар бораи оғоз шудани парванда нисбат ба он на камтар аз ду моҳ гузашта бошад;

3) мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур давлати хориҷӣ натавонад аз масунияти судӣ истифода барад.

2. Нусхаи ҳалномаи ғоибонаи нисбат ба давлати хориҷӣ қабулгардида ба он давлат бо тартиби пешбининамудаи қисми 1 моддаи 17 Қонуни мазкур фиристода мешавад.

3. Муҳлати шикоят овардан нисбат ба бекор кардани ҳалномаи ғоибонаи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ду моҳ аз рӯзи супоридани нусхаи ин ҳалнома мутобиқи қисми 1 моддаи 17 Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 19. Татбиқ намудани Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳои ҳуқуқии то мавриди амал қарор дода шудани он пайдошуда

Муқаррароти Қонуни мазкурро нисбат ба муносибатҳои ҳуқуқии то мавриди амал қарор дода шудани он пайдошуда татбиқ намудан мумкин аст, агар он дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаи хаттии тарафайн, ки шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намешавад ё дар аризаи пешниҳодшуда ба суд дар доираи муҳокимаи судии парвандаи мушаххас пешбинӣ шуда бошад.

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе,

15 марти соли 2023,

№ 1949

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 29/09/2023 - 16:32
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақам: 
1950
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
15.03.2023

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

 

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 январи соли 2023, № 960

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 марти соли 2023, № 359

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро муқаррар намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс, ҷамъият ва давлат, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1) амалиёт ё аҳд бо молу мулк (воситаҳо) - амалҳои шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ ё созмонҳои ҳуқуқии хориҷӣ, ки барои муқаррар кардан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои маданӣ нисбат ба маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк равона гардидаанд;

2) амалиёт ё аҳди шубҳанок - амалиёт ё аҳд бо молу мулк (воситаҳо), аз ҷумла кӯшиши анҷом додани амалиёт ё аҳд, новобаста аз маблағи он, ки нисбат ба он шубҳа вуҷуд дорад, ки он метавонад бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд бошад;

3) бонки ниҳонӣ - бонке, ки дар кишвари бақайдгирифта воқеан вуҷуд надорад, соҳиби иҷозатнома аст ва бо ягон гурӯҳи молиявии танзимшаванда, ки бояд таҳти назорати муштарак қарор гирад, муттаҳид нашудааст;

4) воситаҳои гардони манзурӣ - коғазҳои қиматноки манзурӣ (аз ҷумла саҳмияҳо, вомбаргҳо, чекҳо, векселҳо ва супоришномаҳои пулӣ) ё коғазҳои қиматноки дигар (аз ҷумла чекҳо, вомбаргҳо ва супоришномаҳои пулии пуркарданашуда), ки ҳуқуқ ба онҳоро бо пешниҳод намудан бе нишон додани номи гиранда медиҳанд;

5) гурӯҳи молиявӣ - гурӯҳи иборат аз шахси ҳуқуқӣ (ширкати асосӣ), ки фаъолият ва вазифаҳои иштирокдорони боқимондаи гурӯҳро бо мақсади назорати гурӯҳии онҳо, аз ҷумла филиалҳо, корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръӣ ва намояндагиҳои он, ки ба онҳо сиёсату тартиботи татбиқшавандаи ҳамаи гурӯҳ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом татбиқ мегардад, роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозӣ менамояд;

6) ғайрифаъолгардонӣ - манъ кардани интиқол, мубодила, ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ ё амалиёти дигар бо молу мулк (воситаҳо)-е, ки дар моликият ё таҳти назорати шахс ё ташкилот, муштарӣ, контрагент ё молик-бенефитсиари ба рӯйхати шахсон, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои бо терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд дохилшуда қарор доранд;

7) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - молу мулк (воситаҳо)-е, ки бевосита ё бавосита дар натиҷаи содир намудани ҷиноят ба даст оварда шудаанд;

8) дороии маҷозӣ - ифодаи рақамии дороие, ки метавонад ба тарзи рақамӣ савдо карда шавад ё интиқол дода шавад ва метавонад барои пардохт ё сармоягузорӣ истифода бурда шавад, ба истиснои маблағҳои электронӣ ва асъори рақамӣ, ки аз ҷониби давлатҳо бароварда шудаанд, коғазҳои қиматнок ва дигар дороиҳои молиявӣ;

9) идоракунии хавфҳо - ошкор кардан, баҳо додан ва дарк намудани хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва татбиқи минбаъдаи чораҳо барои пешгирӣ ё коҳиш додани оқибатҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки ба хавфҳои ошкоршуда мутобиқ мебошанд;

10) кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд - давлатҳо ва ҳудудҳое, ки стандартҳои байналмилалиро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом татбиқ намекунанд ё онҳоро ба таври нокифоя татбиқ мекунанд, инчунин минтақаҳои оффшорӣ;

11) контрагентҳои хориҷӣ - мақомоти салоҳиятдори хориҷӣ, ки дар доираи ҳамкории дархостшаванда уҳдадорию вазифаҳои монандро иҷро мекунанд;

12) қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рӯйпӯш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк ё бо мақсади мусоидат намудан ба шахсе, ки дар содир намудани ҷинояти асосӣ иштирок намудааст, то ки ӯ тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рӯйпӯш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, инчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории чунин молу мулк;

13) маблағгузории терроризм - бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода бурдани онҳо ва ё бо дарки он ки ин воситаҳо аз тарафи террористи алоҳида ё гурӯҳ (ташкилот)-и террористӣ истифода мешаванд, ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурӯҳ (ташкилот)-и террористӣ ё барои ташкил, тайёр ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ истифода мегарданд ва ҳамчунин, агар ин воситаҳо воқеан барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гурӯҳ (ташкилот)-и террористӣ, ҳатто агар он бо амал (амалҳо)-и мушаххаси террористӣ алоқаманд набошад, ё барои маблағгузории сафарҳои шахсон ба давлатҳое, ки давлати будубош ё шаҳрвандии онҳо намебошанд, барои мақсадҳои содир кардан, ба нақша гирифтан, тайёр кардан ё иштирок намудан дар содир намудани амалҳои террористӣ ё дар тайёр кардани террористҳо ё гузаштан аз чунин тайёрӣ истифода нашуда бошанд;

14) маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом - бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода бурдани онҳо ё бо дарки он ки ин воситаҳо барои ғайриқонунӣ сохтан, истеҳсол кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол, ирсол ва ё ба соҳибияти каси дигар додани силоҳи зарравӣ (ядроӣ), нейтронӣ, кимиёвӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ, инчунин намуди дигари силоҳи қатли оми бо шартномаҳои байналмилалӣ манъшуда, ҳамчунин ба ҳар давлати дорои силоҳи зарравӣ набуда додани маводи ибтидоӣ ё махсуси таҷзияшаванда ё технологияе, ки баръало метавонад барои бунёди силоҳи қатли ом истифода гардад ва (ё) ба ягон шахс додани намудҳои дигари силоҳи қатли ом ё қисматҳои зарурии истеҳсоли он, ки бо шартномаҳои байналмилалӣ манъ гардидаанд, истифода мегарданд;

15) мақоми ваколатдор - мақоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

16) мақомоти назоратӣ - мақомоти салоҳиятдоре, ки ба зиммаи онҳо уҳдадории назорат дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом баҳри таъмини риоя гардидани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда вогузор шудааст;

17) молик-бенефитсиар - шахс (шахсон)-и воқеие, ки бевосита ё бавосита (тавассути шахсони сеюм, аз ҷумла тавассути силсилаи соҳибият) соҳиби ҳуқуқи моликият (соҳиби иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ) мебошад (мебошанд) ё муштариро воқеан назорат мекунад (мекунанд), ё шахси воқеие, ки аз ном ё ба манфиати ӯ амалиёт (аҳд) анҷом дода мешавад, инчунин шахс (шахсон)-и воқеие, ки шахси ҳуқуқӣ ё созмони ҳуқуқии хориҷиро назорат мекунад (мекунанд);

18) молу мулк (воситаҳо) - ҳар гуна дороии моддӣ ё ғайримоддӣ, ашёи манқул ё ғайриманқул, новобаста аз тарзи ба даст овардани онҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ё санадҳои гуногуншакл, аз ҷумла дар шакли электронӣ ё рақамӣ, ки ҳуқуқ ба чунин дороиҳо ва иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, аз ҷумла қарзҳои бонкӣ, чекҳои роҳ, вомбаргҳо, векселҳо, аккредитивҳо, дороиҳои маҷозӣ ва ғайра;

19) мониторинги молиявӣ - маҷмуи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ, ошкор ва роҳ надодани қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда, мақоми ваколатдор ва мақомоти давлатии дигар амалӣ карда мешаванд;

20) муассиси созмони ҳуқуқии хориҷӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибият ба молу мулк (воситаҳо)-и худро ба мудири созмони ҳуқуқии хориҷӣ тавассути шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта ё созиши дигари ба ин монанд вогузор менамояд;

21) муносибатҳои корӣ - муносибатҳои байни муштарӣ ва субъекти ҳисоботдиҳанда, ки дар асоси созишнома оид ба хизматрасонии молиявӣ ё хизматрасонии дигар, аз ҷумла амалӣ намудани амалиёт (аҳд) ба вуҷуд омадаанд;

22) муносибатҳои муросилотии бонкӣ - муносибатҳои шартномавӣ байни як ташкилоти қарзии молиявӣ (ташкилоти муросил) бо ташкилоти қарзии молиявии дигар (респондент) бо мақсади иҷрои амалиёти мутақобила, аз ҷумла пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба идоракунии маблағи пули нақд, клиринги чекҳо, суратҳисобҳои транзитӣ, мубодилаи асъор ва ҳисоббаробаркунии мутақобила;

23) мушаххаскунии муштарӣ - маҷмуи чорабиниҳо оид ба муйаян кардани маълумоти мушаххаскунанда вобаста ба муштарӣ (намояндаи муштарӣ);

24) муштарӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, инчунин созмони ҳуқуқии хориҷӣ, ки таҳти хизматрасонии субъекти ҳисоботдиҳанда мебошад;

25) назорати ҳатмӣ - маҷмуи чораҳои аз ҷониби мақоми ваколатдор андешидашаванда оид ба назорат кардани амалиёт ва аҳдҳо бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар дар асоси иттилооти пешниҳодкардаи субъекти ҳисоботдиҳанда ё мақомоти давлатӣ, инчунин оид ба санҷиши ин иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

26) муносибати ба хавф нигаронидашуда - чорабиниҳо оид ба идоракунии хавфҳо ва истифодаи чораҳои қатъӣ ҳангоми ҷой доштани хавфи баланд ё чораҳои содашуда ҳангоми ҷой доштани хавфи сатҳи паст мутобиқи расмиёти идоракунии хавфҳо, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст;

27) рӯйхатҳои таҳримӣ - рӯйхатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои бо терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд, ки нисбат ба онҳо талабот оид ба ғайрифаъолгардонӣ паҳн мегардад;

28) созмони ҳуқуқии хориҷӣ - низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ (трастҳо ва сохторҳои дигари шабеҳ), ки аз ҷониби шахси воқеӣ (муассиси созмони ҳуқуқии хориҷӣ) мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ таъсис дода шуда, дар он молу мулк (воситаҳо)-и ба ӯ тааллуқдошта таҳти назорат ва идоракунии шахси воқеии дигар (мудир ё сарпараст) қарор дода мешавад, то ки аз ин молу мулк (воситаҳо) ба манфиати бадастоварандаи фоида ё бо мақсади муайян даромад (фоида) гирифта шавад ва ба шарте ки мудир ё сарпараст дар амалҳои худ нисбат ба истифода бурдан ё ихтиёрдорӣ кардани ин молу мулк (воситаҳо) дастурҳои барои ӯ муқарраргардида ва талаботи қонунгузории давлати хориҷиро дастури амал қарор диҳад;

29) сохтори ғайритиҷоратӣ - шахси ҳуқуқӣ ё созмони ҳуқуқии хориҷии ғайритиҷоратие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, ба ҷамъоварӣ ё пешниҳоди маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар барои мақсадҳои хайриявӣ, динӣ, фарҳангӣ, таҳсилотӣ, иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ё барои амалӣ намудани корҳои дигар машғул мебошад;

30) хавф - маҷмуи таҳдидҳо, осебпазирии қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва оқибатҳои бо онҳо алоқаманд барои давлат, мақомоти давлатӣ ва (ё) субъектҳои ҳисоботдиҳанда;

31) шахси мансабдори оммавӣ - яке аз шахсони воқеии зерин:

а) шахси мансабдори оммавии хориҷӣ - шахсе, ки вазифаҳои муҳимми давлатӣ ё сиёсиро дар давлати хориҷӣ иҷро мекунад ё иҷро мекард (сарони давлатҳо ё ҳукуматҳо, ходимони баландпояи сиёсӣ, шахсони мансабдори олии ҳукумат, судҳо, қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фискалӣ ва мақомоти давлатии дигар, шахсони мансабдори баландпояи корхонаҳои давлатӣ, инчунин роҳбарон ва ходимони ҳизбҳои сиёсӣ);

б) шахси мансабдори оммавии миллӣ - шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансаби сиёсии хизмати давлатӣ ё мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи олиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ё мансабҳои давлатии ба онҳо баробарро дар қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти давлатии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунад ё дар гузашта ишғол карда буд, инчунин шахсони мансабдори баландпояи корхонаҳои азими давлатӣ, роҳбарон ва ходимони ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) шахси мансабдори оммавии ташкилоти байналмилалӣ - шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ, ки ба ӯ вазифаҳои муҳимми ин ташкилоти байналмилалӣ бовар карда шудааст ё бовар карда шуда буд (роҳбарон, муовинони роҳбарон ва аъзои раёсат ё шурои мудирони ташкилоти байналмилалӣ ё шахсони дигари ба онҳо баробаркардашуда дар ташкилоти байналмилалӣ).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Муқаррароти Қонуни мазкур ба амалҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, бо назардошти меъёрҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, аз ҷониби шахсони зерин анҷом дода мешаванд, татбиқ мегардад:

1) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) шаҳрвандони хориҷӣ;

3) шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд;

4) субъектҳои ҳисоботдиҳанда, аз ҷумла филиал ва намояндагиҳои онҳо;

5) шахсони ҳуқуқӣ ва созмонҳои ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва дороиҳои дигар иштирок мекунанд;

6) мақомоти давлатие, ки ба зиммаи онҳо уҳдадории муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва (ё) маблағгузории терроризм ва (ё) маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом вогузор шудааст.

2. Қонуни мазкур муносибатҳои шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардидаро бо мақсади пешгирӣ, ошкор намудан ва роҳ надодан ба амалҳое, ки бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд мебошанд, танзим менамояд.

БОБИ 2. ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ПЕШБУРДИ МАЪЛУМОТИ ОМОРӢ

Моддаи 4. Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ

Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ таъсис дода мешавад, ки ҳайат ва низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 5. Тартиби пешбурди маълумоти оморӣ

1. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатии дигар дар доираи ваколатҳои худ пешбурди маълумоти омориро оид ба масъалаҳои ба самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дахлдошта ба роҳ мемонанд, ки бояд иттилооти зеринро дар бар гиранд:

1) дар бораи миқдори субъектҳои ҳисоботдиҳандаи таҳти назорат қарордошта;

2) дар бораи иттилооти қабулгардида, санҷидашуда ва фиристондашуда оид ба амалиёту аҳди шубҳанок, инчунин дар бораи амалиёти ҳатман назоратшаванда;

3) дар бораи парвандаҳои ҷиноятии оғозгардида, қатъшуда ва ба суд фиристонидашуда оид ба ҷиноятҳои асосӣ ва ҷиноятҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин дар бораи натиҷаҳои баррасии онҳо дар суд;

4) дар бораи молу мулк (воситаҳо)-и ғайрифаъолгардонидашуда, ҳабсшуда ва мусодирашуда аз рӯйи ҷиноятҳои асосӣ ва ҷиноятҳои алоқаманд бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

5) дар бораи пешниҳод (гирифтан)-и ёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар доираи пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ё дархостҳои дигари байналмилалӣ дар хусуси ҳамкорӣ бо контрагентҳои хориҷӣ оид ба ҷиноятҳои асосӣ ва ҷиноятҳои алоқаманд бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

6) дар бораи натиҷаҳои истифода шудани иттилооту маводи аз мақоми ваколатдор гирифташуда;

7) иттилооти дигари барои низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аҳаммиятнок.

2. Барои назорати самаранокии чораҳое, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд, мақомоти назоратӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ ба мақоми ваколатдор маълумоти омории дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда ва иттилооти дигари аҳаммиятнокро оид ба чораҳои дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешидашуда пешниҳод менамоянд.

3. Тартиби пешбурди маълумоти оморӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва шакли ҳисоботдиҳии онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

БОБИ 3. СУБЪЕКТҲОИ ҲИСОБОТДИҲАНДА ВА ЧОРАҲОИ БА МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ РАВОНАГАРДИДА

Моддаи 6. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда

Субъектҳои ҳисоботдиҳанда инҳоянд:

1) ташкилотҳои қарзии молиявӣ;

2) иштирокдорони касбии бозори коғазҳои қиматнок;

3) ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва брокерҳои суғуртавӣ;

4) ташкилотҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ);

5) нуқтаҳои мубодилаи асъор;

6) шахсоне, ки фондҳои сармоягузорӣ ё фондҳои ғайридавлатии нафақаро ба таври касбӣ идора мекунанд;

7) ташкилотҳои алоқаи почта;

8) гаравхонаҳо;

9) биржаҳои мол ё биржаҳои дигаре, ки бо молҳои биржавӣ амалиёти молиявиро анҷом медиҳанд;

10) ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторҳои инфиродӣ;

11) шахсоне, ки ба таври касбӣ металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз онҳо, инчунин шикастапораҳои ин маснуотро хариду фурӯш мекунанд;

12) шахсоне, ки ба таври касбӣ амалиётро бо молу мулки ғайриманқул анҷом медиҳанд;

13) ташкилот ва субъектҳои дигаре, ки тотализатор ва идораҳои букмекерӣ доранд, инчунин бозии лото, лоторея ва бозиҳои дигар, аз ҷумла дар шакли электронӣ мегузаронанд, ки дар онҳо фонди ҷоизавӣ аз маблағҳои ҷалбшудаи иштирокдорони он таъсис дода мешавад;

14) адвокатҳо, шахсоне, ки амалиёти нотариалиро анҷом медиҳанд, муҳосибони касбӣ ва ташкилотҳои муҳосибӣ, шахсоне, ки хизматрасонии ҳуқуқӣ мерасонанд, дар ҳолате ки онҳо барои муштариёни худ аҳдҳои зеринро омода ё анҷом медиҳанд:

а) харид ё фурӯши молу мулки ғайриманқул;

б) идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё дигар молу мулк (маблағҳо)-и муштариён;

в) идоракунии суратҳисобҳои бонкӣ ё суратҳисоби коғазҳои қиматнок;

г) ташкили ҷалби ҳақгузориҳо (ҷамъ кардани маблағҳо) бо мақсади таъсис, таъмини фаъолияти ширкатҳо ё идора кардани онҳо;

д) таъсис ва таъмини фаъолият ё идоракунии шахси ҳуқуқӣ ё хариду фурӯши корхонаҳо;

15) шахсоне, ки хизматрасонии созмони ҳуқуқии хориҷиро анҷом медиҳанд ё барои ташкили ширкатҳо хизмат мерасонанд, ҳангоми ба шахсони сеюм расондани яке аз хизматҳои зерин:

а) ба сифати агент оид ба таъсиси шахси ҳуқуқӣ амал мекунанд;

б) ба сифати директор ё котиби ширкат, иштирокдори ширкат ё ҳамин гуна мансаб нисбат ба шахсони ҳуқуқии дигар амал мекунанд (ё барои шахсони дигар имконият муҳайё мекунанд, ки ба ин сифат амал кунанд);

в) дафтари бақайдгирифташуда, суроғаи ҳуқуқӣ ё бино, суроғаи муросилотӣ ё маъмурӣ барои ширкат, рафоқат ё шахси дигари ҳуқуқӣ пешниҳод мекунанд;

г) ба сифати мудир ё сарпараст ва ё мансабҳои дигари ба онҳо баробар дар созмони ҳуқуқии хориҷӣ амал мекунанд (ё барои дигар шахсон имконият муҳайё мекунанд, ки ба ин сифат амал кунанд);

д) ба сифати дорандаи номиналии саҳмияҳо барои шахси дигар ё намояндаи ваколатдор амал мекунанд (ё барои шахсони дигар имконият муҳайё мекунанд, ки ба ин сифат амал кунанд).

Моддаи 7. Чораҳо оид ба баҳодиҳӣ ва коҳиш додани хавфҳо

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд:

1) барои муайянсозӣ (ошкорсозӣ), баҳодиҳӣ ва дарки хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом чораҳои дахлдор андешанд;

2) ҳангоми баҳодиҳии хавфҳо натиҷаҳои баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро, ки дар сатҳи миллӣ ё соҳавӣ гузаронда шудаанд, ба инобат гиранд;

3) ҳамаи омилҳои дахлдори хавфро пеш аз муайян кардани сатҳи умумии хавф, инчунин намуд ва ҳаҷми чораҳои зарурие, ки барои коҳиш додани он андешида мешаванд, баррасӣ намоянд;

4) баҳодиҳии хавфҳоро ҳуҷҷатгузорӣ намоянд ва мунтазамна камтар аз як маротиба дар як сол ҳангоми ҷой доштани хавфи баланд ё на камтар аз як маротиба дар се сол дар ҳолатҳои дигар, нав кунанд;

5) ба мақомоти дахлдори назоратӣ ва мақоми ваколатдор дар бораи баҳодиҳии хавфҳо иттилоот пешниҳод намоянд.

2. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд чораҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардидаро нисбат ба субъектҳо ва объектҳои зерин андешанд:

1) муштариёни худ;

2) кишварҳо ё минтақаҳои ҷуғрофие, ки муштариён аз он ҷо мебошанд ё дар онҳо қарор доранд;

3) кишварҳо ё минтақаҳои ҷуғрофие, ки дар онҳо субъекти ҳисоботдиҳанда фаъолият мекунад;

4) маҳсулот, хизматрасонӣ, амалиёт ва роҳҳои таҳвили субъекти ҳисоботдиҳанда.

3. Хусусият ва миқёси баҳодиҳии хавфҳо бояд ба хусусияту фаъолияти субъекти ҳисоботдиҳанда мутобиқат намоянд.

4. Барои амалӣ намудани талаботи қисмҳои 1-3 моддаи мазкур субъекти ҳисоботдиҳанда:

1) барнома (қоида, расмиёт)-и назорати дохилиро таҳия ва амалӣ менамояд, ки он аз ҷониби роҳбарияти олӣ (вобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, мақоми идоракунӣ (шурои нозирон (шурои директорон) ё мақоми иҷроия (раёсат) ё ҳангоми ҷой доштани мақоми яккасардории иҷроия директори генералӣ (директор) тасдиқ мегардад;

2) амалӣ шудани барнома (қоида, расмиёт)-и назорати дохилиро мунтазам назорат намуда, ҳангоми зарурат онро тақвият мебахшад;

3) дар сурати ошкор шудани хавфҳои баланд барои танзими босамар ва коҳиш додани онҳо чораҳои қатъӣ меандешад;

4) қабули чораҳои қатъӣ ё чораҳои дахлдорро барои танзими босамар ва коҳиш додани хавфҳои ошкоршуда мутобиқи баҳодиҳии хавфҳо ва дастурҳои мақоми ваколатдор ва мақомоти дахлдори назоратӣ таъмин менамояд.

5. Тартиби баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

Моддаи 8. Ҷорӣ намудани технологияҳои нав

1. Субъекти ҳисоботдиҳанда уҳдадор аст хавфҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро, ки метавонанд вобаста ба таҳияи маҳсулоту хизматрасонии нав ё усулҳои нави пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд оянд, аз ҷумла механизмҳои нави таҳвилро бо истифода аз технологияҳои нав ё тараққикунанда ҳам барои маҳсулоти нав ва ҳам мавҷуда муайян ва баҳодиҳӣ намояд.

2. Субъекти ҳисоботдиҳанда уҳдадор аст хавфҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо қабл аз роҳандозӣ ё истифода намудани чунин маҳсулот, усулҳо ё технологияҳо баҳо диҳад, инчунин барои танзим ва коҳиш додани онҳо чораҳои дахлдор андешад.

Моддаи 9. Чораҳо оид ба санҷиши дахлдори муштариён

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд нисбат ба муштариёни худ чораҳои зерини санҷиши дахлдори муштариро татбиқ намоянд:

1) то ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ё анҷом додани амалиёти якдафъаина ё дар вақти он:

а) шахсияти муштариро мушаххас намоянд ва санҷанд;

б) шахсияти молик-бенефитсиарро мушаххас карда, барои санҷиши шахсияти молик-бенефитсиар бо истифода аз иттилооти саҳеҳ ё маълумоти аз манбаи боэътимод дастрасшуда чораҳои зарурӣ андешанд;

2) дар ҳолати аз номи муштарӣ намоянда ё шахси бовариноки ӯ дар асоси ваколатҳои бо ваколатнома, қонун ё дар асоси санади мақоми ваколатдори давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот додашуда баромад намудан, шахсияти шахсеро, ки аз муштарӣ намояндагӣ мекунад, мушаххас ва санҷиш намуда, ваколатҳои дахлдор доштани ӯро санҷанд;

3) ҳадафу хусусияти эҳтимолии муносибатҳои кориро муайян ва дар ҳолати зарурӣ оид ба он иттилоъ гиранд, инчунин нисбат ба муштариёне, ки шахсони ҳуқуқӣ ё созмони ҳуқуқии хориҷӣ мебошанд, хусусияти фаъолияти муштарӣ, сохтори моликият ва идоракунии онро донанд;

4) мунтазам муносибатҳои кориро таҳлил намоянд, инчунин амалиёту аҳдҳоеро, ки дар рафти чунин муносибатҳо анҷом дода мешаванд, барои таъмини он, ки амалиёти иҷрошаванда ба маълумоти субъекти ҳисоботдиҳанда дар бораи муштарӣ, фаъолияти хоҷагии вай ва хусусияти хавф, аз ҷумла дар ҳолати зарурат оид ба манбаи маблағҳо мутобиқат намоянд, санҷанд;

5) ҳуҷҷатҳо, маълумот ё иттилоотеро, ки дар раванди санҷиши дахлдори муштарӣ мутобиқи моддаи мазкур ҷамъоварӣ шудаанд, махсусан ҳангоми ҷой доштани дараҷаи баланди хавф, мунтазам нав кунанд.

2. Субъекти ҳисоботдиҳанда уҳдадор аст чораҳоро оид ба санҷиши дахлдори муштариён, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, дар ҳолатҳои зерин андешад:

1) ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ;

2) ҳангоми анҷом додани ҳар гуна амалиёт ва аҳди якдафъаина ё якчанд амалиёт ё аҳди ба ҳам алоқаманд ба андозаи баробар ба маблағи муайяннамудаи мақоми ваколатдор ва ё зиёда аз он;

3) ҳангоми мавҷуд будани шубҳа ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, новобаста аз маблағи амалиёт ё аҳд ё ягон истиснои дигар;

4) дар ҳолате, ки субъекти ҳисоботдиҳанда ба дурустӣ ё мутобиқатии иттилооти қаблан дар бораи мушаххаскунии муштарӣ дастрасшуда шубҳа дошта бошад.

3. Дар ҳолате, ки субъекти ҳисоботдиҳанда талабот оид ба санҷиши дахлдори муштариёнро ба таври дахлдор иҷро карда натавонад, он гоҳ он уҳдадор аст:

1) ба муштарӣ суратҳисоб накушояд, бо ӯ муносибати корӣ барқарор накунад ва амалиёт анҷом надиҳад, инчунин муносибатҳои кориро қатъ намояд;

2) зарурати нисбат ба муштарӣ фиристодани хабарномаро оид ба аҳд ва амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдор баррасӣ намояд.

4. Агар субъекти ҳисоботдиҳанда доир ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ё маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом шубҳа пайдо намуда, бовар дошта бошад, ки анҷом додани расмиёти санҷиши дахлдори муштарӣ ба ифшо кардани иттилоот ба муштарӣ ва огаҳӣ ёфтани он аз шубҳа боис мегардад, субъекти ҳисоботдиҳанда метавонад расмиёти санҷиши дахлдори муштариро нагузаронда, ба мақоми ваколатдор дар бораи амалиёти шубҳанок мутобиқи моддаи 18 Қонуни мазкур хабарнома ирсол намояд.

5. Чораҳои санҷиши дахлдори муштариён, ки дар моддаи мазкур муқаррар шудаанд, ба ҳамаи муштариёни нав ва мавҷудаи субъекти ҳисоботдиҳанда, бо дар назар доштани санҷиши дахлдори муштарӣ, ки қаблан гузаронда шудааст ва дараҷаи хавф, татбиқ мегарданд. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда санҷиши дахлдори чунин муносибатҳои ҷойдоштаро дар вақти муносиб гузаронда, қаблан замони андешидани чунин чораҳо ва дурустии маълумоти дастрасшударо ба назар мегиранд.

6. Ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда кушодани суратҳисоб ба соҳибони номаълум ё пеш бурдани суратҳисобҳои мавҷуда ба номҳои сохта манъ мебошад.

7. Санҷиши дахлдори муштарӣ, ки дар моддаи мазкур муқаррар шудааст, тибқи дастурамали қабулнамудаи мақоми ваколатдор амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 10. Ба анҷом расондани санҷиши дахлдори муштарӣ баъд аз ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ

Санҷиши дахлдори муштарӣ ва молик-бенефитсиар метавонад бо риояи муқаррароти моддаи 9 Қонуни мазкур баъди ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ба анҷом расонда шавад, ба шарте ки:

1) он барои халалдор накардани раванди муқаррарии пешбурди фаъолияти хоҷагӣ зарур бошад;

2) субъекти ҳисоботдиҳанда расмиёти идоракунии хавфҳоро нисбат ба шароите ҷорӣ намудааст, ки дар доираи он муштарӣ метавонад муносибатҳои кориро пеш аз санҷиш истифода барад;

3) хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом баланд набуда, самаранок танзим мегарданд;

4) раванди санҷиш дар кӯтоҳтарин муҳлати оқилона ба анҷом расонда мешавад.

Моддаи 11. Чораҳои содашудаи санҷиши дахлдори муштарӣ

1. Ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда иҷозат дода мешавад, ки нисбат ба тадбирҳои дар қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинигардида чораҳои содашудаи санҷиши дахлдори муштариро тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор татбиқ намоянд, агар дараҷаи пасти хавфи қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муқаррар шуда, яке аз шартҳои зерин мавҷуд бошад:

1) муштарӣ мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилот (корхона, муассиса)-и таъсисдодаи давлат ё субъекти ҳисоботдиҳанда мебошад;

2) муштарӣ ҷамъияти саҳомие мебошад, ки саҳмияҳояш дар биржаи фондӣ савдо мешаванд ва нисбат ба он талабот оид ба ифшои иттилооти тибқи қоидаҳои биржаи фондӣ ё қонунгузорӣ ва (ё) ба воситаи чораҳои иҷрояшон ҳатмӣ татбиқ мегардад, ки мутобиқи он барои таъмин намудани шаффофияти моликбенефитсиар уҳдадор гардидааст;

3) муштарӣ шахси воқеӣ буда, амалиёт бо он воқеан хавфи паст дорад.

2. Чораҳои содашудаи роҳандозишаванда бояд ба омилҳои хавфи пасти ошкоршуда муносиб бошанд.

3. Муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегарданд:

1) агар оид ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом шубҳа мавҷуд бошад;

2) нисбат ба муштарӣ ё амалиёт имкони татбиқи сенарияҳои мушаххаси хавфи баланд мавҷуд бошад.

4. Мақоми ваколатдор дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори назоратӣ нисбат ба чораҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда метавонад истисно муқаррар намояд ё татбиқи чораҳои содашудаи санҷиши дахлдори муштариро ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда иҷозат диҳад, агар баъди таҳлили лозимӣ аз тарафи ин мақомот дараҷаи пасти хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ошкор гардида бошад.

Моддаи 12. Чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштарӣ

Субъектҳои ҳисоботдиҳанда нисбат ба муштариён ва амалиётҳое, ки дорои хавфи баланди қонунигардонӣ (расмикунонӣ)и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мебошанд, уҳдадоранд чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштариро, ки мутаносиб ба хавфҳои баланди ошкоршуда мебошанд, татбиқ намоянд.

Моддаи 13. Уҳдадории субъектҳои ҳисоботдиҳанда вобаста ба муайян намудани шахсони мансабдори оммавӣ

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда илова ба чораҳои санҷиши дахлдори муштарӣ, ки дар қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур зикр гардидаанд, уҳдадоранд:

1) барои ошкор намудани шахсони мансабдори оммавӣ аз байни муштариён ва молик-бенефитсиарҳо, ки ба онҳо хизмат расонда мешавад ё барои хизматрасонӣ қабул карда мешаванд, низоми идоракунии хавфҳоро истифода баранд;

2) муштариён ва молик-бенефитсиарҳоро, ки шахсони мансабдори оммавӣ ҳастанд ё шахсони мансабдори оммавӣ шудаанд, танҳо дар асоси иҷозати хаттии роҳбари субъекти ҳисоботдиҳанда ё муовини ӯ, инчунин роҳбари воҳиди сохтории алоҳидаи субъекти ҳисоботдиҳанда, ки ба он аз ҷониби роҳбари субъекти ҳисоботдиҳанда ё муовини ӯ ваколатҳои дахлдор дода шудаанд, барои хизмат қабул кунанд ё хизматрасониро ба онҳо идома диҳанд;

3) барои муайян намудани манбаи пайдоиши маблағҳои пулӣ ва молу мулки дигари муштариён ва молик-бенефитсиарҳо, ки шахсони мансабдори оммавӣ мебошанд, чораҳои асоснок ва дастрас андешанд;

4) мониторинги мунтазаму қатъии ин муносибатҳоро амалӣ намоянд.

2. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд чораҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкурро инчунин нисбат ба шахсони зерин татбиқ намоянд:

1) хешовандони наздики шахсони мансабдори оммавӣ (зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, инчунин шахсони дигаре, ки аз рӯйи маълумоти пешниҳоднамудаи онҳо ё маълумоти дастрас бо шахси мансабдори оммавӣ ба таври доимӣ якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд);

2) шахсоне, ки аз номи шахсони мансабдори оммавӣ амал мекунанд.

Моддаи 14. Кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд

1. Субъекти ҳисоботдиҳанда ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ва (ё) анҷом додани амалиёт ва аҳд бо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла субъектҳои ҳисоботдиҳанда, ки аз кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд мебошанд, уҳдадор аст чораҳои қатъии санҷиши дахлдор ва чораҳои дигари ба хавфҳо мувофиқро татбиқ намояд.

2. Мақоми ваколатдор ва мақомоти назоратӣ чораҳои ҷавобии ба хавфҳо мувофиқро барои ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ва (ё) анҷом додани амалиёт ва аҳд бо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд тибқи дархости Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) ё ташкилотҳои байналмилалии дигар, инчунин новобаста аз мавҷудияти чунин дархост татбиқ менамоянд.

3. Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшавандаро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

Моддаи 15. Истифодаи тарафҳои сеюм барои гузарондани чораҳои санҷиши дахлдори муштарӣ

Субъектҳои ҳисоботдиҳанда метавонанд барои гузарондани чораҳои санҷиши дахлдори муштарӣ, ки дар бандҳои 1) - 4) қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, миёнаравон ё тарафҳои дигари сеюмро истифода баранд. Дар чунин ҳолат масъулияти ниҳоӣ барои андешидани чораҳои мазкур оид ба санҷиши дахлдори муштариён ба зиммаи субъекти ҳисоботдиҳанда, ки аз хизматрасонии тарафи сеюм истифода мебарад, вогузор мегардад. Шартҳое, ки тибқи онҳо субъекти ҳисоботдиҳанда метавонад барои гузарондани санҷиши дахлдори муштарӣ аз хизматрасонии миёнаравон ё тарафҳои дигари сеюм истифода барад, бо дастурамали қабулнамудаи мақоми ваколатдор муайян карда мешаванд.

Моддаи 16. Нигоҳдории маълумоту ҳуҷҷатҳо дар бораи амалиёт ва муштариён

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд маълумоту ҳуҷҷатҳои зеринро на камтар аз панҷ сол баъд аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ бо муштарӣ, баста шудани суратҳисоб ё анҷом додани аҳди якдафъаина нигоҳдорӣ намоянд:

1) маълумот, мукотибаи корӣ, беруннавис оид ба суратҳисобҳо ва нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки дар натиҷаи гузарондани санҷиши дахлдори муштарӣ мутобиқи Қонуни мазкур гирифта шудаанд;

2) маълумоту ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳамаи амалиёт (аҳд)-и гузарондашуда;

3) натиҷаи таҳлилҳои гузарондаи амалиёт (аҳд)-и муштариён;

4) маълумоту ҳуҷҷатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом пешбинӣ намудааст.

2. Маълумоту ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда бояд дар ҳаҷми кофие нигоҳдорӣ шаванд, ки барои барқарор кардани амалиётҳои алоҳида ё пайгирӣ намудани воситаҳо имкон диҳанд, то ин ки дар ҳолати зарурӣ онҳо зимни тафтиш ва мурофиаи судӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун далел ҳисобида шаванд. Маълумоту ҳуҷҷатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба мақомоти салоҳиятдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 17. Хусусиятҳои татбиқи меъёрҳои Қонуни мазкур аз ҷониби субъектҳои алоҳидаи ҳисоботдиҳанда

Талаботи моддаҳои алоҳидаи Қонуни мазкур нисбат ба субъектҳои ҳисоботдиҳандаи дар моддаи мазкур муқарраршуда дар ҳолатҳои зерин татбиқ мегарданд:

1) шахсоне, ки ба таври касбӣ амалиётҳоро бо молу мулки ғайриманқул анҷом медиҳанд, талаботи дар моддаҳои 9-16 Қонуни мазкур пешбинишударо дар ҳолате иҷро мекунанд, ки агар онҳо амалиёти хариду фурӯши молу мулки ғайриманқулро барои муштариёни худ анҷом диҳанд;

2) шахсоне, ки ба таври касбӣ металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз онҳо, инчунин шикастапораҳои ин маснуотро хариду фурӯш мекунанд, талаботи дар моддаҳои 9-16 ва 18 Қонуни мазкур пешбинишударо дар ҳолате иҷро мекунанд, ки агар онҳо бо муштарӣ амалиётро бо маблағҳои пулӣ ба маблағи баробар ба ҳадди муқарраршуда ё зиёда аз он анҷом диҳанд;

3) ташкилотҳо ва субъектҳои дигаре, ки тотализатор ва идораҳои букмекерӣ доранд, инчунин бозии лото, лоторея ва бозиҳои дигар, аз ҷумла дар шакли электронӣ мегузаронанд, ки дар онҳо фонди ҷоизавӣ аз маблағҳои ҷалбшудаи иштирокдорони он таъсис дода мешавад, талаботи дар моддаҳои 9-16 Қонуни мазкур пешбинишударо дар ҳолате иҷро мекунанд, ки агар онҳо амалиёт бо маблағҳои пулиро бо муштарӣ баробар ба маблағи ҳадди муқарраршуда ё зиёда аз он анҷом диҳанд.

Моддаи 18. Хабар додан дар бораи амалиёт ё аҳди шубҳанок

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд ба мақоми ваколатдор дар бораи ҳама гуна амалиёту аҳди шубҳанок, ки муштариёнашон анҷом додаанд, ё дар бораи ҳама гуна кӯшиши анҷом додани амалиёту аҳди шубҳанок фавран бо тартиби муқарраркардаи мақоми ваколатдор хабар диҳанд.

2. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба мақоми ваколатдор дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок дар ҳолатҳое хабар медиҳанд, ки агар:

1) асосҳои оқилонаи шубҳанокӣ ҷой дошта бошанд, ки молу мулк (воситаҳо) даромади бо роҳи ҷиноят бадастоварда, аз ҷумла аз ҳисоби ҷиноятҳои асосӣ мебошанд ё амалиёт ва аҳд бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ё маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд мебошанд;

2) яке аз тарафҳои амалиёт ё аҳд шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки нисбат ба он маълумот ё асосҳои оқилонаи шубҳанокӣ вуҷуд доранд, ки он дар фаъолияти террористӣ ё паҳнсозии силоҳи қатли ом иштирок мекунад, ё шахси ҳуқуқии бевосита ё бавосита дар моликият ё зери назорати чунин шахсон қарордошта ё шахси воқеии аз ном ё бо супориши чунин ташкилотҳо ё шахсон амалкунанда мебошад, дар ҳолатҳое, ки агар чунин шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба рӯйхати таҳримҳо дохил набошад.

3. Хабар дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок, аз ҷумла дар бораи кӯшиши анҷом додани амалиёту аҳди шубҳанок бояд новобаста ба маблағи амалиёт (аҳд)-и анҷомдода ё анҷомдодашаванда фиристода шавад.

4. Тартиби пешниҳоди хабарнома дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок, инчунин феҳристи аломатҳои амалиёту аҳди шубҳанокро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

5. Субъекти ҳисоботдиҳанда тибқи дархости мақоми ваколатдор бо мақсади ба он пешниҳод намудани иттилооти иловагӣ дар бораи амалиётҳо ё аҳде, ки дар бораашон мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур хабарнома ирсол гардида буд ва интиқоли ҳуҷҷатҳои ба ин амалиётҳо тааллуқдошта фавран ҳамкориро ба роҳ мемонад.

Моддаи 19. Амалиёти ҳатман назоратшаванда

1. Амалиёт бо молу мулк (воситаҳо) ҳатман назорат карда мешавад, агар он аз рӯйи хусусияти худ ба яке аз намудҳои амалиётҳое, ки онҳоро мақоми ваколатдор ҳамчун амалиёти ҳатман назоратшаванда муайян кардааст, тааллуқ дошта бошад.

2. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд ба мақоми ваколатдор дар бораи амалиёти ҳатман назоратшаванда иттилоот пешниҳод намоянд. Намудҳои амалиёти ҳатман назоратшаванда ва тартиби пешниҳоди иттилоот дар бораи онҳо бо дастурамали қабулнамудаи мақоми ваколатдор муайян карда мешаванд.

Моддаи 20. Боздоштани амалиёт

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда амалиёту аҳди дар қисми 2 моддаи 18 Қонуни мазкур зикршударо, ба истиснои амалиёти ба суратҳисоб ворид кардани маблағҳои пулии ба суратҳисоби шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ воридшуда ба муҳлати се рӯзи корӣ аз санае, ки фармоиши муштариён оид ба анҷом додани онҳо бояд иҷро шавад (дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор), бозмедоранд ва фавран на дертар аз бисту чор соат баъд аз боздоштани амалиёт ба мақоми ваколатдор иттилоот пешниҳод менамоянд.

2. Ҳангоми дар ҷараёни давомияти муҳлати боздории дар қисми 1 моддаи мазкур муқарраршуда нагирифтани қарори мақоми ваколатдор оид ба боздоштани амалиёти дахлдор, ки тибқи қисми 5 моддаи мазкур қабул гардидааст, субъектҳои ҳисоботдиҳанда амалиёт ё аҳдро бо фармоиши муштарӣ ба анҷом мерасонанд, агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дигаре оид ба маҳдудкунии амалӣ намудани он қабул нашуда бошад.

3. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда иҷро кардани фармоиши муштариро оид ба анҷом додани амалиёт ё аҳд, ки аз рӯйи он ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба қайд гирифтани иттилоот мутобиқи талаботи Қонуни мазкур пешниҳод нашудаанд ё маълумоти нодуруст пешниҳод шудааст, рад менамоянд ва масъалаи ба мақоми ваколатдор фиристодани хабарномаро мутобиқи моддаи 18 Қонуни мазкур баррасӣ менамоянд.

4. Боздоштани амалиётҳо мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ва рад кардани иҷрои амалиётҳо мутобиқи қисми 3 моддаи мазкур ҷиҳати ба миён омадани ҷавобгарии ҳуқуқии мадании субъекти ҳисоботдиҳанда барои риоя накардани шартҳои шартномаи дахлдор асос шуда наметавонад, ба истиснои беасос ҳисобидани чунин боздошт ва радкунӣ.

5. Мақоми ваколатдор дар бораи ба муҳлати то понздаҳ рӯзи корӣ боздоштани амалиёт ва аҳде, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр гардидаанд, қарор қабул менамояд, агар иттилооте, ки он аз субъекти ҳисоботдиҳанда мутобиқи қисми 2 моддаи 18 Қонуни мазкур гирифтааст, аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши пешакӣ асоснок ҳисобида шавад. Мақоми ваколатдор метавонад қарорро дар бораи ба муҳлати то понздаҳ рӯзи корӣ боздоштани амалиёт ва аҳд, инчунин ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои шубҳа ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ё ба ҷиноятҳои асосӣ, новобаста ба ҳама гуна ҳолат, қабул намояд.

6. Иҷрои қарори мақоми ваколатдор дар бораи боздоштани амалиёт ва аҳд аз ҷониби ҳамаи субъектҳои ҳисоботдиҳанда ҳатмӣ мебошад.

7. Дар рӯзи қабул гардидани қарор дар бораи боздоштани амалиёт ё аҳд мақоми ваколатдор рӯзи қатъ гардидани амали қарори мазкурро ба субъекти ҳисоботдиҳанда хабар медиҳад.

8. Мақоми ваколатдор қарорро дар бораи боздоштани амалиётҳо бо маблағҳои пулӣ ва молу мулки дигар фавран бекор мекунад, агар иттилооти мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур гирифтаашро аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши пешакӣ беасос эътироф намояд.

Моддаи 21. Уҳдадориҳо оид ба ғайрифаъолгардонии молу мулк (воситаҳо)-и шахсоне, ки ба рӯйхати таҳримҳо дохил карда шудаанд

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд бе таъхир ва бе огоҳии пешакӣ амалиёт (аҳд) ва молу мулк (воситаҳо)-и шахсон ва ташкилотҳоро, ки ба рӯйхати таҳримҳо дохил шудаанд, ғайрифаъол намоянд.

2. Ғайрифаъол карда мешаванд:

1) молу мулк (воситаҳо)-е, ки барои содир кардани фаъолияти террористӣ, маблағгузории терроризм, террористони алоҳида ё ташкилотҳои террористӣ, инчунин барои паҳнсозии силоҳи қатли ом истифода ё пешбинӣ шудаанд;

2) молу мулк (воситаҳо)-е, ки дар моликият ё моликияти умумӣ, ё таҳти назорати бевосита ё бавоситаи (тариқи шахсони дигар) шахсон ва ташкилотҳои ба рӯйхати таҳримҳо дохилшуда қарор доранд;

3) молу мулк (воситаҳо)-е, ки аз молу мулк (воситаҳо)-и бевосита ё бавосита таҳти моликият ё таҳти назорати шахсон ва ташкилотҳои ба рӯйхати таҳримҳо дохилшуда гирифта ё истеҳсол шудаанд;

4) молу мулк (воситаҳо)-и шахсон ва ташкилотҳо, ки аз ном ё бо супориши шахсон ва ташкилотҳои ба рӯйхати таҳримҳо дохилшуда амал мекунанд.

3. Амалиёт (аҳд) ва молу мулк (воситаҳо)-и шахс ё ташкилоте, ки ба рӯйхати таҳримҳо дохил шудаанд, ба муҳлати номуайян ғайрифаъол карда мешаванд ва ҳангоми хориҷ кардани шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз рӯйхати таҳримҳо ё дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол гардонда мешаванд.

4. Ғайрифаъолгардонии амалиёт (аҳд) ва молу мулк (воситаҳо)и шахс ва ташкилоти ба рӯйхати таҳримҳо дохилшуда ҷиҳати ба миён омадани ҷавобгарии ҳуқуқии мадании субъектҳои ҳисоботдиҳанда барои вайрон кардани шартҳои шартномаҳои дахлдор асос намебошад. Ҳангоми татбиқ намудани чораҳои манъсозӣ ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони бовиҷдони сеюм, ки оқилона ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, таъмин карда мешавад.

5. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда бевосита ё бавосита, пурра ё қисман пешниҳод кардани ягон молу мулк (воситаҳо), захираҳои иқтисодӣ, хизматрасонии молиявӣ ё хизматрасонии дахлдори дигар ба манфиати шахсон ва ташкилотҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати таҳримҳо дохилшуда, ташкилотҳое, ки бевосита ё бавосита таҳти моликият ё таҳти назорати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба рӯйхати таҳримҳо дохил шудаанд ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аз ном ё бо супориши шахсон ва ташкилоти амалкунанда, ки ба рӯйхати таҳримҳо дохиланд, манъ мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

6. Тартиби гузарондани чорабиниҳоро оид ба ғайрифаъолгардонӣ ва фаъол гардондани воситаҳои молиявӣ ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, бо пешниҳоди мақоми ваколатдор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Моддаи 22. Манъи додани иттилоот ба муштариён ва шахсони дигар дар бораи чораҳое, ки доир ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда, роҳбарон ё кормандон (доимӣ ва муваққатӣ)-и онҳо дар вақти фиристодани огоҳинома ё пешниҳоди иттилоот ба мақоми ваколатдор ё мақомоти назоратӣ ҳуқуқ надоранд, ки муштариёни худ ё шахсони дигарро дар ин хусус хабардор намоянд.

2. Пешниҳоди иттилоот ва ҳуҷҷатҳо ба мақоми ваколатдор ё мақомоти назоратӣ аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда, филиалҳо, роҳбарон ё кормандони онҳо риоя накардани сирри хизматӣ, бонкӣ, андозӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда ҳисобида намешавад ва боиси ҷавобгарии маданӣ, интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ намегардад.

БОБИ 4. БАРНОМАҲОИ НАЗОРАТИ ДОХИЛӢ ДАР СУБЪЕКТҲОИ ҲИСОБОТДИҲАНДА, ФИЛИАЛҲОИ ХОРИҶӢ ВА КОРХОНАҲО (ҶАМЪИЯТҲО)-И ФАРЪИИ ОНҲО

Моддаи 23. Барномаҳои назорати дохилӣ дар субъектҳои ҳисоботдиҳанда, филиалҳои хориҷӣ ва корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръии онҳо

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд барномаҳоеро, ки барои иҷрои самараноки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом имкон медиҳанд, бо дар назар доштани хавфҳое, ки мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур ва хусусияти фаъолияти ташкилот муайян шудаанд, таҳия ва амалӣ намоянд. Барномаҳои мазкур бояд инҳоро дар бар гиранд:

1) расмиёт ва қоидаҳои дохилӣ оид ба санҷиши дахлдори муштарӣ ва нигоҳдории маълумоте, ки дар натиҷаи чунин санҷиш ба даст омадаанд;

2) тартиб ва дастур оид ба назорати амалиёту аҳд ва ошкор кардани амалиёту аҳди шубҳанок, инчунин амалиёту аҳди ҳатман назоратшаванда;

3) расмиёти интихоб ва санҷиш ҳангоми киро кардани кормандон;

4) талабот барои омодасозӣ ва таълими кормандон, барномаи таълимии кормандон;

5) на камтар аз як маротиба дар ду сол омодасозӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

6) тартиби аудити дохилӣ ё берунаи мустақил барои санҷиши низоми чораҳои назорати дохилӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар субъекти ҳисоботдиҳанда;

7) талабот нисбат ба шахси масъул (мутахассиси комплаенс (мувофиқа) ва шахсони ӯро ивазкунанда, ки барои риояи барномаву қоидаҳои назорати дохилӣ дар самти қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом масъул мебошанд;

8) амалӣ намудани чораҳо доир ба таъмини иҷрои дахлдори уҳдадориҳо оид ба ғайрифаъолгардонии молу мулк (воситаҳо)-и шахсоне, ки ба рӯйхати таҳримҳо дохил карда шудаанд.

2. Гурӯҳҳои молиявӣ ва гурӯҳҳои ба онҳо монанди субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд дар сатҳи гурӯҳ барномаҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро, ки нисбат ба ҳамаи филиалу намояндагиҳо, корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръӣ бо иштироки назораткунанда амал мекунанд, татбиқ намоянд. Чунин барномаҳо, илова ба чораҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда, ҳамчунин инҳоро бояд дар бар гиранд:

1) расмиёт ва қоидаҳо оид ба мубодилаи иттилоот дар сатҳи гурӯҳ, ки барои мақсадҳои санҷиши дахлдори муштариён ва идоракунии хавфҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом зарур мебошанд;

2) дар сатҳи гурӯҳ таъмин намудани мутобиқати низоми чораҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аудит ва вазифаҳои дахлдори дигар дар сатҳи гурӯҳӣ, пешниҳоди маълумот дар бораи муштариён, суратҳисобҳо ва амалиётҳои аз филиалу корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръӣ гирифташуда ҳангоми зарур будани он барои мақсадҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

3) кафолатҳои таъмини муносиби маҳрамият ва истифодаи иттилооти гирифташуда.

3. Иттилооти дар банди 2) қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда иттилоот ва маълумоти таҳлилӣ оид ба амалиётҳо ва навъҳои фаъолиятеро, ки ғайримуқаррарӣ мебошанд, дар бар мегиранд, ба шарте ки чунин таҳлил гузаронда шуда бошад. Филиалҳо ва корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръӣ бояд чунин иттилоотро аз сохторҳои дахлдор дар сатҳи гурӯҳи молиявӣ гиранд, агар он барои мақсадҳои идоракунии хавфҳо зарур ва ба мақсад мувофиқ бошад. Мақоми ваколатдор метавонад андозаи иттилооти дар доираи гурӯҳи молиявӣ пешниҳодшавандаро вобаста ба маҳрамияти иттилоот, инчунин аҳаммияти он барои мақсадҳои идоракунии хавфҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян кунад.

4. Субъекти ҳисоботдиҳанда бояд аз ҷониби филиалу корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръӣ ва вобастаи хориҷии он татбиқ шудани чораҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро, ки ба талаботи Қонуни мазкур мувофиқ мебошанд, таъмин намояд, агар талаботи ҳадди ақали қонунгузории кишвари ҷойгиршавии филиалу корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръӣ ё вобастаи он нисбатан сабуктар буда, инро қонуну санадҳои меъёрии кишвари ҷойгиршавии онҳо иҷозат диҳанд. Дар ҳолате, ки агар қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар кишвари ҷойгиршавии филиалу корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръӣ ё вобастаи субъекти ҳисоботдиҳанда татбиқи талаботи Қонуни мазкурро манъ намоянд ё монеаи он гарданд, он гоҳ гурӯҳҳои молиявӣ бояд чораҳои иловагии мақсаднокро барои идоракунии ин хавфҳо андешида, дар ин хусус мақомоти дахлдори назоратӣ ва мақоми ваколатдорро огоҳ намоянд.

5. Таҳвилгарони хизматрасонии пардохтӣ, ки фаъолияти агенти бонкии пардохтиро амалӣ менамоянд, уҳдадоранд агентҳо (субагентҳо)-и бонкии пардохтии худро ба барномаҳои худ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дохил кунанд.

6. Талаботи умумӣ нисбат ба барномаҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян карда мешавад.

БОБИ 5. ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ ДИГАР

Моддаи 24. Бонкҳои ниҳонӣ

Таъсис ва пешбурди фаъолияти бонкҳои ниҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.

Моддаи 25. Муносибатҳои муросилотии бонкӣ

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкӣ ё муносибатҳои дигари ба онҳо монанд уҳдадоранд:

1) маълумоти кофӣ дар бораи респондент ҷамъоварӣ намоянд, то ки хусусияти фаъолияти иқтисодии онро пурра донанд, инчунин дар асоси иттилооти дастрасиаш умум нуфузу эътибор ва сифати назоратро, аз ҷумла дар бораи он, ки оё он объекти тафтиш ё танзим вобаста ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом буд ё не муайян намояд;

2) механизмҳои назорати муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли оми респондентро баҳо диҳанд;

3) қабл аз ба роҳ мондани чунин муносибатҳои нав ризоияти роҳбар ё шахси ивазкунандаи ӯро гиранд;

4) уҳдадориҳои тарафҳоро оид ба пешгирии қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар созишнома бо респондент дақиқ муайян намоянд.

2. Агар дар муносибатҳои муросилотии бонкӣ суратҳисобҳои транзитӣ истифода шаванд, субъекти ҳисоботдиҳанда бояд боварӣ ҳосил намояд, ки бонки респондент уҳдадориҳоро оид ба гузарондани санҷиши дахлдори муштариёне, ки ба суратҳисоби бонки муросил дастрасии бевосита доранд, иҷро менамояд, инчунин маълумоти зимни чунин санҷиши дахлдори муштариён бадастоварда метавонад дар асоси дархост ба бонки муросил пешниҳод карда шавад.

3. Ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкӣ бо бонкҳои ниҳонӣ ё идома додани чунин муносибатҳо манъ аст. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки ташкилотҳои молиявӣ-респондентҳо истифода намудани суратҳисобҳои худро ба бонкҳои ниҳонӣ иҷозат намедиҳанд.

Моддаи 26. Чораҳое, ки нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва созмонҳои ҳуқуқии хориҷӣ татбиқ мегарданд

1. Шахсони ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба қайд гирифта шудаанд, уҳдадоранд:

1) иттилооти дурустро дар бораи шахси воқеӣ, ки моликбенефитсиари он мебошанд, дар асоси иттилооти мавҷуда ва дастрас ташаккул дода, мунтазам онро нав намоянд;

2) иттилоот дар бораи молик-бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ, инчунин иттилооти дигари дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавҷудбударо на камтар аз панҷ сол аз рӯзи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё ба тариқи дигар қатъ гардидани амали он нигоҳ доранд;

3) ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар бораи ҳар гуна тағйироти иттилооти асосӣ ё иттилоот дар бораи молик-бенефитсиар бо тартиб ва муҳлатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда хабар диҳанд.

2. Дорандагони феҳристи ҷамъияти саҳомӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ (дар ҳолате, ки пешбурд ва нигоҳдории феҳристи саҳмдоронро мустақилона таъмин менамоянд) уҳдадоранд:

1) феҳристи саҳмиядорони ҷамъияти саҳомиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда, онро мунтазам нав намоянд;

2) феҳристро на камтар аз панҷ сол аз санаи барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ нигоҳ доранд.

3. Шахсони ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба қайд гирифта шудаанд, инчунин дорандагони феҳристи ҷамъияти саҳомӣ уҳдадоранд дар асоси дархост иттилооти дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинишударо ба мақоми ваколатдор ё мақомоти дигари давлатӣ пешниҳод намоянд.

4. Мудирон ва сарпарастони созмони ҳуқуқии хориҷӣ, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ таъсис ёфта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, уҳдадоранд ба субъектҳои дахлдори ҳисоботдиҳанда оид ба ҳолат (мақом)-и худ, инчунин оид ба муассис, молик-бенефитсиар ва молу мулк (воситаҳо)-и барои назорат ва идоракунӣ қабулнамуда ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ё анҷом додани амалиёти якдафъаина ба маблағи баробар ё зиёда аз ҳадди аз ҷониби мақоми ваколатдор муайяншуда маълумот диҳанд.

Моддаи 27. Чораҳое, ки нисбат ба сохторҳои ғайритиҷоратӣ татбиқ мегарданд

1. Назорати фаъолияти сохторҳои ғайритиҷоратӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба таври зерин амалӣ мегардад:

1) нисбат ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ - аз тарафи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) нисбат ба ташкилотҳои динӣ - аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин;

3) нисбат ба шаклҳои дигари сохторҳои ғайритиҷоратӣ - аз тарафи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Бо ҳамоҳангсозии комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ мақомоти назораткунандаи сохторҳои ғайритиҷоратӣ якҷо бо мақоми ваколатдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мунтазам хавфҳои маблағгузории терроризмро нисбат ба сохторҳои ғайритиҷоратие, ки ба ҷамъоварӣ ё пешниҳоди маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар барои мақсадҳои хайриявӣ, динӣ, фарҳангӣ, таҳсилотӣ, иҷтимоӣ ё ҷамъиятӣ, ё барои амалӣ намудани корҳои дигар машғул мебошанд, баҳодиҳӣ менамоянд.

3. Мақомоти назораткунандаи сохторҳои ғайритиҷоратӣ:

1) аз рӯйи натиҷаҳои баҳодиҳии хавфҳои маблағгузории терроризм номгӯйи сохторҳои ғайритиҷоратиеро, ки дорои хавфи истифода дар маблағгузории терроризм мебошанд, муайян мекунанд ва дар асоси баҳодиҳии хавфҳо барои назорати сохторҳои ғайритиҷоратӣ чораҳои ба дараҷаи хавф асосёфтаро таҳия мекунанд;

2) барои коҳиш додани хавфҳои ошкоршуда чораҳо меандешанд, аз ҷумла дар байни сохторҳои ғайритиҷоратие, ки дорои хавфи истифода шудан дар маблағгузории терроризм мебошанд, чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Моддаи 28. Чораҳо оид ба ошкор ва пешгирӣ кардани интиқоли ғайриқонунии пули нақд ва воситаҳои гардони манзурӣ

1. Интиқоли пули нақд ва воситаҳои гардони манзурӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин назорати ҳамлу нақли онҳо бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, сурат мегирад.

2. Мақомоти гумрук иттилоот дар бораи пули нақд ва воситаҳои гардони манзурии эъломияшуда ё бо тариқи дигар ошкоршуда, ки тавассути сарҳади гумрукӣ интиқол дода мешаванд, аз ҷумла маблағи он ва маълумоти мушаххаскунандаи шахсияти шахси интиқолдиҳандаи онҳоро дар ҳолатҳои зерин ҷамъоварӣ ва ба муҳлати на камтар аз панҷ сол нигоҳдорӣ менамоянд:

1) ҳангоме, ки маблағи дар эъломияи ҳатмии хаттӣ нишондодашуда аз маблағи ҳадди ақали барои эъломиякунонӣ муқарраршуда зиёд бошад;

2) ҳангоми дар эъломия нодуруст нишон додани маблағи пули нақд ва воситаҳои гардони манзурии тавассути сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда;

3) ҳангоми шубҳа доштан ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом.

3. Иттилооти дар қисми 2 моддаи мазкур зикргардида бояд ба мақоми ваколатдор дастрас ва бо дархости он пешниҳод карда шавад.

БОБИ 6. НАЗОРАТ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

Моддаи 29. Мақомоти назоратӣ

Танзими давлатӣ ва назорат дар самти пешгирии қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва муқовимат ба онҳо мутобиқи Қонуни мазкур аз тарафи мақомоти назоратии зерин сурат мегирад:

1) аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба:

а) ташкилотҳои қарзии молиявӣ;

б) ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва брокерҳои суғуртавӣ;

в) нуқтаҳои мубодилаи асъор;

2) аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба:

а) иштирокдорони касбии бозори коғазҳои қиматнок;

б) биржаҳои мол ё биржаҳои дигаре, ки бо мол амалиёти молиявӣ мегузаронанд;

в) ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторҳои инфиродӣ;

г) муҳосибони касбӣ ва ташкилотҳои муҳосибӣ;

д) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба таври касбӣ металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз онҳо, инчунин шикастапораҳои ин гуна маснуотро хариду фурӯш мекунанд;

е) гаравхонаҳо;

ж) ташкилотҳо ва субъектҳои дигаре, ки тотализатор ва идораҳои букмекерӣ доранд, инчунин бозии лото, лоторея ва бозиҳои дигар, аз ҷумла дар шакли электронӣ мегузаронанд, ки дар онҳо фонди ҷоизавӣ аз маблағҳои ҷалбшудаи иштирокдорони он таъсис дода мешавад;

3) аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки амалиёти нотариалӣ анҷом медиҳанд;

4) аз тарафи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ташкилотҳои алоқаи почта;

5) аз тарафи мақоми ваколатдор нисбат ба субъектҳои дигари ҳисоботдиҳанда, ки барои онҳо Қонуни мазкур мақомоти назоратӣ муайян накардааст.

Моддаи 30. Вазифаҳо ва ҳуқуқҳои мақомоти назоратӣ

1. Дар доираи ваколатҳои соҳавӣ мақомоти назоратӣ дорои вазифаҳои зерин мебошанд:

1) фаъолияти субъектҳои ҳисоботдиҳандаро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом танзим менамоянд;

2) аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда риоя шудани талаботи Қонуни мазкур, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро назорат менамоянд ва месанҷанд;

3) нисбат ба субъектҳои ҳисоботдиҳандаи назоратшаванда барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор меандешанд;

4) бо мақомоти ваколатдори дахлдори дигар ҳамкорӣ ва табодули иттилоот намуда, ҳангоми зарурат дар баррасии парвандаҳо, расмиёти ҳалли қоидавайронкуниҳо ва даъвоҳо оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳангоми ворид шудани дархости дахлдор мусоидат менамоянд;

5) дастурҳои роҳбарикунанда қабул карда, барои расондани ёрӣ ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда дар татбиқи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, аз ҷумла дар ошкор кардани амалиёту аҳди шубҳанок ва пешниҳоди маълумот дар бораи онҳо, инчунин баҳодиҳии хавфҳои худ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаи мутақобилро таъмин менамоянд;

6) бо ташаббуси худ ва дар муҳлати кӯтоҳтарин дар бораи риоя нашудани талаботи пешниҳоди иттилоот дар бораи амалиёти шубҳанок ё амалиёти ҳатман назоратшавандаи дар моддаҳои 18 ва 19 Қонуни мазкур пешбинигардида, ки дар рафти назорату санҷиши субъектҳои ҳисоботдиҳанда ошкор шудаанд, ба мақоми ваколатдор хабар медиҳанд.

2. Барои амалӣ намудани вазифаҳои худ мақомоти назоратӣ ҳуқуқ доранд:

1) дар ҷойҳои кории субъектҳои ҳисоботдиҳанда, ки таҳти назорати онҳо қарор доранд, бе ризоияти пешакии субъектҳои ҳисоботдиҳанда ё иҷозати ягон мақоми дигар санҷиш гузаронанд;

2) аз субъектҳои ҳисоботдиҳандаи назоратшаванда дилхоҳ иттилооту ҳуҷҷатҳои барои назорату санҷиш заруриро талаб намоянд ва гиранд;

3) ҳангоми иҷро накардан ё иҷрои номатлуби талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба субъекти ҳисоботдиҳандаи назоратшаванда дастуру амрнома ё фармоиш (фармон) диҳанд ё чораҳои дигари таъсиррасонии дар моддаи 32 Қонуни мазкур пешбинишударо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намоянд;

4) бо мақомоти салоҳиятдори дигар ва контрагентҳои хориҷӣ доир ба масъалаи қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳамкорӣ ва табодули иттилоот намоянд.

Моддаи 31. Муносибати ба хавф нигарондашуда дар фаъолияти назоратӣ

1. Ҳангоми назорат кардани риояи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мақомоти назоратӣ даврият ва амиқии фаъолияти худро дар асоси нишондиҳандаҳои зерин муайян мекунанд:

1) хавфҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва чораҳои андешидашаванда, механизмҳои назорати дохилӣ ва расмиёти дохилии бо субъектҳои назоратшавандаи ҳисоботдиҳанда ё гурӯҳҳои молиявӣ алоқамандбуда;

2) хавфҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой доранд;

3) тавсифи фаъолияти субъектҳои ҳисоботдиҳандаи назоратшаванда ё гурӯҳҳои молиявӣ, аз ҷумла гуногунӣ ва миқдори субъектҳои ҳисоботдиҳанда, инчунин озодии амал, ки ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда ё гурӯҳҳои молиявӣ дар доираи муносибати ба хавф нигарондашуда дар заминаи баҳодиҳии хавфҳо додашуда, ки дар Қонуни мазкур истифода мешавад.

2. Баҳодиҳии сохтори хавфҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли оми субъекти ҳисоботдиҳанда ё гурӯҳи назоратӣ, аз ҷумла хавфи номутобиқатии меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти назоратӣ давра ба давра, инчунин ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои муҳим ё тағйирот дар соҳаи идоракунӣ ва фаъолияти субъекти ҳисоботдиҳанда ё гурӯҳи молиявӣ гузаронда мешавад.

Моддаи 32. Чораҳои таъсиррасонӣ ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда

1. Мақомоти назоратӣ метавонанд нисбат ба субъектҳои ҳисоботдиҳандаи назоратшаванда, роҳбарон ва шахсони мансабдори онҳо, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом иҷро намекунанд ё номатлуб иҷро мекунанд, чораҳои таъсиррасонии зеринро татбиқ намоянд:

1) оид ба бартараф намудани камбудиҳо дастуру амрнома диҳанд;

2) дар бораи қатъ намудани амали ғайриқонунӣ фармоиш (фармон)-и хаттӣ диҳанд;

3) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъин намоянд;

4) вобаста ба боздоштан ё қатъ кардани амали иҷозатнома ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, ки ба субъекти ҳисоботдиҳанда дода шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораандешӣ намоянд;

5) чораҳои таъсиррасонии дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намоянд.

2. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда метавонанд нисбат ба қарорҳо (санадҳо)-и қабулнамудаи мақомоти назоратӣ оид ба татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ бо тартиби судӣ шикоят намоянд.

Моддаи 33. Дастур, амрнома ва фармоиш (фармон)-и мақомоти назоратӣ

1. Мақомоти назоратӣ ба субъекти ҳисоботдиҳандаи назоратшавандае, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом иҷро намекунанд ё ба таври номатлуб иҷро мекунанд, дар шакли хаттӣ дастуру амрномаҳо медиҳанд.

2. Мақомоти назоратӣ фармоиш (фармон)-ро дар бораи қатъ намудани амали ғайриқонунӣ аз ҷониби субъекти ҳисоботдиҳанда барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ё барои пурра риоя накардан ё сари вақт риоя накардани дастуру амрномаҳо мутобиқи Қонуни мазкур қабул менамоянд.

3. Фармоиш (фармон)-и мақомоти назоратӣ дар бораи қатъ намудани амали ғайриқонунӣ аз ҷониби субъекти ҳисоботдиҳанда метавонад вақте қабул шавад, ки агар хатари ҳуқуқвайронкунӣ мавҷуд бошад. Мақомоти назоратӣ фармоиш (фармон) дар бораи аз ҷониби субъекти ҳисоботдиҳанда қатъ намудани амали ғайриқонунӣ барои қоидавайронкунӣ қабул намекунанд, агар чунин фармоиш (фармон)-и дигар барои ҳамин гуна қоидавайронкунӣ амал кунад.

4. Пеш аз қабул намудани фармоиш (фармон) дар бораи он ки субъекти ҳисоботдиҳанда амали ғайриқонуниро қатъ намояд, мақомоти назоратӣ ба субъекти ҳисоботдиҳанда барои муайян кардани мавқеи худ имкон медиҳанд, агар бинобар зарурати ниҳоӣ чизи дигар талаб нашавад.

5. Дар дастур, амрнома ва фармоиш (фармон) оид ба қатъ намудани амали ғайриқонунӣ аз ҷониби субъекти ҳисоботдиҳанда чораҳое, ки андешидани онҳо ба субъекти ҳисоботдиҳанда зарур мебошанд ва агар зарур бошанд, даврае, ки дар давоми он ин чораҳо бояд андешида шаванд, нишон дода мешавад.

6. Фармоиш (фармон) оид ба қатъ намудани амали ғайриқонунӣ дар шакли хаттӣ таҳия шуда, дар он маълумоти зерин нишон дода мешавад:

1) сана ва маҳалли ба расмият даровардани фармоиш (фармон), инчунин мақоме, ки фармоиш (фармон) қабул намудааст;

2) номи субъекти ҳисоботдиҳандае, ки ба он фармоиш (фармон) дода мешавад, маҳалли ҷойгиршавии он;

3) оид ба ҳуқуқвайронкунӣ ва санади меъёрии ҳуқуқие, ки вайрон карда шудааст;

4) ҳолати ошкор кардани ҳуқуқвайронкунӣ;

5) маълумоти зарурии дигар.

7. Мақомоти назоратие, ки дар бораи қатъ намудани амали ғайриқонунӣ фармоиш (фармон) баровардаанд, метавонанд онро бекор кунанд, муҳлати амали фармоиш (фармон)-ро ба вақти муайян боздоранд ё онро ба дастур ё амрнома иваз намоянд.

Моддаи 34. Боздоштан ё қатъ кардани амали иҷозатнома ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

Мақомоти назоратие, ки ба субъекти ҳисоботдиҳанда иҷозатнома ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ додаанд, метавонанд иҷозатнома ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳии субъекти ҳисоботдиҳандаро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздоранд ё амали онҳоро қатъ намоянд.

БОБИ 7. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

Моддаи 35. Мақоми ваколатдор

1. Мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Вазифаҳои асосии мақоми ваколатдор инҳоянд:

1) ҷамъоварӣ (гирифтан), таҳлил, коркард ва нигоҳдории маълумот дар бораи амалиёт (аҳд)-и шубҳанок ва иттилооти дигаре, ки мутобиқи Қонуни мазкур пешниҳод мегардад;

2) ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ, ки аз алоқамандии амалиёт (аҳд) ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ё маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом шаҳодат медиҳанд, фиристодани иттилооту маводи дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ваколатҳои онҳо;

3) ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори назоратӣ, ки мутобиқи моддаи 29 Қонуни мазкур муайян карда шудаанд;

4) ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ бо контрагентҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) татбиқи чораҳо оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур.

3. Мақоми ваколатдор ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ мустақилона амал карда, аз мақомоти дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста намебошад ва ҳама гуна дахолат ба фаъолияти мақоми ваколатдор ё таъсиррасонӣ ба он аз тарафи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ё шахсони дигар манъ аст.

4. Кормандони мақоми ваколатдор ҳангоми иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур ҳифзу нигоҳдории тамоми иттилооти ба фаъолияти мақоми ваколатдор вобастаро, ки сирри хизматӣ, бонкӣ, андозӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшавандаро дар бар мегирад, таъмин менамоянд ва барои ифшои ғайриқонунии ин маълумот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

5. Мақоми ваколатдор метавонад якҷо бо мақомоти назоратӣ ё мустақилона санҷиши субъектҳои ҳисоботдиҳандаро оид ба риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гузаронад.

Моддаи 36. Ҳуқуқу уҳдадориҳои мақоми ваколатдор

1. Барои амалӣ намудани вазифаҳояш мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад:

1) дилхоҳ иттилооту ҳуҷҷатҳоеро, ки бояд мутобиқи Қонуни мазкур дар субъектҳои ҳисоботдиҳанда ҷамъ гардида, нигоҳ дошта шаванд, дархост намояд;

2) дилхоҳ иттилооту ҳуҷҷатҳоеро, ки мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр доранд ва нигоҳдорӣ мекунанд, барои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дастрас намояд;

3) дар ҳолати ошкор гардидани аломатҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар бораи боздоштани амалиётҳо бо молу мулк (воситаҳо) ба муҳлати муқарраркардаи моддаи 20 Қонуни мазкур қарор қабул намояд;

4) бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ё бо мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом созишномаҳо ба имзо расонад;

5) бо ташаббуси худ ё мутобиқи дархост бо мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин ҷиноятҳои асосӣ табодули иттилоот намояд;

6) бо ташаббуси худ ё мутобиқи дархост бо мақоми салоҳиятдори давлати хориҷӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом табодули иттилоот намояд;

7) дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом иштирок намояд;

8) ҳангоми аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба онҳо огоҳинома дар бораи бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ ирсол намояд;

9) шахсони воқеию ҳуқуқии дорои таҷрибаи илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибаи дигари заруриро барои иштирок дар фаъолияти таҳлилии худ, аз ҷумла барои гузарондани таҳлили экспертӣ, таҳияи дастурамалҳо, гузарондани чорабиниҳои таълимӣ, таҳияи маводи методӣ, таъминоти барномавӣ ва воситаҳои дигари дастгирии иттилоотӣ, инчунин ташкили низоми иттилоотӣ дар соҳаи мониторинги молиявӣ бо шарти риояи дахлдори талаботи ҳифзи сирри хизматӣ, бонкӣ, андозӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда ҷалб намояд;

10) барои пешниҳоди иттилоот оид ба амалиёт (аҳд)-и шубҳанок ё амалиёт (аҳд)-и дигар ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда амрномаю дастурҳо диҳад, инчунин онҳоро дар бораи усулҳо, тамоюлҳо, таҷриба ва аломатҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом огоҳ намояд;

11) ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда дар бораи сифату самаранокии ҳисоботи пешниҳодкардаи онҳо сари вақт фикру мулоҳиза пешниҳод намояд;

12) ба кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ дар бораи усулҳо, таҷриба, тамоюлҳо ва аломатҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом тавассути ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ ва ирсоли ҳуҷҷатҳои дахлдор иттилоот пешниҳод намояд.

2. Зимни иҷрои вазифаҳои худ мақоми ваколатдор уҳдадор аст:

1) риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ ва давлатро дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти худ таъмин намояд;

2) низоми дахлдори нигоҳдорӣ, ҳифзи иттилооти дар рафти фаъолият дастрасшударо, ки сирри хизматӣ, бонкӣ, андозӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда мебошад, таъмин намояд;

3) пешбурди маълумоти омориро дар асоси иттилооте, ки аз мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба масъалаҳои марбут ба самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи моддаи 5 Қонуни мазкур гирифта шудаанд, ба роҳ монад.

Моддаи 37. Уҳдадории мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешниҳоди иттилоот ба мақоми ваколатдор

1. Мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатие, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, уҳдадоранд:

1) иттилооти заруриро ба мақоми ваколатдор барои мониторинги молиявӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор пешниҳод намоянд;

2) низоми дахлдори нигоҳдорӣ ва ҳифзи иттилооти дар рафти ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдор дастрасшударо, ки сирри хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андозӣ ё сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда мебошад, таъмин намоянд;

3) ба мақоми ваколатдор дар бораи натиҷаҳои санҷиш, таҳқиқу тафтише, ки аз рӯйи дархостҳо ва огоҳиномаҳои аз мақоми ваколатдор гирифташуда гузаронда шудаанд, иттилоот пешниҳод намоянд;

4) дастрасии низомҳои иттилоотӣ ва махзани иттилооти худро ба мақоми ваколатдор таъмин намоянд.

2. Мақомоти назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин уҳдадоранд:

1) мақоми ваколатдорро ҳангоми мустақилона ошкор кардани амалиёт (аҳд)-и шубҳаовари марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабардор намоянд;

2) ҳангоми мустақилона ошкор кардан ба мақоми ваколатдор дар бораи вайрон шудани меъёрҳои Қонуни мазкур аз тарафи субъектҳои ҳисоботдиҳанда хабар диҳанд;

3) риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ ва давлатро дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти назоратӣ таъмин намоянд.

3. Пешниҳоди иттилоот аз ҷониби мақомоти давлатӣ ифшои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андозӣ ё сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда намебошад.

БОБИ 8. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

Моддаи 38. Мубодилаи иттилоот ва ёрии ҳуқуқӣ

1. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, ҳамкории байналмилалиро бо контрагентҳои хориҷӣ дар масъалаи пешгирӣ, ошкор ва роҳ надодани қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории силоҳи қатли ом ва ҷиноятҳои асосии дигар таъмин намуда, дар доираи ваколатҳои худ бо контрагентҳои хориҷӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мубодилаи иттилоот анҷом медиҳанд.

2. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, ба контрагентҳои хориҷӣ тибқи дархости онҳо ё бо ташаббуси худ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, маълумоти дахлдор пешниҳод менамоянд.

3. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, барои пешниҳод ё мубодилаи иттилоот ё расондани ёрӣ шартҳои маҳдудкунандаи бедалелу беасос намегузоранд ва бо контрагентҳои хориҷӣ, новобаста ба он, ки онҳо салоҳияти маъмурӣ, ҳифзи ҳуқуқ, судӣ ё дигарро доранд ё дархост ҳамчун дархости марбут ба масъалаҳои фискалӣ баррасӣ мешавад ё на, мубодилаи иттилоот анҷом медиҳанд.

4. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, ҳамаи чораҳои зарурӣ, аз ҷумла чораҳои амниятиро меандешанд, то кафолат дода шавад, ки иттилоот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ба мақомоти дигари давлатӣ ё шахсони дигар бе розигии пешакии контрагенти хориҷӣ, ки иттилоот ё ҳуҷҷат пешниҳод кардааст, дастрас намешаванд.

Моддаи 39. Гирифтани дархост аз контрагенти хориҷӣ ва баррасии он

1. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, афзалиятнокии иҷрои дархостҳо дар бораи пешниҳоди иттилоот аз контрагентҳои хориҷӣ гирифташавандаро муайян намуда, ба ин дархостҳо сари вақт ҷавоб ирсол менамоянд.

2. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, метавонанд ҳар иттилооти ба онҳо дастрасбуда, аз ҷумла иттилооти аз контрагенти хориҷӣ гирифташударо ҷамъоварӣ намуда, мавриди таҳлил ё омӯзиш қарор диҳанд.

3. Ҳангоми пешниҳоди иттилоот ё ҳуҷҷатҳо ба контрагенти хориҷӣ мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, метавонанд ифшои иттилоотеро, ки метавонад ба манфиатҳои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тафтиши парвандаи ҷиноятии аз тарафи мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарондашаванда зарар расонад ё дар ҳолатҳои истисно манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро халалдор намояд ё ба ягон тарзи дигар ба принсипҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намояд, рад намоянд. Ин гуна радкунӣ аз тарафи мақоми салоҳиятдоре, ки аз контрагенти хориҷӣ дархости пешниҳоди иттилоот гирифтааст, бояд ба таври дахлдор асоснок карда шавад.

4. Ҳангоми пешниҳоди иттилоот ё ҳуҷҷатҳо ба контрагенти хориҷӣ мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, метавонанд маҳдудият ё шартҳоеро муқаррар намоянд, ки иттилоот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда танҳо бо мақсадҳое, ки онҳо пешниҳод шудаанд ва аз ҷониби он идораҳое истифода шаванд, ки ба онҳо чунин иттилоот ва ҳуҷҷатҳо пешниҳод гардидаанд, инчунин метавонанд талаб намоянд, ки контрагенти хориҷӣ бе розигии пешакии онҳо иттилоот ё ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо ба шахсони сеюм ифшо накунад ва дар рафти тафтишоти пешакӣ ё мурофиаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ё маданӣ истифода набарад.

Моддаи 40. Фиристодани дархост ба контрагенти хориҷӣ

1. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, дар ҳар як дархости барои пешниҳоди иттилоот фиристодашаванда шарҳи мухтасари далелҳои дахлдореро, ки ба мақоми давлатии дархосткунанда маълуманд, зикр намуда, бо кадом мақсадҳо истифода шудани иттилооти дархостшавандаро нишон медиҳанд.

2. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, метавонанд иттилоот ва ҳуҷҷатҳои аз контрагенти хориҷӣ гирифтаро танҳо бо мақсадҳое, ки онҳо пешниҳод шудаанд ва барои идораҳое, ки чунин иттилоот ва ҳуҷҷатҳо дархост гардидаанд, истифода баранд, инчунин иттилоот ё ҳуҷҷатҳои дастрасшударо бе розигии пешакии контрагенти хориҷӣ, ки чунин иттилоот ё ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардааст, набояд ба шахсони сеюм ифшо созанд ё дар рафти тафтишоти пешакӣ ё мурофиаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ё маданӣ истифода баранд.

3. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, тибқи дархост ба контрагентҳои хориҷӣ, ки аз онҳо кумаки иттилоотӣ гирифтаанд, дар бораи истифода шудан ва фоиданокии маълумоти дастрасшуда сари вақт иттилоот пешниҳод мекунанд.

БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 41. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 42. Дар бораи аз эътибор соқит намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" аз 25 марти соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 152; с. 2013, №6, мод. 405, мод. 406; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 397; с. 2017, №1-2, мод. 27; с. 2018, №5, мод. 272) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 43. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 15 марти соли 2023, № 1950

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 29/09/2023 - 16:49
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақам: 
1978
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
22.06.2023

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 апрели соли 2023, № 996

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июни соли 2022, № 395

ҷонибдорӣ карда шуд

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои соҳаи мазкурро муқаррар намуда, ба таъмини рушди инфрасохтории соҳаи алоқаи барқӣ равона гардидааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Вазифаҳои Қонуни мазкур

Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошанд:

1) фароҳам овардани шароит барои пешниҳоди хизматрасониҳои алоқа;

2) мусоидат ба раванди дар амал татбиқсозии технологияҳои муосир ва стандартҳо дар соҳаи алоқаи барқӣ;

3) ҳифзи манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои алоқа ва субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи алоқа;

4) таъмини рақобати солим ва бовиҷдонона дар бозори хизматрасониҳои алоқа;

5) фароҳам овардани шароит барои рушди инфрасохтори алоқа, таъмини пайвасти он бо шабакаҳои байналмилалии алоқа;

6) таъмини идоракунии мутамаркази захираҳои радиобасомад, аз ҷумла захираҳои рақамгузорӣ ва захираҳои басомадҳои мадорӣ;

7) фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъмини эҳтиёҷот ба алоқа барои идоракунии давлатӣ, мудофиаи кишвар, амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ;

8) фароҳам овардани шароит барои рушд ва азнавсозии баробари системаҳо ва шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ;

9) мусоидат ба таҳияи талабот оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои алоқаи барқӣ;

10) фароҳам овардани шароити мусоид барои содагардонии дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои алоқаи барқӣ;

11) суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонӣ ва барномаҳо ҷиҳати аз байн бурдани нобаробарии рақамӣ дар ҷомеа;

12) мусоидат ба иҷрои мутамаркази консепсияи ҳукумати электронӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии равандҳои технологии хизматрасониҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ расонида мешаванд;

13) фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бевоситаи сармояи мустақим бо мақсади таъсиси паркҳои технологӣ-иттилоотӣ, марказҳои коркарди маълумот дар кишвар ва рушди соҳаи барномасозии ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

14) омода намудани шароит ва замина ҷиҳати ташаккули муносибатҳои нав байни мақомоти идоракунии давлатӣ ва истифодаи ҳадди аксари имкониятҳои технологӣ, иттилоотию коммуникатсионӣ дар равандҳои гуногуни идоракунии давлатӣ, ташаккули захираҳои миллии иттилоотӣ ва таъмини дастрасӣ ба онҳо;

15) муносиб намудани раванди танзими истифодабарии паҳнои радиобасомад ва мавқеияти мадории моҳвораҳои алоқа;

16) мусоидат ба таҳияи қоидаҳо ва тартиби нави сохтмони системаҳо ва шабакаҳои алоқа дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва гузаргоҳҳои заминии сарҳадӣ бо назардошти масъалаҳои геополитикии байналмилалӣ ва минтақавӣ.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мегарданд:

1) алоқаи барқӣ - ҳар навъи интиқол ё қабули нишонҳo, ишоратҳо, матни хаттӣ, тасвирҳо, садоҳо ё ҳар намуди иттилоот тавассути воситаҳои радиоэлектронӣ, низомҳои ноқилӣ, оптикӣ ё электромагнитии дигар;

2) биллинг - маҷмуи низомҳои барномавию техникӣ, ки барои ба таври худкор иҷро намудани амалиётҳои баҳисобгирии хизматрасониҳои ба муштариён пешниҳодшаванда, инчунин барои тарифбандии хизматрасониҳо ва пешниҳоди ҳисобнома ҷиҳати истифодаи хизматрасониҳои тарифбандишуда пешбинӣ шудаанд;

3) воситаҳои радиоэлектронӣ - воситаҳои техникии барои интиқол ё қабули мавҷҳои радиоӣ пешбинишуда, ки аз як ё якчанд дастгоҳи интиқол ва қабул ё аз таркиби чунин дастгоҳҳо иборат буда, таҷҳизоти ёрирасонро дар бар мегиранд;

4) интернет - шабакаи ҷаҳонии иттилоотию коммуникатсионии электронӣ;

5) инфрасохтори алоқаи барқӣ - манораҳо, симчӯбҳо, қубурҳо, ноқилҳо, инчунин ҳама намуди инфрасохтори дигар, ки бо мақсади таъсиси шабакаи алоқаи барқӣ ва истифодаи он сохта шудааст;

6) иҷозатномадор дар соҳаи алоқаи барқӣ - шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, ки барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатнома дорад;

7) истифодабарандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз хизматрасониҳои алоқаи барқӣ истифода мебаранд;

8) маълумоти хизматӣ дар бораи истифодабарандагони хизматрасонии алоқаи барқӣ (минбаъд - маълумоти хизматӣ)- ълумот дар бораи истифодабарандагон, ки танҳо бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шабакаҳои алоқа пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла:

а) маълумот дар бораи рақамҳои муштарӣ ва рақамҳои мушаххаскунонии соҳибони рақамҳои муштарӣ;

б) маълумот дар бораи рамзҳои мушаххаси дастгоҳҳои муштарии алоқаи мобилӣ, аз ҷумла дар бораи рақамҳои мушаххаси соҳибони дастгоҳҳои муштарии алоқаи мобилӣ;

в) маълумоти биллингӣ (маълумот дар бораи хизматрасониҳои дарёфткардашудаи муштарӣ);

г) ҷойгиршавии дастгоҳҳои муштарӣ дар шабака мувофиқи талаботи муқарраргардидаи техникӣ;

д) суроғаҳо дар шабакаҳои таҳвили маълумот;

е) суроғаҳои муроҷиатҳо ба захираҳои интернетӣ дар шабакаҳои таҳвили маълумот;

ё) индентификатори захираҳои интернетӣ;

ж) протоколҳои шабакаҳои таҳвили маълумот;

9) муштарӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки бо ӯ шартномаи хизматрасонии алоқа бо ҷудо намудани рақами муштарӣ ва (ё) рамзи идентификатсионӣ барои ин мақсадҳо баста шудааст;

10) нишонҳо - аломатҳо, матнҳои хаттӣ, тасвирҳо, видеоҳо, садоҳо ё ҳама гуна паёмҳои дигар;

11) оператор - шахси ҳуқуқии дорандаи шабакаи алоқаи барқӣ, ки ба истифодабарандагон хизматрасонии алоқаи барқиро таъмин менамояд;

12) оператори универсалии хизматрасонӣ - операторе, ки хизматрасониҳои алоқаро пешниҳод менамояд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории пешниҳоди хизматрасониҳои универсалии алоқаро дорад;

13) пайвастшавии байнишабакавӣ - ҷараёни пайвастшавии шабакаҳои алоқаи барқӣ, ки имконияти амалӣ намудани пайвастшавӣ ва интиқолу қабули иттилоотро байни истифодабарандагони ин шабакаҳо таъмин менамояд;

14) провайдер - шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, ки ба истифодабарандагон тавассути шабакаи алоқаи барқии оператор хизматрасонӣ менамояд;

15) радиобасомад - маҷмуи мавҷҳои электромагнитии дар фазо бе истифодабарии ноқил ё мавҷбари дигари сунъӣ паҳншаванда, ки ҳангоми ташкили радиоалоқа, эфири телевизиону радио ва интиқоли ишоратҳои дигар истифода мешаванд;

16) рақамгузорӣ - аломатҳои шартии иборат аз рақамҳо, ҳарфҳо, аломатҳо ва таркиби чунин номгузориҳо, аз ҷумла рамзҳо, ки барои мушаххассозии якхелаи шабакаи алоқаи барқӣ, ҷойи пайвастшавӣ ва ҷузъиёти ниҳоии он пешбинӣ шудаанд;

17) таҷҳизоти ниҳоӣ - воситаи техникӣ ё дастгоҳи ба таври мустақим ё ғайримустақим ба шабакаи алоқаи барқӣ пайвастшуда, ки барои интиқол, қабул ва коркарди иттилоот истифода мешавад;

18) хизматрасонии алоқаи барқӣ - маҳсули фаъолияти оператор ва провайдер оид ба қабул, интиқол, коркарди нишонҳо, ишоратҳо ва намудҳои дигари иттилоот тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ;

19) хизматрасониҳои универсалии алоқаи барқӣ - номгӯйи ҳадди ақалли хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, ки пешниҳоди он ба ҳамаи истифодабарандагони хизматрасонии алоқа дар маҳалли дилхоҳи аҳолинишин дар вақти муқарраргардида аз рчйи сифат ва арзиши дастрасӣ аз тарафи операторони универсалии хизматрасонӣ ҳатмӣ мебошад;

20) шабакаи алоқаи барқӣ - низомҳои технологии интиқол ва таҷҳизоти коммутатсионӣ ё самтӣ ва манбаъҳои дигаре, ки тавассути воситаҳои радиоэлектронӣ, таҷҳизот, низомҳои ноқилӣ ва ғайриноқилӣ, оптикӣ ё электромагнитии дигар, аз ҷумла шабакаи моҳворавӣ, шабакаҳои собит (коммутатсияи хаттӣ ва пакетӣ, аз ҷумла интернет ва IP-телефонӣ) ва сайёри заминӣ, шабакаҳои барои радиошунавонӣ ва телевизион истифодашаванда, инчунин шабакаҳои кабелӣ, ки новобаста аз намуди иттилооти интиқолшаванда, ишоратҳоро таҳвил медиҳанд;

21) шабакаи алоқаи барқии давлатӣ - шабакаи махсуси алоқаи барқӣ, ки пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи барқиро барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар замони осоишта ва ҳолати ҷангӣ таъмин менамояд;

22) шахсони дигари дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолияткунанда - соҳибони шабакаҳои алоқаи махсуси идоравӣ ва корпоративӣ, воситаҳо, таҷҳизот, воситаҳои радиоэлектронӣ ва ноқилҳои алоқаи барқӣ, истифодабарандагони радиобасомад ва рақамгузорӣ, дорандагони сертификат дар соҳаи алоқаи барқӣ, ба истиснои иҷозатномадорон.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ

Фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

1) қонуният;

2) баробарҳуқуқӣ;

3) эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

4) кафолати дастрас будани ҳама намуди хизматрасонии алоқаи барқӣ;

5) таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасонии алоқаи барқӣ;

6) таъмини махфияти маълумоти истифодабарандагон аз ҷониби операторон ва провайдерони шабакаҳои алоқаи барқӣ;

7) расонидани хизматрасонии боэътимод ва баландсифати алоқаи барқӣ;

8) пешниҳоди хизматрасонии универсалии алоқаи барқӣ бо назардошти хусусиятҳо ва манфиатҳои миллӣ;

9) ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ ва таъмини мутобиқати шабакаҳои алоқаи барқӣ бо шабакаҳои байналмилалии алоқaи барқӣ;

10) рақобати озод, бовиҷдонона ва самаранок дар бозори хизматрасониҳои алоқаи барқӣ;

11) таъмини дастрасӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ дар вазъияти фавқулода баҳри иҷрои вазифаҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ, таъмини мудофиа, амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ.

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ

Моддаи 5. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ

Идоракунии давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ амалӣ карда мешавад.

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқӣ дорои салоҳияти зерин мебошад:

1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;

2) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;

3) тасдиқи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он;

4) тасдиқи тартиби бақайдгирии таҷҳизоти ниҳоии алоқаи мобилӣ;

5) тасдиқи қоидаҳои истифодабарии алоқаи барқӣ ва таҷҳизоти техникии махсус дар ҳудуди муассисаҳои ислоҳӣ ва ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ;

6) тасдиқи тартиби хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи моҳворавӣ;

7) тасдиқи тартиби пешниҳод намудани хизматрасонии интернет;

8) тасдиқи номгӯйи хизматрасониҳои универсалӣ ва тартиби маблағгузории онҳо;

9) салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ бо мақсади вусъати фарогирӣ бо хизмати алоқаи барқӣ барои таъмини эҳтиёҷоти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) иштирок дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, пешниҳоди таклиф барои такмили онҳо;

3) иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки дар мақомоти идоракунии давлатӣ татбиқ мешаванд;

4) татбиқи барномаҳои давлатӣ вобаста ба ҷорӣ намудан ва иҷрои консепсияи ҳукумати электронӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва барномаҳои дигар вобаста ба рақамикунонии равандҳои технологии пешниҳоди хизматрасониҳои мақомоти идоракунии давлатӣ;

5) танзими масъалаҳои ба кишвар ворид кардан, истеҳсол ва истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ, таҷҳизоту воситаҳо ва ноқилҳои алоқаи барқӣ, сертификатсия, ҳалли баҳсҳо, дастрасӣ ва пайвастшавии байнишабакавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва инфрасохтори онҳо, сифати алоқаи барқӣ;

6) фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ барои рушди соҳаи алоқаи барқӣ;

7) дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии фаъолияте, ки ба муқобили рақобат дар соҳаи алоқаи барқӣ равона гардидааст ва ба вуҷуд овардани муҳити рақобати солим барои операторон ва провайдерон;

8) гузаронидани сертификатсия, додани сертификати мутобиқат ба таҷҳизот ва хизматрасонии алоқаи барқӣ ё тартиби иcтифодаи сертификати давлатҳои дигар, инчунин ба воситаҳои дигари техникӣ, радиобасомадҳои шуоафкан ё манбаи мавҷҳои баландбасомади электромагнитие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд;

9) танзими сифати хизматрасонии шабакаҳои алоқаи барқӣ;

10) таҳияи номгӯйи хизматрасониҳои универсалӣ, тартиби маблағгузорӣ ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани он;

11) танзими пайвастшавии байнишабакавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ, инчунин пайвастшавии байнишабакавӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳо ва лоиҳаҳои сохтмони гузаргоҳҳои заминӣ, наздисарҳадӣ ва пайвандҳо бо операторони давлатҳои хориҷӣ;

12) ба вуҷуд овардан, рушд додан ва истифодабарии низоми давлатии назорати радио, ки низоми ба ҳам алоқаманди воситаҳои техникии назорати радиоӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба гузаронидани ченкунии умумии истифодаи шабакаҳо ва қитъаи радиобасомадҳо, санҷиши сифати техникӣ ва истифодабарии радиоишоратҳои интиқолшаванда, ошкор ва фарқ кардани радиофиристониҳои бе иҷозат ва манбаъҳои шуоафкании баландбасомади электромагнитӣ, радиохалалҳо имконият медиҳад;

13) ҳамоҳангсозии дохилӣ, танзим, назорат, бақайдгирӣ ва ҷудокунии рақамҳо, диапазони рақамҳо, аз ҷумла рамзҳои телефонии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, рақамҳои кчтоҳ, IР-суроғаҳо, домени интернетӣ дар минтақаи "TJ", шабакаҳо, хатҳо ва радиобасомадҳо, бартарафкунии радиохалал, инчунин дар асоси санади суд ё мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ боздоштан ва қатъ намудани истифодабарии онҳо;

14) бартараф кардани ишоратҳо ва радиохалалҳои ғайриқонунӣ;

15) анҷом додани идоракунии радиотехникӣ ва радиомониторинги ҳолати истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ;

16) ҷамъоварӣ ва таъмини нигоҳдории иттилооти бадастомада, дар ҳолатҳои зарурӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсоли натиҷаҳои санҷиш ва маводи дигари марбут ба онҳо ба мақомоти дахлдор;

17) гузаронидани ташхис ва додани хулосаи тахассусӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;

18) таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, санадҳои судӣ вобаста ба манъи фаъолияти ғайриқонунии шабака ва сомонаҳои интернетӣ, иҷрои уҳдадориҳое, ки барои таъмини мудофиа, амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ равона гардидаанд, инчунин назорати таъмини сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ ва ҳолати техникии воситаҳои алоқаи барқӣ;

19) назорати риояи талаботи стандартҳо, қоидаҳо, дастурамалҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷрои шартҳои иҷозатномаҳои додашуда, инчунин назорат ва танзими хизматрасонии интернет;

20) санҷиш ва назорати тартиби пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он, инчунин тибқи талаботи қонунгузорӣ амалӣ намудани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидори дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолияткунанда;

21) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

Моддаи 8. Фаъолияти иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ

Иҷозатномадиҳӣ ва додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷозатдиҳӣ амалӣ мегарданд.

Моддаи 9. Танзими истифодабарии радиобасомад

1. Радиобасомад захираи маҳдуди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, истифодаи он бо мақсади истифодабарии шабакаҳои алоқаи барқӣ ва анҷом додани хизматрасонии алоқаи барқӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси иҷозатномаи дахлдор амалӣ карда мешавад.

2. Ҳама гуна воситаҳои техникие, ки шуоафканиҳои радиобасомадӣ медиҳанд ё манбаи мавҷҳои баландбасомади электромагнитӣ мебошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

3. Тартиби танзими истифодабарии радиобасомадҳо, таъмини мутобиқати электромагнитӣ ва пешгирии радиохалалҳои хадамоти гуногун ва соҳаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 10. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи спектрҳои радиобасомад, таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи истифодабарандагон ва ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои давлат дар Иттифоқи байналмилалии алоқаи барқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

1. 2. Вазифаҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Низомномае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешаванд.

Моддаи 11. Тартиби сертификатсия

1. Ҳамаи хизматрасонӣ, восита, таҷҳизот, ноқилҳои дар шабакаи алоқаи барқӣ истифодашаванда ҷиҳати мутобиқат ба стандартҳои муқарраршуда дар соҳаи алоқаи барқӣ, шартҳои техникӣ ва меъёрҳои дигар, аз ҷумла стандартҳои байналмилалӣ ва миллии давлатҳои дигар, ки тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси шартномаҳои дуҷонибаи эътирофи мутақобилаи сертификатҳо мавриди амал қарор дода шудаанд, аз сертификатсия гузаронида мешаванд.

2. Сертификатсияи воситаҳои алоқаи барқӣ ё тартиби истифодаи сертификатҳои давлатҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал бароварда мешавад.

3. Андоза ва тартиби пардохти корҳои сертификатсионӣ, восита, таҷҳизот, ноқил ва барномаҳои дар шабакаи алоқаи барқӣ истифодашаванда, ки мавриди сертификатсия қарор мегиранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.

Моддаи 12. Рақамгузорӣ

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ идоракунии рақамгузориро ба амал бароварда, тақсим ва истифодабарии рақамҳоро таъмин ва назорат менамояд.

2. Тартиби ҷудо намудан ва истифодабарии захираи рақамгузорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ муайян карда мешавад.

3. Андоза ва тартиби пардохт барои истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешаванд.

Моддаи 13. Хизматрасонии универсалии алоқаи барқӣ

1. Хизматрасонии универсалии алоқаи барқӣ аз рӯйи тарифҳо ва шартҳои техникӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи ба ин хизматрасонӣ эҳтиёҷоти махсуси иҷтимоидошта ва истифодабарандагони имконияташон маҳдуд пешниҳод гардида, барои ба онҳо дастрас будани хизматрасонии алоқа мусоидат менамояд.

2. Зангҳои содиротии ройгон ба хадамоти садамавӣ ва таъҷилӣ барои ҳамаи таъминкунандагони хизмати алоқаи телефонии истифодаи умум ҳатмӣ мебошад.

Моддаи 14. Хизматрасонии интернет

1. Хизматрасонии интернет ва таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернет тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иҷозатномадор амалӣ карда мешавад.

2. Истифодабарандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ ҳуқуқ дорад оператори пешниҳодкунандаи хизматрасонии дастрасӣ ба шабакаи интернетро интихоб намояд.

3. Муносибатҳо оид ба таҳвил ва таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернет аз ҷониби иҷозатномадорон бо субъектҳои дигари соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси шартнома мустақилона ба роҳ монда мешаванд.

4. Аз ҷониби оператор, провайдер ва истифодабарандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ тавассути хизматрасониҳои алоқаи барқӣ паҳн ё таблиғ намудани ҳама гуна иттилоот бар зидди асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти шахсӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ, иттилоот дар бораи маҳдуднамоии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барангехтани кинаю адовати динию мазҳабӣ ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарзи омодасозӣ ва тарғиби маводи нашъаовар, тарканда ва маводи дигари заҳролудкунанда, ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ равонагардида, хусусияти экстремистию террористидошта, порнография, аз ҷумла порнографияи кчдакона, инчунин паҳн намудани ҳама гуна маълумот, ки бо санади судии эътибори қонунӣ пайдонамуда ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, манъ мебошад.

Моддаи 15. Таҷҳизоти ниҳоӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо риояи талаботи Қонуни мазкур ҳуқyқи ворид намудан, фурӯш, васлу истифодабарӣ ва хизматрасонии таҷҳизоти ниҳоиро доранд.

2. Таҷҳизоти ниҳоӣ, ба истиснои таҷҳизоти ниҳоии алоқаи мобилӣ, метавонад дар хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, маҳаллӣ, интернет ва хизматрасониҳои дигари алоқаи барқӣ дар ҳолате насб ва истифода карда шавад, ки бо тартиби муқарраршуда мавриди сертификатсия қарор гирифтааст.

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба хизматрасонии таҷҳизоти ниҳоӣ машғуланд, бояд таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии сертификатсияшударо истифода намоянд.

4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ номгӯйи таҷҳизоти ниҳоиро, ки мавриди сертификатсия қарор мегиранд, тасдиқ менамояд.

Моддаи 16. Бақайдгирӣ ва муайянсозии таҷҳизоти ниҳоии алоқаи мобилӣ

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ низоми давлатии муайянсозии таҷҳизоти ниҳоии алоқаи мобилиро ташкил ва истифода менамояд.

2. Идентификаторҳои байналмилалии таҷҳизоти ниҳоии алоқаи мобилӣ дар низоми давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба қайд гирифта мешаванд.

3. Бақайдгирии идентификаторҳои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ройгон анҷом дода мешавад.

4. Дигаргун сохтан, нусхабардорӣ ва паҳн кардани маълумоти низоми давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бе розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ манъ аст.

5. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ тайёр, паҳн кардан ва истифодаи намудҳои гуногуни таҷҳизот ва барномаҳо, ки барои дигаргун кардани маълумоти идентификаторҳо истифода мешаванд ё истифодаи таҷҳизоти тайёри алоқаи мобилӣ, ки маълумоти идентификаториашон дигар карда шудааст, манъ мебошад.

6. Оператор ва провайдери алоқаи мобилӣ ҳуқуқ надоранд ба таҷҳизоти тайёри алоқаи мобилии дар низоми ягона бақайдгирифтанашуда хизматрасонӣ намоянд.

Моддаи 17. Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ

1. Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ ҳамчун зерсохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ бо мақсади назорат ва танзими соҳаи алоқаи барқӣ, инчунин тавассути он анҷом додани гузариши трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет фаъолият менамояд.

2. Тартиби таъсис ва амалӣ намудани фаъолияти Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 18. Сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ

1. Сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ бояд ба талаботи ҳатмии стандартҳо ва меъёрҳои техникии хизмати алоқаи барқӣ мутобиқат намояд.

2. Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ тасдиқ карда мешавад. Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонӣ дар асоси сифати миёнаи бадастовардашудаи хизматрасонӣ муқаррар гардида, бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва бо назардошти эҳтиёҷоти истифодабарандагон, тараққиёти техникӣ ва рушди иқтисодӣ давра ба давра тағйир дода мешавад.

3. Иҷозатномадорон ба мақоми ваколатдор дар бораи сифати хизматрасониҳои пешниҳодшаванда мутобиқи шакли тасдиқгардида ҳисобот пешниҳод менамоянд.

4. Барои санҷиши сифати хизматрасонии соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатномадор мақоми ваколатдорро бо алоқаи барқии ройгон таъмин менамояд.

5. Ҳангоми дағалона ё такроран вайрон кардани меъёри сифат, мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад пешниҳоди хизматрасонии алоқаи барқиро то бартараф кардани камбудӣ боздорад.

Моддаи 19. Иттилооти афзалиятнок

1. Оператор, провайдер ва истифодабаранда бояд афзалияти мутлақи иттилооти зеринро дар ҳамкорӣ ва супориши мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ таъмин намоянд:

1) оид ба бехатарии ҳаёти инсон;

2) оид ба мудофиа, амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ;

3) оид ба офатҳои табиӣ, паҳншавии эпидемия ва ҳолатҳои дигари фавқулода;

4) оид ба хадамоти садамавию таъҷилӣ ва ҳолатҳои дигари муайяннамудаи мақоми ваколатдор.

2. Операторон ва провайдерон уҳдадоранд ба таври ройгон дастрасии истифодабарандаро ба хадамоти садамавию таъҷилӣ таъмин карда, ҳангоми таҳдиди ҳолатҳои фавқулода, ҷорӣ намудан ва бекор кардани вазъияти фавқулода, инчунин бо мақсади таъмини мудофиаи кишвар, амнияти миллӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, мувофиқи дархости мақоми ваколатдори давлатӣ ба истифодабарандагон паёмҳои кутоҳ ирсол намоянд.

3. Тартиби бо мақсади таъмини мудофиаи кишвар, амнияти миллӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ истифода намудани шабакаҳои оператор ва провайдер аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 20. Махфияти алоқаи барқӣ

1. Махфияти гуфтугӯҳои телефонӣ, телеграфӣ, электронӣ ва маълумоти дигари тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ таҳвилёбандаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз менамояд.

2. Иҷозатномадорон, операторон ва провайдерон уҳдадоранд, ки махфияти гуфтугӯ ва маълумоти ирсолшавандаро риоя намоянд. Маълумоти тавассути шабакаи алоқаи барқӣ интиқолдодашаванда танҳо ба шахси ирсолкунанда ва (ё) намояндаи қонунии ӯ дода мешавад.

3. Гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ, шиносоӣ бо маълумоти тариқи шабакаи алоқаи барқӣ интиқолшаванда, дастрас кардани маълумот дар бораи онҳо, инчунин маҳдудиятҳои дигари махфияти гуфтугӯ ва маълумот танҳо дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

4. Иҷозатномадорон, операторон ва провайдерони хизматрасонии соҳаи алоқаи барқӣ уҳдадоранд риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иттилоот" ва "Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ"-ро таъмин намоянд.

Моддаи 21. Амали якҷояи операторон ва провайдерони хизматрасонии алоқаи барқӣ бо мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ мекунанд

1. Операторон ва провайдерони хизматрасонии алоқаи барқӣ, новобаста аз шакли моликият, уҳдадоранд:

1) барои дар шабакаи алоқаи барқӣ ба амал баровардани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шароит фароҳам оваранд;

2) барои роҳ надодан ба ошкор кардани усулҳои ташкилӣ ва тактикии гузаронидани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ чораҳо андешанд;

3) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муштариёнро ҷамъоварӣ ва нигоҳ доранд.

2. Дар сурати истифодаи ғайриқонунии воситаҳои алоқа, ки ба манфиати мудофиаи кишвар, амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва аҳолӣ зарар мерасонанд, иҷро накардани талаботи мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ месозанд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти шабака ва воситаҳои алоқаи дахлдорро, новобаста аз шакли моликияташон, бозмедорад.

Моддаи 22. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи алоқаи барқӣ

Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" анҷом дода мешавад.

БОБИ 3. ШАБАКАҲОИ АЛОҚАИ БАРҚӢ

Моддаи 23. Моликияти шабакаҳои алоқаи барқӣ

1. Шабакаҳои алоқаи барқӣ метавонанд моликияти хусусӣ ва давлатӣ бошанд.

2. Номгӯйи шабакаҳо ва воситаҳои алоқа, ки танҳо моликияти давлатӣ мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

3. Соҳибони шабакаҳои алоқаи барқӣ ҳуқуқҳои баробар дошта, ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз мегарданд.

Моддаи 24. Шабакаҳои хусусии алоқаи барқӣ

1. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд шабакаи алоқаи барқиро таъсис дода, истифодабарии онро ба роҳ монанд.

2. Дар ҳолатҳои истисноӣ мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ташкилотҳои дигари давлатии наҷотдиҳӣ метавонанд аз хизматрасонии шабакаҳои хусусии алоқаи барқӣ ба таври ройгон истифода намоянд, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 25. Шабакаҳои давлатии алоқаи барқӣ ва истифодабарии онҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ

1. Шабакаи алоқаи барқии давлатӣ аз ҷониби оператори давлатӣ таъсис дода шуда, хизматрасонӣ карда мешавад.

2. Оператори давлатӣ пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла таъминоти техникӣ ва барномавии системаҳо ва шабакаҳои алоқаро, ки бо консепсияи ҳукумати электронӣ алоқаманд мебошанд, барои мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

3. Мақомот ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шабакаи алоқаи барқии давлатӣ истифода мебаранд ва оператори давлатӣ уҳдадоранд дастрасии шабакаро таъмин намоянд ва хизматрасониҳои алоқаи барқиро барои эҳтиёҷоти давлатӣ, аз ҷумла барои мақсадҳои мудофиаи кишвар, амнияти миллӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин дар ҳолатҳои фавқулода истифода намоянд.

4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ё дар ҳолатҳои зарурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари давлатии салоҳиятдор ва иҷозатномадорон пешниҳоди мунтазами хизматрасониҳои алоқаи барқиро таъмин менамояд ё онро қатъ мекунад.

Моддаи 26. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ

Ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ, гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи гуреза) барои шахсони воқеӣ;

- ҳуҷҷатҳо дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, барои шахсони ҳуқуқӣ.

Моддаи 27. Пайвастшавии байнишабакавӣ

1. Операторони шабакаҳои алоқаи барқии истифодаашон умум, ки мавқеи бартарӣ доранд, пайвастшавии байнишабакавии шабакаҳои худро бо шабакаҳои операторони дигари алоқаи барқие, ки иҷозатнома доранд, анҷом медиҳанд.

2. Пайвастшавии байнишабакавӣ, аз ҷумла пайвастшавӣ дар сатҳи байналмилалӣ дар асоси шартномаи байни операторон ва провайдерон басташаванда, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ онро тасдиқ менамояд, ба амал бароварда мешавад. Муқаррароти шартнома оид ба пайвастшавии байнишабакавӣ набояд ба муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намоянд.

3. Дар сурати мавҷуд будани имконияти техникӣ барои пайвастшавии байнишабакавӣ иҷрои он набояд рад карда шавад. Ҳар як радкунии пайвастшавии байнишабакавӣ бояд пурра асоснок карда шавад.

4. Зарари расонидашуда ба иҷозатномадор аз ҷониби иҷозатномадори дигари дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолияткунанда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Моддаи 28. Таъсиси шабакаҳои алоқаи барқӣ ва васеъкунии онҳо

1. Инфрасохтор ва шабакаҳои алоқаи барқӣ, таъсис ва васеъкунии онҳо аз ҷониби иҷозатномадор, ки ҳуқуқи анҷом додани корҳои банақшагирӣ, сохтмон ва хизматрасонии минбаъдаи техникии онҳоро дорад, ба амал бароварда мешавад.

2. Дар мавриди банақшагирӣ ва ободонии шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин талабот оид ба таъсиси шабакаи алоқаи барқӣ ба инобат гирифта мешавад.

3. Операторони алоқаи барқӣ ҳуқуқ доранд дар қитъаҳои замин, биноҳо, симчубҳо, пулҳо, қубурҳо, роҳҳо, нақбҳо ва ҷойҳои дигар тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии соҳибмулк биною иншоот, инфрасохтор ва шабакаи алоқаи барқиро бунёд ё онҳоро истифода намоянд. Корҳои мазкур бо риояи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

4. Ба заминҳои шабакаҳои алоқаи барқӣ қитъаҳои замине мансубанд, ки барои иcтифода ба операторон ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба онҳо вогузоршуда оид ба истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, сохтмон, азнавсозӣ, тармими иншоот ва объектҳои шабакаи алоқаи барқӣ вобаста карда шудаанд. Қитъаи замин барои таъмини фаъолияти алоқаи барқӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муқаррар кардааст, ҷудо карда мешавад.

5. Баъди ба итмом расонидани ҳама гуна корҳо оид ба сохтмон, насб ё тармими шабакаи алоқаи барқӣ қитъаи замин, бино ё иншооти истифодашуда аз ҳисоби оператор ба ҳолати аввала баргардонида мешавад.

6. Оператор уҳдадор аст, товони зарари дар натиҷаи сохтмон ва иcтифодабарии шабакаи алоқаи барқӣ расонидашударо ҷуброн намояд.

7. Ба ҷойи дигар кӯчонидани биною иншоот, инфрасохтор ва шабакаи алоқаи барқӣ, ки бинобар сохтмон ва азнавсозии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ба вуҷуд меояд, аз ҳисоби фармоишгари сохтмон тибқи тартиби муқарраршуда ҷуброн гардида, васеъкунии шабакаи алоқаи барқӣ аз ҳисоби соҳибмулки он ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 29. Бартарафсозии оқибатҳои садама ва вайроншавӣ дар шабакаи алоқаи барқӣ

1. Оқибатҳои садама ва вайроншавии шабакаи алоқаи барқӣ аз ҷониби операторони шабакаҳои мазкур бартараф карда мешаванд.

2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои бартарафсозии оқибатҳои садамавӣ дар шабакаи алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқарраргардида кумак мерасонанд.

3. Барои гузаронидани корҳо ҷиҳати бартарафсозии ҳодисаҳои садамавӣ дар шабакаи алоқаи барқӣ гирифтани иҷозати истифодабарандаи қитъаи замин, соҳибони бино ё иншоот, ки дар онҳо воситаҳои алоқаи барқӣ ҷойгир карда шудаанд, талаб карда намешавад.

4. Зараре, ки дар натиҷаи бартарафсозии оқибатҳои садамавӣ ба истифодабарандаи қитъаи замин ва соҳибмулк расонида мешавад, аз ҷониби оператори дахлдор ҷуброн карда мешавад.

5. Зараре, ки дар натиҷаи сар задани ҳодисаҳои садамавӣ ба операторон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонида шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ҷуброн карда мешавад.

БОБИ 4. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ИҶОЗАТНОМАДОР ВА ИСТИФОДАБАРАНДАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ АЛОҚАИ БАРҚӢ

Моддаи 30. Ҳуқуқҳои иҷозатномадор дар соҳаи алоқаи барқӣ

Иҷозатномадор дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳуқуқ дорад:

1) дар асоси иҷозатнома хизматрасониҳои алоқаи барқиро пешниҳод намояд;

2) ҳангоми аз ҷониби истифодабарандагон вайрон гардидани қоидаҳои муқарраргардидаи истифодабарии алоқаи барқӣ, бо дастури мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ хизматрасониро қатъ намояд;

3) ҷуброни зарареро, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонида шудааст, бо тариқи судӣ талаб намояд;

4) нисбат ба амали ғайриқонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд;

5) ҳуқуқҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо доро мебошад.

Моддаи 31. Уҳдадориҳои иҷозатномадор дар соҳаи алоқаи барқӣ

Иҷозатномадор дар соҳаи алоқаи барқӣ уҳдадор аст:

1) мутобиқи талаботи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарту талаботи иҷозатнома фаъолият намояд;

2) шартномаҳоро бевосита бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо гирифтани нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ пешниҳодшаванда ба имзо расонад;

3) намояндаи худро ҳамчун шахси масъули бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳамкорикунанда таъин намояд;

4) ҳамкориро бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣҷустуҷӯӣ таъмин ва маълумоти дахлдорро мувофиқи дархости онҳо пешниҳод намояд;

5) ба истифодабарандагон иттилооти муфассали саривақтиро дар бораи шартҳо ва тартиби хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла дар бораи тағйири тарифҳои хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ба таври ройгон расонад;

6) зарари дар натиҷаи анҷом надодан ё бесифат анҷом додани хизматрасонии алоқаи барқӣ расонидашударо ҷуброн намояд;

7) тибқи дархости мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар бораи шабакаи алоқаи барқӣ, инфрасохтори он, таҷҳизоту ноқилҳо, таҷҳизоти ниҳоӣ, муштариён ва ҳаҷми хизматрасониҳо, аз ҷумла маълумоти биллингро сари вақт пешниҳод намояд;

8) ҳамкориро бо низоми ягона ва ба шабакаи алоқаи барқӣ васл кардани воситаҳои мобилии алоқаи барқии дар низоми ягона бақайдгирифташударо таъмин намояд;

9) дастрасиро ба сомонаҳо ва захираҳои дигари иттилоотӣ, аз ҷумла сомона ва барномаҳои интернетӣ, ки ба паҳн намудани ҳама гуна иттилоот бар зидди асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти шахс, ҷамъият, давлат, иттилоот дар бораи ғайриқонунӣ маҳдуднамоии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барангехтани кинаю адовати динию мазҳабӣ ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарзи омодасозӣ ва тарғиби маводи нашъаовар, тарканда ва маводи дигари заҳролудкунанда, содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ равонагардида, инчунин иттилооти хусусияти экстремистию террористидошта, порнография ва порнографияи кӯдакона машғулбуда, маҳдуд намояд;

10) иҷрои дархостҳои дигари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқиро, ки бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд, таъмин намояд;

11) уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.

Моддаи 32. Ҳуқуқҳои истифодабарандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ

1. Истифодабаранда дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳуқуқ дорад:

1) аз хизматрасонии алоқаи барқӣ истифода намояд;

2) мутобиқи шартҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти ниҳоиро ба шабакаи алоқаи барқӣ пайваст намояд;

3) ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадор вайрон гардидани шартҳои шартнома аз хизматрасонии алоқаи барқӣ даст кашад;

4) дар сурати анҷом надодан ё бесифат анҷом додани хизматрасонии алоқаи барқӣ ҷуброни зарари моддӣ ё маънавиро талаб намояд;

5) дар ҳолати вайрон гардидани ҳуқуқҳои худ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ё суд муроҷиат намояд;

6) ҳуқуқҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо доро мебошад.

2. Дар ҳолати истифода гардидани хизматрасонии алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзанди ноболиғ, ба истиснои ноболиғи дорои қобилияти пурраи амалкунӣ, падару модар ҳуқуқ доранд аз оператор ва провайдер оид ба истифодабарии хизматрасонии алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон дастрас намоянд.

Моддаи 33. Уҳдадориҳои истифодабарандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ

Истифодабаранда дар соҳаи алоқаи барқӣ уҳдадор аст:

1) ҳангоми ба имзо расонидани шартнома нусхаи ҳуҷҷатҳо барои пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ пешниҳодшавандаро супорад;

2) қоидаҳои муқарраргардидаи истифодабарии хизматрасониҳои алоқаи барқиро риоя намояд;

3) пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ба ӯ пешниҳодгардидаро сари вақт таъмин намояд;

4) амалҳои ба пасткунии сифати алоқа ё вайроншавии шабакаҳои алоқаи барқӣ равонагардидаро содир накунад;

5) тавассути хизматрасониҳои соҳаи алоқаи барқӣ аз паҳн намудан ё таблиғи ҳама гуна иттилоот бар зидди асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти шахс, ҷамъият, давлат, иттилоот дар бораи ғайриқонунӣ маҳдуднамоии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барангехтани кинаю адовати динию мазҳабӣ ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарзи омодасозӣ ва тарғиби маводи нашъаовар, тарканда ва маводи дигари заҳролудкунанда, содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ равонагардида, инчунин иттилооти хусусияти экстремистию террористидошта, порнография ва порнографияи кӯдакона қатъиян худдорӣ намояд;

6) уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 34. Ҳамкориҳои байналмилалӣ

1. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ ба сифати маъмурияти ягонаи алоқа баромад карда, бо маъмурияти мақомоти соҳаи алоқаи давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалии соҳаи алoқa ҳамкорӣ менамояд.

Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 36. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" аз 10 майи соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 4, қ. 2, мод. 323; с. 2006, № 3, мод. 156; с. 2008, № 3, мод. 198, № 12, қ. 2, мод. 996; с. 2013, № 12, мод. 891; с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1117; с. 2016, № 3, мод. 154; с. 2017, № 1-2, мод. 24) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 37. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 22 июни соли 2023, № 1978

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2023

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Шнб, 30/09/2023 - 13:09
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақам: 
1916
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
07.12.2022
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2023
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1966, аз 12.10.2023 № 1982, аз 27.12.2023 № 2013)
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 декабри соли 2022, № 920
қабул карда шудааст
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 37072956 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
 
1) аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 25356000 ҳазор сомонӣ, аз он:
   а) воридоти андозӣ                                                    - 23082336 ҳазор сомонӣ;
   б) воридоти ғайриандозӣ                                               - 1686664 ҳазор сомонӣ;
   в) грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои
      байналмилалии молиявӣ                                              - 587000 ҳазор сомонӣ;
 
2) аз ҳисоби грантҳо ва қарзҳои лоиҳаҳои давлатии
   сармоягузорӣ                                                          - 9292145 ҳазор сомонӣ,
аз он:
   а) қарзҳо                                                              - 3249019 ҳазор сомонӣ;
   б) грантҳо                                                             - 6043126 ҳазор сомонӣ;
 
3) аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ                         - 2424811 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ба маблағи 38103705 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
 
1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ                                - 1661605 ҳазор сомонӣ;
2) мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ
   ва судҳо                                                               - 2944846 ҳазор сомонӣ;
3) маориф                                                                 - 7210355 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ                                                             - 3343077 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ                                      - 4898631 ҳазор сомонӣ;
6) фарҳанг ва варзиш                                                      - 1494348 ҳазор сомонӣ;
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист
   ва хоҷагии ҷангал                                                      - 1696585 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ                                        - 5991355 ҳазор сомонӣ;
9) соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор                                     - 1620739 ҳазор сомонӣ;
10) саноат ва сохтмон                                                     - 259782 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия                                              - 2887352 ҳазор сомонӣ;
12) соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва хизматрасонӣ                             - 128526 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоти дигар                                                        - 3966504 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ба андозаи 0,8 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 1030749 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Манбаъҳои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ ба таври зерин муайян карда шаванд:
1) аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ                 - 32000 ҳазор сомонӣ;
2) аз ҳисоби фоидаи соф ба ҳиссаи давлат дар ҷамъиятҳои
   дорои масъулияти маҳдуд ва суди саҳмияҳои давлатӣ
   дар ҷамъиятҳои саҳомӣ                                                  - 90000 ҳазор сомонӣ;
3) аз фурӯши векселҳо                                                     - 100000 ҳазор сомонӣ;
4) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ
   ба ҳолати 1 январи соли 2023                                           - 100000 ҳазор сомонӣ;
5) иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ                       - 124654 ҳазор сомонӣ;
6) аз ҳисоби маблағҳои грантию қарзии созмонҳои
   байналмилалии молиявӣ                                                  - 520601 ҳазор сомонӣ;
7) сарфаи маблағи озмунҳои хариди давлатии мол,
   кор ва хизматрасонӣ                                                    - 40000 ҳазор сомонӣ;
8) иҷрои барзиёди нақшаи даромад ва маблағи озоди
   буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023                          - 23494 ҳазор сомонӣ.
 
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 2347214 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 1349754 ҳазор сомонӣ ва баргардонидани қарзи асосӣ аз рӯйи уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии соли 2023 ба маблағи 997460 ҳазор сомонӣ (ба истиснои уҳдадориҳои қарзи солҳои қаблӣ) аз ҳисоби ташкилотҳои зерин муқаррар карда мешавад:
1) Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"                        - 938500 ҳазор сомонӣ;
2) Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе"                          - 15500 ҳазор сомонӣ;
3) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз"                               - 7580 ҳазор сомонӣ;
4) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир энерҷӣ"                                - 11480 ҳазор сомонӣ;
5) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"             - 24400 ҳазор сомонӣ.
 
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 700084 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ 379684 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби фурӯши молу мулки ба моликияти давлат қабулгардидаи ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" 320400 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Ҳаҷми умумии буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи даромад 14702108 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот 15709363 ҳазор сомонӣ ва касри он дар ҳаҷми 1007255 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи манбаъҳои даромад
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 14702108 ҳазор сомонӣ аз рӯйи манбаъҳои зерин муқаррар карда шавад:
 
1) андоз аз арзиши иловашуда                                              - 7894915 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
   а) андоз аз арзиши иловашуда (дохилӣ)                                  - 2269915 ҳазор сомонӣ;
   б) андоз аз арзиши иловашуда (беруна)                                  - 5625000 ҳазор сомонӣ;
 
2) аксизҳо                                                                - 807000 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
   а) аксизҳо (дохилӣ)                                                    - 200000 ҳазор сомонӣ;
   б) аксизҳо (беруна)                                                    - 607000 ҳазор сомонӣ;
 
3) андоз аз фурӯш                                                         - 45685 ҳазор сомонӣ;
4) андоз барои захираҳои табиӣ                                            - 388134 ҳазор сомонӣ;
5) андоз аз даромад                                                       - 2390999 ҳазор сомонӣ;
6) боҷҳои гумрукӣ                                                         - 1030000 ҳазор сомонӣ;
7) даромадҳои дигари ғайриандозӣ                                          - 1558375 ҳазор сомонӣ;
8) грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ                               - 587000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавӣ дар ҳаҷми зерин тасдиқ карда шавад:
 
1) маблағгузории бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ                     - 962364 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
   а) мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ                                      - 199724 ҳазор сомонӣ;
   б) сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ                                   - 141055 ҳазор сомонӣ;
   в) фаъолияти сиёсати берунӣ                                            - 344596 ҳазор сомонӣ;
   г) мақомоти дигари давлатӣ                                             - 276989 ҳазор сомонӣ;
 
2) мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура                  - 2534382 ҳазор сомонӣ;
3) маориф                                                                 - 1412589 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
   а) таҳсилоти умумӣ                                                     - 205101 ҳазор сомонӣ;
   б) таҳсилоти касбӣ                                                     - 841797 ҳазор сомонӣ;
   в) фаъолияти дигар дар соҳаи маориф                                    - 365691 ҳазор сомонӣ;
 
4) тандурустӣ                                                             - 570579 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
   а) беморхонаҳо                                                         - 268905 ҳазор сомонӣ;
   б) марказҳои саломатӣ                                                  - 9892 ҳазор сомонӣ;
   в) ҳифзи саломатии аҳолӣ                                               - 73939 ҳазор сомонӣ;
   г) фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ                                - 217843 ҳазор сомонӣ;
 
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ                                      - 719333 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
   а) суғуртаи иҷтимоӣ                                                    - 513530 ҳазор сомонӣ;
   б) ҳифзи иҷтимоӣ                                                       - 83667 ҳазор сомонӣ;
   в) фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ
      ва ҳифзи иҷтимоӣ                                                    - 122136 ҳазор сомонӣ;
 
6) фарҳанг ва варзиш                                                      - 561016 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
   а) чорабиниҳо оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш                         - 11436 ҳазор сомонӣ;
   б) муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ                                     - 132381 ҳазор сомонӣ;
   в) воситаҳои ахбори омма                                               - 229279 ҳазор сомонӣ;
   г) фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг ва варзиш                         - 187920 ҳазор сомонӣ;
 
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист
   ва хоҷагии ҷангал                                                      - 108302 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ                                        - 2595414 ҳазор сомонӣ;
9) кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор                                           - 233281 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
   а) барои рушди соҳаи чорводорӣ                                         - 1844 ҳазор сомонӣ;
   б) барои чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди малах                    - 5150 ҳазор сомонӣ;
   в) барои рушди муносибатҳои лизингӣ ва таъсису мукаммал
      намудани марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои
      ҷумҳурӣ                                                             - 30000 ҳазор сомонӣ;
   г) барои чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ                                     - 3500 ҳазор сомонӣ;
   д) барои чорабиниҳои муҳофизати интегратсионии
      зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор аз зараррасону
      касалиҳо                                                            - 2000 ҳазор сомонӣ;
   е) барои рушди чарогоҳҳо                                               - 615 ҳазор сомонӣ;
   ё) барои рушди соҳаи харгӯшпарварӣ                                     - 300 ҳазор сомонӣ;
   ж) барои рушди соҳаи тухмипарварӣ                                      - 1132 ҳазор сомонӣ;
   з) барои рушди геодезия ва харитасозӣ                                  - 8005 ҳазор сомонӣ;
   и) барои азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва
      барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ
      берунмонда                                                          - 4595 ҳазор сомонӣ;
 
10) саноат ва сохтмон                                                     - 264769 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия                                              - 219013 ҳазор сомонӣ;
12) фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасонӣ                             - 129425 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар дохил
    карда нашудааст                                                       - 5398896 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ                                  - 2771350 ҳазор сомонӣ,
аз он:
   - амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии дохилии давлатӣ                        - 379684 ҳазор сомонӣ;
   - амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии берунаи давлатӣ                        - 2391666 ҳазор сомонӣ;
б) хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани
   вазифаҳои пойтахт                                                      - 25000 ҳазор сомонӣ;
в) фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии
   Тоҷикистон                                                             - 123845 ҳазор сомонӣ;
г) хароҷоти дигаре, ки аз рӯйи соҳаҳои иқтисодиёт
   гурӯҳбандӣ нашудааст                                                   - 2478701 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандиҳои идоравӣ ва барномавӣ
1. (на барои нашр).
2. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии барномавӣ тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодӣ
Хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми 15709363 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) пардохти музди меҳнат                                                 - 3048479 ҳазор сомонӣ,
аз он:
   а) музди меҳнати кормандони асосӣ                                     - 2859557 ҳазор сомонӣ;
   б) музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ            - 188922 ҳазор сомонӣ;
 
2) маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ                                 - 386706 ҳазор сомонӣ,
аз он:
   а) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони асосӣ                           - 328193 ҳазор сомонӣ;
   б) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ
      ва хизматрасонӣ                                                    - 47209 ҳазор сомонӣ;
   в) суғуртаи тиббӣ ва суғуртаҳои дигар                                 - 11304 ҳазор сомонӣ;
 
3) хариди мол ва хизматрасонӣ                                            - 3174797 ҳазор сомонӣ,
аз он:
   а) пардохти хизматрасонии коммуналӣ                                   - 227603 ҳазор сомонӣ;
   б) пардохти хизматрасонии алоқа                                       - 148794 ҳазор сомонӣ;
   в) хариди мол ва хизматрасонии дигар                                  - 2798400 ҳазор сомонӣ;
 
4) хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна                                - 2771350 ҳазор сомонӣ,
аз он:
   а) пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои қарзи дохилӣ                       - 379684 ҳазор сомонӣ;
   б) пардохти қарзи берунаи асосӣ                                       - 1349754 ҳазор сомонӣ;
   в) пардохти фоизҳои қарзи берунаи асосӣ                               - 1041912 ҳазор сомонӣ;
 
5) хароҷоти пардохти кумакпулиҳо (субсидияҳо)                            - 142567 ҳазор сомонӣ;
6) хароҷот барои трансфертҳо                                             - 1633755 ҳазор сомонӣ;
7) кумакпулиҳои иҷтимоӣ                                                  - 241118 ҳазор сомонӣ;
8) трансфертҳои дигар                                                    - 534383 ҳазор сомонӣ;
9) амалиёт бо дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоягузорӣ                        - 3776208 ҳазор сомонӣ,
аз он:
   а) маблағгузории асосии мутамарказ                                    - 3478246 ҳазор сомонӣ;
   б) хариди мошинҳо ва таҷҳизот                                         - 160937 ҳазор сомонӣ;
   в) дороиҳои ғайримолиявии дигар                                       - 119800 ҳазор сомонӣ;
   г) хариди дороиҳои молиявии дохилӣ                                    - 17225 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ба маблағи 495380 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои пардохти фонди музди меҳнат ба маблағи 1479212 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
 
1) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон                                    - 259248 ҳазор сомонӣ;
2) вилояти Хатлон                                                        - 837591 ҳазор сомонӣ;
3) ноҳияи Варзоб                                                         - 18851 ҳазор сомонӣ;
4) ноҳияи Рашт                                                           - 63056 ҳазор сомонӣ;
5) ноҳияи Лахш                                                           - 43892 ҳазор сомонӣ;
6) ноҳияи Нуробод                                                        - 48766 ҳазор сомонӣ;
7) ноҳияи Рӯдакӣ                                                         - 63583 ҳазор сомонӣ;
8) ноҳияи Сангвор                                                        - 18156 ҳазор сомонӣ;
9) ноҳияи Тоҷикобод                                                      - 31051 ҳазор сомонӣ;
10) ноҳияи Файзобод                                                      - 54940 ҳазор сомонӣ;
11) ноҳияи Шаҳринав                                                      - 40078 ҳазор сомонӣ.
 
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба фондҳои мақсадноки давлатӣ ба буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар моҳ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба суратҳисоби алоҳидаи буҷетҳои маҳаллӣ ҷудо карда шуда, хароҷоти он тавассути суратҳисоби мазкур анҷом дода шавад.
Моддаи 11. Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2024 ба маблағи 223239 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шаванд.
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯйи даромад, бо дарназардошти мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 9928104 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 9951598 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 23494 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2439 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон 16566 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб 371 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт 591 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Лахш 357 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод 365 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рӯдакӣ 1412 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Сангвор 200 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод 242 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод 475 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав 476 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023 ва таъмини иҷрои барзиёди даромад пӯшонида мешавад.
3. Бақияи маблағҳои озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023 бо тарҳи маблағҳои азхуднашудаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети соли 2022 муайян ва тасдиқ карда шавад.
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2023 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:
 
1) андоз аз фурӯши алюминийи аввалия                                     - 100 фоиз;
2) боҷҳои гумрукӣ                                                        - 100 фоиз;
3) андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна                            - 100 фоиз;
4) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (бо дар назар доштани муҷозоти молиявӣ), хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                          - 100 фоиз;
5) аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" - андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, инчунин андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об)                                                                                 - 100 фоиз;
6) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1" - андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об)                                                                   - 100 фоиз;
7) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" -андоз аз арзиши иловашуда 
                                                                                 - 100 фоиз;
8) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" - андоз аз арзиши иловашуда ва андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об)                                                             - 100 фоиз;
9) аз Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком" - андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ                     - 100 фоиз;
10) аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" - андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ                                                                              - 100 фоиз;
11) аз муассисаҳои давлатии марказ ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда - андоз аз даромади шахсони воқеӣ                                                                               - 100 фоиз;
12) аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком") - андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз                                                           - 100 фоиз;
13) аз Бонки миллии Тоҷикистон - андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоидаи боқимондаи баъди тасдиқи ҳисоботи соли 2022                                                                                - 100 фоиз;
14) аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Америка "Корхонаи муштараки Анзоб", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки "Зарафшон", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Пакрут", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ширкати металургии Анзоб" ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Талко Голд" - андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ                                                             - 50 фоиз;
15) пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва лойи табобатӣ)                                                                           - 100 фоиз;
16) аз ҳисоби андозҳо барои захираҳои табиӣ (рентаи содиротӣ)                     - 50 фоиз;
17) (на барои нашр).
 
2. Ҳиссаҷудокунӣ аз андозҳои умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегардад, дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯйи таносуб (фоизҳо)-и зерин тасдиқ карда шавад:
1) андоз аз арзиши иловашуда:
   а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун)                                                                               - 100 фоиз;
   б) аз вилояти Суғд 51 фоиз ба буҷети вилоят ва 49 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
   в) аз шаҳри Душанбе 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
   г) аз шаҳри Роғун 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
 
2) андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ:
   а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Роғун)
                                                                                  - 100 фоиз;
   б) аз вилояти Суғд 50 фоиз ба буҷети вилоят ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
   в) аз шаҳри Роғун 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
 
3) андоз аз даромади шахсони воқеӣ:
  а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Роғун)                                                                              - 100 фоиз;
  б) аз вилояти Суғд 50 фоиз ба буҷети вилоят ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
  в) аз шаҳри Душанбе 45 фоиз ба буҷети шаҳр ва 55 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
  г) аз шаҳри Ваҳдат 70 фоиз ба буҷети шаҳр ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
  д) аз шаҳри Роғун 79 фоиз ба буҷети шаҳр ва 21 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
 
4) аксизҳои дохилӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо                          - 100 фоиз;
5) андозҳои маҳаллӣ, боҷи давлатӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти ғайриандозии маҳаллии дигар ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо                                - 100 фоиз.
 
3. Гузаронидани маблағи як намуди андоз ба дигар намуди андоз берун аз таъинот, инчунин анҷом додани амалиёти пардохти андозҳои танзимшаванда ба буҷетҳои дахлдор бидуни гузаронидани амалиёт тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ аст.
4. Воридот ва тақсимоти андозҳои танзимшаванда байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ қатъиян тавассути суратҳисобҳои танзимкунандаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
5. Новобаста аз тағйир ёфтани маҳалли фаъолияти андозсупоранда, ҷиҳати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ, уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ, пардохти уҳдадориҳои андозии чунин андозсупоранда то охири соли молиявӣ дар маҳалли қаблан бақайдгирифташуда ё маҳалли фаъолият анҷом дода шавад.
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2023 аз рӯйи даромад ба маблағи 3987638 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 3956840 ҳазор сомонӣ ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 30798 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 3987638 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолате ҷудо карда мешавад, агар даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа талаботи воқеии пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро пурра таъмин карда натавонад.
3. Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
4. Ҳиссаҷудокуниҳо аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯйи таносуб (фоизҳо)и зерин тасдиқ карда шаванд:
1) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" 100 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) дар шаҳри Душанбе 34,0 фоиз ба суратҳисоби раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 66,0 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) дар шаҳри Роғун 24,4 фоиз ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 75,6 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари тобеи ҷумҳурӣ 100 фоиз ба суратҳисоби раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Муқаррароти андозию гумрукӣ ва имтиёзҳои алоҳида барои ташкилотҳо дар соли 2023
1. Андоз аз арзиши иловашуда танҳо барои корхонаҳои коркарди гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ), барои воридот, коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда, инчунин барои маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда ва фурӯши он, барои фурӯши равғани растанию боқимондаи коркарди он (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) бо меъёри 10 фоиз муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки барои хариди молу маҳсулоти дигар (кор ва хизматрасонӣ), ҷиҳати таҳвил ва фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда, инчунин барои маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда ва фурӯши он пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад. Муқаррароти мазкур ба имтиёзҳои пешбининамудаи сархати сенздаҳуми қисми 4 моддаи 251 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 18) моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад.
2. Воридоти техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, автобусҳо, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети шаҳри Душанбе барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва беҳтар гардонидани таъминоти соҳаи алоҳидаи шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
3. Воридоти қувваи барқ ба ҷумҳурӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.10.2023 № 1982).
4. Корхонаи воҳиди давлатӣ "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе" ҳангоми фурӯши молҳои озуқаворӣ, инчунин воридоти маҳсулоте, ки номгӯйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1966).
5. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Маркази барқу гармидиҳӣ"-и шаҳри Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
6. Иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмонҳои зерин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда озод карда мешаванд: меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ", воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, сохтмони бинои бисёрфунксионалии маъмурӣ дар суроғаи хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
7. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосии сохтмони иншооти дар қисми 6 моддаи мазкур пешбинишуда тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
8. Ба уҳдадориҳои қарзии андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун", ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба вуҷуд омадаанд, фоизҳо тибқи моддаи 139 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳисоб карда намешаванд.
9. Федератсияи футболи Тоҷикистон, воҳидҳои зертобеи он ва клубҳои футболи Тоҷикистон аз пардохти 50 фоизи меъёри муқарраршудаи андозҳо аз молу мулк, инчунин мураббиёну бозингароне, ки аз хориҷи кишвар барои рушди фаъолияти Федератсия ва клубҳои футбол ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ, воридоти молу масолеҳи варзишӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
10. Воридоти бланкҳои шиносномаҳои дорои ҳомили электронии иттилоот, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда ва аз боҷу хироҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
11. Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
12. Иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи намояндаи фармоишгар - консортсиуми "Tractebel Engineering Ғ.A." (филиали "Tractebel Engineering Ғ.A." дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, ки тибқи шартномаи тарафайн амалӣ мешавад, аз пардохти андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда, инчунин иҷрои кор ва хизматрасонии зерпудратчиёни консортсиум аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда озод карда мешаванд.
13. (на барои нашр).
14. Маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули захираҳои давлатӣ дар соли 2023 тибқи номгӯй ва ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда, инчунин аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
15. Воридоти техникаву таҷҳизоти замонавӣ (трап, лифтҳои махсус барои мусофирон, эскалаторҳо, автокран, таҷҳизоти барқдиҳандаи ҳавопаймо) барои азнавсозии аэровокзали Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда, инчунин аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 27.12.2023 № 2013).
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2023 аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 30 фоиз баъд аз пӯшонидани касри буҷет ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
Моддаи 17. Муқаррарот оид ба амонатгузории маблағи озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳо
Бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 ба вуҷуд меоянд, ҳамчун амонат бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи кӯтоҳмуҳлат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 18. Соҳаҳо ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ
1. Соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ соҳаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ мебошанд ва азнавтақсимкунии маблағҳо байни соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин ба соҳаҳои дигар қатъиян манъ аст.
2. Ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти буҷет музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ, маблағгузории сарикасӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ дохил карда шаванд.
3. Ҳангоми мавҷуд будани сарфа ва набудани қарз аз рӯйи моддаҳои дахлдори хароҷот, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
4. (на барои нашр).
Моддаи 19. Пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Маблағҳои махсуси вазорату идораҳо, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети дахлдор маблағгузоришаванда дар қисмати даромаду хароҷоти сметаҳои ягонаи онҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд. Аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳо пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетҳои дахлдор ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд:
1) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 55 фоиз;
2) Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт - 40 фоиз;
3) муассисаҳои томактабӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 1 фоиз, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва дастгоҳи марказии вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 фоиз, муассисаҳои дигари соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва дастгоҳи марказии вазоратҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 10 фоиз;
4) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15 фоиз;
5) ташкилотҳои дигари буҷетӣ - 20 фоиз;
6) аз маблағҳои грантӣ, сарпарастӣ, ҳиссаҷудокунии маблағҳои махсуси гирандагони маблағҳои буҷетӣ ба тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ ва тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, кумакҳои молиявӣ, маблағҳои махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар, фонди иҷораи китобҳои дарсӣ, маблағҳои мақсадноки супоришӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъватии сафарбарӣ, маблағҳои аз ҳисоби хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти мазкур ситонида намешавад.
 
2. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳар семоҳа то санаи 15уми баъди давраи ҳисоботӣ гузаронида мешавад.
3. Истифодаи маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ, берун аз низоми хазинадорӣ қатъиян манъ аст. Дар ҳолати риоя нагардидани муқаррароти мазкур, маблағҳои ошкоргардида пурра ба даромади буҷети дахлдор ситонида мешаванд.
4. Дар сурати аз ҳаҷми солонаи маблағи дар буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ба сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид менамоянд.
5. Дар ҳолати иҷро нагардидани қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2023 ва норасоии маблағ барои маблағгузории хароҷоти пешбинишуда, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, барои истифодаи қувваи барқ, об ва хизматрасонии дигари коммуналӣ, пардохтҳои номбаршударо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус амалӣ менамоянд.
6. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби додани сертификат ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ 60 фоизи маблағро ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт менамоянд. Боқимонда 40 фоизи воридоти маблағ ба суратҳисоби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мегардад. Маблағҳои боқимондаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри он мононда шуда, тартиби дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда нисбати он татбиқ намегардад.
7. Маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии (ба истиснои пардохт барои додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар ворид мегарданд, баъди пардохт мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба буҷети ҷумҳуриявӣ барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмону таъмири биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд. Маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида пурра ба суратҳисоби андӯхтӣ гузаронида шуда, хароҷоти онҳо бо санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
8. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 ба вуҷуд меояд, дар ҳаҷми маблағгузории хароҷоти буҷети соли молиявӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
9. Дар ҳолати норасоии маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор пӯшонида мешавад.
10. (на барои нашр).
Моддаи 20. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ
1. Воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ ба андозаи 5 фоиз муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ;
2) аз ҳисоби маблағҳои махсуси:
   а) муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриявӣ;
   б) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
   в) Хадамоти шиносномавӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
   г) ташкилотҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
   д) дигар ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар.
 
2. Воридот аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 фоиз муқаррар карда шавад.
3. Ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
4. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ бо фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 21. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти қудратӣ
1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз муқаррар гардидааст, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар доираи маблағҳои пешбинигардида дар як сол як маротиба пардохт карда мешавад.
2. (на барои нашр).
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти дигаре, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи барои фонди музди меҳнат тибқи Қонуни мазкур дар сметаҳои ягонаи даромад ва хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор тасдиқшуда анҷом дода мешавад.
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Аз 1 январи соли 2023 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағҳои умумии пинҳонкардашуда (кам нишондодашуда)-и андоз, фоиз ва ҷарима аз рӯйи онҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ ва андозҳои маҳаллӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ҳар моҳ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 фоизи маблағҳои хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
2. Маблағҳо аз ҳисоби даромадҳои андозӣ, ба истиснои андозҳо ва низомҳои махсуси дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо намудҳои андоз ворид карда шуда, ҳиссаи онҳо мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои маблағгузории тадбирҳои пешбинишуда истифода мешаванд. Тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба онҳо татбиқ намегардад.
3. Маблағҳое, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, андозҳои маҳаллӣ ва низомҳои махсуси андозбандӣ ошкор гардидаанд, бо дар назар доштани фоиз ва ҷарима аз рӯйи онҳо, аз рӯйи таъиноташон пурра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида мешаванд.
Моддаи 23. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ҳадди ақали иҷорапулӣ барои молу мулк, ба истиснои молу мулки давлатӣ
1. Аз 1 январи соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба андозаи 68 сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Ҳадди ақали иҷорапулии як метри мураббаи объектҳои ғайриманқул дар як моҳ бо фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо дар назар доштани коэффитсиенти минтақавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо, ки дар қисми 2 моддаи 348 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ба андозаи зерин муқаррар карда шавад:
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки ҳамчун биноҳо (ҳуҷраҳо)-и истиқоматӣ, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо истифода мешаванд - 20 фоиз;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти истеҳсолӣ истифода мешаванд - 30 фоиз;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намудҳои хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифода мешаванд - 60 фоиз;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолият истифода мешаванд - 45 фоиз.
Моддаи 24. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи санадҳои судӣ ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо ҳангоми риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои санадҳои судӣ дар бораи ҷуброни зарари моддию маънавии аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонидашуда аз ҳисоби маблағҳои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо амалӣ карда мешаванд.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня, ҷубронпулӣ воридшуда, инчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ расонидашуда, ба истиснои маблағҳое, ки аз вайронкунандагони қонунгузорӣ дар соҳаи заминсозӣ ситонида мешаванд, ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
Моддаи 25. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021
1. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 аз рӯйи даромад ба маблағи 30053803 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 29221500 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 832303 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосии беруна, бо дар назар доштани хизматрасонии он ба маблағи 2392782 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба Буҷети давлатӣ
1. Дар ҳолати барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2023 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), сатҳи нархҳо, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилотҳои буҷетӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳисоби байниҳамдигарӣ мегузаронад.
3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе чунин ҳисобҳои байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2023 мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 7 декабри соли 2022, № 1916
 
 

ПРОБЛЕМАҲОИ МУБРАМИ ҚОНУНГУЗОРИИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 27/09/2023 - 14:39

         Санаи 27 сентябри соли равон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 9 Нақшаи кории шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Проблемаҳои мубрами қонунгузории иҷораи молиявӣ (лизинг) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад