ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Нақши занон дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар даврони истиқлол

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 03/06/2026 - 08:59
     Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа табдил ёфтааст. Дар ин раванд нақши занон, модарон, бисёр назаррас ва муассир мебошад. Зан ҳамчун тарбиятгар, нигоҳдорандаи фарҳангу суннатҳои миллӣ ва поягузори ахлоқи ҷомеа дар ташаккули ҳисси худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳми арзишманд мегузорад.[1] Маҳз тавассути тарбияи дуруст дар хонавода, баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, занон метавонанд барои таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва пешрафти давлат нақши муҳим бозанд.
     Аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон давлату ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон, бонувон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа эътироф карданд.[2] Дар тамоми соҳаҳо занону духтарон ҳамеша аз дастгирии давлат бархӯрдор буда, ин ғамхориҳо барои рушди фаъолият ва баланд гардидани мавқеи онҳо дар ҷомеа аҳмияти калон дорад.
     Таърихи халқи тоҷик гувоҳи он аст, ки занони тоҷик дар тамоми давру замон барои ҳифзи Ватан, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ саҳми арзанда гузоштаанд.[3] Дар рӯзҳои душвору вазнин онҳо бо сабру матонат оиларо нигоҳ дошта, фарзандонро дар рӯҳияи ҷавонмардӣ ва садоқат ба Ватан тарбия намудаанд. Занони тоҷик ҳамеша намунаи ибрат, хирадмандӣ ва меҳанпарастӣ буданд. Дар ҳақиқат, занони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсти тоҷик дар тарбияи фарзанд, таҳкими оила ва рушди ҷомеа мавқеи арзанда доранд.
     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо занони фаъоли мамлакат бахшида ба Рӯзи модар соли 2007 дар шаҳри Душанбе таъкид намуда буданд: «Эҳтироми модарон қарзи фарзандӣ ва вазифаи инсонии ҳар як шахс мебошад. Мо танҳо ҳамон вақт ин рисолатро иҷро карда метавонем, ки ба заҳмату меҳрубонии модарон, хоҳарон ва духтарони худ арҷ гузорем.»[4].
     Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок доранд.[5] Онҳо ҳамчун омӯзгор, табиб, олим, ҳунарманд, хизматчии давлатӣ ва соҳибкор барои рушди кишвар саҳми босазо мегузоранд. Ҳар як муваффақияти занон нишонаи муҳаббати онҳо ба Ватан ва кӯшиши онҳо барои пешрафти ҷомеа мебошад.
     Дар соҳаи маориф ҳазорҳо занону духтарон фаъолият намуда, насли наврасро таълиму тарбия медиҳанд.[6] Омӯзгорони зан бо меҳнати софдилона кӯшиш мекунанд, ки ҷавонон донишманд, бофарҳанг ва ватандӯст ба камол расанд. Ин яке аз шаклҳои олии хизмат ба Ватан мебошад.
     Дар соҳаи тандурустӣ низ саҳми занон хеле назаррас аст. Табибону ҳамшираҳои шафқат барои ҳифзи сиҳатии мардум хизматҳои шабонарӯзӣ мекунанд. Хизмат ба сиҳатии мардум нишонаи ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ мебошад.
     Дар соҳаи соҳибкорӣ низ занон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаан.[7] Бисёр занон имрӯз соҳибкори муваффақ буда, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум саҳм мегузоранд. Ин ҳама натиҷаи сиёсати дастгирии занон ва рушди имкониятҳои онҳо мебошад.
    Дар баробари ин, амалисозии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».[8] ва дигар барномаҳои давлатӣ ба баланд бардоштани савияи дониш, дастгирии соҳибкории занон ва ҷалби бештари онҳо ба хизмати давлатӣ, бахусус корҳои роҳбарӣ мусоидат менамояд. Маҳз дар натиҷаи татбиқи чунин барномаҳо шумораи занони фаъол дар мақомоти давлатӣ, соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва соҳибкорӣ сол аз сол афзоиш ёфта истодааст.
     Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон барои давраи то соли 2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2023, №545 тасдиқ шудааст,[9] маҳз ба дастгирии ҳамаҷонибаи рушди соҳибкории занон равона карда шудааст. Ҳамчунин, имрӯз занон дар мақомоти давлатӣ ва сохторҳои гуногуни ҷамъиятӣ фаъолият дошта, дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳм мегузоранд
     Дар шароити муосири давлатдории миллӣ масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати занон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа равона гардидааст.[10] Зеро, зан нерӯи созанда ва тарбиятгари насли оянда дар таҳкими давлатдорӣ, рушди ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад.
     Бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои Муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи дастгирии давлатии занон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, барои баланд бардоштани мақоми иҷтимоиву сиёсии онҳо заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда шуданд.     Дар ин раванд қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ барои таҳкими нақши занон дар ҷомеа аҳаммияти муҳим касб намуд.
     Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”,[11] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”,[12] Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва 2021-2030), Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016, 2017-2022 ва 2023-2030). Мақсад аз қабули қонунҳо ва барномаҳо баланд бардоштани маърифатноки ва мавқеи занон дар ҷомеа, таъмини баробарҳуқуқии онҳо мебошад.
     Ҳамчунин яке аз ниҳодҳои муҳими давлатӣ дар ин самт Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти он ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба масъалаҳои занон ва оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ҷалби занон ба идоракунии давлатӣ равона гардидааст. Ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа, ҳисси вадандустӣ ва ифтихори милии онҳо тадбирҳои муҳиму муассирро роҳандозӣ менамояд.
     Кумита дар доираи салоҳияти худ ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди такмили қонунгузори доир ба ҳифзи иҷтимоии зан ва оила лоиҳаи қонунҳо, қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳияву пешниҳод намуда, ҷиҳати иҷрои онҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба манфиатҳои зан ва оила дахлкунанда назоратро ба амал мебарорад,[13]
     Дар солҳои истиқлол, занони тоҷик дар арсаҳои байналмилалӣ низ обрӯи кишварро баланд бардоштанд,[14] Варзишгарон, олимон, ҳунармандон ва дигар намояндагони фаъоли ҷомеа Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
     Аз ин рӯ, занону бонувони кишварро зарур аст, ки минбаъд низ ба қадри сулҳу оромӣ, истиқлолу озодӣ ва соҳибдавлатии Тоҷикистон расида, барои рушди давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли Ватандуст, саршор аз ифтихори миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
     Дар фарҷом мехоҳам ёдрас шавам, ки дар даврони истиқлол, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занон ва таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ фароҳам овардааст. Фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, қабули барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин дастгирии пайвастаи сиёсати давлатӣ нисбат ба занон боис гардидааст, ки занон имрӯз ҳамчун нерӯи бузурги созанда дар пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми арзишманд гузоранд. Онҳо имруз дар самти Ватандориву Ватандустӣ, ифтихор аз миллату хештаншиносӣ барои мардуми кишвар, бахусус ҷавонон намунаи ибрат мебошанд.
     Бигузор, занони тоҷик оянда низ бо донишу заковат, меҳнатдӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.
 
 
РУЙХАТИ АДАБИЁТ
1. Раҳмон Эмомалӣ. Суханронӣ бахшида ба Рӯзи модар. – Душанбе, 2025.
2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа».
3. Ғафуров Б. Тоҷикон. – Душанбе: Ирфон, 1989.
4. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо занони фаъоли мамлакат бахшида ба Рӯзи модар. – Душанбе, 2007.
5. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маълумоти оморӣ оид ба иштироки занон дар ҳаёти иҷтимоӣ. – Душанбе, 2025.
6. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳисоботи солона. – Душанбе, 2024.
7. Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон барои давраи то соли 2027. – Душанбе, 2023.
8. Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030.
9. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2023, №545.
10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 01.03.2005, №89.
11. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа».
12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005, №89.
13. Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004 № 513
14. Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон». – Душанбе, 2024.
 
Мутахассиси пешбари шуъбаи
қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ,
мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ
Шарипова Фараҳноз Ҷамшедовна
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад