ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Октябр 2024

-A A +A

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “15 соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо”

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 01/10/2024 - 17:14
     1 октябри соли 2024. ш.Душанбе
    Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои банди 2 Нақша чорабиниҳои дохилиидоравӣ оид ба Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки 24 декабри соли 2020 аз ҷониби директори Марказ тасдиқ гардидааст, конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “15 соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Чшб, 02/10/2024 - 16:42
     Аз замони пайдоиши инсоният то ба имрӯз забон рукни асосии тамоми халқу миллатҳои дунё ба шумор рафта, бе забони миллӣ ягон миллат вуҷуд дошта наметавонад. Забони форсии тоҷикӣ, ки яке аз забонҳои қадими дунё дониста мешавад, тӯли ҳазорсолаҳо забони давлатии давлатҳо ва империяҳои бузург ба монанди Ҳахоманишиён, Сосониён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва даҳҳо давлати дигар низ ба ҳисоб мерафт.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИСТИФОДАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Чшб, 02/10/2024 - 16:58
    Мояи сарфарозии ҳар як фарди миллат аст, ки имрӯз забони давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад.
 Эмомалӣ Раҳмон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОРРУПСИЯ-ЯКЕ АЗ МОНЕАҲОИ ҶИДДИИ РУШДИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Чшб, 09/10/2024 - 10:14
     Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

БАРНОМАИ «МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 15/10/2024 - 15:15
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4 (4 овоз)

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “КОНСТИТУТСИЯ-ЗАМИНАИ РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Чшб, 16/10/2024 - 09:22
     11 октябри соли 2024 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Конститутсия-заминаи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Чшб, 16/10/2024 - 09:41
     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави иқтисоди рақамӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни кишвар бароҳ монда, солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст, ки рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва соддагардонию шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ мусоидат менамояд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Пшб, 24/10/2024 - 10:18
     Мутобиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Пшб, 24/10/2024 - 11:37
   Коррупсия ҳамчун зуҳуроти манфӣ дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳодисаи нав набуда, ин зуҳуроти номатлуб аз давраҳои хеле қадим арзи ҳастӣ дорад. Дар замонҳои қадим «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда ва зараррасонанда маънидод шуда, афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА РАСМИЁТИ МАЪМУРӢ: РУШД ВА МУШКИЛИҲО”

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Пшб, 24/10/2024 - 13:59
     23 октябри соли 2024 аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи минтақавии “Мусоидат ба давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ”-и Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расмиёти маъмурӣ: рушд ва мушкилиҳо” баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

РУШДИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР МАСИРИ 30 СОЛИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (Бахшида ба истиқболи 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024)

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Ҷум, 25/10/2024 - 09:17
     Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад.
 
Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

КОНСТИТУТСИЯИ МАРДУМӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 30/10/2024 - 11:52
     Ҳар сол рӯзи 6-уми ноябр мардуми сарбаланд, меҳнатдӯст, ватандӯст ва тоҷдори ҷаҳон, Тоҷикон ҷашни бошукӯҳу таърихӣ ва сарнавиштсози худ солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд, зеро маҳз дар ҳамин руз 30 сол қабл, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо иродаи кулли мардуми тоҷик қабул гардида, ба ҳифзи Истиқлолият ва муайян намудани пояҳо ва аркони давлату давлатдории навини тоҷикон нақши ҳалкунанда бозид.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

КОНСТИТУТСИЯ – САРМАНШАИ ҲУҚУҚ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 30/10/2024 - 15:10
     Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуда, дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Тоҷикистон дар баробари қабули Конститутсияи замони истиқлол, озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад