ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 19/05/2026 - 15:45
     Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.
 Эмомалӣ Раҳмон.
     Ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, инчунин баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа, аз ҷумлаи принсипҳои муҳими ахлоқию сиёсӣ ва падидаҳои муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Мазмуни аслии ин арзишҳо дар меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, инчунин дар омодагии инсон барои ҳимоя ва болотар гузоштани манфиатҳои давлат таҷассум меёбад.
     Беҳуда нест, ки аҳли маърифат меҳри Ватанро дар баробари меҳри модар қарор додаанд. Агар модар инсонро ба дунё оварда, тарбия намояд ва ба муҳити оилаву ҷомеа роҳнамоӣ кунад, Ватан бошад, рӯҳия ва камолоти маънавии ӯро парвариш дода, арзишҳои волои инсониро дар вуҷудаш тақвият мебахшад.
     Тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат мебошад[1].
     Ба ақидаи муҳақиқон, ватандӯстӣ мафҳуми васеъ дорад. Он меҳру муҳаббат ба Ватан, майлу хоҳиши барои ҳифзи Ватан хизмат кардан ва тайёр будан ба фидокорӣ баҳри манфиати халқи худро фаро мегирад [2, с.115-117].
     Дар ҳама давру замон ҳисси баланди ватандӯстӣ яке аз асосҳои марказии маънавиёту ахлоқ буда, қодир аст, ки ҷомеаро муттаҳид созад ва рушди онро бо ёрии қонун ҳамчун воситаи асосии танзими тамоми соҳаҳои ҷомеа таъмин намояд. Тавре, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо  дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва  арзишҳое бархӯрдор бошанд, ки онҳоро барои манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд»[3].
     Бояд зикр намуд, ки далелҳои таърихии пайдоиш ва инкишофи ғоя ва ҳисси ватандӯстӣ ҳамчун омили муҳими муттаҳидкунандаи халқи тоҷик арзёбӣ мегарданд. Зеро онҳо шаҳрвандонро ба эҳтироми меъёрҳои қонун, амалисозии ҳуқуқу уҳдадориҳо, иҷрои босамари вазифаҳо ва риояи рафтори ҳуқуқӣ ҳидоят менамоянд. Бинобар ин, тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар замони муосир ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат муайян гардидааст. Тарбияи ватандӯстӣ пеш аз ҳама дар муҳити ҷавонон аҳаммияти махсус ва саривақтӣ дорад, зеро соҳибихтиёрӣ, давлатдорӣ ва пешрафти ҳар як давлату миллат, пеш аз ҳама, ба нақш ва саҳми ҷавонон вобаста мебошад.
     Мубрамияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон пайваста дар сатҳи олии давлатӣ таъкид ва арзёбӣ мегардад.   Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-уми декабри соли 2016 қайд намуданд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд»[4].
     Дар адабиёти ҳуқуқӣ мафҳуми ватандӯстиро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Бояд қайд кард, ки А.К.  Чудаев ватандӯстиро ҳамчун «қарз ва масъулияти шаҳрванд барои ҳимояи Ватан» меҳисобад. Ба ақидаи муҳақиқ агар шахс амалҳои гуногуни манифатдорро барои пешрафт ва ҳимояи Ватани худ анҷом надиҳад, ӯ шахси ватандӯст эътироф намегардад[5].
     Эътиқоди ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замон аҳаммияти муҳими муттаҳидкунанда дошта, ҳамчун нерӯи мусбат ба эҳсосоти одамон, сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мансубияти миллӣ, таъсири амиқ мерасонад.
     Дарвоқеъ, ватандӯстӣ моҳиятан яке аз меъёрҳои асосии муайянкунандаи шаъну шараф ва эътибори инсон ҳамчун шаҳрванди кишвар дар ҷомеаи сермиллат ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ватандӯстӣ ҳамеша ҳамчун нерӯи пешбаранда дар мубориза барои истиқлолият ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқҳои сокини он нақши ҳалкунанда доштааст.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2022 иброз намуданд: «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халҳу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд[6]».
     Қобил ба зикр аст, ки тавсифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони давраи соҳибистиқлолии кишварамон ҳамчун нерӯи созанда мазмун ва мантиқи амиқи воқеӣ дорад. Зеро, насле, ки дар замони истиқлолият тавлид шудаанд дарбаргирандаи қишри ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои фаҳмишу дарки  баланди илм ва техналогияҳои замони муосир мебошанд. Метавон гуфт, ки дар замони соҳибихитиёри назар ба тамоми давраи давлатдории тоҷикон имкониятҳои омӯзишию таҳсилӣ бо дастгириҳою сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар сатҳи хеле баланд, таъмин карда шуд.
     Тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омили муҳими рушди давлатдории миллӣ буда, дар навбати худ давлатдории миллӣ ба тарбия ва баланд гардидани ҳисси ватандӯстии ҳар як сокини давлат, бахусус ҷавонон мусоидат менамояд. Яъне, танҳо дар давраи давлатдории миллӣ ва рушди он имконият даст медиҳад, ки аз таърихи ниёгон ва анъанаҳои миллии миллат ёдоварӣ шуда, онро дар байни аҳолии мамлакат бе ягон монеа тарғиб намоем.
      Дар партави гуфтаҳои боло қайд намудан ба маврид аст, ки аз замони соҳибистиқлолӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо гардид, ки ашъори ниёгони гузаштагони миллати тоҷик, ки аҳамият ва хусусияти тарғибии ватандӯстию хештаншиносӣ доранд, ҳарчӣ бештар ба нашр расонида шаванд ва ин муваффақият аз ҷаҳду талош ва ғамхорию дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мавҷудияти маводи омӯзишии аҳамияти ватандӯстидошта ва тарғиби бештари онҳо нигоҳи ҷавононро ба олами воқеият ва арзи ҳастии хеш ба таври мусбӣ тағйир дода, дар натиҷаи он ҷавонон миллату давлат ва сарзамини аҷдодии худро дӯст дошта, ҳимоя аз фарҳангу таърихи гузаштаи худ намуда, баҳри инкишофи он содиқона меҳнат мекунанд ва дар якҷоягӣ баҳри пойдории сулҳу ваҳдат, ягонагӣ, дӯстиву рафоқат миёни ҳамдигар умр ба сар мебаранд.
     Ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифаи ҷонӣ ба ҳисоб рафта, бояд дар азму иродаи онҳо доим такомул дода шаванд.
     Қобили таъкид аст, ки тарбияи ватандӯстӣ дар шароити муосир ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва соҳаи маориф табдил ёфтааст. Ин раванд хусусияти низомнок гирифта, дар заминаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ амалӣ мегардад.
     Аз ҷиҳати илмӣ, тарбияи ватандӯстӣ ҳамчун ҷузъи муҳими тарбияи шаҳрвандӣ баррасӣ шуда, ба ташаккули арзишҳои миллӣ, худшиносӣ ва масъулияти иҷтимоии ҷавонон равона мегардад. Татбиқи он дар доираи барномаҳои махсуси тарбиявӣ ва ҳамзамон тавассути мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимии зинаҳои гуногуни таҳсилот сурат гирифта, ба ҳамгироии дониш, ҷаҳонбинӣ ва рафтори шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.
     Ҳамин тариқ, унсурҳои асосии тарбияи ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон бояд ба таври низомнок ба рушди эҳсоси шаҳрвандӣ, парвариши муҳаббат ба Ватан, таҳкими ҳувияти миллӣ, омӯзиши амиқи таърих ва фарҳанги миллӣ, инчунин ба ташаккули омодагӣ барои ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои давлат равона карда шаванд.
 
Паҳлавонов Сулаймон Каримович
муовини сардори шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист.
                                
            Руйхати адабиёт.
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 24 декабри соли 2022, № 1920. // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http: www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 27.04.2026).
  2. Гарданова Э.С. Сущность формирования нравственных ценностей учащихся начальной школы / Э.С. Гарданова // София, Болгария: Научно-издательский центр "Мир науки" (ИП Вострецов Александр Ильич), 2017. – С. 585-588.
  3. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” 23-юми майи соли 2013 [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://president.tj/event/'speeches/4066 (санаи муроҷиат 09.04.2026).
  4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://www.president.tj/event/missives/12756 (санаи муроҷиат 09.04.2026).
  5. Чудаев А.К. «Патриотическое воспитание как основа формирования правосознания молодежи» - (Вестник МФЮА) 2018.
  6. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2022 [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://www.president.tj/event/missives/12756 (санаи муроҷиат 09.04.2026).
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)