ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»
Ҳамватанони азиз!
ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),
Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.
БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)
Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.
ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ
ҶАДВАЛИ САНАДҲО
ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»
Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.
Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.
Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)
САТРИ «НОМ»
Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.
САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»
Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.
Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.
Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.
Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.
Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.
ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»
Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.
ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)
Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот | Сана | Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
Қонун | 2065 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО | Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 20.06.2024 | Амалкунанда | word pdf zip |
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот | Сана | Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
Қонун | 2061 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН | Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 20.06.2024 | Амалкунанда | WORD PDF ZIP |
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот | Сана | Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
Қонун | 2049 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК | Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 20.06.2024 | Амалкунанда | WORD PDF ZIP |
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 33002852 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 22592000 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) воридоти андозӣ – 20463521 ҳазор сомонӣ;
б) воридоти ғайриандозӣ – 1463479 ҳазор сомонӣ;
в) грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ – 665000 ҳазор сомонӣ;
2) аз ҳисоби грантҳо ва қарзҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ – 7938632 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) қарзҳо – 3241800 ҳазор сомонӣ;
б) грантҳо – 4696832 ҳазор сомонӣ;
3) аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ – 2472220 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ба маблағи 33626756 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ – 1420968 ҳазор сомонӣ;
2) мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ ва судҳо – 2290219 ҳазор сомонӣ
3) маориф – 6304025 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ – 2881390 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 4331602 ҳазор сомонӣ;
6) фарҳанг ва варзиш – 1199149 ҳазор сомонӣ;
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал – 1502178 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ – 6022411 ҳазор сомонӣ;
9) соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор – 1030551 ҳазор сомонӣ;
10) саноат ва сохтмон – 211811 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия – 2660636 ҳазор сомонӣ;
12) соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва хизматрасонӣ – 125349 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоти дигар – 3646467 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ба андозаи 0,6 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 623904 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Манбаъҳои пӯшонидани касри Буҷети давлатӣ ба таври зерин муайян карда шаванд:
1) аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ - 32000 ҳазор сомонӣ;
2) аз ҳисоби фоидаи соф ба ҳиссаи давлат дар ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва суди саҳмияҳои давлатӣ дар ҷамъиятҳои саҳомӣ - 90000 ҳазор сомонӣ;
3) аз фурӯши векселҳо - 100000 ҳазор сомонӣ;
4) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 - 100000 ҳазор сомонӣ;
5) аз ҳисоби маблағҳои қарзии созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 245728 ҳазор сомонӣ;
6) сарфаи маблағи озмунҳои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ - 40000 ҳазор сомонӣ;
7) иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ - 16176 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 2179153 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 1186959 ҳазор сомонӣ ва баргардонидани қарзи асосӣ аз рӯи уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии соли 2022 ва фоизҳои он ба маблағи 992194 ҳазор сомонӣ (ба истиснои уҳдадориҳои қарзи солҳои қаблӣ), аз ҳисоби ташкилотҳои зерин муқаррар карда мешавад:
1) Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» - 922514 ҳазор сомонӣ;
2) Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» - 16850 ҳазор сомонӣ;
3) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» - 8680 ҳазор сомонӣ;
4) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир энерҷӣ» - 11610 ҳазор сомонӣ;
5) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» - 25100 ҳазор сомонӣ;
6) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» - 3320 ҳазор сомонӣ;
7) Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» - 4120 ҳазор сомонӣ.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 704242 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ 324832 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби фурӯши молу мулки ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» 320400 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 ба маблағи 59010 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Ҳаҷми умумии буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи даромад 12964140 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот 13571868 ҳазор сомонӣ ва касри он дар ҳаҷми 607728 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи манбаъҳои даромад
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 12964140 ҳазор сомонӣ аз рӯи манбаъҳои зерин муқаррар карда шавад:
1) андоз аз арзиши иловашуда - 7116721 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ - 2216721 ҳазор сомонӣ;
б) андоз аз арзиши иловашудаи беруна - 4900000 ҳазор сомонӣ;
2) аксизҳо - 724000 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) аксизҳои дохилӣ - 200000 ҳазор сомонӣ;
б) аксизҳои беруна - 524000 ҳазор сомонӣ;
3) андоз аз фурӯш - 12112 ҳазор сомонӣ;
4) андоз барои захираҳои табиӣ - 292477 ҳазор сомонӣ;
5) андоз аз даромад - 1885778 ҳазор сомонӣ;
6) боҷҳои гумрукӣ - 910000 ҳазор сомонӣ;
7) даромадҳои дигари ғайриандозӣ - 1358052 ҳазор сомонӣ;
8) грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 665000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ дар ҳаҷми зерин тасдиқ карда шавад:
1) маблағгузории бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 846653 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ - 190299 ҳазор сомонӣ;
б) сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ - 119124 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти сиёсати берунӣ - 315302 ҳазор сомонӣ;
г) мақомоти дигари давлатӣ - 221928 ҳазор сомонӣ;
2) мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура - 1951394 ҳазор сомонӣ;
3) маориф - 1065395 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) таҳсилоти умумӣ - 181223 ҳазор сомонӣ;
б) таҳсилоти касбӣ - 704963 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи маориф - 179209 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ - 358966 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) беморхонаҳо - 195029 ҳазор сомонӣ;
б) марказҳои саломатӣ - 7567 ҳазор сомонӣ;
в) ҳифзи саломатии аҳолӣ - 57882 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ - 98488 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 596816 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) суғуртаи иҷтимоӣ - 437913 ҳазор сомонӣ;
б) ҳифзи иҷтимоӣ - 74311 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 84592 ҳазор сомонӣ;
6) фарҳанг ва варзиш - 446273 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) чорабиниҳо оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш - 9702 ҳазор сомонӣ;
б) муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ - 114728 ҳазор сомонӣ;
в) воситаҳои ахбори омма - 183753 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг ва варзиш - 138090 ҳазор сомонӣ;
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 106837 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 2692556 ҳазор сомонӣ;
9) кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 186189 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) барои рушди соҳаи чорводорӣ - 3065 ҳазор сомонӣ;
б) барои чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди малах - 4280 ҳазор сомонӣ;
в) барои рушди муносибатҳои лизингӣ ва таъсису мукаммал намудани марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ - 19000 ҳазор сомонӣ;
г) барои чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ - 2900 ҳазор сомонӣ;
10) саноат ва сохтмон - 214942 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия - 242159 ҳазор сомонӣ;
12) фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасонӣ - 124839 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар дохил карда нашудааст - 4738849 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ - 2465752 ҳазор сомонӣ,
аз он:
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии дохилии давлатӣ - 218832 ҳазор сомонӣ;
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии берунаи давлатӣ - 2246920 ҳазор сомонӣ;
б) хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани вазифаҳои пойтахт - 25000 ҳазор сомонӣ;
в) Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 109635 ҳазор сомонӣ;
г) хароҷоти дигаре, ки аз рӯи соҳаҳои иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудааст - 2138462 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандҳои идоравӣ ва барномавӣ
2. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии барномавӣ тибқи замимаи 2 муқаррар карда шавад.
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ
Хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми 13571868 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) пардохти музди меҳнат - 2381350 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) музди меҳнати кормандони асосӣ - 2224516 ҳазор сомонӣ;
б) музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ - 156834 ҳазор сомонӣ;
2) маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ аз он:- 323144 ҳазор сомонӣ,
а) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони асосӣ - 272827 ҳазор сомонӣ;
б) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ - 39192 ҳазор сомонӣ;
в) суғуртаи тиббӣ ва суғуртаҳои дигар - 11125 ҳазор сомонӣ;
3) хариди мол ва хизматрасонӣ - 2730014 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) пардохти хизматрасонии коммуналӣ - 207221 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти хизматрасонии алоқа - 121929 ҳазор сомонӣ;
в) хариди мол ва хизматрасонии дигар - 2400864 ҳазор сомонӣ;
4) хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна - 2465752 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои қарзи дохилӣ - 218832 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти қарзи берунаи асосӣ - 1186959 ҳазор сомонӣ;
в) пардохти фоизҳои қарзи берунаи асосӣ - 1059961 ҳазор сомонӣ;
5) хароҷоти пардохти кумакпулиҳо (субсидияҳо) - 98133 ҳазор сомонӣ;
6) хароҷот барои трансфертҳо - 1279929 ҳазор сомонӣ;
7) кумакпулиҳои иҷтимоӣ - 193031 ҳазор сомонӣ;
8) трансфертҳои дигар - 441015 ҳазор сомонӣ;
9) амалиёт бо дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоягузорӣ - 3659500 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) маблағгузории асосии мутамарказ - 3438924 ҳазор сомонӣ;
б) хариди мошинҳо ва таҷҳизот - 113957 ҳазор сомонӣ;
в) дороиҳои ғайримолиявии дигар - 91000 ҳазор сомонӣ;
г) хариди дороиҳои молиявии дохилӣ - 15619 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ба маблағи 438540 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои пардохти фонди музди меҳнат ба маблағи 1142448 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
1) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 213861 ҳазор сомонӣ;
2) вилояти Хатлон - 603315 ҳазор сомонӣ;
3) ноҳияи Варзоб - 15369 ҳазор сомонӣ;
4) ноҳияи Рашт - 51901 ҳазор сомонӣ;
5) ноҳияи Лахш - 36003 ҳазор сомонӣ;
6) ноҳияи Нуробод - 39929 ҳазор сомонӣ;
7) ноҳияи Рӯдакӣ - 64892 ҳазор сомонӣ;
8) ноҳияи Сангвор - 18010 ҳазор сомонӣ;
9) ноҳияи Тоҷикобод - 25498 ҳазор сомонӣ;
10) ноҳияи Файзобод - 44580 ҳазор сомонӣ;
11) ноҳияи Шаҳринав - 29090 ҳазор сомонӣ.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба фондҳои мақсадноки давлатӣ ба буҷети шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар моҳ мустақиман аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад.
Моддаи 11. Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023 ба маблағи 176014 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шаванд.
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи даромад бо дар назар доштани мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешаванд, ба маблағи 8719309 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 8735485 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 16176 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1705 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон 11328 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб 266 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт 415 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Лахш 250 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод 253 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рӯдакӣ 995 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Сангвор 140 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод 169 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод 332 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав 323,0 ҳазор сомонӣ, муайян карда шавад.
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 ва таъмини иҷрои барзиёди даромад пӯшонида мешавад.
3. Бақияи маблағҳои озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 бо тарҳи маблағҳои азхуднашудаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети соли 2021 муайян ва тасдиқ карда шавад.
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2022 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:
1) андоз аз фурӯши алюминийи аввалия - 100 фоиз;
2) боҷҳои гумрукӣ - 100 фоиз;
3) андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна - 100 фоиз;
4) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (бо дар назар доштани муҷозоти молиявӣ), хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 фоиз;
5) аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, инчунин андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) - 100 фоиз;
6) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1» андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) - 100 фоиз;
7) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» андоз аз арзиши иловашуда - 100 фоиз;
8) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» андоз аз арзиши иловашуда ва андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) - 100 фоиз;
9) аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» – андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 100 фоиз;
10) аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 100 фоиз;
11) аз муассисаҳои давлатии марказ ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда андоз аз даромади шахсони воқеӣ - 100 фоиз;
12) аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком») – андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз - 100 фоиз;
13) аз Бонки миллии Тоҷикистон – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони воқеӣ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоидаи боқимондаи баъди тасдиқи ҳисоботи соли 2021 - 100 фоиз;
14) аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Америка «Корхонаи муштараки Анзоб», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» - андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 50 фоиз;
15) пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва лойи табобатӣ) - 100 фоиз.
2. Ҳиссаҷудокунӣ аз андозҳои умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегардад, дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
1) андоз аз арзиши иловашуда:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) - 100 фоиз;
б) аз вилояти Суғд - 50 фоиз ба буҷети вилоят ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе - 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун - 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
2) андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо
ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Роғун) - 100 фоиз;
б) аз вилояти Суғд - 50 фоиз ба буҷети вилоят ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Роғун - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
3) андоз аз даромад:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Роғун) - 100 фоиз;
б) аз вилояти Суғд - 55 фоиз ба буҷети вилоят ва 45 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе - 46 фоиз ба буҷети шаҳр ва 54 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Ваҳдат - 59 фоиз ба буҷети шаҳр ва 41 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
д) аз шаҳри Роғун - 28 фоиз ба буҷети шаҳр ва 72 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ.
4) аксизҳои дохилӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз.
5) андозҳои маҳаллӣ, боҷи давлатӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти ғайриандозии маҳаллии дигар ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз.
3. Гузаронидани маблағи як намуди андоз ба дигар намуди андоз берун аз таъинот, инчунин анҷом додани амалиёти пардохти андозҳои танзимшаванда ба буҷетҳои дахлдор бидуни гузаронидани амалиёт тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ аст.
4. Воридот ва тақсимоти андозҳои танзимшаванда байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ қатъиян тавассути суратҳисобҳои танзимкунандаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
5. Новобаста аз тағйир ёфтани маҳалли фаъолияти андозсупоранда ҷиҳати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ, уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ, пардохти уҳдадориҳои андозии чунин андозсупоранда то охири соли молиявӣ дар маҳалли қаблан бақайдгирифташуда ё фаъолият анҷом дода шавад.
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2022 аз рӯи даромад ба маблағи 3547509 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 3516711 ҳазор сомонӣ ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 30798 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 3547509 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолате ҷудо карда мешавад, агар даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа талаботи воқеии пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро пурра таъмин карда натавонад.
3. Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
4. Ҳиссаҷудокуниҳо аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шаванд:
1) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 100 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) дар шаҳри Душанбе 34,3 фоиз ба суратҳисоби раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 65,7 фоиз ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) дар шаҳри Роғун 19,7 фоиз ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 80,3 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари тобеи ҷумҳурӣ 100 фоиз ба суратҳисоби раёсат ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Муқаррароти андозию гумрукӣ ва имтиёзҳои алоҳида барои корхонаю ташкилотҳо дар соли 2022
1. Андоз аз арзиши иловашуда танҳо барои корхонаҳои коркарди гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) барои воридот, коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда, инчунин барои маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда ва фурӯши он бо меъёри 10 фоиз муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки барои хариди молу маҳсулоти дигар (кор ва хизматрасонӣ), ҷиҳати таҳвил ва фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда, инчунин барои маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда ва фурӯши он пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад.
2. Воридоти техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии он, нақлиёти барқӣ ва автобус, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети шаҳри Душанбе барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва беҳтар гардонидани таъминоти соҳаи алоҳидаи шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, инчунин воридоти қувваи барқ ва гази табиӣ ба ҷумҳурӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
3. Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳангоми фурӯши молҳои озуқаворӣ, инчунин воридоти маҳсулоте, ки номгӯйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
4. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
5. Иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмонҳои зерин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ озод карда мешаванд: меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, сохтмони бинои бисёрфунксионалии маъмурӣ дар суроғаи хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон бо забони русӣ барои 1200 ҷойи нишаст (дар як баст) дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Турсунзода аз ҷониби Федератсияи Россия, мактаб барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Чордаи шаҳри Ваҳдат, барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод аз ҷониби Ширкати чинии «ТВЕА» ва барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Данғара аз ҷониби Ширкати чинии «Синохайдро» ва мактаб барои 540 ҷойи нишаст дар хоҷагии Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби Сафоратхонаи Туркманистон.
6. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосии сохтмони иншооти дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинишуда тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
7. Ба уҳдадориҳои қарзии андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун», ки аз ҳисоби таҳвили неруи барқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадаанд, фоизҳои тибқи моддаи 139 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳисоб карда намешаванд.
8. Федератсияи футболи Тоҷикистон, воҳидҳои зертобеи он ва клубҳои футболи Тоҷикистон аз пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт, инчунин мураббиёну бозингароне, ки аз хориҷи кишвар барои рушди фаъолияти Федератсия ва клубҳои футбол ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда мешаванд.
9. Воридоти бланкҳои шиносномаҳои дорои ҳомили электронии иттилоот, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
10. Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳамаи намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
11. Иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи намояндаи фармоишгар – консорсиуми «Tractebel Engineering S.A.» (филиали «Tractebel Engineering S.A.» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии "Роғун", ки тибқи шартномаи тарафайн амалӣ мешавад, аз пардохти андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда, инчунин иҷрои кор ва хизматрасонии зерпудратчиёни консорсиум аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
12. Воридоти молу масолеҳи сохтмонӣ ва дастгоҳу таҷҳизот барои бунёди гармхонаҳои замонавӣ, ки номгӯйи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
13. (на барои нашр).
14. Воридоти маҳсулоти озуқа, нуриҳои менералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои модии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули захираҳои давлатӣ дар соли 2022 тибқи номгӯй ва ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад. (ҚҶТ аз 11.02.2022с., №1850)
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2022 аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 30 фоиз баъд аз пӯшонидани касри буҷет ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
Моддаи 17. Муқаррарот оид ба амонатгузории маблағи озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳо
Бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2022 ба вуҷуд меоянд, ҳамчун амонат бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи кӯтоҳмуҳлат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 18. Соҳаҳо ва моддаҳои ҳимояшавандаи Буҷети давлатӣ
1. Соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ соҳаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ мебошанд ва азнавтақсимкунии маблағҳо байни соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин ба дигар соҳаҳо қатъиян манъ аст.
2. Ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти буҷет музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ дохил карда шаванд.
3. Ҳангоми мавҷуд будани сарфа ва набудани қарз аз рӯи моддаҳои дахлдори хароҷот, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 19. Пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Маблағҳои махсуси вазорату идораҳо, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети дахлдор маблағгузоришаванда дар қисмати даромаду хароҷоти сметаҳои ягонаи онҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд. Аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳо пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетҳои дахлдор ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд:
1) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 45 фоиз;
2) Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт - 40 фоиз;
3) муассисаҳои томактабӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 1 фоиз, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ –5 фоиз, муассисаҳои дигари соҳаи маориф, илм ва фарҳанг - 10 фоиз;
4) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 15 фоиз;
5) ташкилотҳои дигари буҷетӣ – 20 фоиз;
6) аз маблағҳои грантӣ, сарпарастӣ, кумакҳои молиявӣ, маблағҳои махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар, фонди иҷораи китобҳои дарсӣ, маблағҳои мақсадноки супоришӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъватии сафарбарӣ, маблағҳои аз ҳисоби хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти мазкур ситонида намешавад.
2. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳар семоҳа то санаи 15-уми баъди давраи ҳисоботӣ гузаронида мешавад.
3. Истифодаи маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ берун аз низоми хазинадорӣ қатъиян манъ аст. Дар ҳолати риоя нагардидани муқаррароти мазкур, маблағҳои ошкоргардида пурра ба даромади буҷети дахлдор ситонида мешаванд.
4. Дар сурати аз ҳаҷми маблағи дар буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ба сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид менамоянд.
5. Дар ҳолати иҷро нагардидани қисми даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2022 ва норасоии маблағ барои маблағгузории хароҷоти пешбинишуда, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, барои истифодаи қувваи барқ, об ва хизматрасонии дигари коммуналӣ, пардохтҳои номбаршударо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус амалӣ менамоянд.
6. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби додани сертификат ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ 50 фоизи маблағро ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт менамоянд. Боқимонда 50 фоизи воридоти маблағ ба суратҳисоби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мегардад. Маблағҳои боқимондаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри он мононда шуда, тартиби дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда нисбати он татбиқ намегардад.
7. Маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии (ба истиснои пардохт барои додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоотӣ ва шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар ворид мегарданд, баъди пардохт мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба буҷети ҷумҳуриявӣ барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмону таъмири биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд. Маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоотӣ ва шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида пурра ба суратҳисоби андӯхтӣ гузаронида шуда, хароҷоти онҳо бо санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
8. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳолати 1 январи соли 2022 ба вуҷуд меояд, дар ҳаҷми маблағгузории хароҷоти буҷети соли молиявӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
9. Дар ҳолати норасоии маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.
Моддаи 20. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ
1. Воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ба андозаи 5 фоиз муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ;
2) аз ҳисоби маблағҳои махсуси:
а) муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриявӣ;
б) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) Хадамоти шиносномавӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ташкилотҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
д) дигар ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар.
2. Воридот аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 фоиз муқаррар карда шавад.
3. Ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
4. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 21. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти қудратӣ
1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз муқаррар гардидааст, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар доираи маблағҳои пешбинигардида дар як сол як маротиба пардохт карда мешавад.
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти дигаре, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи барои фонди музди меҳнат тибқи Қонуни мазкур дар сметаҳои ягонаи даромад ва хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор тасдиқшуда анҷом дода мешавад.
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Аз 1 январи соли 2022 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағҳои умумии пинҳонкардашуда (кам нишондодашуда)-и андоз, фоиз ва ҷарима аз рӯи онҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ ва андозҳои маҳаллӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ҳар моҳ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 фоизи маблағҳои хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
2. Маблағҳо аз ҳисоби даромадҳои андозӣ, ба истиснои андозҳо ва низомҳои махсуси дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо намудҳои андоз ворид карда шуда, ҳиссаи онҳо мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои маблағгузории тадбирҳои пешбинишуда истифода мешаванд. Тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба онҳо татбиқ намегардад.
3. Маблағҳое, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, андозҳои маҳаллӣ ва низомҳои махсуси андозбандӣ ошкор гардидаанд, бо назардошти фоиз ва ҷарима аз рӯи онҳо, аз рӯи таъиноташон пурра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида мешаванд.
Моддаи 23. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
Аз 1 январи соли 2022 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба андозаи 64 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Моддаи 24. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи санадҳои судӣ ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо ҳангоми риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои санадҳои судӣ дар бораи ҷуброни зарари моддию маънавии аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонидашуда аз ҳисоби маблағҳои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо амалӣ карда мешаванд.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня, ҷубронпулӣ воридшуда, инчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ расонидашуда, ба истиснои маблағҳое, ки аз вайронкунандагони қонунгузорӣ дар соҳаи заминсозӣ ситонида мешаванд, ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шаванд.
Моддаи 25. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020
1. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 аз рӯи даромад ба маблағи 25064985 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 24798454 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 266531 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосии беруна, бо назардошти хизматрасонии он ба маблағи 1624062 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба Буҷети давлатӣ
1. Дар ҳолати барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2022, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), сатҳи нархҳо, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилотҳои буҷетӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳисоби байниҳамдигарӣ мегузаронад.
3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе чунин ҳисобҳои байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН