ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1922 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1921 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1918 КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

Нигористон

-A A +A

КЫРГЫЗСКАЯ АРМИЯ НАРУШАЕТ НОРМЫ МЕЖДУНАРОДНОГО ГУМАНИТАРНОГО ПРАВА

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Чшб, 21/09/2022 - 15:05
В настоящее время в международных отношениях продолжают существовать источники войн и вооруженных конфликтов. Войны и вооруженные конфликты порождают определенные правоотношения между воюющими сторонами.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА – МУШКИЛОТИ ИҶТИМОИИ ҶОМЕА

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Дшб, 19/09/2022 - 14:13
    Бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо дар ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти он буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИИ “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАРҒИБИ ҒОЯ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Чшб, 14/09/2022 - 08:53
     7 сентябри соли 2022 мизи мудаввар таҳти унвонии “Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ” дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид.
    Намояндаи Марказ дар чорабинии мазкур бо маъруза дар мавзуи “Ҷавонон – ворисони арзандаи халқу ватан” баромад намуда, бо сипоснома қадрдонӣ гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИИ МИЛЛАТ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Чшб, 07/09/2022 - 14:16
     Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар масири даҳ асри охир дастоварди боарзиштарин ва волотарини маллати тоҷик аст, ки имрӯз сарнавишт ва сиёсати дохиливу хориҷии худро ба дасти хеш мустақилона менависад. Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун пайки саодату хуҷастаҳолӣ на танҳо мояи шаъну шукӯҳи миллати таммандунофари тоҷик дар арсаи олам гардид, балки сарахбори кӯшоиши корҳои созандагӣ ва пешрафтҳои гунонгунҷабҳаи ҷомеа ҳам гашт.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “ЭКСПЕРТИЗАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ: МУШКИЛИҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛӢ”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Чшб, 07/09/2022 - 09:09
     6 сентябри соли 2022 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Экспертизаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: мушкилиҳои назариявӣ ва амалӣ” доир гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ЭКСПЕРТИЗАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ: МУШКИЛИҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛӢ”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Сшб, 30/08/2022 - 17:17
     Маркази милли қонунгузорӣ тасмим гирифтааст, ки 6-уми сентябри соли равон соати 10:00 дар толори маҷлисгоҳи Марказ бо иштироки доираи васеи олимони соҳаи ҳуқукэҷодкунии ҷумҳурӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи “Экспертизаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: мушкилиҳои назариявӣ ва амалӣ баргузор намояд.
     Дар кори конференсияи мазкур иштирок ва суханронии олимону муҳаққиқон оид ба мавзуи зикршуда, мубоҳиса ва мубодилаи афкор дар назар аст.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Баъзе ҷанбаҳои ҳуқуқӣ-экологии маърифати экологии аҳолӣ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 29/08/2022 - 10:07
     Дар замони ҳозира яке аз муаммоҳои бисёр актуалие, ки тамоми инсониятро ба ташвиш овардааст, ин дараҷаи пасти нишондодҳои солимии муҳити атроф мебошад. Дар ҳақиқат ҳам солҳои охир гарчанде аз ҷониби давлатҳои алоҳида роҷеъ ба беҳтар гардонидани вазъи экологии саёра пешниҳод ва тавофуқоти алоҳида ба амал оварда шаванд ҳам, аммо аз сабаби надоштани механизми густурдаи татбиқи ин ҳадафҳо дар назария боқӣ мемонад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Э Ъ Л О Н ДАР БОРАИ ҚАБУЛ БА АСПИРАНТУРА ВА УНВОНҶӮИ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Сшб, 23/08/2022 - 15:54
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

СЕМИНАР – МАШВАРАТ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Чшб, 10/08/2022 - 12:32
     5 августи соли 2022 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2022, №1865(23-3) семинар – машварат доир ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав баргузор гардид.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “ВАЗЪИ МУРАККАБИ ҶАҲОНИ МУОСИР. АБАРҚУДРАТОН ЧӢ МЕХОҲАНД”.

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 08/08/2022 - 16:27
     Дар асоси машғулиятҳои тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ барои афсарону прапоршикон ва хизматчиёни маъмурии давлатӣ дар таҳсили нимсолаи дуюми соли 2022, 5 августи соли 2022 дар Маркази миллии қонунгузорӣ семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир. Абарқудратон чӣ мехоҳанд?” баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҚАБУЛ БА МАГИСТРАТУРА АЗ РӮЙИ ИХТИСОСИ ҲУҚУҚШИНОСӢ (240102)

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 08/08/2022 - 10:37
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МАФҲУМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД, ДЕМОКРАТӢ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 01/08/2022 - 08:15
     Баъди истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро, ки дар он ҳуқуқҳои инсон мавқеи муҳимро ишѓол менамоянд, пеша намуд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинаи муайянкунандаи рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2022

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Пшб, 21/07/2022 - 18:42
   Маркази миллии қонунгузорӣ 20 июли соли 2022, соати 14:00 тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729, ки 28 июни соли 2022 аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи намояндагони восита
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2022

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 18/07/2022 - 10:40
   Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 2022 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
   Вақти баргузорӣ: соати 14:00
   Макон: шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов-13, бинои маъмурии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
   Телефон барои тамос: 227-08-07
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ҶАЛАСА ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2022

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 08/07/2022 - 13:22
  Дар Маркази миллии қонунгузорӣ 07 июли соли 2022 доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифагузорӣ барои нимсолаи дуюм бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизода Икром, муовинон директор ва кормандони воҳидҳои сохтории Марказ ҷаласа баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Нигористон