ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Январ 2025

-A A +A

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ОМИЛИ РУШДИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 10/01/2025 - 09:43
     Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамасола дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Паём санади муҳими расмӣ ва барномавӣ ба шумор рафта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии дохилӣ ва хориҷиро муайян мекунад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ҶАЛАСАИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2024

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Ҷум, 10/01/2025 - 17:19
     10 январи соли 2025 фаъолияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баррасӣ гардид.
     Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ – муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузорӣ доир ба фаъолияти Марказ дар соли 2024 гузориш пешниҳод карданд.
     Ҳамзамон, директори Марказ – Саидзода Иззатулло Ҳабибулло дастовард ва мушкилоти фаъолияти Марказро арзёбӣ намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 2 (1 овоз)

Мизи мудаввар дар мавзуи “Шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Дшб, 13/01/2025 - 16:01
     13 январи соли 2024 дар Маркази миллии қонунгузорӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 15/01/2025 - 14:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
2115
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
07.12.2024
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2026
 
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 ноябри соли 2025, № 212,  аз 27.04.2026, №2256
қабул карда шуд
 
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 65957180 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:(Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
1) аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 49293900 ҳазор сомонӣ, аз он:(Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
а) воридоти андозӣ                                 – 41798162 ҳазор сомонӣ;
б) воридоти ғайриандозӣ                            – 6327738 ҳазор сомонӣ;(Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
в) грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби
   созмонҳои байналмилалии молиявӣ                 – 1168000 ҳазор сомонӣ;
2) аз ҳисоби грантҳо ва қарзҳои лоиҳаҳои
   давлатии сармоягузорӣ                           – 13403363 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) қарзҳо                                          – 6311630 ҳазор сомонӣ;
б) грантҳо                                         – 7091733 ҳазор сомонӣ;
3) аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ  – 3259917 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ба маблағи 67911780 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:(Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ         – 2520394 ҳазор сомонӣ;
2) мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тартиботи
   ҳуқуқӣ ва судҳо                                 – 5961658 ҳазор сомонӣ;
3) маориф                                          – 13677279 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ                                      – 5028001 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ               – 8493023 ҳазор сомонӣ;
6) фарҳанг ва варзиш                               – 2296527 ҳазор сомонӣ;
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ,
   ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал             – 2065561 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ                 – 15876431 ҳазор сомонӣ; (Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
9) соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор              – 1739305 ҳазор сомонӣ;
10) саноат ва сохтмон                              – 412239 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия                       – 2523556 ҳазор сомонӣ;
12) соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва хизматрасонӣ      – 191522 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоти дигар                                 – 7126284 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ба андозаи 1,0 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 1954600 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Манбаъҳои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ ба таври зерин муайян карда шаванд:
1) аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи
   моликияти ҷумҳуриявӣ                            – 60000 ҳазор сомонӣ;
2) аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ            – 1000000 ҳазор сомонӣ;
3) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ
   ба ҳолати 1 январи соли 2026                    – 10000 ҳазор сомонӣ;
4) аз ҳисоби маблағҳои грантию қарзии созмонҳои
   байналмилалии молиявӣ бо дарназардошти бақияи
   солҳои гузашта                                  – 764450 ҳазор сомонӣ;
5) сарфаи маблағи озмунҳои хариди давлатӣ          – 50000 ҳазор сомонӣ;
6) иҷрои барзиёди нақшаи даромад ва
   маблағи озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати
   1 январи соли 2026                              – 70150 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 5090886 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 3336215 ҳазор сомонӣ ва баргардонидани қарзи асосӣ аз рӯйи уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии соли 2026 ба маблағи 1754671 ҳазор сомонӣ (бо дарназардошти уҳдадориҳои қарзии солҳои қаблӣ) аз ҳисоби ташкилотҳои зерин муқаррар карда мешавад:
1) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик»         – 1552900 ҳазор сомонӣ;
2) Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»   – 10000 ҳазор сомонӣ;
3) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз»        – 6000 ҳазор сомонӣ;
4) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир энерҷӣ»         – 10044 ҳазор сомонӣ;
5) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи
   Тоҷик»                                          – 84010 ҳазор сомонӣ;
6) Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани
   Тоҷикистон»                                     – 80271 ҳазор сомонӣ;
7) Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию
   коммуналӣ»-и Кумитаи хоҷагии манзилию
   коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   – 11446 ҳазор сомонӣ.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 472980 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ 152580 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби даромадҳои депозитии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон ва фурӯшу иҷораи молу мулки ба моликияти давлат қабулгардидаи собиқ ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» 320400 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Ҳаҷми умумии буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи даромад 31636585 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот 33521035 ҳазор сомонӣ ва касри он дар ҳаҷми 1884450 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи манбаъҳои даромад
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 31636585 ҳазор сомонӣ аз рӯйи манбаъҳои зерин муқаррар карда шавад:(Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
1) андоз аз даромад                                 – 4632369 ҳазор сомонӣ;
2) андоз аз арзиши иловашуда                        – 15559213 ҳазор сомонӣ;
3) андози аксиз                                     – 1527686 ҳазор сомонӣ;
4) андозҳо барои захираҳои табиӣ                    – 476932 ҳазор сомонӣ;
5) андоз аз фурӯш                                   – 33371 ҳазор сомонӣ;
6) боҷҳои гумрукӣ                                   – 2064908 ҳазор сомонӣ;
7) даромадҳои дигари ғайриандозӣ               – 6174106 ҳазор сомонӣ; (Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
8) грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ         – 1168000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
1) маблағгузории бахши ҳокимияти давлатӣ ва
   идоракунӣ                                        – 1543102 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ                   – 369978 ҳазор сомонӣ;
б) сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ                – 242237 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти сиёсати берунӣ                         – 405419 ҳазор сомонӣ;
г) мақомоти дигари давлатӣ                          – 525468 ҳазор сомонӣ;
2) мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо
   ва прокуратура                                   – 5222251 ҳазор сомонӣ;
3) маориф                                           – 2802251 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) таҳсилоти умумӣ                                  – 378853 ҳазор сомонӣ;
б) таҳсилоти касбӣ                                  – 1684531 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи маориф                 – 738867 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ                                       – 855472 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) беморхонаҳо                                      – 456396 ҳазор сомонӣ;
б) марказҳои саломатӣ                               – 17879 ҳазор сомонӣ;
в) ҳифзи саломатии аҳолӣ                            – 127890 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ             – 253307 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ                – 1279770 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) суғуртаи иҷтимоӣ                                 – 951890 ҳазор сомонӣ;
б) ҳифзи иҷтимоӣ                                    – 138610 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ
   ва ҳифзи иҷтимоӣ                                 – 189270 ҳазор сомонӣ;
6) фарҳанг ва варзиш                                – 1439254 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) чорабиниҳо оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш      – 38149 ҳазор сомонӣ;
б) муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ                  – 224555 ҳазор сомонӣ;
в) воситаҳои ахбори омма                            – 433962 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг ва варзиш      – 742588 ҳазор сомонӣ;
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист
   ва хоҷагии ҷангал                                – 187736 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ                  – 7855349 ҳазор сомонӣ; (Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
9) кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор                     – 361640 ҳазор сомонӣ;
10) саноат ва сохтмон                               – 398146 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия                        – 392147 ҳазор сомонӣ;
12) фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасонӣ       – 198361 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар
    дохил карда нашудаанд                           – 10985556 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ            – 4444737 ҳазор сомонӣ,
аз он:
– амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии дохилии давлатӣ     – 152580 ҳазор сомонӣ;
– амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии берунаи давлатӣ     – 4292157 ҳазор сомонӣ;
б) хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани
  вазифаҳои пойтахт                                 – 40000 ҳазор сомонӣ;
в) фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати
   Ҷумҳурии Тоҷикистон                              – 236050 ҳазор сомонӣ;
г) хароҷоти дигаре, ки аз рӯйи соҳаҳои
   иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудаанд                  – 6264769 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии идоравӣ ва барномавӣ
1. (на барои нашр).
2. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии барномавӣ тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодӣ
Хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми 33521035 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла: (Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
1) пардохти музди меҳнат                            – 5787039 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) музди меҳнати кормандони асосӣ                   – 5402087 ҳазор сомонӣ;
б) музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ
   ва хизматрасонӣ                                  – 384952 ҳазор сомонӣ;
2) маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ            – 805135 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони асосӣ         – 695249 ҳазор сомонӣ;
б) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони
   ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ                   – 96498 ҳазор сомонӣ;
в) суғуртаи тиббӣ ва суғуртаҳои дигар               – 13388 ҳазор сомонӣ;
3) хариди мол ва хизматрасонӣ                       – 6621774 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) пардохти хизматрасонии коммуналӣ                 – 390329 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти хизматрасонии алоқа                     – 272319 ҳазор сомонӣ;
в) хариди мол ва хизматрасонии дигар                – 5959126 ҳазор сомонӣ;
4) хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна           – 4338737 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) пардохти фоизҳои қарзи дохилӣ                    – 46580 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти қарзи берунаи асосӣ                     – 3336215 ҳазор сомонӣ;
в) пардохти фоизҳои қарзи берунаи асосӣ             – 955942 ҳазор сомонӣ;
5) хароҷоти пардохти кумакпулиҳо (субсидияҳо)       – 161078 ҳазор сомонӣ;
6) хароҷот барои трансфертҳо                        – 4140323 ҳазор сомонӣ;
7) кумакпулиҳои иҷтимоӣ                             – 415041 ҳазор сомонӣ;
8) трансфертҳои дигар                               – 981983 ҳазор сомонӣ;
9) амалиёт бо дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоягузорӣ   – 10269925 ҳазор сомонӣ,(Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
аз он:
а) маблағгузории асосии мутамарказ                  – 9506876 ҳазор сомонӣ; (Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
б) хариди мошинҳо ва таҷҳизот                       – 332600 ҳазор сомонӣ;
в) дороиҳои ғайримолиявии дигар                     – 316809 ҳазор сомонӣ;
г) хариди дороиҳои молиявии дохилӣ                  – 7640 ҳазор сомонӣ;
д) пардохти қарзҳо ва ссудаҳо                       – 106000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ба маблағи 944198 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои пардохти фонди музди меҳнат ба маблағи 3932552 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
1) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон                – 518953 ҳазор сомонӣ;
2) вилояти Хатлон                                    – 2399000 ҳазор сомонӣ;
3) ноҳияи Варзоб                                     – 58476 ҳазор сомонӣ;
4) ноҳияи Рашт                                       – 150040 ҳазор сомонӣ;
5) шаҳри Ҳисор                                       – 93265 ҳазор сомонӣ;
6) ноҳияи Лахш                                       – 92487 ҳазор сомонӣ;
7) ноҳияи Нуробод                                    – 103492 ҳазор сомонӣ;
8) ноҳияи Рӯдакӣ                                     – 175284 ҳазор сомонӣ;
9) ноҳияи Сангвор                                    – 42314 ҳазор сомонӣ;
10) ноҳияи Тоҷикобод                                 – 70925 ҳазор сомонӣ;
11) ноҳияи Файзобод                                  – 129355 ҳазор сомонӣ;
12) ноҳияи Шаҳринав                                  – 98961 ҳазор сомонӣ.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба фондҳои мақсадноки давлатӣ ба буҷети вилоятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои мазкур ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар моҳ мустақиман аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба суратҳисоби алоҳидаи буҷетҳои маҳаллӣ ҷудо карда шуда, хароҷоти он тавассути суратҳисоби мазкур анҷом дода шавад.
Моддаи 11. Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2027 ба маблағи 490729 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯйи даромад бо дарназардошти мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 18589867 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 18660017 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 70150 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Ҳаҷми фонди музди меҳнати буҷетҳои маҳаллӣ ҳамчун нишондиҳандаи назоратӣ ба маблағи 14038149 ҳазор сомонӣ муайян карда мешавад, аз ҷумла барои:
1) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон               – 655172 ҳазор сомонӣ;
2) вилояти Хатлон                                   – 5043683 ҳазор сомонӣ;
3) вилояти Суғд                                     – 3766057 ҳазор сомонӣ;
4) шаҳри Душанбе                                    – 1896760 ҳазор сомонӣ;
5) шаҳри Ваҳдат                                     – 447334 ҳазор сомонӣ;
6) шаҳри Роғун                                      – 80515 ҳазор сомонӣ;
7) шаҳри Турсунзода                                 – 370650 ҳазор сомонӣ;
8) ноҳияи Варзоб                                    – 122950 ҳазор сомонӣ;
9) ноҳияи Рашт                                      – 186787 ҳазор сомонӣ;
10) шаҳри Ҳисор                                     – 387374 ҳазор сомонӣ;
11) ноҳияи Лахш                                     – 102011 ҳазор сомонӣ;
12) ноҳияи Нуробод                                  – 110993 ҳазор сомонӣ;
13) ноҳияи Рӯдакӣ                                   – 439295 ҳазор сомонӣ;
14) ноҳияи Сангвор                                  – 51373 ҳазор сомонӣ;
15) ноҳияи Тоҷикобод                                – 75166 ҳазор сомонӣ;
16) ноҳияи Файзобод                                 – 149784 ҳазор сомонӣ;
17) ноҳияи Шаҳринав                                 – 152245 ҳазор сомонӣ.
3. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026 ва таъмини иҷрои барзиёди даромад пӯшонида мешавад.
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2026 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:
1) андоз аз фурӯши алюминийи аввалия - 100 дарсад;
2) боҷҳои гумрукӣ - 100 дарсад;
3) андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна - 100 дарсад;
4) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (бо дарназардошти муҷозоти молиявӣ), маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 дарсад;
5) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, инчунин андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об, ба истиснои объектҳои ҳудуди вилояти Хатлон) - 100 дарсад;
6) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» – андоз аз арзиши иловашуда - 20 дарсад;
7) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» – андоз аз арзиши иловашуда ва андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) - 100 дарсад;
8) аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» – андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 100 дарсад;
9) аз Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» – андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 100 дарсад;
10) аз муассисаҳои давлатии марказ ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда – андоз аз даромади шахсони воқеӣ - 100 дарсад;
11) аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком») – андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз - 100 дарсад;
12) аз Бонки миллии Тоҷикистон – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоидаи боқимондаи баъди тасдиқи ҳисоботи соли 2025 - 100 дарсад;
13) аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Америка «Корхонаи муштараки Анзоб», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати металлургии Анзоб» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» – андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 50 дарсад;
14) пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва лойи табобатӣ), ба истиснои андозсупорандагони ҳудуди вилояти Хатлон - 100 дарсад;
15) аз ҳисоби андозҳо барои захираҳои табиӣ (рентаи содиротӣ), ба истиснои андозсупорандагони ҳудуди вилояти Хатлон - 50 дарсад;
16) хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 80 дарсад;
17. (на барои нашр).
2. Ҳиссаҷудокунӣ аз андозҳои умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегарданд, дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯйи таносуби зерин тасдиқ карда шавад:
1) андоз аз арзиши иловашуда:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) - 100 дарсад;
б) аз вилояти Суғд 50 дарсад ба буҷети вилоят ва 50 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе 50 дарсад ба буҷети шаҳр ва 50 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун 50 дарсад ба буҷети шаҳр ва 50 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
2) андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Роғун) - 100 дарсад;
б) аз вилояти Суғд 57 дарсад ба буҷети вилоят ва 43 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Роғун 57 дарсад ба буҷети шаҳр ва 43 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
3) андоз аз даромади шахсони воқеӣ:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе) - 100 дарсад;
б) аз вилояти Суғд 57 дарсад ба буҷети вилоят ва 43 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе 42 дарсад ба буҷети шаҳр ва 58 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
4) аксизҳои дохилӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 дарсад;
5) андозҳои маҳаллӣ, боҷи давлатӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти ғайриандозии маҳаллии дигар ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 дарсад;
6) Маблағҳои роялти барои об аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Бойғозӣ», «Вахш» ва «Сангтӯда-1» ба буҷети вилояти Хатлон гузаронида мешаванд.
3. Тақсимоти маблағҳои аз нақша барзиёд воридшудаи даромади буҷети дахлдор дар байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз рӯйи таносуби муқарраршуда бо намуди андозҳо ва пардохтҳо амалӣ карда мешаванд.
4. Воридоти андозҳои танзимшавандае, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи умумии тасдиқгардида барзиёд дохил шудааст, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
5. Маблағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ, ки таъиноти онҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ карда шудааст, набояд ба сатҳи дигари буҷет гирифта шаванд.
6. Гузаронидани маблағи як намуди андоз ба дигар намуди андоз берун аз таъинот, инчунин анҷом додани амалиёти пардохти андозҳои танзимшаванда ба буҷетҳои дахлдор бидуни гузаронидани амалиёт тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ аст.
7. Воридот ва тақсимоти андозҳои танзимшаванда байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ қатъиян тавассути суратҳисобҳои танзимкунандаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
8. Новобаста ба тағйир ёфтани маҳалли фаъолияти андозсупоранда, ҷиҳати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ, уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ, пардохти уҳдадориҳои андозии чунин андозсупоранда то охири соли молиявӣ дар маҳалли қаблан бақайдгирифташуда ё маҳалли фаъолият анҷом дода шавад.
9. Пардохти андозҳои умумидавлатӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ, ки дар онҳо воҳидҳои алоҳидаи андозсупоранда (рамзҳои сабаби ба ҳисоб гузоштан) ба қайд гирифта нашудаанд, манъ аст.
10. Воридоти андозию ғайриандозӣ аз рӯйи сиёсати як пардохт барои як намуди андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тибқи рамзи гурӯҳбандии даромад анҷом дода мешавад.
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2026 аз рӯйи даромад ба маблағи 6823620 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 6792820 ҳазор сомонӣ ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 30800 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 6823620 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолате ҷудо карда мешавад, агар даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа талаботи воқеии пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро пурра таъмин карда натавонад.
3. Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
4. Ҳиссаҷудокуниҳо аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯйи таносуб (фоизҳо)-и зерин тасдиқ карда шаванд:
1) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 100 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) дар шаҳри Душанбе 40,9 дарсад ба суратҳисоби раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Душанбе ва 59,1 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) дар шаҳри Роғун 40,8 дарсад ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Роғун ва 59,2 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) дар ноҳияи Сангвор 92,4 дарсад ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Сангвор ва 7,6 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари тобеи ҷумҳурӣ 100 дарсад ба суратҳисоби раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Муқаррароти андозию гумрукӣ ва имтиёзҳои алоҳида барои ташкилотҳо дар соли 2026
1. Андоз аз арзиши иловашуда барои корхонаҳои коркарди гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) барои воридоти гандум, коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда, аз ҷумла маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, инчунин фурӯши равғани растанӣ барои корхонаҳои коркарди равған бо меъёри 10 дарсад ва барои фурӯши бақияи коркарди зироатҳои равғанидиҳанда (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) бо меъёри 7 дарсад муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми хариди молу маҳсулоти дигар (кор ва хизматрасонӣ) барои фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда, аз ҷумла маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, инчунин барои коркарди равғани растанӣ ва фурӯши он пардохта шудааст, наметавонад аз 10 дарсад ва барои фурӯши бақияи коркарди зироатҳои равғанидиҳанда (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) 7 дарсад зиёд бошад. Муқаррароти мазкур ба имтиёзҳои пешбининамудаи сархати сенздаҳуми қисми 4 моддаи 251 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 13) моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегарданд.
2. Воридоти техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, автобусҳо, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби маб­лағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети шаҳри Душанбе барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва беҳтар гардонидани таъминоти соҳаи алоҳидаи шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
3. Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳангоми фурӯши молҳои озуқаворӣ, инчунин воридоти маҳсулоте, ки номгӯй ва миқдори он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
4. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и шаҳри Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андози аксиз ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
5. Иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва паймонкори асосии сохтмонҳои зерин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ба истиснои андоз аз арзиши иловашудаи сохтмони маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский», ки моддаи 275 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо татбиқ мегардад) ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда озод карда мешаванд: меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, сохтмони маҷмааи бинои бисёрфунксионалӣ барои марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сохтмони театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сохтмони варзишгоҳ барои 30000 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе, сохтмони бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони толори маҷлисгоҳи универсалии Муассисаи давлатии «Маҷмуи меҳмонхонаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», сохтмони «Роҳи автомобилгарди Хоҷаи Аъло - Ворух» ва «Ободонии истифодаи чорроҳаи автомобилгарди Исфара-Ворух ва Ош-Раззаков», сохтмони маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сохтмони Муассисаи давлатии «Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский» дар шаҳри Душанбе, бинои иловагӣ барои 144 ҷойи нишаст дар назди Муассисаи таълимии №16 деҳаи Оби Ширини деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ва бинои иловагӣ барои 144 ҷойи нишаст дар деҳаи Меҳтари деҳоти Оқсӯи ноҳияи Данғара.
6. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва паймонкорони асосии сохтмони иншооти дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинишуда, ба истиснои сохтмони варзишгоҳ барои 30000 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ва театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сохтмони толори маҷлисгоҳи универсалии Муассисаи давлатии «Маҷмуи меҳмонхонаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», сохтмони «Роҳи автомобилгарди Хоҷаи Аъло-Ворух» ва «Ободонии истифодаи чорроҳаи автомобилгарди Исфара-Ворух ва Ош-Раззаков», ки ба иншоотҳои объектҳои махсусан муҳим шомил мебошанд, тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
7. Ба уҳдадориҳои қарзии андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун», ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадаанд, фоизҳо тибқи моддаи 139 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳисоб карда намешаванд.
8. Воридоти бланкҳои шиносномаҳои дорои ҳомили электронии иттилоот, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ворид мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷу хироҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
9. Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
10. Иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи намояндаи фармоишгар - консорсиуми «Tractebel Engineering S.A.» (филиали «Tractebel Engineering S.A.» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, ки тибқи шартномаи дутарафа амалӣ мешавад, аз пардохти андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда, инчунин иҷрои кор ва хизматрасонии паймонкорони фаръии консорсиум аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда озод карда мешаванд.
11. (на барои нашр).
12. Воридот ва фурӯши маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули захираҳои давлатӣ дар соли 2026 тибқи номгӯй ва миқдори тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд(Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
13. Воридоти дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ барои шинонидан дар боғҳо ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе харидорӣ шуда, номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
14. Воридоти битуми тамғаи ДНД 60/90 барои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и шаҳри Душанбе, ки ҳаҷми он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
15. Сохтмон ва фаъолияти филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, андози замин ва кормандони хориҷии он аз андози иҷтимоӣ ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда, инчунин таҷҳизот ва молҳое, ки барои сохтмон, муҷаҳҳазгардонӣ ва фаъолияти филиали Донишкадаи мазкур ва барои сохтмон, муҷаҳҳазгардонии бинои бисёрфунксионалии «Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатӣ» дар кӯчаи Титови шаҳри Душанбе, сохтмони муассисаи замонавии тандурустии бисёрфунксионалӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе ворид карда мешаванд, аз 50 дарсади меъёри муқарраршудаи андоз аз арзиши иловашуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба фонди стабилизатсионии рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2026 аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ, ба истиснои маблағҳо аз фурӯши тилло ва дигар маблағҳои мақсадноки супоришӣ ворид мегарданд 25 дарсад баъд аз пӯшонидани касри буҷет, ки дар қисми 1 моддаи 3 Қонуни мазкур муқаррар карда шудааст, ба истиснои шаҳри Душанбе ба фонди стабилизатсионии рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
Моддаи 17. Ҳиссаҷудокунӣ ба фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2026 аз ҳисоби даромадҳо аз пардохтҳо оид ба додани иҷозатномаҳо ҷиҳати амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт 100 дарсад, пардохтҳо оид ба додани рухсатномаи махсус ҷиҳати ҳамлу нақли бори калонҳаҷм ва вазнин бо нақлиёти автомобилӣ 100 дарсад, маблағи ҷарима барои ҳуқуқвайронкуниҳои роҳу нақлиётие, ки мутобиқи моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таъин мегарданд 10 дарсад, маблағи роҳхатҳо, варақаҳои рухсатномаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии дуҷониба ва транзитии боркашонӣ 20 дарсад ва маблағи хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 дарсад ба фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешавад.
Моддаи 18. Муқаррарот оид ба амонатгузории маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳо
Бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2026 ба вуҷуд меоянд, ҳамчун амонат бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи кӯтоҳмуҳлат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 19. Соҳаҳо ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ
1. Соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ соҳаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ мебошанд ва азнавтақсимкунии маблағҳо байни соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин ба соҳаҳои дигар қатъиян манъ аст.
2. Ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти буҷет музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ, маблағгузории сарикасӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ дохил карда шаванд.
3. Ҳангоми тасдиқи буҷетҳои маҳаллӣ фонди музди меҳнат тибқи нишондиҳандаҳои дар қисми 2 моддаи 12 Қонуни мазкур муайяншуда нигоҳ дошта мешавад.
4. Ҳангоми мавҷуд будани сарфа ва набудани қарз аз рӯйи моддаҳои дахлдори хароҷот Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағ­йироти дахлдор ворид намоянд.
5. (на барои нашр).
Моддаи 20. Пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Аз ҳисоби воридоти маблағҳои махсуси ташкилотҳо пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетҳои дахлдор ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд:
1) Дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ва воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 дарсад;(Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
2) Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт - 50 дарсад;
3) муассисаҳои томактабӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 1 дарсад, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва дастгоҳҳои марказии вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 дарсад, муассисаҳои дигари соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва дастгоҳҳои марказии вазоратҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 10 дарсад;
4) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ - 20 дарсад.
2. Аз маблағҳои грантӣ, сарпарастӣ, ҳиссаҷудокунии маблағҳои махсуси гирандагони маблағҳои буҷетӣ ба тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ ва тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонии идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кумакҳои молиявӣ, маблағҳои махсуси муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии таҷрибавӣ, ки аз 1 январи соли 2025 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2024, №438 ба механизми нави маблағгузорӣ гузаштаанд, маблағҳои махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар, фонди иҷораи китобҳои дарсӣ, маблағҳои мақсадноки супоришӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъватии сафарбарӣ, маблағҳои аз ҳисоби хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти мазкур ситонида намешавад.
3. Маблағҳои ба суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ дар бонкҳо аз ҳисоби хизматрасониҳои музднок воридгардида дар реҷаи вақти воқеӣ ба суратҳисоби дахлдори Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он интиқол дода мешавад.
4. Истифодаи маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ, берун аз низоми хазинадорӣ қатъиян манъ аст. Дар ҳолати риоя нагардидани муқаррароти мазкур, маблағҳои ошкоргардида пурра ба даромади буҷети дахлдор ситонида мешаванд.
5. Дар сурати аз ҳаҷми маблағи семоҳаи дар буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ба нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо ва ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид менамоянд.
6. Дар ҳолати иҷро нагардидани қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2026 ва норасоии маблағ барои маблағгузории хароҷоти пешбинишуда, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, барои истифодаи қувваи барқ, об ва хизматрасонии дигари коммуналӣ, пардохтҳои номбаршударо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус амалӣ менамоянд.
7. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби додани сертификат 100 дарсади маблағро ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт менамояд.
8. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ 70 дарсади маблағро ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт менамояд. Маблағҳои боқимондаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ихтиёри он мононда шуда, тартиби дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда нисбати он татбиқ намегардад.
9. Маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулӣ (ба истиснои пардохт барои додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар ворид мегарданд, баъди пардохт мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба буҷети ҷумҳуриявӣ барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмону таъмири биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд. Маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида пурра ба суратҳисоби алоҳидаи буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, хароҷоти онҳо тибқи нақшаи пешбинишудаи буҷети ҷумҳуриявӣ бо санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 27.04.2026 №2256).
10. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва махсуси намояндагиҳои дип­ломатӣ ва консулгариҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳолати 1 январи соли 2026 ба вуҷуд меояд, дар ҳаҷми маблағгузории хароҷоти буҷети соли молиявӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
11. Дар ҳолати норасоии маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор пӯшонида мешавад.
12. (на барои нашр).
13. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ танҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ суратҳисобҳои бонкӣ мекушоянд.
Моддаи 21. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ
1. Воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ ба андозаи 5 дарсад муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ, ба истиснои шаҳри Душанбе;
2) аз ҳисоби маблағҳои махсуси:
а) муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриявӣ;
б) Хадамоти шиносномавӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) ташкилотҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ташкилотҳои дигари буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар.
2. Ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
3. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ бо фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба давраи пардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсус
1. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ, ки дар моддаҳои 20 ва 21 Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд, ҳар моҳ то санаи 10 баъд аз моҳи ҳисоботӣ амалӣ карда мешавад.
2. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда пардохт нагардидани маблағи дар моддаҳои 20 ва 21 Қонуни мазкур пешбинигардида Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он аз суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ онро бо роҳи анҷом додани амалиёти дохилӣ ба таври худкор ба буҷет ва суратҳисоби дахлдор мегузаронанд.
Моддаи 23. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
1.Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз муқаррар гардидааст, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар доираи маблағҳои пешбинигардида дар як сол як маротиба пардохт карда мешавад.
2. (на барои нашр).
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти дигаре, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи барои фонди музди меҳнат тибқи Қонуни мазкур дар нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор тасдиқшуда анҷом дода мешавад.
Моддаи 24. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва андозбандии иҷорапулии молу мулк, ба истиснои объектҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо тартиби муқарраргардида ба иҷора дода мешаванд
1. Аз 1 январи соли 2026 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба андозаи 78 сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Ҳадди ақалли иҷорапулии як метри мураббаи объектҳои ғайриманқул дар як моҳ бо дарсад аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо дарназардошти коэффитсиенти минтақавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо, ки дар қисми 2 моддаи 348 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ба андозаи зерин муқаррар карда шавад:
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки ҳамчун иншоот (биноҳо)-и истиқоматӣ, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо истифода мешаванд - 20;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти истеҳсолӣ ва фаъолияти варзишӣ истифода мешаванд - 30;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намудҳои хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифода мешаванд - 60;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолият истифода мешаванд - 45.
3. Вобаста ба маҳалли ҷойгиршавии объектҳои ғайриманқули дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда коэффитсиентҳои зерини танзимкунанда пешбинӣ карда шаванд:
- ҳудуди кӯчаҳои марказӣ ва марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо - 1,0;
- ҳудуди шаҳраку деҳот - 0,8;
- мавзеъҳои дигари берун аз ҳудуди кӯчаҳои марказӣ, марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот - 0,6.
Моддаи 25. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи санадҳои судӣ ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигар ҳангоми риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки пардохти ҷуброни зараре, ки аз тарафи кормандони мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоти дигари давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағҳои нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо амалӣ карда мешавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодира ва фурӯши молу мулк, ҷарима, фоиз, ҷубронпулӣ воридшуда ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
3. Маблағи ҷуброни зарари молиявӣ, ки аз ҷониби мақомоти назоративу санҷишӣ ошкор карда шудааст, ба истиснои уҳдадориҳои молиявии ҳисобшуда (аз ҷумла андозҳои ҳисобшуда, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, дивидентҳо, ҳиссаҷудокунӣ ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт, суратҳисоби махсуси сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ва дигар маблағҳои ҳисобшуда) ба суратҳисоби алоҳидаи андӯхтии буҷети давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҳаҷми пурра аз ҷониби шахсе, ки зарар расонидааст, ворид карда мешаванд.
4. Маблағҳои ҷарима, пеня, фоиз ва дигар маблағҳое, ки дар натиҷаи вайрон кардани интизоми молиявӣ (қоидавайронкунии молиявӣ) аз ҷониби мақомоти назоративу санҷишӣ муайян карда шудаанд, мувофиқан ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ворид карда мешаванд.
5. Маблағи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз зернизоми «Баҳисобгирии автоматикунонидашудаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» ситонидашаванда, ки 50 дарсади он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар давраи амали созишномаи сармоягузории дахлдор ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
6. Дар доираи созишномаи сармоягузории шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «RexGen Co.Ltd»-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, ки 14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, маблағи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайрокуниҳои ҳаракат дар роҳ дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракати барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда, тавассути воситаҳои махсуси низоми худидоракунӣ дар соҳаи нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе» дар давраи амали созишнома ба суратҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Моддаи 26. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024
1. Ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соли 2024 аз рӯйи даромад ба маблағи 46613914 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 45437657 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 1176257 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосии беруна, бо дарназардошти хизматрасонии он, ба маблағи 2937676 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 27. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба буҷети давлатӣ
1. Дар ҳолати барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2026 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (мол, кор ва хизматрасонӣ), сатҳи нархҳо, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилотҳои буҷетӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад аз рӯйи намуди андозҳо, низоми махсуси андозбандӣ, пардохтҳои ғайриандозӣ, сарчашмаҳои даромад ва моддаҳои хароҷоти дигари буҷетҳои дахлдор тағйироти зарурӣ ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳисоби байниҳамдигарӣ мегузаронад.
3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳисобҳои байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.
Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2026 мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 1 декабри соли 2025, №2203
 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо"

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 16/01/2025 - 14:04
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
564
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
27.12.2024
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИИ БАҚАЙДГИРӢ ВА БАҲИСОБГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, принсипҳо ва қоидаҳои пешбурди низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ (минбаъд ҳуқуқвайронкуниҳо), инчунин ваколат ва вазифаҳои мақомоти давлатиро дар ин самт муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафхумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, суд ва мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)-и баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба ҳуқуқвайронкуниҳо додани рақами бақайдгирӣ ва сабт намудани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо;
2) баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба махзани ягонаи ҳуқуқвайронкуниҳо ворид намудани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо, ки аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, суд ва мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)-и баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудаанд;
3) махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо - низоми иттилоотию техникӣ, ки маҷмуи маълумотро дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо дар бар мегирад;
4) низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии хуқуқвайронкуниҳо - тартиби бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, суд ва мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)-и баррасикунандаи парвандаҳои хуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин тартиби баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва пешниҳоди маълумот дар бораи хуқуқвайронкуниҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии хуқуқвайронкуниҳо;
5) субъектҳои низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии хуқуқвайронкуниҳо - мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, суд ва мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)-и баррасикунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
6) ҳуқуқвайронкуниҳо - ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуквайронкуниҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
БОБИ 2. ВАЗИФА ВА ПРИНСИПҲОИ НИЗОМИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИИ БАҚАЙДГИРӢ ВА БАҲИСОБГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО
Моддаи 3. Вазифаи асосии низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо
Вазифаи асосии низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, ва истифода ва ҳифзи маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо, пешниҳоди маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо иборат мебошад.
Моддаи 4. Принсипҳои низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо
Низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо;
2) қонуният;
3) объективӣ, мукаммал ва саҳеҳ будани маълумот,
4) дастрас ва ошкоро будани маълумот то ҳадди муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) ҳатмӣ ва якхела будани бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо.
БОБИ З. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НИЗОМИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИИ БАҚАЙДГИРӢ ВА БАҲИСОБГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти идоракунии низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти идоракунии низоми ягонан давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дорои салоҳияти зерин мебошад:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо;
2) тасдиқи тартиби додани рақами бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, қайд кардани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо пешниҳод намудани онҳо;
3) тасдиқи тартиби ҷойгиркунии маълумот дар бораи ҳуқуквайронкуниҳо дар махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо;
4) тасдиқи тартиби пешниҳоди маълумот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳое, ки дар махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо нигоҳ дошта мешаванд;
5) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ваколатҳои он
1. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо (минбаъд мақоми ваколатдор) ба ҳисоб меравад.
2. Мақоми ваколатдор дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои дигари низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо;
2) ташкили махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо;
3) таъмини нигохдорӣ ва ҳифзи маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо;
4) тахлили пурра, объективӣ, саҳеҳ ва кофӣ будани маълумоти оморие, ки аз ҷониби субъектҳои дигари низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо пешниҳод мешаванд;
5) муайян намудани усулҳои самараноки ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, коркард, захира, ҷамъбаст, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо;
6) назорат оид ба риояи тартиби пешниҳоди маълумот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо, ки дар махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо нигоҳ дошта мешаванд;
7) аз субъектҳои дигари низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ба таври ройгон дастрас намудани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ва шаклҳои бақайдгирии ибтидоӣ, инчунин иттилооти дигар барои ташаккул додани махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуквайронкуниҳо;
8) таҳлили пурра, объективӣ, саҳеҳ ва кофӣ будани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо, ки аз ҷониби субъектхои дигари низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуквайронкуниҳо пешниҳод мешаванд;
9) баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта оид ба масъалаҳои махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ирсол намудани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ба субъектҳои дигари низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо;
10) ҷамъоварӣ, коркард, захира, ҷамъбаст ва таҷдиди маълумот дар самти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо;
11) ба таври ройгон таъмин намудани субъектҳои дигари низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо бо маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо, ки дар махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуквайронкуниҳо нигоҳ дошта мешаванд;
12) пешниҳоди маълумот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳое, ки дар махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо нигоҳ дошта мешаванд;
13) нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти дастрасшуда, ки дорои сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд;
14) ҳифзи низоми иттилоотӣ аз дастрасии ғайриқонунӣ, вайрон ё нобуд сохтани маълумот дар бораи ҳукуқвайронкуниҳо, ки дар махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо нигоҳ дошта мешаванд;
15) таъмини риояи хукуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат ҳангоми ташаккул додани махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо,
16) амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи омори давлатӣ барои рушди фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо;
17) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон муқаррар кардааст.
Моддаи 7. Ваколатҳои субъектҳои дигари низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо
1. Мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, суд ва мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)-и баррасикунандан парвандаҳон ҳуқуквайронкунии маъмурӣ дар доираи ваколатҳои худ, бо мақсади таъмини фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, пешниҳод намудани маълумотро дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ ба мақоми ваколатдор амалӣ карда, нигохдорӣ ва ҳифзи маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳоро таъмин менамоянд.
2. Субъектҳои дигари низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дорои ваколатхои зерин мебошанд:
1) оид ба андешидани чораҳо ҷиҳати такмил додани махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо таклиф пешниҳод намоянд;
2) мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳидаҳои идоравӣ, баҳисобгирии оперативӣ ва идоравиро, ки барои таъмини фаъолияти оперативню ҷустуҷӯӣ ва хизматӣ пешбинӣ гардидаанд, амалӣ намоянд;
3) ба мақоми ваколатдор ҳуҷҷатҳои иттилоотию баҳисобгирӣ, мавод ва маълумоти дигари заруриро пешниҳод намоянд;
4) пурра, объективӣ, саҳеҳ ва кофӣ будани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ва дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намудани назорати пурра ва саҳеҳ дарҷ ёфтани ин маълумотро таъмин намоянд;
5) маълумоти дастрасшударо, ки дорои сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, нигоҳ доранд ва ҳифз намоянд;
6) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.
БОБИ 4. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОЕ, КИ БОЯД БА ҚАЙД ВА БА ҲИСОБ ГИРИФТА ШАВАНД
Моддаи 8. Ҳуқуқвайронкуниҳое, ки бояд ба қайд ва ба ҳисоб гирифта шаванд
Ҳуқуқвайронкуниҳое, ки бояд ба қайд ва ба ҳисоб гирифта шаванд:
1) ҷиноятҳое, ки нисбати онхо қарорҳо дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва ҳафтуми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 28-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд;
2) ҷиноятҳое, ки нисбати онҳо қарорҳо дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ва ё қарорҳои дигар оид ба пешбурди парванда аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва судҳо қабул карда шудаанд;
3) ҷиноятҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ, ки тибқи онҳо ҳукми айбдоркунии суд бароварда шуда, эътибори қонунӣ пайдо кардааст;
4) ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки нисбати онҳо қарорҳо дар бораи татбиқи ҷазои маъмурӣ қабул гардидаанд;
5) ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки барои такроран содиршавӣ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамоянд;
Моддаи 9. Маълумот дар бораи ҳуқуквайронкуниҳое, ки бояд ба қайд ва ба ҳисоб гирифта шаванд
1. Ҳангоми ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани ҳуқуқвайронкуниҳои дар бандҳои 1), 2) ва 3) моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинишуда маълумоти зерин сабт карда мешаванд:
1) дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва ҳафтуми қисми 1 моддан 27, моддаҳои 28-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ;
3) дар бораи боздоштани тафтиши пешакӣ;
4) дар бораи аз сари нав оғоз кардани тафтишоти пешакии боздоштшуда;
5) дар бораи дароз кардани муҳлати тафтиши пешакӣ;
6) дар бораи аз рӯйи тобеияти тафтишотӣ равон намудани парвандаи ҷинояти;
7) дар бораи ҳамроҳ намудани парвандаи ҷиноятӣ;
8) дар бораи ҷудо намудани парвандаи ҷиноятӣ;
9) дар бораи дастгир намудани шахс дар содир намудани ҷиноят,
10) дар бораи гумонбар донистани шахс барои содир намудани ҷиноят;
11) дар бораи татбиқ, дароз ё тағйир додани чораи пешгирӣ;
12) дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намудан ба сифати айбдоршаванда;
13) дар бораи эълони ҷустуҷӯйи айбдоршаванда;
14) дар бораи қатъ намудани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ;
15) дар бораи қатъ намудани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ;
16) дар бораи аз сари нав оғоз кардани пешбурди парвандаи ҷиноятии қатъшуда;
17) дар бораи ба прокурор супоридани парвандаи ҷиноятӣ барои ба суд ирсол кардан;
18) дар бораи аз тарафи прокурор фиристодани парвандаи ҷиноятӣ ба суд;
19) дар бораи аз ҷониби прокурор бо супориши хаттӣ баргардондани парвандаи ҷиноятӣ ба муфаттиш барои гузарондани тафтиши пешакии иловагӣ, инчунин барои эълони айби нав;
20) дар боран қатъ намудани тафтиши пешакӣ ё таъқиби ҷиноятӣ;
21) дар бораи равон намудани парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи тобеияти судӣ;
22) дар бораи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ;
23) дар боран оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда,
24) дар бораи бардоштани доғи судӣ;
25) дар бораи ҳукмҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, дар бораи қарорҳо (таъинотҳо)-и суд, ки бо тартиби кассатсионӣ ё тартиби назоратӣ бароварда шудаанд;
26) номи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, суде, ки қарорҳои мурофиавиро баровардааст, сана ва асосҳои баровардани онхо;
27) сабаб ва асосҳои оғоз намудани парвандан ҷиноятӣ;
28) рақами бақайдгирии ҷиноят;
29) ҷой, сана, вақт ва ҳолати содиршавии ҷиноят;
30) насаб, ном, номи падар, рӯз, моҳ, сол ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, таҳсилот, ҷойи кор (таҳсил) ва мансаб, маҳалли истиқомат (ҷойи адои ҷазо ё дар ҳабс нигоҳ доштан)-и гумонбаршуда, айбдоршаванда, шахсе, ки нисбати ӯ дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва ҳафтуми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 28-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст, маҳкумшуда, сафедшуда, шахсоне, ки нисбати онҳо чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъин шудаанд;
31) насаб, ном, номи падар, рӯз, моҳ, сол ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, маълумот, ҷойи кор (таҳсил) ва мансаб, маҳалли истиқомати чабрдида.
2. Ҳангоми бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ки дар бандҳои 4) ва 5) моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, маълумоти зерин сабт карда мешаванд:
1) оид ба қарорҳо дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ, дар бораи ба тариқи назорати бекор кардан ё тағйир додани қарори бо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабулшуда, инчунин маълумот дар бораи қарорҳое, ки дар натиҷаи баррасии шикоят ё эътирози ба қарори дахлдори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ овардашуда қабул гардидаанд;
2) номи суд ва мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)-и баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки қарорҳо баровардаанд, сана ва асоси бароварда шудани ин қарорҳо;
3) сабаб ва асоси оғоз гардидани мурофиаи маъмурӣ;
4) рақами бақайдгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
5) ҷой, сана, вақт ва ҳолатҳои содир гардидани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
6) насаб, ном ва номи падар, рӯз, моҳ, сол ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, таҳсилот, ҷойи кор (таҳсил) ва мансаб, маҳалли истиқомати шахси воқеӣ, ки нисбати ӯ қарор дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ бароварда шудааст;
7) насаб, ном ва номи падар, рӯз, моҳ, сол ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, таҳсилот, ҷойи кор (таҳсил) ва мансаб, маҳалли истиқомати соҳибкори инфиродӣ, ки нисбати ӯ қарор дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ бароварда шудааст, инчунин рақами мушаххаси андозсупоранда;
8) насаб, ном ва номи падар, рӯз, моҳ, сол ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, таҳсилот, ҷойи кор (таҳсил) ва мансаб, маҳалли истиқомати шахси мансабдор, ки нисбати ӯ қарор дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ бароварда шудааст, инчунин раками мушаххаси андозсупоранда;
9) номи шахси ҳуқуқи, ки нисбати он қарор дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ бароварда шудааст, маҳалли ҷойгиршавӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, тобеият, санаи қайди давлатӣ, насаб, ном ва номи падари роҳбар (шахси дигаре, ки тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ ваколатдор карда шудааст), муассис (муассисон).
БОБИ 5. ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРЙ, БАҲИСОБГИРИ ВА ПЕШНИҲОДИ МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО
Моддаи 10. Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо
1. Раками бакайдгирии ҳуқуквайронкуниҳо дода мешавад:
1) аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятӣ - пас аз баровардани қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ё дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва ҳафтуми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 28-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) аз ҷониби суд пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунии суд оид ба парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ,
3) аз ҷониби суд ва мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)-и баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пас аз баровардани қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он.
2. Субъектҳои дигари низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳукуқвайронкуниҳо пас аз қабули қарорхо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳое, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, маълумотро дар хомили коғазӣ ва (ё) электронӣ сабт карда, тавассути хатҳои интиқоли маълумот ба мақоми ваколатдор ирсол менамоянд.
3. Ба ҳуқуқвайронкуниҳо додани рақами бақайдгирӣ, сабти маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ва пешниҳоди онҳо аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятӣ дар давоми 24 соат ва аз ҷониби судҳо ва мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)-и баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар муҳлати се рӯзи корӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 11. Тартиби баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор, муҳлати нигохдорӣ ва нобуд кардани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо
1. Мақоми ваколатдор дар мухлати се шабонарӯз аз рӯзи гирифтани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо аз субъектҳои дигари низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, онҳоро дар махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ҷойгир мекунад.
2. Маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳое, ки аз ҷониби субъектҳои дигари низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии хуқуқвайронкуниҳо бо вайрон намудани тартиби додани рақами бақайдгирӣ ба ҳуқуқвайронкунӣ, маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ва пешниҳоди онҳо ба мақоми ваколатдор супорида шудаанд, дар давоми як шабонарӯз аз рӯзи кабули онҳо бояд мувофиқан ба субъектҳои дигари низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо баргардонда шаванд. Субъектҳои дигари низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар навбати худ дар давоми 24 соат камбудиҳои зикршударо бартараф карда, маълумотро дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ба мақоми ваколатдор такроран ирсол менамоянд.
3. Маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои дар бандҳои 1), 2) ва 3) моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинишуда, ки дар махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ҷойгир карда шудаанд, дар давоми ҳафтоду панҷ сол нигоҳ дошта мешаванд.
4. Маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои дар банди 4) моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинишуда, ки дар махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо чойгир карда шудаанд, дар мухлати як сол нигоҳ дошта мешаванд.
5. Маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои дар банди 5) моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинишуда, ки дар махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ҷойгир карда шудаанд, дар муҳлати се сол нигоҳ дошта мешаванд.
6. Пас аз гузаштани муҳлати нигоҳдории дар қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳамин модда пешбинигардида маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳое, ки дар махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо нигоҳ дошта мешаванд, нобуд карда мешаванд.
Моддаи 12. Пешниҳоди маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо
1. Маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо, ки дар махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдор пешниҳод карда мешавад:
1) ба субъектҳои дигари низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва бахисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо - дар асоси дархост дар муҳлати се шабонарӯз аз рӯзи қабули он;
2) ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотхои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони воқеӣ дар асоси дархост (ариза) дар давоми даҳ шабонарӯз аз рӯзи қабули он;
3) ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигари давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ - мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо, ки дар махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо нигоҳ дошта мешаванд, дар асоси дархости электронӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор ба субъектҳое, ки дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи мазкур пешбин шудаанд, дар давоми як шабонарӯз аз лаҳзаи воридшавии он пешниҳод карда мешавад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 13. Маблағгузории хароҷот вобаста ба бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин фиристодан ва пешниҳод намудани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо
Маблағгузории хароҷот вобаста ба бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин фиристодан ва пешниҳод намудани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ба мақоми ваколатдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин аз сарчашмаҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънагардида анҷом дода мешавад.
Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
           ПРЕЗИДЕНТ
ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН                                    ЭМОМАЛИ РАҲМОН
 
 
 
   ш. Душанбе
2 январи соли 2025
     № 2118
 
 
 

Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 16/01/2025 - 15:45
“... мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон”
Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР СОЛИ 2024

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Дшб, 27/01/2025 - 15:31
  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 январи соли 2025 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар соли 2024 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
   Вақти баргузорӣ: соати 10:00
   Макон: шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов-13, бинои маъмурии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2024

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 31/01/2025 - 14:35
31 январи соли 2025. ш.Душанбе
       Дар заминаи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2024, №26/10-477 нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузорӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)