ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Ноябр 2021

-A A +A

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ КИШВАР

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Шнб, 06/11/2021 - 14:08
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАВТИ ҲУҚУҚБУНЁД, ДЕМОКРАТӢ ВА ДУНЯВӢ”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 05/11/2021 - 16:48
   4 ноябри соли равон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар таҳкими давлавти ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ” бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ баргузор гардид.
  Мизи мудавварро Директори Маркази миллии қонунгузорӣ - Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ифтитоҳ бахшида, ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол шодбош намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ “РИСОЛАТИ ЗАНОН ДАР СИЁСАТ, РУШДИ ДАВЛАТ ВА ПЕШРАФТИ ҶОМЕА”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Сшб, 02/11/2021 - 14:55
   29 октябри соли 2021 дар Маркази миллии қонунгузорӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва малакаи касбии занон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Рисолати занон дар сиёсат, рушди давлат ва пешрафти ҷомеа” баргузор гардид.
  Кори чорабинии мазкур аз ҷониби муовини Директори Марказ Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон оғоз гардида, оид ба нақши занон дар иштироки корҳои давлатӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ҚОНУН ВА ҶОМЕА - СИЁСАТИ ДАВЛАИИ ҶАВОНОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 15/11/2021 - 14:57
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4 (2 овоз)

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРИИ МАМЛАКАТ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Шнб, 20/11/2021 - 14:24

     Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.
    Чунин тадбир бо назардошти хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, барои корнамоиҳои беназир дар роҳи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, демократикунонии ҷомеа, таъмини тамомияти арзӣ, пойдории давлат ва хизмати содиқона ба халқ рӯи кор омадааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – 16 НОЯБР” ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРИИ МАМЛАКАТ”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Сшб, 16/11/2021 - 15:18
      16 ноябри соли равон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр” дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон да ташаккули низоми қонунгузории мамлакат” баргузор гардид.
   Мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ Директори Маркази миллии қонунгузорӣ муҳтарам Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ифтитоҳ бахшида, ҳамаи иштирокчиёни мизи мудавварро хайрамақдам намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ЗАМИНАҲОИ ТАШКИЛӢ-ҲУҚУҚИИ БАРГУЗОРИИ «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Сшб, 16/11/2021 - 16:15
     Воқеан пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 14 майи соли 2016, 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муайян ва муқаррар гардид.
    Бояд иброз намуд, ки дар баробари 83 рӯзҳои ид, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аҳаммияти хоссаи таърихӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ дорад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НАЗАРИ ХОС - ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ"

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Чшб, 17/11/2021 - 13:41
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

АНДЕШАҲО - РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Чшб, 17/11/2021 - 16:31
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Чшб, 24/11/2021 - 17:01
   24 ноябри соли 2021 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ баргузор гардид.
   Сараввал ҷамъомадро директори Маркази миллии қонунгузорӣ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло оғоз намуда, кормандонро бо муносибати ин ҷашни умумимиллӣ табрик намуда, таманниётҳои неки худро иброз доштанд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ЧУН РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Пшб, 25/11/2021 - 15:31
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ЧУН РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
«Парчами давлати соҳибихтиёри мо  нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад».
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 2 (1 овоз)

ДАР МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН МУҲОКИМАИ ПАРЛУМОНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 26/11/2021 - 18:47
    26 ноябри соли 2021, муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2020 ва 9 моҳи соли 2021» баргузор гардид, ки дар он Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Саидзода Иззатулло Ҳабибулло иштирок намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “МУШКИЛОТИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Сшб, 30/11/2021 - 15:20
       30 ноябри соли 2021 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Мушкилоти танзими ҳуқуқии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он” баргузор гардид.
     Кори мизи мудавварро муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузорӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ оғоз намуда, вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул изҳори андеша намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад