ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 12/05/2026 - 14:19
      Коррупсия  яке  аз  зуҳуроти  хавфноки ҷомеа буда,  дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин  ва  яке  аз унсурҳои  таҳдидкунанда  ба амнияти  миллӣ ва харобсозандаи рушду оромии иқтисодию иҷтимоии давлату ҷомеа эътироф гаштааст. Мубориза бар зидди коррупсия бо иштироки васеи аҳолӣ, итиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма ба амал бароварда мешаванд. Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, сурат мегирад.
     Коррупсия аз ҷамъи ду калимаи лотинӣ: «corren»– якчанд иштирокчӣ аз як гуруҳ ва “rumpere” – шикастан, зиён расонидан, аз байн бурдан ва бекор кардан ташаккул ёфтааст. Яке аз олими барҷастаи асримиёнагӣ Николло Макиавеллӣ  “коррупсияро” – ро ҳамчун истифодаи ваколатҳои мансабӣ баҳри тобеъ намудани манфиатҳои шахсӣ маънидод кардааст.
     Коррупсия – кирдоре ҳаракат ё беҳаракатие, ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонуни ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ҳаракат ё беҳаракатӣ ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад [1].
     Сабаҳои асосии бавуҷуд омадани  ҳолатҳои коррупсиони омилҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ ба монанди сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, мавҷудияти монеаҳои зиёди бюрократӣ ва таҳаммулпазирии ҷомеа нисбат ба ришваситонӣ инчунин ношаффоф будани фаъолияти мақомот ва истифодаи робитаҳои хешутаборӣ (непотизм) ва ғайраҳо фаҳмида мешавад.
     Бо назардошти муҳимияти масъала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2007 бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муттаҳид намудани вазифаҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар як сохтори махсус Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
     Дар баробари ин Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 20-уми марти соли 2008, №374 қабул гардид. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, хизмат дар мақомоти Агентӣ, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, таъминоти молиявӣ, моддию техникии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд [2].
     Падидаи коррупсия ва шаклҳои гуногуни ифодаи он дар ҷомеа дар давраҳои гуногуни таърихӣ зоҳир гардида, махсусияти баамалой, танзими ҳуқуқӣ, таъсирасонии қонунӣ ва усулҳои хоси муқовимати давлатию ҷамъиятиро аз сар гузаронидааст. Ҳамаи ин таҷрибаи муқовимат намудан бар ин зуҳуроти манфии ҷомеа дар баамалбарории сиёсати зидикоррупсионии  кишвари мо ниҳоят муфид мебошад. Омузиши таърихи пурғановати миллати тоҷик, махсусан низоми давлатию ҳуқуқии он метавонад дар самаранокии танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди сиёсати зидикоррупсионӣ истифода карда шаванд [3].
    Бо мақсади бозҳам пурзӯр намудани мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқию ташкилӣ, дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» 7-уми августи соли 2020, №1714 қабул карда шуд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст [4].
     Дар баробари Қонунҳои болозикр дар ин раванд Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар ду давра барои солҳои 2013 – 2020 ва 2021 – 2030 қабул гардид [5].  Мақсаду мароми Стратегияи мазкур аз дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ба паст кардани сатҳи коррупсия, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.
     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи муқовимат ба коррупсия ҳамчун маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ аз ҷониби субъектҳои пешгирикунанда низ таваҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
     Субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба коррупсияро амалӣ менамоянд, инҳо мебошанд:
1) Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8 ) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  9) судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
     Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд.  Аз замони тасвиби «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» дар таърихи 25-уми сентябри соли 2006 то ба имрӯз дар  Тоҷикистон беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуданд.
     Бояд қайд намуд, ки қонунгузор вобаста ба муқовимат ба коррупсия ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.
       Чуноне, ки дар моддаи 319 гуфта шудааст:
      Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ дохил бошанд ё онҳо вобаста ба қудрати мавқеи мансабиашон ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонанд, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол, панҷ сол ва ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
     Ҳаминтавр боз бо дигар моддаҳо, масалан моддаи 279 (Ришвадиҳии тиҷоратӣ), моддаи 314 (Сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ), моддаи 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ), моддаи 320 (Додани пора), моддаи 321 (Иғвои порадиҳӣ), моддаи 324 (Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ) ва ғайраҳо банду баст гардида вобаста ба дараҷаи зарар ё таҳдид ҷазоҳои мувофиқро пешбинӣ менамояд [6].
     Дар асоси таҳлилҳои амиқи соҳавӣ, давлат ҷиҳати тақвияти иқтидори ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия, раванди мукаммалгардонии қонунгузории миллӣ ва соҳавиро бо таваҷҷуҳи махсус идома медиҳад. Бо мақсади фароҳам овардани фазои шаффофи ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пайваста мавриди бозбинӣ ва  ислоҳот қарор гирифта, механизмҳои самараноки татбиқи меъёрҳои зиддикоррупсионӣ ҷорӣ карда мешавад. Ин тадбирҳои созандаи ҳуқуқӣ на танҳо ҷиҳати пешгирии ҳама гуна омилҳои номатлуб, балки барои таҳкими низоми давлатдорӣ ва кафолати волояти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калиди мебозад.
       Ҳаминтавр коррупсия ҳамчун зуҳуроти хавфноки ҷомеа ба амнияти миллӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар таҳдид намуда, мубориза ба он иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандиро талаб мекунад.
 
МИРЗОЗОДА МЕҲРИДДИН САЙФИДДИН
мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид
ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии
Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
            Руйхати адабиёти  истифодашуда:
  1. “Дин ва ҷомеа” маҷалаи динӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ №4 (6) апрели 2019 – 51с. 
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008, №374// [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://anticorruption.tj// ( санаи муроҷиат 23.04.2026).
  3. Раҳимзода Р.Р  Таҳқиқотҳои  илми дар мавзуи муқовимат бо коррупсия ва ҷанбаҳои ҳуқуқии он с-5, 12с.
4.   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо коррупсия аз 7 августи соли 2020, №1714// [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: https://mfa.tj/ (санаи муроҷиат 23.04.2026).
5.   Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва раванди татбиқи он [ Захираи электронӣ].- Манбаи дастрасӣ: https://mort.tj// (санаи муроҷиат 23.04.2026).
6.   Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998, №574  [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://base.mmk.tj//  ( санаи муроҷиат 23.04.2026).
 
 
 
 
 
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад