ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2119 Дар бораи иҷтимоӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 564 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо" Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.12.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ»

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 10/02/2025 - 09:35
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
2117
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.01.2025
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ»
Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба он, ташкил ва нигоҳдории китобҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин пешбурди феҳристи давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро муайян менамояд.
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайд­гирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 2. Асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Асноди ҳолати шаҳрвандӣ амали шахс ё ҳодисае мебошанд, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағйир додан ва (ё) қатъ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳо гардида, вазъи ҳуқуқии ӯро муайян менамоянд.
2. Таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзанд­хондӣ, муқаррар намудани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падар, инчунин анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, сарфи назар аз миллат, нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкӣ ё ҳолати дигар, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
3. Асноди ҳолати шаҳрвандие, ки тибқи тартиби муқарраршуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он дода шудаанд, эътибор доранд.
Моддаи 3. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шахс, инчунин манфиати давлат ва ҷамъият, аз ҷумла ҷамъ намудани маълумоти омории пурра, боэътимод ва саривақтӣ оид ба ҳолати шаҳрвандӣ, муқаррар карда мешавад.
2. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи мақомоти бақайдгирандаи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ тавассути тартиб додани сабти дахлдори асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар асоси он шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад, сурат мегирад.
3. Ворид намудани маълумоти зарурӣ ба сабти асноди таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ, иваз намудани насаб, ном, номи падар, инчунин ворид намудани ислоҳ, тағйир, илова ва ишораҳо, барқарор ё бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва додани шаҳодатнома дар асоси ин сабтҳо бо Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда мешаванд, ба истиснои анҷом додани ин амалиёт дар портали сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки тибқи тартиби пешбурди портали сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сурат мегирад.
4. Шакли бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
5. Коргузорӣ дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият сурат мегирад.
6. Корманди мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуқуқи ба ҷо овардани бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро нисбат ба худ, ҳамсар, хешовандони худ ва хешовандони ҳамсар (падару модар, фарзанд, набера, бобою бибӣ, бародар ва хоҳар) надорад. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ин ҳолатҳо аз тарафи корманди дигари мақомот тибқи дастур­амали бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда мешавад.
7. Дастурамали бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигар вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва тартиби пешбурди портали сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
8. Муроҷиат барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷониби шахсе, ки ба синни ҳаждаҳ расидааст, агар дар Қонуни мазкур синну соли дигар пешбинӣ нашуда бошад, намояндаи қонунӣ, инчунин тавассути намояндае, ки ваколати ӯ тариқи нотариалӣ тасдиқ шудааст, бо пешниҳоди ваколатнома иҷозат дода мешавад.
Моддаи 4. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Ҳангоми ба ҷо овардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воқеиятҳои ба қайди давлатӣ гирифташаванда ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти муроҷиаткунанда ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод карда шаванд. Ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ дода шудаанд ва барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод гардидаанд, бояд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйид ё ба онҳо апостил гузошта шаванд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Ҳуҷҷатҳои мазкур бояд ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума ва дурустии тарҷумаи онҳо дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ карда шаванд.
2. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ду нусхаи асл тартиб дода мешавад. Дар сурати тибқи тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ворид намудани тағйирот ба нусхаи якуми сабт, тағйироти дахлдор бояд ба нусхаи дуюми сабт ворид карда шаванд. Агар дар Қонуни мазкур муҳлати дигар пешбинӣ нашуда бошад, ворид намудани тағйирот ба сабт дар муддати на дертар аз се рӯзи корӣ бояд анҷом дода шавад.
3. Нусхаҳои якуми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (аз рӯйи ҳар як намуди сабти асноди ҳолати шаҳрвандии алоҳида), ки дар давоми сол тартиб дода шудаанд, дар китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тартиби пайдарҳамӣ ҷамъ оварда мешаванд. Бо ҳамин тартиб нусхаҳои дуюми сабт низ дар китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷамъ оварда мешаванд.
4. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли коғазӣ ва (ё) ҳуҷҷати электронӣ тартиб дода мешавад.
5. Ҳар як сабт, ки ба китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ворид карда мешавад, бояд аз тарафи муроҷиаткунанда хонда шуда, дар он имзои ӯ, шахси тартибдиҳандаи сабт, роҳбари мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё шахсе, ки ба зиммаи ӯ муваққатан иҷрои уҳдадориҳои мансабии роҳбар вогузор карда шудаанд (минбаъд – роҳбар), инчунин муҳри мақомот гузошта шаванд. Дар сурати дар шакли электронӣ тартиб додани сабт, он бо имзои электронии рақамии шахси тартибдиҳандаи сабт ва роҳбар ба расмият дароварда шуда, бояд шакли чопии он аз тарафи муроҷиаткунанда хонда шуда, дар он имзои ӯ ва муҳри мақомот гузошта шаванд.
6. Сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандии дар шакли ҳуҷҷати электронӣ тавассути низоми ягонаи иттилоотии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тартибдодашуда дар феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ нигоҳ дошта мешаванд.
7. Маълумоти дар шакли ҳуҷҷати электронӣ тартибдодашудаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маълумоте мебошанд, ки дар асоси онҳо захираҳои асосии давлатии иттилоотӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд.
Моддаи 5. Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ин низоми ягонаи иттилоотии давлатӣ мебошад, ки дар шакли электронӣ пеш бурда шуда, маълумот оид ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тағйирот вобаста ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барқарор ва бекор намудани онҳо, маълумот оид ба дода шудани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва оид ба дода шудани иқтибос аз онҳоро дар бар мегирад. Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ маълумоти хусусияти иттилоотӣ, ёрирасон ва таҳлилии ба фаъолияти мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ алоқамандро дар бар мегирад.
2. Ҳар як сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ба феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ворид шудааст, инчунин маълумот дар бораи ҳар як ҳуҷҷати аз ҷониби мақоми салоҳиятдори давлати хориҷӣ барои тасдиқи асноди ҳолати шаҳрвандӣ додашуда, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории кишварҳои дахлдори хориҷӣ нисбат ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ҳангоми ворид кардан ба феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо рақами ягона, ки тағйирнопазир мебошад, мушаххас гардонда шуда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон он такрор намеёбад.
3. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки ба феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли электронӣ ворид карда мешавад, таҳти нигоҳдории доимӣ қарор дошта, ба нобуд сохтан ва бозпас гирифтани он иҷозат дода намешавад. Дар сурати ворид намудани тағйирот ё ислоҳот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, сабтҳои қаблан воридгашта нигоҳ дошта мешаванд.
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пешбурди феҳрис­ти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро амалӣ менамояд, дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) ташаккул, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва пешниҳоди иттилоот оид ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
2) таъсис ва роҳандозии таъминоти барномавӣ, таъмини фаъолияти бефосилаи ҳаррӯза ва шабонарӯзии он;
3) пешниҳоди дастрасӣ ба махзани иттилоотӣ, таъмини бақайд­гирии ҳамин дастрасӣ ва сабти маълумот оид ба ҳар як дастрасӣ;
4) таъмини ҳифзи иттилооти дар феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷойдодашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иттилоот, маълумоти шахсӣ ва иттилооти дигар дар соҳаи амнияти иттилоотӣ.
Моддаи 6. Мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо аз тарафи воҳиди сохтории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (минбаъд – мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ)-и шаҳру ноҳия ба ҷо оварда мешавад. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар хонаҳои ақди никоҳ низ сурат гирифта метавонад.
2. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳраку деҳот аз тарафи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот сурат мегирад. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар маркази шаҳру ноҳияе, ки дар он ҷамоатҳои шаҳрак ё деҳот мавҷуданд, аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳр ва (ё) ноҳия сурат мегирад.
3. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
4. Мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба истиснои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, мақомоти ваколатдори давлатҳои ҳориҷиро, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва барқарор намудани муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ шартномаҳо ба имзо расонидааст, дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрвандони давлатҳои мазкур хабардор менамоянд, агар дар шартномаҳо пешниҳод намудани маълумоти мазкур пешбинӣ шуда бошад.
5. Мақомот ё шахсони мансабдори дигар ҳуқуқи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро надоранд.
Моддаи 7. Идоракунӣ, фаъолият дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ваколати мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми роҳбарикунанда ва назоратии фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад. Мақсад, вазифа ва ваколатҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунӣ ва назорати мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
2. Ба кор дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, қабул карда мешавад. Ба мансаби роҳбари мақомоти саб­ти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шахсе таъин карда мешавад, ки на камтар аз се сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Талабот нисбат ба кормандони техникӣ ва хизматрасони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва тартиби фаъолияти онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр (ноҳия) таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзанд­хондӣ, муқаррар намудани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падарро ба қайди давлатӣ гирифта, ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ислоҳ, тағйир, илова ва ишораҳо ворид менамоянд, сабтҳоро барқарор ва бекор мекунанд, инчунин китобҳои бақайд­гирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро нигоҳ медоранд ва шаҳодатномаи нав, такрорӣ ва маълумотномаҳои дахлдор медиҳанд.
Моддаи 8. Ваколати ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вобаста ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот таваллуд, вафот, ақди никоҳ, ба истиснои ақди никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин муқаррар намудани падариро ба қайди давлатӣ мегиранд ва ҳар понздаҳ рӯз ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр (ноҳия)-и дахлдор ҳисобот пешниҳод менамоянд.
Моддаи 9. Ваколати муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
1) бақайдгирии давлатии таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падариро ба ҷо оварда, сабтҳоро барқарор ё бекор менамоянд, инчунин китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро нигоҳ медоранд;
2) дар асоси аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ доранд, дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибдода қарор қабул менамоянд;
3) ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии дар онҳо нигоҳдошташаванда ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ворид менамоянд;
4) дар асоси сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандии дар онҳо нигоҳдошташаванда шаҳодатномаи такрорӣ дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро медиҳанд.
2. Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ ­сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳисобот оид ба амалиёти мутобиқи қисми 1 ҳамин модда анҷомдодашуда, инчунин хабарномаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба асноди ҳолати шаҳрвандиро тибқи тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
3. Агар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли электронӣ ворид карда шуда бошад, пас талаботи қисми 2 ҳамин модда татбиқ намегардад.
Моддаи 10. Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Ба муроҷиаткунанда дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад. Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи роҳбар имзо гардида, ба он муҳр гузошта мешавад.
Моддаи 11. Шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи мавҷуд будан ё набудани воқеияти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
 1. Дар сурати нохоно будани калима, рақам ва (ё) навиштаҷоти муҳри шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, гум кардани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин корношоям гардидани он, шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рӯйи аризаи шаҳрванд дар асоси сабти китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо (ноҳияҳо), муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолатҳои ёфт нашудани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар мақомоти бақайдгирандаи дахлдор, аз тарафи воҳиди сохтории ҷумҳуриявии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳуриявӣ) дода мешавад. Дар кунҷи болои тарафи рости шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ қайди «Такрорӣ» гузошта мешавад.
2. Шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад:
1) ба шахсе, ки нисбат ба ӯ сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тартиб дода шудааст;
2) ба хешовандони шахси вафоткарда ё шахси дигари манфиатдор, дар ҳолати агар шахсе, ки нисбат ба ӯ пештар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тартиб дода шуда буд, вафот карда бошад;
3) ба падару модар (яке аз онҳо), шахсони онҳоро ивазкунанда, намояндаи мақомоти васояту парасторӣ ва маъмурияти ташкилотҳое, ки кӯдак дар тарбияи онҳо мебошад, дар ҳолати мавҷуд будани сабти асноди таваллуд нисбат ба ӯ, агар кӯдак то рӯзи додани шаҳодатномаи такрорӣ ба балоғат нарасида бошад.
3. Шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода намешавад:
1) шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ба падар ва модари кӯдаке, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд ё ҳуқуқи падару модарии онҳо маҳдуд карда шудааст;
2) шаҳодатномаи ақди никоҳ ба шахсоне, ки ақди никоҳашонро бекор кардаанд ва шахсоне, ки ақди никоҳашон беэътибор дониста шудааст.
4. Шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба шахсе, ки ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигаҳдории сабти аснод бо аризаи хаттӣ муроҷиат намудааст, дар муддати на дертар аз се рӯзи корӣ бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти муроҷиаткунанда дода мешавад. Дар сурати дар ариза мавҷуд набудани маълумоти дақиқ дар бораи вақт ва ҷойи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза дар муддати на дертар аз даҳ рӯз баррасӣ карда мешавад. Дар сурате ки сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар дигар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ нигоҳ дошта шуда бошад, ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомат аризаи хаттӣ пешниҳод карда мешавад. Дар асоси дархости хаттии шахси муроҷиаткунанда, инчунин пардохти боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигари муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мақомоти саб­ти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомат дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ ба мақомоти бақайдгирандаи ҷойи нигаҳдории сабт дархост пешниҳод менамояд. Шаҳодатномаи такрорӣ дар муддати на дертар аз се рӯзи корӣ омода ва ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати муроҷиаткунанда равон гардида, дар ин бора ба муроҷиаткунанда хабар дода мешавад.
5. Бо талаби шахсони дар қисми 3 ҳамин модда пешбинигардида ба онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеияти бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак ва (ё) ақди никоҳ дода мешавад.
6. Ба шахс дар асоси муроҷиати ӯ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷуд будан ё набудани воқеияти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ба ӯ дахл дорад, дода мешавад.
Моддаи 12. Пардохти боҷи давлатӣ ва хизматрасонии иловагии музднок барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ боҷи давлатӣ пардохта мешавад.
2. Барои анҷом додани хизматрасониҳои иловагии муздноки бо сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ алоқаманд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳаққи хизматрасонӣ пардохт мекунанд. Тартиб, андоза ва имтиёзҳои вобаста ба пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандиро кормандони мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъди пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохтҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт шудаанд, ба ҷо меорад.
Моддаи 13. Рад кардани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад, агар:
1) бақайдгирии давлатӣ хилофи Қонуни мазкур бошад;
2) ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботи пешбининамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯй набошанд;
3) ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти пешниҳодшуда, ки бо Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд, нопурра бошанд;
4) шахси ғайриқобили амал ё намояндае барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат карда бошад, ки дорои ваколатҳои дахлдор ва мушаххаси зарурӣ барои амалиёти мазкур намебошад;
5) шахс ҳуқуқи муроҷиат карданро барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ надошта бошад;
6) Қонуни мазкур ҳолатҳои дигарро пешбинӣ намуда бошад.
2. Роҳбарони мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ уҳдадоранд ба шахсе (намояндаи ӯ), ки нисбат ба ӯ бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигар вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад карда шудааст, сабаби рад карданро дар шакли хаттӣ пешниҳод намоянд.
3. Шахси манфиатдор дар бораи рад кардани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигар вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонад ба мақомоти болоии бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва (ё) ба суд дар муддати як моҳ муроҷиат намояд.
Моддаи 14. Боэътибор ҳисобидани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асноди ҳолати шаҳрвандии аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ додашуда
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунгузории давлати хориҷӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дода шудаанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор ҳисобида мешаванд, дар сурате ки онҳо таъйид шуда бошанд ё ба онҳо апостил гузошта шуда бошад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 15. Ҳифзи маълумоти шахсӣ
1. Маълумоте, ки дар натиҷаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба корманди мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ маълум гардидаанд, махфӣ буда, фош кардани онҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.
2. Маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ маҳфузанд, танҳо ба шахсони воқеӣ, ки аз номи онҳо, ба номи онҳо ё бо дархости онҳо ин ҳуҷҷат ба расмият дароварда шудааст, ё ин ки ба шахсони ваколатдорнамудаи онҳо дода мешаванд.
3. Маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ маҳфузанд, инчунин дода мешаванд:
1) бо талаби суд вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ, маданӣ, оилавӣ ё иқтисодии дар истеҳсолотбуда;
2) ба мақомоти прокуратура, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятие, ки дар истеҳсолоташон мебошанд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) ба иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба истеҳсолоти иҷро;
4) ба мақомоти давлатии дигар дар ҳолат ва бо тартиби пешбининамудаи дастурамали бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва тартиби пешбурди портали сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ.
4. Гирифтани нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳое, ки дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ маҳфузанд, ба истиснои ҳолатҳои ба вуҷуд омадани зарурати таъини экспертизаи ҳуҷҷатҳо, манъ аст. Ин ҳуҷҷатҳо танҳо дар асоси санади дахлдор, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, гирифта ва ҳатман баргардонда мешаванд.
5. Шахсе, ки маълумоти дар натиҷаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ӯ маълумгардидаро ошкор месозад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
 
БОБИ 2.
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАВАЛЛУД
Моддаи 16. Асосҳо барои бақайдгирии давлатии таваллуд
1. Асосҳо барои бақайдгирии давлатии таваллуд инҳо мебошанд:
1) ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи ташкилоти тиббии ҷойи таваллуд ё аз тарафи табиб ва (ё) корманди миёнаи тиббии ташкилоти тиббӣ, ки дар давраи таваллуд ба зан кумаки тиббӣ расонидааст ва (ё) модар баъд аз таваллуд ба ӯ муроҷиат намудааст, ё аз тарафи шахсе, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул аст, ҳангоми таваллуд берун аз ташкилоти тиббӣ дода шудааст;
2) ҳуҷҷатҳо дар бораи ёфт шудан, синну сол ва ҷинси кӯдаки ёфтшуда (партофташуда), ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ, васояту парасторӣ ва ташкилоти тиббӣ дода шудаанд.
2. Дар сурати мавҷуд набудани асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак дар асоси санади судӣ ба ҷо оварда мешавад.
Моддаи 17. Ҷойи бақайдгирии давлатии таваллуд ва муайян намудани ҷойи таваллуди кӯдак
1. Бақайдгирии давлатии таваллуд дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи таваллуди кӯдак ё маҳалли истиқомати доимӣ ва (ё) будубоши муваққатии падару модари (яке аз онҳо) кӯдак гузаронда мешавад.
2. Дар сабти асноди таваллуд маҳалли воқеии таваллуди кӯдак ё номи маконе, ки кӯдак дар он ҷо ёфт шудааст, нишон дода мешавад. Агар кӯдак дар ҳавопаймо, қатора ва (ё) дигар воситаи нақлиёт ҳангоми сафар таваллуд шуда бошад, ҷойи таваллуди кӯдак ҷойи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак ҳисоб мешавад.
Моддаи 18. Ариза дар бораи таваллуди кӯдак
1. Падару модар (яке аз онҳо) ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак аризаи хаттӣ пешниҳод мекунанд.
2. Агар падару модар (яке аз онҳо) имконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдакро надошта бошанд, ариза аз ҷониби хешовандони яке аз падару модар, мақомоти васояту парасторӣ ё шахси мансабдори ташкилоти тиббӣ, ки кӯдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва (ё) аз тарафи шахси мансабдори ташкилоти дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва (ё) кӯдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, дода мешавад.
3. Дар баробари додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак, бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеияти таваллуди кӯдак, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти падару модар (яке аз онҳо) ё шахсияти муроҷиаткунанда ва (ё) ҳуҷҷатҳои дигаре, ки барои ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак асос шуда метавонанд, пешниҳод карда шаванд.
4. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти падару модар (яке аз онҳо) ё шахсияти аризадиҳанда ва (ё) ҳуҷҷатҳои дигаре, ки барои ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак асос шуда метавонанд, бақайдгирии таваллуди кӯдак дар асоси муроҷиати хаттии ташкилоти тиббӣ ё мақомоти васояту парасторӣ ба ҷо оварда мешавад.
5. Ариза дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак дар муддати се рӯзи корӣ аз лаҳзаи додани ариза баррасӣ гардида, аз рӯйи натиҷаи он шаҳодатномаи таваллуд дода мешавад ва (ё) қарор дар бораи рад кардани додани шаҳодатномаи таваллуд қабул карда мешавад.
Моддаи 19. Тартиби ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак
1. Дар китобҳои бақайдгирии давлатии сабти таваллуд мувофиқи аризаи падар ва (ё) модар, ки дар ақди никоҳи якдигар мебошанд, падару модари кӯдак навишта мешаванд. Маълумот дар бораи модари кӯдак ба сабти асноди таваллуди кӯдак дар асоси ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 16 Қонуни мазкур ва маълумот дар бораи падари кӯдак дар асоси шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар ворид карда мешаванд.
 
 
 
2. Агар ақди никоҳи байни падару модари кӯдак бекор гардида бошад, аз тарафи суд беэътибор дониста шуда бошад ва (ё) ҳамсар вафот карда бошад, вале аз рӯзи бекор кардани ақди никоҳ, беэътибор донистани он ва (ё) аз рӯзи вафоти ҳамсар то рӯзи таваллуди кӯдак сесад рӯз нагузашта бошад, маълумот дар бораи модари кӯдак ба сабти асноди таваллуди кӯдак бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ва маълумот дар бораи падари кӯдак дар асоси шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеияти бақайдгирии давлатии ақди никоҳ, инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеият ва вақти қатъи ақди никоҳ ворид карда мешаванд.
3. Агар падару модар дар ақди никоҳи якдигар қарор надошта бошанд, маълумот дар бораи модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда дохил карда мешавад. Маълумот дар бораи падари кӯдак дар ҳолатҳои зерин ворид карда мешавад:
1) дар асоси сабти асноди муқаррар намудани падарӣ;
2) бо аризаи модари кӯдак, дар ҳолате ки агар падарӣ муқаррар нашуда бошад.
4. Дар ҳолати дар ақди никоҳ набудани модар бо падари кӯдак ва агар падарӣ муқаррар нашуда бошад, насаби падари кӯдак бо насаби модар, ном ва номи падари падари кӯдак бо хоҳиши модар дар асоси аризаи хаттии ӯ сабт карда мешавад. Маълумоти воридкардашуда барои ҳалли масъалаи муқаррар намудани падарӣ монеа шуда наметавонад. Маълумот дар бораи падари кӯдак метавонад дар сабти таваллуди кӯдак бо хоҳиши модар дарҷ карда нашавад.
Моддаи 20 . Номи шахс ва тартиби сабти насаб, ном ва номи падар
1. Ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад. Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.
2. Насаби шахс дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бе истифодаи пасвандҳои -ов, -ова, -ев, -ева сабт карда мешавад. Насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз ном ё насаби падар ё решаи онҳо, насаби модар ё решаи насаби ӯ, ном ё насаби бобо, номи падари бобо бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад.
3. Номи кӯдак бо мувофиқаи падару модар тибқи талаботи қисми 1 ҳамин модда сабт карда мешавад. Ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст. Ба номи шахс илова кардани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «тӯра», «хоҷа», «ҳоҷӣ», «хӯҷа», «шайх», «валӣ», «охун», «амир», «суфӣ» ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегарданд, манъ аст.
4. Номи падар аз номи падари кӯдак ё решаи он бо иловаи пасвандҳои ташаккулдиҳандаи -зод, -зода, -ёр, -фар, -пур, -духт ва (ё) бе иловаи чунин пасвандҳо ташаккул ёфта, сабти он ихтиёрӣ мебошад. Истифодаи пасвандҳои -овна, -евна, -ович, -евич дар номи падар манъ аст.
5. Дар ташаккулёбии насаб ва номи падар такроран истифода бурдани як пасванд, инчунин истифодаи як ном бе иловаи пасванд ҳам дар ташаккули насаб ва ҳам дар ташаккули номи падар манъ аст.
6. Дар сурати мавҷуд набудани розигии байни падару модар насаб, ном ва (ё) номи падари кӯдак дар китобҳои бақайдгирии давлатии сабти таваллуди кӯдак аз рӯйи қарори мақомоти васояту парасторӣ сабт карда мешавад.
7. Дар ҳолати дар ақди никоҳ набудани модар бо падари кӯдак ва агар падарӣ муқаррар нашуда бошад, насаб, ном ва номи падари кӯдак бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 19 Қонуни мазкур ба қайд гирифта мешавад.
8. Тарзи навишти насаб, ном ва номи падар дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият тибқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад. Агар дар насаби интихобшуда қаблан ба ғалат роҳ дода шуда бошад, он бо феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ мувофиқ карда шуда, ба қайд гирифта мешавад.
9. Ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба насаб, ном ва номи падар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъанаҳои миллии онҳо кафолат дода мешавад. Намояндагони ақаллиятҳои миллӣ бо хоҳиши худ метавонанд номгузории кӯдаконашонро тибқи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ амалӣ намоянд. Тартиби навишти насаб, ном ва номи падари намояндагони ақаллиятҳои миллӣ мутобиқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ амалӣ карда мешавад. Истифодаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба номгузорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
10. Дар сурати гуногун будани миллати падару модар насаби кӯдак бо мувофиқаи падару модар бо насаби падар ё модар тибқи талаботи қисми 9 ҳамин модда сабт карда мешавад.
Моддаи 21. Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ёфтшуда (партофташуда)
1. Мақомоти корҳои дохилӣ, васояту парасторӣ, ташкилотҳои тиббӣ ва (ё) тарбиявӣ, ки кӯдаки ёфтшуда (партофташуда) дар он ҷо ҷойгир карда шудааст, уҳдадоранд дар муддати на дертар аз ҳафт рӯз аз рӯзи ёфт шудани кӯдаке, ки падару модараш маълум нест, дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуди ӯ ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи ёфт шудани кӯдак хабар диҳанд. Шахсе, ки кӯдакро ёфтааст, уҳдадор аст дар муддати чилу ҳашт соат ба мақомоти корҳои дохилӣ ё ба мақомоти васоят ё парастории ҷойи ёфт шудани кӯдак хабар диҳад.
2. Якҷо бо аризаи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ёфтшуда (партофташуда) бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
1) ҳуҷҷати ёфт шудани кӯдак, ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ё мақомоти васояту парасторӣ дода шудааст, ки дар он ҷой, вақт ва ҳолатҳои ёфт шудани кӯдак нишон дода шудаанд;
2) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну сол ва ҷинси кӯдаки ёфтшуда (партофташуда), ки аз тарафи ташкилоти тиббӣ дода шудааст.
3. Маълумот дар бораи насаб, ном ва номи падари кӯдаки ёфтшуда (партофташуда) ба сабти асноди таваллуди кӯдак бо нишондоди мақомот ё ташкилотҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда тибқи моддаи 20 Қонуни мазкур ворид карда мешаванд. Маълумот дар бораи падару модари кӯдаки ёфтшуда (партофташуда) ба сабти асноди таваллуди ӯ ворид карда намешаванд.
Моддаи 22. Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки мурда таваллудшуда ва (ё) дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд вафоткарда
1. Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаке, ки мурда таваллуд шудааст, дар асоси ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи вафот, ки аз тарафи ташкилоти тиббӣ ё табиби ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғулбуда дода шудааст, анҷом дода мешавад. Шаҳодатномаи таваллуди кӯдаки мурда таваллудшуда дода намешавад. Бо хоҳиши падару модар (яке аз онҳо) ҳуҷҷате дода мешавад, ки воқеияти бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки мурдаро тасдиқ мекунад. Бақайдгирии давлатии вафоти кӯдаке, ки мурда таваллуд шудааст, гузаронда намешавад.
2. Агар кӯдак дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд вафот карда бошад, таваллуд ва вафоти ӯ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд. Бақайдгирии давлатии таваллуд ва вафоти кӯдаки дар ҳафтаи аввали таваллуд вафоткарда дар асоси ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи таваллуд, ки аз тарафи ташкилоти тиббӣ ё табиби ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғулбуда дода шудааст, гузаронда мешавад. Дар асоси сабти асноди тартибдодашуда дар бораи таваллуд ва вафот танҳо шаҳодатномаи вафоти кӯдак дода мешавад. Бо хоҳиши падару модар (яке аз онҳо) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеияти қайди давлатии таваллуди кӯдаке, ки дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд вафот кардааст, дода мешавад.
3. Уҳдадорӣ барои арз намудан ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба таваллуди кӯдаки мурда таваллудшуда ё дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд вафоткарда ба зиммаи инҳо гузошта мешавад:
1) роҳбари ташкилоти тиббӣ, ки кӯдак дар он таваллуд шудааст ё вафот кардааст;
2) роҳбари ташкилоти тиббие, ки табиби он воқеияти таваллуди кӯдаки мурда таваллудшуда ё кӯдаки дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд вафоткардаро муқаррар кардааст, ё дар сурати таваллуди кӯдак берун аз ташкилоти тиббӣ, табиби ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғулбуда онро муқаррар кардааст.
4. Ариза дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки мурда таваллудшуда ё дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд вафоткарда бояд на дертар аз се рӯз аз рӯзи муқаррар шудани воқеияти таваллуди кӯдаки мурда таваллудшуда ё воқеияти дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд вафот кардани кӯдак тартиб дода шавад.
Моддаи 23. Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар
1. Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар дар асоси аризаи падару модар (яке аз онҳо) ё шахсони манфиатдор, дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи таваллуд, ки аз тарафи ташкилоти тиббӣ ё табиби ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғулбуда дода шудааст, амалӣ карда мешавад. Ҳангоми бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар (то ҳаждаҳсола) маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои ӯ аз ҷониби бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати доимӣ ва будубоши муваққатии падару модари кӯдак ва ҷойи таваллуди кӯдак, пешниҳод карда мешавад. Маълумотномаи бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои кӯдаки аз синни як то се дар асоси санҷиши давраи як соли пеш аз таваллуд то рӯзи муроҷиат, барои кӯдаки аз синни се то панҷ дар асоси санҷиши давраи ду соли пеш аз таваллуд то рӯзи муроҷиат ва барои кӯдаки синни панҷ ва аз он калонтар дар асоси санҷиши муҳлати панҷсола (соли таваллуди кӯдак, ду соли пеш ва ду соли баъди таваллуди ӯ) тартиб дода мешавад. Қайди давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар танҳо аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр (ноҳия) гузаронда мешавад.
2. Бақайдгирии давлатии таваллуди шахси болиғ дар асоси аризаи худи ӯ гузаронда мешавад. Дар ин маврид, дар баробари ариза, ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) маълумотнома аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи таваллуд ва воҳиди сохтории дахлдори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар;
3) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти падару модар.
3. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ парвандаро оид ба бақайдгирии таваллуди шахси болиғ омода намуда, барои санҷиши шахсияти зикргардида онро ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли зисти шахс мефиристад. Пас аз гирифтани ҷавоби хаттии натиҷаи санҷиш мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба қонеъ ё рад намудани муроҷиати воридгашта хулоса таҳия менамояд.
4. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи таваллуд, қайди давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ва (ё) аз он калонтар дар асоси санади судӣ дар бораи муқаррар намудани воқеияти таваллуд ба ҷо оварда мешавад.
5. Ариза дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ва (ё) аз он калонтар аз лаҳзаи додани ариза дар муҳлатҳои зерин баррасӣ гардида, аз натиҷаи он шаҳодатномаи таваллуд дода мешавад ва (ё) қарор дар бораи рад кардани додани шаҳодатномаи таваллуд қабул карда мешавад:
1) дар муддати панҷ рӯзи корӣ ба кӯдаки аз яксола боло;
2) дар муддати бист рӯзи корӣ ба шахси болиғ.
Моддаи 24. Муҳтавои сабти асноди таваллуд
1. Ба сабти асноди таваллуд маълумоти зерин ворид карда мешаванд:
1) насаб, ном, номи падар, миллат, ҷинс, сана ва ҷойи таваллуди кӯдак, кӯдаки зинда ва (ё) мурда таваллудшуда;
2) шумораи кӯдакони таваллудшуда (якто, дугоник ва (ё) аз ду зиёда кӯдак);
3) дар бораи чандум фарзанди модар будани кӯдаки таваллудшуда;
4) дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеияти таваллуди кӯдак;
5) насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат ва маҳалли истиқомати падару модар (яке аз онҳо);
6) дар бораи ҳуҷҷате, ки барои ворид намудани маълумот дар бораи падар асос шуда метавонад;
7) насаб, ном, номи падар ва маҳалли истиқомати аризадиҳанда ва (ё) ном ва маҳалли ҷойгиршавии мақомот ё ташкилоте, ки дар бораи таваллуди кӯдак хабар додааст;
8) рақам ва силсилаи шаҳодатномаи додашуда дар бораи таваллуд;
9) рақам ва санаи тартиб додани сабт;
10) номи мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки сабтро тартиб додааст.
2. Дар сурати таваллуд шудани дугоник ва (ё) аз ду зиёда кӯдак дар як вақт, ба ҳар кадоми онҳо бо нишон додани пайдарҳамии таваллуди онҳо асноди алоҳида тартиб дода мешаванд.
3. Дар сурати мурда таваллуд шудани дугоник ва (ё) аз ду зиёда кӯдак, асноди алоҳида тартиб дода мешаванд.
4. Дар сурати мурда таваллуд шудани кӯдак, маълумот дар бораи ном ва номи падари ӯ ба сабти асноди таваллуд ворид карда намешаванд.
Моддаи 25. Шаҳодатномаи таваллуд
Шаҳодатномаи таваллуд дорои маълумоти зерин мебошад:
1) насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан), ҷинс, сана ва ҷойи таваллуди кӯдак;
2) насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан), миллат ва шаҳрвандии падару модар (яке аз онҳо);
3) санаи тартиб додан ва рақами қайди сабти асноди таваллуд;
4) ҷойи бақайдгирии давлатии таваллуд (номи мақоме, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ гирифтааст);
5) силсила, рақам ва санаи дода шудани шаҳодатномаи таваллуд.
БОБИ 3.
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ВАФОТ
Моддаи 26. Асосҳо барои бақайдгирии давлатии вафот
Асосҳо барои бақайдгирии давлатии вафот инҳо мебошанд:
1) ҳуҷҷати шаклаш муқарраршуда оид ба вафот, ки аз тарафи ташкилоти тиббӣ ё табиби ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғулбуда дода шудааст;
2) санади судӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст.
Моддаи 27. Бақайдгирии давлатии вафот
1. Бақайдгирии давлатии вафот аз ҷониби мақомоти бақайд­гирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар маҳалли истиқомати охирини шахси вафоткарда, маҳалли вафот, маҳалли ёфт шудани ҷасади шахси вафоткарда ё дар маҳалли ҷойгиршавии суде, ки санади судӣ оид ба муқаррар намудани воқеияти вафот ё вафоткарда эълон намудани шахсро баровардааст, гузаронда мешавад.
2. Бақайдгирии давлатии вафоти шахсоне, ки зиёда аз як сол пеш вафот кардаанд, инчунин шахсоне, ки вафоткарда эълон шудаанд, аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр (ноҳия) бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур сурат мегирад.
3. Санае, ки бо санади судӣ муқаррар карда шудааст, рӯзи вафот ҳисоб карда мешавад ва агар дар санади судӣ чунин сана нишон дода нашуда бошад, санаи эътибор пайдо кардани санади судӣ нишон дода мешавад.
4. Агар шахс дар қатора, ҳавопаймо ва (ё) дигар воситаи нақлиёт ҳангоми сафар вафот карда бошад, қайди давлатии вафот дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандие, ки дар ҳудуди маҳалли аз воситаи нақлиёт фаровардани шахси вафоткарда ҷойгир шудааст, гузаронда шуда метавонад.
5. Дар вақти қайди вафоти шахсони номаълум (шахсони шинохтанашуда) дар аснод танҳо ҳамон маълумоти барои қайд зарур навишта мешаванд, ки дар хулосаи экспертизаи судии тиббӣ дарҷ шуда бошанд.
6. Мақомоте, ки бақайдгирии вафотро амалӣ менамоянд, уҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро оид ба анҷом додани бақайдгирӣ огоҳ созанд.
Моддаи 28. Бақайдгирии давлатии вафоти хизматчиёни ҳарбӣ
1. Вафоти хизматчиёни ҳарбӣ бо тартиби умумӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
2. Дар замони амалиёти ҳарбӣ тартиби махсуси қайди вафоти хизматчиёни ҳарбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 29. Ариза дар бораи вафот
1. Ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи вафоти шахс дар шакли хаттӣ уҳдадоранд арз намоянд:
1) ҳамсар, дигар аъзои оилаи шахси вафоткарда, инчунин шахсе, ки дар вақти вафот кардани шахс ҳузур дошт ва (ё) дар бораи вафоти шахс хабар дорад;
2) ташкилоти тиббӣ ё ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки шахс ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш вафот карда бошад;
3) муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, агар маҳкумшуда ҳангоми адо кардани ҷазои ҷиноятӣ дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ вафот карда бошад;
4) мақомоти таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ, дар сурате ки агар оид ба марги шахс ё оид ба воқеияти марг тафтиш бурда шавад ва шахсияти вафоткарда муайян нашуда бошад;
5) командири қисми ҳарбӣ, агар шахс дар давраи адо намудани хизмати ҳарбӣ вафот карда бошад.
2. Ариза дар бораи вафоти шахс бояд на дертар аз се рӯз аз рӯзи фаро расидани марг ва (ё) аз рӯзи ёфт шудани ҷасади вафоткарда пешниҳод карда шавад. Гузарондани муҳлати муқарраршуда барои рад кардани бақайдгирии давлатии вафот аз тарафи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос шуда наметавонад.
3. Мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдгирии давлатии вафотро дар рӯзи муроҷиат (дар ҳолати мавҷуд будани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ) ва бақайдгирии давлатии вафоти шахсонеро, ки зиёда аз як сол пеш вафот кардаанд, инчунин шахсонеро, ки вафоткарда эълон шудаанд, дар давоми панҷ рӯзи корӣ анҷом медиҳанд.
Моддаи 30. Муҳтавои сабти асноди вафот
Ба сабти асноди вафот маълумоти зерин ворид карда мешаванд:
1) насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, ҷинс, шаҳрвандӣ, сана ва ҷойи вафот ва қайдҳои махсус;
2) сабаби вафот (дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеияти вафот);
3) маълумоти тасдиқкунандаи воқеияти вафот;
4) насаб, ном, номи падар, маҳалли истиқомати муроҷиаткунанда ва (ё) ном ва маҳалли ҷойгиршавии мақомот, ташкилот ё муассисае, ки дар бораи вафот арз кардааст;
5) насаб, ном, номи падар, маҳалли истиқомати шахсе, ки ба ӯ шаҳодатномаи вафот дода шудааст;
6) силсила ва рақами шаҳодатномаи вафот;
7) рақам ва санаи тартиб додани сабт;
8) номи мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки сабтро тартиб додааст.
Моддаи 31. Шаҳодатномаи вафот
Шаҳодатномаи вафот маълумоти зеринро дар бар мегирад:
1) насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан), сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, сана, ҷой ва сабаби вафот;
2) санаи тартиб додан ва рақами сабти асноди вафот;
3) ҷойи бақайдгирии давлатии вафот (номи мақоме, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ гирифтааст);
4) силсила, рақам ва санаи додани шаҳодатномаи вафот.
 
БОБИ 4.
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АҚДИ НИКОҲ
Моддаи 32. Асос барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ
Асос барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ аризаи муштараки шахсони никоҳшаванда ба ҳисоб меравад.
Моддаи 33. Ҷойи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ
1. Ақди никоҳ аз тарафи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ мувофиқи хоҳиши шахсони никоҳшаванда дар маҳалли истиқомати яке аз онҳо ё маҳалли истиқомати падару модари онҳо ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
2. Ақди никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
Моддаи 34. Ариза дар бораи ақди никоҳ
1. Шахсони никоҳшаванда ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ аризаи хаттии муштарак оид ба бастани ақди никоҳ пешниҳод менамоянд. Дар аризаи онҳо бояд розигии тарафҳо барои бастани ақди никоҳ ва мавҷуд набудани монеаҳои ақди никоҳ, ки моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, қайд шуда бошанд. Дар аризаи муштараки онҳо инчунин бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:
1) насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, маҳалли истиқомати шахсони никоҳшаванда;
2) насабе, ки шахсони никоҳшаванда барои худ интихоб менамоянд;
3) оид ба ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти шахсони никоҳшавандаро тасдиқ менамоянд.
2. Шахсони никоҳшаванда дар аризаи муштарак оид ба бастани ақди никоҳ имзо мегузоранд ва санаи тартиб додани онро қайд менамоянд.
3. Дар баробари аризаи муштарак дар бораи бастани ақди никоҳ, ҳуҷҷатҳои зерин низ пешниҳод карда мешаванд:
1) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсони никоҳшаванда;
2) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи беэътибор донистан ё шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳи қаблӣ ва (ё) нусхаи шаҳодатномаи вафот (дар сурати вафоти яке аз ҳамсарон) агар шахс (шахсон) пеш аз ин дар ақди никоҳи дигар бошад;
3) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда;
4) санади судии эътибори қонунӣ пайдокарда дар хусуси кам кардани синни никоҳӣ, дар сурате ки агар шахсони никоҳшаванда ноболиғ буда, тибқи қисми 2 моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба синни никоҳӣ нарасида бошанд;
5) нусхаи шаҳодатномаҳои таваллуд ё маълумотнома дар бораи мавҷудияти сабти таваллуди шахсони никоҳшаванда бо нишон додани насаб, ном ва номи падари падару модари онҳо;
6) агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаи никоҳ.
4. Агар яке аз шахсони никоҳшаванда ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои додани аризаи муштарак, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, имконияти ҳозир шуданро надошта бошад, изҳори иродаи шахсони никоҳшаванда метавонад дар асоси аризаҳои алоҳидаи пешниҳоднамудаи онҳо ба расмият дароварда шавад.
Моддаи 35. Тартиби бақайдгирии давлатии ақди никоҳ
1. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ додани аризаи муштараки шахсоне, ки хоҳиши бастани ақди никоҳро доранд, ба ҷо оварда мешавад. Дар сурати тибқи қисми 4 моддаи 34 Қонуни мазкур алоҳида пешниҳод шудани аризаи никоҳшавандагон, бақайдгирии давлатии ақди никоҳ пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод гардидани аризаи дуюм ба ҷо оварда мешавад.
2. Мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аризаро дар бораи бастани ақди никоҳ қабул намудааст, уҳдадор аст шахсони никоҳшавандаро бо тартиб ва шартҳои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо ҳамчун ҳамсарони оянда шинос намуда, онҳоро оид ба оқибатҳои пинҳонкунии маълумоте, ки барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ монеа мегарданд, огоҳ намояд.
3. Дар асоси аризаи муштараки шахсони никоҳшаванда муҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда тағйир дода шуда, бақайдгирии давлатии ақди никоҳ то гузаштани як моҳ ва (ё) на дертар аз се моҳ аз рӯзи додани ариза дар бораи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ба ҷо оварда мешавад.
4. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар ҳузури шахсони никоҳшаванда ба ҷо оварда мешавад.
5. Бо хоҳиши шахсони никоҳшаванда бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар вазъияти ботантана дар бинои мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва берун аз он сурат мегирад. Хонаҳои ақди никоҳ маросими бақайдгирии давлатии ақди никоҳро дар вазъияти ботантана танҳо дар дохили биноҳои худ амалӣ менамоянд. 
6. Дар ҳолате ки агар шахсони никоҳшаванда (яке аз онҳо) бо сабаби беморӣ ё дигар сабабҳои узрнок ба мақомоти бақайд­гирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳозир шуда натавонанд, бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар хона, ташкилоти тиббӣ ва (ё) дар дигар ташкилот дар ҳузури шахсони никоҳшаванда сурат мегирад.
7. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ бо шахсе, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ муҳлати ҷазоро адо менамояд, дар ҷое, ки роҳбари муассисаи дахлдор бо мувофиқаи роҳбари мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ муайян намудааст, ба ҷо оварда мешавад.
8. Дар сурати риоя нашудани шартҳои ақди никоҳ ва мавҷуд будани монеаҳои ақди никоҳ, ки дар моддаҳои 12 ва 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта намешавад.
Моддаи 36. Тартиби сабт кардани насаби ҳамсарон ҳангоми бақайдгирии давлатии ақди никоҳ
1. Зану шавҳар ҳангоми бақайдгирии давлатии ақди никоҳ метавонанд насаби якеро ҳамчун насаби умумӣ бо риояи моддаи 20 Қонуни мазкур интихоб намоянд ё насаби то ақди никоҳ доштаро нигоҳ доранд. Дар сурати тағйир ёфтани насаб дар асоси сабти асноди ақди никоҳ, ворид намудани маълумот ба сабти асноди дигар бо риояи боби 9 Қонуни мазкур ба ҷо оварда мешавад.
2. Ба сифати насаби умумии ҳамсарон метавонад насабе навишта шавад, ки бо роҳи илова кардани насаби яке аз ҳамсарон ба насаби ҳамсари дигар ташаккул ёфтааст. Агар ҳар ду ё яке аз ҳамсарон насаби дутаркиба дошта бошанд, ба ҳам пайвастани насабҳо манъ аст.
3. Ивазшавии насаби яке аз ҳамсарон боиси иваз шудани насаби ҳамсари дигар намегардад.
Моддаи 37. Муҳтавои сабти асноди ақди никоҳ
Ба сабти асноди ақди никоҳ маълумоти зерин ворид карда мешаванд:
1) насаб, ном, номи падар (то ва баъд аз бастани ақди никоҳ), сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, вазъи оилавӣ, маълумот дар бораи кӯдакони умумӣ, санаи бақайдгирии бастани ақди никоҳ, маҳалли истиқомати ҳар кадоме аз шахсони никоҳшаванда;
2) дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи беэътибор донистан ё қатъ шудани ақди никоҳи қаблӣ, дар сурате ки агар шахс (шахсон)-и никоҳшаванда пештар дар ақди никоҳ қарор дошта бошад;
3) дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахсони никоҳшаванда;
4) санаи тартиб додан ва рақами сабти асноди ақди никоҳ;
5) силсила ва рақами шаҳодатномаи ақди никоҳи додашуда;
6) номи мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки сабтро тартиб додааст.
Моддаи 38. Шаҳодатномаи ақди никоҳ
Шаҳодатномаи ақди никоҳ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
1) насаб (то ва баъд аз бастани ақди никоҳ), ном, номи падар (дар ҳолати будан), сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллати ҳар кадоме аз шахсони никоҳшаванда;
2) санаи бастани ақди никоҳ;
3) санаи тартиб додан ва рақами сабти асноди ақди никоҳ;
4) ҷойи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ (номи мақоме, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ гирифтааст);
5) силсила, рақам ва санаи додани шаҳодатномаи ақди никоҳ.
 
БОБИ 5.
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ БЕКОР КАРДАНИ АҚДИ НИКОҲ
Моддаи 39. Асосҳо барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ
Асосҳо барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ инҳо мебошанд:
1) аризаи муштараки ҳамсарон дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, ки фарзандони умумии ноболиғ надоранд;
2) ариза дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, ки аз ҷониби яке аз ҳамсарон дода шудааст ва санади эътибори қонунӣ пайдокардаи суд нисбат ба ҳамсари дигар, агар ӯ аз ҷониби суд бедарак ғоибшуда ё ғайриқобили амал эътироф шуда бошад, ё барои содир намудани ҷиноят ба муҳлати зиёда аз се сол ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шуда бошад;
3) санади судӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст.
Моддаи 40. Маҳалли бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ
1. Бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати ҳамсарон (яке аз онҳо) ва (ё) дар ҷойи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ба қайд гирифта мешавад.
2. Дар ҳолати бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар маҳалли истиқомати ҳамсарон (яке аз онҳо) мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ уҳдадор аст дар муддати даҳ рӯз ба мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ оид ба бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ хабар расонад.
3. Дар сурати бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки дар муддати як моҳ аз рӯзи бақайд­гирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигоҳдории асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ тибқи тартиби муқарраргардида хабар расонад.
Моддаи 41. Тартиби бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ бо аризаи муштараки ҳамсароне, ки фарзандони умумии ноболиғ надоранд
1. Ҳангоми мавҷуд будани розигии муштараки ҳамсарон барои бекор кардани ақди никоҳ, ки аз ҳамин ақди никоҳ фарзандони умумии ноболиғ надоранд, ақди никоҳ дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда мешавад.
2. Ҳамсароне, ки хоҳиши бекор кардани ақди никоҳро доранд, ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли хаттӣ аризаи муштаракро оид ба бекор кардани ақди никоҳ пешниҳод менамоянд. Ба ариза дар бораи бекор кардани ақди никоҳ нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ҳамсарон, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва (ё) ҳангоми гум шудани он нусха аз сабти асноди ақди никоҳ замима карда мешаванд.
3. Дар аризаи муштарак дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ҳамсарон бояд розигии ҳамдигарро барои бекор кардани ақди никоҳ, ҳомиладор набудани зан ва надоштани фарзандони умумии ноболиғ тасдиқ намоянд. Инчунин дар аризаи муштараки ҳамсарон дар бораи бекор кардани ақди никоҳ бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:
1) насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, маҳалли истиқомати ҳар кадоме аз ҳамсарон;
2) насабе, ки ҳар яке аз ҳамсарон ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ қабул менамоянд.
4. Ҳамсароне, ки хоҳиши бекор кардани ақди никоҳро доранд, ба аризаи муштарак имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро нишон медиҳанд.
5. Агар яке аз ҳамсарон имконияти ҳозир шуданро ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои додани аризаи муштарак, ки дар қисми 2 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, надош­та бошад, изҳори иродаи онҳо метавонад дар асоси аризаҳои алоҳидаи пешниҳоднамудаашон ба расмият дароварда шавад.
6. Бекор кардани ақди никоҳ ва қайди давлатии бекор кардани он бо гузаштани як моҳ аз рӯзи додани аризаи муштараки ҳамсарон дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ба ҷо оварда мешавад. Дар сурати тибқи қисми 5 ҳамин модда алоҳида пешниҳод шудани аризаҳо, бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод гардидани аризаи дуюм ба ҷо оварда мешавад.
Моддаи 42. Тартиби бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ бо аризаи яке аз ҳамсарон
1. Дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон ақди никоҳ дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда мешавад, агар ҳамсари дигар:
1) аз ҷониби суд бедарак ғоибшуда эътироф гардида бошад;
2) аз ҷониби суд ғайриқобили амал эътироф шуда бошад;
3) барои содир кардани ҷиноят ба муҳлати зиёда аз се сол ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шуда бошад.
2. Ба ариза дар бораи бекор кардани ақди никоҳ нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти муроҷиаткунанда, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва (ё) ҳангоми гум шудани он нусха аз сабти асноди ақди никоҳ замима карда мешаванд.
3. Мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ариза дар бораи бекор кардани ақди никоҳро қабул намудааст, дар муддати се рӯз ҳамсаре, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо намуда истодааст, ё васии ҳамсари ғайриқобили амал эътирофшуда ва (ё) идоракунандаи молу мулки ҳамсари бедарак ғоибшуда, дар ҳолати мавҷуд набудани ин гуна шахсон, мақомоти васояту парасториро дар бораи ворид шудани ариза ва рӯзи муайяншудаи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ хабардор менамояд.
4. Дар сурате ки агар ақди никоҳ бо ҳамсари ғайриқобили амал эътирофшуда ва (ё) бо ҳукми суд барои содир намудани ҷиноят ба муҳлати зиёда аз се сол ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкумшуда бекор карда шавад, дар хабарнома инчунин зарурати то санаи таъиншудаи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ хабар додани он насабе, ки шахс мехоҳад пас аз бекор кардани ақди никоҳ қабул намояд, нишон дода мешавад.
5. Бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ бо аризаи яке аз ҳамсарон бо гузаштани як моҳ аз рӯзи пешниҳод кардани ариза дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ба ҷо оварда мешавад.
Моддаи 43. Тартиби бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси санади судӣ
1. Бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси санади судӣ дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати собиқ ҳамсарон (яке аз онҳо) ва (ё) дар ҷойи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар асоси иқтибос аз санади судӣ ва аризаи собиқ ҳамсарон (яке аз онҳо) ё аризаи васии ҳамсари ғайриқобили амал ба ҷо оварда мешавад.
2. Дар сурате ки агар яке аз собиқ ҳамсарон дар мақомоти бақайд­гирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда шудани никоҳро қайд карда бошад ва ҳамсари дигар ба ҳамин мақомот дертар муроҷиат намояд, иқтибос аз санади судӣ талаб карда намешавад.
3. Бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси санади судӣ дар муддати се рӯзи корӣ аз лаҳзаи додани ариза ба ҷо оварда мешавад.
Моддаи 44. Нигоҳ доштан ё тағйир додани насаби ҳамсарон пас аз бекор кардани ақди никоҳ
Ҳамсаре, ки ҳангоми ақди никоҳ насаби худро тағйир додааст, пас аз бекор кардани ақди никоҳ ҳуқуқ дорад насаби мазкурро тағйир надиҳад ё бо талаби ӯ ҳангоми бақайдгирии бекор кардани ақди никоҳ аз тарафи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ӯ насаби то ақди никоҳ бо риояи моддаи 20 Қонуни мазкур дода мешавад. Дар сурати тағйир ёфтани насаб дар асоси сабти бекор кардани ақди никоҳ, ворид намудани маълумот ба сабти асноди дигар бо риояи боби 9 Қонуни мазкур ба ҷо оварда мешавад.
Моддаи 45. Муҳтавои сабти асноди бекор кардани ақди никоҳ
Ба сабти асноди бекор кардани ақди никоҳ маълумоти зерин ворид карда мешаванд:
1) насаб (то ва баъд аз бекор кардани ақди никоҳ), ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, маҳалли истиқомати ҳар кадоме аз шахсоне, ки ақди никоҳашонро бекор намудаанд;
2) санаи тартиб дода шудан, рақами сабти асноди ақди никоҳ ва номи мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандие, ки дар он бақайдгирии давлатии ақди никоҳ гузаронда шудааст;
3) дар бораи ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ асос шудаанд;
4) санаи қатъ шудани ақди никоҳ;
5) дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахсоне, ки ақди никоҳашонро бекор намудаанд;
6) силсила ва рақами шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ;
7) номи мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки сабтро тартиб додааст.
Моддаи 46. Шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ
Шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ дорои маълумоти зерин мебошад:
1) насаб (то ва баъд аз бекор кардани ақди никоҳ), ном, номи падар (дар ҳолати будан), сана ва ҷойи таваллуди ҳар яке аз шахсоне, ки ақди никоҳашонро бекор намудаанд;
2) асос барои бекор кардани ақди никоҳ ва санаи он;
3) санаи тартиб дода шудан ва рақами сабти аснод оид ба бекор кардани ақди никоҳ;
4) насаб, ном ва номи падар ва насаби шахсе, ки ба ӯ шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ дода мешавад;
5) ҷойи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ (номи мақоме, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ гирифтааст);
6) силсила, рақам ва санаи додани шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ.
 
БОБИ 6.
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ФАРЗАНДХОНДӢ
Моддаи 47. Асос барои бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ
Асос барои бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ санади судӣ дар бораи фарзандхондии кӯдак, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, мебошад.
Моддаи 48. Ҷойи бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ
Бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани санади судӣ дар бораи фарзандхондии кӯдак гузаронда мешавад.
Моддаи 49. Ариза дар бораи бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ
1. Бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак дар асоси аризаи хаттии ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) дар муддати се рӯзи корӣ аз лаҳзаи додани ариза гузаронда шуда, ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи таваллуди кӯдак хабарнома ирсол карда мешавад.
2. Дар баробари ариза, бояд санади судӣ дар бораи фарзандхондии кӯдак ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) пешниҳод карда шаванд.
3. Агар дар давоми як моҳи баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ оид ба фарзандхондӣ шахсони дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида бо ариза муроҷиат накунанд, мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани санади судӣ бақайдгирии давлатии фарзандхондиро анҷом медиҳад.
Моддаи 50. Муҳтавои сабти асноди фарзандхондӣ
1. Ба сабти асноди фарзандхондӣ маълумоти зерин ворид карда мешаванд:
1) насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд ва миллати кӯдак (то ва баъд аз фарзандхондӣ);
2) насаб, ном, номи падар, шаҳрвандӣ, миллати падару модар (яке аз онҳо);
3) санаи тартиб додан, рақами сабти асноди таваллуд ва номи мақоме, ки аз тарафи он бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак гузаронда шудааст;
4) насаб, ном, номи падар, шаҳрвандӣ, миллат, маҳалли истиқомати ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда);
5) маълумоти санади судӣ дар бораи фарзандхондии кӯдак;
6) силсила ва рақами шаҳодатномаи додашуда дар бораи фарзандхондӣ;
7) номи мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки сабтро тартиб додааст.
2. Агар бо санади судӣ дар бораи фарзандхондии кӯдак ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ҳамчун падару модари (яке аз онҳо) кӯдак сабт карда шаванд, чунин маълумот ба сабти асноди фарзандхондӣ ворид карда мешавад.
Моддаи 51. Шаҳодатномаи фарзандхондӣ
Шаҳодатномаи фарзандхондӣ дорои маълумоти зерин мебошад:
1) насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан), сана ва ҷойи таваллуди кӯдак (то ва баъд аз фарзандхондӣ);
2) насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан), шаҳрвандӣ, миллати ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда);
3) санаи тартиб додан ва рақами сабти асноди фарзандхондӣ;
4) ҷойи бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак (номи мақоме, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ гирифтааст);
5) силсила, рақам ва санаи додани шаҳодатномаи фарзандхондӣ.
Моддаи 52. Тағйир додани сабти асноди таваллуд бо сабаби фарзандхондӣ
1. Дар асоси сабти асноди фарзандхондӣ ба сабти асноди таваллуди кӯдак тағйироти дахлдор ворид карда мешаванд. Тағйир додани насаб, ном, номи падари кӯдак бо риояи моддаи 20 Қонуни мазкур сурат мегирад.
2. Агар бо санади судӣ оид ба фарзандхондӣ сана ва (ё) ҷойи таваллуди кӯдак иваз карда шавад, бо хоҳиши ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) сабти асноди нав дар бораи таваллуди кӯдак тартиб дода мешавад. Маълумот дар бораи тартиб додани сабти асноди нав дар сабти қаблии асноди таваллуди кӯдак қайд карда мешавад.
3. Дар сурате ки сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар мақомоти дигари бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ нигоҳ дошта шуда бошад, мақомоти бақайдгирандаи таваллуди кӯдак тибқи хабарномаи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи баровардани санади судӣ дар бораи фарзандхондӣ дар муҳлати се рӯз амалҳои дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинишударо анҷом дода, шаҳодатномаи нави таваллудро ирсол менамояд.
4. Мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи баровардани санади судӣ дар бораи фарзандхондӣ дар муҳлати се рӯз амалҳои дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинишударо анҷом дода, дар муҳлати як рӯз шаҳодатномаи нави таваллудро медиҳад.
Моддаи 53. Нигоҳ доштани маълумот дар бораи падару модар (яке аз онҳо) дар сабти асноди таваллуди кӯдаки фарзандхондшуда
Агар дар санади судӣ оид ба фарзандхондии кӯдак дар бораи нигоҳ доштани муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии кӯдаки фарзандхондшуда бо падару модари ӯ (яке аз онҳо) нишон дода шуда бошад, маълумот дар бораи падару модари кӯдак (яке аз онҳо), ки дар қайди асноди таваллуди кӯдак нишон дода шудаанд, тағйир дода намешаванд.
Моддаи 54. Тағйир додани сабти асноди таваллуд бо сабаби бекор кардани фарзандхондӣ
Дар асоси санади судӣ дар бораи бекор кардани фарзандхондии кӯдак ба сабти асноди фарзандхондӣ маълумот дар бораи бекор кардани фарзандхондӣ ворид карда шуда, маълумоти аввала бо риояи моддаи 20 Қонуни мазкур дар сабти асноди таваллуд барқарор карда мешаванд. Шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ки пештар дода шуда буд, бекор шуда, шаҳодатномаи нави таваллуди кӯдак бо дар назар доштани тағйироти ба сабти асноди таваллуд ворид­гардида дода мешавад.
Моддаи 55. Таъмин намудани сирри фарзандхондии кӯдак аз тарафи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Сирри фарзандхондии кӯдакро қонун ҳифз мекунад.
2. Кормандони мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ бе розигии ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ва дар сурати вафоти онҳо, бе розигии мақомоти васояту парасторӣ ҳуқуқ надоранд оид ба фарзандхондӣ ягон маълумот диҳанд ва ҳуҷҷатҳоеро диҳанд, ки аз муҳтавои онҳо падару модари (яке аз онҳо) кӯдаки фарзандхондшуда набудани ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) маълум мегардад.
 
БОБИ 7.
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МУҚАРРАР НАМУДАНИ ПАДАРӢ
Моддаи 56. Асосҳо барои бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ
Асосҳо барои бақайдгирии муқаррар намудани падарӣ инҳо мебошанд:
1) аризаи муштараки падар ва модари кӯдак дар бораи муқаррар намудани падарӣ, ки дар лаҳзаи таваллуди кӯдак дар ақди никоҳи якдигар қарор надоранд;
2) аризаи падари кӯдак дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 59 Қонуни мазкур;
3) санади судӣ дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва (ё) муқаррар намудани воқеияти эътирофи падарӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст.
Моддаи 57. Ҷойи бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ
Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ дар муддати панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи додани ариза дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати падар ё модари кӯдак, ки дар лаҳзаи таваллуди кӯдак дар ақди никоҳи якдигар қарор надоранд ва (ё) дар ҷойи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак гузаронда мешавад ва дар ҳолати пешбининамудаи моддаи 61 Қонуни мазкур дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани санади судӣ дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва (ё) муқаррар намудани воқеияти эътирофи падарӣ гузаронда мешавад. Қайди давлатии муқаррар намудани падарии кӯдаки аз яксола боло танҳо аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр (ноҳия) гузаронда мешавад.
Моддаи 58. Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ дар асоси аризаи муштараки падар ва модари кӯдак, ки дар лаҳзаи таваллуди кӯдак дар ақди никоҳи якдигар қарор надоранд
1. Аризаи муштараки падар ва модари кӯдак дар бораи муқаррар намудани падарӣ, ки дар лаҳзаи таваллуди кӯдак дар ақди никоҳи якдигар қарор надоранд, ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли хаттӣ дода мешавад.
2. Аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ метавонад дар давраи бақайдгирӣ, инчунин баъд аз бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак дода шавад. Дар сурати дар давраи бақайдгирӣ пешниҳод шудани аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ, бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ якҷо бо бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак гузаронда мешавад.
3. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки асос медиҳанд чунин тахмин карда шавад, ки додани аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ пас аз таваллуди кӯдак ғайриимкон ё мушкил мебошад, падару модари кӯдак, ки дар ақди никоҳи ҳамдигар қарор надоранд, метавонанд дар давраи ҳомиладории модар ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо чунин ариза муроҷиат кунанд. Дар сурати мавҷуд будани чунин ариза, бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ якҷо бо бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак гузаронда шуда, аризаи нав талаб карда намешавад, агар то гузарондани бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак аризаи додашуда аз тарафи падар ё модар пас гирифта нашавад.
4. Дар аризаи муштарак оид ба муқаррар намудани падарӣ бояд эътироф намудани падарии шахсе, ки бо модари кӯдак дар ақди никоҳ қарор надорад ва розигии модар дар бораи муқаррар намудани падарӣ тасдиқ карда шуда бошад.
5. Дар аризаи муштарак бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:
1) насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат ва маҳалли истиқомати шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф намудааст;
2) насаб, ном, номи падар, ҷинс, сана ва ҷойи таваллуд ва миллати кӯдак, инчунин дар бораи қайди асноди таваллуд (дар вақти муқаррар намудани падарӣ баъд аз қайди таваллуди кӯдак);
3) насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат ва маҳалли истиқомати модари кӯдак;
4) насаб, ном ва номи падари кӯдак баъд аз муқаррар намудани падарӣ;
5) дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти падар ва модари кӯдак.
6. Аризадиҳандагон дар аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро нишон медиҳанд. Дар чунин аризаи то таваллуди кӯдак додашуда розигии падару модар дар бораи ба кӯдак додани насаби падар ё модар ва ном (вобаста ба ҷинси кӯдаки таваллудшаванда) тасдиқ карда мешавад.
7. Дар ҳолати муқаррар намудани падарӣ баъд аз таваллуди кӯдак, дар баробари аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ва дар сурати додани чунин ариза пеш аз таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳомиладории зан, ки аз тарафи ташкилоти тиббӣ ва (ё) аз тарафи табиби дар давраи ҳомиладорӣ занро нигоҳубинкарда дода шудааст, пешниҳод карда мешаванд.
8. Агар падару модар ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои додани аризаи муштарак, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, имконият надошта бошанд, изҳори иродаи онҳо метавонад дар асоси аризаҳои алоҳидаи пешниҳоднамуда дар бораи муқаррар намудани падарӣ ба расмият дароварда шавад.
Моддаи 59. Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ бо аризаи падари кӯдаке, ки дар лаҳзаи таваллуди кӯдак бо модари кӯдак дар ақди никоҳ қарор надорад
1. Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ бо аризаи падари кӯдак, ки дар лаҳзаи таваллуди кӯдак бо модари кӯдак дар ақди никоҳ қарор надорад, дар ҳолате ки агар модари кӯдак вафот карда бошад, ғайриқобили амал эътироф шуда бошад, маълумот дар бораи маҳалли қарор доштани модар мавҷуд набошад ва (ё) аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карда шуда бошад, бо розигии мақомоти васояту парасторӣ гузаронда мешавад.
2. Ариза дар бораи муқаррар намудани падарӣ аз тарафи падар ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли хаттӣ дода мешавад. Дар чунин ариза бояд воқеияти эътироф намудани падарии шахсе, ки дар лаҳзаи таваллуди кӯдак бо модари кӯдак дар ақди никоҳ қарор надорад ва мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда тасдиқ шуда бошанд.
3. Дар ариза дар бораи муқаррар намудани падарӣ бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:
1) насаб, ном, номи падар,  сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат ва маҳалли истиқомати шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф намудааст;
2) насаб, ном, номи падар,  ҷинс, сана ва ҷойи таваллуд ва миллати кӯдак, маълумот дар бораи сабти асноди таваллуди ӯ;
3) дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи вафоти модар, ғайриқобили амал эътироф намудани ӯ, ғайриимкон будани муқаррар намудани маҳалли қарор доштани ӯ ва (ё) аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карда шудани ӯ;
4) насаб, ном ва номи падари кӯдак баъд аз муқаррар намудани падарӣ;
5) дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти падар.
4. Аризадиҳанда дар ариза имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро нишон медиҳад.
5. Бо додани чунин ариза, бояд шаҳодатномаи вафоти модар ё нусхаи санади судӣ дар бораи ғайриқобили амал эътироф намудани модар ё маҳрум намудан аз ҳуқуқи модарӣ ва (ё) санади судӣ дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани модар ё ҳуҷҷате, ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилии маҳалли охирини истиқомати зан, ки ғайриимкон будани муқаррар намудани ҷойи зисти занро тасдиқ менамояд, пешниҳод карда шавад.
6. Бо додани ариза аз тарафи падар дар бораи муқаррар намудани падарӣ нисбат ба шахси ноболиғ, бояд якҷо бо чунин ариза ҳуҷҷати тасдиқкунандаи розигии мақомоти васояту парасторӣ дар бораи муқаррар намудани падарӣ пешниҳод карда шавад.
Моддаи 60. Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ нисбат ба шахси болиғ
Агар бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ нисбат ба шахсе, ки дар рӯзи додани ариза дар бораи муқаррар намудани падарӣ ба балоғат расидааст, гузаронда шавад, тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 58 ва 59 Қонуни мазкур, дар баробари ин ариза, розигии шахси болиғ дар бораи муқаррар намудани падарӣ дар шакли хаттӣ пешниҳод карда мешавад. Агар ӯ ғайриқобили амал эътироф шуда бошад, бо чунин ариза розигии васии ӯ ё мақомоти васояту парасторӣ дар шакли хаттӣ пешниҳод карда мешавад. Розигии шахси болиғ метавонад дар аризаи алоҳида ва (ё) тавассути имзои аризаи муштараки падару модар (аризаи падар) баён карда шавад.
Моддаи 61. Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ дар асоси санади судӣ
1. Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ дар асоси санади судӣ дар бораи муқаррар намудани падарӣ ё муқаррар намудани воқеияти эътирофи падарӣ бо аризаи хаттии модар ё падари кӯдак, васӣ (парастор)-и кӯдак, шахсе, ки дар нигоҳубини ӯ кӯдак қарор дорад, инчунин худи кӯдаки ба балоғатрасида гузаронда мешавад.
2. Маълумот дар бораи падари кӯдак мувофиқи маълумоти дар санади судӣ дар бораи муқаррар намудани падарӣ нишондодашуда ва (ё) муқаррар намудани воқеияти эътирофи падарӣ ба сабти асноди муқаррар намудани падарӣ ворид карда мешаванд.
Моддаи 62. Рад кардани бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ
Дар ҳолати мавҷуд будани маълумот оид ба падар дар сабти асноди таваллуди кӯдак бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ рад карда мешавад, ба истиснои ҳолате, ки сабт дар бораи падари кӯдак бо аризаи модар бо тартиби пешбининамудаи қисми 3 моддаи 19 Қонуни мазкур тартиб дода шуда бошад.
Моддаи 63. Муҳтавои сабти асноди муқаррар намудани падарӣ
Ба сабти асноди муқаррар намудани падарӣ маълумоти зерин дохил карда мешаванд:
1) насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, маҳалли истиқомати шахсе, ки падари кӯдак эътироф шудааст;
2) насаб, ном ва номи падар (то ва баъд аз муқаррар намудани падарӣ), ҷинс, сана ва ҷойи таваллуд ва миллати кӯдак;
3) санаи тартиб дода шудан, рақами сабти асноди таваллуд ва номи мақоме, ки аз тарафи он бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак гузаронда шудааст;
4) насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, маҳалли истиқомат ва миллати модари кӯдак;
5) дар бораи ҳуҷҷате, ки барои муқаррар намудани падарӣ асос шудааст;
6) насаб, ном, номи падар,  маҳалли истиқомати аризадиҳанда (аризадиҳандагон);
7) силсила ва рақами шаҳодатномаи додашуда дар бораи муқаррар намудани падарӣ;
8) номи мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки сабтро тартиб додааст.
Моддаи 64. Шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ
Шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ дорои маълумоти зерин мебошад:
1) насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан), сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллати шахсе, ки падари кӯдак эътироф шудааст;
2) насаб (то ва баъд аз муқаррар намудани падарӣ), ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуди кӯдак;
3) насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ ва миллати модари кӯдак;
4) санаи тартиб дода шудан ва рақами сабти асноди муқаррар намудани падарӣ;
5) ҷойи бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ (номи мақоме, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ гирифтааст);
6) силсила, рақам ва санаи додани шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ.
Моддаи 65. Ба сабти асноди таваллуди кӯдак бо сабаби муқаррар намудани падарӣ ворид намудани тағйирот
1. Дар асоси сабти асноди муқаррар намудани падарӣ ба сабти асноди таваллуди кӯдак маълумот дар бораи падари ӯ ворид карда мешаванд. Ворид намудани маълумот дар бораи падар ва иваз намудани насаб, ном ва номи падари кӯдак бо риояи моддаи 20 ва боби 9 Қонуни мазкур ба ҷо оварда мешавад.
2. Мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ уҳдадоранд дар бораи ворид намудани тағйирот ба сабти асноди таваллуди кӯдак вобаста ба муқаррар намудани падарӣ ба мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии маҳалли истиқомати модари кӯдак дар муддати се рӯзи баъди бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ хабар диҳанд.
 
БОБИ 8.
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ИВАЗ НАМУДАНИ НАСАБ, НОМ ВА НОМИ ПАДАР
Моддаи 66. Иваз намудани насаб, ном ва номи падар
1. Шахси ба синни шонздаҳ расида ҳуқуқ дорад насаб, ном ва номи падари худро иваз намояд.  
2. Иваз намудани насаб, ном ва номи падар бо риояи талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур сурат мегирад.
3. Иваз намудани насаб, ном ва номи падари шахсе, ки синнаш аз шонздаҳ то ҳаждаҳ мебошад, дар сурати мавҷуд будани розигии падару модар ё дигар намояндаи қонунӣ гузаронда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахс то ба балоғат расидан бо тартиби муқаррарнамудаи қонун дорои қобилияти пурраи амалкунӣ шуда бошад.
4. Иваз намудани насаб, ном ва номи падари кӯдаки ба синни шонздаҳ нарасида, дар асоси аризаи муштараки падару модар ё дигар намояндаи қонунӣ гузаронда мешавад. Дар ҳолати набудани розигӣ байни падару модар, иваз намудани насаб, ном ва номи падари кӯдаки ба синни шонздаҳ нарасида дар асоси қарори мақомоти васояту парасторӣ сурат мегирад.
5. Дар ҳолати набудани розигӣ байни падару модар ва қарори мақомоти васояту парасторӣ, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузорӣ иваз намудани насаб, ном ва номи падар дар асоси санади судӣ сурат мегирад.
6. Иваз намудани насаб, ном ва номи падар аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ва номи падарро дорад, ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
Моддаи 67. Ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар
1. Ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ва номи падарро дорад, дар шакли хаттӣ дода мешавад.
2. Дар ариза бояд маълумоти зерин дар бораи шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ва номи падарро дорад, нишон дода шаванд:
1) насаб, ном, номи падар,  сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, маҳалли истиқомат, вазъи оилавӣ (дар ақди никоҳ қарор дорад ё не, бевазан ё занмурда, ҷудошуда);
2) насаб, ном ва номи падаре, ки бо он иваз намудан интихоб карда шудааст.
3. Шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ва номи падарро дорад, дар ариза оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро нишон медиҳад.
4. Дар як вақт бо додани чунин ариза бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
1) шаҳодатномаи таваллуди шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ва номи падарро дорад;
2) шаҳодатномаи ақди никоҳ, агар аризадиҳанда дар ақди никоҳ қарор дошта бошад;
3) шаҳодатномаи таваллуди ҳар яке аз фарзандони ноболиғ;
4) шаҳодатномаи фарзандхондӣ ё шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ, дар сурате ки агар аз тарафи мақомоти бақайд­гирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ ё муқаррар намудани падарӣ гузаронда шуда бошад;
5) нусхаи шиноснома, шаҳодатнома ё нусхаи сабти таваллуди падар, модар ва (ё) бобо (агар шахс хоҳад насаби худро аз ном ва насаби онҳо мутобиқи моддаи 20 Қонуни мазкур ташаккул диҳад).
5. Ба аризаи муштараки падару модар ё дигар намояндаи қонунӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:
1) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти падару модар, ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ва (ё) парастор;
2) шаҳодатномаи фарзандхондӣ ё шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ, дар сурате ки агар аз тарафи мақомоти бақайд­гирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ ё муқаррар намудани падарӣ гузаронда шуда бошад;
3) шаҳодатномаи таваллуди кӯдак.
Моддаи 68. Тартиби бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар
1. Бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар дар асоси ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар гузаронда мешавад.
2. Ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар бояд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар муддати на дертар аз понздаҳ рӯз аз рӯзи додани ариза баррасӣ карда шавад.
3. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нусхаҳои якум ва дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро, ки бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба он бояд тағйирот ворид карда шаванд, аз мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигоҳдории он талаб менамоянд ва он дар муддати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ бояд дастрас карда шавад.
4. Агар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ба он бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва номи падар бояд тағйирот ворид карда шаванд, аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда бошад, давраи то дастрас шудани нусхаи ин сабт ба муҳлати дар қисми 2 ҳамин модда нишондодашуда ворид намешавад.
5. Агар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ба он бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва номи падар бояд тағйирот ворид карда шаванд, гум шуда бошад, бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар танҳо баъди барқарор намудани сабт бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронда мешавад.
6. Агар маълумоти дар ҳуҷҷатҳои якҷо бо ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар пешниҳодшуда ва нусхаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҳам мувофиқат накунанд, чунин номувофиқатиҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барои ворид намудани ислоҳ, тағйир ва илова дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бартараф карда мешаванд.
7. Дар сурати зарур будани барқарор намудан ва (ё) тағйир додани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ хоҳиши аризадиҳандаро оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар бо зикри сабаб рад менамоянд. Ҳуҷҷатҳое, ки дар як вақт бо ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар пешниҳод шуда буданд, бояд баргардонда шаванд.
8. Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, нусхаҳои якум ва дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба он бояд тағйирот ворид карда шаванд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати аризадиҳанда бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падарро анҷом медиҳанд. Агар дар насаб, ном ё номи падари шахси насаб, ном ё номи падари худро ивазкунанда қаблан ба ғалат (риоя нагардидани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ) роҳ дода шуда бошад, онҳо ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мувофиқ карда шуда, ба қайд гирифта мешаванд.
Моддаи 69. Муҳтавои сабти асноди иваз намудани насаб, ном ва номи падар
Ба сабти асноди иваз намудани насаб, ном ва номи падар маълумоти зерин ворид карда мешаванд:
1) насаб, ном, номи падари шахс то иваз намудани насаб, ном ва номи падар;
2) насаб, ном, номи падари шахс баъд аз иваз намудани насаб, ном ва номи падар;
3) сана ва рақами сабти асноди таваллуд ва номи мақоме, ки аз тарафи он бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак гузаронда шудааст;
4) дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсе, ки насаб, ном ва номи падарро иваз намудааст;
5) сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, маҳалли истиқомати шахс;
6) силсила ва рақами шаҳодатномаи додашуда дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар;
7) номи мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки сабтро тартиб додааст.
Моддаи 70. Шаҳодатномаи иваз намудани насаб, ном ва номи падар
Шаҳодатномаи иваз намудани насаб, ном ва номи падар дорои маълумоти зерин мебошад:
 
 
 
1) насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан) то ва баъд аз иваз намудани онҳо, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллати шахсе, ки насаб, ном ва номи падарро иваз кардааст;
2) санаи тартиб додан ва рақами сабти асноди иваз намудани насаб, ном ва номи падар;
3) ҷойи бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар (номи мақоме, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ гирифтааст);
4) силсила, рақам ва санаи додани шаҳодатномаи иваз намудани насаб, ном ва номи падар.
Моддаи 71. Хабарнома вобаста ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ уҳдадоранд, ки дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар дар муддати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба мақомоти корҳои дохилӣ ва комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомати аризадиҳанда хабар диҳанд ва хабарномаро барои ворид намудани тағйирот ба сабти асноди таваллуд ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии дахлдор фиристанд.
Моддаи 72. Тағйир додани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва номи падар
1. Дар асоси хабарномаи дар моддаи 71 Қонуни мазкур пешбинишуда мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии дахлдор тағйиротро дар муддати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ бояд ба нусхаҳои якум ва дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба он бояд тағйирот ворид карда шаванд, ворид намоянд.
2. Дар асоси сабти асноди иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки пештар нисбат ба шахси насаб, ном ва номи падарро ивазнамуда тартиб дода шуда буд, тағйирот ворид карда шуда, дар асоси муроҷиат шаҳодатномаи нав дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, бо дар назар доштани тағйироти ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ воридшуда, дода мешавад.
3. Ҳангоми иваз намудани насаб, ном ва номи падар аз тарафи падару модари шахсе, ки ноболиғ мебошад, маълумот дар бораи падару модар дар сабти асноди таваллуди кӯдак тағйир дода мешаванд.
4. Ҳангоми иваз намудани насаб, ном ва номи падар аз тарафи падару модари шахсе, ки болиғ мебошад, маълумот дар бораи падару модар бо аризаи худи ин шахси болиғ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барои ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тағйир дода мешаванд.
5. Ҳангоми иваз намудани насаб аз тарафи падару модар ва номи падар дар сабти асноди таваллуди кӯдаки ба синни шонздаҳ нарасида насаб ва номи падари кӯдак иваз карда мешавад.
6. Ҳангоми иваз намудани насаби яке аз падару модар, насаби кӯдаки онҳо, ки ба синни шонздаҳ нарасидааст, бо розигии падар ва модар, дар сурати набудани чунин розигӣ, бо қарори мақомоти васояту парасторӣ иваз карда мешавад.
7. Иваз намудани номи падар ва насаби шахси болиғ бо сабаби иваз намудани насаби падару модари ӯ ва номи падар бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур барои бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба ҷо оварда мешавад.
8. Ба шахси ноболиғ дар асоси тағйироти воридкардашуда ба сабти асноди таваллуди кӯдак шаҳодатномаи нав дар бораи таваллуд дода мешавад.
 
БОБИ 9.
ВОРИД НАМУДАНИ ИСЛОҲ, ТАҒЙИР ВА ИЛОВАҲО БА САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ
Моддаи 73. Асосҳо барои ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар қисми 3 ҳамин модда пешбинишуда ва ҳангоми набудани баҳс байни шахсони манфиатдор, ба ҷо оварда мешавад.
2. Ҳангоми мавҷуд будани баҳс байни шахсони манфиатдор ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси санади судӣ ворид карда мешаванд.
3. Асосҳо барои ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ инҳо мебошанд:
1) санади судӣ;
2) қарори мақомоти васояту парасторӣ дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падари кӯдак дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 72 Қонуни мазкур;
3) аризаи модаре, ки бо падари кӯдак дар ақди никоҳ қарор надорад, дар хусуси ба сабти асноди таваллуд ворид намудани маълумот дар бораи падари кӯдак ё оид ба тағйир ва хориҷ намудани онҳо;
4) аризаи шахси болиғ ҷиҳати дар сабти асноди таваллуди ҳамин шахс тағйир додани маълумот дар бораи падару модар (яке аз онҳо), дар сурати тағйир додани насаб, ном ва номи падари падару модар;
5) ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи муқаррар намудани шахсияти вафоткарда, ки аз тарафи мақомоти таҳқиқ ё тафтиш дода шудааст ва марги он ҳамчун марги шахси номаълум ба қайд гирифта шудааст;
6) хулоса, хабарномаи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйир ё иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур.
Моддаи 74. Ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси хулосаи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси хулоса дар ҳолатҳои зерин ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ворид карда мешаванд:
1) дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маълумоти нодуруст ё нопурра қайд шуда бошанд, инчунин ба хатоҳои имлоӣ роҳ дода шуда бошад;
2) ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи иваз намудани ҷинс, ки аз тарафи ташкилоти тиббӣ дода шудааст, пешниҳод шуда бошад.
2. Дар сурати ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ду ва зиёда кӯдак аз як оила, аз ҷониби мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои ҳамаи онҳо як хулосаи умумӣ тартиб дода мешавад.
Моддаи 75. Ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи шахси манфиатдор ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати ӯ ва (ё) ҷойи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад.
2. Ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шахси вафоткарда, ки пештар тартиб дода шуда буданд, бо аризаи хешу табори шахси вафоткарда ва (ё) шахси манфиатдори дигар ворид карда мешаванд.
3. Дар ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:
1) насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, вазъи оилавӣ, маҳалли истиқомати аризадиҳанда;
2) дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аризадиҳанда мехоҳад ба он ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ворид намояд.
4. Аризадиҳанда дар ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро қайд менамояд.
5. Дар як вақт бо пешниҳоди чунин ариза, бояд шаҳодатномаи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки он бо сабаби ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд иваз карда шавад ва дар сурати гум шудани он, нусха аз сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҷой доштани асосҳо барои ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод карда шаванд. Инчунин аз тарафи аризадиҳанда бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият пешниҳод карда шавад.
Моддаи 76. Тартиби баррасӣ намудани ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд аз тарафи мақомоти бақайд­гирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар муҳлати то понздаҳ рӯз аз рӯзи ворид шудани ариза баррасӣ карда шавад.
2. Дар сурати ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки ба он бояд ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ворид карда шаванд, дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии давлатҳои хориҷӣ тартиб дода шуда бошанд, муҳлати дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида татбиқ намегардад.
3. Мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ нусхаҳои якум ва дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро, ки бо сабаби ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба он бояд ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ворид карда шаванд, аз мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигоҳдории он талаб менамоянд ва он дар муддати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ бояд дастрас карда шавад, инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳои дигари сабти асноди тасдиқкунандаи ҷой доштани асосҳоро барои ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо талаб менамоянд.
4. Дар сурати мавҷуд будани ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар қисми 3 моддаи 75 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, дар асоси ҳуҷҷатҳо ва нусхаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии талабкардашуда ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ворид карда мешаванд ва (ё) ворид намудани ин ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба аризадиҳанда бо зикри сабабҳо рад карда мешавад.
5. Ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва (ё) рад кардани ворид намудани ин ислоҳ, тағйир ва иловаҳо дар асоси хулосаи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 74 Қонуни мазкур ба ҷо оварда мешаванд.
6. Агар аризаи шахс дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад карда шуда бошад, ҳуҷҷатҳое, ки якҷо бо ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод шуда буданд, баргардонда мешаванд.
Моддаи 77. Тартиби ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ уҳдадоранд, ки дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар муддати на дертар аз се рӯзи корӣ хулоса ва хабарномаро барои ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигаҳдории нусхаи якуми сабти аснод фиристанд.
2. Ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигаҳдории нусхаи якуми сабти аснод, ки ба он бояд ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ворид карда шаванд, дар муддати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ ба ҷо оварда мешаванд.
3. Дар асоси ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба аризадиҳанда шаҳодатномаи нав дар бораи бақайд­гирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад.
4. Мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ уҳдадоранд, ки дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар муддати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба мақомоти корҳои дохилӣ ва комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомати аризадиҳанда хабар диҳанд ва хабарномаро барои ворид намудани тағйирот ба нусхаи дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии дахлдор фиристанд.
 
БОБИ 10.
БАРҚАРОР ВА БЕКОР НАМУДАНИ САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ
Моддаи 78. Асосҳо барои барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин барқарор карда мешавад:
1) ҳуҷҷатҳое, ки пештар мавҷуд будани чунин сабтҳоро тасдиқ мекунанд (шаҳодатномаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва (ё) нусхаи он ё нусхаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ);
2) ҳуҷҷатҳое, ки гум шудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд.
Моддаи 79. Ариза дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Ариза дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар он сабти асноди ҳолати шаҳрвандии гумшуда тартиб дода шуда буд, аз тарафи шахсоне дода мешавад, ки нисбат ба онҳо ҳамин сабт пештар тартиб дода шуда буд.
2. Дар баробари ариза дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;
2) ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 78 Қонуни мазкур.
Моддаи 80. Тартиби барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Ариза дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд аз тарафи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо гузарондани санҷиш дар муҳлати то понздаҳ рӯз аз рӯзи ворид шудани ариза баррасӣ карда шавад.
2. Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва натиҷаи санҷиш мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати аризадиҳанда хулосаро дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва (ё) рад намудани барқарор кардани он тартиб медиҳанд.
3. Дар сурати рад кардани барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар хулосаи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ сабаби рад кардан бояд қайд карда шавад.
4. Дар хулосаи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд маълумоти зерин зикр карда шаванд:
1) дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии гумшуда (сана, рақами сабт, рақами китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё саҳифаи он, сабабҳои гум шудани он, агар маълум бошад ва сабабҳои дигар вобаста ба мавҷуд набудани сабт);
2) дар ҳолатҳои зарурӣ баёноти шахсони масъул вобаста ба гум шудани сабт;
3) дар бораи ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти сабт ва гум шудани сабтро тасдиқ мекунанд;
4) мутобиқати ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти сабт бо нусхаи якум ё дуюми сабт, дар сурати гум шудани яке аз нусхаҳои сабт.
5. Мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар муддати на дертар аз се рӯз мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигоҳдории нусхаи дуюми сабтро хабардор менамоянд. Мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигоҳдории нусхаи дуюми сабт дар муддати на дертар аз се рӯз нусхаи сабти гумшударо барқарор ва (ё) дар нусхаи дуюми саб­ти мавҷудбуда оид ба барқарор шудани нусхаи якуми сабт қайди дахлдор мегузоранд.
6. Дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандии барқароршуда сана, рақами сабт ва мақоми қаблан бақайдгиранда дарҷ карда шуда, дар кунҷи болои сабт ва шаҳодатномаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ навиштаҷоти «сабт барқарор шуд» қайд карда мешавад.
Моддаи 81. Барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси санади судӣ
Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тартиби судӣ дар ҳолатҳои зерин барқарор карда мешавад:
1) мавҷуд будани баҳс байни шахсони манфиатдор;
2) рад кардани барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандии гумшуда бо сабаби набудани имконияти барқарор намудани он аз тарафи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
3) номутобиқ будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти сабт бо нусхаи якум ё дуюми сабт, дар сурати гум шудани яке аз нусхаҳои сабт.
Моддаи 82. Бекор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Бекор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандии аввала ва (ё) барқароршуда аз тарафи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигоҳдории сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки бояд бекор карда шавад, дар асоси санади судӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ба ҷо оварда мешавад.
 
БОБИ 11.
БОЙГОНИИ МАҚОМОТИ САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ
Моддаи 83. Ташаккули бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҳисоби китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ташаккул меёбад.
2. Китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар онҳо нусхаҳои якуми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷамъ оварда, дӯхта, рақамгузорӣ карда ва муҳр гузошта шудаанд, дар бойгонии мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бақайдгирии онҳо нигоҳ дошта мешаванд.
3. Китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар онҳо нусхаҳои дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷамъ оварда, дӯхта, рақамгузорӣ карда ва муҳр гузошта шудаанд, мувофиқан дар бойгониҳои мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳуриявӣ ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо нигоҳ дошта мешаванд.
4. Нусхаҳои дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аз тарафи муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, пас аз ба охир расидани сол якҷо бо ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии маълумоти аснод асос шуда буданд, барои нигаҳдорӣ ба бойгонии мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳуриявӣ супорида мешаванд. Нусхаҳои якуми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.
5. Нусхаҳои дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо рақами тартибӣ ва намудҳои сабти аснод аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бақайдгирии онҳо ба мақоми омори давлатии ҷумҳуриявӣ ва сохторҳои он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо фиристонда мешаванд. Ҳуҷҷатҳои аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр (ноҳия) ба мақомоти мазкур воридшуда пас аз таҳлил дар муддати на дертар аз шаш моҳ мувофиқан ба бойгониҳои мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳуриявӣ ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо баргардонда мешаванд.
6. Тартиби нигоҳдории бойгонӣ, тартиби муроҷиат ва додани ҳуҷҷатҳо аз бойгониро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
7. Тартиб, шартҳо ва муҳлати нигоҳдории китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бойгониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва тартиби додан ва гирифтани китобҳои мазкур ба бойгонии давлатӣ аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 84. Муҳлати нигоҳдории санадҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Нусхаҳои якуми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бойгониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр (ноҳия) ба муҳлати 75 сол аз рӯзи тартиб додани онҳо нигоҳ дошта шуда, пас аз он мувофиқан ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳуриявӣ ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо супорида мешаванд.
2. Мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳуриявӣ ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ҳар ду нусхаи сабти аснодро бо тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда, онҳоро ба мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдории доимӣ месупоранд.
 
БОБИ 12.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 85. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 86. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 29 апрели соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод. 201; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1017; с. 2009, №3, мод. 89; с. 2011, №3, мод. 178, №6, мод. 444; с. 2015, №3, мод. 220, №11, мод. 961, мод. 962; с. 2016, №3, мод. 144, мод. 145; с. 2017, №7-9, мод. 574; с. 2019, №7, мод. 470; с. 2020, №7-9, мод. 612; с. 2021, №1-2, мод. 13) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 87. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе,
2 январи соли 2025, №2117