ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН: МАСИРИ 35 СОЛИ ДАВЛАТСОЗӢ ВА РУШДИ УСТУВОР

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 26/05/2026 - 11:52
     Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат арзиши бузург ва муқаддас ба ҳисоб меравад, зеро он рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқи комил барои муайян намудани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид, ки он пур аз тағйироти ҷиддӣ ва таҳаввулоти амиқ мебошад.
    Дар тӯли 35 соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон роҳи пурифтихор, вале дар айни замон пурмасъулияти давлатсозиро паси сар намуд. Дар ин давра, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пояҳои давлатдорӣ таҳким ёфта, сулҳу субот барқарор гардид ва барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор гузошта шуд. Дар натиҷа, кишвар ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногун ноил гардида, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшид.
     Солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бисёр ҳассос ва пурмушкил ба ҳисоб мерафтанд. Кишвар баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо як қатор мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, ки ба рушди устувори давлат таъсири ҷиддӣ расониданд. Бӯҳрони сиёсӣ, коҳиш ёфтани вазъи иқтисодӣ, бекорӣ ва норасоии шароити зиндагӣ ҷомеаро ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ сохтанд.    Ҳамзамон, ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳаёти осоиштаи мардум халал ворид намуда, ба иқтисоди миллӣ ва суботи ҷомеа зарари калон расонд.
     Бо вуҷуди чунин вазъияти душвор, халқи тоҷик тавонист бо иродаи қавӣ, сабру таҳаммул ва ҳисси баланди ватандӯстӣ роҳи сулҳу ваҳдатро интихоб намояд. Мардуми кишвар хуб дарк карданд, ки танҳо тавассути муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон давлатро аз буҳрон раҳо бахшид ва барои ояндаи беҳтар замина гузошт. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдор имкон доданд, ки Тоҷикистон тадриҷан ба марҳилаи нави рушд ворид гардад.
     Ба даст омадани сулҳу субот яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Сулҳ барои барқарор гардидани ҳаёти осоишта, рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Маҳз бо шарофати сулҳу оромӣ имрӯз Тоҷикистон дар роҳи бунёдкорӣ, пешрафт ва таҳкими давлатдорӣ қадамҳои устувор мегузорад.     
     Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳким ва рушди давлатдории миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Давлат пояҳои асосии сохтори сиёсӣ ва ҳуқуқии худро мустаҳкам намуда, барои ташаккули ҷомеаи муосир заминаи устувор фароҳам овард. Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии ин давра қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамчун санади асосии ҳуқуқии давлат пояҳои давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин принсипҳои идоракунии давлатро муайян намуд.     Қабули Конститутсия барои ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ ва таҳкими волоияти қонун аҳамияти бузург дошт.
     Дар баробари ин, дар кишвар сохторҳои асосии давлатӣ ташаккул ёфта, фаъолияти онҳо тадриҷан такмил дода шуд. Мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар асоси талаботи давлати демократӣ фаъолият намуда, барои таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳм гузоштанд. Ислоҳоти давлатӣ ва такмили низоми идоракунӣ имкон доданд, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ самараноктар гардида, робитаи давлат бо ҷомеа боз ҳам мустаҳкам шавад.
     Ҳамзамон, Тоҷикистон дар самти таҳкими соҳибихтиёрӣ ва муаррифии худ ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ низ муваффақ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои байналмилалӣ шинохта мешавад.  
     Мавқеи фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар солҳои истиқлолӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан дар масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ташаббусҳои муҳими байналмилалиро пешниҳод намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти экологӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ ва истифодаи оқилонаи об ҷалб кардааст. Маҳз бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор пешниҳодҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд. Аз ҷумла, ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Ин иқдомҳо аҳамияти бузурги масъалаҳои экологӣ ва нақши Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба тағйирёбии иқлим нишон медиҳанд.
     Ҳифзи пиряхҳо имрӯз ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, зеро обшавии босуръати онҳо метавонад ба захираҳои обӣ ва вазъи экологии сайёра таъсири манфӣ расонад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги пиряхӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории муштарак барои ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим даъват менамояд.
     Ҳамзамон, Тоҷикистон дар масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ низ мавқеи устувор дорад. Бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ва таҳдидҳои муосир, кишвар пайваста ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошад. Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои ҳифзи субот ва амнияти минтақа саҳми фаъол мегузорад.
     Илова бар ин, сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон боис гардиданд, ки обрӯ ва нуфузи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боло равад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷонибдори сулҳ, ҳамкорӣ ва рушди устувор шинохта мешавад. Иштироки фаъолонаи кишвар дар баррасии масъалаҳои глобалӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо манфиатҳои миллии худро ҳимоя мекунад, балки дар ҳалли мушкилоти муҳими ҷаҳонӣ низ саҳми арзанда мегузорад.
     Яке аз самтҳои муҳими рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолӣ пешрафти иқтисоди миллӣ ва бунёди инфрасохтори муосир ба ҳисоб меравад. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар даҳҳо лоиҳаҳои бузурги стратегӣ амалӣ гардиданд, ки барои рушди иқтисодиёт, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими робитаҳои дохиливу байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. 
     Аз ҷумла, дар соҳаи роҳу нақлиёт як қатор роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои муҳими стратегӣ сохта ва ба истифода дода шуданд. Нақби «Истиқлол», ки соли 2006 мавриди истифода қарор гирифт, шимолу ҷануби кишварро ба ҳам пайваст ва рафтуомади шаҳрвандонро дар тамоми фаслҳои сол осон намуд.  Ҳамчунин, нақбҳои «Шаҳристон» (2012), «Шаршар» ва «Чормағзак» барои рушди низоми нақлиётии кишвар аҳамияти бузург доранд. Бунёди роҳҳои мошингарди Душанбе–Хуҷанд–Чанок, Душанбе–Кӯлоб–Қалъаихумб–Хоруғ ва дигар шоҳроҳҳои байналмилалӣ имконият доданд, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа боз ҳам густариш ёбанд.
     Дар самти энергетика низ Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» соли 2009 ва «Сангтӯда-2» соли 2011 барои зиёд гардидани истеҳсоли нерӯи барқ мусоидат намуд. Ҳамзамон, сохтмони нерӯгоҳи азими барқи обии «Роғун», ки яке аз бузургтарин иншооти энергетикии минтақа ба ҳисоб меравад, ҳамчун қадами муҳим дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ арзёбӣ мегардад. Чархаи аввали НБО «Роғун» соли 2018 ва чархаи дуюми он соли 2019 ба истифода дода шуданд, ки ин рӯйдод барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ аҳамияти таърихӣ дорад.
     Илова бар ин, дар давраи соҳибихтиёрӣ соҳаи саноат низ тадриҷан рушд ёфта, корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис дода шуданд. Сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлат маҳсуб меёбад, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат замина гузошта истодааст.
     Ҳамин тавр, ҳамаи ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти гуногун тавонист заминаҳои устувори рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам оварад ва дар роҳи пешрафту ободонӣ қадамҳои устувор гузорад.
     Соҳаи маориф бо роҳнамоӣ ва ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфт. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки рушди давлат аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии насли ҷавон вобастагии мустақим дорад. Маҳз бо таваҷҷуҳ ва сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ барои пешрафти соҳаи маориф заминаҳои устувор фароҳам оварда шуданд. Бо дастгирӣ ва ташаббуси Пешвои миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо муассисаҳои нави таълимӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Танҳо дар чанд соли охир даҳҳо мактабҳои замонавӣ бо шароити муосир, синфхонаҳои муҷаҳҳаз, озмоишгоҳҳо ва марказҳои омӯзишӣ сохта шуданд. Ин тадбирҳо барои беҳтар гардидани сифати таълим ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таҳсил барои хонандагон мусоидат намуданд. Ҳамзамон, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ низ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлат қарор гирифт.
     Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ афзоиш ёфт. Дар ин давра донишгоҳу донишкадаҳои нав таъсис дода шуданд, ки имрӯз ҳазорҳо ҷавонон дар онҳо таҳсил менамоянд. Аз ҷумла, таъсиси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои омода намудани мутахассисони баландихтисос аҳамияти калон дорад. Инчунин, бо дастгирии давлат ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф густариш ёфта, донишҷӯёни тоҷик имконият пайдо карданд, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар таҳсил намоянд.
     Ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар раванди таълим низ маҳз бо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат вусъат гирифт. Имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар синфхонаҳои компютерӣ, тахтаҳои электронӣ ва шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мешаванд. Ин иқдомҳо барои мутобиқ намудани низоми таълими миллӣ ба талаботи ҷаҳони муосир ва баланд бардоштани сатҳи дониш мусоидат менамоянд.
     Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Бо ташаббуси Сарвари давлат барномаҳои давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон қабул гардида, стипендияҳои президентӣ, квотаҳо ва дигар имтиёзҳо барои ҷавонони болаёқат ҷорӣ карда шуданд. Ҳамчунин, эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» аз таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба рушди илм ва маориф шаҳодат медиҳад.
      Ҳамин тавр, соҳаи маориф дар даврони истиқлолӣ бо сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир заминаи устувор фароҳам овардааст.
     Ҳамзамон, дар ин давра фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикон дубора эҳё ва таҳким ёфтанд. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» (соли 2009) забони тоҷикӣ мақоми расмии худро боз ҳам мустаҳкам намуда, дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода гардид.
     Дар ин давра ҷашнҳои бузурги миллӣ ва таърихӣ дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардиданд, аз ҷумла 1100-солагии Давлати Сомониён (1999), 2700-солагии Кӯлоб (2006), 3000-солагии Ҳисор (2015) ва дигар ҷашнҳои таърихӣ, ки ба баланд шудани худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мусоидат намуданд. Дар баробари ин, шаҳри бостонии Панҷакент ҳамчун яке аз марказҳои қадимии тамаддуни Суғдӣ мавриди омӯзиш ва бозсозии илмӣ қарор гирифта, ёдгориҳои таърихии он таваҷҷуҳи муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб намудааст. Ин шаҳр ҳамчун рамзи таърихи куҳани тоҷикон дар муаррифии фарҳанги миллӣ нақши муҳим мебозад.
     Ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Сада, бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар сатҳи давлатӣ таҷлил мегарданд, ки ин падида ба боло рафтани худшиносии миллӣ ва эҳёи анъанаҳои бостонӣ мусоидат намуд. Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ низ эътироф гардида, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки ин яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад.
     Дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди худшиносии миллӣ, барқарорсозӣ ва эҳёи ёдгориҳои таърихӣ, дастгирии осорхонаҳо, театрҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ вусъат ёфт. Ҳамчунин, бунёди марказҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳо барои рушди маънавиёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.
     Ҳамаи ин иқдомҳо боиси боло рафтани сатҳи худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа гардиданд, ки имрӯз яке аз пояҳои асосии суботи давлат ба ҳисоб мераванд.
35 соли истиқлолият роҳи пурифтихор ва сарнавиштсози давлат ва миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин давра собит намуд, ки халқи тоҷик бо иродаи қавӣ, хирадмандӣ ва ваҳдати миллӣ тавонист душвортарин марҳилаҳои таърихиро, аз ҷумла буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ, инчунин паёмадҳои ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, барои бунёди давлати мустақил ва ҷомеаи осоишта заминаи устувор гузорад.
     Дар ин муддат, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдорӣ таҳким ёфта, сулҳу субот таъмин гардид ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа таъмин шуд. Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки истиқлолият на танҳо як дастоварди сиёсӣ, балки рамзи худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлат мебошад.
     Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ин неъмати муқаддас – истиқлолиятро ҳамчун арзиши бузурги миллӣ қадр намуда, барои ҳифз, таҳким ва рушди минбаъдаи он саҳми фаъол гузорад. Зеро танҳо бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ метавон ояндаи дурахшони давлатро таъмин намуд. Маҳз дар ҳамин сурат Тоҷикистон метавонад дар оянда низ ба дастовардҳои боз ҳам бузургтар ноил гардида, мавқеи худро ҳамчун давлати мустақил, сулҳпарвар ва рушдёбанда устувор нигоҳ дорад.
 
 
Иброҳимзода Муборак Иброҳим,
муовини сардори шуъбаи қонунгузории
гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии
Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
 
Шарифов Аминҷон Аҳмадович,
                                                              корманди Маркази миллии қонунгузории
                                                             назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)