ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МЕХАНИЗМҲОИ ТАТБИҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 01/05/2026 - 16:45
     Дар ҷаҳони муосир, ки арзишҳои инсонӣ дар мадди аввал қарор доранд, таъмини баробарӣ ва мубориза бо табъиз аҳамияти хосса касб мекунад. Табъиз дар ҳама шаклҳо ва зуҳуроти имконпазираш яке аз намудҳои маъмултарини поймолкунии ҳуқуқи инсон ва сӯиистифода аз онҳо ба ҳисоб меравад. Ин падида ба ҳаёти ҳаррӯзаи миллионҳо нафар таъсир расонида, аз ҷумлаи падидаҳое мебошад, ки ошкор намудани онҳо хеле мушкил аст.
     Шахсони зиёде метавонанд вобаста ба хусусиятҳои гуногун, аз қабили миллат, ҷинс, маъюбӣ, синну сол, афкори сиёсӣ, эътиқоди динӣ, ҳувият, забон, фарҳанг, нажод, пайдоиши авлодӣ ва дигар нишонаҳо ба табъиз дучор гарданд.
     Зери мафҳуми табъиз поймолкунӣ ё маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон дар муқоиса бо дигарон аз рӯи нишонаҳои мушаххас фаҳмида мешавад.
     Ба ақидаи Осипов А.Г. табъиз ҳамчун истилоҳе муайян шудааст, ки усулҳои муайяни ба мушкилот табдил додани нобаробариҳои иҷтимоиро нишон медиҳад. Соҳаи татбиқи ин мафҳум хело васеъ буда, аз рӯйи бисёр нишондиҳандаҳо гуногунранг ва нобаробар аст. Дар маҷмӯъ, истилоҳи «табъиз» маънои гузоштани фарқиятҳои ғайриқонунӣ ё беадолатонаро дорад. Табъиз дар умум на бо тафриқабандӣ ва на бо нобаробариҳои иҷтимоии ғайриқонунӣ ба таври куллӣ якранг нест [1].
     Аксари кишварҳои пешрафта ва рӯ ба тараққии ҷаҳон сиёсатеро пеш мебаранд, ки ба аз байн бурдани ҳама гуна зуҳуроти табъиз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нигаронида шудааст. Ин давлатҳо қонунгузории миллии зиддитабъизиро такмил медиҳанд, ки он дар маҷмӯъ ба стандартҳои дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муқарраршуда асос меёбад.
     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини баробарӣ ва пешгирии табъиз яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ баробарии ҳамаро дар назди қонун новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ кафолат медиҳад [2]. Дар ин замина, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки ба татбиқи ин принсипҳо нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», кодексҳои Ҷиноятӣ, Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда аз ҷониби Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
     Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти таъмини ҳуқуқ ба баробарӣ ва мубориза бо ҳама гуна шаклҳои табъиз иқдомҳои муассирро амалӣ менамояд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» (минбаъд Қонуни мазкур) қадами муҳиме дар ин самт маҳсуб меёбад. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқу имкониятҳои баробарро барои ҳамаи шахсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранокро аз ҳама гуна шаклҳои табъиз муқаррар менамояд. Ин санад 19 июли соли 2022, таҳти №1890 қабул гардида, аз 5 боб ва 23 модда иборат аст [3].
      Қабули Қонуни мазкур қадами муҳимест барои таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз, зеро мутобиқи муқаррароти он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини иҷрои қонун ба ҳисоб меравад.
      Механизмҳои амалисозии Қонуни мазкур асосан ба назорати маъмурӣ ва пешгирии табъиз такя мекунанд, ки тавассути сохтори дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон амалӣ мегарданд. Барои амалӣ гардонидани фаъолият дар ин самт ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон як қатор ваколатҳо дода шудааст, аз ҷумла мусоидат дар такмили қонунгузорӣ дар ин самт, гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мониторинги риояи ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани табъиз ва баргузор намудани чорабиниҳои омӯзишӣ дар ин самт, ҷамъоварии маълумоти оморӣ оид ба ҳолатҳои табъиз, оштикунонии ҷабрдидаи эҳтимолии табъиз ва шахси ин кирдорро содиркарда ва дигарҳо [4].
     Ҳамчунин шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки худро мавриди табъиз қароргирифта меҳисобанд, метавонанд ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Ваколатдор) бо ариза ва шикоят муроҷиат намоянд. Ваколатдор муроҷиатҳои онҳоро баррасӣ намуда, ба мақомоти дахлдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавсияҳои худро оид ба бартараф намудани вайронкунии ҳуқуқи инсон пешниҳод менамояд ва дар сурати дар натиҷаи табъиз содир шудани ҷиноят мақомоти таъқиби ҷиноятиро хабардор месозад.
     Инчунин ҷиҳати амалигардонии ваколатҳо дар самти таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъалаҳои  таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 29-уми апрели соли 2023, №555 дар назди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воҳиди сохтории махсус  таъсис дода шудааст. Ин ҳам бошад, шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз мебошад [5].
     Вобаста ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Седишев А.Г. чунин қайд мекунад, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муҳимтарин омили таҳкими қонуният  ва заминаи ҳуқуқӣ дар фаъолияти ҳокимияти иҷроия, шакли назорати ғайрисудӣ ҳисобида мешавад. Принсипи асосии ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин мақсадҳои ҷонии он ҳамчун воситаи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мебошад, ки аз чунин шаклҳои назорат, ба монанди назорати парлумонӣ, судӣ, маъмури фарқ мекунанд [6].
     Мутобиқи моддаи 14 Қонуни мазкур аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳар сол дар бораи вазъи риояи ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нашр намудани маърӯзаи махсусро муқаррар намудааст.
     Мақомоти дигари давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ дар робита бо фаъолияташон барои таъмини баробарӣ ва манъи тамоми шаклҳои табъиз масъул гаштаанд.
     Қонун дар бораи баробари ва манъи ҳама шаклҳои табъиз инчунин ба ҷабрдидагони табъиз ҳуқуқ медиҳад, ки барои муқаррар намудани ҳолати вайронкунии ҳуқуқи онҳо ба муносибати баробар, манъ кардани чунин амалҳо, ҷуброни зарари моддию маънавии дар натиҷаи чунин амалҳо расонидашуда ва беэътибор донистани санаде, ки боиси ба миён омадани ҳолати табъиз гаштааст, ба суд муроҷиат намояд.
     Механизмҳои татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз гуногун буда, яке аз асоситарин ва муҳимтарини онҳо механизми ҳуқуқӣ мебошад. Он маҷмӯи воситаҳои ҳуқуқиеро дар бар мегирад, ки ба шахсони аз табъиз ҷабрдида имкон медиҳанд ҳуқуқҳои худро ҳифз намуда, ҷуброни зарарро талаб намоянд. Механизми мазкур тавассути воситаҳои зерин амалӣ мегардад:
1. Муроҷиат ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон: Ваколатдор вазифадор аст, ки шикоятҳоро оид ба поймол шудани ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба баробарӣ, баррасӣ намуда, барои барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда чораҳо андешад.
     Ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқи инсон аз ҷониби мақомоти давлатӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазифадор аст ба ин мақомот хулосаи худро дар бораи тавсияҳо оид ба чораҳои имконпазир ва зарурӣ барои барқарор кардани ин ҳуқуқ ва озодиҳо фиристад. Дар сурати рад кардани чораҳои пешниҳодшуда, Ваколатдор ҳуқуқ дорад аз маҷмуи воситаҳои ҳуқуқии ба ӯ пешниҳодшударо, ки бо муроҷиат ба мақомоти салоҳиятдор, аз ҷумла мақомоти прокуратура ва ҳокимияти иҷроия алоқаманд аст, барои ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои аризадиҳанда татбиқ кунад. Ба ғайр аз кор бо аризадиҳандагони инфиродӣ ва расонидани кумаки мушаххас дар барқарор кардани ҳуқуқ ва озодиҳои вайроншудаи инсон, Ваколатдор имкониятҳо дорад, ки ҳам қонунгузорӣ ва ҳам амалияи татбиқи қонунро дар соҳаи ҳуқуқи инсон такмил диҳад. Ҳамин тариқ, Ваколатдор метавонад дар маҷмуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайронкунии маъмулии ҳуқуқи инсонро пешгирӣ кунад [7].
2. Муроҷиат ба суд: Ҳар шахсе, ки аз табъиз зарар дидааст, ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд. Суд вазифадор аст, ки парвандаро одилона баррасӣ намуда, дар сурати исботи далелҳои табъиз, ҳуқуқҳои поймолшударо барқарор кунад ва ҷубронпулӣ таъин намояд.
3. Муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: Дар сурати содир шудани кирдоре, ки дорои аломатҳои ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, шахси зарардида метавонад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки аз рӯи муроҷиат санҷиш гузаронида, чораҳои қонунӣ андешанд.
     Мақомотҳои болозикр дар асоси ваколатҳо ва салоҳиятҳои худ ҳолатҳои зери табъиз қарор гирифтани шаҳрвандро омӯхта мутобиқи кодексҳои ҷиноятӣ ва маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро дар намудҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ татбиқ менамоянд.
  1. Ҷавобгарии маъмурӣ
     Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалҳое, ки боиси маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мегарданд, ҷавобгариро пешбинӣ мекунад. Механизми мазкур дар ҳолатҳои зерин истифода мешавад [8]:
     Вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон: Барои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои инсон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, эътиқоди динӣ ва ғайра, агар ин амалҳо характери ҷиноятӣ надошта бошанд.
     Табъиз дар соҳаи меҳнат: Маҳдуд кардани ҳуқуқҳо ҳангоми қабул ба кор ё пардохти музди меҳнат, ки хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» мебошад.
     Тартиби татбиқ: Протоколҳои маъмурӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор (масалан, нозироти меҳнат ё мақомоти корҳои дохилӣ) тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба судҳо фиристода мешаванд.
2. Ҷавобгарии ҷиноятӣ
     Ин механизми ниҳоии ҳимоя буда, дар ҳолатҳои вазнини поймолкунии ҳуқуқҳо истифода мешавад. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои махсусро барои мубориза бо табъиз пешбинӣ намудааст:
     Моддаи 143 (Вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон): Ин модда ҷавобгариро барои мустақиман ё бавосита вайрон кардан ё маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳо ё муқаррар намудани имтиёзҳои бевосита ё бавоситаи шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон ва дигар нишонаҳо муқаррар мекунад.
     Моддаи 1431 (Шиканҷа): Ин моддаи махсусгардонидашуда ҷавобгариро барои ҳама гуна фарқгузорӣ, истисно, маҳдудият ё афзалият, ки ба аз байн бурдан ё халалдор намудани эътироф, истифода ё амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон нигаронида шудааст, пешбинӣ менамояд.
     Моддаи 189 (Ҷавобгарӣ барои барангехтани кинаю адовати миллӣ ва динӣ): Яке аз шаклҳои хатарноки табъиз мебошад, ки амнияти ҷамъиятиро зери хатар мегузорад [9].
     Механизмҳои татбиқи қонунгузорӣ дар бораи баробарӣ ва пешгирии табъиз вазифаи муҳим ва бисёрҷанба мебошад, ки иштироки фаъолонаи давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрвандро тақозо мекунад. Танҳо бо талошҳои муштарак мо метавонем ҷомеаи одилона ва баробарро бунёд намоем, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як инсон эҳтиром карда мешаванд.
 
МУСТАФОҚУЛОВ ДОВАРШОҲ БАЁНҚУЛОВИЧ,
муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
 
1. Осипов А. Законодательные основы для борьбы с расизмом и расовой дискриминацией в Российской Федерации [Электронный документ]. – Режим доступа: http://www.igpi.ru/info/people/osipov/1223396407.html (дата обращения: 11.02.2026).
2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-Душанбе “Шарқи озод” 2024. 80с.
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Адлия». Шакли 7.0 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 10.02.2026).
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон”//Махзани қонунгузории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://mmk.tj (санаи муроҷиат: 12.02.2026).
5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъалаҳои  таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Адлия». Шакли 7.0 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 10.02.2026).
6. Сафарзода Б.А., Раҳмонов Д.С., Миралиев И.Қ., Саъдизода Ҷ., Шосаидзода Ш.Ш., Искандаров Ш.Ф., Сафарзода Н.Ф., Салимов Ф.Н. Механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон – Душанбе, 2023. С. 201.
7. Сафарзода Б.А., Раҳмонов Д.С., Миралиев И.Қ., Саъдизода Ҷ., Шосаидзода Ш.Ш., Искандаров Ш.Ф., Сафарзода Н.Ф., Салимов Ф.Н. Механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон – Душанбе, 2023. С. 211-212.
8. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон//Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Адлия». Шакли 7.0 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 16.02.2026).
9. Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон//Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Адлия». Шакли 7.0 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 16.02.2026).
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад