ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

Нигористон

-A A +A

СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМ ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 21/12/2023 - 16:35
     Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 24/11/2023 - 16:31
     24 ноябри соли 2023 дар бинои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ мизи мудаввар доир гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МОҲИЯТИ ҲУҚУҚИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 23/11/2023 - 16:47
     Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдории тоҷикон буда, баёнгари соҳибихтиёриву мустақилият, ягонагиву сарҷамъӣ, ватандӯстӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ, инчунин ифодакунандаи ормонҳои миллии мардуми меҳнатқарини тоҷик аст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МИЗИ МУДАВВАР ВОБАСТА БА МАВЗУИ НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ПОЙДОРИВУ БАРДАВОМИИ ДАВЛАТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 16/11/2023 - 17:05
     16 ноябри соли 2023 дар бинои Маркази миллии қонунгузорӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.
     Чорабинии мазкуррор директори Марказ Саидзода И.Ҳ. оғоз бахшида, ҳайати кормандонро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи таърихӣ ва нишонаи баланди ватандӯстиву рафоқат мебошад, самимона табрик намуданд.
     Ҳамчунин, кормандони Марказ бо маърӯза оид ба Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати навини тоҷикон баромад намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО”

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 19/10/2023 - 16:40

19 октябри соли 2023 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  мақсади таъмини иҷрои банди 3 Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2023 оид ба амалисозии Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, №54 тасдиқ шудааст, бо ташаббуси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Рушди қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид. 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 08/09/2023 - 16:34

    8 сентябри соли 2023 дар бинои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ мизи мудаввар доир гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МЕҲНАТ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 31/08/2023 - 13:05

     31 августи соли 2023 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз вазорату идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ иштирок намуданд. 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2023

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Сшб, 01/08/2023 - 15:56
     Маркази миллии қонунгузорӣ 1 августи соли 2023, соати 14:00 тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729, ки 10 июли соли 2023 аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи ва
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2023

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Дшб, 31/07/2023 - 15:08
   Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 августи соли 2023 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
Вақти баргузорӣ: соати 14:00
Макон: шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов-13, бинои маъмурии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Телефон барои тамос: 227-08-07; 988-94-33-95.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Шнб, 24/06/2023 - 10:03
МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
(Бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ)
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ИШКОШИМ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 15/06/2023 - 16:14
      Санаи 12 июни соли 2023 муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшозода Фарҳод аз иншоотҳои ҷашнии бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МЕХАНИЗМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Чшб, 24/05/2023 - 17:14
     Коррупсия ё ришва зуҳуроти номатлуб фаҳмида мешаванд, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Ин падидаи номатлуб дар ҷомеа оқибатҳои басо ногувор дошта, боиси аз байн рафтани обрӯву эҳтиром, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешрафти ҷомеа мегардад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

МИЗИ МУДАВВАРИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ҚОНУНГУЗОРӢ” –И ҲХДТ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Чшб, 24/05/2023 - 16:52
     Дар ҳошияи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 майи соли 2023 мизи мудаввари Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ”-и ҲХДТ дар Маркази миллии қонунгузорӣ баргузор гардид.
   Дар чорабинии мазкур мавзуи «Тарбияи ватандӯстии ҷавонон» баррасӣ гардида, аъзои Ташкилот дар мавзуъҳои гуногун доир ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон баромад намуданд.
     Дар қисмати охири чорабинӣ доир ба мавзуъҳои болозикр музокирот сурат гирифт.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БУНЁДИ “МАКС ПЛАНК”

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 18/05/2023 - 09:01
     17 майи соли 2023 вохӯрии Директори Маркази миллии қонунгузорӣ - Саидзода Иззатулло Ҳабибулло бо намояндагони Бунёди «Макс Планк» - Иллария Виалнелло ва Ҳейли Эванс баргузор гардид.
    Дар оғози вохӯрӣ Директори Марказ Саидзода И.Ҳ., меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба саъми меҳмонон оид ба самтҳои фаъолияти Маркази миллии қонунгузорӣ маълумот пешниҳод намуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ГУРҶИСТОН

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Пшб, 11/05/2023 - 13:39
     Рӯзҳои 29 апрел – 5 майи соли 2023 дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии  Гурҷистон семинари омӯзишӣ оид ба баробарии гендерӣ баргузор гардид, ки дар он сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Матробов Матроб Хуррамович иштирок намуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
Обуна ба Нигористон