ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 28/04/2026 - 16:26
     Сатҳу сифати қонунгузорӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ буда, ба он ҳар як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд диққати аввалидараҷа медиҳад, зеро қонуни босифат дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, кору фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим дорад.
     Дар шароити ҳозира шарти муҳимми самаранок эътироф намудани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ риоя намудани талабот ба сифати қонун мебошад, зеро воридшавии Тоҷикистон ба фазои иқтисодӣ ва сиёсии озод бемавҷудияти қонунгузории босифат ва сиёсии самараноке, ки ба асосҳои конститутсионии демократия ва санадҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофнамуда такия менамояд, номумкин мебошад [1, С. 292]..
     Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҳамчун сарчашмаи қабули қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, манбаи ташаккул ва инкишофи ҳуқуқ, рушди қонунгузорӣ, инчунин, яке аз шаклҳои сарчашмаҳои ташаккулёбии ҳуқуқ ва сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд [2, С. 196].
     Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ нақши ҳалкунанда доранд. Нақш ва аҳаммияти паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ бо нуқтаҳои зерин собит мегардад:
1. Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии такмил ва инкишофи сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ муайян карда мешаванд.
2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳои худ ҳадафҳо, афзалиятҳо, вазифаҳои мубрами сиёсати ҳуқуқэҷодкуниро муайян мекунад.
3. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории амалкунанда мебошанд.
4. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли амалӣ намудани ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президент ва амалӣ намудани салоҳияти Президент дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ мебошанд.
     Ҳамзамон, дар асарҳои илмӣ ба таҳқиқи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳаммияташон дар рушди низоми ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.
     Дар асарҳои илмии ватанӣ паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар хел маънидод карда мешаванд. Чунончи, дар асарҳои муҳаққиқони Тоҷикистон паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун «санади конститутсионӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқӣ» [3, С. 82-94], «санади конститутсионӣ» [4, С. 58], «муҳимтарин шакли тамос байни Сардори давлат ва мақоми намояндагии умумимиллӣ» [5, С. 460], «ҳуҷҷати расмӣ ва санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ» [6, С. 62-72], «ҳуҷҷати сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ» [7, С. 236], «санади конститутсионӣ-ҳуқуқӣ» [8, С. 74-83], «санади конститутсионӣ, сиёсӣ-идеологӣ, пешгӯикунанда ва барномавӣ» [9, С. 140-145] шарҳ дода мешаванд.
       Дар асарҳои муҳаққиқони Тоҷикистон нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи таъмини сифати қонун [10, С. 17-21], баланд бардоштани сатҳи таҳия ва қабули қонунҳои соҳаи иҷтимоӣ [11, С. 36-42], рушди қонунгузории соҳаи фарҳанги миллӣ [12, С. 100-117] ва ғайра таҳқиқ карда мешавад.
     Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон заминаи ташаккулу амалишавии ҳамаи самтҳои сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ мебошанд, чунки, ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа бахшида мешаванд. Тавре Д.С. Раҳмон ва Б.С. Шерзода қайд мекунанд: «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи мазмуну моҳияташ масъалаҳои гуногуни ҳаёти кишвар, аз қабили масъалаҳои сиёсиву фарҳангӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, илму маориф, тандурустӣ, ҷавонону занон, таълиму тарбия, мудофиаи мамлакат, сиёсати хориҷӣ, ҳифзи табиат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идоракунии давлатӣ, рушди хизмати давлатӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, таҳлили низоми бонкии мамлакат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат дар бахши таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, ҷалби сармоя, ислоҳоти соҳаи об, рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмуъ, дигар масъалаҳои муҳимми Тоҷикистони соҳибистиқлолро фаро гирифтааст» [13, С. 25].
     Ҳаминро бояд қайд кард, ки таъмини сифати қонун яке аз самтҳои сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад.      Сифати қонун дар натиҷаи мутобиқати қонун ба талаботи умумииҷтимоӣ ва махсуси ҳуқуқӣ (техникаи ҳуқуқӣ) таъмин карда мешавад. Риояи қоидаҳои техникаи ҳуқуқӣ шарти асосии таъмини сифати қонун мебошад.
     Тавре мушоҳида мешавад, дар Паёми мазкур риояи қоидаҳои зерини техникаи ҳуқуқӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун пешбинӣ мешавад:
а) қоидаҳои забонӣ бо дарназардошти вазъи конститутсионии забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ;
б) қоидаҳои истифодаи истилоҳоти ҳуқуқӣ, аз ҷумла истифодаи истилоҳоти ҳуқуқӣ ба як маъно, ки ба тафсири аниқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи қонунҳо мусоидат мекунад;
в) риояи қоидаҳои техникӣ-ҳуқуқии мантиқӣ ҳангоми ифодаи мазмуни дохилӣ ва шакли қонун ҳамчун омили ифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар пайдарҳамии мантиқӣ, бо дарназардошти алоқаҳои мантиқии байни меъёрҳои ҳуқуқӣ, байни соҳаҳои ҳуқуқ ва институтҳои ҳуқуқӣ.
     Риояи қоидаҳои зикршудаи техникаи ҳуқуқӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун сифати дахлдори онро таъмин мекунад. Сифати қонун бошад, ба тафсири қонун, амалишавии қонун аз тарафи шаҳрвандон, татбиқи қонун аз тарафи мақомоти давлатӣ мусоидат мекунад.
     Аз ин нуқтаи назар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16- уми апрели соли 2005 дар ташаккул ва амалӣ гардидани сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ, муайян намудани афзалиятҳо, ҳадафҳо ва самтҳои мубрами он нақши таърихӣ дорад.
     Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20- уми апрели соли 2006 ба нақши аввалиндараҷаи қонун дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ишора карда мешавад.  Тавре, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мекунанд: «Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун василаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро инкишофу пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст» [14].
     Тавре мушоҳида мешавад, дар Паёми мазкур нуқтаҳои зерин оид ба нақши қонун, ки аҳаммияти илмӣ доранд, баён мегарданд:
- қонун воситаи асосии танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки паҳлуҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаро дар бар мегиранд, мебошад;
- танзими ҳуқуқӣ, ки дар заминаи қонун ба роҳ монда мешавад, заминаи инкишофу пешрафти ҷомеа мебошад;
- танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ бояд одилона бошад, дар заминаи принсипи адолат, ки принсипи муҳимми ҳуқуқи муосир мебошад, ба роҳ монда шавад.
     Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 30- юми апрели соли 2007 таклиф пешниҳод мешавад, ки ҷиҳати ба фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мутобиқ гардонидани қонунгузории амалкунанда чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамчунин, таклиф пешниҳод мешавад, ки андозбандии субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи савдо ва намудҳои дигари хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо усули патентӣ ё дигар низоми содакардашуда баррасӣ гашта, ба қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд [15].
     Дар Паёми зикршуда зарурати таҷдиди назар кардани қонунгузории соҳаи маориф бо дарназардошти муқаррар гардидани стандартҳои маълумоти кафолатноки аз нигоҳи молиявӣ асоснок таъкид мегардад
     Тавре мушоҳида мешавад, дар Паёми зикргардида се кафолати асосии волоияти қонун муайян карда мешаванд: а) эҳтироми қонун; б) риояи қонун; в) иҷрои қонун. Кафолатҳои зикршуда, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, асоси илмӣ доранд, чунки дар асарҳо иҷро ва риояи қонун ҳамчун ду шакли асосии амалисозӣ ва татбиқи қонун пазируфта мешаванд, эътирофи қонун бошад, яке аз шартҳои таъмини қонуният мебошад.
     Дар Паёми мазкур омилҳо ва самтҳои дигари такмили қонунгузорӣ низ муайян карда мешаванд. Чунончи, таъкид мегардад, ки «аз байн бурдани мухолифат миёни қонунҳо ва ба шароити имрӯза мутобиқ намудани онҳо яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи қонунгузорӣ мебошад» [16].
     Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки «зарурати ҷиддии ба ҳам мувофиқ сохтани қонунҳои миллӣ бо усулу меъёрҳои умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ эҳсос мегардад. Воқеан, мо афзалияти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро нисбат ба қонунҳои миллӣ эътироф кардаем, аз ин рӯ, бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намоем».
     Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26- уми апрели соли 2013 таклифҳо оид ба такмили қонунгузории ҷумҳурӣ бо дарназардошти қабул шудани Тоҷикистон ба узвияти Ташкилоти ҷаҳонии савдо, дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаҳои Кодекси меҳнат, Кодекси андоз, Кодекси гражданӣ, Кодекси ҷиноятӣ пешниҳод мешаванд. Ин таклифҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ дар самти мутобиқ намудани қонунгузорӣ ба талаботи нави ҳаёти ҷомеа мусоидат намуданд [17].
     Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 22- юми декабри соли 2016 пешниҳод мешавад, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ ва рушди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад [18].
     Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 21-уми декабри соли 2021 вазифаҳои зерини сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ аниқ карда мешаванд:
- ба муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мутобиқ гардонидани қонунҳо ҳамчун шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар;
- баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо;
- такмили механизми иҷрои қонунҳо;
- ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда;
- ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва ғ.;
     Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 бо дарназардошти нақши маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.
     Дар Паёми мазкур аз 28- уми декабри соли 2024 таъкид гардид, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад [19]:
     Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
     Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
     Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
     Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
     Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
    Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт дар паёми мазкур пешниҳод гардид, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
     Ҳамзамон, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои сиёсати ҳуқуқэҷодкуниро муайян мекунанд.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи банди 1, м. 69- и Конститутсия самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад [20].
     Аз ин нуқтаи назар, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли амалӣ намудани салоҳияти конститутсионии Президент мебошанд. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» изҳор карда мешаванд.
     Самтҳои сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, ба амалӣ гардидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мусоидат мекунанд. Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таклифҳо ва супоришҳои мушаххаси ӯ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ, ки дар паёмҳо ифода карда мешаванд, ба такмил ва инкишофи қонунгузории Тоҷикистон бо дарназардошти робитаҳои хориҷии давлат мусоидат мекунанд, зарурати такмили қонунгузориро дар робита бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунанд.
     Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ташаккулу рушди сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон мебошанд.
     Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омили такмили қонунгузорӣ мебошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳо бо мақсади такмили қонунгузорӣ, аз ҷумла тағйири санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав вазифаҳо, таклифҳо, супоришҳои мушаххас мегузорад. Бо ин паёмҳо ба зиммаи мақомоти давлатӣ, аз он ҷумла мақомоти ҳуқуқэҷодкунӣ вазифаҳои мушаххас оид ба такмили қонунгузорӣ гузошта мешаванд.
     Дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои стратегӣ, конспесияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ қабул карда мешаванд.
     Дар натиҷаи таҳлили мақолаи мазкур мо ба чунин хулосаҳо ноил гардидем:
1. Дар давраи вусъати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ нуфузи техникаи ҳуқуқӣ боло меравад, чунки миқдори зиёди қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар робита бо талаботи нави танзими ҳуқуқӣ қабул мешаванд, зарурати таъмини сифати онҳоро бо мақсади пешгирии ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, камбудиҳо дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ, норасоиҳо дар матни санадҳо талаб мекунад. Вазифаи таъмини низоми мураттаби санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз байн бурдани ихтилофоти байни онҳо, таъмини сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун омили танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ бо роҳи риояи техникаи ҳуқуқӣ ҳалли худро ёфта метавонад.
     Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ фаъолияти дақиқ ва ҳаматарафа танзимшуда мебошад. Фаъолияти мазкур бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қоидаҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ танзим карда мешавад. Инчунин, метавон гуфт, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзими ҳуқуқиро талаб мекунад. Татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешбинӣ мешавад. Аммо тартиби татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар сатҳи Қонуни мазкур ҳоло танзим нашудааст. Аз ин хотир, пешниҳод карда мешавад, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» меъёрҳои нав бо мақсади танзими татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ илова карда шаванд.
     Рӯйхати адабиёт:
1. Сайнозимзода Ф.С. Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ: монография. – Душанбе, ҶДММ “Абдулло ва Искандар Ко”. –  292 с.
2. Сайнозимзода Ф.С. Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ: монография. – Душанбе, ҶДММ “Абдулло ва Искандар Ко”. –  С. 196.
3. Сайнозимзода Ф.С. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма мегирад [Матн]. Ф.С. Сайнозимзода // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон – 2022. – № 1 (25). – С. 82-94.
4. Диноршоев, А.М. Правовая природа Послания Президент Республики Таджикистан [Текст]. А.М. Диноршоев // Государствоведение и права человека. Научно-практический журнал. – Душанбе. 2016. – №1 (01). – С. 58.
5. Разоқов Б.Ҳ. Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари ҳокимияти иҷроия [Матн]. Б.Ҳ. Разоқов. – Душанбе. Ирфон, 2010. - 460 с.
6. Сайнозимзода Ф.С. Мафҳум, моҳият ва хусусиятҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]. Ф.С. Сайнозимзода // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон. – 2022. – 2 (26). – С. 62-72.
7. Камолов И.И. Система нормативных правовых актов Республики Таджикистан. Монография [Текст]. И.И. Камолов. – Душанбе. Андалеб-Р, 2015. – 236 с.
8. Гадоев Б.С. Послания Президента Республики Таджикистан и их роль в политическом курсе развития страны [Текст]. Б.С. Гадоев // Правовая жизнь. – Душанбе. 2021. – № 4 (36). – С. 74-83.
9. Сулаймонов М.С. Правовая природа Послания Президента Республики Таджикистан и ее признаки [Текст]. М.С. Сулаймонов // Труды Академии МВД Республики Таджикистан. – 2017. – № 4 (36). – С. 140-145.
10. Сайнозимзода Ф.С. Нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ [Текст]. Ф.С. Сайнозимзода // Маҷаллаи академии ҳуқуқ. – 2021. – 4 (40). – С. 17-21.
11. Ҷабборова М.Т. Нуқсонҳои забонӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ислоҳи онҳо [Матн]. М.Т. Ҷабборова // Забон ва сифати қонун (Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ш. Душанбе, 22 июни соли 2010) // Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҳимов М.З. – Душанбе. Шуҷоиён, 2010. – С. 36-42.
12. Шарифзода Ф. Бозтоби масъалаҳои фарҳанги миллӣ дар паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]. Ф. Шарифзода // Паёми китобхонаи миллӣ. – 2023. – № 2 (2). – С. 100-117.
13. Раҳмон Д.С. Шерзода Б.С. Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ [Матн]. Д.С. Раҳмонов, Б.С. Шерзод // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон. – 2021. – № 2 (22). – С. 25.
14. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели соли 2006 [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?rgn=32762 (санаи муроҷиат 12. 02.2026).
15. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июни соли 2016, бо тағйиру иловаҳо мутбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.07.2022, № 1897 ва аз 22.06.2024, № 2054 [Захираи электронӣ]. –Манбаи дастрасӣ: https://mmk.tj/system/files/Legislation/1329-tj.pdf (санаи муроҷиат 02.03.2026).
16. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрели соли 2007 [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?rgn=32762 (санаи муроҷиат 06.03.2026).
17. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели соли 2013 [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?rgn=32762 (санаи муроҷиат 10.03.2026).
18. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 январи соли 2016 [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?rgn=32762 (санаи муроҷиат 10.03.2026).
19. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 28 декабри соли 2024 [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://president.tj/event/missives/49225 (санаи муроҷиат 12.03.2026).
20. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) [Матн]. – Душанбе: Ганҷ, 2016. – 135 с.
 
Сабурзода Н.М. – муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ.
Паҳлавонов С.К. – муовини сардори шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад