ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 14/02/2024 - 15:59
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
2026
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.01.2024
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объектҳои муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) глятсиология - илм дар бораи омӯзиши яхҳои табиӣ дар сатҳи замин, атмосфера, гидросфера, литосфера, реҷа, ташаккул ва инкишофи онҳо;
2) захираҳои барф ва ях - манбаъҳои оби ҳама намудҳои барф ва яхҳо дар сатҳи замин, литосфера ва гидросфера;
3) криосфера - қитъаи сатҳи замини дорои захираҳои об дар шакли сахт ё аз ҳад хунук;
4) кӯли пиряхӣ - обанбори дар натиҷаи обшавии пирях ва (ё) қабатҳои барфӣ дар сатҳ ё қисми канории пирях бавуҷудомада;
5) қабати устувори барфӣ - қабати барфи тамоми зимистон ё фосилаи на кам аз як моҳ маҳфузмонда;
6) маҷмуи пиряхҳо - маҷмуи шаклҳои релефи дорои пиряхҳо ва таҳшинҳои пиряхӣ;
7) минтақаи санитарии ҳифзи пиряхҳо - ҳудуди ҳамшафати пиряхҳо бо реҷаи махсуси муҳофизатии тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида;
8) пирях - ҳаҷми бузурги яхи табиии дар натиҷаи табдили боришоти сахти атмосферӣ бавуҷудомада;
9) пиряхи набзӣ - пиряхи дорои хусусияти дар натиҷаи лаљжиши якдафъина ё мунтазам гузаштан аз ҳолати мувозина ба ҳолати љайримувозина;
10) пиряхшиносӣ - ҷузъи таркибии илми глятсиология дар бораи омӯзиши ташаккулёбӣ, таљйирёбӣ, таркиб ва хосиятҳои физикии пиряхҳо;
11) таркиби изотопии пирях - маҷмуи унсурҳои ба ҳам монанди кимиёвии пиряхҳои дорои миқдор ва хосиятҳои физикии гуногун;
12) Феҳристи давлатии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - номгӯй, маълумоти тавсифӣ ва арзёбишуда оид ба ҳолат, андоза, шаклҳои релефӣ, мавзеи ҷуљрофӣ, хусусиятҳои таркибӣ ва реҷавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
13) хати барфӣ - хати муайянкунандаи сарҳади бартарии љуншавии боришоти сахти атмосферӣ нисбат ба обшавию бухоршавии барф дар охири давраи коҳишёбии он;
14) ҳавзаҳои пиряхӣ - ҳавзаҳои дар натиҷаи обшавии пиряхҳо бавуҷудомада;
15) ҳифзи пиряхҳо - маҷмуи талабот ва чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ба пиряхҳо, аз ҷумла омӯзиши қонуниятҳои тақсимоти боришот, қабати барф, ташаккулёбии тармаҳо, реҷаи обуҳавосанҷии пиряхҳо, манбаъҳои ташаккулёбии ҳавзаҳои обҷамъшавӣ, нишондиҳандаҳои таъсири таљйирёбии иқлим ба пиряхҳо;
16) яхбастагии бисёрсола - қабати болоии қишри замини дорои ҳарорати манфии ҷинсҳои кӯҳӣ, хок ва набудани обшавии такрорӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо
1. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо маҷмуи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангию маърифатиро дар бар мегирад.
2. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об барои манфиатҳои аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот равона карда шудааст.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии ҳифзи пиряхҳо
Ҳифзи пиряхҳо ба принсипҳои асосии зерин асос меёбад:
1) афзалияти нигоҳ доштани системаҳои экологии ба пиряхҳо алоқаманд, баинобатгирии аҳаммияти стратегии пиряхҳо;
2) ошкорбаёнӣ ва шаффофият;
3) мутаносибии манфиатҳои ҷомеа ва тадбирҳои пешгирикунандаи хатари эҳтимолӣ ба коҳишёбии пиряхҳо;
4) ҳавасмандгардонии таҳқиқоти илмии пиряхшиносӣ.
Моддаи 5. Ҳуқуқи моликият ба пиряхҳо ва Фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Пиряхҳо моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат ҳифзи онҳоро кафолат медиҳад.
2. Фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблаљҳои созмонҳои байналмилалӣ, грантҳо ва маблаљҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад.
 
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Моддаи 6. Вазифаҳои танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо
Вазифаҳои танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо аз инҳо иборат мебошанд:
1) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидор ва шахсони воқеӣ оид ба омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо;
2) ташкил ва таъмини фаъолияти шабакаи иттилоотии моҳворавӣ ва шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо бо мақсади ҷамъоварии иттилооти дахлдор, омӯзишу таҳлили он, таъмини саҳеҳӣ ва пуррагии пешгӯиҳо ва арзёбии вазъи захираҳои барф, назорати раванди ташаккулёбӣ ва инкишофи пиряхҳо;
3) омӯзиши пиряхҳои набзӣ ва кӯлҳои пиряхӣ бо мақсади муайян намудани вазъи онҳо;
4) таҳқиқи ҳавзаҳои пиряхӣ, қабатҳои барфӣ, аз ҷумла қабатҳои устувори онҳо, қитъаҳои азбайнрафтаи пиряхҳо ва хатҳои барфӣ;
5) ташкили корҳои экспедитсионӣ ва таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо ва захираҳои барф, фаромадани тармаҳо ва пешгирии обхезиҳо, инчунин реҷаи гидрологии обҳои пиряхӣ дар ҳавзаҳои обҷамъшавӣ ва кӯлҳои пиряхӣ;
6) тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо;
7) таъмини мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, бахши хусусӣ, инчунин аҳолӣ бо иттилоот дар бораи вазъи ҷорӣ ва дурнамои пиряхҳо.
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо мансубанд:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;
2) тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираҳои оби пиряхҳо;
3) таъсиси Фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани тартиби истифодаи он;
4) ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли моликият, оид ба ҳифзи пиряхҳо;
5) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об мувофиқан мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодаи захираҳои оби пиряхҳо мебошанд.
2. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дохил мешаванд:
1) татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;
2) таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;
3) таҳия ва тасдиқи меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, сифати об ва таркиби изотопии пиряхҳо;
4) мусоидат ба рушди шабакаҳои байналмилалии мушоҳидавии пиряхҳо, табодули байналмилалии иттилоот оид ба омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо;
5) пешгӯии эҳтимолияти фаромадани тарма ва обхезӣ, омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои пешгирикунандаи офатҳои табиӣ ва таъмини ҳифзи пиряхҳо;
6) ташкил ва таъмини фаъолияти шабакаи иттилоотии моҳворавӣ ва шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо;
7) пешбурди Феҳристи давлатии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи низоми бақайдгирии пиряхҳо ва захираҳои оби онҳо;
8) амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо;
9) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об дохил мешаванд:
1) татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои оби аз пиряхҳо ҷоришаванда;
2) таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба истифодаи захираҳои оби аз пиряхҳо ҷоришаванда;
3) ташкил ва гузарондани баҳисобгирии давлатии истифодаи захираҳои оби аз пиряхҳо ҷоришаванда;
4) таҳия ва амалигардонии тадбирҳо оид ба пешгирии коҳишёбии захираҳои оби аз пиряхҳо ҷоришаванда;
5) амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба истифодаи захираҳои оби аз пиряхҳо ҷоришаванда дар доираи ваколатҳои худ;
6) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи пиряхҳо
Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи пиряхҳо мансубанд:
1) иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;
2) андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо дар маҳал, иштирок дар татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;
3) пешгирии фаъолияти худсаронаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки сабаби расонидани таъсири манфӣ ба пирях ва барфтӯдаҳо мегардад;
4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 10. Фаъолият дар минтақаҳои ҷойгиршавии пиряхҳо
1. Дар минтақаҳои ҳифзи санитарии пиряхҳо ҷойгир намудани иншооти истеҳсолии хатарнок ва пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, ки метавонад ба вазъи пиряхҳо таъсири номатлуб расонад, инчунин ҷойгир кардани маҳсулоти нафтӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, истифодаи моддаҳои кимиёвӣ, пеститсидҳо ва дигар моддаҳои зараровар манъ аст.
2. Пешбурди корҳои иктишофи геологӣ, коркард ва истихроҷи маъданҳои фоиданок, сохтмон ва ё истифодабарии иншооти зеризаминӣ дар минтақаҳои ҳифзи санитарии пиряхҳо тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Сайёҳии экологӣ ва варзишию кӯҳгардӣ, кӯҳнавардӣ, чорабиниҳои ҳарбӣ, инчунин гузарондани таҳқиқоти илмӣ дар минтақаҳои ҳифзи санитарии пиряхҳо ва бевосита дар ҳудуди пиряхҳо вобаста ба фасли сол ва реҷаи махсуси дастрасӣ ба онҳо тибқи талаботи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, амалӣ карда мешаванд.
4. Фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари хилофи Қонуни мазкур амалишаванда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд, боздошт ё қатъ карда мешавад.
Моддаи 11. Арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба пиряхҳо
1. Арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба пиряхҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
2. Гузарондани арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, ки метавонад ба вазъи пиряхҳо таъсири номатлуб расонад, ҳатмӣ мебошад.
3. Ҳуҷҷатҳои арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар ба пиряхҳо ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии фаъолияти банақшагирифташаванда омода ва барои хулоса ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳод карда мешаванд.
4. Шахсони воқеӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар ба пиряхҳо иштирок намоянд.
 
БОБИ 3. ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ВА МОНИТОРИНГИ ПИРЯХҲО
Моддаи 12. Таҳқиқоти илмии пиряхҳо
1. Таҳқиқоти илмии пиряхҳо аз ҷониби муассисаҳои илмии таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд.
2. Таҳқиқоти илмии пиряхҳо самтҳои зеринро дар бар мегирад:
1) таҳқиқоти бунёдии илмӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани тамсилаҳои муосири таҳқиқоти пиряхҳо, аз ҷумла бо назардошти таъсири таљйирёбии иқлим;
2) гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи пиряхшиносӣ ва криосфера, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии минтақавӣ ва байналмилалӣ;
3) муайян намудани меъёрҳои илмию методии омӯзиши пиряхҳо, инчунин ҳангоми татбиқи ин фаъолият дар шароити махсуси иқлимӣ;
4) амалӣ намудани фаъолият дар самтҳои дигари таҳқиқоти илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 13. Мониторинги пиряхҳо
1. Мониторинги пиряхҳо тавассути гузарондани мушоҳидаҳои дарозмуҳлати маҷмуӣ, омӯзиш, арзёбӣ ва пешгӯӣ кардани ҳолати табиии пиряхҳо, таҳлили раванди таъсири номатлуби таљйирёбии иқлим, таъсироти дигари физикӣ, кимиёвӣ ва биологии дорои омилҳои табиӣ ва антропогенӣ ба пиряхҳо, инчунин таъсири пиряхҳо ба муҳити зист ва омода кардани иттилооти дахлдор дар ин хусус амалӣ карда мешавад.
2. Мониторинги пиряхҳо самтҳои зеринро дар бар мегирад:
1) мушоҳидаи ҳолат ва қонуниятҳои тақсимоти боришот, қабатҳои барф, ташаккул ва паҳншавии пиряхҳо, нақши онҳо дар таҳаввул ва пешгӯии таљйирёбии вазъи муҳити зист;
2) мушоҳидаи раванди таъсири омилҳои табиӣ, антропогенӣ ва таљйирёбии иқлим ба маҷмуи пиряхҳо, аз ҷумла бо истифода аз технологияи рақамӣ, барномаҳо ва воситаҳои ченкунии махсус;
3) истифодаи низоми мониторинги кайҳонии пиряхҳо бо мақсади арзёбии қабатҳои барф, ҳаҷм ва обшавии онҳо;
4) мушоҳидаи ҳолати тармаҳои дар раванди обшавии пиряхҳо ва яхбастагиҳои бисёрсола бавуҷудомада.
Моддаи 14. Истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ оид ба пиряхшиносӣ ва мониторинги пиряхҳо
Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ оид ба пиряхшиносӣ ва мониторинги пиряхҳо бо мақсадҳои зерин истифода мешаванд:
1) таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираҳои оби пиряхҳо;
2) пешгӯии вазъи муҳити зист ва ташаккули захираҳои об;
3) таҳияи харитаҳои фаврии барфтӯдаҳо, муайян намудани масоҳат ва сарҳади пиряхҳо, пешгӯии лаљжиши пиряхҳои набзӣ ва фаромадани тармаҳо бо мақсади пешгирии оқибатҳои номатлуби офатҳои табиии марбут ба онҳо;
4) таҳия ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба пешгирии таъсиррасонии антропогенӣ ба пиряхҳо ва қабатҳои барф, инчунин таъсири номатлуби обшавии босуръати пиряхҳо ва барфтудаҳо ба аҳолӣ, иқтисодиёт ва муҳити зист;
5) мақсадҳои дигари ба ҳифзи пиряхҳо равонашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо
1. Шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо маҷмуи нуқтаҳои доимӣ ва сайёр, аз ҷумла дидбонгоҳҳо, стансияҳо, расадхонаҳо ва озмоишгоҳҳо мебошанд, ки мушоҳидаи равандҳои ташаккул ва таљйирёбии вазъи пиряхҳо, барфтӯдаҳо ва яхбастагиҳои бисёрсола, захираҳои об, омӯзиши хусусиятҳои ландшафтию иқлимӣ, яхбандӣ, гидрологӣ ва гидрометеорологӣ, инчунин баҳисобгирии сифати об, таркиби изотопӣ, ҳолати санитарии пирях ва барфтӯдаҳоро дар бар мегирад.
2. Фаъолияти шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо барои гузарондани омӯзиш ва мониторинги онҳо ҷиҳати ҷамъоварӣ, таҳлил, коркард, омода намудани иттилоот ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намудани он равона карда мешавад.
3. Ташкили шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо, аз ҷумла яхбастагиҳои бисёрсола, қатъ намудани фаъолият ё иваз намудани мавзеи ҷойгиронии онҳо бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо қисми таркибии шабакаи давлатии мушоҳидавӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ мебошад.
5. Додани қитъаҳои замин барои ҷойгиронии нуқтаҳои шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 16. Махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо
1. Махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо маҷмуи маълумоти ҷамъоваришуда, батартибдаровардашуда, мукаммалгардида ва ҳуҷҷатгузоришуда оид ба вазъи пиряхҳо мебошад.
2. Махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ташкил карда мешавад.
3. Иттилоот аз махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Моддаи 17. Пиряхҳои фаромарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазъи ҳуқуқии пиряхҳои фаромарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузарондани корҳои таҳқиқотию илмӣ, мониторинг, арзёбӣ ва ҳифзи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо
Ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 3 январи соли 2024, № 2026