ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1890 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1892 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1874 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Апрел 2022

-A A +A

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ КОРРУПСИЯ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Дшб, 04/04/2022 - 13:54
Коррупсия таърихи қадима дошта, яке аз муҳимтарин масъалаҳо ва мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Таърихи башар  cap то ба по пур аз мисолҳои порахӯрӣ ва ришваситонӣ мебошад, вале таҳқиқи илмии ин зуҳури номатлуби иҷтимоӣ асосан дар охири садаи бистум оѓоз гардид. Замоне, ки муаррихон ҷузъиёти ин ё он зуҳур ва падидаи ришвахӯриро ба қайд мегирифтанд, андешаи ҷомеа дар атрофи он ҳамчун як амали дур аз ахлоқ, ки тобиши ҷиноятомез дорад, ташаккул меёфт.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

СЕМИНАРИ САЙЁР ОИД БА ТАШВИҚУ ТАРҒИБИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ЛАХШ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Сшб, 12/04/2022 - 16:07
   Кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи сафари хизматӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш бо мақсади таъмини иҷрои банди 47 Нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, машварати сайёр баргузор намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Чшб, 13/04/2022 - 09:55
Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ИСТИҚЛОЛИЯТ-НАХУСТИН ФАСЛИ ДАФТАРИ ХУДШИНОСӢ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 15/04/2022 - 13:20
   Китоби зиндагӣ...Китоби пур аз саҳифаҳои тираву рангин...Китобе, ки омӯзгори беминнат барои шогирдони худ аст. Китобе, ки онро фасл ба фасл мебояд хонд ва аз имтиҳоноти он зина ба зина мебояд гузашт.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Хизматрасониҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович... Санаи интишор: Дшб, 18/04/2022 - 16:19
Хизматрасониҳо

Рӯйхати хизматрасониҳо ва эълонҳои марбут ба хизматрасониҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар блоки «Хизматрасониҳо» ё менюи «Хизматрасониҳо» ҷойгир карда мешаванд.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

НАШРИ ҚИСМИ МАХСУСИ КИТОБИ ДАРСИИ ҲУҚУҚИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 19/04/2022 - 15:00
Соҳибзода М.М. Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон: китоби дарсӣ: қисми махсус: нашри аввал // Зери таҳрири Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент. – Душанбе: ЭР-граф, 2022. – 400с.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ”СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 21/04/2022 - 16:40
     Бо мақсади таъмини иҷрои зербанди 2 банди 1 Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ гардидааст, санаи 21 апрели соли 2022 барои кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ бо ҷалби мутахассиси соҳа семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

СОАТИ СИЁСИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ҚОНУНГУЗОРӢ” –И ҲХДТ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Чшб, 20/04/2022 - 12:02
    20 апрели соли 2022 соати сиёсии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ”-и ҲХДТ дар Маркази миллии қонунгузорӣ баргузор гардид.
     Дар соати сиёсӣ мавзуи “Терроризм ҳамчун проблемаи муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ” баррасӣ шуд.
  Чорабинии мазкурро муовини якуми директори Марказ - Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ оғоз намуд ва аъзои Ташкилот дар мавзуъҳои зерин баромад намуданд: 
- Муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм масоили мубрами рӯз дар ҷаҳони муосир
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 21/04/2022 - 16:31
     Бо мақсади таъмини иҷрои зербанди 2 банди 1 Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ гардидааст, санаи 21 апрели соли 2022 барои кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ бо ҷалби мутахассиси соҳа семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ХОНИШИ ИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ “ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДРИИ МУОСИР”  

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 21/04/2022 - 17:40
  Санаи 21 апрели соли 2022 бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2020-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ гардидааст, барои кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ бо ҷалби мутахассиси соҳа хониши идоравӣ баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Pages