ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

СОҲАҲОИ МАОРИФУ ТАНДУРУСТӢ ВА МЕҲНАТ ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 20/06/2025 - 16:48
     Ҳамасола аз ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барномарезӣ гардида, дар шакли паём ба мақоми олии қонунгузории кишвар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Аз ҷумла, 28 декабри соли 2024 дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа гардид.
     Дар он натиҷаву дастовардҳои ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таҳлилу баррасӣ гардида, зимнан зикр гардид, ки «корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд».
     Аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба масоили мактабу маориф, ки ҳамчун соҳаи афзалиятнок эълон гардидааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Воқеан, соҳаи маориф ва илм ягона соҳае дар кишвар маҳсуб меёбад, ки ҳеҷ нафар имрӯзу ояндаи худро бе он тасаввур карда наметавонад ва хурсандибахш аст, ки ин соҳаи калидӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар қарор дорад. Паёми имсола низ аз ҷониби Сарвари кишвар бо диди нав ва таҳлилҳои амиқ баррасӣ гардид ва бо назардошти рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ афзалият ба масъалаҳои рушди иқтисод, инноватсия ва илму маориф дода шуд.
     Ба андешаи Пешвои миллат то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд.
    Вобаста ба муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, таъмин намудан бо имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар ин масъала нақши устодону омӯзгорон муҳиму ҳалкунанда арзёбӣ гардид. Воқеан, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия бо китобу барномаҳои дарсӣ маҳдуд нашуда, бояд бештар худомӯзӣ намояд, барои беҳтар гардидани самаранокии машғулиятҳояш аз адабиёту сарчашмаҳои илмию методӣ огоҳона истифода намояд. 
      Дар ин росто, аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштани омӯзгорон ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ба пешравии сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон такони ҷиддӣ мебахшад. Бояд хотирнишон кард, ки бо ин мақсад дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шуд, ки боз як қадами муҳим дар омода кардани мутахассисони варзида дар самти рақамикунонии кишвар мебошад.
     Ҳамзамон, дар Паём иброз гардид «дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд».
     Оре, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзиҳо аз мактабу маориф ва заҳмати омӯзгор ба даст меояд. Бо дарк ва масъулияти баланд аз ҷониби Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид гардид: «маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам!»
     Воқеан, ҳамагон барои татбиқи ин дастуру ҳидоятҳои ҳаётан муҳим бояд аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода намуда, ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паём сидқан - бо меҳри саршор аз ватандӯстӣ, фидокорона дар ҷодаи таълиму тарбияи насли ояндаи мамлакат саҳми бориз гузорем.
     Хулоса, ҳамаи дастовардҳои соҳаи маориф, аз ҷумла, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон, мақоми шоиста пайдо намудани шахсияти омӯзгор дар ҷомеа, таъсиси ҳазорон синфхонаи таълимӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, мунтазам зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи маориф ва нашри адабиёти таълимӣ аз рӯйи дастуру супоришҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
 
ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛМАНДӢ
 
     Дар асоси супориши Сарвари давлат ҷиҳати боз ҳам беҳбуд бахшидани ҳифзи иҷтимоии мардум аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, дигар муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ аз 20 то 30 фоиз зиёд мегардад. Дар баробари ин, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад. Тавре дар Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи кор таъсису барқарор карда шудааст. Дар ин росто ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон, дигар тадбирҳои марбут ба он аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
     Татбиқи Консепсия ва барномаҳои миёнамуҳлати он имкон медиҳад, ки шуғли пурмаҳсул ҷойгоҳи муносиби худро дар раванди ташаккулёбии муносибатҳои меҳнатӣ ва рушди иқтисоди ҷумҳурӣ соҳиб гардад. Бо роҳандозӣ гардидани шуғли пурмаҳсул тарзу воситаҳои истифодабарии захираҳои меҳнатӣ комилан тағйир меёбад, зеро яке аз ҷанбаҳои он бо хароҷоти ками иҷтимоӣ таъмин намудани натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад. Дигар ҷанбаи муайянкунандаи ин мафҳум, ба даст овардани даромади кофӣ ва мувофиқи корманд аз натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ мебошад. Ба ибораи дигар, шуғли пурмаҳсул ҳамон кореро ҳисобидан мумкин аст, ки он тавассути даромади худ сатҳи қонеъкунандаи зиндагии кормандонро таъмин карда метавонад.
        Дар ин росто Сарвари давлат дар Паёми худ ниҳодҳои марбутаро вазифадор кардаанд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кори нав сафарбар созанд. Дар партави иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, дар назди кормандони муассисаҳои илмӣ вазифаҳои нав гузошта мешавад. Ҷоиз ба таъкид аст, ки Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” барои давраи солҳои 2022-2026 мавзуи илмии “Асосҳои иҷтимоӣ-меҳнатии таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро интихоб намудааст.
     Дар Паём солҳои 2025-2030 - Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шудааст. Ҳамзамон, дар Паём зарурати танзими самараноки бозори меҳнат, механизмҳои босамари ташкиливу иқтисодии бунёди ҷойҳои нави кор дар ҳамаи соҳаҳо, омода намудани кадрҳои баландихтисос, касбомӯзии калонсолон, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ғайра таъкид ёфтааст.
     Масъалаҳои зикршуда бевосита ба шуғли пурмаҳсул рабт доранд. Таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ аз омилҳои комплексии гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, пеш аз ҳама, меҳнатӣ ва сиёсию ҷамъиятӣ вобаста мебошад, ки дар раванди таҳқиқоти илмӣ таваҷҷуҳи хосаро тақозо менамоянд. Аз ин рӯ, дар пажуҳишгоҳ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи чунин масъалаҳо афзалият дода мешаванд:
- вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи онҳо дар иқтисодиёт;
- равандҳои демографӣ ва таъсири онҳо ба рушди шуғли пурмаҳсул:
- омӯзиши фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон
- такомули ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии шуғли пурмаҳсул дар деҳот ва рушди ҳунарҳои мардумӣ :
-дурнамои ташаккули низоми шуғли пурмаҳсул дар робита ба талаботи бозори меҳнат.
 
     Дар рафти корҳои таҳқиқотӣ шуъба ба нақши равандҳои инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ, рушди соҳаи саноат аҳамияти хоса дода мешавад. Зеро онҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати фаъолияти самарабахши меҳнатӣ, таъмини аҳолии қобилияти коридошта бо шуғли пурмаҳсул мавқеи муҳим доранд.             Ҳамзамон, такмили низоми музди меҳнат, вазъи кунунии сифати раванди таҳсилот ва касбомӯзии муассисаҳои таълимӣ, ки ба беҳбуд ниёз доранд, ихтисосу ҳунарҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва ғайра ба доираи таҳқиқоти илмӣ фаро гирифта мешаванд.
ТАНДУРУСТӢ
     Дар баробари дигар самтҳо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.
     Тавре иттилоъ дода шуд, дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
«Тайи чанд соли охир мо бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, ки кормандони он дар шароити бисёр номусоид фаъолият мекарданд, инчунин, биноҳои ду муассисаи бузурги таҳсилоти олии тиббӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар вилояти Хатлонро бо беҳтарин шароит бунёд карда, ба истифода додем.
     Инчунин, даҳҳо беморхона ва дигар муассисаҳои тиббиро, ки 70 – 80 сол пеш сохта шуда буданд, таҷдиду азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудем»,-зикр гардид дар Паём.
     Гуфта шуд, ки умуман, дар 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд.
     Бо вуҷуди корҳои амалигардида, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ пурра бартараф намудани мушкилоту масъалаҳои муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
     Инчунин, қайд карда шуд, ки тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад.
-Ман зимни вохӯриҳои худ масъалаҳои норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббиро борҳо таъкид карда будам,- иброз доштанд зимни ироаи Паёми хеш Роҳбари давлат.
     Дар ҳамин замина, таъкид гардид, ки роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмин намудани рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббиро таъмин намоянд.
     Дар маҷмӯъ, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва роҳнамо барои ҳар фарди худшиносу худогоҳи мамлакат ба шумор рафта, баҳри муайян намудани фардои дурахшони Ватани азизамон нақши муҳим хоҳад гузошт.
 
 Бобокалон Ғоиб Мерган
сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)