ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО ҶИНОЯТКОРӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 30/06/2025 - 12:10
     Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Дар ин росто, бо талошу ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ҳама кишварҳо, бахусус бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, манотиқи Аврупо ва Африқо густариш ёфтаанд.
     Дар заминаи сиёсати «дарҳои кушод» Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи наздик ва дур муносибатҳои дӯстона барқарор намуда, манфиатҳои дуҷонибаро дар асоси эҳтироми тарафайн амалӣ менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрӯз асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои хориҷиро мувофиқи талаботи замон дар ҳама самтҳо аз ҷумла, дар муқовимат бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти миллӣ такмил дода, онҳоро дар партави сиёсати ҳадафмандонаи роҳбарияти олии кишвар вусъат дода истодааст.
     Дар назарияи ҳуқуқи байналмилалӣ дар бораи ҳадафҳои ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ якчанд андешаҳо мавҷуданд. Бояд қайд кард, ки яке аз ҳадафҳои афзалиятнок пешгирии ҷиноятҳо, истирдоди ҷинояткорон, ҳамкории давлатҳо (мақомот) дар соҳаи адлияи ҷиноятӣ мебошад.
     Ҳамкории байналмилалӣ оид ба муқовимат ба ҷинояткорӣ фаъолияти муштараки субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва муносибатҳои ҳуқуқии дохилидавлатӣ, ки бо меъёрҳои ҳуқуқ танзим карда мешавад, оид ба таъмини ҳимояи шахс, ҷомеа, давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ ва трансмиллӣ мебошад [1, саҳ.15].
     Ҳамкории байналмилалӣ оид ба муқовимат ба ҷинояткорӣ фаъолияти ҳамоҳангшудаи субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, ки дар татбиқи чораҳо оид ба пешгирӣ, ошкор ва тафтиши амалҳои ғайриқонунӣ, ҷазо додани шахсони гунаҳкор, расонидани кӯмаки мутақобила дар парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин ҷустуҷӯи шахсон, кам кардани оқибатҳои амалҳои ҷиноятӣ, таҳияи стандартҳо дар ин соҳа зоҳир мегардад [2, саҳ.60].
     Аз ин ҷо ба хулоса омадан мумкин аст, ки яке аз самтҳои муҳимми муқовимат бо ҷинояткорӣ ҳамкории байналмилалӣ буда, он метавонад дар решакан ва бартараф кардани ҷиноятҳои байналмилалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили ғайриқонунии фаромиллӣ нақши муҳим бозад.
     Пешгирии ҷинояткорӣ ва муқовимат бо он дар шароити муосир яке аз омилҳои асосии таъмини субот ва оромӣ дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, он ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд. Самти асосии таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат ин пурзӯр намудани нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун кафили амалишавии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани батанзимдарории ҳуқуқии пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар соҳаи иттилоот, коррупсия, терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба ин гуна зуҳурот мусоидаткунанда, рушди ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани боварии шаҳрвандон нисбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва таҳким бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад[3].
     Бояд эътироф кард, ки нишондодҳои сифатии ҷинояткории муосир мазмун ва шакли низоми таъмини амнияти ҷаҳониро тағйир дода, зарурати ташкили самти ягона дар муқовимат ба таҳдидҳои муосир нисбат ба кишварҳои ҷаҳон ба миён омадааст. Муқовимат ба таҳдидҳои ҷинояткорӣ бе амалӣ намудани принсипи ҳамкории байналмилалии ба эътимоди баланд нисбат ба шарикон асосёфта, имконнопазир аст.
     Дар ин раванд, ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва муқовимат ба ҷинояткорӣ, криминализатсия ва декриминализатсияи меъерҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ, муайян кардани тактика ва стратегия дар фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, бастани шартномаҳои байналмилалӣ, созишномаҳо, шартномаҳо, экстрадитсияи шахсони дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарордошта, таъқиби ҷиноятӣ бо дархости давлатҳои хориҷӣ, ҷустуҷӯи арзишҳои фарҳангии дуздидашуда, фаъолияти судҳои байналмилалӣ аз ҷумла Суди байналмилалии ҷиноятӣ дар Гаага, Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон дар Страсбург, Арбитражи иқтисодии Стокголм, Суди арбитражи варзишӣ дар Лозанна, инчунин кӯмаки байналмилалӣ дар пешгирии ҷиноятҳо (моддӣ, техникӣ, илмӣ, таълимӣ, амалӣ ва ғайра) ба ҳисоб мераванд[4].
     Зикр кардан ба маврид аст, ки муқовимат бо ҷинояткорӣ аз ҷумла, ҷиноятҳои мутташаккилу фаромиллӣ ва дар ин раванд таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад танҳо ба қонунгузории дохилидавлатӣ асос ёбад, балки кӯшишҳои дастаҷамъонаро талаб мекунад, ки ба конвенсияҳои байналмилалӣ, эъломияҳо, паймонҳо, созишномаҳо, шартномаҳо махсусан дар доираи ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ( ИДМ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъи (СААД), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва ғайра такя мекунад.
     Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо ҷинояткорӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар мебошад. Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкориро бо кишварҳои мухталиф, аз ҷумла бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Эрон амалӣ менамояд. Аз ин рӯ, дар даҳсолаи охир самти афзалиятноки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо ҷинояткорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ бо кишварҳои ИДМ тақрибан 2 ҳазор санади байналмилалии минтақавӣ ва тақрибан 30 ҳазор созишномаҳои умумиҷаҳонии байналмилалӣ басташуда мебошад. Инчунин, дар доираи ИДМ як қатор созишномаҳои бисёрҷониба ба имзо расиданд. Аз ҷумла, Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар мубориза бо ҷинояткорӣ соли 1998, Созишнома дар бораи ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткории муташаккил соли 1994, Созишнома дар бораи ҳамкории Вазорати корҳои дохилии давлатҳои узви ИДМ дар мубориза бо терроризм соли 2000 ва ғайра.
     Ҳамзамон, Тоҷикистон узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ буда, он ҳамчун созмони ҳарбию сиёсӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошкант аз тарафи Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба шароити муосири геополитикӣ мутобиқ кардани ин Аҳднома ва имкониятҳои воқеии истифодаи нерӯ ва воситаҳои дифои дастаҷамъӣ таъсис дода шудааст. Соли 1993 Озарбойҷон, Гурҷистон ва Белорус ба ин созмон ҳамроҳ гаштанд. Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 14 майи соли 2002 ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ табдил дода шуд. Оинномаи СААД-ро Шурои амнияти дастаҷамъӣ 7 октябри соли 2002 дар шаҳри Кишинёв ба имзо расонид ва ин ҳуҷҷат 18 сентябри соли 2003 эътибор пайдо кард. Давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
     Дар ин раванд, Аҳдномаи зиддитеррористии чор давлати Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон дар шаҳри Тошканд 21-апрели соли 2000-ум имзо гардид, ки давлатҳои Осиёи Марказиро вазифадор намуд, ки дар самти мубориза бар зидди экстремизму терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ байни ҳамдигар хамкорӣ намоянд. Бахшҳои асосии ин Аҳднома табодули иттилоот, ёрии ҳуқуқӣ, ба якдигар супоридани ҷинояткорон, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва амалҳои тафтишотӣ ва амалиётҳои махсуси муштараки таёрии ҷангии таълимӣ ба ҳисоб мераванд.
     Дар баробари ин Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси тартиботи нави ҷаҳонӣ бо дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо кӯшиш менамояд, ки системаи амниятии Осиёи Марказиро пурқувват гардонад[5].
     Ҳамзамон, Тоҷикистон узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар баробари кишварҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Узбекистон, Эрон ва Белорус мебошад. Кишварҳои Афғонистон, Муғулистон ҳамчун давлатҳои нозир ва Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Миср, Камбоҷа, Қатар, Кувайт, Малдив, Мянма, Непал, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Туркия, Шри-Ланка ҳамчун шарикони муколамаи ин созмон мебошанд[6]. Давлатҳои аъзо ҳамкории мутақобилан судмандро дар доираи Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 14 июни соли 2001 барои муқовимат бо ҷинояту ҷинояткорӣ аз ҷумла, терроризму экстремизм амалӣ менамоянд.
     Мақсади асосии СҲШ таҳкими эътимоди тарафайн, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои аъзо мебошад. Созмон инчунин ба ҳамкории самаранок дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ талош мекунад. Ҳамчунин, СҲШ дар нигоҳ доштани сулҳ, амният ва субот дар минтақа, инчунин мубориза бо терроризм, экстремизм ва маводи мухаддир нақши муҳим мебозад.
     Ҳамин тариқ, новобаста аз назарҳои мухталиф СААД, СҲШ маҳаки асосии таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ИДМ мебошад. Соли 2021 Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ - Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дошт.
     Таҷрибаи фаъолияти ин созмонҳо нишон медиҳад, ки он дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ИДМ нақши мусбат доранд. Дар пешгирии паҳншавии маводи мухаддир, терроризму экстремизм, коҷоқи силоҳ, киберҷиноятҳо низ нақши бузург доранд. Дар ҳамин замина мо метавонем, хулоса намоем, ки СААД, СҲШ ҷиҳати таъмини суботи минтақа ҳаҷми бузурги корҳоро анҷом медиҳад. Ин созмонҳо қудрате дорад, ки фазои холии геополитикии минтақаи Авруосиёро пурра гардонад ва дар таъмини дастаҷамъонаи суботи минтақавӣ нақши бориз дошта бошанд[5].
     Аз ин нуқтаи назар ба хулоса омадан мумкин аст, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти муқовимат бо ҷинояткорӣ фаъолона амалӣ намуда, ба мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризм ва экстремизм диққати махсус медиҳад. Ҳамкорӣ дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла тавассути иштирок дар конфронсҳо ва чорабиниҳои дахлдор ба роҳ монда шудааст.          Мақсади асосии Тоҷикистон аз ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ баланд бардоштани самаранокии муқовимат бо таҳдидҳои фаромиллӣ, таъмини амнияти шаҳрвандони худ ва таҳкими суботи минтақавӣ мебошад.
 
Адабиёт:
1. Волеводз А.Г. Ба масъалаи моҳият ва мундариҷаи ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ // Ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ ва адлияи байналмилалӣ. С.2007. саҳ.11-20. [Захираи электронӣ]–Манбаи дастрасӣ: https://urait.ru/book/mezhdunarodnoe-sotrudnichestvo-v-borbe-s-prestupnostyu-560529. (санаи муроҷиат:10.06.2025).
2. Троицкий С. В. Каламкарян Р. А. /Ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ: Китоби дарсӣ.М.: Юрайт, С.2020.с 349.
3. Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021, аз 30 июни соли 2021, №265// Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 10.06.2025).
4. Шалагин А.Е., Гребенкин М. Ю. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ҷинояткорӣ дар марҳилаи муосир // навиштаҳои Илмии институти ҳуқуқии Қазони ВКД Русия. 2020. Т.5. № 2(10). саҳ. 260-268. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://cyberleninka.ru/article/n/mezhdunarodnoe-sotrudnichestvo-v-sfere-protivodeystviya-prestupnosti-na-sovremennom-etape.(санаи муроҷиат: 10.06.2025).
5. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ИДМ дар масоили амниятӣ. Асламов Б.С., Муҳаммад С.А. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ:https://www.avkd.tj/tg/khabarho/1920-hamkorihoi-tojikiston-bo-kishvarhoi-osiyoi-markazi-va-davlathoi-idm-dar-masoili-amniyati.html. (санаи муроҷиат: 12.06.2025).
6. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://rus.sectsco.org/ .(санаи муроҷиат: 12.06.2025).
                            Настарани Абдуғафор
муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)