ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ИСТИҚЛОЛИЯТ-НАХУСТИН ФАСЛИ ДАФТАРИ ХУДШИНОСӢ

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 15/04/2022 - 13:20
   Китоби зиндагӣ...Китоби пур аз саҳифаҳои тираву рангин...Китобе, ки омӯзгори беминнат барои шогирдони худ аст. Китобе, ки онро фасл ба фасл мебояд хонд ва аз имтиҳоноти он зина ба зина мебояд гузашт.
   Имтиҳоне, ки барои халқи тоҷик дар охир қарни XX омода гардида буд, наметавон фаромӯш кард. Ҷангу ҷидол миёни ҳаммилатон, ҳамватанон ва ҳамқавмон баҳри ба даст овардани ҳокимият,  қатлу куштор, азоби гуруснагӣ, беамонӣ, ваҳм ва аз ҳама ҷонкоҳтар, хатари фурӯпошии давлату миллати тоҷикон ва нанги бо сабаби бародаркушӣ аз байн рафтани он, ки тӯли қарнҳо дар сафҳаҳои таърих бо хати сиёҳ сабт гардида хоҳад шуд, дар рӯ ба рӯй мо қарор дошт. Аз ин ҳам мушкилтар имтиҳоне магар ҳаст барои як халқу миллат?!
   Бадхоҳони миллати тоҷик дар камин мунтазири он буданд, ки ҳол андар ҳол миллату давлати тоҷик пароканда  мегардад ва номи тоҷикон аз саҳифаи таърих зудуда мегардад. Зорию илтиҷои модарони барҷомонда ва дасти дуои эшон ба даргоҳи худовандӣ боиси он гардид, ки марде шердил, қавиирода, хирадпешаву фарзона аз миёни ин қавм бадар ояд ва масъулияти сангини миллати сарнагуншударо бар дӯш гирифта, онро аз вартаи нестӣ наҷот диҳад.
Ин марди хирад шиори зиндагисози “Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро” дар лаб тавонист сулҳу осоиштагиро дар Ватани муқаддаси тоҷикон барқарор намояд, ки на кори саҳлу осон аст. Ин имтиҳони ҷиддӣ фасли нахустинро дар таърихи давлатдории тоҷикон рақам зад, ки номаш “Истиқлолият” аст.
    Аз ин рӯ ин вожаи муқаддас, ки дар партави худ калидвожаҳои минбаъдаи давлатдории тоҷиконро, аз қабили сулҳу осоиштагӣ, Ваҳдати миллӣ, амният, рушду пешрафти давлатдорӣ ва ғайраро  таҷаллӣ менамояд, бо номи ин абармарди таърих-Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии ногусастанӣ  дорад. Ниҳоли Истиқлолият, маҳз бо дасти ин марди фозилу хирадманд шинонида шуд, ки имрӯз он дарахти азимеро мемонад устувору побарҷо, ки решаҳояш ба умқи замин ва шохаҳояш ба осмон тӯл кашидаанд, ки бо таъсири ҳеҷ гуна абру бод ва дасти нохалафе шикаста намегардад.
    Аммо ба ақидаи ман санаи фархундаи 9-уми сентябри соли 1991 ин санаи дубора барқарор гардидани Истиқлолияти давлатии мо, тоҷикон аст. Зери калимаи дубора хат мекашем, чаро? Зеро, таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз азал халқи тоҷдору соҳибистиқлоле буд, ки назирашро таърих надида. Вале, дар ин миён чандин маротиба аз ҷониби халқҳои бегона, ба мисли, араб, муғулу турк, ки ба давлати мо чашми тамаъ боз намуда буданд, мавриди истило қарор гирифтааст. Ва охирин маротиба дар ана ҳамин санаи сарнавиштсоз халқи тоҷдори тоҷик дубора тоҷи давлатдорӣ ба сар ниҳода, Истиқлолияти давлатии худро барқарор намуд.
   Зимнан, набояд фаромӯш кард, ки устувории Истиқлолияти давлатии мо, аз устувориву сарҷамъии яко яки мо, тоҷику тоҷикистониён вобаста аст, чунон ки устувории занҷири оҳанин аз устувории ҳар як ҳалқаи он вобаста аст. Пас, набояд ғафлат варзид ва ин неъмати гаронбаҳоро, ки бо азобу машаққатҳои зиёд, бо рехтани хуни ҳазор тоҷикон, бо талафи ҷонӣ, бо шабҳои бедорхобӣ ва сарсониҳову ғарибиҳои дур аз Ватан ба даст омадааст, аз даст дод. Аз ин ҷост, ки сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба зиракии сиёсӣ ва сарҷамъиву якдилӣ даъват мекунанд. Аммо табиист, ки сарҷамъӣ дар гирди меҳваре сурат мегирад ва имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки меҳвари мо тоҷикон-сарвари оқилу фарзонаамон аст, ки намунаи олии ватандориву меҳанпарастӣ ва садоқатмандӣ ба Ватан аст ва ва ба ҳам омадан дар атрофи ин нигини миллат боиси нигаҳдории арзишҳои бузурги миллии мост.
   Хушбахтии бузург ва асосие, ки имрӯз моро насиб гаштааст, бешубҳа Истиқлолият аст. Зеро аз таҷриба давлатҳое, ки Истиқлолияти давлатии худро надоранду тобеи давлати бегона ҳастанд, ё аз таҷрибаи давлатҳои ҷангзада бо чашми хирад  метавон дид, ки чӣ неъмати бузурге ҳаст дар давлати мустақилу озод, амну осоишта зиндагӣ кардан, ки биҳишти моро дар ин дунё мемонад.
   Истиқлолият нахустин фасли китоби давлатдорӣ буда, садоқат ба он нахустин фасли китоби худшиносист. Бигзор Истиқлолияти миллии мо ҷовидону поянда ва бегазанд бошад ва Тоҷикистони азизи мо рӯз то рӯз зеботару ободтар гардад!

                       

                                    мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори                                                         давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ                                              Асозода Ф.Ҳ.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)