ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВӢ-ҲУҚУҚИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ” БО ҚОНУНГУЗОРИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Пшб, 28/04/2022 - 16:56
Иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар якчанд давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо қонунҳои алоҳида танзим ёфтааст, ки барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ дар огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандон нақши муҳим дорад. Дар илми ҳуқуқ яке аз усулҳои панҳшудаи такмили қонунгузорӣ таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқӣ ба шумор меравад, зеро дар раванди он қонунгузории давлатҳои дигар аз нуқтаи назари истифодаи ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии он дар қонунгузории миллӣ таҳлил карда мешавад. Ба андешаи олим Сотиволдиев Р.Ш. усули муқоисавӣ-ҳуқуқӣ аҳамияти муҳими амалӣ дошта, муқоисаи қонунгузории Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ имконият медиҳад, ки хусусиятҳои мусбии онҳо истифода шавад.
Дар таҳлили муқоисавии мазкур масъалаҳои танзими ҳуқуқии иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар баъзе аз давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба монанди Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Беларус мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Дар Федератсияи Россия Қонуни Федералӣ «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ» аз 2 апрели соли 2014, №44-ФЗ қабул гардида (минбаъд – Қонуни Федератсияи Россия), он аз 5 боб ва 28 модда иборат мебошад.
Фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ барои иштироки ихтиёрии шаҳрвандони Федератсияи Россия дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мақсади Қонуни Федератсияи Россия ба шумор меравад. Қонуни Федератсияи Россия принсипҳо ва шаклҳои асосии иштироки шаҳрвандон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, иштироки шаҳрвандон дар ҷустуҷӯи шахсони бедарак гумшуда, хусусиятҳои таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии самти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳадафи онҳо ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, тартиб ва хусусиятҳои ташкил ва фаъолияти дружинаҳои халқӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии дружинаҳои халқиро муқаррар мекунад.
Дар моддаи 2 Қонуни Федератсияи Россия мафҳумҳои «иштироки шаҳрвандон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ», «иштироки шаҳрвандон дар ҷустуҷӯи шахсони бедарак гумшуда», «корманди ғайриштатии милитсия», «иттиҳодияи ҷамъиятии самти ҳифзи ҳуқуқ», «дружинаи халқӣ», «дружиначии халқӣ», «феҳристи дружинаҳои халқӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии самти ҳифзи ҳуқуқ дар субъектҳои Федератсияи Россия» шарҳ дода шудаанд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, чунин модда вуҷуд надорад, гарчанде дар матни қонун мафҳумҳое истифода гардидаанд, ки зарурати шарҳ намуданро доранд.
Моддаи 4 Қонуни Федератсияи Россия принсипҳои иштироки шаҳрвандонро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ муқаррар менамояд, ки чанде аз принсипҳои мазкур дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода нашудааст, ба монанди принсипҳои “қонуният”, “афзалияти ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд” ва “ҳуқуқи ҳар шахс ба худмуҳофизатӣ аз таҳдидҳои зиддиҳуқуқӣ бо тамоми воситаҳое, ки бо қонун манъ нагардидаанд”.
Бояд зикр намуд, ки дар Қонуни Федератсияи Россия фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ оид ба таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар моддаи алоҳида танзим мегардад. Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ иштирок менамоянд аз ҷониби мақомоти мазкур дастгирӣ карда мешаванд.
Агар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ду шакли иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, яъне иштироки инфиродӣ ва узвият дар дружинаҳои ихтиёрӣ муайян гардида бошад, мутобиқи Қонуни Федератсияи Россия шаклҳои иштироки шаҳрвандон дар ҳифзи тартиботи иборат аст аз:
- мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- иштироки шаҳрвандон дар кофтукови шахсони бедарак гумшуда;
- ҳамкории ғайриштатӣ бо милитсия;
- иштироки шаҳрвандон дар фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии самти ҳифзи ҳуқуқ.
Бо мақсади мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар чорабиниҳо оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, дар баргузории чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ иштирок, инчунин мутобиқи қонугузорӣ дигар намуди мусоидатро амалӣ намоянд.
Мутобиқи Қонуни Федератсияи Россия дар кофтукови шахсони бедарак гумшуда шаҳрвандоне, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд ҳуқуқи иштирок намуданро доранд. Шаҳрвандон зимни иштирок дар кофтукови шахсони бедарак гумшуда уҳдадор мебошанд, ки бо амалҳои худ ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ халал нарасонанд, ба кормандони мақомоти зикршуда, шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ оид ба тамоми далелҳои муҳим хабар расонанд, дар ҳолатҳои садама, ҷароҳат бардоштан ва дигар ҳолатҳои таҳдидкунанда ба ҳаёт ва саломатӣ ба шаҳрвандон ёрии аввал расонанд.
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Федератсияи Россия барои ҳамкории ғайриштатӣ бо милитсия шахсоне, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд метавонанд ҷалб карда шаванд, ки тартиби онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ муқаррар менамояд.
Шаҳрвандони зерин дар Федератсияи Россия наметавонанд корманди ғайриштатии милитсия бошанд:
онҳое, ки доғи судии барҳамнахӯрда ё бардоштанашуда доранд;
нисбати онҳо таъқиби ҷиноятӣ амалӣ шуда истодааст;
қаблан барои ҷинояти қасдона маҳкум шудааст;
ба рӯйхати ташкилот ва шахсони воқеии экстремистӣ ё террористӣ дохил гардидааст;
нисбати онҳо бо қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муқаррар гардидааст, ки дар амали онҳо нишонаҳои фаъолияти экстремистӣ вуҷуд дорад;
онҳое, ки аз бемориҳои рӯҳӣ, наркологӣ ва майзадагӣ азият мекашанд;
тибқи қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи суд ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф гардидаанд;
пас аз ҷалб намудан барои ҳамкории ғайриштатӣ бо милитсия дар давоми сол такроран бо тартиби судӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардидаанд;
аз рӯи вазъи саломатӣ ба талаботи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ мувофиқ намебошанд;
онҳое, ки шаҳрвандии давлати хориҷиро доранд.
Кормандони ғайриштатии милитсия ҳангоми ба вуҷуд омадани яке аз ҳолатҳои болозикр, дар асоси аризаи шахсӣ, дар сурати такроран иҷро накардани уҳдадориҳои ба ӯ вогузоргардида, қатъи шаҳрвандӣ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз ҳайати кормандони ғайриштатии милитсия хориҷ карда мешаванд. Дар моддаи зикршуда, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои корманди ғайриштатӣ ва таъминоти молиявии онҳо танзим карда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки тибқи Қонуни Федератсияи Россия ҳангоми қабул намудан ба ҳайати иттиҳодияҳои ҷамъиятии самти ҳифзи ҳуқуқ ва дружинаҳои халқӣ, инчунин дар ҳолати хориҷ намудан аз онҳо маҳдудиятҳои зикршуда ба инобат гирифта мешаванд.
Шакли дигар тибқи Қонуни Федератсияи Россия иштироки шаҳрвандон дар фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии самти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Шаҳрвандони 18-сола ҳуқуқ доранд дар фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии самти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар маҳалли зист, кор ё таҳсил дар шакли мақомоти худфаъолият бе ташаккули шахси ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд, иштирок намоянд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии мазкур метавонанд пас аз ворид намудан ба феҳристи маҳаллӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ иштирок намоянд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии зикршуда дар ҳудуди таъсисёфта ҳуқуқ доранд ба мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуние, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ таҳдид дорад хабар расонанд, ба мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чорабиниҳо оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат карда, инчунин дигар ҳуқуқҳоро мутобиқи қонунгузорӣ амалӣ намоянд.
Боби 3 Қонуни Федератсияи Россия тартиби таъсис ва фаъолияти дружинаҳои халқиро ба танзим медарорад. Дружинаҳои халқӣ бо ташаббуси шаҳрвандоне, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ хоҳиши иштирок намуданро доранд, дар шакли ташкилоти ҷамъиятӣ бо огоҳонидани мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва мақоми корҳои дохилии ҳудуди дахлдор таъсис дода мешавад. Дружинаҳои халқӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ пас аз ворид намудан ба феҳристи маҳаллӣ метавонанд иштирок намоянд. Самтҳои асосии фаъолияти дружинаҳои халқӣ инҳо мебошанд:
мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ;
иштирок дар огоҳонидан ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҳудуди таъсисёбӣ;
иштирок дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда;
паҳн намудани донишҳои ҳуқуқӣ, фаҳмондадиҳии қоидаҳои рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ.
Ба дружинаҳои халқӣ дар асоси ихтиёрӣ шахсоне, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, аз рӯи сифатҳои корӣ ва шахсӣ барои иҷрои уҳдадориҳои дружинаи халқӣ қобил мебошанд, қабул карда мешаванд. Дружиначиёни халқӣ аз рӯи самтҳои асосии фаъолияти дружинаҳои халқӣ, аз ҷумла ҳолатҳои истифодаи қувваи ҷисмонӣ ё расонидани ёрии аввали тиббӣ тайёрии дахлдорро мегузаранд, ки тартиби онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ тасдиқ менамояд. Дар баробари ин, ҳуқуқу уҳдадориҳои дружинаҳои халқӣ, ҳамкории онҳо бо мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии дружиначиёни халқӣ ва кормандони ғайриштатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо нисбати онҳо дар Қонуни Федератсияи Россия ба таври муфассал танзим ёфтааст, ки ба инобат гирифтани меъёрҳои он зимни такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад арзёбӣ мегардад.
Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» (минбаъд – Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон) аз 9 июли соли 2004, № 590-II қабул гардида, он аз 9 модда иборат мебошад. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро, ки вобаста ба иштироки ихтиёрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба миён меоянд, танзим мекунад[4].
Дар моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон пешбинӣ гардидааст, ки амали Қонуни мазкур ба муносибатҳои ҳуқуқие, ки ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ алоқаманд аст паҳн намегардад. Ба инобат гирифтани таҷрибаи мазкур аз манфиат холӣ нест, зеро мусоидати шаҳрвандон ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар як вақт маънои иштироки онҳоро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дорад. Гарчанде, мақсади амалӣ намудани фаъолиятҳои мазкур ба ҳам монанд мебошанд, вале самти фаъолият ва механизми амалӣ намудани он аз ҳам фарқ менамояд.
Дар муқоиса ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иштироки инфиродӣ ва узвият дар дружинаҳои ихтиёриро пешбинӣ менамояд, дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо роҳи мусоидати ихтиёрии онҳо ба мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои асосии иштироки шаҳрвандонро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ пешбинӣ намудааст, ки иборат аст аз ихтиёрӣ будан, баробарии ҳама дар назди Қонун, адолати иҷтимоӣ ва инсондӯстӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамкории доимӣ бо мақомоти давлатие, ки тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамоянд, ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии шаҳрвандон, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок мекунанд. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, шаҳрвандон дар асоси принсипи қонуният ва эҳтирому риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд фаъолият менамоянд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон ваколати мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва иҷроия оид ба масъалаи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар моддаи алоҳида танзим гардидааст. Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон мақомоти намояндагии маҳаллӣ барномаҳои буҷетиро вобаста ба ҷудо намудани маблағҳо барои ҳавасмандгардонии шаҳрвандон баррасӣ ва тасдиқ карда, фаъолияти комиссияҳои ҳавасмандгардониро назорат ва дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузорӣ амалӣ менамояд. Бақайдгирӣ ва пешбурди баҳисобгирии шаҳрвандоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок менамоянд, таъсиси комиссияҳои ҳавасмандгардонӣ, андешидани чораҳо барои ҷалби шаҳрвандон ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба доираи ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дохил мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии шаҳрвандоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ хоҳиши иштирок доранд дар Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври мушаххас танзим карда шудааст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна мушаххасот ба назар намерасад.
Бо дарназардошти он, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон танҳо як роҳи иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии онҳо бо як тартиб амалӣ мегардад. Яъне, дар Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳрванде, ки хоҳиши иштирокро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дорад, бо ариза ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат менамояд. Мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми 30 рӯз шаҳрвандро аз рӯи қайди наркологӣ, бемориҳои рӯҳӣ ва дигар қайдҳо мавриди санҷиш қарор дода, ба мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бо дархост ва замимаи ҳуҷҷатҳои дахлдор пешниҳод менамояд ё ба таври хаттӣ бо нишон додани асосҳо аризаро рад менамояд. Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дархостро барасӣ намуда, дар давоми 7 рӯз бақайдгирӣ ва баҳисобгирии шаҳрвандро амалӣ намуда, ба мақомоти корҳои дохилӣ хаттӣ хабар медиҳад. Рад намудани аризаи шаҳрванд барои муроҷиати такрорӣ монеа намегардад, ба шарте, ки асосҳои радкунӣ бартараф карда шуда бошад. Асосҳои қатъ шудани иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон пешбинӣ гардидааст, ки ба онҳо дохил мешаванд аризаи шаҳрванд оид ба хоҳиши қатъ намудани иштирок, ҷалб намудан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, ду ва зиёда дар давоми сол содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, тарк намудани давлат барои зисти доимӣ берун аз ҳудуди он, ба миён омадани ҳолатҳое, ки барои иштироки минбаъдаи шаҳрванд монеа мегарданд (бемории руҳӣ, беморӣ, аз ҷумла бинобар истеъмоли маводҳои психотропӣ, беморие, ки барои атрофиён зарарнок мебошад ё вафот). Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои зикршуда мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бо пешниҳоди мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ шаҳрвандро аз қайди шаҳрвандони иштироккунанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ хориҷ менамояд.
Бинобар сабаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду роҳи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ муқаррар гардидан тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгири онҳо низ гуногун муайян шудааст. Масалан, мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванде, ки хоҳиши иштирок намуданро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дорад, ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза муроҷиат менамояд, ки ба он нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ замима карда мешавад. Мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳлати як моҳ аз рӯзи расидани муроҷиатнома уҳдадор аст оид ба муроҷиати зикргардида қарор қабул намояд ва аз натиҷааш муроҷиаткунандаро огоҳ созад. Амалҳои минбаъда вобаста ба ҳуқуқи муроҷиати такрорӣ ҳангоми рад намудани ариза, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии шаҳрванд ё ҳолатҳои қатъ шудани иштироки ӯ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст. Гарчанде, тартиби таъсис, фаъолият ва барҳам додани дружинаи ихтиёрӣ дар қонунгузорӣ то андозае мушаххас танзим ёфтааст, вале таҷдиди назар намудани тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии шаҳрвандоне, ки ба таври инфиродӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок менамоянд зарур аст.
Инчунин, дар Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон масъалаҳои маҳдудияти фаъолияти шаҳрвандоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок менамоянд, ҳуқуқу уҳдадории онҳо, чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қонунгузорӣ танзим карда шудааст, ки бо меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қисман монанд мебошанд. Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон барои ҳавасмандгардонии шаҳрвандоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок менамоянд комиссия таъсис дода мешавад, ки таҷрибаи мазкур дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар намерасад.
Қонуни Ҷумҳурии Беларус “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ” аз 26 июни соли 2003, №214-З қабул гардида (минбаъд – Қонуни Ҷумҳурии Беларус), аз 6 боб ва 27 модда иборат мебошад [5]. Мавзӯи танзими Қонуни Ҷумҳурии Беларусро муносибатҳои ҷамъиятие ташкил медиҳад, ки вобаста ба иштироки шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ (минбаъд - шаҳрвандон), инчунин иттиҳодияҳои шаҳрвандон дар ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд. Иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо дар ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба принсипҳои ихтиёрӣ, қонуният, инсондӯстӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, шаффофият ва ҳамкории мутаносиб бо мақомоти давлатии амаликунандаи ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ асос меёбад. Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Беларус ба шаҳрвандоне, ки дар ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ иштирок менамоянд манъ мебошад:
амалӣ намудани фаъолияте, ки дар қонун пешбинӣ нагардидааст;
амалӣ намудани фаъолияте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Беларус ба ваколати мақомоти прокуратура, амнияти давлатӣ, корҳои дохилӣ, тафтишоти молиявии Кумитаи назорати давлатии Ҷумҳурии Беларус, мақомот ва зерсохторҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда, мақомоти наздисарҳадӣ, дигар сохторҳои ҳарбӣ дохил мешаванд, агар тибқи қонун тартиби дигар муқаррар нашуда бошад;
муаррифӣ намудани худ ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомот ва зерсохторҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда, мақомоти наздисарҳадӣ ва дигар ташкилотҳои ҳарбӣ.
Боби 2 Қонуни Ҷумҳурии Беларус шакли ташкилӣ – ҳуқуқии иштироки шаҳрвандонро дар ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ танзим менамояд. Дар Ҷумҳурии Беларус шаклҳои зерини иштироки шаҳрвандон дар ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ муайян гардидааст:
иштироки инфиродӣ;
ҳамкории ғайриштатӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ, мақомот ва зерсохторҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда, мақомоти хизмати наздисарҳадӣ;
иштирок дар иттиҳодияҳои шаҳрвандони мусоидаткунанда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
узвият дар дружинаҳои ихтиёрӣ;
иштирок дар шуроҳои ҷамъиятии ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ.
Шаклҳои зикршуда тибқи моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Беларус танзим карда шудааст.
Иштироки инфиродии шаҳрвандон дар ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар намудҳои хабар расонидан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии ҳуқувайронкунӣ амалӣ мегардад.
Ҳамкории ғайриштатӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомот ва зерсохторҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда, мақомоти хизмати наздисарҳадӣ дар шакли ҷалб намудани ихтиёрии шаҳрвандон ба фаъолияти мақомоти зикршуда бо роҳбарии бевоситаи шахсони мансабдори он ба амал бароварда мешавад. Маблағгузории фаъолият ва ҳифзи иҷтимоии кормандони ғайриштатӣ дар доираи маблағҳои мақомоти дахлдор роҳандозӣ мегардад.
Шакли дигар ин иштирок дар иттиҳодияҳои шаҳрвандони мусоидаткунанда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад. Шаҳрвандон ҳуқуқи тибқи қонун муқарраршударо амалӣ намуда, метавонанд дар асоси ихтиёрӣ бо огоҳонидани мақомоти ҳудудии корҳои дохилӣ гурӯҳҳои худфаъолро оид ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар маҳалли зист ташкил намоянд. Чунин шакли иттиҳоди шаҳрвандон қабули оиннома, интихоби мақомоти идоракунӣ ва дигар барасмиятдарории ташкилиро тақозо наменамояд.
Тартиби таъсис ва фаъолияти дружинаҳои ихтиёрӣ дар боби 3 Қонуни Ҷумҳурии Беларус танзим шудааст. Вазифаи асосии дружинаи ихтиёрӣ мусоидат намудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Функсияҳои асосии дружинаи ихтиёрӣ иборат аст аз:
ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон;
фаъолият оид ба огоҳонидан ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо;
таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда;
таъмини бехатарии сӯхтор, ҳифзи муҳити атроф;
таълими шаҳрвандон ба қоидаҳои рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва таъмини бехатарии манзил, инчунин таълими қоидаҳои худмуҳофизатӣ.
Дар Ҷумҳурии Беларус шаҳрвандони зерин наметавонанд узви дружинаи ихтиёрӣ бошанд:
онҳое, ки доғи судӣ доранд;
вобаста ба бемории рӯҳӣ, норкологӣ ва майзадагӣ дар қайди ташкилоти тиббӣ қарор доранд;
бо қарори суд ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф шудаанд;
дар давоми сол то рӯзи пешниҳоди ариза ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардидаанд.
Аризаи шаҳрванд, худдуркунии воқеӣ аз иштирок дар фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ, вайрон намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Беларус ё содир намудани амале, ки ба узви дружинаи ихтиёрӣ номутобиқ мебошад, асос барои хориҷ намудани шаҳрванд аз ҳайати дружинаи ихтиёрӣ мегардад.
Ҳамзамон, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Беларус ҳуқуқу уҳдадориҳои узви дружинаи ихтиёрӣ, шарт ва ҳудуди истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз ҷониби онҳо, ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва маблағгузории дружинаи ихтиёрӣ танзим гардидааст. Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Беларус фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ дар асоси Низомномаи намунавӣ, ки Шурои вазирони Ҷумҳурии Беларус тасдиқ менамояд, ба роҳ монда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки мазмунан қонунҳои Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳам наздик буда, онҳо аз муқаррароти умумӣ ва танҳо меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти дружинаҳои ихтиёрӣ иборат мебошанд. Яъне, гарчанде чанд шакли иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ муайян гардида бошад, ҳам вале аслан муқаррароти қонунҳои ҳар ду давлат ба таъсис ва фаъолияти дружинаҳои ихтиёрӣ бахшида шудааст. Дар баробари ин, танзимнамоӣ ба таври пурра ва мушаххас ба роҳ монда нашуда, ба санади зерқонунӣ ҳавола карда мешавад.
Фарқияти асосие, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Беларус ба назар мерасад ин боби 4-1 он мебошад, ки “Нуқтаҳои шуроҳои ҷамъиятӣ” номгузорӣ гардидааст. Нуқтаҳои шуроҳои ҷамъиятӣ шакли ташкилии муттаҳид намудани қувваи дружинаҳои ихтиёрӣ, ташкилот ва шаҳрвандон дар фаъолият оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин ҳамкорӣ бо субъектҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ба шумор меравад. Нуқтаҳои шуроҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби шаҳрвандоне, ки аз тарафи субъектҳои пешгирии ҳуқувайронкунӣ тавсия дода шудаанд, бо розигии шахсони мазкур, аз ҷумла аз ҳисоби шахсони мансабдори пешгирикунандаи ҳуқуқвайронкунӣ, ки фаъолияти худро зери роҳбарии умумии мақомоти иҷроияи маҳалли дахлдор амалӣ менамоянд, ташкил карда мешаванд. Қарор оид ба таъсис ва барҳам додани нуқтаҳои шуроҳои ҷамъиятӣ, тасдиқ намудани ҳайати онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии дахлдор қабул карда мешавад. Тартиби таъсис ва барҳамдиҳии нуқтаҳои шуроҳои ҷамъиятӣ, ҳамкории онҳо бо субъектҳои пешгирикунандаи ҳуқуқвайронкунӣ, инчунин чораҳои ҳавасманднамоии онҳо аз тарафи Шурои вазирони Ҷумҳурии Беларус муайян мегардад.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи таҳлили муқоисавӣ - ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” ва қонунҳои дахлдори Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қаҳоқистон ва Беларус муайян карда шуд, ки бисёр масъалаҳои муҳим вуҷуд доранд, ки танзими ҳуқуқиро тақозо менамояд. Аз ҷумла, бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои дигар танзим намудани ҳуқуқу уҳдадориҳо, ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманд ба шахсоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шакли инфиродӣ иштирок менамоянд, мувофиқи мақсад мебошад.
Ҳамзамон, зимни таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқӣ муайян карда шуд, ки ба истиснои Ҷумҳурии Беларус дар дигар давлатҳо иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷаъиятӣ асосан дар доираи як қонун танзим мегардад. Бинобар ин, пешниҳод мегардад, ки қонун бо ба инобат гирифтани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии танзимкунандаи муносибатҳои алоқаманд такмил дода шавад. Мавриди тазаккур аст, ки бартараф намудани номутобиқатӣ ва кам кардани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳаммонанд аз талаботи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 низ бармеояд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ шудааст.
 
 
 
                                                                                                                        Шарифзода Ф.Ш.
                                                                                             сардори шуъбаи қонунгузории оид ба сохтори давлатӣ,                                                                                                                        мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад