ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ВАҲДАТ ПОЯИ РУШДИ МИЛЛАТ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 26/06/2025 - 08:47
     Сарнавишти ҳар як миллатро марҳилаҳое таъин месозанд, ки дар он иродаи халқ, меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳувияти миллӣ нақши калидӣ мебозад. Барои мардуми тоҷик чунин як рӯйдоди таърихӣ ва сарнавиштсоз – Ваҳдати миллӣ мебошад, ки на танҳо ба хатми як ҷанги харобиовар, балки ба оғози як марҳилаи нави давлатсозӣ, субот ва рушд замина гузошт.
      Ваҳдати миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон маҳсуб ёфта ин мафҳум на танҳо рамзи иттиҳод ва якпорчагии мардуми тоҷик аст, балки асоси амният, сулҳу субот ва рушди иқтисодиву фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад.
    Солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) рост омад, кишварро ба як гирдобе кашид, ки хатари аз байн рафтани давлатдории миллиро ба миён овард. Дар чунин шароити вазнин, эҳёи сулҳ ва барқарории ваҳдати миллӣ ҳамчун ягона роҳи наҷоти миллат ба майдон омад.         Бо раҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, халқи тоҷик тавонист бо хиради азалӣ, сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ, Ваҳдати миллиро ба даст оварад ва пойдевори давлатдории муосирро бунёд гузорад.
     Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн ҷашн гирифта мешавад, дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи ҳамгироии миллӣ, иттиҳод ва сулҳу субот сабт шудааст.Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки баъд аз соли 1997 Тоҷикистон ба сӯи бунёди ҷомеаи одилона, эҳё ва таҳкими ниҳодҳои давлатӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ қадами устувор гузоранд [4].
     Ваҳдати миллӣ ба саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави пешрафт ва ташаккулёбии давлатдории тоҷикон ворид гардид. Ин ҷашни фархунда дар ҷомеаи мо тимсоли сулҳу субот, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва осоиштагӣ ба ҳисоб рафта, боиси рушди иқтисоди кишвар ва масъулияти дастаҷамъона барои зиндагии дурахшони ҳозираву оянда дар Тоҷикистон аст. Агар мо ба фарҳанг нигарем мебинем, ки вожаи «Ваҳдат» дар он ҷо ба маънои ягонагӣ омадааст. Аз ин рӯ, мо шаҳрвандон пеш аз ҳама бояд якдилу яктан ва якҷо бошем. Ваҳдат ва ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, рафоқат, интизоми хуб, ҳамбастагӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ иборат буда, арзиши олӣ доштани ҳаёт ва худи инсонро ифода мекунад [1].
     Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. Ваҳдати миллӣ маънои ҳамдигарфаҳмӣ, якдилӣ ва ҳамбастагии тамоми табақаҳои ҷомеаро дорад, новобаста аз миллат, мазҳаб ва мавқеи иҷтимоӣ. Он кафолат медиҳад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа барои расидан ба ҳадафи ободии Ватан ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ муттаҳид шаванд. Имрӯз мо медонем, ки маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистонро баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ аз вартаи фано раҳоӣ бахшид ва ба сӯи рушду шукуфоӣ роҳнамоӣ кард [3].
     Баъд аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри XX, ки хатари нобудии давлати тоҷикон ва парокандагии миллатро ба вуҷуд оварда буд, Ваҳдати миллӣ ҳамчун меъёри ягонаи бақо, субот ва пешрафт пазируфта шуд. Дар он замон, Тоҷикистон дар канори фоҷиа қарор дошт ва миллате, ки ҳазорсолаҳо бо фарҳанги пурғановат ва тамаддуни куҳан машҳур буд, метавонист дар вартаи торикӣ ғӯтавар гардад. Дар чунин шароит, танҳо тавассути муколама, гузаштҳои бузург ва ҳикмати сиёсии амиқ, роҳбарият ва мардуми кишвар тавонистанд ин таҳдиди бузургро рафъ созанд.
     Ваҳдати миллӣ танҳо як вожа нест – он арзиши маънавиест, ки дар заминаи таҷрибаи талхи таърих, хунрезиҳо, парокандагӣ ва маҳрумиятҳо шакл гирифт. Ваҳдат маънои ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, гуфтугӯ ва ҳамбастагии қишрҳои гуногуни ҷомеа аст. Он таҳкурсии тамоми иқдомҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ дар соли 1997 ҳамчун рушноии умед дар таърихи навини тоҷикон сабт гардид [6].
     Аз нигоҳи андешаи сиёсӣ, ваҳдат падидаи аз сарнавишти инсонҳо ва ҷомеаҳо ҷудонашаванда аст. Ваҳдат ба маънии ҳамбастагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамфикрӣ, дар зери як парчам, бо ҳадафҳои умумӣ ва ормонҳои воло мебошад. Ин ормон дар фарҳанги тоҷикон решаҳои амиқ дорад. Ба қавли бузургони ин сарзамин: «Қувват дар иттиҳод аст». Ин ҳикматро таърих борҳо собит намудааст ва таҷрибаи Тоҷикистон низ намунаи барҷастаи он мебошад.
     Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон танҳо як иқдоми сиёсӣ набуд, балки эҳёи фарҳанг, арзишҳо ва ормонҳои таърихии миллат буд. Он тавонист рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиромро дар ҷомеа барқарор созад ва миллатро аз нав ба давлати устувор ва суботи комил роҳнамоӣ кунад. Ин ваҳдат тавонист дар дили мардум эътимод ба фардо, умед ба рушд ва боварӣ ба нерӯҳои созандаи ҷомеаро дубора зинда кунад [2].
     Имрӯз мо – шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадорем, ки дастовардҳои сулҳу ваҳдатро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, Ватанро обод созем ва насли наврасро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, дӯстии халқҳо ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ тарбия намоем.
 
Рӯйхати адабиёт:
1.Ҳасанова М. ​Ваҳдати миллӣ - василаи осоиши миллат // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://www.hgu.tj/news/media/item/956.htm  (санаи муроҷиат: 21.06.2025)
  1. Имом М.Ш. Ваҳдати миллӣ - пояи субот ва рушди Тоҷикистон // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://amit.tj/tj/vakhdati-milli-poyai-subot-va-rushdi-tochikiston (санаи муроҷиат: 20.06.2025).
  2. Нуруллозода Ҳ.М. Ваҳдати миллӣ - кафолати субот ва рушди устувори Тоҷикистон // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://institute-history.tj/ru/node/627 (санаи муроҷиат: 20.06.2025).
  3. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рӯзи ҳамгироии миллӣ, иттиҳод ва сулҳу субот дар таърих сабт шудааст // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://khovar.tj (санаи муроҷиат: 20.06.2025).
  4. Боқизода Н. Ваҳдати миллӣ – омил ва кафили бақои миллат // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://kmt.tj (санаи муроҷиат: 24.06.2025).
  5. Тошова М. Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдат ва давлатдории навин // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://dbz.tj (санаи муроҷиат: 24.06.2025).
 
Исмоилова М.И.,
сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон
 
Фирдавсӣ Г.Р., сармутахассиси бахши таҳлили таъсири танзимкунии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)