ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЗАМИНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 26/06/2025 - 18:51
Саидзода Иззатулло Ҳабибулло - директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
 
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЗАМИНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
 
     «Ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳуввияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад».
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 
     Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии пайвастаи равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, барои ҳар як кишвар муҳим аст, ки пояҳои давлатдории миллӣ ва истиқлолияти худро устувор созад. Дар ин росто, ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз омилҳои калидии субот, рушди устувор ва тақвияти давлатдорӣ баромад мекунад. Таҷрибаи таърихӣ ва воқеиятҳои замони муосир собит менамоянд, ки бе ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷомеаҳо ба муваффақият ноил намешаванд.
     Таҳти вожаи ваҳдати миллӣ – ҳамраъйӣ, ҳамфикрӣ, ҳамдилии тамоми қишрҳои ҷомеа новобаста аз нажод, миллат, дин ва забон ба хотири як ҳадафи муштарак - таъмини субот ва рушди кишвар ҷамъ меоянд. Ваҳдати миллӣ танҳо сулҳ ва оштӣ нест, балки мафҳуме васеътар буда, ба ташаккули худшиносии миллӣ, эҳтироми арзишҳои умумимиллӣ ва ҳифзи манфиатҳои стратегӣ равона шудааст. Ваҳдат падидаи созандаест, ки маҳсули тафаккури инсонӣ ва ақлу хиради инсонӣ буда, инъикосгари пирӯзии рушноӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва мушаххасан, пирӯзии ақл бар ҳиссиёт мебошад. Ин натиҷаро дар мисоли сулҳу оштии миллии тоҷикон дида метавонем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодир эътироф гардида, мавриди омӯзиши ниҳодҳои байналмиллалӣ қарор дорад [1].
     Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба як давраи мураккаб – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-1997 давом кард, боиси фоҷиаи бузурги миллӣ гардид. Бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат ва дигар фарзандони фарзонаи миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки оғози нав барои бунёди ваҳдати миллӣ ва давлатдории навин гардид.
     Бояд қайд намуд, ки як қатор санадҳои ҳуқуқӣ барои қабули Созишномаи ишорашуда замина гузоштанд. Аз ҷумла, Протокол оид ба принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 17 августи соли 1995 (замимаи якум); Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ аз 18 майи соли 1997 (замимаи дуюм); Созишнома аз рӯйи вохӯрии тарафҳо дар шаҳри Москва аз 23 декабри соли 1996 (замимаи сеюм); Протокол оид ба функсияҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ аз 23 декабри соли 1996 (замимаи чорум); Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ аз 21 феврали соли 1997 (замимаи панҷум); Протоколи иловагӣ ба «Протокол оид ба функсияҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ» аз 21 феврали соли 1997 (замимаи шашум); Протокол оид ба масъалаҳои ҳарбӣ (замимаи ҳафтум); Протокол оид ба масъалаҳои муҳоҷирон, аз 13 январи соли 1997 (замимаи ҳаштум); Протокол оид ба кафолати татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз 28 майи соли 1997 (замимаи нуҳум).
     Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи миллати куҳанбунёдамон ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва воқеаи нодиру фараҳбахши ҳаётӣ маҳсуб ёфта, баҳри пойдории сулҳу суботи комил дар ҷумҳурии маҳбубамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузошт ва дар як вақт барои мустаҳкам намудани андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид.
     Сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши амиқи на танҳо коршиносони миллӣ, балки институтҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гардид. Боиси ифтихормандӣ ва сарбаландии миллати тоҷик аст, ки 26 июли соли 2011 Кумитаи академикии Шурои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои хизматҳои шоиста ва арзандааш дар таъмину таҳкими сулҳ, тамаддунсозию фарҳангпарварӣ, мусоидат ба ваҳдати миллӣ ва ҳифзи муҳити зист, рушди пояҳои иҷтимоӣ ва таъмини эҳтироми манзалати инсонӣ ба унвони олии фарҳангию сиёсӣ «Пешвои асри XXI» мушарраф гардонд.
     Албатта, дар самти расидан ба ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳи тоҷикон, нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир буда, дарку иброз накардани он нишонаи дур будан аз хештаншиносу худогоҳӣ аст. Дар ҳамин замина, профессор Холиқзода А.Ғ. бисёр ба маврид қайд менамояд, ки «… Ӯ қадам ба қадам, ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот фикр мекард, ҳарф мезад, амал мекард ва аз худию бегона, аз рӯҳи гузаштагону Офаридгори замину осмон талаби тинҷию оромии кишварро менамуд. Танҳо чунин шахс, танҳо чунин роҳбар қудрате дошт, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро дар як муддати кӯтоҳ хомӯш созад. Танҳо ҳамин дастовардаш қодир аст, ки ба ӯ ҳамчун як қаҳрамон ва наҷотбахши миллату давлат арзи эҳтиром намоем» [2].
     Ҳамзамон, дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз 14 ноябри соли 2016, №1356 [3] ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, маҳсуб меёбад.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
     Мавриди зикр аст, ки ваҳдати миллӣ ба ташкили муҳити осоишта ва эътимод байни шаҳрвандон мусоидат намуда, барои сармоягузорӣ, таҳкими иқтисоди миллӣ ва рушди иҷтимоӣ нақши муҳимро иҷро менамояд. Дар фазои ваҳдат, механизми идораи давлатӣ самараноктар фаъолият намуда, риояи қонунҳо таъмин гардида, фазои ҳуқуқии кишвар устувор мешавад. Ваҳдат ба рушди худогоҳии шаҳрвандон, эҳсоси мансубият ба давлат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат мекунад. Кишваре, ки дар он ваҳдати миллӣ таъмин аст, дар сатҳи байналмилалӣ низ обрӯю эътибори бештар пайдо мекунад ва метавонад бо кишварҳои дигар робитаҳои устувор барқарор намояд.
     Маҳз бо ҳамин назардошт, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ дар шароити тағйирёбии фазои сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи байналмилалӣ бисёр муҳим мебошад. Бо ин мақсад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад. Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳу пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд» [4].
     Дар ҷойи дигар Пешвои муаззами миллат ишора менамоянд, ки «маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем» [5].
     Воқеан, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як нафар маҳсуб меёбад. Зеро, таҳдидҳои идеологӣ ва иттилоотӣ, нобаробарии иҷтимоиву иқтисодӣ, сатҳи пасти маърифат ва худшиносии миллӣ дар баъзе қишрҳо, афзоиши тамоюлҳои ифротгароӣ ва экстремизм аз зумраи омилҳое мебошанд, ки имконияти халалдор намудани ваҳдати миллиро доранд.
     Бо ин мақсад, таҳкими ваҳдати миллӣ бояд яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд, махсусан давлат баҳогузорӣ карда шавад. Баҳри расидан ба ин ҳадаф анҷом додани чунин амалҳо мувофиқи мақсад мебошад: баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таълиму тарбия, таҳкими қонуният ва рушди адолати иҷтимоӣ, қабули барномаҳои давлатӣ дар самти таҳкими ҳувияти миллӣ ва пешгирии ихтилофҳо.
 
Рӯйхати адабиёт:
  1. Маҳмадов А.Н. Муқаддимаи идеяи миллӣ: китоби дарсӣ. – Душанбе, 2013. – С. 151.
  2. Холиқзода А.Ғ. Бунёдгузори давлати миллӣ ё ҳафт дастоварди бузурги Пешвои миллат // Бунёдгузори давлати миллӣ – Пешвои миллат. – Душанбе: ЭР-граф, 2015. – С. 24.
  3. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз 14 ноябри соли 2016, №1356 // Махзани қонунгузории ҶТ [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.mmk.tj (санаи муроҷиат: 20.06.2025).
  4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2012. – С. 3-4.
  5. Ваҳдати миллӣ: китобнома // Мураттиб Ш. Комилзода // Зери назари М. Асрорӣ. – Душанбе: Бухоро, 2014. – С. 3.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад