ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ТАҲЛИЛИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН ВА РАСОНИДАНИ КУМАК БА ҚУРБОНИЁНИ САВДОИ ОДАМОН»

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 29/04/2022 - 08:39
Дар ҷомеаи муосир озодии инсон яке аз арзишҳои олӣ ва таъмини дахлнопазирии шахс вазифаи асосии давлат ба шумор меравад. Савдои одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шакли муосири ғуломӣ таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Хусусияти фаромиллӣ ва муташаккили ҷинояти мазкур фаъолияти ҳамбаста, фарогир ва ҳамаҷониба бо ҳам мувофиқашудаи давлатҳоро тақозо менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ин зуҳуроти манфӣ дар канор набуда, дар самти мазкур як қатор тадбирҳои назаррас ва мушаххасро роҳандозӣ намудааст. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ аз моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, ҳамзамон мутобиқи моддаи 18 он дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Бояд зикр намуд, ки дар ин самт қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар ҷараёни такмил қарор дорад. Ҳанӯз 15 декабри соли 2000 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва протоколҳои иловагии он, аз ҷумла Протокол дар бораи пешгирӣ ва рафъи савдои одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он ва Протоколи зидди воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути хушкӣ, баҳр ва ҳаво имзо ва 29 майи соли 2002, №645 тасдиқ гардид. Дар баробари ин, аз ҷониби Тоҷикистон 26 декабри соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқ кӯдак ва 5 августи соли 2002 Протоколи иловагӣ ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки ба фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакон ва порнографияи кӯдакона дахл дорад ба тасвиб расид.
Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003, №33 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ намудани кирдорҳои алоқаманд ба савдои одамон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.
Иқдоми нисбатан муҳим ин таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» аз 15 июли соли 2004, №47 ва дар таҳрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» аз 26 июли соли 2014, №1096 (минбаъд - Қонун) ба шумор меравад.
Қонун аз 9 боб ва 48 модда иборат буда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон танзим менамояд.
Гарчанде, Қонун пайваста мавриди такмил қарор дорад, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии меъёрҳои он бо санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунгузории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда собит сохт, ки бо дарназардошти якчанд асосҳо мукаммалгардонии минбаъда аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Мафҳуми бештар мувофиқашудаи савдои одамон дар Протокол дар бораи пешгирӣ ва рафъи савдои одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он (минбаъд – Протокол) оварда шудааст, ки мутобиқи он:
«савдои одамон маънои бо мақсади истисмор ҷалб кардан, интиқол додан, супоридан, пинҳон кардан ё ба даст овардани одамон бо роҳи таҳдиди зӯроварӣ ё татбиқи он, ё дигар шаклҳои маҷбурнамоӣ, рабудан, қаллобӣ, фиреб, сӯистифода аз мансаб ё ҳолати оҷизӣ ё бо роҳи ришвадиҳӣ дар намуди маблағ ё фоида барои ба даст овардани розигии шахсе, ки шахси дигарро назорат менамояд, фаҳмида мешавад. Истисмор ҳадди ақал истифодаи фоҳишагарии шахсони дигар ё дигар шаклҳои истифодаи шаҳвонӣ, меҳнати маҷбурӣ ё хизматрасонӣ, ғуломӣ ё урфу одатҳои ба ғуломӣ монанд, вазъияти ноилоҷӣ ё гирифтани узвро дар бар мегирад» .
Дар натиҷаи таҳлили муқоисавӣ - ҳуқуқии меъёри қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ муайян карда шуд, ки гарчанде меъёри қонунгузории миллӣ дар маҷмӯъ ба Протокол мутобиқ мебошад, вале якчанд номутобиқатии меъёрҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар Протокол зимни шарҳи «савдои одамон» мафҳумҳои «хариду фурӯш» ва «дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ»-истифода нашудааст. Дар робита ба ин, баъзе олимон бо такя ба душвории лингвистикии тарҷумаи мафҳуми «human trafficking», ки «traffic» маънои ҳаракат ё транзитро дорад, дар он ақидаанд, ки «хариду фурӯш» моҳиятан ба мафҳуми мазкур мутобиқ набуда, ҳамзамон тавсифи тарафи объективии таркиби ҷиноятро вобаста ба савдои одамон душвор менамояд.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо Протокол дар шарҳи мафҳуми савдои одамон дар баробари ҷалб кардан, интиқол додан, пинҳон кардан ва супоридан, инчунин «пешниҳод намудан» ҳамчун амал пешбинӣ гардидааст, ки метавонад мушкилиҳоро дар амалия эҷод намояд. Зеро, мафҳуми «пешниҳод намудан» дар савдои одамон аслан ба маънои пешниҳоди шифоҳӣ фаҳмида мешавад, зеро қадами минбаъдаи он дар савдои одамон «супоридани одам» ба шумор меравад. Инчунин, зарур аст, ки дар баробари пешниҳоди одам субъекти кирдори мазкур амалҳои минбаъдаро, ба монанди омода намудани ҳуҷҷати шахсе, ки ҳамчун қурбонии савдои одамон дода мешавад, паҳн намудани иттилооти дахлдор ва монанди инҳо, иҷро намояд. Вагарна, исботи далели содир намудани ҷинояти мазкур душвор мегардад.
Мутобиқи мафҳуми дар Протокол пешбинишуда мақсади савдои одамон истисмори одам ба шумор меравад. Дар асоси қонунгузории миллӣ бошад, савдои одамон дар баробари истисмори одам, инчунин бо мақсади бо дигар тарз ба даст овардани фоидаи ғайриқонунӣ мумкин аст амалӣ карда шавад. Чунин васеъ пешбинӣ шудани мақсади савдои одамон дар қонунгузории миллӣ дуруст арзёбӣ мегардад. Зеро, шахсе, ки нафари дар вобастагии худ қарордоштаро бинобар ғайриимкон будани нигоҳубини ӯ ба нафари дигар месупорад мумкин аст кирдори мазкурро на бо мақсади истисмори одам, балки барои таъмини зиндагии арзанда ба шахси дар парасториаш қарордошта ва ё ба даст овардани фоида амалӣ намояд. Бинобар ин, дар сурати ба Протокол мутобиқ намудани мафҳуми савдои одамон кирдори ба ҷамъият хавфноки шахс, ки на бо мақсади истисмори одам, балки бо мақсади ба даст овардани фоида содир гардидааст, мумкин аст ҳамчун савдои одамон бандубаст нагардад. Бо дарназардошти ин, дар мавриди мазкур васеъ шарҳ ёфтани мақсади савдои одамон дар қонунгузории миллӣ на ин ки камбудӣ, балки ҳамчун таҷрибаи мусбат ва пешрафта аз нигоҳи меъёрэҷодкунӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Дар Протокол, инчунин мафҳуми «истисмор» шарҳ дода шудааст, ки иборат аст аз ҳадди ақал истифодаи фоҳишагарии шахсони дигар ё шаклҳои дигари истифодаи шаҳвонӣ, меҳнати маҷбурӣ ё хизматрасонӣ, ғуломӣ ё урфу одатҳои ба ғуломӣ монанд, вазъияти ноилоҷӣ ё гирифтани узв.
Истифода гардидани истилоҳи «ҳадди ақал» имкон медиҳад, ки дар сурати ба вуҷуд омадани шаклҳои нави истифодаи одам он ҳамчун истисмор эътироф карда шавад. Гарчанде, дар қонунгузории миллӣ мафҳуми истисмор хеле васеъ шарҳ дода шудааст, вале бо вуҷуди ин мафҳуми мазкур наметавонад бо дарназардошти рушди босуръати муносибатҳо ҳамаи шаклҳои истифодаро фарогир бошад.
Аз ҷумла, бо дарназардошти рушди технологияи информатсионӣ ба инобат гирифтани эҳтимоли амалӣ намудани савдои одамон тавассути шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, махсусан шабакаи Интернет зарур арзёбӣ мегардад. Зеро, фазои виртуалӣ ҳудуд надошта, воситаҳои гуногуни паҳнкунии иттилоот, инчунин доираи васеи истифодабарандагони шабакаи Интернет ва имконияти савдои электронии одамон метавонад субъектони ҷинояти мазкурро ба худ ҷалб намояд. Бинобар ин, дар мафҳуми «истисмор» дар қонунгузории миллӣ илова намудани калимаҳои «ҳадди ақал» бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва рушди босуръати технологияи муосир саривақтӣ мебошад.
Зимни таҳлили қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ маълум мегардад, ки байни мафҳумҳои "савдои одамон” ва “савдои кӯдакон” ягонагӣ вуҷуд надорад.
Мутобиқи Протокол «ҷалб кардан, интиқол додан, супоридан, пинҳон кардан ё ба даст овардани кӯдак бо мақсади истисмор, новобаста аз тарзҳои ҳангоми он истифодашаванда «савдои одамон» эътироф мешавад…». Яъне, дар Протокол мафҳуми «савдои кӯдакон» дар алоҳидагӣ шарҳ дода нашуда, амалӣ намудани яке аз кирдорҳои зикршуда бо мақсади истисмори кӯдак ҳамчун савдои одамон маънидод гардидааст.
Ба ақидаи олими тоҷик Бухориев Б.Р. моддаи 167 «Савдои кӯдакон» такрори муқаррароти моддаи 130(1) «Савдои одамон» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хориҷ намудани моддаи 167 ва илова намудани қисми нав ба моддаи 130(1) бо дарназардошти вазнин намудани ҷазо вобаста ба савдои кӯдакон пешниҳод карда шудааст .
Таҷрибаи мазкур дар Федератсияи Россия татбиқ гардида, ба ақидаи олимон қисман ба декриминализатсияи ҷинояти савдои кӯдакон овардааст. Бинобар ин, пешниҳод гардидааст, ки моддаи Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои савдои кӯдакон пешбинӣ менамуд, барқарор карда шавад .
Дар моддаи 2 Протоколи факултативии Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мафҳуми савдои кӯдакон пешбинӣ гардидааст, ки иборат аст аз дилхоҳ амал (аҳд), ки тавассути он кӯдак ба дигар шахс (гурӯҳи шахсон) супорида мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро эътироф карда, ҳамзамон мутобиқи моддаи 35 он барои амалӣ намудани чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии савдои кӯдакон уҳдадор гардидааст. Бо дарназардошти ин, дар моддаи алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидани ҷавобгарӣ вобаста ба савдои кӯдакон мувофиқи мақсад арзёбӣ мегардад.
Мутобиқи қисми 3 моддаи 50 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” дар ҳолати зарурати дақиқ намудани ислоҳот ва мафҳумҳои дар санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодашуда дар санад моддае (қисме, банде) оварда мешавад, ки дар он моҳияти ин ислоҳоту мафҳумҳо шарҳ дода мешавад [6]. Вале, дар сархати ёздаҳуми моддаи 1 Қонун мафҳумҳои “иръоб (шантаж)” ва “туризми шаҳвонии кӯдакон” шарҳ дода шудааст, ки дар матни Қонун танҳо як маротиба истифода мегардаду халос. Мафҳуми “содир намудани ҷиноят бо истифода аз вазъи хизматии худ” оммафаҳм арзёбӣ гардида, ҳамзамон дар моддаи 314 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни он шарҳ дода шудааст. Бинобар ин, пешниҳод мегардад, ки бо дарназардошти талаботи қисми 3 моддаи 50 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мафҳумҳои болозикр дар Қонун мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Мутобиқи қисми 4 моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” мазмуни матни моддаҳо, қисмҳо ё бандҳо дар дигар моддаҳо, қисмҳо ё бандҳо дар ҳамон як санади меъёрии ҳуқуқӣ набояд такроран баён карда шаванд. Зимни экспертизаи ҳуқуқӣ дар матни Қонун якчанд меъёрҳои мазмунан такроршаванда муайян карда шуданд, ки мутобиқ намудани онҳо ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ зарур мебошад. Аз ҷумла:
  • сархати якуми қисми 3 моддаи 4 бо сархати чордаҳуми қисми мазкур вобаста ба махфиёна будани иттилоот дар бораи қурбониёни савдои одамон;
  • сархати сеюми қисми 4 моддаи 16 ва сархати сеюми қисми 5 ҳамин модда. Дар мавриди якум пешбинӣ гардидааст, ки комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ дар доираи салоҳияти худ қабул, мураттабсозӣ, таҳлили ариза ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои савдои одамон ташкил менамоянд. Дар сархати сеюми қисми 5 моддаи 16 Қонун бошад, шаклҳои амалӣ намудани ваколатҳои комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ муайян гардидааст, ки мутобиқи он ариза ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои савдои одамон қабул, мураттаб ва таҳлил менамоянд;
  • қисми 2 ва қисми 4 моддаи 16 Қонун ваколати комиссияи байниидоравиро танзим менамояд. Пешниҳод мегардад, ки аз қисми 4 моддаи зикршуда масъалаи хориҷ намудани калимаҳои “Комиссияи байниидоравӣ ва” мавриди баррасӣ қарор дода шавад;
  • сархати 1 қисми 4 моддаи 7 ва қисми 1 моддаи 18 Қонун вобаста ба таъсиси махзани ягонаи маълумот дар бораи ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, ки ваколати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.
Сархати сеюми қисми 3 моддаи 8 Қонун пешбинӣ менамояд, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои давлатиро оид ба расонидани кумаки махсусгардонидашуда ба шахсоне, ки аз иллати шаҳвонӣ азият мекашанд, аз ҷумла барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон маҳкум шудаанд, таҳия карда, татбиқи онро ташкил менамояд. Пешниҳод мегардад, ки сархати зикршуда бо қисми 1 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷдиди назар карда шавад.
Таклифҳои зикршуда хусусияти илмӣ – амалӣ дошта, баҳри аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудани Қонун, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи он мусоидат хоҳад кард.
 
    
                                                                                                                                    Шарифзода Ф.Ш.
                                                                                                                 сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба                                                                                                                       сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)