ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

НАВГОНИҲО ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ: (ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВӢ ҲУҚУҚӢ)

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Пшб, 28/04/2022 - 15:19
Мутобиқи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро Қонун муайян менамояд.
Дар асоси ин меъёри конститутсионӣ 29 ноябри соли 2000, №30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва баъдан дар таҳрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз 29 январи соли 2021, №1753 (минбаъд – Қонун) қабул карда шуд.
Дар ҳамин замина, навгониҳои Қонун ва хусусиятҳои фарқкунандаи он, аз Қонуни қаблан амалкунанда мавриди таҳлили муқоисавӣ ҳуқуқӣ қарор дода мешавад.
Дар моддаи 1 Қонун бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” мафҳумҳои асосие, ки дар Қонун истифода мешаванд, шарҳ дода шудаанд. Аз ҷумла, мафҳумҳои уҳдадории ҳарбӣ, хизмати ҳарбӣ, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок, хизмати ҳарбии ихтиёрӣ, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ва ғайра.
Қонун принсипҳои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбиро муқаррар менамояд, ки тибқи он хизмати ҳарбӣ асос меёбад ба принсипҳои қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон, садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи интизоми ҳарбӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва дахлнопазирии онҳо ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ, яккасардорӣ ва риояи мартабот, инчунин вобаста набудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ.
Қонун афзалияти хизмати ҳарбиро нисбат ба намудҳои дигари хизмати давлатӣ муайян намуд. Ин афзалият ба қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатии муайян ё машғул шудан ба фаъолияти дигар ҳангоми даъват, ё бо хоҳиши худ дохил шудани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ, ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ ифода меёбад.
Тибқи Қонун якчанд кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо барои шаҳрвандон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, муҳлати дар хизмати ҳарбӣ будани шаҳрванде, ки ба хизмати давлатӣ дохил мешавад, ба собиқаи хизмати давлатӣ дохил мегардад. Шаҳрванде, ки ба хизмати ҳарбӣ ё ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват (дохил) шудааст, то ба ҷойи хизмат расидан ва аз хизмат баргаштан бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо озуқа ва маблағи дахлдор таъмин карда мешавад.
Дар баробари ин, дар ҳолатҳои зерин шаҳрванд аз иҷрои кор (таҳсил) озод карда шуда, ҷойи кор (таҳсил)-и ӯ нигоҳ дошта мешавад ва ба ӯ музди миёнаи меҳнат дар ҷойи кор (таҳсил), инчунин хароҷоти вобаста ба сафар дар давраи дар роҳ будан, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад:
а) дар давраи муоинаи тиббӣ;
б) ташхис ё табобат вобаста ба қайди ҳарбӣ;
в) тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ;
г) даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ;
ғ) дар давраи иҷрои уҳдадориҳои дигар вобаста ба бақайдгирии ҳарбӣ.
Қонун ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбиро мушаххас намудааст, ки иборат аст аз:
1) шаҳодатномаи бақайдгирии ҳарбӣ;
2) билети ҳарбӣ;
3) маълумотнома бар ивази билети ҳарбӣ.
Шаҳодатномаи бақайдгирии ҳарбӣ ба шаҳрвандоне дода мешавад, ки ҳангоми бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ ба синни 16 расидааст.
Билети ҳарбӣ ба шаҳрвандони зерин дода мешавад:
а) ба шаҳрванде, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ё хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намудааст;
б) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё намуди дигари хизмати ба хизмати ҳарбӣ баробаркардашударо дар давлати дигар адо кардаанд;
в) онҳое, ки дар оила писар (писархонд)-и ягона мебошанд;
в) ба шаҳрванде, ки ба муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти миёна ва олии ҳарбӣ қабул гардидааст;
г) ба хизматчии ҳарбие, ки дар ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Маълумотнома оид ба озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ба шаҳрвандони зерин дода мешавад:
а) онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд;
б) онҳое, ки падар (модар) ё бародар (хоҳар)-ашон ҳангоми адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ё ба таври ихтиёрӣ дар вазифаҳои сарбозон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ва ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё вафот кардаанд, ё ин ки маъюби гурӯҳҳои I ва II гардидаанд;
в) онҳое, ки унвони илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитатро доранд.
Бояд зикр намуд, ки маълумотномаи мазкур билети ҳарбиро иваз наменамояд.
Тағйироти муҳиме, ки дар Қонун пешбинӣ гардидааст, алоқамандӣ дорад ба намуди хизмати ҳарбӣ. Мувофиқи Қонун 3 намуди хизмати ҳарбӣ муайян шудааст, ки ба онҳо дохил мешаванд:
- хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок;
- хизмати ҳарбии ихтиёрӣ;
- хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ.
Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ намуди нави хизмати ҳарбӣ мебошад, ки қаблан дар қонунгузорӣ вуҷуд надошт. Ин намуди хизматро шаҳрванди ҷинси марди қобил ба хизмати ҳарбӣ, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надорад, метавонад ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус, адо намояд. Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ гузаронида мешавад. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба шаҳрванд билети ҳарбӣ дода шуда, ӯ минбаъд ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъват карда намешавад. Шаҳрвандони аз 18 то 27-сола, ки дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудаанд, ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъват карда мешаванд.
Андозаи маблағ, тартиби супоридани он ва адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ” аз 30 июли соли 2021, №299 муайян гардидааст. Мутобиқи қарори мазкур андозаи маблағ барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳамасола тибқи қонун дар бораи буҷет муайян мегардад, ки барои соли 2022 64 сомониро ташкил медиҳад.
Шаҳрвандоне, ки ихтиёран хоҳиши адои хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ доранд, бо ариза ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат бояд муроҷиат намоянд. Шаҳрвандон баъди пардохти пурраи маблағҳои пулии пешбинишуда ба суратҳисоби махсус тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" тибқи навбат аз рӯи санаи бақайдгирии ариза ба рӯйхат ворид карда мешаванд.
Расид оид ба пардохти маблағҳои пулии пешбинишуда дар муҳлати 5 рӯзи корӣ баъд аз қабули ариза ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) пешниҳод мегардад. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани расид оид ба пардохти маблағи пешбинишуда, шахси барои қабул ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муроҷиатнамуда ба рӯйхат ворид карда намешавад ва барои адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок сафарбар мегардад.
Қабули шаҳрвандон барои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ тибқи рӯйхати тасдиқгардида, аз рӯи навбат дар як сол ду маротиба аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар доираи квотаи муқарраргардида амалӣ карда мешавад. Шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор дошта, дар муҳлати дарҷгардида тибқи квота ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабул карда нашудаанд, дар рӯйхат нигоҳ дошта шуда, қабули онҳо аз рӯи навбат дар давраҳои минбаъда амалӣ карда мешавад.
Маблағҳои пулии пардохтнамуда мутобиқи қонунгузорӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин бозпас гардонида мешаванд:
- ҳангоми то оғози ҷамъомадҳои якмоҳаи ҳарбӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ эътироф шудан;
- фавти шахсе, ки барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муроҷиат намудааст;
- дар сурати ба амал омадани асосҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ барои озод намудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ.
Дар дигар ҳолатҳо маблағҳои ба суратҳисоби махсус пардохтшуда баргардонида намешаванд.
Тибқи Қонун шаҳрвандони ҷинси марди то 27-сола, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанду кафедраҳои ҳарбиро дар назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ хатм намудаанд ва бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд. Қаблан ба онҳое, ки кафедраҳои ҳарбиро дар назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ хатм менамуданд, билети ҳарбӣ дода шуда, онҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб намегардиданд. Тибқи Қонун минбаъд ин категорияи шаҳрвандон низ бо тартиби муайянгардида ба хизмати ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар баробари қабули Қонун, инчунин ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда низ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардиданд. Минбаъд барои ба кор дохил шудани шаҳрвандон ба мақомоти суд, прокуратура, иҷро, гумрук ва назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия адо намудани хизмати ҳатмии ҳарбии муҳлатнок яке аз талаботҳои ҳатмӣ ба шумор меравад. Талаботи мазкур ба шахсони зерин паҳн намегардад:
занон;
онҳое, ки билети ҳарбӣ доранд (ба ғайр аз онҳое, ки билети ҳарбиро дар натиҷаи адо намудани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ гирифтаанд);
онҳое, ки то мавриди амал қарор гирифтани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори муайянкунандаи чунин талабот ба сифати судя ё судя-коромӯз, корманди мақомоти прокуратура, иҷро, гумрук ва назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия фаъолият доштанд.
Яке аз уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон қайди ҳарбӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар самти мазкур низ якчанд тағйиротҳо пешбинӣ гардиданд. Минбаъд мутобиқи Қонун шаҳрвандоне, ки дорои рутбаи махсус буда, аз мақомоти суд, прокуратура, корҳои дохилӣ, адлия, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар, хадамоти гумрук ва хадамоти иҷро рухсат (озод) шудаанд, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайати эҳтиёт гирифта шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди уҳдадорони ҳарбӣ гузошта мешаванд. Шаҳрвандони ҷинси марди синни даъватӣ, ки аз мақомоти зикршуда рухсат (озод) шудаанд (ба истиснои курсантҳо, шунавандагони муассисаи таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ) ва хизмати ҳарбии муҳлатнокро адо накардаанд, ба қайди ҳарбии даъватшавандагон гузошта мешаванд.
Шаҳрвандони зерин аз қайди ҳарбӣ бароварда мешаванд:
а) онҳое, ки хизмати ҳарбиро адо намуда истодаанд;
б) онҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд;
в) онҳое, ки ҷазои ҷиноятиро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунанд.
Қонун инчунин асосҳои озод кардани шаҳрвандон аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ва асосҳои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро муайян намудааст.
Мутобиқи Қонун аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд:
а) онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд;
б) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намуда истодаанд ё адо кардаанд;
в) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё намуди дигари хизмати ба хизмати ҳарбӣ баробаркардашударо дар давлати дигар адо мекунанд ё адо кардаанд;
г) онҳое, ки барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд ба ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.
Шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд:
а) онҳое, ки падар (модар) ё бародар (хоҳар)-ашон ҳангоми адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ё ба таври ихтиёрӣ дар вазифаҳои сарбозон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ва ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё вафот кардаанд, ё ин ки маъюби гурӯҳҳои I ва II гардидаанд;
б) онҳое, ки дар оила писар (писархонд)-и ягона мебошанд;
в) онҳое, ки унвони илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитатро доранд.
Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ бо асосҳои зерин ба таъхир гузошта мешавад:
а) муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан бинобар вазъи саломатӣ - ба муҳлати то 6 моҳ;
б) нигоҳубини узви оилаи ба кумаки дигар кас эҳтиёҷдошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси қонун уҳдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онҳоро таъмин кунанд (ба кумак ва нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷдошта он аъзои оила ҳисобида мешаванд, ки ба синни нафақа расидаанд ё маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд, инчунин он аъзои оила, ки ба синни 18 нарасидаанд);
в) таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ - то хатми муассисаҳои таълимии мазкур;
г) тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммонда;
ғ) оғоз карда шудани парвандаи ҷиноятӣ - то қабули қарори дахлдор;
д) адои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ ва ё махдуд кардани озодӣ.
Барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд:
а) даъватшавандае, ки модараш ғайр аз ӯ ду ва зиёда фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд - то ба балоғат расидани фарзанди (писари) дигар;
б) онҳое, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб шудаанд - дар давоми муҳлати ваколат;
в) онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи бакалавр ва мутахассис бори аввал таҳсил менамоянд - дар давраи таҳсил;
г) омӯзгороне, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд - дар давраи иҷрои ин кор;
ғ) онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд - дар давраи иҷрои ин кор;
д) онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд.
Бояд зикр намуд, ки мутобиқи Қонун онҳое, ки аз хизмати ҳарбӣ озод гардидаанд ва ё даъвати онҳо ба таъхир гузошта шудааст, новобаста аз он ки хоҳиши адо намудани хизмати ҳарбиро доранд, ба хизмат даъват карда намешаванд. Вале, ба шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ё ҳуқуқи ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ дода шудааст, дар сурати хоҳиш доштан, метавонанд хизмати ҳарбиро адо намоянд.
Мувофиқи Қонун синну соли ниҳоии шаҳрвандон ҷиҳати дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ 5 сол кам гардидааст. Акнун шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 35-сола ва шаҳрвандони ҷинси зани аз 20 то 35-сола метавонанд бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шаванд ва хизмати ҳарбиро то расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан адо намоянд.
Ҳамин тариқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз 29 январи соли 2021, №1753 муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандон пурра танзим намуда, ҷиҳати таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар мусоидат хоҳад кард.
 
 
                                                                                                                   Шарифзода Фарангис Шариф
                                                                                              сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ,                                                                                                                      мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ
 
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)