ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ - КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 19/06/2025 - 08:26
     Мутобиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад [1].
     Бо дарназардошти муқаррароти моддаи мазкур аз ҷониби давлат барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ, таъмини вазъи хуби манзил ва ғизо, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, музди муносиби меҳнат ва фароҳам овардани шароити арзандаи ҳаёти инсон ва шаҳрвандон тамоми тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардидааст.
    Яке аз тадбирҳои муҳим дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» арзёбӣ мегардад. Қонуни мазкур тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст [2].
     Дар баробари қабули қонуни алоҳида дар ин самт аз ҷониби давлату Ҳукумат як зумра чораҳои дигар низ амалӣ гардидааст, аз ҷумла:
- бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, №321 дар сохтори дастгоҳҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо “Бахши танзими ҷашну маросим” таъсис ва дар сохтори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1 воҳиди басти кории сармутахассис оид ба танзими ҷашну маросим ҷудо гардид [3];
- бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 226 Кумитаи дин, танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, Низомномаи он тасдиқ карда шуд [4];
- бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №95 ва №96 низомномаҳои намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим тасдиқ гардид [5];
- барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷазои ҷиноятӣ пешбини карда шуд. Ғайр аз ин, риоя накардани Қонуни мазкур ҳамчун асос барои аз вазифа озод гардидани хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътироф гардид.
     Дар натиҷаи роҳандозӣ гардидани тадбирҳои болозикр имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки дар баргузории ҷашну маросим хароҷоти мардум дар муқоиса то давраи қабули Қонуни мазкур чандин маротиба кам гардидааст. Ба оилаҳо имконият фароҳам оварда шуд, то ҷашну маросим бе сарфи маблағи зиёд барпо гардад. Қонуни мазкур дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузории маъракаороӣ мусоидат кард ва дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҳазорҳо оилаҳо нақши муассир гузошт.
     Қонуни мазкур аз як ҷиҳат меъёрҳои ҳатмиро барои ба танзим даровардани ҷашну маросим пешбинӣ карда, аз ҷиҳати дигар, чун василае барои аз байн бурдани хурофот ва исрофкорӣ хизмат мекунад. Дар доираи амали меъёрҳои Қонуни мазкур қисми зиёди ҷашну маросим ихтисор гардида, имрӯз танҳо чанд номгӯйи онҳо боқӣ мондааст, ки дар ниҳояти камхарҷию бонизомӣ барпо мешаванд.
     Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» як зумра ҷашн ва маросими манфӣ, ки аслан барои фарҳанги миллию динии мо бегона буданду дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гашта буданд аз байн рафта, ҷашну маросими маҳз миллӣ нигоҳ дошта шуд.
     Чи хеле Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар зикр намуданд қабули Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму оинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад.
     Ҳамзамон, Пешвои миллат қайд намуданд, ки ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маросим, бахусус, маросими манъшудаи динӣ то ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Танҳо дар давраи солҳои 2014 – 2023 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур 5620 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст [6,с.32].
     Бояд зикр намуд, ки дар баробари тадбирҳои аз ҷониби давлат амалишуда, ҳар як шаҳрванди соҳибватан ва бонангро зарур аст муқаррароти қонунгузориро риоя намуда, фарҳангу таърих, забону маънавиёт ва дигар мероси бебаҳои ниёгони худро пос дорад ва дар даврони зиддияти манфиатҳо гирифтору побанди равияҳои гуногуни манфӣ нагардад. Зеро, танҳо бо роҳи риояи қатъии муқаррароти қонунҳои қабулгардида таъмини зиндагии шоистаи мардум имконпазир мегардад.
Руйхати адабиёт:
  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016.
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 20 июни соли 2024, №2048 [Манбаи электронӣ] ММИТ «Адлия-7», (санаи муроҷиат: 16.05.2025).
  3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, №321.[Манбаи электронӣ] www.president.tj. (санаи муроҷиат: 19.05.2025).
  4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 226.[Манбаи электронӣ] www.president.tj. (санаи муроҷиат: 20.05.2025).
  5. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №95 ва №96. [Манбаи электронӣ] www.president.tj. (санаи муроҷиат: 22.05.2025).
  6. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, Кохи Ваҳдат, 9 марти соли 2024. Душанбе: “Шарқи озод”, 2024. – 64 с.
Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович,
муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)