ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙДОРИИ ОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 26/06/2025 - 09:49
     Дар сарзамине, ки сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқат ҳукмрон бошад, дар он ҷо дари пешрафту тараққиёт ва саодати мардум боз мегардад. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хеле гарон дошт. Аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бадхоҳони миллати мо бо дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷӣ боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардиданд. Муноқишаҳои дохилии давлат, гуруснагӣ ва гуреза шудани мардуми тоҷик таҳдиди нестшавию пароканда шудани миллатро ба вуҷуд оварда, ин ҳама нобасомониву парокандагӣ роҳи ҳалли дуруст ва саривақтиро талаб менамуд.
      Хушбахтона, бо кӯшишу заҳмат ва хиради азалии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ бо мухолифин 27 – июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ба шарофати ваҳдати миллӣ ҳазорон нафар гурезагон ба ватан баргаштанд, оилаҳои осебпазир ва кӯдакону бепарасторон бо ғамхории давлат фаро гирифта шуда, сарпаноҳ ёфтаанд, ҳазорон нафар соҳиби хонаву дар ва манзилу оилаи обод гаштанд.
      Бо сарбаландӣ ва ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон мактаби бузурги сулҳофарӣ ва амну амонӣ гаштааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаи бемислро омӯхта, дар ҳалли буҳронҳои сиёсӣ ҳамчун дастурамал истифода мебаранд. Собиқ Дабири Кулли СММ Кофи Анан хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат таъкид карда, чунин ибрози ақида намудааст: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод».
      Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо самараи ваҳдати миллӣ ва натиҷаи сиёсати оқилонаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, дар заминаи тадбирҳои пайваста оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ амнияту субот дар ҷомеа таъмин гардида, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон табдил ёфт.
     Ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада, мусиқиҳои қадимаи Шашмақом ва Фалак аз нав эҳё гардида, ҷиҳати пешрафт ва бузургдошти забони тоҷикӣ иқдомоти зиёд амалӣ карда шуданд.
      Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пайгирӣ аз сиёсати «дарҳои кушод» ва пешниҳоди ташаббусҳои муҳим оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти сайёра мақому нуфузи худро дар ҷаҳон боло бурда, ба сифати кишвари дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ саҳмгузор шинохта шуд. Аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат вобаста ба ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дастгирӣ гардиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти сайёра ва мубориза бо таҳдидҳои навини ҷаҳони муосир, аз ҷумла экстремизм ва терроризм низ саҳми беназир доранд.
     Дар баробари ин, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум қадамҳои устувор гузошта шуданд. Барои бунёди системаи ягонаи барқии кишвар, таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ бо барқ ва содироти он ба хориҷа дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин ба бунёди инфраструктураи интиқоли он таваҷҷӯҳи хосса равона шуд. Рӯйдодҳои муҳими солҳои охир, ин бунёд ва ба истифода додани агрегатҳои НБО "Роғун", НБО-и «Сангтӯда-1», хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», 220 кВ «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи 220 кВ Тоҷикистону Афғонистон (Сангтуда-Пули Хумрӣ) ба ҳисоб мераванд.
     Пас аз ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ ба сохтмону таҷдиди роҳҳои оҳану автомобилгард, пул, нақб, фурӯдгоҳ ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар натиҷаи амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда шуда, ба минтақаи транзитӣ табдил ёфта, корҳо дар ин самт мунтазам идома доранд. Қисмате аз роҳҳои Тоҷикистон хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, дастрасии ҷумҳуриро ба бандарҳои баҳрӣ ва шоҳроҳҳои транзитии дигар кишварҳо таъмин хоҳанд кард.
      Айни замон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида шуда, барои ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои навъи истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
     Тамоми дастовардҳои зикршуда самараи сулҳу ваҳдати миллӣ буда, маҳз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат аст, ки ин неъмати бузург мустаҳкаму пойдор аст. Ҳамин аст, ки ҳар як фарди бонангу номуси тоҷик дар кадом гӯшаву канори сайёра зиндагӣ накунад, бо ном ва унвони Сарвари тоҷикони ҷаҳон, бузургтарин сиёсатмадори адолатпарвар шукр мегӯяд ва ифтихор мекунад. Зеро, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амнияте, ки имрӯз дар кишвари мо пойдор аст, дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон вуҷуд надорад. Халқҳову миллатҳои гуногуни дунё дар орзӯи сулҳу ваҳдати миллӣ ҳастанд, аммо дарёфтани ин неъмати гаронбаҳо ниҳоятан душвор аст. Соҳиби давлати соҳибихтиёр ва соҳибватан будан барои ҳар як шаҳрванди ин сарзамини аҷдодӣ бахти бузург мебошад ва аз ин рӯ, дарки воқеияти раванду рӯйдодҳои ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки дар масъалаи арзёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ҳамеша боэҳтиёт бошем ва аз худ дурандешии сиёсӣ зоҳир намоем. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Амнияту оромӣ, ки маҳз маҳсули сулҳу ризоияти миллӣ мебошанд, имкониятҳои ободию осудагии кишвари биҳиштосои моро бештар фароҳам оварда, пояҳои истиқлолияти давлатиро сол то сол қавитар менамоянд.
     Хулоса, бояд зикр намуд, ки танҳо тавассути роҳбарии оқилона ва сиёсати ваҳдатофар бартараф намудани мушкилоти фоҷиабор ва бунёди ҷомеаи устувор имконпазир буда, бо боварии комил метавон гуфт, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори ваҳдати миллӣ барои наслҳои имрӯзу оянда намунаи ибрат ва мактаби бузурги омӯзиш боқӣ хоҳад монд.                                                     
Паҳлавонов С.К., мутахассиси
пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид
ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии
Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)