ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

-A A +A
Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Чшб, 02/10/2024 - 16:42
     Аз замони пайдоиши инсоният то ба имрӯз забон рукни асосии тамоми халқу миллатҳои дунё ба шумор рафта, бе забони миллӣ ягон миллат вуҷуд дошта наметавонад. Забони форсии тоҷикӣ, ки яке аз забонҳои қадими дунё дониста мешавад, тӯли ҳазорсолаҳо забони давлатии давлатҳо ва империяҳои бузург ба монанди Ҳахоманишиён, Сосониён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва даҳҳо давлати дигар низ ба ҳисоб мерафт. Забони тоҷикӣ бо таърихи ниёгон, тавонмандӣ ва рушди худ дар тӯли таърих солҳои сангину пурошӯбро таҳаммул кард ва маҳз бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва пуштибонию роҳнамоии Пешвои миллат иқтидор пайдо кард.
     Китобҳои “Ҳастии миллат - забони миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Дин ва ҷомеа”, “Аз ориён то Сомониён”, суханрониҳои Пешвои миллат, ки саршор аз арзишҳои олии илмианд, дар таҳким, рушду такомул ва пойдориву бақои забони тоҷикӣ заминаи мусоидро фароҳам овардаанд. Суханронии зебо ва адабии Пешвои муаззам, ки пурмазмуну мурмуҳтавост, барои ҳар як шаҳрванди кишвар дарси омӯзиши санъати сухан аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони ноби адабии тоҷикиро ба минбарҳои баланди бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли СММ бурда, лаҳни ширини онро чун паёми сулҳу ваҳдат ба гӯши оламиён расониданд.
     Маҳз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ҷумҳурӣ сиёсати забон ташаккул ёфт. 31 октябри соли 1995 комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 22 июли соли 1996 Пешвои миллат дар суханрониашон пешниҳод намуданд, ки такя бар пояи мантиқи илмӣ Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ таҳия ва қабул карда шавад. Дар заминаи пешниҳоди мазкур 3-юми сентябри соли 1998 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ қабул гардид. Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ дар таҳрири нав аз 30 июни соли 2021, № 268 мавриди амал қарор дорад.
     21 октябри соли 1997 Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, баъдан дар ду марҳила барои солҳои 2012-2016 ва 2020-2030 бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои рушди забони давлатӣ қабул гардиданд.
Президенти мамлакат 21- июли соли 2007 дар ҷамъомади бошукӯҳи идона ба истиқболи 18-умин солагарди мақоми давлатӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ суханронӣ намуда, бурду бохти амалишавии Қонуни забони давлатиро таҳлил карданд. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат боис гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" 5 октябри соли 2009, №553 қабул карда шавад.
     Бо назардошти он, ки Қонуни мазкур ҳар сол 5 октябри соли 2009 қабул гаштааст ва маҳз ҳамин рӯз забони тоҷикӣ аз нав мақоми давлатӣ гирифт, парлумони кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Кодекси соли 1998) тағйирот ворид намуд. Минбаъд, шурӯъ аз солҳои оянда рӯзи забон 5 октябр дар саросари мамлакатамон ҷашн гирифта мешавад.
     Дар баробари корҳои ба анҷомрасида бо пешниҳоди Президенти кишвар барои татбиқи сиёсати давлатии забон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Кумитаи мазкур пешбурди сиёсати давлатии забон ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба забони давлатиро амалӣ менамояд.
Мушкилоти дигар ин буд, ки баъзе мафҳумҳо ва истилоҳот новобаста ба маънои онҳо, бо шаклҳои гуногун навишта ва фаҳмида мешуданд, ки на ҳама аз маънии аслии онҳо огоҳ буданд. Ба ин хотир, бо супориши Президенти мамлакат аз тарафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 “Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ” дар 2 ҷилд ва соли 2013 аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фарҳанги имлои забони тоҷики” ба нашр расид. Китобҳои зикршуда тарзи дурусти фаҳмиши калимаҳоро муайян ва барои ягонафаҳмии мафҳуму истилоҳот мусоидат намуд.
    Тамоми тадбирҳои зикргардида ва ҳамзамон бо фармони Президенти мамлакат “Соли бузургдошти забони тоҷикӣ” эълон гардидани соли 2008 дар маҷмӯъ нишонаи ғамхорӣ ва пуштибонии Сарвари давлат баҳри рушду такомули забони давлатӣ мебошанд. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таълими забони тоҷикӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такя бо тадқиқоти илмӣ хеле рушд кард, назорат дар самти риояи қатъии ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ, беғалатии навиштаҷот ва шиору овезаҳо таъмин гардид.
     Баҳри ҷиддӣ муносибат намудан ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва ҳимояи он тибқи моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шуд.
   Ҳамин тавр, маҳз бо талошҳои абармарди сиёсату хирад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллии мо дар ҷомеа вусъат ёфта, ҳамчун як рукни асили ҳувияти миллӣ таҳти дастгирию ғамхорӣ ва арҷгузории пайваста қарор дода шуда, барои рушди он шароитҳои муносиби сиёсиву ҳуқуқӣ ва маънавӣ муҳайё гардид.
     Дар пайравӣ аз сиёсати Пешвои миллат моро зарур аст, ки баҳри пойдорӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кӯшиш намоем.
 
 
Муовини сардори  шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ
Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад