ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа

-A A +A
Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Пшб, 24/10/2024 - 10:18
     Мутобиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
     Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва заминаи устувори қонунгузории кишвар 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз тарафи халқи Тоҷикистон қабул гардидааст. Дар тӯли 30-соли амал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон волоияти қонун, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимият, тобеияти фаъолияти ҳам шахс ва ҳам давлатро бо қонун муқаррар ва амалишавии онро таъмин менамояд. Маҳз таъмини арзишҳои мазкур пояҳои давлатро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд устувор нигоҳ медорад.
     Бояд зикр намуд, ки дар ҳама давру замонҳо бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ орзуи ҷомеаи инсонӣ буд. Маҳз давлате ҳуқуқбунёд мебошад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, фаъолияти ҳам давлат ва ҳам шахс ба Конститутсия ва қонунҳо тобеъ аст.
Аз ин ҷост, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд нақши калидӣ дорад. Зеро, ба воситаи Конститутсия нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд муқаррар ва кафолатҳои расидан ба ин ҳадаф дар он ифода мегардад.
     Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлоли давлатӣ такмилу инкишофи қонунгузории кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон асоси сиёсати ҳуқуқии давлатро ташкил медиҳад. Устувор нигоҳ доштани пояҳои давлати ҳуқуқбунёд аз ҳар замон дида дар шароити пурмоҷарои ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза муҳим арзёбӣ мегардад.
      Бояд тазаккур дод, ки дар давлати ҳуқуқбунёд ба сифати баланди қонунҳо, риояи қоида ва усулҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ба меъёр ва принсипҳои байналмилалӣ, таъмини волоияти қонун дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад.
     Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун қонуни асосии давлат таҷлил мегардад. Дар ин замина, ба ифтихори ин санаи муҳимми таърихӣ Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 дар паёми навбатии худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ пешниҳод карданд, ки соли 2024 ‹‹Соли маърифати ҳуқуқӣ›› эълон гардад. Дар ин радиф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ‹‹Дар бораи ‹‹Соли маърифати ҳуқуқӣ›› эълон намудани соли 2024›› 30 декабри соли 2023, №668 қабул карда шуд.
    Соли маърифати ҳуқуқӣ ба мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳои кишвар эълон гардид. Зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ раванди иттилоотонии ҳуқуқӣ доир ба қоидаҳои умумии ҳатмии рафтори (меъёри) муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фаҳмида мешавад, ки мақсади он ба баланд бардоштани шуурнокии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалишавӣ ва риояи қонунҳо, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ равона шудааст.
     Бояд зикр кард, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон гарави таҳкими пояҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд буда, ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои шахс, риояи муқаррароти қонун ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳо мусоидат менамояд.
Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, метавонад мустақилона онҳоро амалӣ ва ҳифз намояд, ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии дигарон эҳтиром гузорад ва дар раванди рушди таҳаввулоти ҳуқуқии ҷомеа нақш дошта бошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба мукаммал намудани дониш, иттилоот ва шуури ҳуқуқии онҳо таъсир гузошта, масъалаи бемасъулиятӣ ва беаҳамияти нисбат ба иҷрои уҳдадориҳоро аз байн мебарад.
     Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар кишвар заминаҳои мукаммали ҳуқуқию қонунии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон фароҳам омадааст, ки заминаи конститутсионӣ доранд.
     Дар моддаи 5 Конститутсия инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, муқаррар шудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф риоя ва ҳифз менамояд.
     Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф карда, масъулияти таъмини онро ба зиммаи давлат ва мақомоти давлатӣ вогузор менамояд. Мутобиқи моддаи 14 Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Яъне, дар асоси меъёри конститутсионии мазкур таъмин, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳаки марказии санадҳои меъёри ҳуқуқиро ташкил намуда, механизмҳои ҳимояи он тавассути мақомоти судӣ муқаррар шудааст.
     Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
     Меъёри зикршуда ба воситаи қонунҳо ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи давлат амалӣ мегардад. Аз ҷумла, Эломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ.
     Дар моддаи 6 Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Иштироки бевоситаи халқ дар ҳокимияти давлатӣ бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 4 ноябри соли 1995, №107, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 21 июли соли 1994, № 1042 ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 19 апрели соли 2000, №25 танзим мегардад.
     Моддаи 10 Конститутсия давлат ва ҳамаи мақомотҳои он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳоро вазифадор менамояд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Яке аз принсипҳои низоми ҳуқуқии кишвар ва нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд волоияти қонун буда, дар он қонун сарчашмаи олии меъёру қоидаҳо дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз баланд бардоштани мақоми қонун дар ҷомеа волоияти қонунро таъмин менамояд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон меҳвари сиёсати ҳуқуқии давлатро ташкил намуда дар ин самт санадҳои дахлдор қабул ва амалӣ шудааст.
     Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ гирифта, дар асоси санадҳои ҳуқуқии гуногун, аз ҷумла, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691‹‹Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон›› қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 ‹‹Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ›› қабул ва амалӣ гардидаанд.
     Дар асоси моддаи 25 Конститутсия мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд имконияти дастрас намудан ва шинос шудан ба ҳуҷҷатҳое (дастрасӣ ба иттилооте), ки ба ҳуқуқ ва манфиати ҳар шахс дахл доранд, таъмин намоянд. Меъёри конститутсионии мазкур заминаи ҳуқуқии дастрасии иттилоот ба ҳар шахс, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ нигаронида шудааст, ба ҳисоб меравад. Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» аз 18 июни соли 2008, №411 дастрасӣ ба иттилоот маҳдуд карда намешавад, агар он барои қонеъ гардонидан, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсоне зарур бошанд, ки барои дастрас намудани иттилооти мазкур муроҷиат намудаанд.
     Ҳуқуқи дастрасии иттилоот танҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва дигар санадҳои ҳуқуқии вобаста ба сирри давлатӣ маҳдуд мегардад.
     Имрӯз дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, бо дарназардошти мавқеи устувори Конститутсия ва қонунҳо, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ танҳо дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва имкони амалигардонии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон тавассути меъёрҳои қонун онҳо ба таҳкими донишҳои ҳуқуқии худ ва огоҳ будан аз навгониҳои қонунгузорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Ҳар қадаре, ки иттилоот ва донишҳои ҳуқуқӣ ба субъекти муносибатҳои ҷамъиятӣ дастрас бошад, амалишавии ҳуқуқу манфиатҳо бештар имконпазир мегардад.
     Бо мақсади татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июли соли 2017, №344  таҳия шуда мутобиқ ба он сомонаҳои вазорату идораҳо дар самти иттилоотонии аҳолӣ пеш бурда мешавад.
     Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи давлатии илмию таҳқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ, ҷиҳати таъмини фаъолият, инкишофи низоми давлатии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрасии бемамониати он ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва аҳолӣ дар сомонаи худ махзани содакардашудаи низоми қонунгузориро ҷойгир намудааст, ки ба тамоми аҳолӣ дастрас мебошад.
     Иқдоми мазкур самаранокии худро нишон дода, муайян карда шуд, ки танҳо дар 9 моҳи соли 2024, 250162-нафар аз сомона истифода бурда, 877298 маротиба ба саҳифаҳои он ворид гардидаанд.
     Дар асоси моддаи 31 Конститутсия шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.
     Муқаррароти мазкур заминаи конститутсионии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти ҳуқуқи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда минбаъд бо қонун танзим мегардад.
     Шаҳрвандон метавонанд, ҷиҳати мусоидат намудан ба амалисозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар, ё пешниҳод намудани маълумот дар бораи вайрон гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешниҳоди тавсияҳо оид ба такмили қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, фаъолияти мақомоту ташкилотҳои дахлдор, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, беҳтаргардонии соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар самтҳои фаъолияти давлат ва ҳаёти ҷомеа муроҷиат намоянд.
     Тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии онҳо равона шудааст бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ‹‹Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ›› аз 23 июли соли 2016, № 1339 танзим мегардад.
     Мутобиқи қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ва (ё) тавассути намояндагони ваколатдори худ дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор муроҷиат намоянд.
     Мутобиқи моддаи 42 Конститутсия шахсро барои риояи Конститутсия, қонунҳо ва эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон вазифадор менамояд. Талаботи ‹‹надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад›› заминаи асосии баланд бардоштани маърифат ва шуури ҳуқуқист, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Донистан ва тасаввурот оид ба меъёрҳои қонун, ки ҳуқуқу манфиати ин ё он субъектро ҳимоя менамояд, муҳим аст. Аз ин ҷост, ки дар ҳамаи қонунҳои амалкунанда яке аз моддаҳо уҳдадории риояи меъёрҳои қонунро муқаррар менамояд.
     Заминаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ имконият медиҳанд, ки дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шаклҳои гуногун қабул гарданд ва вазифаи онҳо бевосита ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шаванд.
     Дар робита ба ин дар заминаи меъёрҳои Конститутсия маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон меҳвари сиёсати ҳуқуқии кишварро ташкил дода, як қатор санадҳои барномавӣ ва қонунгузорӣ, аз ҷумла қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ‹‹Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон›› аз 3 марти соли 2006, №94, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ‹‹Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028›› аз 6 феврали соли 2018, №1005, ‹‹Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030››, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024›› аз 30 декабри соли 2023, №668 қабул гардида, давра ба давра амалӣ карда мешавад.
     Дар баробари низоми қонунгузорӣ ва санадҳои барномавӣ роҳу восита ва паҳлӯҳои дигари баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ матраҳ гардида, ҳадафҳои он мушаххас карда шудаанд:
  • баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;
  • тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ;
  • мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати боэҳтиромона ба он;
  • баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун;
  • васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ;
  • тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон.
     Дар самти тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ пешниҳод мегардад, ки арзишҳои ахлоқӣ низ ба назар гирифта шаванд. Зеро арзишҳои ҳуқуқӣ дар асоси арзишҳои ахлоқӣ ба вуҷуд омадаанд. Тамоми меъёрҳои Конститутсия, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф менамояд, аз меъёрҳои ахлоқӣ ва дигар арзишҳои ахлоқӣ эътирофшудаи Эъломияи ҳуқуқи башар, ки пурра дар заминаи меъёрҳои ахлоқӣ таҳия гардида буд, сарчашма мегирад.
     Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи намудани онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба Конститутсия ва риояи қонунҳо, тарбияи ватандӯстии онҳо меҳвари сиёсати ҳуқуқии кишварро ташкил дода, дар шароити пурмоҷарои ҷомеаи ҷаҳонӣ кафили устувории давлати ҳуқуқбунёду демократӣ аст.
     Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон заминаи асосӣ буда, нақши калидӣ дорад. Ҷомеаи муосир тақозо менамояд, ки шахс ҳамчун субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ маърифат, дониш ва шуури ҳуқуқии худро баланд бардошта, мустақилона ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худро ҳифз ва амалӣ карда тавонад.
 
Настарани Абдуғафор,
сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)