ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 22/04/2026 - 09:15
     Терроризм яке аз ҷиноятҳои хавнок дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Инро таҷрибаи мавҷудаи ҷаҳонӣ дар замони муосир нишон медиҳад. Ягон давлат наметавонад мустақилона, бе ҳамкории дигар давлатҳо бо ин ҷиноят мубориза барад. Террорист миллат, забон, дин, ва дигар арзишҳои ҷудокунандаро надорад. Дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ терроризми байналмилалӣ афзоиш меёбад, ки ин ҳолат ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Дар асл, терроризм ҳамчун таҳдиди ҷаҳонӣ ба амнияти давлат, тамомияти давлатҳо, ҳуқуқи инсон ва ғайра таҳдид мекунад. Яке аз самарабахштарин механизми мубориза бо терроризм ин ҳамкории давлатҳо дар мубориза бо он мебошад.
     Ҳукумати ҶТ ва мақомоти марбутаи он ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, як қатор корҳоро амалӣ мегардонад. «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, № 73 тасдиқ шудааст, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими банақшагирии миллӣ баҳри тақвияти муқовимат бо терроризм ва экстремизм заминаи ҳуқуқӣ дошта, дар доираи он аксари масоил бо назардошти вазъи муқовимат бо ин зуҳурот дар кишвар ва таҷрибаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои узви ИДМ пешбинӣ гардидааст. 
     Таҳияи асосҳои илмии решакан кардани терроризм, аҳамияти муҳимро  касб менамояд. Ин раванд бояд ба таҳқиқи амиқи омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологӣ такя намуда, бо истифода аз усулҳои муосири криминологӣ ва ҳуқуқӣ роҳҳои муассири пешгирӣ ва безараргардонии таҳдидҳоро пешниҳод намояд.
     Ҳамзамон, зарур аст, ки таҳқиқоти илмӣ ба масъалаҳои зерин равона карда шаванд: муайян намудани сабабҳо ва шароити ба вуҷуд омадани терроризм; таҳлили механизми ташаккули андешаҳои ифротгароӣ; такмили низоми пешгирии барвақтӣ; баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди сиёсати иттилоотӣ барои муқовимат ба таблиғоти террористӣ.   
     Бо дарназардошти ин, метавон қайд намуд, ки ташаккули модели муосири миллӣ оид ба муқовимат ба терроризм, ки дар асоси таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ асос ёфтааст, яке аз вазифаҳои муҳим ва таъхирнопазири замони муосир ба ҳисоб меравад.
     Мувофиқи маълумоти омории Маркази иттилоотию таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои охир вобаста ба терроризм миқдори зерини ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудаанд: дар соли 2015 – 8 ҳолат, соли 2016 – 6 ҳолат, соли 2017 – 9 ҳолат, соли 2018 – 10 ҳолат, соли 2019 – 12 ҳолат, соли 2020 – 30 ҳолат, соли 2021 – 21 ҳолат, соли 2022 – 33 ҳолат ва дар соли 2023 – 63.
     Сарфи назар аз чунин таҳдид, ҷомеаи ҷаҳонӣ то ба имрӯз дар мубориза бо терроризм мавқеъи ягонаро надоранд. Дар айни ҳол ягона санади ҳуқуқии байналмилалӣ, ки аксари кишварҳои ҷаҳон эътироф намуда бошанд ва он мафҳуми терроризм ва террористро пешбини мекарда бошад мавҷуд нест. Аз ин рӯ, мушкилоти ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм дар ҳаде ошкоро мебошад, ки дар баъзе ҳолатҳо самаранокии ҳамкории давлатҳоро дар мубориза бо терроризм зери шубҳа қарор медиҳад.
     Бояд зикр намуд, ки шартномаҳои байналмилалӣ оид ба ёрии байналмилалӣ ҳуқуқӣ ва шартномаҳо оид ба истирдод, барои ҳама гуна ҷиноятҳо амал намуда, ҶТ бо давлатҳои аъзои ИДМ, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Аморати мутаҳидаи Араб, Туркия, Маҷористон ва ғ. чунин шарномаҳо дорад.
     Дар ин замина, яке аз принсипи амалӣ намудани ҳамкориҳои мазкур эътироф намудани ҷиноят дар ҳарду давлате, ки ҳамкорӣ менамоянд, мебошад. Аммо на дар ҳама ҳолатҳо ҳарду давлат кирдори якхеларо ҷиноят меҳисобанд.
     Яке аз масъалаҳои ҳасос ҳангоми эътироф намудани ҷинояти террористӣ, аз он ҷумла ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дар давлатҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Зеро як шахс, ташкилот ва ғ. ҳолатҳое, мешаванд, ки дар як давлат терорист ва ташкилоти террористӣ ва ғ. ба ҳисоб мераванд аммо дар дигар давлат кирдори онҳо ҷиноят ба ҳисоб намеравад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷиноятҳои террористӣ бо ду тарз мубориза мебарад.
     Якум, ба имзо расонидан ва ба тасвиб расонидани шарномаҳои байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм. Масалан, Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15 июни соли 2001, ки ҶТ аъзои он аст. Конвенсияи мазкур дар мадди аввал вобаста ба мафҳуми терроризм 10 конвенсияеро номбар менамояд, ки кирдорҳои дар онҳо пешниҳодшуда ҳамчун амали террористӣ ба ҳисоб мераванд. Аз он ҷумла, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризми бомбгузорӣ, ки аз ҷониби Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид 15 декабри соли 1997, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо маблағгузории терроризм, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 9 декабри соли 1999 ва ғ. қабул гардида аст. Баъдан терроризм гуфта, ҳар як амали дигаре, ки ба марги ягон шахси ғайринизомӣ ё ягон шахси дигар, ки дар шароити низои мусаллаҳона қарор дорад, равона шудааст, ё расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ӯ, инчунин расонидани зарари ҷиддӣ ба ягон объекти моддӣ, ҳамчунин ташкил, банақшагирӣ ва кӯмак ба анҷом додани чунин амал, вақте ки мақсадичунин амал, аз рӯи хислаташ, тарсонидани аҳолӣ, вайрон кардани амнияти ҷамъиятӣ ё маҷбур намудани мақомот ё созмони байналмилалӣ ба анҷом додан ё худдорӣ аз анҷом додани ягон амал мебошад, тибқи қонунгузории миллӣ боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони гуноҳкор мегардад.
     Дуюм, дар доираи қонунгузории миллӣ. Қонунгузории миллӣ бевосита феҳристи ташкилотҳои террористиро муайян наменамояд. Ташкилотҳои террористӣ дар ҶТ бо қарори Суди Олӣ эътироф гардида, фаъолияташон манъ мегардад. Масалан, бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 «Ҳизби наҳзати исломӣ» ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф шуда фаъолияташ дар ҳудуди кишвар мамнуъ эълон гардидааст. Инчунин, он дар феҳристи эътирофшудаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии давлатҳои аъзои СААД ва Махзани маълумоти Маркази зидди террористии давлатҳои ИДМ қарор дорад.
     Зиёда аз ин, бинобар хавфи паҳн гаштани фаъолияти он дар Федератсияи Россия ва самаранок анҷомдиҳии ҳамкориҳо бо Тоҷикистон,  соли 2022 Суди олии Федератсия Россия «Ҳизби наҳзати исломӣ»-ро  ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф намуда, фаъолияташро дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ намуд.
     Воқеан, мубориза бо терроризм ва ташкилотҳои террористӣ муракаб буда, заминаҳои ҳуқуқии байналмилалиро тақозо менамоянд. Бе эътирофи ҳар ду тарафи ҳамкорикунанда эътирофи кирдор ҳамчун терроризм ва ҷинояти хусусияти терористидошта ҳамкорӣ аз имкон берун аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 декабри соли 2024 дар суханронии худ дар Конфронси байналмилалӣ оид ба “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайти Раванди Душанбе” пешниҳод намуданд, ки “Вусъат пайдо кардани терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, чун пештара, ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад. Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки дар баробари мубориза бо ин таҳдидҳо, инчунин, ҳамоҳангии тадбирҳоямонро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният тақвият бахшем. Дар ин росто, табодули иттилоот ва таҷрибаи пешрафта нақши муҳим хоҳад дошт. Тақвияти ҳамоҳангии амалиёт дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, эҷоди механизмҳои боэътимоди вокуниши фаврӣ ба хавфу таҳдидҳои амниятӣ ба муборизаи муштарак бо онҳо мусоидат хоҳанд кард. Ба ин манзур Тоҷикистон ҷонибдори қабули Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ мебошад. Зарур медонем, ки   раванди музокирот дар ин хусус ҳарчӣ зудтар ба итмом расад”.
     Дар партави суханҳои Пешвои миллат пешниҳод менамоем, ки Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ қабул карда шавад. Маҳз қабули чунин Конвенсия метавонад аз сӯистифода намудани баъзе террористон ва ташкилотҳои террористӣ аз ноқисии санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ пешгирӣ намуда, ҳамкории байналмилалиро дар мубориза бо терроризм вусъат диҳад.
     Ҳамин тавр, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти миллӣ ва байналмилалӣ ба шумор рафта, таҳкими онҳо метавонад ба коҳиши хатари ҷиноятҳои террористӣ мусоидат намояд. Бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва ниёзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳои зерин метавонанд муҳим арзёбӣ гарданд:
     Пеш аз ҳама, зарур аст, ки ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои он, бахусус дар доираи Стратегияи глобалии зиддитеррористӣ, тақвият дода шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар татбиқи барномаҳои муштараки пешгирӣ, мубодилаи иттилоот ва баланд бардоштани иқтидори миллӣ фаъолона иштирок намояд.
     Дуюм, густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти муҳим дорад. Ин созмон дорои механизмҳои муассири ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, аз ҷумла Маркази минтақавии зиддитеррористӣ мебошад, ки метавонад дар мубодилаи маълумоти оперативӣ ва ҳамоҳангсозии амалиётҳо нақши муҳим бозад.
     Сеюм, таҳкими ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, махсусан тавассути барномаҳои муштараки зиддитеррористӣ ва машқҳои амалӣ, барои мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ мусоидат мекунад.
     Чорум, рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо давлатҳои ҳамсоя ва шарикони стратегӣ, аз ҷумла дар самтҳои назорати сарҳад, мубориза бо гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маблағгузории терроризм, бояд вусъат дода шавад. Дар ин замина, созишномаҳои муштараки ҳуқуқӣ ва табодули иттилоот нақши муҳим доранд.
     Панҷум, ҷорӣ намудани барномаҳои муштараки таълимӣ ва омӯзишӣ бо иштироки созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои илмӣ барои омодасозии мутахассисони соҳаи амният ва ҳуқуқшиносӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
     Шашум, ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ, бахусус дар самти мубориза бо маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои марбут, бояд идома дода шавад.
     Бояд гуфт, ки татбиқи самараноки пешниҳодҳои болозикр метавонанд ба ташаккули низоми муассири ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намуда, сатҳи муқовимат ба терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нав барорад.
 
Абдуллозода Парвиз Саъдулло,
муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)