ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 09:21
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
762
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
02.08.2011

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 №1294, аз 17.05.2018 №1532, аз 04.04.2019 №1594, аз 08.06.2022 №1885, аз 24.12.2022 №1938)

Мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд

Қонуни мазкур масъулияти падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд (минбаъд - падару модар), дар таълиму тарбияи фарзанд танзим менамояд.

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли истиқомати онҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба шакли моликият ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо, татбиқ мегардад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигареро муқаррар накарда бошанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1938).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1532).

Моддаи 4. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- фарзанд (кӯдак) - шахси ба синни ҳаждаҳсола нарасида;

- шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд - васӣ, парастор, фарзандхондагон, шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунанд, дигар намояндагони қонунии онҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки кӯдак дар таълиму тарбияи онҳо қарор дорад (минбаъд - муассисаҳои таълимӣ);

- васӣ ва парастор - шахсоне, ки ба мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони ғайри қобили амал ва қобилияти пурраи амал надошта, аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд;

- таълим - фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ (Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 № 1594);

- тарбия - раванди мақсадноки ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ;

- марказҳои дилхушӣ - клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, тарабхонаҳо ва иншоотҳои дигаре, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тааллуқ дошта, барои ташкил ва гузарондани чорабиниҳои фароғатӣ ва истироҳатӣ муайян шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1532, аз 04.04.2019 № 1594);

- вақти шабона - аз 1 апрел то 30 сентябр - аз соати 22:00 то соати 06:00 ва аз 1 октябр то 31 март - аз соати 20:00 то соати 06:00.

Моддаи 5. Вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд

1. Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад.

2. Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад.

3. Давлат барои таълиму тарбия ва ҳифзи кӯдакони ятим ва маъюб ғамхорӣ намуда, ба онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.

БОБИ 2. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Моддаи 6. Баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар

Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқҳои зерин доранд:

- ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзандро ҳимоя намоянд;

- шакл, намуд ва усули таълим, муассисаҳои таълимиро, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, интихоб намоянд, агар ин шакл, намуд ва усул ба вазъи саломатӣ ва рушди маънавии фарзанд таъсири манфӣ нарасонад;

- дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ иштирок ва мусоидат намоянд (Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 № 1594, аз 24.12.2022 № 1938);

- аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ дар бораи аз тарафи фарзанд истифода шудани хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1294);

- ба мақомоти дахлдор ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи фарзанд дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ,  ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ бо пешниҳод муроҷиат кунанд (Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 № 1594, аз 24.12.2022 № 1938);

- дар муносибатҳои ҳуқуқӣ намояндаи қонунии фарзанд бошанд;

- риояи ҳуқуқи фарзандро дар раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот талаб намоянд;

- ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки фарзандашон дар он таҳсил мекунад, мусоидат намоянд;

- ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд;

- дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд.

Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд

Падару модар дар тарбияи фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:

- ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;

- пас аз таваллуд фарзандро дар мӯҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;

- барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд;

- фарзандро ба зиндагии мустақилона омода намоянд;

- фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд (Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 № 1594);

-  маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ ва экологии фарзандро ташаккул диҳанд;

- фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо ва фарҳанги миллии худ ва халқҳои дигар тарбия намоянд;

- фарзандро дар рӯҳияи сарфаю сариштакорӣ тарбия намуда, бо маблағ ва молу мулк муносибати эҳтиёткорона доштанро омӯзонанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1938);

- гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд;

- шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд;

- новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзанд, нисбат ба ӯ баробар муносибат намоянд;

- дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то ҳаждаҳсолаашонро манъ намоянд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1532);

- аз соати 18.00 то соати 6.00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ рафтани фарзанди ноболиғи худро иҷозат надиҳанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1532);

- кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои чамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд;

 - барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва маърифати экологии фарзанд чораҳо андешанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1885);

- ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд (Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 № 1594);

-  ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ, тундгароӣ ва ҷудоихоҳиро манъ намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1938);

- аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1294);

- ба фарзанд мутолиа ва паҳн кардани сабтҳои электронӣ (аз ҷумла тариқи телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ, тундгароӣ ва ҷудоихоҳиро манъ намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1938);

- иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд (Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 № 1594);

- ба фарзанд истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти тамоку, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, инчунин моддаҳои сахттаъсир ва мадҳушкунандаро манъ намоянд (Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 № 1594, аз 24.12.2022 № 1938);

- иштироки фарзандро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд;

- ба фарзанд барои рондани воситаҳои нақлиёт бе гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин барои омадан ба муассисаи таълимӣ бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ иҷозат надиҳанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1885);

- ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд ва барои интихоби касб ба ӯ мусоидат кунанд (Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 № 1594);

- ба фарзанд асосҳои гигиенаи шахсӣ, маърифати санитарӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро омӯзонанд (Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 № 1594, аз 08.06.2022 № 1885);

- ба ҷалб намудани фарзанд ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии ӯ зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва равонии фарзанд халал мерасонанд, иҷозат надиҳанд;

- фарзандро ба фаъолияти соҳибкорӣ ва хариду фурӯш, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, ҷалб насозанд;

- бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани фарзанди то шонздаҳсоларо дар ҳудуди биною иншооти техникӣ, таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, ҳудуди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва саристгоҳҳои нақлиёти мусофирбар манъ намоянд;

- дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навиштан, ифлос намудан ва расонидани зарарро аз ҷониби фарзанд манъ намоянд;

- дастрасии фарзандро ба маводи сӯзандаю тарканда пешгирӣ намоянд;

- истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёҳои қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвора барои духтарон)-ро аз тарафи фарзанд дар муассисаҳои таълимӣ ва холкӯбиро барои фарзанд манъ намоянд;

- ба шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва дигар ороишоте, ки дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ мавчуданд ва тахриб кардани онҳо аз тарафи фарзанд роҳ надиҳанд;

- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

Моддаи 9. Ӯҳдадориҳои падару модар дар таълими фарзанд

Падару модар дар таълими фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:

- ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оваранд;

- ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба таҳсили ӯ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд (Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 № 1594);

- фарзандро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароити муносиб муҳайё намоянд;

- риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд;

- ба фарзанди имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ доштаи худ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё сохта, иллати ҷисмонӣ ва рӯҳии ӯро пинҳон накарда, дар сурати набудани шароит барои таълими фарзанд ба муассисаҳои дахлдори давлатии соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд;

- аз вазъи фарзанде, ки дар мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таълиму тарбия мегирад, хабардор шуда, бо чунин муассисаҳо ҳамкорӣ намоянд ва раванди таълими фарзандро дар ин муассисаҳо зери назорат гиранд;

- донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд;

- дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурият тибқи талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намоянд;

- талаботи оинномаи муассисаи таълимиро, ки фарзандашон дар он ҷо таълим мегирад, иҷро намоянд;

- ҷалби фарзандро барои гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд;

- таълими динии фарзандро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд (Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 № 1594);

- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

БОБИ 3. ӮҲДАДОРИҲОИ ФАРЗАНДИ БОЛИҒУ ҚОБИЛИ МЕҲНАТ ДАР НИГОҲУБИН ВА ТАЪМИНИ ПАДАРУ МОДАР

Моддаи 10. Ӯҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар

1. Фарзанди болиғу қобили меҳнат ӯҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд.

2. Дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадориҳои мазкур фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

БОБИ 4. ӮҲДАДОРИҲОИ ОМӮЗГОР, МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ, МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ, МУАССИСА ВА ДИГАР ТАШКИЛОТҲОЕ, КИ МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАКРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1532, аз 04.04.2019 № 1594)

Моддаи 11. Мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1532)

1. Масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, андоз, алоқа, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш баррасӣ карда мешаванд.

2. Дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1532).

Моддаи 12. Ӯҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1532, аз 04.04.2019 № 1594)

1. Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, ӯҳдадориҳои зерин доранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1532, аз 04.04.2019 № 1594):

- ба раванди таълиму тарбия дар низоми таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ мусоидат намоянд;

- тарзи ҳаёти солимро таблиғ ва кӯдакони болаёқатро дастгирӣ намоянд;

- кӯдаконеро, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо саҳм гузоштаанд ва амалҳои дигарро ба нафъи ҷамъият ва давлат анҷом додаанд, ҳавасманд намоянд (Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 № 1594);

- падару модареро, ки ҳуқуқу ӯхдарориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд муваффақона иҷро менамоянд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд;

- оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кӯдакон тадбирҳо андешанд;

- ҳангоми аз тарафи падар ё модар риоя накардани талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва ӯҳдадориҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд;

- дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади расонидани кӯмаки педагогӣ, равонӣ, методӣ ба падару модар “Рӯзҳои падару модар”-ро ташкил намоянд;

- дигар чорабиниҳоро оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ташкил намоянд;

- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

2. Ӯхдадориҳои омӯзгор оид ба таълиму тарбияи кӯдак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 13. Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак

Ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак ва ба амали номатлуб даст задани ӯ, инчунин дар мавриди муайян кардани ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таҳдид менамоянд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, ки мақомоти дахлдори давлатиро огоҳ созанд.

БОБИ 5. ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ИҶРО НАКАРДАНИ ӮҲДАДОРИҲО ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Моддаи 14. Чораҳои пешгирӣ барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар

(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1885)

Падару модаре, ки вобаста ба вазъи саломатӣ ва моддиашон наметавонанд ӯҳдадориҳои худро оид ба таълиму тарбияи фарзанд қисман ё пурра иҷро намоянд, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба табобат фаро гирифта, бо кор таъмин карда мешаванд.

Моддаи 15. Ҷавобгарии падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи фарзанд

1. Дар ҳолати иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1885).

2. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии баробар доранд.

3. Падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунад, барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгар мебошад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1885, аз 24.12.2022 № 1938).

Моддаи 16. Ҷавобгарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1532, аз 04.04.2019 № 1594)

Ҷавобгарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1532, аз 04.04.2019 № 1594).

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

      Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

      

      ш. Душанбе

2 августа соли 2011

            № 762