ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИҶОРА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 17/03/2022 - 11:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
184
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
06.12.1990
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИҶОРА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Қонуни ҶТ аз 19.09.1991 № 397, аз 04.11.1995 № 126, аз 09.12.2004 № 65)
 
ФАСЛИ 1. ИҶОРА. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ИҶОРА
 
Моддаи 1. Иҷора
Иҷора ба мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва дар ин асос беҳтар намудани зиндагии мардум ташкил меёбад.
Иҷора дар асоси шартнома ба мўҳлати муайян бо подош ихтиёрдорӣ ва истифода кардани замин, дигар захираҳои табиӣ, корхонаҳо (иттиҳодияҳо) ва комплексҳои дигари молу мулк, инчунин дигар хел амволе мебошад, ки ба иҷоракор барои мустақилона пеш бурдани фаъолияти хоҷагӣ ва ё дигар фаъолияташ зарур аст.
Моддаи 2. Қонунҳои оиди иҷора
Муносибатҳои иҷоравиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкур ва дигар актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.09.1991 № 397).
Моддаи 3. Соҳа ва обьектҳои иҷора
Иҷора дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ иҷозат дода мешавад ва нисбати молу мулки тамоми шаклу намудҳои моликият истифода шуда метавонад.
Ба иҷора инҳоро додан мумкин аст:
а) замин ва дигар захираҳои табиӣ;
б) корхонаҳо (иттиҳодияҳо), ташкилотҳо, воҳидҳои таркиби иттиҳодияҳо, истеҳсолот, цехҳо ва дигар соҳаҳои корхонаю ташкилотҳо, ҳамчунин комплексҳои ягонаи молу мулки фондҳои истеҳсолӣ ва дигар сарватҳо;
в) биноҳои алоҳида, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, асбобу анҷом, дигар сарватҳои моддӣ.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои (гурўҳҳои) корхонаҳо (иттиҳодияҳо), ташкилотҳо ва намудҳои амволеро, ки ба иҷора дода намешаванд, муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.09.1991 № 397).
Моддаи 4. Иҷорадеҳон
Мулкдор молу мулкашро аз ҷумла ба шахсони юридикӣ ва воқеии хориҷӣ иҷора дода метавонад. Дар мавриди моликияти давлатӣ бошад ин ҳуқуқ вобаста ба шакли моликият ба мақомоти идораи амволи давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалҳо дода шудааст. Корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳои кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ҳуқуқ доранд, ки комплексҳои молу мулк, биноҳои алоҳида, иншоот, таҷҳизот ва дигар сарватҳои моддиро, ки дар ихтиёри пурраи хоҷагӣ ва адораи оперативии онҳо мебошад, ба иҷора диҳанд ва мулқдорро аз ин ҳатман воқиф гардонанд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Замин ва дигар захираҳои табииро Маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор ба иҷора медиҳанд, аз ҷумла дар асоси озмун (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Колхозу совхозҳо ва корхонаҳои дигари хоҷагии қишлоқ заминҳои ба ихтиёри худ гирифтаро метавонанд мустақилона ба иҷора диҳанд.
Моддаи 5. Иҷорагирон
(Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126)
Шахсони юридикӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои муштарак, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ бо иштироки шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ иҷорагир буда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Моддаи 6. Иттиҳодияҳои иҷорагирон
Иҷорагирон ҳуқуқ доранд, ки ихтиёрӣ ассоциация, иттифоқҳо, консорциумҳо, концернҳо ва дигар иттиҳодияҳо барпо карда, фаъолияти онҳоро бо пул таъмин намоянд, аз онҳо мувофиқи оиннома озодона бароянд, ба ин иттиҳодияҳо, қатъи назар аз шакли моликияти истеҳсолоташон, ҳар як коллектив ва гражданин дохил шуда метавонад. Иҷорагирон дар навбати худ ҳуқуқ доранд бо ризоияти иттиҳодияҳо ба ҳар яки онҳо дохил шаванд.
Моддаи 7. Шартномаи иҷора
Шартномаи байни иҷорагиру иҷорадеҳ ҳуҷҷати асосие мебошад, ки муносибати байни онҳоро танзим мекунад. Он дар асоси ихтиёрӣ ва баробарҳуқуқии пурраи тарафҳо имзо карда мешавад.
Шартномаи иҷора инҳоро пешбинӣ мекунад: таркибу арзиши молу мулки ба иҷора додашаванда, андозаи иҷорапулӣ, мўҳлати иҷора, тақсими вазифаҳои тарафҳо дар бобати пурра барқарор ва таъмир кардани молу мулки иҷоравӣ, вазифаи иҷорадеҳ дар хусуси ба иҷорагир додани амвол дар ҳолате, ки ба шартҳои шартнома мувофиқ бошанд. Вазифаи иҷорагир дар бобати мувофиқи талаботи шартнома истифода бурдани молу мулк, масъулияти иҷорагир дар бахши сари вақт додани иҷорапулӣ ва баъди ба охир расидани мўҳлати шартнома ба иҷорадеҳ баргардонидани молу мулк дар ҳолати пешбиникардаи шартнома, шартҳои харида гирифтани амволи иҷора ва дигар шартҳои моҳиятнок.
Ба шартномаи иҷора вазифаи иҷорадеҳ дар бобати таъминоти моддию техникӣ, расондани ёрӣ барои тараққиёти истеҳсолот, татбиқи комьёбиҳои илму техника ва технологияи пешқадам, нав кардани техникаи истеҳсолот, тараққиёти иҷтимоӣ, расонидани кўмаки ахборотию машваратӣ ва дигар хел ёриву мадад, мададгорӣ дар боби тайёр кардани кадрҳо, муҳайё намудани шароити зарурии истифодаи самарабахши молу мулки ба иҷора гирифташуда ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он дохил шуда метавонад.
Арзиши молу мулки ба иҷора гирифташуда дар шартнома бо назардошти баҳои амвол дар лаҳзаи ба иҷора супоридани вай бо қимати боқимонда, барқароршуда ё бозорӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Давоми мўҳлати хизмати амволи ба иҷора додашуда бо созиши тарафайн на зиёда аз мўҳлати нави хўрдашавии пурраи он, ки ба нормаи амортизация мутобиқат мекунад, муқаррар карда мешавад.
Тарафҳо дар сурати иҷро накардан ва ё пурра иҷро накардани ўҳдадориҳои шартномаи иҷора, аз ҷумла барои яктарафа тағйир додан ва вайронкунии шартнома дар асоси қонун ва шартнома ҷавобгаранд.
Дар мавриди кифоя набудани васоити иҷорадеҳе, ки амволи корхонаи давлатиро (воҳиди структурии иттиҳодияро) ба иҷора супурдааст, аз рўи ўҳдадориҳо дар назди иҷорагир соҳиби молу мулки дахлдор ҷавобгар мебошад.
Моддаи 8. Иҷорапулӣ
Иҷорапулӣ аз ҳиссаҷудокунии амортизационии арзиши молу мулки ба иҷора гирифташуда ташкил меёбад. Ҳангоми ба иҷора додани замин ва дигар сарватҳои табиӣ ҳаққи амортизация гирифта намешавад. Андозаи ҳиссаҷудокунии амортизацияро, ки ба иҷорапулӣ дохил мешавад, шартномаи иҷора дар асоси тақсими вазифаҳои дар он пешбинигардидаи тарафҳо дар бобати таҷдиди молу мулки иҷоравӣ маблағи фоизи иҷро (қисми фоида), ки мутобиқи шартнома ба дараҷа маъмулан на камтар аз фоизи бонк муқаррар карда шавад, муайян мекунад. Иҷорапулӣ ҳамчунин маблағҳоеро дар бар гирифта метавонад, ки иҷорагир ба иҷорадеҳ барои таъмири объектҳо баъди анҷоми мўҳлати иҷораи онҳо медиҳад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Иҷорапулӣ метавонад барои тамоми молу мулки иҷоравӣ яклухт ва ё алоҳида аз рўи ҳар объект дар шаклҳои аслӣ, пулӣ ва ё омехта муқаррар шавад. Шарту мўҳлати супоридан ва ҳисоби гузаронидани иҷорапулиро шартнома муайян мекунад.
Андозаи иҷорапулӣ (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126):
бо маслиҳати тарафайн бинобар дигар шудани шароити хоҷагидорӣ;
бинобар тағйир ёфтани нарх, тариф ва ҳаҷми фоизи бонк тағйир ёфта метавонад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Иҷорапулӣ барои истифодаи иншоотҳои моликияти давлатӣ вобаста ба шакли моликият барои иншоотҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷети ҷумҳурӣ, барои иншоотҳои моликияти коммуналӣ бошад, - ба буҷет маҳаллӣ пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Моддаи 9. Моликият ҳангоми иҷора
Ба иҷора додани молу мулк боиси додани ҳуқуқи моликият ба ин амвол намегардад.
Маҳсулот ва даромаде, ки иҷорагир аз истифодаи молу мулки иҷоравӣ ба даст овардааст, моликияти ў мебошад. Сарватҳои моддӣ ва дигар сарватҳои ба таркиби молу мулки иҷора дохилнашаванда, ки иҷорагир дар асосҳои пешбиникардаи қонун ба даст овардааст ё харидааст, низ моликияти иҷорагир мебошанд.
Агар дар шартномаи иҷора дигар шарт пешбинӣ нашуда бошад, ҳар чизи барои беҳбудии молу мулки иҷора харида ё сохташуда моликияти иҷорагир мебошад. Дар мавриде, ки иҷорагир беҳбудиро аз ҳисоби маблағи худ бо иҷозати иҷорадеҳ анҷом дода бошад ва ин барои молу мулки иҷора (тармиму азнавсозии бино ё иншоот ва ғайра) зарар нарасонда бошад, вай ҳуқуқ, дорад, ки баъди ба охир расидани мўҳлати шартномаи иҷора арзиши ин беҳбудикориро гирад, агар дар шартнома дигар хел шарт пешбинӣ нашуда бошад.
Ҳангоми ба иҷора гирифтани корхона ва дигар комплексҳои ягонаи молу мулк иҷорагир ба гирифтани арзиши беҳбудикории ҷудонопазири молу мулки иҷора, ки аз ҳисоби маблағи худаш, сарфи назар аз он ки ичорадеҳ ба иҷрои чунин корҳо иҷозат додааст ё не ҳуқуқ дорад, агар дар шартнома шарту шароити дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Беҳбудикориҳое, ки (ҳам қобили ҷудошавӣ ва ҳам ҷудонопазир) аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии амортизационӣ аз молу мулки иҷора анҷом дода шудаанд, моликияти иҷорадеҳ буда, ба арзиши молу мулки иҷора зам мешаванд.
Агар ҳолати молу мулке, ки баъди анҷоми амали шартнома баргардонда мешавад, аз вазъи пешбинишуда бадтар бошад, иҷорагир ба иҷорадеҳ товони зиёнро дар асоси қонунҳои ҷорӣ медиҳад.
Агар молу мулки иҷора бо гуноҳи иҷорагир пеш аз мўҳлати амортизационӣ аз кор барояд, иҷорагир ба иҷорадеҳ иҷорапулии пурраи он, инчунин товони зарарро мувофиқи қонунгузории ҷорӣ медиҳад. Агар иҷорагир молу мулки ба иҷора гирифташударо баъди анҷоми мўҳлати истифода, ки он дар шартнома пешбинӣ шудааст, истифода барад, иҷорадеҳ ба иҷоракор подоши дахлдорро медиҳад, агар дар шартнома дигар хел талабот пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 10. Харидани молу мулки иҷора
Иҷоракор бо розигии иҷорадеҳ метавонад молу мулки иҷораро пурра ва ё қисман харида гирад. Шарт, тартиб ва мўҳлати хариданро шартномаҳои иҷора ва харид муайян мекунанд. Баҳсҳои оиди ин масъалаҳоро суди иқтисодӣ ё суд ҳал менамоянд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Шартномаи иҷораи амволи давлатӣ бо назардошти минбаъд харидани он бо мақоми дахлдори давлатии идораи амволи давлатӣ ё бо мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукумат) баста мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Арзиши амволи ба иҷорагирифтаи давлатиро, ки харидорӣ мешавад. Кумитаи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳал (ҳукумат) муайн мекунад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавридҳои маҳдуд ё манъ кардани харидани молу мулки иҷора пешбинӣ шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 19.09.1991 № 397).
Иҷорадеҳ ҳақ дорад дар шартномаи харид ба муддати муайян шартҳо пешниҳод намуда, ин ё он ҳуқуқу ўҳдадориҳои харидорро (иҷорагирро) муайян намояд. Ба ҷумлаи чунин шартҳо аз ҷониби харидор қабул шудани ўҳдадориҳои зайл дохил шуда метавонанд:
бо маҳсулот ҳисобу китоб кардани арзиши молу мулки харида маҳсулоте, ки бе амволи харидашуда истеҳсол мешавад;
ба истеъмолкунандагон дастрас кардани як қисми маҳсулоти бо амволи харидашуда истеҳсол гардида, ки фурўшандаи молу мулк муайян мекунад;
дар мўҳлати муайян тағйир надодани навъи маҳсулоте, ки бо амволи харидашуда истеҳсол мегардад;
нафурўхтани молу мулки харидашуда;
риояи дигар ўҳдадориҳои харидори молу мулк, ки шартномаи харид пешбинӣ кардааст.
Шартномаи харид инчунин шартҳои харидори молу мулкро низ дар назар дошта метавонад, ки он фурўшандаи молу мулкро вазифадор менамояд дар давраи муайян таъминоти моддию техникӣ ва бозории фурўши маҳсулоти дар мулки харидашуда истеҳсол кардашавандаро таъмин намояд, ба инкишофи фаъолияти истеҳсолӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоии харидори молу мулк ва фаъолияти иқтисодии берунӣ мусоидат намояд.
Амвол дар асоси мавҷудият ва ҳолати воқеии он бо роҳи ба иҷорадеҳ бақияи арзиши амволро супурдани иҷорагир, ки иҷорааш то анҷоми мўҳлати амортизатсия ва нархгузоришуда қатъ гардидаст, харидорӣ мешавад. Ҳолати амвол аз рўи натиҷаи инвентаризатсия ва фактҳои дигаре, ки ба арзиши боқимонда таъсир мегузоранд, муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Барои харидани молу мулк ҳамагуна васоите, ки корхонаи иҷоравӣ мувофиқи қонун дар ихтиёри худ дорад, манбаъ шуда метавонад.
Ҳуқуқи моликияти корхонаи иҷора, ки амволро харидааст, аз рўзи имзо шудани санади хариду фурўш оғоз меёбад. Ин санад баъди пардохтани маблағи харидашуда ва боҷи давлатӣ дода мешавад. Пас аз пурра супурдани пули хариди амвол шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Баъди харидани молу мулки ба иҷора гирифта шуда корхонаи иҷора бо қарори коллективи меҳнатӣ ба кооператив, ҷамъияти акционерӣ ва ё дигар корхонае табдил ёфта метавонад, ки дар асоси моликияти коллективӣ амал мекунад ва оинномаи худ (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Моддаи 11. Муайян кардани самти фаъолияти хоҷагии иҷорагир
Иҷорагир мувофиқи шартномаи иҷора самтҳои фаъолияти хоҷагиашро мустақилона муайян мекунад ва маҳсулоту даромадашро бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ менамояд.
Иҷорагир берун аз доираи ўҳдадориҳои шартномавиаш дар фаъолияти хоҷагидорӣ пурра озод мебошад.
Моддаи 12. Мўҳлати иҷора
Мўҳлати иҷораро шартнома муайян мекунад. Дар айни замон иҷораи захираҳои табиӣ, корхонаҳо, биноҳо, иншоот дарозмуддат - аз панҷ сол ва аз ин ҳам зиёд мебошад.
Ҳангоми бастани шартномаи иҷораи замин шартҳои аз тарафи ичорагир гузаронидани киштгардони илман асоснок бояд ҳатман пешбинӣ карда шавад. Ба ин муносибат мўҳлати минималии иҷораи замин набояд аз як ротацияи киштгардони майдонҳо кам бошад.
Қитъаи заминро барои корҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба мўҳлати муайянкардаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора додан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 09.12.2004 № 65).
Бо назардошти хусусияти молу мулк ва мақсадҳои иҷора шартнома кўтоҳмуддат - то 5 сол шуда метавонад.
Баъди анҷоми мўҳлати амали шартнома иҷорагир ҳуқуқ дорад шартномаро барқарор кунад.
Агар дар бораи қатъ намудан ва ё тағйир додани шартнома баъди анҷоми мўҳлати он аризаи яке аз тарафҳо набошад, шартнома дар ҳамон мўҳлат ва аз рўи ҳамон шартҳо дароз карда мешавад, ки дар он пешбинӣ шуда буданд. Ҳангоми ба мўҳлати нав дароз кардани шартнома шартҳои он бо созиши тарафҳо тағйир ёфта метавонанд.
Моддаи 13. Тағйир додан, бекор кардан, қатъ намудан ва давом додани шартнома
Тағйир додани шартҳои шартнома, бекор кардан ва қатъи он бо ризоияти тарафайн роҳ дода мешавад. Бо талаби яке аз тарафҳо бо роҳи ду моҳ пеш огоҳонидани тарафи дигар ва дар мавридҳои шартҳои шартномаро вайрон кардани тарафи дигар шартномаи иҷора бо қарори суди иқтисодӣ ё суд қатъ шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Аз нав созмон додани ташкилотҳои иҷорадеҳ, инчунин иваз кардани соҳиби моликияти иҷора гирифта шуда сабаби тағйир ёфтан ва ё бекор шудани шартнома намегардад.
Дар мавриди фавти иҷорагир ва ё дигар ҳолатҳое, ки ў минбаъд ўҳдадориҳояшро иҷро карда наметавонад, ҳуқуқҳои вай мувофиқи шартномаи иҷора ба яке аз аъзоёни оила ё аъзои ҳамроҳаш коркунанандаи хоҷагии меҳнатӣ (коллективи иҷора) мегузарад, агар онҳо иҷоракор шудан хоҳанд.
Иҷорадеҳ ҳақ надорад, ки ба чунин шахсон барои ҳамроҳ шудан ба шартнома ба мўҳлати боқимондаи шартномаи ҷорӣ роҳ надиҳад, ба истиснои мавридҳое, ки бастани шартнома ба сифатҳои касбӣ ва шахсии иҷоракор вобаста бошад.
Моддаи 14. Баррасии баҳсу мунозира дар аснои бастани шартномаи иҷора ва иҷрои он
Баҳсҳои ҳангоми бастани шартномаи иҷора ва иҷрои он ба миён омадаро суди иқтисодӣ ё суд мувофиқи ваколаташон баррасӣи мекунанд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Моддаи 15. Муҳофизати ҳуқуқи иҷорагир ба молу мулк
Ҳуқуқи иҷорагир ба молу мулке, ки вай мувофиқи шартномаи иҷора гирифтааст, баробари ҳуқуқи нисбати моликият муқарраркардаи қонунгузории гражданӣ ҳимоя карда мешавад. Вай метавонад баргардонидани молу мулки иҷораро аз истифодаи ғайриқонунӣ, бартараф кардани монеаҳои истифодаи амвол, додани товони зарареро, ки ҳар шахс, аз ҷумла иҷорадеҳ, ба молу мулк расондааст, талаб кунад.
Аз ҳисоби молу мулки иҷора додани қарзи иҷорадеҳ роҳ дода намешавад.
Молу мулки иҷорагир танҳо бо қарори суди иқтисодӣ ё суд мусодира карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Шартҳои шартномаи иҷора дар тамоми мўҳлати эътибори шартнома ва дар он мавридҳое эътибори худро гум намекунад, ки қонунгузорӣ баъди имзои шартнома қоидаҳоеро муқаррар кардааст, ки аҳволи иҷорагирро бад мекунад.
Иҷораи корхонаҳо (иттиҳодияҳо)
Моддаи 16. Ташкили корхонаи иҷора
Коллективи меҳнатии корхонаи давлатӣ (иттиҳодия) ё воҳиди структурии иттиҳодия (минбаъд корхонаи давлатӣ) ҳуқуқ дорад, ки бо мақсади дар асоси корхона ташкил намудани корхонаи коллективӣ ташкилоти иҷоракоронро ҳамчун шахси юридикии мустақил созмон диҳад.
Қарори созмон додани ташкилоти иҷорагирон ва органҳои идораи он дар маҷлиси умумии (конференцияи) коллективи меҳнатӣ ба овози аз се ду қисми аъзоёни он қабул карда мешавад.
Ташкилоти иҷорагирон лоиҳаи шартномаи иҷораро якҷоя бо комитети иттифоқи касаба тартиб дода, онро ба органи давлатие, соҳиби моликият вайро барои ба иҷора додани корхонаи давлатӣ ваколатдор намудааст, мефиристонад. Ин орган бояд лоиҳаи шартномаро дар муддати си рўзи баъди гирифтани он баррасӣ кунад. Ихтилофотеро, ки ҳангоми бастани шартномаи иҷора ба миён меоянд, аз ҷумла ихтилофҳои вобаста ба беасос ба иҷора надодани корхона ва кашол додани мўҳлати муҳокимаи таклифҳоро суди иқтисодӣ баррасӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Баъди имзои шартнома ташкилоти иҷоракорон мувофиқи тартиби муқарраргардида молу мулки корхонаро қабул мекунад ва мақоми корхонаи иҷоравиро мегирад.
Корхонаҳои давлатӣ, воҳидҳои структурие, ки дар асоси онҳо корхонаи иҷоравӣ ташкил шудааст, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун барҳам дода мешаванд.
Корхонаи иҷора дар асоси оинномае, ки дар маҷлиси умумии (конференцияи) коллективи меҳнатӣ тасдиқ мешавад, амал мекунад. Корхонаи иҷора аз рўзи дар комиҷроияҳои мақоми бақайдгирӣ маҳалли ҷойгиршавии корхонаи иҷора қайд шуданаш ҳуқуқи шахси юридикиро мегирад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Корхонаи иҷора мувофиқи дархосташ номгўи ва мукофотҳои ҳукуматии корхонаи давлатиро, ки вай ба иҷора гирифтааст, дар худ нигоҳ дошта метавонад.
Корхонаи иҷора вориси ҳуқуқи молу мулк ва вазифаҳои корхонаи давлатии ба иҷора гирифтааш, аз ҷумла вориси ҳуқуқи истифодаи замин ва дигар захираҳои табиӣ мегардад. Иҷорадеҳ пардохти қарзи корхонаро пурра ё қисман ба ўҳдаи худ гирифта метавонад.
Ўҳдадории корхонаи давлатиро дар бобати фурўши маҳсулот (кор, хизмат) иҷорагир дар ҳаҷму мўҳлати пешбиникардаи шартномаи ин корхона иҷро мекунад. Иҷорадеҳ ба иҷорагир захираҳои моддӣ ва лимитҳои (фондҳои) онҳоро медиҳад, инчунин дигар тадбирҳои заруриро меандешад, ки иҷрои ин ўҳдадорӣ таъмин гардад.
Корхонаи иҷоравӣ ҳуқуқашро барои маблағгузории мутамарказ ва дотация дар ҳаҷме, ки барои корхонаи давлатии ба иҷора гирифта муқаррар гардида буд, нигоҳ медорад.
Ба корхонаи иҷора ҳуқуқу вазифаҳои корхонаи давлатии ба иҷора гирифта шуда дар бобати иштирок кардан дар тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҳудуде, ки вай он ҷо ҷой гирифтааст, мегузаранд.
Шартномаи иҷора муносибатҳои байни иҷорагир ва иҷорадеҳро доир ба шартҳои истифодаи захираҳои сўзишворӣ, ашьёи хом, масолеҳ, истеҳсолоти нотамом, маснуоти тайёр, тақсими бақияи фондҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ, истифодаи фонди манзили идоравӣ, бо маблағ таъмин кардани он, харҷи маблағеро, ки барои пардохти қарзи дебиторӣ гирифта шудааст, муайян мекунад.
Маҷбуран ба иҷора додани объектҳое, ки барои корхонаҳои иҷора зиёдатианд, роҳ дода намешавад.
Моддаи 17. Идораи корхонаи иҷора
Корхонаи иҷора мувофиқи оинномаи он идора карда мешавад.
Моддаи 18. Фаъолияти хоҷагии корхонаи иҷора
Корхонаи иҷора ҳуқуқ дорад сарватҳои моддиеро, ки ба таркиби мулки иҷора дохил мешаванд, ба иҷораи фаръӣ диҳад, барои истифодаи муваққати бепул ва ё пулакӣ диҳад, ба шарте ки чунин тариқи додани молу мулк боиси кам шудани нерўи (арзиши) истеҳсолию иқтисодии корхона нагардад ва дигар шартҳои шартномаи иҷораро халалдор накунад. Тартиби мазкури ихтиёрдории молу мулки иҷора нисбати замин ва дигар объектҳои табиӣ ва дар мавридҳои дигаре, ки актҳои қонунӣ пешбинӣ кардаанд, татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Корхонаи иҷора барои арзиши амволро зиёд намудан ҳуқуқ дорад ба таркиби молу мулки иҷора мустақилона тағйирот дарорад, онро аз нав созад, техникаи нав шинонад, васеъ кунад, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Корхонаи иҷора истифодаи самарабахш ва такрористеҳсолкунии захираҳои табииро таъмин карда, онҳоро мувофиқи мақсадҳое ба кор мебарад, ки ба ин мақсадҳо дода шудаанд. Вай вазифадор аст муҳити атрофро аз олудагӣ ва дигар таъсирҳои зиёновар ҳифз кунад.
Фаъолияти иқтисодии берунии корхонаи иҷора мувофиқи тартибе сурат мегирад, ки барои корхонаҳои давлатӣ муқаррар гардидааст.
Корхонаи иҷора вазифадор аст, ки аз рўи шартномаи иҷора иҷрои супориши давлатӣ ва супоришҳоро барои фурўши маҳсулот (кор, хизмат) мувофиқи алоқаҳои мавҷудаи хоҷагӣ дар ҳаҷме, ки аз супоришҳои дахлдори соли ба иҷора додани корхона зиёд набошад, ба ўҳда гирад.
Вай ихтиёран заказҳои давлатӣ ва дигар хел ўҳдадории истеҳсол ва фурўши маҳсулотро дар ҳаҷме мегирад, ки корхона молу мулки ба моликияти коллективи тааллуқдоштаашро ба ҳамон андоза истифода мебарад.
Иҷорадеҳ ўҳдадории аз иҷорагир харидани маҳсулотро ба зимма гирифта метавонад.
Корхонаи иҷора маҳсулоташ (кор, хизматаш)-ро аз рўи нархҳои яклухт, харид, чакана ва шартномавие мефурўшад, ки барои корхонаи давлатӣ пешбинӣ гардидаанд. Ашьё, масолеҳ ва дигар захираҳои моддию техникиро корхонаи иҷора аз рўи нархҳои мавҷудаи яклухт харид, чакана ва шартномавӣ мувофиқи тартиб ва шартҳои барои корхонаҳои давлатӣ муқарраршуда мехарад.
Ба корхонаи иҷора барои васеъ кардани истеҳсолот ва иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағи давлатии мутамарказ ва маблағи иҷорадеҳ дотация, инчунин дар асоси ўҳдадории афзун гардондани истеҳсоли маҳсулот ва беҳтар намудани сифати он (кор, хизмат) қарз ва бунак (аванс) дода шуданаш мумкин аст.
Иҷорадеҳ ба иҷорагирони корхонаҳои давлатии зараровар ва камфоида оиди иҷорапулӣ имтиёзҳо дода метавонад.
Корхонаи иҷора натиҷаи фаъолияташро ба ҳисоб мегирад, ҳисобу китоби бухгалтерӣ ва омориро мувофиқи тартиби умумие, ки барои корхонаҳо муайян шудааст, пеш мебарад. Ба фаъолияти корхонаи иҷора аз рўи тартибе, ки қонунгузории ҷорӣ барои корхонаҳо муқаррар карда аст, бо назардошти хусусияти муносибатҳои иҷоравӣ назорат карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Моддаи 19. Маблағҳои молиявии корхонаи иҷора
Захираҳои молиявии корхонаи иҷора аз ҳисоби фурўши маҳсулот (кор, хизмат), кредитҳо, маблағи аз фурўши коғазҳои қиматнок ба даст омада, хайрия ва дигар воситаҳои молиявӣ ташкил меёбанд.
Аз ҳисоби маблағи ҷамъшудаи корхонаи иҷора хароҷоти моддӣ ва хароҷоти мушобеҳи он, маблағи музди меҳнат бароварда мешавад, андозҳо, пули иҷора, пардохти суғурта, пули захираҳои табиӣ ва қувваи корӣ, фоизи қарзҳо дода мешавад. Фоидаи боқимонда пурра дар ихтиёри корхонаи иҷора мемонад. Корхонаи иҷора мақсадҳои истифодаи ин фоидаро мустақилона муайян мекунад.
Корхонаи иҷора метавонад барои ҷалб намудани захираҳои иловагӣ коғазҳои қиматнок барорад, дар асоси қонунҳои дар амал буда заёмҳои мақсаднок барорад, дар бозори коғазҳои қиматнок иштирок намояд.
Барои харидани коғазҳои қиматнок аъзоёни коллективи меҳнатии корхонаи иҷора афзалият доранд.
Корхонаи иҷора метавонад дар асоси шартҳои муайянкардаи созишномаи тарафҳо, аз ҷумла мувофиқи аҳду паймони тарафайн роҷеъ ба ҳаҷми фоизи истифодаи онҳо аз маблағҳои худ ба корхонаю ташкилотҳои дигар пул қарз диҳад.
Маблағҳо аз ҳисоби корхонаи иҷора фақат бо иҷозати корхонаи иҷора ва ё бо қарори суди иқтисодӣ ё суд бароварда мешавад. Пул аз ҳисоби корхонаи иҷора фақат дар мавридҳои пешбиникардаи актҳои қонунӣ соқит карда мешавад. Агар корхонаи иҷора дар бобати аз ҳисоб соқит кардани пул розӣ набошад, вай ҳақ дорад дар бораи ситонидани пули беасос аз ҳисоб соқитшуда ба суди иқтисодӣ шикоят кунад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Моддаи 20. Меҳнат ва музди он
Муносибатҳои меҳнатии аъзоёни коллективи корхонаи иҷораро қонуни оид ба меҳнат бо назардошти хусусиятҳои муқарраркардаи ҳамин Қонун танзим мекунад.
Корхонаи иҷора тартиби киро кардан ва аз кор озод намудани коркунон, шаклу системаи додани музди меҳнат, тартиби рўзи кор, усули сменагии корро мустақилона муайян намуда, дар бораи баҳисобгирии умумии вақти кори қарор қабул мекунад, тартиби рўзҳои истироҳат ва рухсатиро муқаррар менамояд.
Корхонаи иҷора муддати рухсатии ҳарсолаи пулакиро мустақилона муайян менамояд. Дар айни замон давомоти он аз вақти барои категорияҳои дахлдори коргарону хизматчиёни корхонаҳои давлатӣ муайянгардида кам шуда наметавонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои ҷорӣ манфиати иҷтимоии меҳнаткашони корхонаҳои иҷораро ҳамаҷониба ҳифз мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.09.1991 № 397).
Барои коркуноне, ки аз сабаби ба иҷора додани корхонаи давлатӣ аз кор озод мешаванд, иҷорадеҳ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор ҳуқуқҳоеро кафолат медиҳанд, ки қонун барои коркуноне пешбинӣ кардааст, ки дар сурати тағйир ёфтан ва ё барҳам хўрдани корхонаи давлатӣ аз кор ҷавоб шудаанд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Корхонаи иҷора мувофиқи тартиб ба андозаи муқарраршудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтҳои дахлдор мегузаронад ва андоз месупорад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Моддаи 21. Моликияти корхонаи иҷора
Маҳсулоти истеҳсолшуда, даромад ва амволи дигаре, ки бо пули корхона харида шудаанд, моликияти корхонаи иҷора мебошад.
Дар амволе, ки мувофиқи шарту тартиби муайянкардаи оинномаи корхонаи иҷора моликияти он мебошад, андозаи саҳми аъзоёни коллективи меҳнатӣ дар буньёди ин амвол аз ҳисоби иштироки шахсиашон, инчунин маблағгузорӣ ва амволи дигари ҳиссагузоштаашон муайян карда мешавад.
Ба узви коллективи меҳнатӣ ба арзиши ҳиссааш дар моликияти корхонаи иҷора дар асоси оинномаи он қоғазҳои қиматнок дода шуданаш мумкин аст. Ба қоғазҳои қиматноки аъзоёни коллективи меҳнатӣ бо назардошти натиҷаҳои ниҳоии истеҳсолот ва вазифаҳои тараққии корхона мувофиқи ҳаҷми муайянкардаи коллективи меҳнати ҳаққи саҳм (дивиденд) дода мешавад.
Арзиши ҳақиқии қоғазҳои қиматнок дар мавридҳои пешбиникардаи оинномаи корхона ба соҳибонашон баргардонда мешавад.
Дар оинномаи корхонаи иҷора тартиб ва шартҳои додани ҳаққи саҳми аъзоёни коллективи меҳнатие, ки муносибатҳои меҳнатиро қатъ кардаанд, муайян карда мешаванд.
Моддаи 22. Ташкили корхонаи иҷора дар заминаи моликияти соҳаи корхонаи (иттиҳодияи) давлатӣ
Корхонаи иҷораро дар заминаи иҷораи моликияти истеҳсолот, сехҳо, шўъбаҳо, фирмаҳо ва ё соҳаҳои дигари корхонаи (иттиҳодияи) давлатӣ ташкил кардан мумкин аст. Чунии корхонаи иҷора бо ризоияти мақоми дахлдори давлатии идораи амволи давлатӣ созмон меёбад. Дар айни ҳол шартномаи иҷора бо корхонаи (иттиҳодияи) давлатие баста мешавад, ки қисме аз амволи вай ба иҷора мегузарад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Моддаи 23. Озмун барои иҷораи корхонаҳо (иттиҳодияҳо) ва амволи онҳо
Корхонаи (иттиҳодияи) давлатӣ ва ё соҳаи он ба тариқи озмун ба иҷора дода шуданаш мумкин аст.
Озмунро органи давлатие эълон мекунад, ки барои ба иҷора додани амволи дахлдор ҳуқуқ дорад.
Дар озмун коллективҳои меҳнатии корхонаҳои (иттиҳодияҳои) давлатӣ ва ё соҳаҳои онҳо, коллективҳои муштараки дарбаргирандаи коркуноне, ки дар ҳамин корхона, иттиҳодия (соҳа) кор намекунанд, гурўҳи гражданинҳое, ки бо мақсади ба иҷора гирифтани корхона, иттиҳодияи (соҳаи) дахлдор дар коллектив муттаҳид шудаанд, иштирок карда метавонанд. Коллективҳои мазкур барои иштирок дар озмун мувофиқи тартиби пешбиникардаи банди 1-и моддаи 16 ҳамин Қонун ташкилоти иҷоракоронро ташкил медиҳанд. Дар озмун корхонаҳои (иттиҳодияҳои) дигари давлатӣ, инчунин кооперативҳо ва ташкилотҳои ҷамьиятӣ иштирок карда метавонанд.
Коллективҳои меҳнатии корхонаҳои давлатӣ ва соҳаҳое, ки ба иҷора дода мешаванд, дар баробари шартҳои дигари якхела барои иҷора гирифтани корхонаи давлатӣ бештар ҳақ доранд. Иҷорадеҳ ва инчунин органҳои он ҳангоми баррасии пешниҳодоти ба озмун расидаи иҷоракорон ба онҳое, ки самарабахшии бештари истеҳсолотро таъмин намуда, қисми зиёди амволи ба иҷора пешниҳодкардаро қабул карда, ўҳдадор мешаванд, ки бештар иҷорапулӣ медиҳанд, бартарӣ хоҳанд дод.
Ташкилоти аз озмун гузаштаи иҷоракорон бо иҷорадеҳ шартномаи иҷора мебандад ва мувофиқи тартибу шартҳои пешбиникардаи моддаҳои 16-21 ҳамин Қонун ҳамчун корхонаи иҷора амал мекунад.
Моддаи 24. Дар заминаи амволи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил кардани корхонаҳои иҷора
Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд, ки корхонаҳо ва соҳаҳои онҳоро мувофиқи шартҳои муайянкардаи ин ташкилотҳо ба иҷора диҳанд. Дар баробари ин ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонанд ҳангоми муайян кардани тартиби ташкил ва шартҳои фаъолияти корхонаҳои иҷора принципҳои дар ҳамин фасл зикрёфтаро истифода баранд.
Моддаи 25. Корхонаи (иттиҳодияи) давлатӣ ва ё соҳаи онро ба иҷора гирифтани кооператив
Ҳангоми ба кооператив иҷора додани корхонаи давлатӣ ва ё соҳаи он муносибатҳои иҷоравӣ бо органи давлатие, ки барои ба иҷора додани корхона ваколатдор мебошад ва муқаррар мегарданд. Шартҳои шартномаи ба кооператив ба иҷора додан дар асоси моддаҳои 16 ва 18-и ҳамин Қонун муайян мегарданд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
ИҶОРАГИРИИ ГРАЖДАНИНҲО
Моддаи 26. Иҷораи фардӣ ва гурўҳӣ
Гражданин ва ё гурўҳи гражданинҳо метавонанд воситаҳои истеҳсолот ва моликияти дигареро, ки барои фаъолияти хоҷагиашон зарур аст, иҷора гиранд.
Шахсоне, ки ба фаъолияти меҳнатӣ дар асоси шартҳои иҷораи фардӣ ё гурўҳӣ машғуланд, баробари коргарону хизматчиён ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоиро доранд. Иҷоракорон мувофиқи тартибу ҳаҷми муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даромадашон ба фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ҳисса мегузаронанд. Давраи кори иҷоракорон, ки дар давоми он суғуртапулӣ дода шудааст, ба стажи кор дохил мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
Органҳо ва ташкилотҳо, аз ҷумла шахсони юридикии хориҷӣ, ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо, ки барои ба иҷора додан ваколат доранд, вазифадоранд дар муддати як моҳ аризаи гражданинҳоро дар бораи ба онҳо ба иҷора додани амвол, замин ва дигар захираҳои табиӣ дида бароянд.
Ихтилофотеро, ки ҳангоми бастани шартномаи иҷора, аз ҷумла беасос рад кардан ё аз мўҳлат дер дида баромадани аризаи ба иҷора додани амвол, замин ва захираҳои табиӣ ба миён меоянд, бевосита суд баррасӣ мекунад.
Моддаи 27. Фаъолияти хоҷагӣ ҳангоми иҷораи фардӣ ва гурўҳӣ
Иҷорагирони фардӣ ва ё гурўҳӣ мувофиқи шартнома ба маҳсулоти баровардаи худ мустақилона ихтиёрдорӣ мекунанд, онро дар ҳар минтақаи мамлакат мефурўшанд, мувофиқи нарху навои бо ризоияти истеъмолкунанда ва ё мустақилона муқарраркарда корҳоро ба ҷо меоранд ва хизмат мерасонанд. Онҳо метавонанд иҷрои супориши давлатиро ихтиёран ба ўҳда гирифта, маҳсулоти аз ҳисоби ин супориш истеҳсолшударо бо нархҳои яклухт, харид ва ё шартномавӣ фурўшанд.
Дар участкаҳои замини иҷора сохтани бино, ба ғайр аз бошишгоҳи саҳрои, ки ба он бояд розигии иҷорадеҳ бошад, роҳ дода намешавад.
Иҷоракор ба пули фурўши маҳсулот (корҳо, расонидани хизмат) баъди додани пули иҷора, андозҳо ва пардохти қарзи банк мустақилона ихтиёрдорӣ мекунад.
Таъминоти моддию техникӣ, нақлиёт, таъмиру тармим ва дигар намудҳои хизматрасонии иҷоракор дар хоҷагии қишлоқ дар асоси шартномае, ки мувофиқи тартиб ва шартҳои барои колхозу совхозҳо муқарраршуда баста шудааст, сурат мегирад.
Хоҷагиҳои меҳнатии иҷоракорон ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти истеҳсолиашон метавонанд бо колхозҳо, совхозҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ ва ҷамъиятӣ алоқаҳои кооперационӣ барқарор карда, кооперативҳои таъминоту фурўш, азнавкоркунӣ, таъмиру сохтмон ва дигар кооперативҳо, аз ҷумла хоҷагиҳои рафоқат ташкил кунанд.
Моддаи 28. Счёт дар банк, қарз
Иҷоракор ҳуқуқ дорад, ки дар муассисаҳои банк счёт кушояд. Ў ҳақ дорад, ки барои гузаронидани муомилоти қарз ва ҳисобу китоб мустақилона банк интихоб намояд.
Иҷоракорон метавонанд бо ризоияти муассисаҳои банк ва ё иҷорадеҳон барои тараққии истеҳсолот қарзи кўтоҳмуддат ва ё дарозмуддат гиранд.
Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонанд ба иҷоракорон барои ташкили хоҷагӣ, тараққии истеҳсолот, обёрии замин, сохтмони роҳ ва манзил қарз ё бо подош пул ҷудо кунанд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).
ФАСЛИ II. ПУДРАТИ ИҶОРАВИИ ДОХИЛИХОҶАГӢ
Моддаи 29. Истифодаи пудрати иҷоравии дохилихоҷагӣ
Пудрати иҷоравии дохилихоҷагӣ ҳамчун шакли ташкил ва додани музди меҳнати баъзе коркунон, коллективҳои соҳаҳо, гурўҳҳои коркунон (минбаъд-коллективҳои ичоравӣ) метавонад дар корхонаҳои давлатӣ, коллективӣ ва ҷамъиятӣ истифода шавад.
Корхона бо ризоияти комитети иттифоқи касаба низомномаи пудрати иҷоравии дохилихоҷагӣ, нархҳои ҳисобии маҳсулот ва тарифҳои дохилихоҷагиро барои кор ва хизматрасонӣ, шаклҳои ба ҳисоб гирифтани хароҷоти моддӣ ва хароҷоти дигари коллективҳои иҷораро тасдиқ мекунад.
Коллективҳои иҷораи корхонаи давлатӣ шаклу системаи додани музд, тартиби рўзи кор, сменаи корро мустақилона муайян карда, дар бораи ҷорӣ намудани усули ба ҳисоб гирифтани вақти кори умумӣ қарор қабул менамоянд, тартиби муайян кардани рўзҳои истироҳатро бидуни вайрон намудани мутобиқати зарурии фаъолияти соҳаҳои гуногуни корхона муқаррар мекунанд.
Коргарони нав бо ризоияти коллективи иҷора ба кор қабул карда мешаванд.
Дар шартномаи пудрати иҷоравӣ дар хоҷагии қишлоқ ҳуқуқи коллективи иҷора дар боби аз номи корхона бастани шартноми меҳнатӣ барои иҷрои корҳои муайян бо гражданиҳои аъзои коллективи иҷора набуда пешбинӣ шуданаш мумкин аст. Музди меҳнати чунин гражданинҳо аз ҳисоби пуле дода мешавад, ки барои музди меҳнати аъзоёни коллетиви иҷора пешбинӣ шудааст.
Моддаи 30. Ташкили фаъолияти хоҷагии коллективи иҷора
Коллективи иҷора мувофиқи шартномаи пудрати иҷоравӣ вазифадор мешавад, ки маҳсулотро истеҳсол карда, кор, хизматрасониро ба корхона супорад ва ё бо супориши иҷорадеҳ маҳсулоти дар шартнома пешбинишударо ба корхонаҳои дигар ва ё гражданинҳо фурўшад.
Коллективи иҷора метавонад ба маҳсулоти (кор, хизматрасонии) илова бар ҳаҷми шартномаи истеҳсолкардааш, агар қонун ва ё шартнома шартҳои дигарро муқаррар накарда бошад, бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ кунад.
Дар шароити пудрати иҷоравӣ корхона бо буҷет, банк ва дигар органҳо аз рўи натиҷаи тамоми фаъолияташ мувофиқи тартиби муайяншуда ҳисобу китоб мекунад. Вай вазифаи ба нақша гирифтани номгўй ва ҳаҷми асосии истеҳсоли маҳсулот (корҳо, хизмат)-ро ба зимаи худ гирифта, инчунин сиёсати ягонаи техникиро мегузаронад, мувофиқи плани барои корхона умумӣ онро аз нав сохта, бо техникаи нав муҷаҳҳаз мекунад, соҳаи иҷтимоиро тараққӣ медиҳад.
Коллективи корхонаи иҷора программаи истеҳсолиашро бо назардошти шартномаи пудрати иҷоравӣ мустақилона тартиб медиҳад.
Шартномаи пудрати иҷоравӣ ҳаҷму тартиби иштироки коллективи иҷораро дар хароҷоту пардохти корхона, аз ҷумла хароҷот барои тараққиёти истеҳсолот, илму техника ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ муайян мекунад.
Дар шартномаи пудрати иҷоравӣ масъулияти тарафҳо барои иҷро накардан ва ё ба қадри кофӣ иҷро накардани ўҳдадориҳои пешбиникардаи шартнома муайян карда мешавад.
Корхона ба коллективи иҷоравии соҳа ҳуқуқи аз номи вай бастани шартномаи хоҷагиро дода метавонад. Чунин коллективи иҷора ҳақ дорад дар муассисаи банк счёт кушояд. Коллективи иҷора аз рўи шартнома ба амволе, ки ба ихтиёраш гузошта шудааст, ҷавобгар аст. Дар сурати нарасидани амвол мувофиқи ўҳдадориҳои коллективи иҷора корхона ҷавобгар мешавад.
Совхозҳо, колхозҳо ва корхонаҳои дигари хоҷагии қишлоқ дар асоси шартнома ба коллективҳои иҷоракори соҳаҳо барои мустақилона фурўхтани маҳсулоташон (корҳо, хизматрасонӣ), истифодаи даромад барои додани музд, андозу пардохт ба буҷет, ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ ҳуқуқ дода метавонанд. Чунин коллективҳои иҷора метавонанд дар муассисаҳои банк ё марказҳои молиявию ҳисобӣ счёт кушоянд.
Иҷорадеҳ дар шароити иҷораи дохилихоҷагӣ метавонад ба иҷоракор ҳар гуна имтиёзҳо диҳад.
Моддаи 31. Иҷорапулӣ дар шароити пудрати иҷоравӣ
Иҷорапулӣ барои замин ва чорвои маҳсулдеҳ ба андозаи фоидаи ба нақшагирифта (нормативӣ), ки ҳангоми истифодаи замин ва хароҷоти ба даст омаданаш мумкин аст, бо назардошти сифати онҳо ва хароҷоти ҷамъиятии зарурӣ барои истеҳсоли маҳсулот муқаррар карда мешавад.
Подош барои амволи ба ихтиёри коллективи иҷора додашуда (иҷорапулӣ) дар шартномаи пудрати иҷоравӣ муайян карда мешавад. Дар сурати тағйир ефтани нарх ва шартҳои дигари иқтисодӣ ҳаҷми иҷорапулӣ метавонад бо ризоияти тарафҳо таҷдиди назар шавад.
Агар суғуртаи киштзор, чорво ва амволи дигари иҷоравӣ аз тарафи корхона сурат гирифта бошаду коллективи иҷора бинобар офати табиӣ ва ё ҳодисаҳои дигар ҳаҷми дар шартнома зикрёфтаи маҳсулотро гирифта натавонад, иҷорапулӣ дар ҳаҷми маблағи аз суғурта гирифтаи корхона таносубан кам карда мешавад.
Коллективи иҷора ҳақ дорад, ки бо ризоияти корхона аз номи вай барои суғуртаи киштзор, чорво ва амволи дигар шартнома бандад. Дар ин маврид ҳангоми офати табиӣ ва ҳодисаҳои дигари суғуртавӣ тағйири иҷорапулӣ пешбинӣ намешавад.
Моддаи 32. Даромади коллективи иҷора
Даромади коллективҳои иҷора аз пули фурўше, ки баъди додани иҷорапулӣ, баровардани кусури хароҷоти моддӣ, ҳиссаҷудокуниҳои дигаре, ки дар шартнома пешбинӣ шудаанд, боқӣ мемонад, ташкил меёбад. Даромади дар ихтиёри коллективи иҷора монда мустақилона ихтиёрдорӣ карда, гирифта намешавад.
Тартиби танзими ҳаҷми пулеро, ки барои додани музди меҳнат, сарф мешавад, шартномаи пудратӣ муайян мекунад.
Моддаи 33. Кафолати ҳуқуқҳои коллективи иҷора
Амволеро, ки мувофиқи шартномаи пудрати иҷоравӣ ба коллективи иҷора дода шудааст, корхона барагардонида гирифта наметавонад.
Пеш аз мўҳлат тағйир додани шартнома ё қатъ намудани шартномаи пудрати иҷоравӣ танҳо бо ризоияти коллективи иҷора ва иҷорадеҳ роҳ дода мешавад.
Дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ амали шартнома баъди анҷоми соли хоҷагӣ, камаш 2 моҳ пеш бо огоҳ кардани тарафи дигар тағйир дода ё қатъ карда мешавад.
Баҳсҳои байни коллективи иҷора ва корхонаҳоро, ки ҳангоми иҷро намудан, қатъ кардан ва тағйир додани шартномаи пудрати иҷоравӣ сар мезананд, ҳаками давлатӣ ё суд дида мебарояд.
 
 
Президенти
ҶШС Тоҷикистон                                                                                 Қ. МАҲКАМОВ
ш. Душанбе,
 аз 6 декабри соли 1990, № 184