ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АВФ"

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Чшб, 13/10/2021 - 16:44
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
1803
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
07.09.2021
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ДАР БОРАИ АВФ"
Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"-ро қабул менамояд.
Моддаи 1
Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда, маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:
1) занон;
2) ноболиғон;
3) мардони аз синни 55 боло;
4) маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан, бемории ишемиявии дил- стенокардияи фаъолияти ҷисмонии ба гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;
5) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд;
6) шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд;
7) шаҳрвандони хориҷӣ.
Моддаи 2
Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъиншуда, аз адои ҷазо озод карда шаванд.
Моддаи 3
Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо ё адои ҷазо озод карда шаванд, агар:
1) нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад;
2) нисбати онҳо ҷазо шартан татбиқ нашуда бошад;
3) онҳо ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истода бошанд;
4) онҳо шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шуда бошанд;
5) онҳо ба ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шуда бошанд;
6) онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 245, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 257, қисми 2 моддаи 264 ва моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расондашударо пурра талофӣ карда бошанд.
Моддаи 4
Маҳкумшудагони зерин, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд:
1) барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол аз озодӣ маҳрум шудаанд;
2) барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд;
3) барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд.
Моддаи 5
Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шавад:
1) оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 1 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд;
2) нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд;
3) нисбати шахсоне, ки қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ё дараҷаи миёна содир намудаанд;
4) нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 245, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 257, қисми 2 моддаи 264 ва моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)-ро содир карда, зарари моддии расондашударо пурра талофӣ намудаанд.
Моддаи 6
Муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо амали моддаҳои 1, 2, бандҳои 3) ва 6) моддаи 3, моддаҳои 4 ва 5 Қонуни мазкур татбиқ намегардад, кам карда шавад:
1) нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноят аз беэҳтиётӣ ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз ду як ҳисса;
2) нисбати маҳкумшудагоне, ки ба онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудаастаз ду як ҳисса;
3) нисбати маҳкумшудагоне, ки ба онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз се як ҳисса;
4) нисбати маҳкумшудагоне, ки ба онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз чор як ҳисса.
Моддаи 7
Муқаррароти моддаҳои 5 ва 6 Қонуни мазкур нисбат ба шахсони зерин татбиқ карда намешаванд:
1) барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 61, 62, 63, 64, 65, 66, 67, 68, 69, 70, 74, 104, 105 ва 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд;
2) барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, моддаҳои 138, 139, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 142(1), моддаҳои 143(1), 179, 179(2), 186, 187, 188, 189, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 201, моддаҳои 249, 262, 289, 305, 306, 307, 307(1), 307(2), 307(3), 307(4), 308, 309, 310, 313, қисми 3 моддаи 314, қисми 4 моддаи 319, моддаҳои 328, 329, 401 ва 401(1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд;
3) ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд;
4) маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;
5) барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.
Моддаи 8
1. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 5 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, татбиқ карда намешаванд:
1) барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61, 62, 63, 64, 65, 66, 67, 68, 69, 70, 74, 104, 105 ва 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961);
2) барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 2 моддаи 109, қисми 3 моддаи 110, моддаи 122, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, моддаҳои 130, 130(1), қисми 3 моддаи 131, моддаҳои 137, 137(1), 138, 139, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 141, қисми 2 моддаи 142, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 142(1), моддаҳои 143(1), 167, 179, 179(1), 179(2), 179(3), 181, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 184(1), қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184(2), қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184(3), моддаҳои 184(4), 185, 186, 187, 188, 189, 193, 194, 194(1), 195, 196, 199, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 201, қисми 3 моддаи 202, қисми 3 моддаи 202(1), қисми 3 моддаи 202(2), қисми 3 моддаи 203, қисми 4 моддаи 204, қисми 2 моддаи 205, моддаи 206, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, қисми 3 моддаи 237, моддаи 240, қисми 4 моддаи 244, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 248, моддаҳои 249, 250, қисми 3 моддаи 252, моддаҳои 262, 281, 286, 289, 305, 306, 307, 307(1), 307(2), 307(3), 307(4), 308, 309, 310, 313, қисми 3 моддаи 314, қисми 4 моддаи 319, қисми 2 моддаи 320, моддаҳои 328, 329, 330, 331, 332, 335, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 335(1), қисми 2 моддаи 338(1), моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), қисмҳои 2 ва 3 моддаи 356, моддаҳои 364, 365, қисми 2 моддаи 368, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 369, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 370, моддаҳои 373, 374, 375, 382, 383, 384, 385, қисми 4 моддаи 386, қисми 3 моддаи 389, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 391, моддаҳои 393, 395, 396, 397, 398,399, 400, 401, 401(1), 402, 403, 404 ва 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998);
3) ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд;
4) нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;
5) барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд;
6) ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир кардаанд;
7) барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 245, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 257, қисми 2 моддаи 264 ва моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шуда, зарари моддии расондашударо пурра талофӣ накарда бошанд.
2. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 5 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 2 моддаи 109, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, қисми 3 моддаи 130(1), моддаҳои 138, 139, 143(1), 179, 179(1), 179(2), 179(3), 185, 186, 187, 188, 189, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 201, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, моддаҳои 249, 262, 289, 305, 306, 307, 307(1), 307(2), 307(3), 307(4), 308, 309, 310, 313, қисми 4 моддаи 319, моддаҳои 328, 329, 330, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 401(1), 402, 403, 404 ва 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)-ро содир намудаанд, инчунин нисбати занон ва ноболиғоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 245, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 257, қисми 2 моддаи 264 ва моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шуда, зарари моддии расондашударо пурра талофӣ накарда бошанд, татбиқ карда намешаванд.
3. Муқаррароти банди 3) моддаи 3 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки дар давраи адои ҷазо ҷиноят содир намудаанд, татбиқ карда намешавад.
Моддаи 9
Муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо амали моддаи 6 Қонуни мазкур татбиқ намегардад, кам карда шавад:
1) муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисми 1 моддаи 104, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 138, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 139, моддаҳои 179(2), 188, 189, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 201, моддаҳои 249, 307(2), 307(3), 307(4), 308, 309 ва 310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, як сол кам карда шавад;
2) муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки бо ҳукми суд барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳои дар қисми 2 моддаи 189, қисми 2 моддаи 307 ва қисмҳои 1 ва 2 моддаи 307(1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати зиёда аз 20 сол маҳкум шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, чор сол кам карда шавад;
3) муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисми 2 моддаи 307 ва қисми 2 моддаи 307(1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, се сол кам карда шавад.
Моддаи 10
Қонуни мазкур ба шахсоне, ки нисбати онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" аз 25 октябри соли 2019 татбиқ шудааст ва онҳо боз ҷинояти қасдона содир намудаанд, татбиқ намегардад.
Моддаи 11
1. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне паҳн мегардад, ки то мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, ё парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар судҳо баррасӣ нагардидааст, ё мавриди баррасӣ қарор дорад ва ё аз ҷониби судҳо маҳкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум шуда, барои адои минбаъдаи ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд.
2. Татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад.
Моддаи 12
Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи мақомот ва муассисаҳои зерин гузошта шавад:
1) мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ - нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии ин мақомот қарор доранд;
2) судҳо:
а) нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо ба судҳо ворид гардидаанд, вале то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд ё баррасӣ гардидаанд, вале ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо накардааст;
б) нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ ва фармондеҳии қисмҳои ҳарбие, ки рафтори маҳкумшуда ва хизматчиёни ҳарбиро назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда ва судҳои ҳарбӣ);
в) нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);
г) нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (бо пешниҳоди иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст);
3) муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
а) нисбати шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду ба ҳабс гирифта нашудаанд ва ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст;
б) нисбати шахсоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷойи корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ҳамчун ҷазои асосӣ маҳкум карда шудаанд;
в) нисбати маҳкумшудагоне, ки ҳукми суд нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доранд;
г) нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;
4) фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ - нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки нисбаташон пешбурди таҳқиқ ё парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқи қисмҳои ҳарбӣ оғоз карда шудааст.
Моддаи 13
1. Қарор дар бораи татбиқ кардан ё рад кардани татбиқи Қонуни мазкур нисбати ҳар шахс алоҳида қабул карда мешавад.
2. Қарор дар бораи татбиқи Қонуни мазкур нисбати шахсе, ки дар кофтуков қарор дорад, танҳо пас аз дастгир шудан ё ҳозир шуданаш ба мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва суд қабул карда мешавад.
3. Дар сурати нокифоя будани маълумоти зарурӣ баррасии масъалаи татбиқи Қонуни мазкур то дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале ба муҳлати на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.
Моддаи 14
1. Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкурро бо розигии прокурори дахлдор татбиқ менамоянд.
2. Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо бо иштироки ҳатмии прокурор татбиқ карда мешавад.
Моддаи 15
1. Ҳангоми татбиқи Қонуни мазкур ҳолатҳои зерин бояд ба инобат гирифта шаванд:
1) амали бандҳои 1) ва 2) моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғон ба шарте татбиқ мегарданд, ки онҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир карда бошанд ва ҷинояти содиркардаашон ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 2 моддаи 109, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, қисми 3 моддаи 130(1), моддаҳои 138, 139, 143(1), 179, 179(1), 179(2), 179(3), 185, 186, 187, 188, 189, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 201, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, моддаҳои 249, 262 , 289 , 305 , 306 , 307 , 307(1), 307(2), 307(3), 307(4), 308, 309, 310, 313, қисми 4 моддаи 319, моддаҳои 328, 329, 330, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 401(1), 402, 403, 404 ва 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) набошад, инчунин нисбати занон ва ноболиғоне, ки онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 245, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 257, қисми 2 моддаи 264 ва моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шуда, зарари моддии расондашударо пурра талофӣ накарда бошанд, муқаррароти банди 6) моддаи 3 ва банди 4) моддаи 5 ҳамин Қонун татбиқ карда намешаванд;
2) амали банди 2) моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки дар рӯзи содир кардани ҷиноят ба синни 18 нарасидаанд;
3) амали банди 3) моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати мардоне татбиқ мегардад, ки дар рӯзи мавриди амал қарор додани ҳамин Қонуни ба синни 55 расидаанд;
4) амали банди 4) моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III дониста шудаанд, инчунин нисбати беморони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан, бемории ишемиявии дил- стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV буда, то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраргардида дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд;
5) таҳти амали банди 5) моддаи 1 Қонуни мазкур қарор мегиранд:
а) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, ки дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои маҳалли зисташон расман ба қайд гирифта шудаанд;
6) шахсони бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарардида, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд" ба гурӯҳи чунин шахсон дохил карда шудаанд.
2. Ҳангоми татбиқи моддаҳои 6 ва 9 ҳамин Қонун қисми муҳлати ҷазои адонагардидае кам карда мешавад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур боқӣ мондааст.
Моддаи 16
1. Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо ё маҷмӯи ҳукмҳо айбдор дониста ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз ин ҷиноятҳо дар моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинӣ шуда бошад.
2. Шахсоне, ки барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо ё маҷмӯи ҳукмҳо айбдор дониста ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз ҷиноятҳои содирнамудаи онҳо дар моддаҳои 61, 62, 63, 64, 65, 66, 67, 68, 69, 70, 74, 104, 105 ва 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) ва қисми 2 моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, қисми 3 моддаи 138, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 139, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 142(1), моддаҳои 143(1), 179, 186, 187, қисми 3 моддаи 189, моддаҳои 262, 289, 305, 306, 313, қисми 3 моддаи 314, қисми 4 моддаи 319, моддаҳои 328, 329, 401 ва 401(1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда бошад, муқаррароти моддаи 9 Қонуни мазкур нисбати онҳо татбиқ карда намешавад.
3. Нисбати шахсоне, ки барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва ё маҳкум шудаанд, вале қисми мавод ва парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар пешбурди тафтишоти пешакӣ ё судӣ қарор доранд, масъалаи татбиқи Қонуни мазкур нисбати онҳо танҳо баъди қабул намудани қарори ниҳоӣ аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ ё суд мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Моддаи 17
Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расондаашон озод карда намешаванд.
Моддаи 18
Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин ҷиноятҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд.
Моддаи 19
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин мақомоти дахлдор вазифадоранд:
1) барои бо ҷойи кор таъмин кардани шахсоне, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шуда, ба маҳалли зисташон баргаштаанд, чораҷӯйӣ намоянд;
2) назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои дар мактабинтернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд;
3) шахсони озодгардидаи беморро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони бесаробонро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ҷойгир намоянд.
Моддаи 20
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони аз адои ҷазо озодшударо таъмин намуда, рафтори онҳоро таҳти мушоҳида ва назорат қарор диҳанд.
Моддаи 21
1. Иҷрои Қонуни мазкур дар давоми ду моҳ таъмин карда шавад.
2. Агар масъалаи татбиқи Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир намудаанд, пас аз муҳлати пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур ба миён ояд, Қонуни мазкур аз тарафи мақомоти дар моддаи 12 ҳамин Қонун пешбинишуда бо тартиби умумӣ татбиқ карда мешавад.
Моддаи 22
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баъди ду моҳи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Моддаи 23
Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон
  ш. Душанбе
7 сентябри соли 2021, № 1803