ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ»

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Сшб, 11/01/2022 - 17:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
1831
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
23.12.2021
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ»
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) агенти варзишӣ – шахси  воқеӣ ё ҳуқуқие, ки тавассути иҷрои  амалҳои ҳуқуқӣ ва фаъолияти дигар ҷиҳати бо кор таъмин кардани варзишгар ва ё мураббӣ дар клуби касбии варзишӣ мусоидат менамояд;
2) ассотсиатсияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш – иттифоқи варзишгарони мустақил, федератсияҳои варзишӣ, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ;
3) барномаи тайёрии варзишӣ – ҳуҷҷате, ки барои тайёр кардани варзишгарон тибқи талаботи стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ таҳия гардида, самтҳои асосӣ ва шароити тайёрии варзиширо дар ҳар як зинаи он муқаррар менамояд:
4) бозиҳои олимпӣ – мусобиқаҳои варзишӣ дар намудҳои инфиродӣ ва даставии намудҳои олимпии варзиш, ки дар чор сол як маротиба байни варзишгарони панҷ қитъаи ҷаҳон таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ гузаронида мешаванд;
5) бозиҳои паралимпӣ – мусобиқаҳои байналмилалии зимистона ва тобистонае, ки дар чор сол як маротиба байни варзишгарони маъюби бо осеби аъзои такяву ҳаракаткунанда ва аъзои босира таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии паралимпӣ гузаронида мешаванд;
6) бозиҳои сурдлимпӣ – мусобиқаҳои байналмилалии зимистона ва тобистонае, ки байни варзишгарони маъюб бо иллати аъзои сомеа (шунавоӣ) гузаронида мешаванд;
7) варзиш – як рукни тарбияи ҷисмонӣ, соҳаи фаъолияти иҷтимоие, ки дар шакли таҷрибаи махсуси тайёрии инсон ба мусобиқаҳо ва фаъолияти мусобиқавӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои варзишӣ ташаккул ёфтааст;
8) варзиши дастоварди олӣ – қисми варзише, ки аз ҷониби варзишгар  ё дастаи варзишӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ дар мусобиқаҳои расмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии варзишӣ равона гардидааст;
9) варзиши донишҷӯён – қисми варзише, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва тайёрии ҷисмонии таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои иштирок дар чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ равона гардидааст;
10) варзиши касбӣ – қисми варзише, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ ва гирифтани фоида аз ҷониби шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ равона гардидааст;
11) варзиши кӯдакон ва наврасон – қисми варзише, ки ба тарбияи ҷисмонӣ, тайёрии варзишии кӯдакон ва наврасон ва иштироки онҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ равона гардидааст;
12) варзиши мактабӣ – қисми варзише, ки ба тарбия ва тайёрии ҷисмонии таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва тайёр намудани онҳо барои иштирок дар чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ равона гардидааст;
13) варзиши оммавӣ – қисми варзише, ки ба тарбияи ҷисмонӣ, солимгардонӣ ва ташаккули ҷисмонии шаҳрвандон, инчунин, иштироки онҳо дар чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва оммавии варзишӣ равона гардидааст; 
14) варзишгар – шахси воқеие, ки мунтазам ба намуд ё намудҳои интихобкардаи варзиш машғул шуда, доимо маҳорати варзишии худро баланд мебардорад ва дар чорабиниҳои варзишӣ иштирок менамояд;
15) варзишгар - дастурдиҳанда – варзишгари амалкунандаи дорои натиҷаи баланди варзишӣ, ки узви дастаи ташкилоти тайёрии варзишии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, дорандаи унвони варзишӣ буда, вобаста ба фаъолияти худ музди меҳнат ва ё дигар намуди мукофот мегирад;
16) варзишгари касбӣ – шахси воқеие, ки машғул шудан ба варзиши касбӣ барояш фаъолияти асосӣ буда, тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар соҳаи варзиши касбӣ барои тайёрӣ ба мусобиқаҳои варзишӣ, иштирок дар онҳо ва натиҷаҳои нишондода бо тартиби муқарраргардида музди меҳнат ва ё дигар намуди мукофот мегирад;
17) варзишгари дорои маҳорати олӣ – варзишгари узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди муайяни варзише, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ иштирок менамояд ва ё дорои унвони варзишии на поён аз «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад; 
18) варзишгари маъюб – шахси воқеие, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва зеҳнӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба намуд ё намудҳои дастраси варзиш мунтазам машғул шуда, дар чорабиниҳои варзишӣ иштирок менамояд;
19) дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди муайяни варзиш (минбаъд – дастаи  мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон) – гурӯҳи варзишгарон, инчунин, мураббиёни онҳо, табибон ва дигар мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишие, ки дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ тайёрӣ мебинанд ва аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд;
20) довари варзиш – шахси воқеие, ки тайёрии махсусро гузашта, соҳиби дараҷаи дахлдори тахассусӣ гаштааст ва аз ҷониби ташкилкунандаи мусобиқаи варзишӣ барои таъмин намудани риояи қоидаҳои намуди варзиш ва низомномаҳо оид ба мусобиқаи варзишӣ ваколатдор гардидааст;
21) захираи варзишӣ – варзишгароне, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ иқтидор доранд ва тайёрии варзиширо бо мақсади дохил намудани онҳо ба ҳайати дастаҳои мунтахаби варзишӣ, аз ҷумла дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои муайяни  варзиш, мегузаранд; 
22) иншооти варзишӣ – молу мулки ғайриманқуле, ки барои гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва ё чорабиниҳои варзишӣ пешбинӣ гардидаанд;
23) клуб ва толори варзишӣ – ташкилоти тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратие, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият, тобеияти идоравӣ ва мансубияти соҳавӣ аз ҷониби шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ таъсис дода шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ, варзишӣ ва ё солимгардонӣ пешбинӣ гардидааст;
24) клуби касбии варзишӣ – шахси ҳуқуқие, ки иштирокчии мусобиқаи касбии варзишӣ мебошад ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи ташкилкунандаи мусобиқаи касбии варзишӣ оид ба иштирок дар чунин мусобиқа дархост намудааст;
25) қоидаи намуди варзиш – меъёрҳои умумиэътирофшудаи намуди муайяни  варзише, ки онҳоро ба роҳбарӣ гирифта, мусобиқаи варзишӣ гузаронида мешавад;
26) лигаи касбии варзишӣ – шахси ҳуқуқӣ, ки дар шакли ташкилию ҳуқуқии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, мақсади асосии фаъолияти он ташкил ва ё гузаронидани мусобиқаҳои касбии варзишӣ мебошад; 
27) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки функсияҳои махсуси иҷроиявӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муқарраргардидаро анҷом медиҳад;
28) маҳрумсозии (дисквалификатсияи) варзишӣ –  ҷазои варзишӣ дар намуди маҳрум намудани варзишгар, мураббӣ, довари варзиш, табиби варзишӣ ва кормандону мутахассисони дигари соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ ва ё аз фаъолияти касбии меҳнатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қоидаҳои муқарраргардида мебошад; 
29) мураббӣ – шахси воқеии дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ё олии касбии соҳавие, ки чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо мегузаронад, тарбияи ҷисмонӣ ва тайёрии варзишии варзишгаронро ба мусобиқаҳои варзишӣ амалӣ мекунад, инчунин, фаъолияти мусобиқавии онҳоро барои ба даст овардани натиҷаҳои варзишӣ роҳбарӣ менамояд;
30) мусобиқаи варзишӣ – сабқате, ки байни варзишгарон ё дастаҳои варзишгарон оид ба намудҳои гуногуни варзиш (низомҳои варзишӣ) бо мақсади муайян намудани беҳтарин иштирокчии сабқат тибқи низомномаи тасдиқшудаи мусобиқаи варзишӣ гузаронда мешавад;
31) мусобиқаи касбии варзишӣ – мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди даставии варзише, ки иштирок дар он барои ба даст овардани фоида равона гардида, яке аз шартҳои рухсат додани варзишгар  мавҷуд будани муносибатҳои меҳнатӣ бо клуби дахлдори касбии варзишӣ мебошад. Дар намудҳои дигари варзиш ба сифати мусобиқаи касбии варзишӣ мусобиқаи варзишие фаҳмида мешавад, ки иштирок дар он барои ба даст овардани фоида равона гардидааст ва чунин сифат аз ҷониби ташкилкунандагони он мутобиқи низомномаи мусобиқаҳои варзишӣ муайян карда шудааст;
32) назорати маводи барангезандаю неруафзо (допинг) – ҷараёни банақшагирие, ки гузаронидани ташхис, гирифтани намуна барои таҷзия ва кор бо он, таҷзияи лабораторӣ, қарори  баъди санҷиш ва пешниҳоди муроҷиатро дар бар мегирад;
33) намуди варзиши ғайриолимпӣ – намуди варзише, ки ба барномаи бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ ворид нагардидааст, дар ҷомеаи варзишии ҷаҳон рушд ёфта, аз ҷониби федератсияи байналмилалии варзиш роҳбарӣ карда мешавад;
34) намуди варзиши миллӣ – намуди варзише, ки таърихан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шакли фаъолияти мусобиқавӣ ба вуҷуд омадааст ва хусусияти иҷтимоиву фарҳангӣ дорад;
35) намуди варзиши олимпӣ – намуди варзише, ки ба барномаи бозиҳои олимпӣ ворид гардида, аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ мутобиқи Хартияи олимпӣ эътироф карда шудааст;
36) намудҳои варзиши техникӣ ва амалӣ – намудҳои варзише, ки тайёрии махсуси варзишгарро ба мусобиқаҳои варзишӣ бо истифодаи лавозимоти техникӣ пешбинӣ менамоянд;
37) намудҳои варзиши ҳарбиву амалӣ ва хизмативу амалӣ – намудҳои варзише, ки асоси онҳоро амалиётҳои махсус, аз ҷумла усулҳои алоқаманд бо иҷрои уҳдадориҳои хизматии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, тайёр намудани шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда ташкил дода, дар доираи фаъолияти як ё якчанд мақомоти дахлдори давлатӣ рушд меёбанд;
38) низоми варзишӣ – қисми намуди варзише, ки дорои аломатҳои фарқкунанда буда,  як ё якчанд намуди варзиш ва барномаи мусобиқаҳои варзиширо дар бар мегирад; 
39) рамзҳои чорабинии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ – парчам, нишон, суруд, шиор, номи расмӣ, тамғаи молӣ ва воситаҳои дигари фардикунонии чорабинии тарбияи ҷисмонӣ ё варзишӣ, инчунин, объектҳои ҳуқуқи моликияти зеҳние, ки ташкилкунандагони чорабинии тарбияи ҷисмонӣ ё варзишӣ қабул намудаанд; 
40) рекорди варзишӣ – дастоварди олии тасдиқшудаи иҷрои меъёри варзишӣ аз ҷониби варзишгар (варзишгарон);
41) сармураббии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон – мураббие, ки барои роҳбарӣ, тайёрӣ, ташаккул, банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва иштироки дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ масъул мебошад;
42) стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ – маҷмуи талаботи таҳия ва тасдиқшудаи тайёрии варзишӣ аз рӯи намудҳои варзише (ба истиснои намудҳои варзиши ҳарбиву амалӣ ва хизмативу амалӣ), ки барои ташкилотҳои амаликунандаи тайёрии варзишӣ ҳатмӣ мебошанд;
43) тайёрии варзишӣ – фаъолияти мақсаднок оид ба тайёр кардани варзишгарон ба мусобиқаҳои варзишӣ бо роҳи ташаккул ва такмили маҳорати варзишии онҳо, ки мувофиқи талаботи стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ ва барномаҳои тайёрии варзишӣ амалӣ карда мешавад;
44) тарбияи ҷисмонӣ – қисми таркибии фарҳанг ва соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ буда аз маҷмуи арзишҳои маънавие иборат аст, ки ба таҳкими саломатӣ, инкишофи қобилияти ҷисмонии инсон, инчунин, интихоби тарзи  ҳаёти солим равона гардидааст;
45) ташкилоти тайёрии варзишӣ – ташкилоти давлатӣ ва хусусии ғайритиҷоратие, ки фаъолияти асосии онро тайёрии варзишӣ ташкил менамояд ва он ба амалӣ намудани барномаҳои тайёрии варзишӣ равона шудааст;
46) ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ – иттиҳодияҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ (федератсияҳои варзишӣ) ва иттифоқҳои онҳо, клубҳои варзишӣ, клубҳои касбии варзишӣ, клубҳои тарбияи ҷисмониву варзишӣ, иттиҳодияҳои клубҳои тарбияи ҷисмониву варзишӣ, толорҳои варзишии хусусӣ ва ё давлатӣ, ташкилотҳои тайёрии варзишӣ, иттифоқҳои касбӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, лигаҳои касбии варзишӣ, лигаи варзишии донишҷӯён, ташкилотҳои ҷамъиятии ташкилкунандаи мусобиқаҳо оид ба намудҳои варзиши ҳарбиву амалӣ ва хизмативу амалӣ, новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, инчунин соҳибкорони инфиродие, ки дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолият менамоянд;
47) федератсияи варзишӣ – ташкилоти ҷамъиятии ғайритиҷоратие, ки дар асоси узвият ва бо мақсади рушд додани намуди муайяни варзиш, ташвиқу таблиғи он, ташкил, гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва тайёр намудани варзишгарон – аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст; 
48) ҳаракати олимпии Тоҷикистон – қисми таркибии ҳаракати байналмилалии олимпӣ буда, мақсади он тарғибу ташвиқ, ҷорӣ намудани принсипҳои ҳаракати олимпӣ, мусоидат ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими ҳамкории байналмилалии варзишӣ, иштирок дар бозиҳои олимпӣ ва чорабиниҳои дигари байналмилалие, ки аз тарафи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва ассотсиатсияҳои қитъавии кумитаҳои миллии олимпӣ гузаронида мешаванд, мебошад;
49) ҳаракати паралимпии Тоҷикистон – қисми таркибии ҳаракати байналмилалии паралимпӣ буда, мақсади он мусоидат ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши маъюбон, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мазкур ва иштирок дар бозиҳои паралимпӣ ба шумор меравад;
50) ҳаракати сурдлимпии Тоҷикистон – қисми таркибии ҳаракати байналмилалии сурдлимпӣ буда, мақсади он мусоидат ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши маъюбон бо иллати узвҳои сомеа (шунавоӣ), таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мазкур ва иштирок дар бозиҳои сурдлимпӣ мебошад;
51) чорабиниҳои варзишӣ – чемпионат ва мусобиқаҳои варзишӣ, ҷамъомадҳои машқиву варзишӣ, чорабиниҳои машқие, ки қисмҳои назариявӣ ва ташкилиро дар бар мегиранд, инчунин, чорабиниҳои дигаре, ки ба тайёрӣ ва иштироки варзишгарон ба мусобиқаҳои варзишӣ равона гардидаанд;
52) чорабиниҳои расмии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ – чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишие, ки ба нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии дохилӣ ва байналмилалӣ  ворид карда шудаанд;
53) чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ – машғулиятҳои муташаккилонаи шаҳрвандон ба тарбияи ҷисмонӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои қонунгузорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
Қонунгузорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, ҳамчунин, шахсони масъули вобаста ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои машғул шудан  ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
2) риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини ҳуқуқи ҳар шахс ба дастрасии озод ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамчун шарти зарурии ташаккули қобилияти ҷисмонӣ, маънавӣ ва равонии шахс;
3) волоияти қонун, таъмини арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани шаҳрвандон;
4) ягонагии асосҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии шахсоне, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд, инчунин, иштирокдорон ва тамошобинони чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ;
6) эҳтиром ва риояи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
7) муқаррар намудани кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
8) манъи табъиз ва зӯроварӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин, таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаи мусобиқаҳои варзишӣ;
9) таъмини рақобати озод ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва интихоби номзадҳо барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ;
10) ба солимгардонӣ равона гардидани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ба варзиш ҷалб кардани ҷавононе, ки дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ қарор доранд, инчунин, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла нашъамандӣ, майзадагӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон;
11) фароҳам овардани шароит ба ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ҷиҳати дастрасии баробари тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
12) дастгирии баробари давлатии ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон;
13) мусоидат ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши маъюбон, шахсони имконияташон маҳдуд ва гурӯҳи дигари аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд;
14) ҳамкории мутақобилаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва дигар субъектҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш.
Моддаи 4. Кафолати давлатии шаҳрвандон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
1. Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк, ҳуқуқи машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро кафолат медиҳад ва ба онҳо шароит фароҳам меорад.
2. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мумкин аст аз рӯи синну сол, вазъи саломатӣ ва нишонаҳои дигар танҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.
3. Давлат оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро таъмин намуда, ба ташкил ва рушди инфрасохтори соҳаи варзишии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусоидат мекунад.
4. Давлат рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳаракати олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпиро дастгирӣ карда, чорабиниҳоро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, аз ҷумла чорабиниҳо оид ба тайёр намудани варзишгарон ба бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ, сурдлимпӣ ва дигар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, инчунин, иштироки онҳоро дар чунин мусобиқаҳои варзишӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ менамояд.
5. Давлат ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ, сурдлимпӣ, осиё, олимпиадаи махсуси умумиҷаҳонӣ, чемпионати ҷаҳон ва дигар варзишгарони маҳорати олӣ, инчунин, варзишгарони наврасу ҷавони умедбахшро дастгирӣ намуда, бо мақсади ҳавасмандгардонии онҳо мукофотҳо ва ё стипендияҳо муқаррар менамояд.
6. Давлат ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпиро бо пардохти моддии моҳонаи якумра таъмин менамояд. Тартиби пардохти моддии моҳонаи якумра ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқ карда мешавад.
7. Давлат таъминоти тиббӣ, барқарорсозии саломатӣ, хизматрасонии тиббии варзишгарони маъюб, варзишгарони маҳорати олӣ, варзишгарони касбӣ ва варзишгарони аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муассисаҳои тиббии давлатӣ кафолат медиҳад, ҳангоми осеб дидан ва ё бемор шудан тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо кумаки моддию молиявӣ дар давоми фаъолияти варзишӣ мерасонад.
 
БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ
Моддаи 5. Субъектҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба субъектҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дохил мешаванд:
1) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он;
3) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
4) Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон;
5) Кумитаи паралимпии Тоҷикистон;
6) Кумитаи сурдлимпии Тоҷикистон;
7) ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ;
8) муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар муассисаҳое, ки дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолият менамоянд;
9) мақомоти давлатие, ки рушди намудҳои варзиши ҳарбиву амалӣ ва хизмативу амалиро роҳбарӣ менамоянд;
10) шаҳрвандоне, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд, варзишгарон ва гурӯҳҳои онҳо (дастаҳои варзишӣ), мураббиён, доварони варзишӣ, агентҳои варзишӣ, методистон, варзишгари дастурдиҳанда ва мутахассисони дигар дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1) мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муайян менамояд;
2) фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро назорат ва роҳбарӣ менамояд;
3) дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои давлатии рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро тасдиқ намуда, барои амалисозии онҳо заминаҳои моддию техникӣ ва молиявиро таъмин менамояд;
4) ташкилотҳои тайёрии варзишӣ, таълимӣ, илмӣ ва дигарро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис медиҳад;
5) ба ташкил ва гузаронидани бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ, сурдлимпӣ, олимпиадаи махсуси умумиҷаҳонӣ, чемпионат ва Ҷоми ҷаҳон,  универсиадаи умумиҷаҳонӣ, бозиҳои Осиё ва дигар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;
6) стретегияи муштаракро, ки аз ҷониби субъектҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо мақсади тайёрии зарурӣ, таъмини иштирок ва ғолибияти варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таҳия гардидааст, тасдиқ менамояд;
7) ташаббусҳои ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо барои татбиқи амалиётҳои воридотию содиротӣ, амалӣ кардани барномаву лоиҳаҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, гузарондани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дастгирӣ менамояд;
8) барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ мукофотҳо, стипендияҳо, ҷоизаҳо ва дигар шаклҳои ҳавасмандгардониро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муайян карда, шакл, андоза ва тартиби супоридани онҳоро муқаррар менамояд;
9) ваколатҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) сиёсати давлатиро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ менамояд;
2) лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро таҳия намуда, онҳоро ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
3) якҷоя бо субъектҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ санадҳои дахлдори тайёрии варзишгарони Тоҷикистонро барои иштирок дар бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳия, тасдиқ ва амалӣ менамояд;
4) назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва баҳогузории вазъи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро амалӣ менамояд;
5) фаъолияти ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро бо мақсади татбиқи  сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин, аз ҷониби онҳо дуруст ба роҳ мондани тарбияи ахлоқӣ ва мафкуравии варзишгарон, новобаста ба мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ҳамоҳанг месозад;
6) аз рӯи намудҳои муайяни варзиш мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ташкил мекунад ва мегузаронад;
7) номгӯи намудҳои варзиш ва шакли фаъолияти ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо муқаррар менамояд;
8) намудҳои варзишро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф менамояд;
9) намудҳои варзиши миллиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва дастгирӣ менамояд;
 10) пешбурди феҳристи ягонаи ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, ба истиснои ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, феҳристи намудҳои варзиш ва феҳристи ягонаи рекордҳои варзиширо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;
11) назорати манъи истифодаи маводи барангезандаю неруафзоро (допингро) дар варзиш амалӣ менамояд;
12) ҳайати дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи намудҳои варзиш бо пешниҳоди федератсияҳои варзишии дахлдор  тасдиқ ва тайёрии онҳоро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таъмин менамояд;
13) бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва аттестатсияи кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ташкил ва таъмин менамояд;
14) фаъолияти илмию таҳқиқотиро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ташкил ва ҳамоҳанг карда, натиҷаҳои онро дар амалияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷорӣ менамояд;
15) нашри адабиёти илмӣ, методӣ ва оммавиро доир ба масъалаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ташкил менамояд;
16) дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои тайёрии варзишӣ, таълимӣ ва илмию таҳқиқотии марбут ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро таъсис медиҳад;
17) механизми таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро таҳия менамояд;
18) стандартҳои давлатии тайёрии варзиширо таҳия ва тасдиқ менамояд;
19) барномаҳои тайёрии варзиширо дар асоси пешниҳоди федератсияҳои варзишӣ ва ташкилотҳои тайёрии варзишӣ тасдиқ менамояд;
20) қоидаҳои намуди муайяни варзишро тасдиқ менамояд;
21) тартиби иштироки варзишгарон, дастаҳои варзишӣ ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;
22) қоидаҳои одоби касбии варзишгар, мураббӣ, довар ва дигар кормандони соҳаи варзишро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамояд;
23) сохтмон ва азнавсозии иншооти варзиширо амалӣ мекунад, талаботро ба таҷҳизот ва лавозимоти варзишие, ки дар чорабиниҳои варзишӣ истифода мешаванд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
24) пешбурди омори соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро анҷом медиҳад, аз мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ маълумотҳои омориро талаб менамояд;
25) ваколатҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
1) сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро амалӣ менамоянд, ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маҳал мусоидат мекунанд;
2) барномаҳои маҳаллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро бо дар назар доштани хусусиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, миллӣ, демографӣ ва дигар хусусиятҳо тасдиқ ва амалӣ мекунанд;
3) соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ менамоянд;
4) ташкилотҳои тайёрии варзишии маҳаллиро таъсис дода, онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ ва моддию техникӣ таъмин менамоянд;
5) ба фаъолияти ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, барои таъсис, таъмир ва барқарорсозии иншооти варзишӣ, истеҳсол намудани молҳои таъиноти тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ мусоидат менамоянд;
6) дар рушди намудҳои варзиш, варзиши оммавӣ ва варзиши дастовардҳои олӣ мусоидат менамоянд; 
7) дар ташкил ва таъминоти дастаҳои мунтахаби варзишии ҳудудӣ мусоидат менамоянд, дар таъмини тайёрии захираи варзишӣ барои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд;
8) ваколатҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
1) ба ташкил ва таъминоти дастаҳои мунтахаби варзишии ҳудудӣ мусоидат менамоянд;
2) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсис, таъмир ва бозсозии иншооти варзишӣ мусоидат менамоянд;
3) дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои расмии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ иштирок менамоянд;
4) ба фаъолияти субъектҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҳудуди дахлдор мусоидат менамоянд;
5) бо тартиби муқарраршуда ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии дар ҳудуди шаҳраку деҳот ҷойгиршуда ва ташаббусҳои шаҳрвандонро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дастгирӣ менамоянд; 
6) ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла намудҳои варзиши миллӣ, варзиши оммавӣ, варзиши маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд, мусоидат менамоянд;
7) ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо таъсис медиҳанд;
8)  ваколатҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
Моддаи 10. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 
1. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳаракати байналмилалии олимпӣ ва дар тамоми чорабиниҳое, ки аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ ё таҳти сарпарастии он баргузор мегарданд, намояндагӣ мекунад.
2. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мутобиқи Хартияи олимпӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истифодаи рамзҳои олимпӣ, шиор, парчам ва суруд, инчунин, номгӯи бозиҳои олимпие, ки ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ тааллуқ доранд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешад.
3. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон вобаста ба рушди варзиши дастоварди олӣ ва варзиши оммавӣ, инчунин, оид ба таъмини сатҳи зарурии тайёрии варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар бозиҳои олимпӣ ва чорабиниҳои дигари байналмилалие, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ассотсиатсияҳои қитъавии кумитаҳои миллии олимпӣ мегузаронанд, дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, федератсияҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
4. Давлат ҳаракати олимпиро эътироф ва дастгирӣ намуда, ба татбиқи мақсад ва вазифаҳои оинномавии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Моддаи 11. Кумитаи паралимпии Тоҷикистон 
Кумитаи паралимпии Тоҷикистон дастаи паралимпии Тоҷикистонро мутобиқан дар бозиҳои паралимпӣ ва дигар чорабиниҳои байналмилалии варзишие, ки таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии паралимпӣ гузаронида мешаванд, инчунин, дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ,  мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалии варзишӣ намояндагӣ мекунад.
Моддаи 12. Кумитаи сурдлимпии Тоҷикистон
Кумитаи сурдлимпии Тоҷикистон дастаи сурдлимпии Тоҷикистонро мутобиқан дар бозиҳои сурдлимпӣ ва дигар чорабиниҳои байналмилалии варзишие, ки таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии варзиши ношунавоён гузаронида мешаванд, инчунин, дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалии варзишӣ намояндагӣ мекунад.
Моддаи 13. Ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ
1. Таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
2. Ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, аз ҷумла клуб ва толорҳои варзишӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, дар мақомоти дахлдори давлатӣ бо хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
3. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ мутобиқи оинномаҳои тасдиқгардидаи муассисон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 14. Федератсияи варзишӣ
1. Таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани муқаррароти пешбининамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешаванд. 
2. Федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хулосаи дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз рӯи намуди варзише, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. 
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи як намуди варзиш таъсис додани ду ва ё зиёда федератсияҳои варзишии ҷумҳуриявӣ манъ аст. Як федератсияи варзишӣ метавонад танҳо аз рӯи як намуди варзиш таъсис дода шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз таҷрибаи созмонҳои байналмилалии варзишӣ бармеоянд.
4. Федератсияи варзишии ҷумҳуриявие, ки бе хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз ҷониби мақомоти бақайдгиранда ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз тарафи  суд барҳам дода мешавад.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба федератсияҳои варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиши олимпӣ ва ғайриолимпие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмони байналмилалии варзишӣ мебошанд ва ин созмонҳои байналмилалии варзиширо Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шурои олимпии Осиё эътироф намудааст, инчунин, ба федератсияҳои варзишӣ оид ба намудҳои варзиши миллӣ афзалият медиҳад ва дастгирӣ менамояд. 
6. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як ташкилоти ҷамъиятӣ ба сифати федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намуди муайяни варзиш аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронда мешавад. Тартиб, шарт ва қоидаҳои гузарондани аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзиширо низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, муайян менамояд.
Моддаи 15. Ассотсиатсияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ
1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида ассотсиатсияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо таъсис диҳанд. Ба чунин ассотсиатсия варзишгарони мустақил, федератсияҳои варзишӣ, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ҳуқуқи дохил шуданро доранд.
2. Муассиси ассотсиатсияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ метавонад мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар якҷоягӣ бо федератсияҳои варзишӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ бошад.
Моддаи 16. Клуб ва толори варзишӣ
1. Клуб ва ё толори варзишие, ки фаъолияти он барои тарбияи ҷисмонию солимгардонии шаҳрвандон равона гардидааст, метавонад аз ҷониби шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ таъсис дода шавад. Таъсиси клуб ва ё толори варзишие, ки фаъолияти он барои тайёр намудани варзишгарони касбӣ равона шудааст, ба шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки яке аз муассисони он як ва ё якчанд федератсияи варзишии расман ба қайди давлатӣ гирифташуда ё барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшаванда бошад ва ё бо онҳо созишнома дошта бошад.
2. Вазъи ҳуқуқии клуби варзишии муассисаи таълимӣ, ташкилоти тайёрии варзишӣ ва клуби сохтори ҳарбӣ, тартиби фаъолият ва шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 17. Лигаи касбии варзишӣ
Лигаи касбии варзишӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, мақсади асосии фаъолияти он ташкил ва ё гузарондани мусобиқаҳои касбии варзишӣ мебошад.
Моддаи 18. Ташкилоти тайёрии варзишӣ
1. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти тайёрии варзишӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
2. Фаъолияти ташкилоти тайёрии варзишӣ бо қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Моддаи 19. Довари варзишӣ
1.  Тартиби ташкили доварӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо, мутобиқи талаботи байналмилалии варзишӣ оид ба намуди муайяни варзиш ташкилкунандагони чунин мусобиқаҳои варзишӣ муқаррар менамоянд.
2. Довариро дар мусобиқаҳои варзишӣ танҳо довари варзишие, ки соҳиби ҳуҷҷати тасдиқкунанда буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи дахлдори тахассусиро дорад, амалӣ менамояд.
Моддаи 20. Агенти варзишӣ
Фаъолияти агенти варзишӣ мутобиқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, меъёрҳои тасдиқнамудаи федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ, лигаи касбии варзишӣ ва бо дар назар доштани талаботи федератсияи байналмилалии варзишӣ оид ба намуди дахлдори варзиш ба роҳ монда мешавад.  
 
БОБИ 3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ 
ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ
Моддаи 21. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ
1.  Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чорабиниҳои варзишие, ки хусусияти касбӣ ва ё байналмилалӣ доранд, инчунин, мусобиқаҳои варзишӣ оид ба намудҳои варзиши миллие, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ роҳандозӣ карда мешаванд, бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё  сохторҳои маҳаллии он гузаронда мешаванд. Чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишие, ки хусусияти оммавию солимгардонӣ доранд, бе мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё сохторҳои маҳаллии он метавонанд баргузор карда шаванд. Рӯйхати чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии мувофиқашавандаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тасдиқ менамояд.
2. Ба ташкилкунандагони чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ҳуқуқҳои истисноии истифодаи ном ва рамзи чорабинии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ тааллуқ доранд. Ҳуқуқи ҷой додани рекламаи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ дар макони гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, инчунин, ҳуқуқи муайян кардани истеҳсолкунандагони либоси варзишӣ, таҷҳизот ва лавозимоти варзишии дар чорабинии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ истифодашаванда танҳо ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур тааллуқ доранд.
3. Ташкилкунандагони мусобиқаҳои варзишӣ мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ва бо дар назар доштани қоидаи намудҳои дахлдори варзиш ҳуқуқ доранд намудҳои ҷазои варзишӣ, аз ҷумла маҳрумсозии (дисквалификатсияи) варзишӣ, тартиби татбиқ ва боздоштани онҳо, тартиби ташкил ва фаъолияти мақоми (шахсони) татбиқкунандаи ҷазои варзиширо, муайян намоянд.           
Моддаи 22. Нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш то оғози соли дахлдори тақвимӣ тасдиқ менамояд.
2. Сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар асоси нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии тасдиқгардида уҳдадоранд нақшаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии маҳаллиро таҳия намоянд.
Моддаи 23. Таъмини рақобати бовиҷдонона ҳангоми ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ
1. Ҳангоми ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ анҷом додани созиш, забоняккунӣ ва амалҳои мувофиқашуда, ки хусусияти маҳдудкунӣ ва зиддирақобатӣ доранд, манъ мебошанд.
2. Шахсоне, ки ба рақобати бевиҷдонона дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, аз ҷумла ҳангоми ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ роҳ додаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 
Моддаи 24. Таблиғи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тандурустӣ, маориф ва илм, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, ҳамчунин воситаҳои ахбори омма шакл ва усулҳои таблиғи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар байни гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ аз нигоҳи синну сол, касб ва гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ муайян намуда, аҳамияти иҷтимоии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, нақши он дар солимгардонии миллат, дар мубориза бар зидди ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла истифодаи маҳсулоти тамоку, нашъамандӣ, майзадагӣ, инчунин, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни кӯдакону наврасон ва шаҳрвандони дигарро таблиғ ва шарҳ медиҳанд.
2. Воситаҳои ахбори омма тавассути барномаҳои варзишӣ ба рушди варзиши оммавӣ ва дар байни аҳолӣ ба вуҷуд овардани талабот ба машғулият дар машқҳои ҷисмонӣ мусоидат намуда, шавқу рағбати аҳолиро дар бахши беҳдошти саломатӣ боло мебаранд, ба оммавӣ гардонидани маҷмуи машқҳои ҷисмонӣ мусоидат менамоянд, таваҷҷуҳи ташкилотҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеаро ба ин масъалаҳо ҷалб мекунанд ва оид ба вазъи варзиш дар ҷумҳурӣ маълумот медиҳанд.
3. Ҳангоми намоиши барномаҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишӣ зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи барангезандаю неруафзо (допинг) фаҳмонида мешаванд.
4. Шабакаҳои телевизионӣ ва радио бо мақсади оммавигардонии варзиш барномаҳои варзишӣ таҳия намуда, намоиши барномаҳои самти тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишидоштаро бо дар назар доштани афзалиятнокии онҳо таъмин менамоянд. 
Моддаи 25.  Ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта ҳуқуқ доранд:
1) ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул шаванд;
2) узви иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ бошанд; 
3) аз иншоотҳои варзишӣ истифода намоянд;
4) намуди (намудҳои) варзишро интихоб намоянд;
5) дар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул шаванд;
6) дар чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ иштирок намоянд;
7) аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд. 
Моддаи 26. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои варзишгарон
1. Варзишгарон ҳуқуқ доранд:
1) намуди (намудҳои) варзишро интихоб намоянд;
2) дар мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои интихобнамудаи варзиш бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои ин намудҳои варзиш ва низомномаҳои мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намоянд;
3) ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарти ҷавобгӯ будан ба талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дохил шаванд;
4) ҳангоми иҷро намудани меъёр ва талаботи таснифоти ягонаи варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дараҷа ва унвонҳои варзишӣ сарфароз гарданд;
5) шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ва шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзиширо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани хусусиятҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба имзо расонанд;
6) ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд. 
2. Варзишгарон уҳдадоранд:
1) қоидаҳои бехатариро ҳангоми иштирок дар чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва ҳангоми қарор доштан дар иншоотҳои варзишӣ риоя намоянд;
2) тартиб ва қоидаҳои намудҳои варзишро риоя кунанд;
3) талаботи барномаҳои тайёрии варзиширо риоя намоянд;
4) низомномаҳои чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои варзиширо, ки дар онҳо иштирок менамоянд ва талаботи ташкилкунандагони чорабиниҳо ва мусобиқаҳои варзишии мазкурро риоя намоянд; 
5) қоидаҳои муқарраргардидаи зиддинеруафзоиро риоя кунанд, инчунин, аз истеъмоли маводи барангезандаю неруафзо (допинг) худдорӣ намоянд;
6) тартиби муқаррарнамудаи гузаштан аз назорати ҳатмии маводи барангезандаю неруафзо (допинг)-ро риоя кунанд ва мутобиқи қоидаҳои зиддинеруафзоӣ оид ба маҳалли ҷойгиршавии худ маълумоти дақиқ пешниҳод намоянд;
7) меъёрҳои Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;
8) уҳдадориҳои дигарро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намоянд.
Моддаи 27. Унвон ва дараҷаҳои варзишӣ. Унвонҳои фахрии варзишӣ. Дараҷаҳои тахассусии варзишӣ. Таснифоти ягонаи варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои варзишии зерин муқаррар карда мешаванд:
1) устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) гроссмейстери Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои варзишии зерин муқаррар карда мешаванд:
1) номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) дараҷаи якуми варзишӣ;
3) дараҷаи дуюми варзишӣ;
4) дараҷаи сеюми варзишӣ;
5) дараҷаи якуми варзишии наврас;
6) дараҷаи дуюми варзишии наврас;
7) дараҷаи сеюми варзишии наврас.
3.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои фахрии варзишии зерин муқаррар карда мешаванд:
1) устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) довари фахрии варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои тахассусии зерин барои доварон муқаррар карда мешаванд:
1) довари варзиши дараҷаи ҷумҳуриявӣ;
2) довари варзиши дараҷаи якум;
3) довари варзиши дараҷаи дуюм;
4) довари варзиш;
5) довари варзиши наврас.
5.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои тахассусии зерин барои мураббиён, методистон ва варзишгар-дастурдиҳандагон муқаррар карда мешаванд:
1) мураббии дараҷаи олӣ;
2) мураббии дараҷаи якум;
3) мураббии дараҷаи дуюм;
4) мураббӣ;
5) методисти дараҷаи олӣ;
6) методисти дараҷаи якум;
7) методисти дараҷаи дуюм;
8) методист;
9) варзишгар-дастурдиҳандаи дараҷаи олӣ;
10) варзишгар-дастурдиҳандаи дараҷаи якум;
11) варзишгар-дастурдиҳандаи дараҷаи дуюм;
12) варзишгар-дастурдиҳанда.
6. Таснифоти ягонаи варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳо ва талаботеро, ки иҷрои онҳо барои сарфароз гардонидан ба дараҷа ва унвонҳои варзишии дахлдор оид ба намудҳои варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, инчунин, шартҳои иҷрои меъёрҳо ва талаботи мазкурро муқаррар мекунад. Таснифоти ягонаи варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомнома оид ба таснифоти ягонаи варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи федератсияҳои варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиш таҳия гардида, барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш пешниҳод карда мешаванд. 
7. Тартиби сарфароз гардонидан, маҳрум кардани дараҷаҳои тахассусии варзишӣ ва мазмуни талаботи тахассусӣ ба номзадҳо барои сарфароз гардонидани дараҷаҳои мазкур тибқи низомнома оид ба дараҷаҳои тахассусии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар  соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тасдиқ намудааст, муқаррар карда мешавад.
8. Барои шахсоне, ки дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дастовардҳои намоён ва хизматҳои барҷаста доранд, мутобиқи низомнома оид ба унвонҳои фахрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро мақоми ваколатдори давдатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тасдиқ намудааст, унвонҳои фахрии варзишӣ муқаррар карда мешаванд. 
Моддаи 28. Меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ
1. Меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ асоси барномавӣ ва меъёрии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ ба шумор рафта, талаботи давлатро ба сатҳи тайёрии ҷисмонии аҳолӣ муқаррар менамояд.
2. Тартиб оид ба меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 29.  Феҳристи ягонаи ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ
1. Маълумот дар бораи ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, ба истиснои ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, ба феҳристи ягонаи ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ворид карда мешавад. 
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тартиби пеш бурдани феҳристи ягонаи ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо тасдиқ менамояд.
3. Ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, ба истиснои ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, уҳдадоранд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷиҳати ба феҳристи ягонаи ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ворид гардидан ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он, тибқи маҳалли ҷойгиршавияшон, муроҷиат намоянд. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраргардида ба феҳристи ягонаи ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ворид нагардидани ташкилот, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ё сохтори маҳаллии он ба суд ҷиҳати барҳам додани он муроҷиат менамояд.
Моддаи 30. Эътироф кардани намудҳои варзиш ва низоми варзишӣ. Феҳристи намудҳои варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои варзиш ва низоми варзишие, ки тибқи тартиби муқаррарнамуда эътироф гардидаанд, ба феҳристи намудҳои варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.
2. Тартиби эътироф намудани намудҳои варзиш, низоми варзишӣ, ворид намудани онҳо ба феҳристи намудҳои варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбурди онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тасдиқ менамояд.
3. Чорабиниҳои расмии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо оид ба намудҳои варзиш ва низоми варзишие, ки ба феҳристи намудҳои варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, гузаронида мешаванд.
Моддаи 31. Намудҳои варзиши миллӣ
1.  Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ба рушди намудҳои варзиши миллӣ бо роҳи бунёд ва ба истифода додани иншооти дахлдори варзишӣ, таъмин намудан бо заминаҳои моддию техникӣ ва тайёр намудани варзишгарон оид ба намудҳои варзиши миллӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам меоранд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои тайёрии варзишӣ якҷо бо федератсияҳои варзишӣ оид ба намудҳои варзиши миллӣ ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ мусоидат намуда, тайёрӣ ва иштироки варзишгарони дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба намудҳои варзиши миллӣ дар чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ таъмин менамоянд. 
Моддаи 32. Тайёрии варзишӣ
1. Тайёрии варзишӣ дар зинаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) варзишиву солимгардонӣ;
2) тайёрии ибтидоии варзишӣ;
3) машқиву варзишӣ;
4) мукаммалгардонии маҳорати варзишӣ;
5) маҳорати олии варзишӣ.
2. Мазмуни тайёрии варзишӣ дар ҳар як зина бо барномаҳои тайёрии варзишӣ муайян карда мешавад.
3. Ташкили тайёрии варзишӣ бе истифодаи барномаҳои тайёрии варзишии тасдиқшуда иҷозат дода намешавад. Ташкили тайёрии варзишӣ чорабиниҳои варзиширо дар бар мегирад.
Моддаи 33. Барномаи тайёрии варзишӣ
1. Дар барномаи тайёрии варзишӣ вобаста ба сатҳи маҳорати варзишии варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд, ташкили гурӯҳҳои машқӣ, реҷа ва ҳаҷми машқҳои иловагӣ дар зинаҳои тайёрии варзишӣ стандарти давлатии тайёрии варзишӣ муқаррар карда мешавад. 
2. Барномаи тайёрии варзишӣ аз тарафи ташкилоти тайёрии варзишӣ бо дар назар доштани стандарти давлатии тайёрии варзишӣ татбиқ карда мешавад. 
3. Тартиб, муҳлат ва шакли татбиқи барномаи тайёрии варзиширо ташкилоти тайёрии варзишӣ мустақилона муқаррар менамояд.
Моддаи 34.  Шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ
1. Аз тайёрии варзишӣ гузаштани варзишгар дар асоси шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишие, ки байни варзишгар ё намояндаи  қонунии ӯ ва ташкилоти тайёрии варзишӣ ва дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ба имзо расонда мешаванд, амалӣ мегардад.
2. Шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ мутобиқи талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани муқаррароти шартномаи намунавие, ки шакли он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тасдиқ гардидааст, ба имзо расонда мешавад.
Моддаи 35. Қоидаи намуди варзиш
1.  Қоидаи намудҳои варзиши миллӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳия карда мешавад, дар сурати аз ҷониби федератсияҳои варзишии ҷумҳуриявӣ амалӣ гардидани рушди намудҳои варзиши миллӣ қоидаи онро федератсияҳои мазкур таҳия менамоянд.
2.  Қоидаи намуди варзиш, ки ба феҳристи намудҳои варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, бо дар назар доштани қоидаи тасдиқнамудаи созмонҳои байналмилалии варзишӣ оид ба намуди муайяни варзиш аз ҷониби федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ таҳия карда мешавад (ба истиснои намудҳои варзиши ҳарбиву амалӣ ва хизмативу амалӣ, инчунин, намудҳои варзиши миллие, ки рушди онҳоро федератсияи дахлдори варзишии ҷумҳуриявӣ амалӣ наменамояд).
3.  Қоидаи намудҳои варзиши ҳарбиву амалӣ ва хизмативу амалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатие, ки рушди намудҳои варзиши ҳарбиву амалӣ ва хизмативу амалиро роҳбарӣ менамоянд, таҳия карда мешавад.
 
БОБИ 4. ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР СОҲАИ МАОРИФ, ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ, МУДОФИА, МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ, ТАШКИЛОТ, МАҲАЛЛИ ЗИСТ ВА ҶОЙҲОИ ФАРОҒАТИИ ШАҲРВАНДОН
Моддаи 36. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соҳаи маориф 
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм рушди варзиши кӯдакон ва наврасонро дар муассисаҳои таълимӣ таъмин намуда, ба таълимгирандагон шароити зарурӣ (иншоот ва толорҳои варзишӣ) ва имкониятҳои машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро фароҳам меорад.
2. Муассисаҳои таълимӣ иштироки таълимгирандагонро дар чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла универсиадаи умумиҷаҳонӣ ва мусобиқаҳои расмии варзишӣ, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм таъмин менамоянд.
3. Муассисаҳои таълимии соҳаи маориф бо дар назар доштани шароити маҳаллӣ ва шавқу рағбати таълимгирандагон шаклҳои чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ, воситаҳои тарбияи ҷисмонӣ, намудҳои варзиш ва қобилияти ҳаракатнокӣ, усулҳо ва давомнокии мушғулиятҳои тарбияи ҷисмониро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот муайян менамоянд.
4. Бо мақсади ҷалби таълимгирандагон ба чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, рушд ва оммавигардонии варзиши мактабӣ, варзиши донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ, клубҳо, бахшҳо, гурӯҳҳои махсусгардонидашудаи варзишӣ ва лигаҳои варзишӣ ташкил карда мешаванд, ки шахси ҳуқуқӣ набуда, дар асоси оинномаи муассисаи таълимӣ фаъолият менамоянд. 
5. Муассисаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти тайёрии варзишӣ метавонанд дар заминаи таълимию машқии худ барои хонандагони лаёқатманд ва дорои маҳорати хуби варзишӣ дар доираи имкониятҳои воқеии молиявӣ гурӯҳҳои махсусро оид ба намудҳои муайяни  варзиш таъсис диҳанд.
6. Фаъолияти чунин клубҳо, бахшҳо, гурӯҳҳои махсусгардондашудаи варзишӣ ва лигаҳои варзишии соҳаи маориф бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
7. Тартиби ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои варзишии лигаҳои варзишии мактабӣ ва лигаи донишҷӯён аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муайян карда мешавад.
Моддаи 37. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар муассисаҳои таълимии томактабӣ
1. Тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимии томактабӣ бо мақсади таҳкими саломатӣ, инкишофи қобилияти ҳаракатнокӣ, шавқу рағбат ва тарбияи ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ тибқи барномаҳои илмии асоснок ва талаботи беҳдоштию саломатӣ ба роҳ монда мешавад.
2. Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ шароити зарурии моддию таълимӣ барои тарбияи ҷисмонӣ ва тайёрии варзиши кӯдакон фароҳам оварда мешавад.
3. Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ аз ҳисоби маблағҳои дахлдори буҷети маҳаллӣ мумкин аст чорабиниҳои иловагии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ташкил карда шаванд.
Моддаи 38. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
1.  Тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ як қисми муҳими низоми мунтазами таълим ба шумор рафта, мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ аз ҷониби мутахассисон татбиқ карда мешавад. Ҳамчунин, бо ҷалб ва дастгирии ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ корҳои беруназдарсии тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишӣ анҷом дода мешаванд.
2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соле на камтар аз як маротиба сатҳи тайёрии ҷисмонии таълимгирандагонро баҳогузорӣ менамоянд.
3. Таълимгирандагони дорои лаёқати баланди варзишӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тайёрии варзиширо берун аз вақти таълимӣ дар иншооти варзишии муассисаҳои таълимӣ мегузаранд. 
4. Таълимгирандагони саломатиашон заиф ва дорои иллати инкишофи ҷисмонӣ дар гурӯҳҳои махсуси тиббӣ ва гурӯҳҳои муолиҷавии тарбияи ҷисмонӣ дар асоси барномаҳои махсуси тасдиқшуда оид ба тарбияи ҷисмонӣ машғулият мегузаранд.
Моддаи 39. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ
1. Тарбияи ҷисмонӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ як қисми муҳими низоми таълим ба шумор рафта, мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ аз ҷониби мутахассисон татбиқ карда мешавад.
2. Маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ якҷо бо ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ барои ба даст овардани малакаҳои зарурии варзишӣ, мутобиқи меъёрҳои муқарраргардидаи риояи асосҳои беҳдоштӣ ва дастгирии организми худ шароит фароҳам меоранд.
3. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соле на камтар аз як маротиба сатҳи тайёрии ҷисмонии таълимгирандагонро баҳогузорӣ менамоянд. 
Моддаи 40. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишӣ
1. Ба чорабиниҳои мунтазами тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишӣ ҷалб намудани кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва таъмини шароит барои такмили ҷисмонии онҳо аз ҷониби бахшҳо, клубҳои варзишӣ, дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва беруназдарсии тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, амалӣ мегарданд.
2. Ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва беруназдарсии тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш анҷом дода мешавад.
Моддаи 41. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ҳамчун воситаи таҳкими саломатӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳо истифода менамояд;
2) тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим вобаста ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро таъмин менамояд;
3) бо тартиби муқарраргардида назорати тиббии шахсонеро, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд, анҷом медиҳад;
4) дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишӣ иштирок менамояд ва ҳангоми зарурат ёрии аввали тиббӣ мерасонад;
5) дар таъмини кумаки тиббии захираи варзишӣ ва дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам иштирок менамояд; 
6) бо тартиби муқарраргардида марказҳои барқарорсозии тиббии варзиширо таъсис дода, бо мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таъмин менамояд;
7) барои тайёр кардани табибони варзишӣ чораҳои зарурӣ меандешад, аттестатсияи онҳоро мегузаронад ва такмили ихтисоси мутахассисони тандурустиро оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва табобати бемориҳо дар байни варзишгарон ба роҳ мемонад;
8) вобаста ба таъсис додани ихтисоси дахлдор оид ба тайёр намудани табибон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чораҳои зарурӣ меандешад;
9) ваколатҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 42. Тайёрии ҷисмонӣ ва варзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои дигари ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
1. Тайёрии ҷисмонии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади иҷрои муваффақонаи уҳдадориҳои хизматии онҳо дар асоси барномаҳои тайёрии ҷисмоние, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор тасдиқ шудаанд, амалӣ карда мешавад.
2. Ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадоранд, ки барои баргузор намудани чорабиниҳо оид ба намудҳои варзиши ҳарбиву амалӣ, хизмативу амалӣ, техникӣ ва амалӣ, якҳарбаҳои варзишӣ, инчунин, барои тайёрии кӯҳнавардии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои дигари ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити зарурӣ фароҳам оранд.
3. Дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои дигари ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади тайёр намудани шаҳрвандон ба ҳифзи Ватан, ҷалб намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба чорабиниҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ таъсис дода шуда, фаъолият менамоянд, ки намудҳои варзиши ҳарбиву амалӣ, хизмативу амалӣ, техникӣ ва амалиро рушд дода, аз рӯи ин намудҳои варзиш варзишгаронро барои иштирок дар мусобиқаҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии варзишӣ тайёр менамоянд.
4. Такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва аттестатсияи кадрҳо, мураббиён ва мутахассисони дигари соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш оид ба намудҳои варзиши  ҳарбиву амалӣ, хизмативу амалӣ, техникӣ ва амалӣ аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва клубҳои варзишии назди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои дигари ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба амал бароварда мешаванд.
5. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои дигари ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастаҳои мунтахаби варзиширо оид ба намудҳои варзиши ҳарбиву амалӣ, хизмативу амалӣ ва техникӣ ва амалӣ ташкил намуда, тайёрии захираи варзиширо барои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои дигари варзиш барои иштирок дар чорабиниҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии варзишӣ ташкил ва таъмин менамоянд.
6. Тақвими ягонаи чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, инчунин, барномаҳои рушди намудҳои варзиши ҳарбиву амалӣ ва хизмативу амалӣ ва техникӣ ва амалиро аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатие, ки ин намудҳои варзишро рушд медиҳанд, тасдиқ карда мешаванд.
7. Барномаҳои тайёрии ҷисмонии шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда, номгӯи намудҳои варзише, ки ба таъмини тайёрии мазкур равона гардидаанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мудофиа муайян ва тасдиқ карда мешаванд. 
Моддаи 43. Иштироки мақомоти корҳои дохилӣ дар раванди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
1. Мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси дархости субъектҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатариро ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ таъмин менамоянд.
2. Дар ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ ҳангоми гузарондани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои худ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои қонунӣ меандешанд.
3. Ҷалби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми баргузор намудани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои варзишии ғайридавлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар асоси шартнома ба роҳ монда мешавад.
 
Моддаи 44. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ташкилот
1. Корфармо дар ҷойи кор барои инкишофи ҷисмонӣ ва солимгардонии кормандон тамоми шароити заруриро фароҳам меорад. 
2. Дар коллективи меҳнатӣ мумкин аст дар асоси ихтиёрӣ ва принсипи соҳавӣ иттиҳодияҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии идоравии муттаҳидкунандаи шахсони воқеӣ ба чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ таъсис дода шаванд. Шакли ташкилию ҳуқуқии иттиҳодияҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва тартиби фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. 
3. Тартиби ташкили заминаҳои моддию техникӣ, истифодаи онҳо, таъмини мутахассисон барои ташкили чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар ташкилот дар асоси шартномаҳои коллективӣ, барномаҳои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзише, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таҳия гардидаанд, муайян карда мешаванд.
Моддаи 45. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маҳалли зист ва ҷойҳои фароғатии шаҳрвандон
1. Ташкил ва фароҳам овардани шароит барои чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, аз ҷумла бунёд ва ба истифода додани иншооти варзишӣ, ташкили фаъолияти клуб ва бахшҳои варзишӣ дар маҳалли зист, боғҳои фарҳангу истироҳат, мавзеъҳои дигари фароғати оммавии аҳолӣ, инчунин, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки дар навбати худ ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маҳалли зист ва ҷойҳои фароғатии шаҳрвандон мусоидат менамоянд, гузошта мешаванд.
2. Маъмурияти муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, истироҳатгоҳҳо ва бунгоҳҳои сайёҳӣ ва кӯҳнавардӣ заминаҳои моддию техникии тарбияи ҷисмонӣ ва шароитҳои дигари заруриро барои гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ  ва варзишӣ фароҳам оварда, уҳдадоранд дар раванди табобат ва истироҳати шаҳрвандон бо мақсади таҳкими саломатии онҳо, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои истироҳаткунандагон аз воситаҳои дигар истифода намоянд.
 
БОБИ 5. ВАРЗИШИ МАЪЮБОН
Моддаи 46. Варзиши маъюбон
1.  Ҳадаф аз рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд ҳамгироии иҷтимоӣ, тавонбахшии ҷисмонӣ ва барқарорсозии қобилияти онҳо мебошад. 
2. Тавонбахшии ҷисмонӣ ва ҳифзи иҷтимоии варзишгарони маъюб ва шахсони имконияташон маҳдуд бо истифодаи усулҳои мутобиқгардондаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар марказҳои барқароркунӣ, клубҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии маъюбон, ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ амалӣ карда мешаванд.
3. Барои варзишгарони маъюб ва шахсони имконияташон маҳдуде, ки дар муассисаҳои дахлдори таълимӣ таҳсил менамоянд, чорабиниҳо бо истифодаи воситаҳои мутобиқгардондаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бо дар назар доштани қобилияти инфиродӣ ва вазъи саломатии ин таълимгирандагон ташкил карда мешаванд.
4.  Варзишгарони маъюб дар доираи имкониятҳои инфиродӣ аз тамоми ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода менамоянд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсиси иншооти махсуси тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзиширо барои варзишгарони маъюб таъмин намуда, барои чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии онҳо дар иншооти истифодаи умум шароитҳои заруриро фароҳам меоранд.
Моддаи 47. Раванди машқиву варзишии маъюбон
1. Раванди машқиву варзишӣ, зинаҳои тайёрии варзишӣ дар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ барои варзишгарони маъюб дар асоси барномаҳои тайёрии варзишӣ оид ба намудҳои варзише, ки ташкилотҳои дахлдори ҷамъиятӣ оид ба намудҳои варзиши паралимпӣ, сурдлимпӣ ва олимпидаи махсус таҳия ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тасдиқ намудааст, амалӣ карда мешаванд. 
2. Ташкили чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар низоми ҳифзи саломатии маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла кӯдакони имконияташон маҳдуд, тайёрии кадрҳо, таъминоти тиббию методӣ ва назорати тиббиро, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ менамоянд.
Моддаи 48. Иштироки маъюбон дар чорабиниҳои варзишӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Кумитаи паралимпии Тоҷикистон ва Кумитаи сурдлимпии Тоҷикистон якҷоя бо ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва федератсияҳои варзишии маъюбон рушди варзиши маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдудро таъмин карда, чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо бо иштироки варзишгарони маъюб ва шахсони имконияташон маҳдуд ташкил намуда, ба таъсиси ташкилотҳои тайёрии варзишӣ барои тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии варзишгарони маъюб ва шахсони имконияташон маҳдуд мусоидат карда, барои тайёрӣ ва иштироки дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишии байни маъюбон, аз ҷумла дар бозиҳои паралимпӣ, сурдлимпӣ ва олимпиадаи махсуси умумиҷаҳонӣ, шароити заруриро таъмин менамоянд. 
 
БОБИ 6. ВАРЗИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ОЛӢ
Моддаи 49. Варзиши дастовардҳои олӣ ва тарбияи варзишгарони дараҷаи олӣ
1.  Варзиши дастовардҳои олӣ барои дарёфти натиҷаҳои баланди варзишӣ ва ба даст овардани нишондиҳандаҳои олӣ равона шудааст.
2. Мақомоти давлатӣ барои варзишгарон ва мураббиёне, ки натиҷаҳои баланди варзишӣ ба даст овардаанд ё ба боло бурдани нуфузи байналмилалии варзишии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, шароити зарурӣ фароҳам меоранд. 
3. Тайёрии захираи варзишӣ ва варзишгарони дараҷаи олиро ташкилотҳои тайёрии варзишӣ ва ташкилотҳои дигари тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ мутобиқи қонунгузорӣ, стандартҳои давлатӣ ва барномаҳои тайёрии варзишӣ оид ба намуди муайяни варзиш амалӣ менамоянд. Тайёрии захираи варзишӣ ва варзишгарони дараҷаи олӣ гузарондани раванди машқиву варзишӣ ва чорабиниҳои варзиширо дар бар мегирад.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ба ҳам пайвастани чорабиниҳои варзишӣ бо таълим, фаъолияти меҳнатӣ ва хизмати ҳарбӣ метавонад бо ташкилотҳо ва қисмҳои ҳарбие, ки дар онҳо варзишгарон кор мекунанд, таълим мегиранд ё хизмати ҳарбиро адо менамоянд, шартномаҳои дахлдор ба имзо расонад.
Моддаи 50. Дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳайати асосӣ ва захиравӣ иборат мебошанд.
2. Варзишгароне, ки меъёрҳои махсусро иҷро намудаанд, ба ҳайати асосӣ ва захиравии дастаҳои мунтахаб дохил карда мешаванд. Аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёрҳои муқарраршударо иҷро накардаанд ва уҳдадориҳои худро сарфи назар намудаанд, аз ҳайати дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешаванд.
3. Номгӯи мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзише, ки ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо пешниҳоди федератсияҳои варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои дахлдори варзиш тасдиқ карда мешаванд.
4. Рӯйхати номзадҳоро ба дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола федератсияҳои варзишии ҷумҳуриявӣ таҳия мекунанд ва онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тасдиқ менамояд.
5. Дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёрӣ ба иштирок ва ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби шахсоне, ки ба рӯйхати дахлдори тасдиқгардидаи номзадҳо ба дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, ташкил карда мешаванд.
6. Барои иштирок дар бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ, сурдлимпӣ ва чорабиниҳои дигари байналмилалии варзишие, ки аз тарафи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ассотсиатсияҳои қитъавии кумитаҳои миллии олимпӣ, Кумитаи байналмилалии паралимпӣ ва Кумитаи байналмилалии сурдлимпӣ гузаронида мешаванд, аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи паралимпии Тоҷикистон ва Кумитаи сурдлимпии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди федератсияҳои варзишии ҷумҳуриявӣ дастаҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпии Тоҷикистон ташкил ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳайати онҳо тасдиқ карда мешаванд. Варзишгарон - номзадҳо ба аъзои дастаҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпии Тоҷикистон, мураббиён ва мутахассисони дигари соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз лаҳзаи тасдиқ гардидани ҳайати дастаҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпии Тоҷикистон мақоми аъзои дастаҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпии Тоҷикистонро соҳиб мегарданд.
7. Низомнома дар бораи дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои варзиш аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 51. Ҷалби варзишгари касбӣ, мураббии касбӣ ё дигар мутахассисе, ки дар соҳаи варзиши касбӣ фаъолият менамояд, ба дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳангоми ҷалб гардидани варзишгари касбӣ, мураббии касбӣ ё мутахассиси дигари соҳаи варзиши касбӣ ба ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯ уҳдадор аст дар чорабиниҳои варзишии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд.
2. Клуби касбии варзишӣ уҳдадор мегардад, новобаста ба мавҷуд будан ё набудани шартнома дар соҳаи варзиши касбӣ,  ба варзишгари касбӣ, мураббии касбӣ ё мутахассиси дигари соҳаи варзиши касбӣ барои иштирок дар чорабиниҳои варзишии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат диҳад.
3. Тартиб ва муҳлати иштироки варзишгари касбӣ, мураббии касбӣ ё мутахассиси дигари соҳаи варзиши касбӣ дар чорабиниҳои варзишии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш якҷоя бо федератсияҳои дахлдори варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиш муайян карда мешаванд.
4. Ҳангоми ҷалби варзишгари касбӣ, мураббии касбӣ ё мутахассиси дигари соҳаи варзиши касбӣ ба ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштани ҷойи кор (вазифа) ва маоши миёна, инчунин, ҷуброни хароҷот, ки бо иштирок намудан дар дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории соҳаи меҳнат амалӣ карда мешаванд. 
5. Федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намуди  муайяни варзиш, ки ба ҳайати он дастаи дахлдори мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад, суғуртаи варзишгари касбӣ, мураббии касбӣ ё мутахассиси дигари соҳаи варзиши касбиро таъмин менамояд.
 
БОБИ 7. ВАРЗИШИ КАСБӢ
Моддаи 52. Хусусияти танзими фаъолият дар соҳаи варзиши касбӣ
1. Ба субъектҳои асосии варзиши касбӣ федератсияҳои варзишӣ, клубҳои касбии варзишӣ, лигаҳои касбии варзишӣ, доварони варзишӣ, агентҳои варзишӣ, варзишгарон ва мураббиёне, ки дар мусобиқаҳои касбии варзишӣ иштирок менамоянд, дохил мешаванд.
2. Фаъолияти субъектҳои варзиши касбӣ ба рушд додани варзиши касбӣ, варзиши кӯдакон ва наврасон, бо дар назар доштани тайёр намудани захираи варзишӣ, инчунин, мусоидат намудан ба рушди варзиши дастовардҳои олӣ, бо дар назар доштани  омодасозии варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, равона карда мешавад.
3. Клубҳои касбии варзишӣ ҳуқуқ доранд дар мусобиқаҳои касбии варзишӣ бо шартҳои муқаррарнамудаи ташкилкунандагони чунин мусобиқаҳо иштирок намоянд, ба ҳайати иштирокдорон, аъзо ва муассисони лигаҳои касбии варзишӣ ворид шаванд, инчунин, ба сифати аъзо ба федератсияҳои варзишӣ мутобиқи оинномаҳои онҳо дохил шаванд.
4. Дар оинномаи федератсияи варзишӣ ва оинномаи лигаи касбии варзишӣ бояд уҳдадорӣ оид ба тасдиқ намудани ҳолати муайянкунандаи шарт ва тартиби гузаштани варзишгар ба клубҳои дигари касбии варзишӣ ё ташкилотҳои дигари тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, инчунин, ҳаҷми пардохти пулӣ, ки бо ин гузариш алоқаманд аст, муқаррар карда шавад, агар уҳдадорӣ оид ба тасдиқ намудани ҳолати мазкур ба федератсияҳои варзишӣ ва ё лигаҳои касбии варзишӣ бо меъёрҳои федератсияи байналмилалии варзишии дахлдор пешниҳод шуда бошад.
Моддаи 53. Маҳрум кардани варзишгари касбӣ аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ 
1. Клуби касбии варзишӣ уҳдадор аст, ки варзишгари касбиро аз иштирок дар ҳама гуна мусобиқаҳои варзишӣ дар ҳолатҳои зерин маҳрум намояд:
1) маҳрумсозии (дисквалификатсияи) варзишии варзишгари касбӣ;
2) бо талаби созмонҳои байналмилалӣ ва ё федератсияҳои варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзише, ки мутобиқи меъёрҳои тасдиқнамудаи онҳо пешниҳод шудааст;
3) ҳангоми даъват намудан ба дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) дар асоси хулосаи тиббие, ки иштироки ӯро дар мусобиқаҳои варзишӣ манъ менамояд.
2. Клуби касбии варзишӣ варзишгари касбиро аз иштирок дар ҳама гуна мусобиқаҳои варзишӣ ба тамоми давраи вақт то бартараф намудани ҳолатҳое, ки асос барои чунин маҳрумсозӣ гардидаанд, маҳрум мекунад.
3. Дар давраи маҳрум намудани варзишгари касбӣ аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ бо асосҳои пешбининамудаи моддаи мазкур клуби касбии варзишӣ иштироки ӯро дар чорабиниҳои машқӣ ва чорабиниҳои дигар оид ба тайёрӣ ба мусобиқаҳои варзишӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат ба андозаи муайяннамудаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, вале на камтар аз музди ҳадди ақалли тибқи қонунгузорӣ муқарраршуда, таъмин менамояд.
Моддаи 54. Ҷавобгарӣ барои расондани зарар дар соҳаи варзиши касбӣ
1. Зараре, ки ба варзишгари касбӣ аз тарафи варзишгари дигари касбӣ дар вақти тайёрӣ ба мусобиқаҳои варзишӣ ё бевосита ҳангоми иштирок дар онҳо расонда шудааст, ҷуброн карда намешавад, агар муқаррар гардад, ки он дар доираи меъёр ва қоидаҳои варзишӣ расонда шудааст.
2. Зараре, ки ба варзишгари касбӣ, инчунин, ба клуби касбии варзишӣ дар натиҷаи қарори мутобиқи қоидаҳои варзишӣ қабулнамудаи довари касбии варзишӣ расонида шудааст, ҷуброн карда намешавад.
 
БОБИ 8. ТАЪМИНОТИ ЗИДДИНЕРУАФЗОӢ, ТИББӢ, КАДРӢ,
МОЛИЯВӢ ВА ТАЪМИНОТИ ДИГАР ДАР СОҲАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ
Моддаи 55. Пешгирии маводи барангезандаю неруафзо (допинг) дар варзиш ва мубориза бо он 
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирии истифодаи маводи барангезандаю неруафзо (допинг) ва мубориза бо он тибқи қоидаҳои зиддинеруафзоии тасдиқнамудаи созмонҳои байналмилалии зиддинеруафзоӣ ба роҳ монда мешаванд.
2. Маводи барангезандаю неруафзо (допинг) дар варзиш вайрон кардани қоидаи зиддинеруафзоӣ эътироф мешавад. Вайрон намудани қоидаи зиддинеруафзоӣ дар варзиш маънои вайронкунии як ё якчанд қоидаҳои зеринро дорад:
1) истифода ё кӯшиши истифодаи маводи барангезандаю неруафзо (допинг);
2) мавҷудияти маводи барангезандаю неруафзо (допинг), метоболитҳо ё маркерҳои манъшудаи он, ки дар намунаи барои таҷзия аз организми варзишгар дар давраи мусобиқавӣ ё ғайри мусобиқавӣ, инчунин, аз организми ҳайвоноте, ки дар мусобиқаи варзишӣ мутобиқи қоидаҳои намуди варзиш иштирок менамоянд, гирифта шудааст;
3) рад кардани ҳозиршавӣ барои гирифтани намуна барои таҷзия ё бе сабабҳои узрнок пас аз гирифтани огоҳинома мутобиқи қоидаҳои амалкунандаи зиддинеруафзоӣ ҳозир нашудан ҷиҳати гирифтани намуна барои таҷзия, ё ба таври дигар саркашӣ намудан аз гирифтани намуна барои таҷзия;
4) вайрон кардани талаботи амалкунандаи қоидаҳои зиддинеруафзоӣ, ки барои дастрасии варзишгар ба ташхиси беруназмусобиқавӣ таъин карда мешаванд, аз ҷумла пешниҳод накардани иттилооти дархостшаванда дар бораи маҳалли ҷойгиршавӣ ва ҳозир нашудан барои санҷиш;
5) сохтакорӣ ё кӯшиши сохтакорӣ намудан дар ҳама гуна марҳилаи назорати маводи барангезандаю неруафзоӣ (допингӣ);
6) доштани маводи барангезандаю неруафзо (допинг);
7) паҳн кардани маводи барангезандаю неруафзо (допинг);
8) ворид намудан ё кӯшиши ворид намудани маводи барангезандаю неруафзо (допинг) ба ягон варзишгар, истифода ё кӯшиши нисбати ӯ истифода намудани маводи барангезандаю неруафзо (допинг), кумакрасонӣ, ҳавасмандгардонӣ, мусоидат, иғвоангезӣ, пинҳонкунӣ ё шарикӣ дар ҳама гуна шакли вобаста ба вайрон кардан ё ҳама гуна кӯшиши вайрон кардани қоидаҳои зиддинеруафзоӣ.
3. Доштани маводи барангезандаю неруафзо (допинг), истифода ё кӯшиши истифодаи маводи барангезандаю неруафзо (допинг) аз ҷониби варзишгар ё нисбати варзишгар маънои вайрон намудани қоидаи зиддинеруафзоиро надорад, агар дар лаҳзаи содир намудани он иҷозат барои истифодаи муолиҷавии маводи барангезандаю неруафзо (допинг) мавҷуд бошад, ки мутобиқи стандарти байналмилалии Агентии умумиҷаҳонии зиддинеруафзо оид ба истифодаи муолиҷавии маводи барангезандаю неруафзо (допинг) дода шудааст ё тибқи ин стандарти байналмилалӣ ҳолатҳои додани иҷозат баъди содир намудани амалиёти мазкур пешбинӣ шуда бошад. 
4. Вайрон кардани қоидаҳои зиддинеруафзоӣ аз ҷониби варзишгарон, мураббиён, мутахассисони тиббӣ, мутахассисони дигари соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин, истифодаи маводи барангезандаю неруафзо (допинг) нисбати ҳайвоноте, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ мутобиқи қоидаҳои намуди варзиш иштирок менамоянд, роҳ дода намешавад. Далели истифодаи маводи барангезандаю неруафзо (допинг) танҳо дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқ дар озмоишгоҳҳои ваколатдори назорати маводи барангезандаю неруафзо (допинг) тасдиқ карда мешавад.
5. Федератсияҳои варзишӣ, ташкилотҳои тайёрии варзишӣ ва дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, уҳдадоранд, ки барои пешгирии истифодаи маводи барангезандаю неруафзо (допинг) ва мубориза бо он чораҳои зарурӣ андешанд.
Моддаи 56. Пешгирии таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ ва мубориза бо он
1. Таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ роҳ дода намешавад.
2. Пешгирии таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ ва мубориза бо он аз инҳо иборатанд:
1) муқаррар намудани масъулият барои таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ;
2) амалӣ намудани маҳрумсозии (дисквалификатсияи) варзишӣ;
3) аз ҷониби федератсияи варзишӣ татбиқ намудани ҷазои варзишӣ нисбати иштирокдорони дигари мусобиқаҳои варзишӣ барои таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои мазкур;
4) манъ намудани иштирок дар бозии идораи букмекирӣ ва хазинаи гаравхона бо роҳи бастани гарав вобаста ба мусобиқаҳои варзишӣ (барои варзишгарон - ба мусобиқаҳои варзишӣ оид ба намуд ё намудҳои варзише, ки онҳо иштирок менамоянд, барои доварони варзишӣ - ба мусобиқаҳои варзишӣ оид ба намуд ё намудҳои варзише, ки доварӣ менамоянд, барои мураббиён - ба мусобиқаҳои варзишӣ оид ба намуд ё намудҳои варзише, ки фаъолияти мураббигиро анҷом медиҳанд, барои роҳбарони дастаҳои варзишӣ - ба мусобиқаҳои варзишӣ оид ба намуд ё намудҳои варзише, ки дастаҳои зери роҳбарии онҳо қарордошта дар ин мусобиқаҳо иштирок мекунанд, барои агентҳои варзишӣ - ба мусобиқаҳои варзишӣ оид ба намуди варзиш, ки онҳо фаъолият менамоянд), инчунин, татбиқи ҷазои варзишӣ барои вайрон кардани манънамоии мазкур аз тарафи федератсияҳои варзишӣ;
5) ба барномаҳои таҳсилоти иловагии таълимии муассисаҳои таълимие, ки дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолият менамоянд, ворид намудани дарсҳо оид ба пешгирии таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ ва дар бораи масъулият вобаста ба чунин таъсири зиддиҳуқуқӣ;
6) дар воситаҳои ахбори омма ба роҳ мондани таблиғ вобаста ба пешгирии таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ ва мубориза бо он;
7) якҷоя амал кардани субъектҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ ва мубориза бо он;
8) ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирии таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ ва мубориза бо он.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ амалҳои зеринро иҷро менамояд:
1) бо тартиби муқарраргардида амали аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишии ҷумҳуриявиро ҳангоми иҷро накардани уҳдадориҳо боз медорад ё қатъ менамояд;
2) ваколатҳои дигарро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
4. Федератсияҳои варзишӣ ва лигаҳои касбии варзишӣ бо мақсади пешгирии таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ ва мубориза бо он уҳдадоранд:
1) дар доираи ваколатҳои худ чорабиниҳоеро гузаронанд, ки ба пешгирии таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ ва мубориза бо он равона гардидаанд;
2) варзишгарон, доварони варзишӣ, мураббиён, роҳбарони дастаҳои варзишӣ ва иштирокдорони дигари мусобиқаҳои дахлдори варзиширо ҳангоми муайян намудани таъсири зиддиҳуқуқии онҳо ба натиҷаи мусобиқаи варзишӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ роҳ надиҳанд;
3) мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш оид ба ошкор намудани далели таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ хабардор намоянд;
4) ба федератсияи байналмилалии варзишӣ оид ба навъи дахлдори варзиш ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар бораи татбиқ намудани ҷазои варзишӣ барои таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ иттилоъ диҳанд;  
5) талаботи дигари Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои пешгирии таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ ва мубориза бо он равона гардидаанд, иҷро намоянд.
5. Ташкилкунандагони мусобиқаҳои варзишӣ бо мақсади пешгирии таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ ва мубориза бо он уҳдадоранд ба низомномаи мусобиқаҳои варзишӣ тадбирҳои зеринро дохил намоянд:
- талабот оид ба манъи таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои мазкур;
- талабот оид ба манъи иштирок дар бозии идораи букмекирӣ ва хазинаи гаравхона бо роҳи бастани гарав вобаста ба мусобиқаҳои варзишӣ.
Моддаи 57. Таъминоти тиббӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
1. Таъминоти тиббии шахсоне, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул мебошанд, инҳоро дар бар мегирад:
1) ташхиси мунтазами ҳолати саломатӣ;
2) баҳо додани мувофиқати сарбории ҷисмонӣ ба вазъи саломатӣ;
3) пешгирӣ ва табобати бемориҳо, ҷароҳат ва барқарорсозии тиббӣ;
4) барқарорсозии саломатӣ бо истифода аз мавод ва воситаҳое, ки ҳангоми машғулият дар тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш истифода мешаванд.
2. Ташкилкунандагони чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ уҳдадоранд барои расондани ёрии тиббӣ ба иштирокдорони чорабиниҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. 
3. Ташкили расондани ёрии тиббӣ ба шахсоне, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд, аз ҷумла ҳангоми тайёрӣ ва гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, муоинаи тиббии шахсоне, ки хоҳиши гузаштани тайёрии варзишӣ, машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ё иҷрои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолиро доранд, таъминоти тиббии шахсоне, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул мебошанд ва таъминоти тиббиву биологии варзишгарони дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
4. Дар сурати ташкил накардани ёрии тиббӣ дар чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳуқуқ дорад гузаронидани чорабиниҳои мазкурро қатъ намояд.
Моддаи 58. Фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 
Муносибатҳои меҳнатии кормандон ва варзишгарон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 59. Тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
1. Тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
2. Таълими мутахассисон дар муассисаҳои таълимие, ки дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолият менамоянд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор, маблағҳои сарпарастон, хайрияҳои ихтиёрӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорие, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
3. Бо мақсади амиқтар намудани дониш ва малакаи касбӣ, азхудкунии касб ва ихтисоси нав, такмили ихтисос ва бозомӯзии мураббиёни ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва кормандони дигари соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра, ройгон ва ё дар асоси шартнома пулакӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 60. Маблағгузории тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
1. Маблағгузории тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда барои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда мешавад.
2. Дастгирии давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар асоси барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ карда мешавад.
Моддаи 61. Иншоотҳои варзишӣ
1. Иншоотҳои варзишӣ ба иншоотҳои инфрасохтори иҷтимоӣ дохил мешаванд.
2. Иншоотҳои варзишӣ метавонанд ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мақомоти ҳокимияти давлатӣ,  мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, ташкилотҳои дигар ва шахсони воқеӣ тааллуқ дошта бошанд.
3. Давлат дар маблағгузории сохтмон, таҷдид ва ба истифода додани иншоотҳои варзишӣ иштирок мекунад, инчунин, бо ин мақсадҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҷалб менамояд.
4. Нигоҳдории иншоотҳои варзишии маҳалли зисти шаҳрвандон, аз ҷумла таъмири онҳо, ташкили чорабиниҳои оммавию варзишӣ, пардохти музди меҳнати кормандони ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишие, ки бо сокинони маҳалҳо чорабиниҳо мегузаронанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шартномаи онҳо амалӣ карда мешавад. Иншоотҳои мазкур, ҳамчунин, аз ҳисоби фондҳои ғайрибуҷетии рушди шаҳру ноҳияҳо, хайрияҳои ихтиёрӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ мешаванд.
5. Ба муассисаҳои давлатии таълимӣ ва ташкилотҳои тайёрии варзишӣ ҳуқуқи идораи оперативии иншоотҳои варзишӣ ва молу мулки зарурии дигари таъиноти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таъиноти дигар барои истифодаи доимӣ вобаста карда мешаванд. Истифодаи иншооти варзишӣ танҳо ба мақсади гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва барои хизматрасонии чорабиниҳои мазкур иҷозат дода мешавад. 
6. Иншоотҳои варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва чорабиниҳои расмии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусоидат менамоянд.
Моддаи 62. Эҳсонкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш иншоотҳои варзиширо сохта, онҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз намоянд, тариқи эҳсонкорӣ молу мулк ва маблағ хайр намоянд. Барои чунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд, ки тартиб ва андозаи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ маблағи хайрияи аз ҳисоби эҳсонкорон бадастомадаро бо мақсади такмил додани заминаи моддию техникӣ ва беҳтар гардонидани раванди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш истифода менамоянд.
Моддаи 63. Сарпарастӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
1. Сарпарастони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш метавонанд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бошанд.
2. Муносибат байни сарпарастон ва ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, дастаҳо, ташкилкунандагони чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси шартнома  танзим мешавад.
3. Сарпарастон ҳангоми маблағгузорӣ намудани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ҳуқуқ пайдо менамоянд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зери рамз ё маҳсулоти худ чорабиниҳои мазкурро гузаронанд, инчунин, рекламаи маҳсулоти худро дар ин чорабиниҳо ба роҳ монанд.
4. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба хизматрасонӣ ба ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва варзишгарони алоҳида машғул шаванд, маҳсулоти тарбияи ҷисмонию варзишӣ ва молҳои ба он вобастаро истеҳсол намоянд, тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар фаъолияти рекламавӣ истифода намоянд. 
 
БОБИ 9. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВАРЗИШӢ
Моддаи 64. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
1. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 
2. Ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо ташкилотҳои варзишии давлатҳои хориҷӣ дастур ва талаботи тасдиқнамудаи созмонҳои байналмилалии варзишӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя менамоянд.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш иштирок менамоянд ва ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муштараки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо гузаронанд. 
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи паралимпии Тоҷикистон, Кумитаи сурдлимпии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишие, ки аз тарафи созмонҳои дахлдори байналмилалӣ аз рӯи намудҳои варзиш эътироф шудаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар созмонҳои байналмилалии варзишӣ, ҳамчунин, дар чорабиниҳои варзишӣ ва чорабиниҳои дигаре, ки созмонҳои байналмилалии варзишӣ мегузаронанд, намояндагӣ мекунанд.
 
БОБИ 10. МУҚАРРАРОТИ ИНТИҚОЛӢ ВА ХОТИМАВӢ
Моддаи 65. Муқаррароти интиқолӣ
Федератсияҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис дода шудаанд, на дертар аз шаш моҳи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур бояд аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.
Моддаи 66.  Ҷавобгарӣ барои риоя накардани  талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 67. Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 176; с. 2012, №4, мод. 275), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» аз 1 августи соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 451; с. 2009, №3, мод. 95; с. 2013, №7, мод. 533) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» аз 19 марти соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. 196; с. 2016, №3, мод. 149) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Моддаи 68. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ РАҲМОН   
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1831