ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

УСУЛҲО ВА ВОСИТАҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ МОНИТОРИНГИ ҚОНУНГУЗОРӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 21/04/2026 - 16:08
     Аз дидгоҳи илмӣ, мониторинги қонунгузорӣ ҳамчун механизми муассири ҳамгироии назария ва амалия баромад намуда, имконият фароҳам меорад, ки меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ дар заминаи воқеияти иҷтимоӣ ба таври низомнок, ҳамаҷониба ва далелнок арзёбӣ карда шаванд.
     Фаъолияти қонунгузорӣ як навъи фаъолияти ҳуқуқӣ буда, дар доираи талаботи қоидаҳои умумии техникаи ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад. Ба андешаи М.Х. Матробов «мониторинги қонунгузорӣ дар муқоиса ба дигар намудҳои мониторинги ҳуқуқӣ васеъ буда, фаъолиятҳои марбут ба пайгирӣ, арзёбӣ ва баҳодиҳии раванди эҷоди меъёрҳои қонун, иттилоотонии ҷомеа аз вазъи қонунгузорӣ, сатҳи риоя ва татбиқи қонунҳоро фаро мегирад....»  [4. с. 51]. С. Миронов қайд мекунад, ки «мақсади мониторинг баланд бардоштани сифати қонунҳои қабулшуда, дар асоси низоми фаъолияти қонунгузорӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ такмил додани қабул ва иҷрои қарорҳои давлатӣ ва ниҳоят риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад» [5. с.5].   Аз таҳлили илмӣ бармеояд, ки  қоидаҳои мониторинги қонунгузорӣ яке аз унсурҳои муҳимми техникаи ҳуқуқӣ баромад намуда, моҳияти он дар таъмини назорати мунтазам, таҳлил ва арзёбии амалии санадҳои қонунгузорӣ ифода меёбад.
     Дар сарчашмаҳои ҳуқуқӣ истилоҳи мониторинги қонунгузорӣ ба таври ягона шарҳ дода нашуда, нисбат ба моҳият ва мазмуни он дидгоҳҳои гуногуни илмӣ пешниҳод мегарданд. Ҳар як аз ин дидгоҳҳо ба заминаҳои муайяни назариявӣ ва методологӣ такя намуда, паҳлуҳои алоҳидаи ин падидаро инъикос мекунанд. Аз нигоҳи таҳлили илмӣ, гуногунандешӣ дар истилоҳи мониторинги ҳуқуқӣ ба хусусияти мураккаб ва бисёрҷанбаи он вобаста мебошад. Зеро мониторинг на танҳо раванди мушоҳида ва пайгирӣ, балки ҳамзамон воситаи арзёбӣ, таҳлил ва пешгӯии самаранокии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар амалия ба ҳисоб меравад. Масалан, В.Л. Негробов менависад, ки «мониторинги қонунгузориро фаъолияти мунтазам барои ҷамъоварии доимии маълумот дар бораи қонунгузории амалкунанда аз рӯйи нишондиҳандаҳои қаблан муайяншуда ва омӯзиши он бо истифода аз усулҳои гуногуни донишҳои илмӣ, инчунин баҳодиҳии ҳам худи иттилоот ва ҳам дар асоси он хулосаҳои додашуда доир ба ҳолат ва рушди қонунгузорӣ (ё бахши он) зери таъсироти омилҳои гуногун, фаҳмида мешавад» [3. с. 6-7]. Аз дидгоҳи Ю.А. Тихомиров бошад, «мониторинги қонунгузорӣ институти иттилоотӣ-таҳлилӣ мебошад, ки ба барқарор кардани робитаи мутақобила байни қонунгузор ва шаҳрвандон хидмат менамояд». [6. с. 5-16]. Ба андешаи Ю.Г. Арзамасов «мониторинги қонунгузорӣ ҳамчун маҷмӯи низоми мушоҳида, таҳлил, арзёбӣ ва пешгӯии самаранокии қонунгузорӣ ва дар ин замина таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили онҳо фаҳмида мешавад» [2 с. 114-123]. Мафҳумҳои зикршуда дорои мазмун ва моҳият илмӣ буда, ба усулҳо ва воситаҳои амалигардонии мониторинги қонунгузорӣ заминаи ҳуқуқиро фароҳам меоранд. Инчунин, мазмун ва моҳияти илмии ин мафҳумҳо дар он ифода меёбад, ки онҳо принсипҳо, самтҳо ва шаклҳои амалисозии мониторингро муайян месозанд.
     Мониторинги қонунгузорӣ бештар ба омӯзиш ва таҳлили сифати санадҳои қонунгузорӣ, самаранокии татбиқи онҳо ва муайян намудани норасоиҳо ва мухолифатҳои ҷойдошта равона мегардад. Аз ин лиҳоз, таҳлили илмии ин масъала барои такмил додани низоми қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии танзими ҳуқуқӣ дар ҷомеа, аҳаммияти муҳим дорад.
     Мониторинги қонунгузорӣ яке аз унсурҳои асосии техникаи қонунгузорӣ буда, дорои роҳ, усул ва воситаҳои амалигардонии ба худ хос мебошад, ки онҳо тавассути қоидаҳои умумии техникаи ҳуқуқӣ амалӣ мегарданд.       Инчунин, мониторинги қонунгузорӣ дорои асосҳои ҳуқуқие мебошад, ки бо ҳадафи таъмини қонуният, шаффофият, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва самаранокии қонунҳо равона карда мешавад. Ин асосҳо кафолат медиҳанд, ки қонунҳо ҳамеша бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва манфиати ҷомеа мувофиқ бошанд.
      Асосҳои ҳуқуқии мониторинги қонунгузориро бо мақсадҳои зерин амалӣ кардан мумкин аст:
  • мониторинг бояд кафолат диҳад, ки ҳамаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунанда мувофиқат мекунанд;
  • пешгирии қабули қонунҳое мебошад, ки метавонанд ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро маҳдуд ё поймол намояд;
  • мониторинг муайян мекунад, ки қонун дар амал чӣ гуна татбиқ мешавад ва то кадом андоза натиҷаи мусбӣ медиҳад;
  • бо таҳлил муайян карда мешавад, ки оё қонунҳои гуногун ба ҳам мухолиф нестанд ё меъёрҳои онҳо такрор намешаванд;
  • натиҷаҳои мониторинг барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ва мутобиқ сохтани қонунҳо ба талаботи ҷомеа истифода мегарданд.
     Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки солҳои охир дар илми ҳуқуқшиносӣ барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти қонунгузорӣ механизми нав, яъне «мониторинги қонунгузорӣ» васеъ истифода мегардад.
  Дар асоси таҳлилҳои муқоисавӣ-ҳуқуқии истилоҳи мониторинги ҳуқуқӣ пешниҳод мегардад, ки мониторинги қонунгузорӣ раванди илмӣ-амалӣ буда, мушоҳидаи мунтазам, ҷамъоварӣ, таҳлил ва арзёбии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунии онҳоро дар бар мегирад. Мақсади асосии мониторинги қонунгузорӣ пеш аз ҳама муайян намудани сатҳи самаранокии меъёрҳои ҳуқуқӣ, ошкор сохтани камбудиҳо, зиддиятҳо ва холигиҳои ҳуқуқӣ, инчунин таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузорӣ мебошад.
     Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷузъи мониторинги ҳуқуқӣ буда, барои иҷрои вазифаҳои умумии таҳлили мунтазам ва ҳаматарафаи рушди қонунгузории ҷумҳурӣ, ташаккули соҳаю институтҳои нави ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ, тағйири мавзуъ ва усулҳои танзими ҳуқуқӣ, таъсири омилҳои объективӣ ва субъективӣ ба қонунгузорӣ мусоидат мекунад»  фаҳмида мешавад[1. С.-40.].
     Моҳияти мониторинги ҳуқуқӣ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он имконият медиҳад қонунгузорӣ мутобиқ ба талаботи замон ва ниёзҳои ҷомеа такмил дода шавад. Натиҷаҳои мониторинги ҳуқуқӣ метавонанд ҳамчун асос барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, таҳияи санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ хизмат намоянд.
Мониторинги ҳуқуқӣ бо мақсади иҷрои вазифаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
  • таҳлили ҳолати қонунгузорӣ;
  • арзёбии самаранокии меъёрҳои ҳуқуқӣ;
  • ошкор намудани камбудиҳо ва холигиҳои ҳуқуқӣ;
  • омӯзиши амалияи татбиқи ҳуқуқ;
  • арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва ҳуқуқии қонунҳо;
  • пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо;
  • таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузорӣ;
  • баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ;
  • мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон;
     Натиҷаҳои мониторинг барои субъектҳо, ки дар тамоми соҳаҳои рушди иҷтимоӣ, новобаста аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ фаъолият ва моликият амал мекунанд, моҳияти назаррас доранд. Маҳз бо дарназардошти натиҷаҳои мониторинг, давлат ва ҷомеа ба аҳаммияти такмил, тағйир, илова ё бекор кардани баъзе меъёрҳои ҳуқуқӣ эҳтиёҷ доранд, ки онро дар навбати худ, метавон танҳо тавассути оғоз, ба ҳаракат даровардани тамоми раванди қонунгузорӣ, ки бо захираҳои инсонӣ, илмӣ, моддӣ, маъмурӣ ва дигар манбаъҳо дастгирӣ мешавад, амалӣ гардонад.
     Усулҳои мониторинги қонунгузорӣ ин роҳҳо ва равишҳое мебошанд, ки барои ҷамъоварӣ ва таҳлили санадҳои қонунгузорӣ истифода мешаванд. Мониторинги қонунгузорӣ низ дар баробари дигар намудҳои фаъолияти ҳуқуқӣ дорои усул ва воситаҳое мебошад, ки тавассути он фаъолияти мазкур роҳандозӣ гардида, натиҷаҳои муайян ба даст меоянд.  
Мониторинги қонунгузорӣ бо усулҳои зерин амалӣ карда мешавад:
  1. Усулҳои таҳлилии (систематикӣ):
- таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - муқоиса ва арзёбии қонунҳо бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ;
- синтез - ҷамъбасти маълумотҳо ва муайян кардани камбудиҳо ва такмилҳои зарурии меъёрҳои қонун;
- муқоиса - муқоиса кардани қонунҳо бо амалигарди онҳо ва бо таҷрибаи кишварҳои дигар.
  1. Усулҳои амалӣ (эксперименталӣ ва назоратӣ):
- назорати мустақим - мониторинг дар мақомоти давлатӣ ва сохторҳои марбут бо истифода аз назари мустақим ва санҷишҳои амалӣ;
-  суҳбат ва мусоҳибаҳо - бо кормандон, мутахассисон ва шаҳрвандон барои муайян кардани таъсири қонунҳо;
- пурсуҷӯӣ ва пурсиш — ҷамъоварии маълумот аз шаҳрвандон ва субъектҳои ҳуқуқӣ дар шакли саволномаҳо.
     Усулҳо ва воситаҳои амалигардонии мониторинги қонунгузорӣ  бо мақсади пайгирӣ ва ҷамъоварии маълумот, таъмини риояи қонун, таҳлил ва арзёбии таъсир, огоҳсозӣ ва иттилоотонӣ,  пешгирӣ ва кам кардани хатарҳои ҳуқуқӣ истифода мешаванд.
     Воситаҳои амалигардонии мониторинги қонунгузорӣ, ин технологияҳо, механизмҳо ва усулҳое, ки барои пайгирӣ, таҳлил ва огоҳсозӣ бо мақсади ворид намудани тағйирот ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад.
     Воситаҳои мониторинги қонунгузорӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
  1. Воситаҳои анъанавӣ (дастӣ):
  • китобхонаҳо ва пойгоҳҳои қонунгузорӣ – ҷамъоварӣ ва нигоҳдории қонунҳо ва фармонҳо;
  • нашрияҳои расмӣ – газетаҳо, маҷаллаҳо, бюллетенҳои давлатӣ барои огоҳӣ аз тағйироти қонунҳо;
  • ҳуҷҷатҳои дохилӣ – реестрҳо ва маҳзанҳои санадҳои дохилӣ барои мониторинг дар ташкилот (ташкили ҷадвал ё каталоги дастӣ барои тағйироти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ).
  1. Воситаҳои электронӣ ва онлайн:
  • порталҳои расмӣ ва вебсайтҳои қонунгузорӣ;
  • махзанҳои маълумотии қонунгузорӣ (пойгоҳҳои ҷустуҷӯӣ ва таҳлилӣ);
  • низоми огоҳсозӣ (низоми хабаррасонӣ ва огоҳсозӣ, ки хабарҳо, тағйиротҳо ва маълумоти навро мерасонад).
  1. Воситаҳои автоматӣ ва технологӣ:
  • низомҳои мониторинги қонунгузорӣ (низоми махсус оид ба мониторинг ва пайгирии қонунҳо, фармонҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Он барои ширкатҳо, ташкилотҳо ва гурӯҳҳои ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки бо тағйироти қонунгузорӣ ҳамқадам бошанд);
  • пайгирии тағйироти қонунҳо ва таҳлилҳо (низомҳои махсус барои мониторинг ва пайгирии қонунгузорӣ мебошанд);
  1. Воситаҳои таҳлилӣ ва ҳисоботӣ -
  • ҳисобот ва графикҳо (арзёбии таъсир ва пешгӯии мушкилот);
  • воситаҳои ҷамъоварии маълумот (таҳлил ва ҷамъоварӣ дар шакли графикӣ).
  1. Воситаҳои ташкилотӣ ва идорӣ:
  • муқоиса ва таҳлили тағйиротҳо  (барномаҳо ё ҷадвалҳо барои муқоиса кардани нусхаҳои қонун);
- шуъбаҳо ва бахшҳои дохилӣ (назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар дохили корхона.
- стандартҳо ва тартиботи дохилӣ (тартиби мониторинг ва ҷадвалҳои вазифавӣ).
- тренинг ва омӯзиш (омӯзиши кормандон дар бораи қонунҳо ва тағйиротҳо).
     Дар низоми илми ҳуқуқшиносӣ мониторинги қонунгузорӣ ҳамчун воситаи такмили қонунгузорӣ ва сиёсати ҳуқуқӣ тадриҷан рушд меёбад. Он метавонад дар беҳтар намудани сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мутобиқ кардани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нақши муҳим бозад.
     Мониторинги қонунгузорӣ омили муҳимми рушди сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ ба шумор меравад. Зеро, заминаҳои рушди ҳуқуқии ҳар як кишвар  аз  натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги ҳуқуқӣ вобаста аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд аз хусусиятҳои мониторинг ва унсурҳои таркибии он дар фаъолияти қонунгузорӣ васеъ истифода менамояд. Ба андешаи А.Ғ. Холиқзода ва М. Ҳоҷиев «мониторинг раванди ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳоест, ки  барои беҳтар намудани тартиби қабули қарорҳо, бартараф кардани камбудиву норасогиҳои меъёрэҷодкунӣ, таҳлили барномаҳо ва кор карда баромадани сиёсат дар риштаи меъёрэҷодкунӣ истифода бурда мешавад» [7. С.-275.]. Дурустии андешаи мазкур дар он аст, ки мақсади асосии мониторинги қонунгузорӣ дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун воситаи таҳлили ҳуқуқӣ барои арзёбии сифат ва самаранокии қонунҳо, санҷиши сатҳи татбиқи онҳо дар амалия ва муайян намудани самтҳои такмили минбаъдаи қонунгузорӣ хизмат менамояд. Зеро мониторинги ҳуқуқӣ яке аз унсурҳои калидии техникаи ҳуқуқӣ буда, дорои усулҳо ва хусусиятҳои муайян мебошад.
     Хусусияти асосии мониторинги қонунгузорӣ дар он зоҳир мегардад, ки он ба баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ,  қонунгузорӣ, ҳуқуқтатбиқкунӣ, ҳуқуқҳифзкунӣ, ҷоннок гардидани фаъолияти субъектон, иттилоотонии ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар хусуси қонунгузории мавҷуда, ҳамчунин баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҳуқуқии омма ва кормандони мақомоти давлатӣ мусоидат мекунад.
     Хулоса, мониторинги қонунгузорӣ ҳамчун яке аз механизмҳои муҳими низоми ҳуқуқӣ ба мақсади таҳлили мунтазам ва арзёбии ҳолати амалишавии қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона гардидааст. Моҳияти асосии он дар таъмини назорати илмӣ-амалӣ аз болои сифати қонунҳо, муайян намудани сатҳи самаранокии онҳо дар раванди татбиқ ва ошкор намудани мушкилоту камбудиҳои мавҷуда ифода меёбад. Дар ин замина, мониторинг на танҳо воситаи назоратӣ, балки воситаи таҳлилии муҳим барои такмили минбаъдаи қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад. Он имконият медиҳад, ки мутобиқати меъёрҳои ҳуқуқӣ ба ниёзҳои ҷомеа ва талаботи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ муайян карда шуда, самтҳои ислоҳ ва такмили қонунҳо асоснок гарданд. Ҳамин тариқ, мониторинги қонунгузорӣ заминаи илмӣ ва амалӣ барои баланд бардоштани сифати танзими ҳуқуқӣ ва таъмини самаранокии фаъолияти низоми ҳуқуқиро фароҳам меорад.
     Дар маҷмуъ мониторинги қонунгузорӣ  яке аз унсурҳои муҳими низоми муосири ҳуқуқӣ буда, барои рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини адолат аҳаммияти калон дорад. Он на танҳо қонунҳоро меомӯзад, балки ба беҳтар шудани зиндагии шаҳрвандон тавассути татбиқи босамари ҳуқуқ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ,  мониторинги қонунгузорӣ пеш аз ҳама бояд ба саволҳои зерин ҷавобгу бошад:
  • иҷроиши қонун дар амал дар кадом сатҳ аст;
  • то кадом андоза ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ аст;
  • кадом мушкилот дар татбиқи меъёрҳои он вуҷуд дорад;
  • чӣ гуна метавон норасоиҳоро бартараф кард.
 
Рӯйхати адабиёт:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 30-юми майи соли 2017, №1414 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2017, № 5, қ.-1, мод. 271; с. 2019, № 7, мод. 465; с. 2021, № 12, қ.-2, мод. 694.
  2. Арзамасов, Ю.Г. Обзор международной научной конференции “Инновации. Наука, образование”, состоявшейся в Российском университете кооперации [Текст] / Ю.Г. Арзамасов // Государство и право. – 2008. № 2. – С. 114–123.
  3. Негробов, В.Л. Мониторинг российского законодательства как элемент правовой политики: общетеоретический аспект [Текст]: автореф. дис. … канд. юрид. 12.00.01 / Негробов, Валерий Леонидович. – Владимир, 2008. – 26 с.
  4. Матробов, М.Х . Мониторинги қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳқиқоти назариявӣ-ҳуқуқӣ [Матн]:  дисс. ном. илм. ҳуқуқ.: 5.5.1. / Матробов М.
  5. Миронов, С. Теория и практика мониторинга правового проснтранства и правоприменительной практики: итоги и престпективы [Текст] / С. Миронов // Вестник Совет Федерации. – № 4-5, – М., 2006. – С. 4-13.
  6. Тихомиров, Ю.А. Эффективность закона и экономика [Текст] /  Ю.А. Тихомиров // Вопросы государственного и муниципального управления. – 2009. – № 4. – С. 5-16.
  7. Холиқзода,          А.Ғ.   Ҳоҷиев       М.     Тафсири     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санадҳои меъѐрии ҳуқуқӣ. [Матн] / А.Ғ. Холиқзода, М. Ҳоҷиев. – Д., 2017. – 527 c.
 
 
                                               Ҷамшедзода Комрон Ҷамшед,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад