ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 24/10/2023 - 09:16
ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ
    Экспретизаи экологӣ ва танзими ҳуқуқии он унсури муҳими механизми ташкилӣ-ҳуқуқӣ, падидаи ҳуқуқӣ экологӣ, асоси ҳифзи муҳити зист ва дар маҷмӯъ ҳифзи табиат, қисми қонунгузории экологӣ мебошад.
    Экспертизаи экологӣ яке аз механизмҳои ҳуқуқии муҳим ва самаранок барои таъмини муҳити зисти солим мебошад. Дар шароити имрӯза барои муайян намудани таъсири имконпазири фаъолияти банақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият ба муҳити зист, тағйири эҳтимолии муҳити зист, инчунин пешгӯӣ намудани вазъи ояндаи он бо мақсади қабули қарор оид ба имконпазир ё имконнопазир будани татбиқи қарорҳои лоиҳавӣ дар назар дошта мешавад.
     Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати танзими муносибатҳо вобаста ба экспертизаи экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудааст. Дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» аз 16 апрели соли 2012, №818 мафҳуми экспертизаи экологӣ пешбинӣ шудааст, ки тибқи он экспертизаи экологӣ ин муқаррар намудани мутобиқат ё номутобиқатии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, аз он ҷумла санадҳои меъёрии техникӣ мебошад. Хусусияти хоси экспертизаи экологӣ дар он зоҳир мегардад, ки он ба муайян намудани мутобиқат ё номутобиқатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист равона карда шудааст.
   Ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ин лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, консепсияҳои соҳавӣ, пешгӯиҳо, барномаҳо ва нақшаҳо, лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, лоиҳаҳои меъморӣ ва сохтмон, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии техникӣ мебошанд, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи экологӣ” ба объектҳои экспертизаи экологӣ дохил гардидаанд ва дигар ҳуҷҷатҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин объектҳо мансуб дониста мешаванд.
    Қонуни асосие, ки бевосита масъалаҳои экспертизаи экологиро танзим мекунад, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи экологӣ” мебошад. Пеш аз ин қонуни номбурда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи экологӣ” аз 5 марти соли 2003 амал мекард ва бо инкишофи муносибатҳо ва норасоии танзими ҳуқуқӣ дар ин соҳа зарурат ба қабули қонунгузории мазкур дар таҳрири нав ба миён омад. Аз ин маълум мешавад, ки таҷрибаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экспертизаи экологӣ якчанд даҳсоларо дар бар мегирад ва бо мурури замон бояд қонунгузории сифатан беҳтарро мавриди амал қарор дод.
    Тибқи назарияи ҳуқуқи экологӣ нақши экспертизаи экологӣ дар арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, таҳлили ҳолати муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ ва нигоҳдории муҳити зисти солим нақши муҳим дорад ва яке аз механизмҳои татбиқи қонунгузории экологӣ мебошад. Экспертизаи экологӣ механизми муҳими таъини истифодаи оқилона ва ҳифзи муҳити зист ба шумор меравад.
Ҳамчунин, экспертизаи экологӣ воситаи дастгирии тартиби ҳуқуқии экологӣ дар ҳуқуқэҷодкунӣ, фаъолияти хоҷагидорӣ, идоракунӣ ва дигар фаъолият, таъмини иҷро ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як инсон ба муҳити зисти мусоид, сарчашмаи иттилооти муҳими экологӣ, воситаи исботкунӣ ҳангоми ҳалли баҳсҳо мебошад.
     Моҳияти гузаронидани экспертизаи экологӣ аз он иборат аст, ки маводҳое, ки аз тарафи фармоишгар ва ё аз таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо пешниҳодшуда, ҳаматарафа омӯхта шуда, аз назари ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ таҳлил гардида, ҷиҳати амалӣ гардидани фаъолияти банақшагирифташуда, бо дарназардошти иҷрои пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмӣ хулосаи илмии асоснок дода мешавад.
     Вазифаи асосии экспертизаи давлатии экологӣ ин кафолати дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист нишон додани чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва талаботи кофии қонунгузорӣ мебошад.
    Тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи экологӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи давлатии экологӣ ва экспертизаи ҷамъиятии экологӣ гузаронида мешаванд.
     Дар адабиёти ҳуқуқии экологӣ дар баробари экспертизаи экологии давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин намудҳои экспертизаи экологии илмӣ ва тиҷоратиро ҷудо менамоянд. Гузаронидани чунин намудҳои экспертиза аҳамияти ҳуқуқиро доро намебошад.
      Дар маҷмуъ, метавон қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи экологӣ” аз 16 апрели соли 2012, №818 қабул гардида, аз 7 боб ва 28 модда иборат мебошад. Дар он масъалаҳои умумӣ, аз ҷумла оид ба мафҳумҳои асосӣ, принсипҳо, мақсад ва вазифаҳои экспертизаи экологӣ, намудҳо ва салоҳияти Ҳукумати кишвар ва ваколатҳои мақомоти ваколатдори дигар дар соҳаи экспертизаи экологӣ, вазъи ҳуқуқии экспертизаи давлатии экологӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ, экспертизаи ҷамъиятии экологӣ, арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, маблағгузории экспертизаи экологӣ ва дигар муқаррароти хотимавӣ пешбинӣ гардидааст.
       Бояд қайд намуд, ки дар давраи зиёда аз 10 соли қувваи амали қонуни болозикр ба он ягон маротиба тағйиру иловаҳо ворид нагардидааст.
       Бо ин назардошт, таклифҳои зерин бобати такмили қонуни мазкур пешниҳод карда мешавад:
– муқаддимаи Қонуни мазкур ба талаботи қисми 2 моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқат наменамояд. Мувофиқи он муқаддима қисми таркибии санади қонунгузорӣ буда, дар он мавзуи қабули санади қонунгузорӣ, мақсад ва вазифаҳои асосии он ифода карда мешавад. Дар муқаддимаи Қонуни мазкур мавзуъ ва мақсади қабули он пешбинӣ гардида, вазифаҳои қонун бошад, истисно гардидааст.
Бо дарназардошти таҷрибаи қонунгузории давлатҳои пешрафта ва таҳлили Қонуни мазкур пешниҳод карда мешавад, ки муқаддимаи он дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологӣ танзим намуда, ба пешгирии таъсири манфии фаъолияти банақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ, дигар намуди фаъолият ва оқибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигари ба он алоқаманд равона гардида, таҳлил ва арзёбии воқеии таъсиррасонии зарарноки объектҳои экспертизаро ба муҳити зист ва саломатии инсон аз ҷиҳати экологӣ муайян мекунад»;
– мафҳуми экспертизаи экологӣ ҳам дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва ҳамзамон дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» пешбинӣ гардидааст. Аз ин рӯ, бо дарназардошти талаботи моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади бартарафсозии такрорёбии меъёрҳо мафҳуми экспертизаи экологӣ аз моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» хориҷ карда шавад;
– бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни мазкур ба талаботҳои нави Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 тасдиқ гардидааст, пешниҳод карда мешавад, ки дар матни Қонуни мазкур калимаҳои «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадор» ва «ӯҳдаи» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «уҳдадор» ва «уҳдаи», инчунин калимаҳои «мӯҳлати», «мӯҳлату», «мӯҳлатҳои» мувофиқан ба калимаҳои «муҳлати», «муҳлату» ва «муҳлатҳои» иваз карда шаванд.
 
Одиназода Шоҳрух Хисрав,
иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муњити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Раҳмонов Ҳикматулло Раҳмонқулович,
сармутахасиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад