ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

САҲМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ҚОНУНГУЗОРИИ ОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 05/10/2023 - 16:19

САҲМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ҚОНУНГУЗОРИИ ОН     

     Тӯли садсолаҳо, баъди пароканда шудани давлати Сомониён ба сари мардуми тоҷик қавму қабилаҳои гуногун ҳокимият кардаанд. Маҳз ба шарофати забони шево ва гӯёи мо, ки ба он илмҳои дақиқ  ва адабиёту фарҳанги ҷаҳоншумул эҷод гардидааст, халқи тоҷик аз байн нарафт, баръакс, дар фарҳанги халқи мо қавмҳои ҳоким омезиш ёфта, лафзи шаккарини дариро барои худ забони модарӣ интихоб намуданд. Забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин наслҳои нажоди ӯ об хӯрда, мояи ифтихору худшиносии наслҳои баъдина мегардад.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ санаи 4 октябри соли 2019 қайд намуда буданд, ки «забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

      Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

    Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.  Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ»-ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.

    Бинобар ин, ба ҳамватанону дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки барои омӯзишу таҳқиқи таърихи забонамон ҳарчи бештар талош намуда, ҷиҳати омода кардани мутахассисони таърихи забон, бахусус, донандагони забонҳои қадимаамон, ки имрӯз ангуштшумор мебошанд, инчунин, шевашиносону хатшиносон чораҷӯӣ намоянд, то ки дар асоси калимаву ибораҳои зебову шевои бостониамон нуқсу камбудиҳои забони имрӯзаамонро бартараф сохта, онро боз ҳам ғанӣ гардонем».

      С. Назарзода ва Р.А. Шодиев барҳақ қайд менамоянд, ки дар даврони Истиқлол пажӯҳишҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ хусусияти бунёдӣ пайдо кардааст, ки сабаби асосӣ аз як тараф мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ буда, аз тарафи дигар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони давлатии худ ва аз ҳама муҳим таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ мебошад.

    Дар мулоқоти Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён, олимон ва муҳаққиқон, ки 18 марти соли 2020 баргузор гардид, Сарвари давлат оид ба масъалаҳои гуногуни рушди илми тоҷик таваҷҷуҳ намуда, ба масъалаҳои таҳқиқи забони тоҷикӣ ва махсусан ба мақоми илмӣ баровардани рушди забони тоҷикӣ ишора карда, боз як бори дигар бо пешниҳодҳои худ оид ба рушди забони тоҷикӣ дар суханронии хеш дар ҷашни даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моҳи октябри соли 2019) таъкид доштанд.

     Дар ин суханронӣ Пешвои миллат оид ба ҷанбаҳои асосии рушди забони давлатӣ дар замони Истиқлол пешниҳодҳои судманде иброз доштанд, ки аз густариши забони меъёр, ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ, таҳияи дастури илмии забонии тоҷикӣ, таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ дар асоси дастовардҳои навини забоншиносии компютерӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рушди забони давлатӣ иборат буданд.

       Имрӯз новобаста ба инкишофу рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳқиқу пажӯҳиши масъалаҳои муҳимми забони тоҷикӣ душвориву мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки барои рафъи онҳо тадбирҳои мушаххаси ҷиддии сатҳи давлатӣ лозим аст.

      Пас аз ба даст овардани Истиқлолият зери таъсири вазъияти нави ҷаҳонӣ барои таҳқиқи таърихи забон аз диди нав, аз нав эҳё намудани суннатҳои бостонии ҷомеа, истифодаи таҷрибаи таърихии забони тоҷикӣ ва забоншиносони ватанӣ шароити мусоид муҳайё гардид. Доир ба таърихи забон асарҳои зиёде таҳия шуданд. Соли 2019 ҳангоми мулоқот ба истиқболи даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сарвари давлат масъалаҳои риояи меъёрҳои таърихии забони адабӣ, таҳияи дастури илмии забони тоҷикӣ, танзими истилоҳот ва як силсила масъалаҳои мубрами забони тоҷикиро хотирнишон кард.

    Аз ҷумла, барои густариши забони тоҷикӣ дар ояндаи кишвар асару мақолаҳои Пешвои миллат аҳаммияти махсус дорад. Роҳҳои асосии густариши забони тоҷикӣ дар асарҳои ӯ, ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» (1999, 2002, 2006, 2009), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» инъикоси худро ёфтаанд. Китоби дигари арзишманди Пешвои миллат, ки бевосита ба масъалаи забони давлатӣ тааллуқ дорад, ин китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» (ҷилди 1, чопи аввал 2016, чопи дуюм 2018, ҷилди дуюм 2020) маҳсуб мешавад. Ин китоб дастовардҳои охири забоншиносии тоҷикро дар бобати таърихи густариши забони тоҷикӣ дар худ таҷассум кардааст.

    Саҳми дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди қонунгузории забони давлатӣ ба назар мерасад. Бори аввал дар сатҳи қонунгузорӣ 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд. Вале қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуни забоне, ки дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд. Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад.

      Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5-уми октябри соли 2009, №553 ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

  Тавре ки дар дебочаи Қонуни мазкур дарҷ гардидааст, он вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Яъне тавассути ин қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид. Бо вуҷуди ин, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадоранд, ки иҷрои ҳатмии талаботи қонуни мазкурро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда, барои риояи меъёрҳои он ва рушди бемайлони ин забони шоирона талош варзанд.

      Дигар иқдомоти наҷиби Ҳукумати мамлакат дар самти сиёсати давлатӣ вобаста ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули барномаҳои давлатӣ ба шумор меравад. Қаблан ҳам дар ин хусус «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» аз 30.06.2012, №335 қабул гардида буд, ки дар худ шаш самти афзалиятноки пешбурди забони давлатиро фаро мегирифт. Бо мақсади такмил додани он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28 ноябри соли 2020, №647 қабул гардид, ки аз 8 боб ва 24 қисм иборат мебошад.

   Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян менамояд. Барномаи мазкур ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон равона шуда, барои рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.

   Албатта таҳия ва қабул гардидани чунин барномаҳои муҳим аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва саҳми он дар қонунгузории забони давлатӣ гувоҳӣ дода, исботи худро дар он меёбад, ки ҳанӯз дар суханронии хеш ба муносибати рӯзи забони давлатӣ (октябри соли 2019) дастур доданд, ки Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илм «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030»-ро таҳия намоянд ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд.

     Мавриди зикр аст, ки забони тоҷикӣ мақоми забони илмро соҳиб шуда, дар доираи меъёрҳои он рисола ва асарҳои илмию таҳқиқотӣ таҳия гардида, корҳои илмии муҳаққиқон бо риояи қоидаҳои имло ва сабку баёни илмӣ омода ва интишор мешаванд. Дар таҳқиқотҳои илмӣ забонҳои дигар низ истифода мегарданд. Фароҳам овардани чунин заминаи ҳуқуқӣ барои рушди забони илм ва истифодаи истилоҳоти илмӣ бо забони давлатӣ мусоидат мекунад. Дар робита ба ин низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки дар кишвар барои ҳифзи забони давлатӣ ва забонҳои дигар фазои мусоид ба вуҷуд меоранд. Тадбирҳои мазкур дар роҳи гиромидошту арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ нақши муҳим мебозанд.

      Дар фарҷоми сухан ҳаминро зикр кардан ба маврид аст, ки мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем. Пешвои миллат ҳам дуруст таъкид менамоянд, ки омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад.

 

Тоҷидинов Маҳмароиб Абдулвоҳидович, муовини сардори шуъбаи  қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.7 (3 овоз)