ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

РУШДИ ҚОНУНГУЗОРӢ ВА ТАҲКИМИ ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 15/10/2025 - 11:05
     Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ бо дарки нақши занон ҳамчун нерӯи созанда, тарбиятгар ва иштирокдори фаъоли равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, барои фароҳам овардани шароити баробар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа чораҳои муассир меандешад. Дар ин замина, рушди қонунгузорӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ нақши калидӣ дорад, зеро маҳз тавассути онҳо иҷрои амалии сиёсати давлатӣ таъмин мегардад.
     Масъалаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои занон ҳамеша зери таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии кишвар қарор дошта, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки бе иштироки фаъолонаи занон рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ имконнопазир аст. Бо ин мақсад, дар кишвар сиёсати давомдор ва ҳамоҳангшуда дар самти ҳимоя ва густариши ҳуқуқҳои занон татбиқ мешавад.
     Қабули Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 далели возеҳи таваҷҷуҳи доимии давлат ба ин самт мебошад.
     Таҳкими мақоми занон дар ҷомеа пеш аз ҳама дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст. Моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки мардон ва занон баробарҳуқуқанд [2]. Меъёри мазкур кафолат медиҳад, ки занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар фаъолона иштирок карда, аз тамоми ҳуқуқу манфиатҳои пешбинигардида озодона истифода намоянд.
     Дар заминаи ин меъёри Конститутсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» қабул гардид. Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигар ба танзим дароварда, табъизро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар мекунад.
     Дар баробари Қонуни зикршуда бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти субъектҳои ваколатдор дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид.
     Фаъолияти пурсамари занону бонувон ба ҳайси аъзои Ҳукумат, вакилони мақоми олии қонунгузор, роҳбарони сохторҳои назди Президент ва Ҳукумати мамлакат, хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, соҳаи бонкдорӣ ва соҳибкорони муваффақ равшан гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати давлати Тоҷикистон дар самти дастгирии занон ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо самараҳои нек ба бор оварда истодааст.
     Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробари занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар зарурати иштироки фаъоли занонро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа талаб менамояд, аз ин рӯ, таъмини баробарии гендерӣ ва фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа ба рушди устувори мамлакат мусоидат менамояд [3].
     Таъмини баробарии гендерӣ дар соҳаи иқтисодиёт, ҳавасмандгардонии занон барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, дастрасии баробар ба захираҳои молиявӣ тавассути қарздиҳии дастрас ва рушди соҳибкории занон низ дар маркази сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Дар самти мазкур ҷиҳати мусоидат ба дастгирии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон барои давраи то соли 2027 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2023, №545 қабул гардид. Дар Тоҷикистон имрӯз Ҳукумат барои эҷоди низоми ҳамаҷонибаи маҷмуии дастгирии соҳибкории занон чораҳо меандешад, ки тадбирҳои дастгирии молиявӣ ва хизматрасониро дар бар мегирад. Рушди соҳибкории занон дар ҷумҳурӣ тавассути барномаҳои давлатии соҳавӣ ва созишномаҳои байни Ҳукумат ва ниҳодҳои байналмилалии рушд сурат мегирад [4].
     Тайи даҳ соли охир, яъне солҳои 2015 - 2024 барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд. Илова бар ин, дар ин давра барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон 24 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо карда шудаанд [5].
      Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд [6].
Барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкории занон, грантҳои президентӣ, қарзҳои дастрас барои рушди иқтисоди занон ва дигар тадбирҳои амалигардида бори дигар собит менамоянд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар рушди мустақил ва фаъол кардани нақши занон дар ҷомеа диққати махсус медиҳад.
     Ҳамин тариқ, рушди қонунгузорӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Давлат тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи барномаҳои мақсаднок кӯшиш менамояд, ки баробарии воқеии гендерӣ, фаъолиятҳои иҷтимоиву иқтисодии занон ва иштироки онҳо дар идоракунии давлатӣ таъмин гардад. Сиёсати мазкур на танҳо ба адолати иҷтимоӣ, балки ба таҳкими пояҳои демократӣ, рушди устувор ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
 
СОБИРЗОДА ҲУСНОРО КОРЧА
муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи иттилоотӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Руйхати адабиётҳои истифодашуда:
  1. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар аз 07.03.2025, Манбаи дастрасӣ: https://president.tj/event/speeches/49921 (санаи муроҷиат: 29.08 2025).
  2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 29.08.2025 );
  3. Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 аз 30.04.2021 №167//Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. - Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 29.08.2025).
  4. Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 аз 29.11.2023 №545//Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. - Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 29.08.2025).
  5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28.12.2024 манбаи дастрасӣ https://www.president.tj/event/missives/49225 
  6. Баромади раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон https://www.comwom.tj/articles/1551-nishasti-matbuotii-kumitai-kor-bo-za...
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад