ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

РУШДИ НИЗОМИ АНДОЗ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 17/06/2022 - 08:30
Андоз пардохти ҳатмии ба буҷети давлатӣ мебошад, ки ба андозаи муайян амалӣ гардида, хусусияти ҳатмии бебозгашт ва беподош дорад. Маблағи буҷет ба ҳамин роҳ андӯхта, барои фаъолияти давлат ва мақомоти он, аз ҷумла барои ҳифзи мамлакат аз суиқасду тааррузи бурена, ҳифзи тартиботи дохилӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молумулки шаҳрвандон барои ҳимояи иҷтимоии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ беҳимояи аҳолӣ (кудакон, маъюбон, пирсолон ва мискинон) харҷ мешавад.
Низоми андози Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият аз нав ташкил шуда, зина ба зина рушд карда истодааст.
Дар паёми худ аз 21 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ намуданд, ки дар ин давра барои гузариш аз иқтисоди маъмуриву банақшагирӣ ба низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ, яъне иқтисоди бозаргонӣ ислоҳоти фарогир амалӣ карда шуд. Ҷиҳати барқарор сохтани низоми фалаҷшудаи идораи давлатӣ, оғоз намудани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ, амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳои сохторӣ ва минбаъд таъмин намудани гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ бисёр тадбирҳои самарабахш амалӣ карда шуданд.
Дар давраи рушди низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1998 шумораи андозҳо ба 45 номгӯ расида буд. Соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шомил шуд, ки яке аз талаботи шомилшавӣ ба ин созмон такмил додан ва кам кардани шумораи андозҳо ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин, аз 17 сентябри соли 2012 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон № 901 қабул гардида, аз санаи 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шуд, ки дар он шумораи андозҳо 10 номгӯйро дар бар мегирифт. Айни замон дар кодекси наве, ки 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт, 7 номгӯйи андоз пешбинӣ шуд, ки ин далели бевоситаи рушди низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Кодекси андози дар таҳрири нав қабулгардида асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиро оид ба муқаррарсозӣ, тағйирдиҳӣ, бекоркунӣ, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, иҷрои уҳдадориҳои андозӣ муайян намуда, ба ташаккул, рушд ва ҳавасмандгардонии фаъолияти хоҷагидорӣ нигаронида шудааст. Яъне, мақсади асосии қабул гардидани Кодекс дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ тариқи рушди маъмурикунонии андоз, беҳтар ва бештар намудани хизматрасониҳои электронӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон, рақамикунонии муносибатҳои андозӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошад.
Инчунин, дар Паёми худ аз 21 декабри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ намуданд: “Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд.”
Тағйироти ҷиддӣ, албатта дар самти номгӯйи андозҳо, бобҳо ва моддаҳо дида мешавад. Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи фаслҳо аз 18 ба 15, бобҳо аз 50 ба 59, моддаҳо аз 329 ба 399 ва шумораи андозҳо аз 10 ба 7 расонида шудааст. Шумораи андозҳои ҷумҳуриявӣ аз 8 ба 6 ва маҳаллӣ аз 2 ба 1 тағйир ёфтааст.
Инчунин дар қисми низомҳои махсуси андозбандӣ низомҳои нав, ба монанди низоми андозбандии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, низоми андозбандии субъектҳои бозори қоғазҳои қиматнок, низоми содакардашудаи фаъолияти паррандапарварӣ ва истеҳсоли омехтаи хӯроки паррандаву чорво, низоми содакардашудаи андозбандӣ дар фаъолияти инноватсионӣ-технологӣ ворид карда шуд. Дар баробари низомҳои зикршуда ҳамчунин, дар низоми махсуси андозбандӣ барои шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро тибқи патент ё шаҳодатнома ба роҳ мондаанд, тағйиротҳо дида мешаванд.
Тибқи Кодекси қаблӣ маҳдудияти даромади умумии соҳибкори инфиродӣ, ки дар асоси патент фаъолият менамояд то 100 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида бошад, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон даромади умумиаш бояд аз 200 ҳазор сомонӣ зиёд набошад. Ҳамчунин, шахсе, ки дар асоси патент фаъолият менамояд ҳуқуқ дорад дар асоси шаҳодатномаи махсус 2 нафар коргари кирояро ба кор ҷалб намояд. Ин ҳам афзалият барои соҳибкорон мебошад, ки фаъолияти хешро хубтар ба роҳ монанд.
Дар замони Истиқлолият аз ҷониби давлату ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 ва муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3–5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.
Боиси тазаккур аст, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 намуди низоми андозбандӣ пешбинӣ гардидааст:
1) низоми умумии андозбандӣ – тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллии муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) низоми махсуси андозбандӣ – тартиби махсуси андозбандии барои гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон муқарраргардида, ки тарзу усулҳои содакардашудаи ҳисоб ва пардохти намудҳои алоҳидаи андоз, инчунин пешниҳоди ҳисоботи андозро пешбинӣ менамояд
Тибқи моддаи 25 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми махсуси андозбандӣ низомҳои махсус ва содакардашударо дар бар мегиранд. Ба низоми махсус ва содакардашудаи андозбандӣ дохил намудани андозбандии шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси патент ё шаҳодатнома амалӣ менамоянд ва инчунин субъектҳои соҳибкории хурд аз дастгирии давлату ҳукумат баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат далолат менамояд.
Инчунин андозбандии соҳибкорони дар асоси патент фаъолияткунанда дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд» (аз 31 марти соли 2022, №151) амалӣ мегардад, агар дар як вақт шартҳои зерин иҷро шаванд:
1) Фаъолияти соҳибкори инфиродӣ бе кирояи қувваи корӣ ва бе амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ анҷом дода шавад;
2) Дар соли тақвимӣ даромади умумии соҳибкори дар асоси патент фаъолияткунанда аз 200 ҳазор сомонӣ бештар набошад.
Ҳангоми аз ҷониби соҳибкори инфиродии дорандаи патент иҷро нагардидани яке аз шартҳои пешбинигардида чунин соҳибкори инфиродӣ бо меъёри панҷкаратаи андозаи моҳонаи андозҳои ба фаъолияти ӯ дахлдошта андозбандӣ карда мешавад.
Инчунин, аз ҷониби шахси воқеӣ анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ бе бақайдгирии давлатӣ манъ аст. Ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ бе бақайдгирии давлатӣ даромади чунин шахс ба андозаи дукаратаи меъёри барои чунин фаъолият муқарраршуда барои давраи бе бақайдгирӣ фаъолият намудан андозбандӣ карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» мақоми ваколатдори бақайдгирии давлатии соҳибкорони инфиродӣ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи банди 2 моддаи 369 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон – соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда дар мақомоти андози маҳалли фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Шахси воқеӣ ҷиҳати бақайдгирии худ ҳамчун сохибкори инфиродӣ ба мақоми ваколатдор бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
  1. ариза барои бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ;
  2. нусхаи хуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, инчунин ду дона сурати 4x6;
  3. нусхаи шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин ё нусхаи қарор дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин ҳангоми бақайдгирии хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ, рӯйхати аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда барои ҳар яки онҳо;
  4. нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои буду бош ва фаъолияти соҳибкорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, корти бақайдгирӣ, иҷозатномаи иқомат дар муддати на камтар аз шаш моҳ);
  5. нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) фаъолияти соҳибкории шахси воқеӣ;
  6. расиди пешпардохти арзиши патент барои ҳуқуқи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар тӯли моҳҳои муайян (муҳлати амали патент) - барои шахсоне, ки хоҳиши гирифтани патент барои ҳуқуқи фаъолияти соҳибкории инфиродиро доранд.
Дар ҳолати иваз гардидани маҳалли фаъолияти чунин соҳибкор варақаи ҳисоббаробаркунии ӯ ба таври автоматӣ ба мақомоти андози дахлдор интиқол дода мешавад.
Дар натиҷа дар муҳлати на бештар аз 5 рӯз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ҳамчун сохибкори инфиродӣ – шаҳодатнома оиди бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва ё патенти ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкории инфироди дода мешавад, ки асоси оғози фаъолияти соҳибкорони инфородӣ ба ҳисоб меравад.
Дар фаъолияти худ соҳибкори инфиродӣ аз уҳдадориҳои зерин озод мебошанд:
1) аз пардохти андоз аз даромад аз фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, ки дар қисми 2 моддаи 24 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоии бевосита ба арзиши патент дохилшаванда;
2) инчунин аз пешниҳоди ҳисоботи андоз, ба истиснои пешниҳод намудани эъломияи даромади умумӣ дар соли гузаштаи тақвимӣ бо замимаи нусхаҳои хуҷҷатҳои бонкӣ доир ба пардохти андозҳо.
Меъёри андозҳои соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд, аз рӯи намудҳои алоҳидаи фаъолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти коэффитсиентҳои минтақавии танзимкунанда муайян карда мешавад.
Давраи андоз барои соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда як моҳи тақвимӣ эътироф карда мешавад.
Соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда ҳуқуқи истифода намудани низомҳои дигари андозбандии тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо надорад. Инчунин, шахси воқеӣ дар як вақт дорои патенти ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ва шаҳодатнома оиди бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродиро ҳуқуқ надорад.
Уҳдадории андозии соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда то расман бекор гардидани қайди давлатӣ боқӣ мемонад. Яъне, пас аз санаи якуми баъд аз моҳи қатъ гардидани бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ хотима меёбад.
Инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ василаи рушди фаъолияти хоҷагидорӣ ва пешрафти иқтисодиёти миллӣ буда, дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат дар ин ҷода баҳри ҳавасмандгардонии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст. Ҷиҳати боз ҳам такмил додан ва мустаҳкам гардонидани дастгирию имтиёзҳои фароҳамовардаи давлат ва вусъатёбии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мақомотҳои дахлдори ваколатдор мақсаднок мебошад.

                                                                                                                                            Фаттоев М.С.                                                                                                                              Мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ                                                                                                        оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)