ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ТАҲКИМБАХШИ САТҲИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 27/02/2024 - 11:41
      Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мешаванд, масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат таҳлилу баррасӣ гардида, роҳҳои ҳаллу фасли онҳо нишон дода мешаванд. Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қарор доранд, ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ мебошанд.
     Масоили боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи давлатҳое маҳсуб мешавад, ки масири бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеша намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қисми якуми моддаи 1 Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои номбаргардида собит менамоянд, ки дар таърихи башарият онҳо аз арзишҳои дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар ҳисобида мешаванд.
       Профессор Насриддинзода Э.С. дар иртибот ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чунин ибрози ақида менамояд: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ин раванд боиси баланд гардидани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд мусоидат менамояд».
       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои 90-уми асри гузашта масоили баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳуриро муҳим шуморида, 9-уми апрели соли 1997, таҳти № 691 фармон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷyмҳypии Тоҷикистон»-ро қабул карданд. Ин фармон бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо қабул гардид.
     Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа силсила тадбирҳои мақсаднокро андешида, дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро қабул кардааст, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1-уми декабри соли 1999, таҳти №2; қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22-юми августи соли 1997, №383; дар бораи «Барномаи низоми давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми июни соли 2001, таҳти №272; «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» аз 3-юми  декабри соли 2012, таҳти №678 аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
       Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2001 вобаста ба масоили сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ҳамзамон тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон сухан ронда, аз он изҳори ташвиш карданд, ки «то ҳанӯз сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии мардум паст мебошад. Сабаби инро ман пеш аз ҳама дар суст будани кори ташвиқоти қонуну қарорҳои қабулшуда мебинам. Яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон, вайрон кардани меъёрҳои қонун аз ҷониби роҳбарони идораю корхона ва муассисаҳои алоҳида маҳз надонистани қонун аст».
    Инчунин, Роҳбари давлат дар идомаи суханронӣ хотиррасон намуданд, ки «Конститутсия ва қонунҳое, ки дар давоми чанд соли охир қабул шудаанд, асоси тозаи низоми ҳуқуқиро гузоштанд, ки аз нигоҳи моҳияту мазмунашон дар муқоиса бо қонунҳои давраи гузашта комилан нав ҳастанд. Дарку фарогирии ин падидаҳои ҳуқуқӣ ва идомаи  ислоҳоти соҳаи ҳуқуқ ҳам аз шаҳрвандон ва ҳам аз мақомоти давлатию ғайридавлатӣ тақзо мекунад, ки муносибати худро дар ин самт ба куллӣ тағйир диҳанд».
      Биноан, дар Паёми фавқуззикр парламент, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, вазифадор шуданд, ки барои тарғиби дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолии мамлакат фаъолона саҳм гузоранд.
      Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 25-уми апрели соли 2008 низ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии кишвар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат таъкид гардид. Чуноне Сардори давлат иброз намуданд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад». Бинобар ин, дар Паёми зикргардида олимони соҳаи ҳуқуқи ҷумҳурӣ вазифадор шуданд, ки Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, то ҷашни 15-солагии қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, яъне 6-уми ноябри соли 2009 чоп намоянд. Афзун бар ин, Президенти мамлакат пешниҳод карданд, ки ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон зарурати таҳия ва қабул намудани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш татбиқ кардани он амалӣ гардад.
      Ҳамин тариқ, соли 2009 Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимони соҳаи ҳуқуқи ватанӣ ба нашр расид ва ҳамакнун аз тарафи табақаҳои гуногуни аҳолии мамлакат мавриди истифода қарор дорад.
       Илова бар ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2009, таҳти №253 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ гардид, ки мақсади асосии он баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд ва амсоли инҳо иборат буданд.
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016 дигарбора ба масоили боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, дар ин самт ба вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дастур доданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш бахшанд.
     Инчунин, Сарвари давлат дар ин Паём Вазорати маориф ва илмро муваззаф намуданд, ки «омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад».
    Илова бар ин, дар Паёми зикргардида бо мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ супориш дода шуд, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод созанд.
      Ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми фавқуззикр дар барномаҳои муассисаҳои таълимии кишвар омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» роҳандозӣ гардиданд, ки ба ин васила маърифати сиёсиву ҳуқуқии наврасону ҷавонон ташаккул меёбанд, Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории ҷумҳуриро меомўзанд ва эҳтирому риоя менамоянд, инчунин эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии онҳо боло мераванд ва маҷмуан, дар рушду инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузоранд.
    Ҳамчунин, тибқи тартиби муқарраргардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2018, таҳти №1005 «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» тасдиқ карда шуд. Дар консепсияи зикргардида боби махсус, яъне боби 5 ба масъалаи сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ва ёрии ҳуқуқӣ бахшида шудааст. Дар он қайд шудааст, ки баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шаҳрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад намуда, тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносони касбӣ амалӣ мешавад.
       Ҳамзамон, дар боби 5 консепсияи зикргардида барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад ҳисобида шудааст:
- ҷоннок кардани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
- таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ;
- ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;
- таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳимми баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ.
    Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26-уми декабри соли 2018 таъкид ба амал оварда шуд, ки «баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад». Воқеан, эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқиро талаб мекунад, ки бе он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд комилан амалӣ гарданд.
   Дар Паёми зикргардида Роҳбари давлат бинобар ба анҷом расидани муҳлати «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2019» лозим донистанд, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад.
     Ҳамин тариқ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019, таҳти №599 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардид. Ин барнома дар шароити кунунӣ аҳаммиятнок буда, мебояд, ки муқаррароти он ва дар ин замина муқаррароти қонунгузории мамлакат дар байни қишрҳои мухталифи аҳолӣ аз ҷониби масъулини мақомоти дахлдори давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам тарғибу ташвиқ карда, ба ин васила маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар баланд бардошта шаванд. Чунки баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар пешгирии қонунвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун, риояи Конститутсия ва қонунгузории кишвар, инчунин эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 таъкид доштанд, ки «дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад». Дар ҳамин Паём Сардори давлат вобаста ба қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳаммияти он дар ҳаёти ҷомеа сухан ронда, чунин иброз доштанд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
      Лозим ба ёдоварист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, соли ҷорӣ 30-юмин солгарди қабули ин қонуни асосии давлат таҷлил карда мешавад.
        Дар ин замина, ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон пешниҳод карданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад.
     Ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми зикргардида фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30-юми декабри соли 2023, таҳти №668 қабул карда шуд. Мақсади асосии фармони фавқуззикр аз баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам кардани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад.
      Дар иртибот ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб мешуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз тарафи олимони соҳаи ҳуқуқи кишвар Тафсири нави илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда шавад.
    Хулоса, эълон шудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеояд, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, таъмини волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона гардидааст.
                                                             
Сайнозимзода Фирўз Сайнозим,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
 
Шарифзода Фарангис Шариф,
сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад