ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ПАРЧАМ-РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Пшб, 24/11/2022 - 08:19
 
ПАРЧАМ-РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ
 
 “Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.”
                                                                         Эмомалӣ РАҲМОН
 
    Дар қатори чандин ҷашну санаҳои таърихӣ афзунгари эҳсоси ифтихормандиву сарфарозии миллати тоҷик, ки моҳият ва таъиноти барҷастаи ватандӯстона ва истиқлолпарастона доранду баҳри ҳамбастагиву сарҷамъии ҳамватанон равона гардидаанд, таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосро соҳиб аст. Ҳамчун санаи барои мардуми Тоҷикистон муқаддас Рӯзи Парчами давлатӣ боз як нишонаи равшан ва рукни мустаҳками соҳибдавлатӣ ва мустақилият буда, арзиши маънавии он дар ҷодаи иттиҳод, ризоияти аҳли ҷомеа ва сафарбарии миллӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву ормонҳои волои ватандорӣ хеле бузург аст.
    Моддаи 18 Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд. Дар робита ба ин, барои таҳияи Парчам, Нишони давлатӣ ва матни Суруди миллӣ комиссияи махсус ташкил карда шуда, вакилони мардумӣ бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ оид ба тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол иқдомоте рӯи даст гирифтанд. Ниҳоят, 24 ноябри соли 1992 бо тасдиқи «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатӣ ба шакли имрӯзааш пазируфта шуд.
    Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёнии сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009, №563 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд. Ин санаи таърихӣ собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии давлат ва ифтихори миллии моро ифода мекунад, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост.
    Мутобиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рамзҳои давлатии Тоҷикистон эътироф шуда, онҳо таҷассумгари истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошанд.
   Беҳтарин суханони баландмазмун ва воқеиро дар мавриди мақому ҷойгоҳи хоси Парчами давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, аз ҷумла чунин таъкид намудаанд:
«Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
    Дар ҳақиқат шинохти ҳар давлати озоду мустақил дар асоси мавҷудияти рамзҳои хоси соҳибихтиёрии он, бахусус тавассути Парчами давлатӣ сурат гирифта, басо муҳим аст, ки шаҳрвандони аз нигоҳи сиёсӣ ҳушёру зирак ва аз диди ҳуқуқӣ соҳибмаърифати он намунаи волои худшиносии миллӣ ва ватанпарварию ватандӯстӣ нишон дода, ба Парчами давлатии хеш эҳтироми доимӣ дошта бошанд, чунки донистани қадру манзалати рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ маънии пос доштани ин сарзамин, гузаштаи таърихии он ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои муқаддаси Истиқлолияти давлатиро дорад.
   Ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун рамзи шинохти давлати комилҳуқуқу мустақиламон хеле муҳим аст, чунки мардуми сайёра Тоҷикистонро тавассути Парчами фарқкунандаи он мешиносанд. Агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Зеро, ҳар ҷое, ки Парчам барафрохта шавад, мардум бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон эҳсоси ватандориву меҳанпарастӣ меафзояд. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, гузаштаи дур ва имрӯзи фирӯзу фардои дурахшони халқ аст.
    Ҳангоми музаффариятҳои варзишгарони ҷумҳуриамон дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ маҳз Парчами давлатӣ баланд бардошта мешавад, ки рамзи ғурури миллӣ ва ифтихори ватандории ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Таҳти парафшонии Парчами давлатӣ Тоҷикистон ташаббусҳои бузурги хешро баҳри ҳалли мушкилоти глобалии сайёра аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба миён гузошта, бо ин роҳ эътибори байналмилалии ҷумҳуриамон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар миқёси дунё торафт боло рафта истодааст.
    Парчами давлатӣ рамзи шоистаи сарфарозӣ аз истиқлолу соҳибватанӣ ва омили муҳими ифтихор аз давлатдориву мустақилият буда, миллати тоҷик ҳанӯз дар гузаштаҳои дури таърихӣ дорои суннатҳои бошарафи парчамдорӣ буд.
    Ҳар як фарди бомаърифат ва соҳибхиради мамлакати озоду мустақили мо бояд Парчами давлатиро чун рамзи сарбаландӣ ва сарфарозию ифтихор дуруст шинохта, ба бузургӣ ва муқаддас будани он ба таври шоиста арҷгузорӣ карда, бо чунин муносибати ватандӯстона дар бунёди ҷомеаи пешрафта саҳм гузошта, садоқатмандона ва бо масъулияти баланд баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва эътибори миллату давлатамон дар сатҳи ҷаҳони муосир саҳмгузории арзанда намояд.
Дар охир Рӯзи Парчами давлатиро ба Шумоён ва ба тамоми сокинони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як Шумо бахту иқбол ва ба давлати соҳибистиқлолу озодамон амнияту осоиш ва рушди устувор орзу менамоям.
 
Тоирзода Малика Тоир,
мутахассиси пешбари шуъбаи сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)