ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

НАҚШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 25/02/2026 - 12:35
     Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсӣ ва барномавии кишвар ба шумор рафта, ҳамчун раҳнамо ва дурнамои рушди давлатдорӣ хизмат мекунад. Он на танҳо натиҷаҳои фаъоли-яти мақомоти давлатиро ҷамъбаст менамояд, балки самтҳои стратегӣ, афза-лиятҳо ва вазифаҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро барои марҳилаи минбаъда муайян месозад.
     Дар муҳтавои Паём масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва густариши ислоҳоти ҳуқуқию иҷтимоӣ ҳамчун самтҳои калидӣ муайян гардидаанд. Ин ҳуҷҷат сиёсати давлатро дар марҳилаи муайян ташаккул дода, барои фаъолияти минбаъдаи Ҳукумат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ниҳодҳо заминаи устувор мегузорад.
     Дар Паёми навбатӣ таъкид мегардад, ки идоракунии самараноки давла-тӣ шарти асосии рушди устувор мебошад. Президенти мамлакат ба масъалаи такмили сохтори идоракунӣ, боло бурдани сатҳи касбият ва масъулияти хизматчиёни давлатӣ, инчунин тақвияти назорати ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Паём ҳамчун василаи иртиботи мустақими давлат бо ҷомеа хизмат карда, шаффофияти сиёсати давлатиро таъмин менамояд.
     Иқтисодиёт дар Паём ҳамчун пояи асосии истиқлолияти давлатӣ ва некӯ аҳволии ҷомеа арзёбӣ мегардад.
     Барои таъмини рушди босубот, коҳиши вобастагӣ аз омилҳои беруна ва истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ, самтҳои зерини афзалиятнок муайян шудаанд:
     1.Саноатикунонӣ ва инноватсия: Коркарди ашёи хом дар дохили киш-вар, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти иқтидори соди-ротӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок фаҳмида мешавад.
         2. Иқтисоди рақамӣ: Гузариш ба рақамикунонии инфрасохтор ҳамчун омили баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ на танҳо ҷараёни шаффофияти хизматрасониҳои давлатиро таъмин менамояд, балки ҳамчун меҳвари асосии самаранокии идоракунӣ ва пойдевори мустаҳками инноватсионӣ барои рушди устувори давлатдорӣ дар марҳилаи муосир хизмат мекунад..
        3. Энергетика: Истифодаи самараноки нерӯи барқ ва тавлиди энергияи «сабз» бо истифода аз захираҳои бузурги обӣ заминаи асосии истиқлолияти энергетикӣ ва рушди босуботи саноати кишварро фароҳам меорад.
       4. Кишоварзӣ: Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафи стратегии давлат ба шумор рафта рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
     Сиёсати иҷтимоӣ дар Паёми Президент ҳамчун самти афзалиятнок боқӣ монда, давлат масъулияти худро дар таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон таъкид мекунад. Вазифаҳои калидӣ дар ин бахш баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва беҳтар намудани низоми тандурустиро дар бар мегиранд.
     Маориф ва илм ҳамчун омили асосии пешрафти давлат дар паёми соли 2025 мавқеи марказиро ишғол мекунанд. Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар ин радиф, соҳаи маориф авлавияти бештарро касб намуда, ҳамчун омили муҳимми бунёди миллати мутамаддин маҳсуб мегардад.
     Бо истифода аз таваҷҷуҳ Президенти Тоҷикистон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат баён доштанд, ки рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриим-кон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
     Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.
    Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
     Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузо-рии он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.
    Дар ин робита, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.
     Сармоягузорӣ ба инсон асоси рушди дарозмуддати кишвар дониста шуда, зарурати баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқсозии барнома-ҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди таҳсилоти рақамӣ махсус қайд шудааст. Илм ва инноватсия дар канори рақамикунонии хизматрасониҳо шарти асосии пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва шаффофияти идоракунӣ мебошанд.
     Таҳкими давлати ҳуқуқбунёд тавассути такмили қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини адолати судӣ яке аз пояҳои асосии Паём аст. Дар ин раванд, нақши занон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва нақши ҷомеаи шаҳрвандию воситаҳои ахбори омма дар таҳ-кими демократия ва шаффофият муҳим арзёбӣ мешавад.
     Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастгириҳои занон аз ҷониби Сарвари давлат боис ба он шуд, ки онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона намоянд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид месозанд, ки зани маъри-фатнок метавонад бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд, балки ҷомеаро тарбият намоянд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар занону духтарони соҳибкасбу соҳибмаърифат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ фаъолияти назаррас дошта, дар самти роҳбарӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд.
     Дар сатҳи байналмилалӣ бошад Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «сулҳҷӯёна»-ро идома дода, таъмини амнияти миллӣ ва суботи сиёсиро омили рушди устувор медонад.
     Ҳамин тавр Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати мукаммали стратегӣ буда, тамоми самтҳои рушди минбаъдаи кишварро фаро мегирад. Татбиқи амалии нуктаҳои он заминаи воқеиро барои рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
 
 
Фирдавсӣ гуландом Рустамзода
сармутахассиси бахши таҳлили таъсири
танзимкунии Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)