ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

НАҚШИ КОНСИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 30/12/2024 - 15:22
     Терроризм ва экстремизм аз таҳдидҳои муосир ба суботу амнияти ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи амалҳои террористиву экстремистӣ вазъи ҷаҳон ноором гашта, ҷиноятҳои вазнин содир мешаванд. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд “вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем”.
     Ҷиҳати муқовимат ба ин падидаҳои манфӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ маҷмуи тадбирҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фаҳангӣ ва динӣ андешида мешавад. Тадбири ҳуқуқии пешгирии терроризму ифротгароӣ дар он зоҳир мегардад, ки барои муқовимат ба он санадҳои ҳуқуқӣ қабул шуда, меъёрҳои қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мешаванд.
     Асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба терроризм, пеш аз ҳама дар Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон (минбаъд – Конститутсия) муқаррар гардида, санади мазкур дар пешгирии терроризму экстремизм нақши калон дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо фарқ менамояд. Нақш ва аҳамияти Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он ҳуқуқу озодиҳои инсонро аз хатарҳои мавҷуда ҳимоя мекунад.
   Тибқи қисми 3 моддаи 7 Конститутсия “Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст”.
     Ҳоло дар кишварҳои гуногун ташкилоту ҳизбҳои террористӣ ғайриқонунӣ амал намуда, пайравони зиёдро асосан аз миёни ҷавонон ба худ ҷалб менамоянд. Бинобар ин, ташкил ва фаъолияти чунин намудҳои ташкилотҳои ғайрирасмиро Конститутсия манъ кардааст. Тибқи қисмҳои 5-6 моддаи 8 Конститутсия “таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст”.
     Дар солҳои охир бархе аз ташкилоту ҳизбҳои динӣ-сиёсӣ, ки аз ҷониби давлату созмонҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мегардиданд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафҳои паҳн кардани ақидаҳои ифротгароён, хусумату бадбинии динӣ-мазҳабӣ, аз ҷумла ташкилоти террористи экстремистӣ ҲНИ, “Иғвону-л-муслимин”, “Салафия”, “Давлати исломӣ” ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд. Бо дарназардошти нишондоди Конститутсия, 29-сентябри соли 2015 фаъолияти зиёда аз 10 ҳизбу ҳаракати террористию экстремистӣ аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардид.
   Ба дигар ҳадафҳои террористону ифротгароён ташвиқоту низоъ ва ҷанг, вайрон кардани муносибатҳо байни халқу миллат ва давлатҳо мебошад. Дар асоси моддаи 11 Конститутсия Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд. Тибқи моддаи мазкур ташвиқоти ҷанг манъ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар гуна таҳдиди террористон, ки ба халалдор шудани муносибатҳои дӯстона бо дигар давлатҳо ва тарғиботу ташвиқоти низову мухолифат оварда мерасонад, муборизаи қатъӣ менамояд.  
    Дар натиҷаи амалҳои террористон пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд поймол гардида, ба амалигардонии онҳо монеаҳо пайдо мегарданд. Бахусус, бархе аз ифротгароён бо андешаҳои ифротии худ монеъ ба муҳимтарин ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқи таҳсилу кори занону духтарон мегарданд.
    Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳифз ва кафолати амалигардонии онҳоро таъмин менамояд. Муқаррарот оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пурра дар боби 2 Конститутсия инъикос гардидааст. Дар боби мазкур муқаррар шудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.       Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд (моддаи 14 Конститутсия).
     Дар бархе мавридҳо, аз амалҳои ифротгароёну террористон мушоҳида мешавад, ки шахсони бегуноҳро асир гирифта, мавриди азияту шиканҷа қарор медиҳанд. Чунин амалро Конститутсия манъ карда, дар қисми 3 моддаи 18 муқаррар менамояд, ки “ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад”.
     Ҳамин тариқ, дар моддаҳои дигари Конститутсия асосҳои муқовимат ба амалҳои террористиву экстремистӣ муқаррар шуда, барои танзими ҳамаҷонибаи мубориза ба терроризму экстремизм замина гузошта шудааст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба терроризму экстремизм ба Конститутсия асос ёфта, айни ҳол чандин санадҳои ҳуқуқӣ барои пешгирии терроризму экстремизм қабул карда шудаанд.        Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025” аз зумраи муҳимтарин санадҳо дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм мебошанд, ки дар онҳо принсип, роҳу механизм ва дигар нишондодҳои мубориза бо терроризму экстремизм муайян шудаанд.
     Дар баробари қонунҳои зикршуда барои пешгирии терроризм ва ифротгароӣ, ҳамчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул шудааст, ки ба қатори онҳо стратегия ва барномаҳо дохил мешаванд. Айни ҳол Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо мақсади пешгирии терроризму экстремизм ва коҳиши хавфи онҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар ҳадафҳо амал мекунад.
     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош мекунад, то аз паёмади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо мақсади таъмини ҳифзи амнияти шаҳрвандон аз таҳдиди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бо терроризму экстремизм, барҳам додани таҳдиди онҳо дар ҳудуди кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта аз ҷониби давлат мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад.
     Махсусан, ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи “мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ” ва манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.
    Хулоса, Конститутсия санади асосии меъёрӣ-ҳуқуқиест, ки асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба терроризму экстремизмро муқаррар карда, кирдори террористону ифротароёнро манъ намудааст. Аз ҷумла, ба кирдорҳои тафриқаву ҷудоиандозӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ, ташкили ташкилотҳои ғайрирасмии динӣ-сиёсӣ, ташвиқоти ҷангу низоъ, халалдор сохтани оромӣ ва робитаҳо миёни давлатҳо, нақзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ва ғайраҳо дохил мешаванд, ки бевосита террористону ифротагроён содир мекунанд. Ҳамчунин дар заминаи Конститутсия барои муқовимат ба терроризму экстремизм қонунҳои алоҳида ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул шуда, механизми миллии муқовимат ба терроризму экстремизм амал менамояд.
 
Адабиёт
1.   Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1996 бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ). – Душанбе: Ирфон. – 2019. – 126 с.;
2.   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” аз 23 декабри соли 2021, №1808 // Захираи электронӣ: https://mmk.tj. Санаи дастрасӣ: 22.08.2024;
3.   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020, № 1655 // Захираи электронӣ: https://mmk.tj. Санаи дастрасӣ: 22.08.2024;
4.   Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26.01 соли 2021. Захираи электронӣ: https://mmk.tj. Санаи дастрасӣ: 23.08.2024;
5.      Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, № 776 тасдиқ шудааст // Захираи электронӣ: https://mmk.tj. Санаи дастрасӣ: 23.08.2024.
 
Холализода А.,
мутахассиси шуъбаи
ҳуқуқи байналмилалӣ
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад