ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПОЙДОРИИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 03/03/2026 - 16:30
     Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ нуктаҳои муҳимми таҳкиму нигоҳдории Истиқлоли давлатӣ, рушди соҳаҳо, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамонро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод менамоянд. Аз нуктаҳои муҳиме, ки дар ҳар Паём таъкид мегардад, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.
     Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин сатм маҷмуи тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда корҳои назаррас амалӣ гардида истодааст.
     Чуноне зикр шуд, аз оғози соҳибистиқлолии кишвар баланд бардоштани ҳуқуқи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумату давлати кишвар ба ҳисоб мерафт. Ҷиҳати ҳалли ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мустаҳкам кардани мавқеи зан бо меъёрҳои конститутсионӣ ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавиро пеш гирифт.
     Пешвои миллат дар паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи модар таъкид доштанд, ки: “Мо ҳамеша ба масъалаи беҳбудии вазъи занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамоем ва барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷиби онҳо заминаву имкониятҳои мусоид фароҳам меоварем. Аз ҷумла ба хотири ҳимояи ҳуқуқи занон ҳоло тамоми заминаву имкониятҳои муосири қонунӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид. Илова бар ин, тибқи супоришҳои дар паёмҳои қаблии Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар ду соли охир ду ҳуҷҷати муҳим – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030 қабул карда шуд".
     Таҳлилҳои охирин нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи гендерӣ ва имкониятҳои баробарӣ ҳанӯз пешрафтро талаб мекунад. Тибқи гузориши СММ ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Global Gender Gap Report 2024, кишвар дар миёни зиёда аз 140 кишвар дар ҷалби занон ба сатҳҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ҷойгоҳи миёна дорад, ки ин мушкилотҳоро нишон медиҳад. Дар баробари ин, иштироки занон дар бозори меҳнат ба ҳисоби миёна 31,8 % мебошад, дар ҳоле ки иштирок барои мардон 51,3 % аст. Ин нишондиҳандаҳо талаб менамоянд, ки тадбирҳо барои беҳтар кардани имкониятҳои занон дар иқтисод ва низоми иҷтимоӣ боз ҳам пурзӯр карда шаванд.
     Хабарҳои охирин низ нишон медиҳанд, ки дар соҳаи ҳуқуқ ва дастрасӣ ба адолат низ шаҳодатдиҳандагони муҳим ба назар мерасанд. Масалан, дар Душанбе дар конфронси бахшида ба «Рӯзи байналмилалии занон‑доварон» таъкид шуд, ки занони довар нақши муҳим дар таъмини адолати баробар ва дастрасӣ ба адолат барои занон доранд ва бояд имкониятҳои онҳо дар мансабҳои баланд дар судҳо зиёд шавад[.
     Ҳамчунин, дар доираи барномаи ҷаҳонӣ оид ба зӯроварӣ ва дастгирии занон 15 утоқи махсуси кумак барои қурбониёни зӯроварӣ кушода шуд, ки дар муассисаҳои тиббӣ дастрасии онҳо ба кумак ва шароити бехатарро таъмин менамояд. Ин иқдом қисми 1 барномаи васеи муштарак бо СММ ва Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки барои пешгирӣ аз ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ ва дастгирии занону духтарон роҳандозӣ шудааст.
     Дар сатҳи ҷомеа низ фаъолиятҳои ҷавонон дар самтҳои ҳуқуқ ва баробарӣ зиёд гардида истодаанд. Масалан, дар Душанбе форуми ҷавонони ҳуқуқшинос баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои баробарии ҷинсӣ, дифоъ аз ҳуқуқи занон ва мубориза бар зидди зӯроварӣ баррасӣ шуданд ва нақши ҷавонон дар татбиқи гендерӣ ва ҳуқуқии занон таъкид гардид[5].
     Ин нишондиҳандаҳо аз як ҷониб фаъолнокии баланди занонро дар соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ нишон медиҳанд, аз ҷониби дигар зарурати васеъ намудани иштироки онҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, техникӣ ва идоракуниро таъкид месозанд.
     Имрӯзҳо зан-модари тоҷик дар ҳама самту соҳаҳо, иқтисодӣ, иҷтисоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, илм, маориф, тандурустӣ ва ғайра фаъолияти шоёну назаррас дорад. Гузашта аз ин, занони тоҷик рисолати азалии худ – тарбияи насли наврас ва саводу хат омӯхтани фарзандони худро дар ҷои аввал гузошта, бо заковату матонат онҳоро дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ ба воя мерасонанд.
     Чуноне Сарвари давлат таъкид намудаанд: “Мо ҳамеша ифтихор мекунем, ки модарону бонувони кишвари мо бо меҳрубониву самимият ва ҳунармандиву маърифати баланди худ маҳбуби дилҳо мебошанд. Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.
     Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бузург мебошад. Фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик ҳоло бо заҳмати бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаашон давлати соҳибистиқлол ва Ватани аҷдодиамонро обод карда, мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёрро торафт баланд бардошта истодаанд” 
     Дар умум, имрӯз зан-модари тоҷик чун рамзи ҷовидонаи меҳру вафо бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида, донишу заковати баланд, тарбиятгару бунёдкор ва роҳнамоӣ ҷомеа мебошад. Таманно мекунем, ки занони тоҷик ҳамеша чун машъалҳои фурӯзону тобанда роҳи саодату хирад ва маърифати моро мунаввару равшан созанд.
 
НАРЗОВА ДИЛНОЗА МИРЗОВАЛИЕВНА
мутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад