ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2141 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МУҚОВИМАТ БА ҶИНОЯТҲОИ ГУМРУКӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 30/05/2025 - 14:48
     Муқовимат бо ҷиноятҳои гумрукӣ дар шароити муосир яке аз масъалаҳои муҳим ва бисёрҷанба ба ҳисоб рафта, ба иқтисодиёт, амнияти миллӣ ва саломатии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Дар шароити муосир, ки бо ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳо ва афзоиши тиҷорати байналмилалӣ тавсиф мешавад, мубориза бо ин гуна ҷиноятҳо мушкилтар шуда истодааст.
     Муқовимат ба ҷинояткорӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон як масъалаи муҳим ва доимӣ мебошад, ки барои таъмини амният ва осоиштагии ҷомеа ҳамкории созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро тақозо менамояд. Муқовимат ба ҷинояткорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлат ва мақомоти он ҷиҳати таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонунӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ва коллективҳои меҳнатӣ аз ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад, ки дар ин самт як қатор қонуну кодексҳо ва барномаю стратегияҳо қабул шудааст.
     Ҷиноят кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфнок мебошад [1].       Ҷиноят доираи муайян надошта, тамоми самтҳои ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро фарогир мебошад, аз ҷумла дар самти фаъолияти гумрукӣ низ бисёр ба назар мерасад. Ҷиноятҳои гумрукӣ амали ғайриқонунии ҷиноятиест, ки фаъолияти мақомоти гумрукро оид ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ҳангоми интиқоли молҳо тавассути сарҳади гумрукӣ содир карда мешаванд, ба таври назаррас вайрон мекунанд [2].
      Чуноне, ки олими рус Михайлов В.И. қайд менамояд, ҷинояткорӣ дар соҳаи гумрук, ба ғайр аз зарба задан ба иқтисодиёт, бо ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба саломатии мардум хатар эҷод карда, бозори дохилиро касиф намуда, табиатро заҳролуд мегардонад [3].
     Ҷинояткорӣ дар соҳаи гумрук ба як чанд намуд ҷудо мешавад: аз ҳама намуди паҳншудатарин дар байни ҷиноятҳои гумрукӣ ин ҷинояти қочоқ ба ҳисоб меравад. Баҳри мубориза бар зидди ин намуди ҷиноят дар моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Қочоқ гуфта, интиқоли мол ва (ё) ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ё бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо ё воситаҳои ҳаммонандкунии (идентификатсионии) гумрукӣ, ё декларатсия накардан, ё декларатсиякунонии носаҳеҳи онҳоро мефаҳманд.
      Предмети қочоқ мол ё дигар ашёҳо мебошад. Зери мафҳуми мол ҳама гуна амволи манқули ҳам ба мақсадҳои тиҷоратӣ ва ҳам ғайритиҷоратӣ аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда, инчунин, воситаҳои нақлиёти марбут ба амволи ғайриманқул, ки аз сарҳади гумрукӣ интиқол дода мешаванд, фаҳмида мешавад. Ба мафҳуми «дигар ашёҳо» он ашёҳое дохил мешаванд, ки ба категорияи «мол» мансуб нестанд. Мисол, воситаҳои нақлиёт, асъорҳои ватанӣ ва хориҷӣ, қоғазҳои қиматнок ва қувваи барқу газ, инчунин, киштиҳои ҳавоӣ ва обӣ, ки ба категорияи молҳои ғайриманқул дохил карда шудаанд[4].
       Инчунин, тамоюли афзоиши ҷиноятҳои марбут ба қонуншиканиҳо, қоидаҳои интиқоли мол, захираҳо, пули нақд аз як давлат ба давлати дигар хело зиёд гардидааст. Чунин қонуншиканиҳо бо тарзу усулҳои гуногун амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла:
  • саркашӣ аз пардохти гумрукӣ;
  • иҷро накардани уҳдадорӣ пас аз баргардонидани даромади асъор;
  • вайрон кардани қоидаҳои асъор ва ғайраҳо[5].
     Қайд намудан зарур аст, ки барои саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ тибқи моддаи 291 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, танҳо дар ҳолате ба миён меояд, ки агар шахс бори аввал ин кирдорҳоро содир намуда, дар давоми чилу ҳашт рӯзи бонкӣ аз рӯзи қабули қарори дахлдори мақомоти гумрук, маблағи пардохтҳои гумрукиро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра насупорад, инчунин кирдорҳои мазкурро такроран содир намуда, дар давоми бисту чор рӯзи бонкӣ аз рӯзи қабули қарори дахлдори мақомоти гумрук, маблағи пардохтҳои гумрукиро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра насупорида бошад.
     Ҳамзамон, бояд дар назар дошт, ки агар нисбати шахс бо моддаҳои 291 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шӯда, ҳангоми тафтиши пешакӣ ва ё баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ шахс маблағи пардохтҳои гумрукиро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра супорад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Дар мавриди пас аз баровардани ҳукми суд маҳкумшуда маблағи пардохтҳои гумрукиро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра супорад, бо қарори суде, ки ҳукм баровардааст, ё суди маҳаллӣ иҷрои ҷазо ва ё суди болоӣ, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешавад.
      Инчунин баҳри пешгирӣ, ошкорнамоӣ ва муқовимат ба чунин ҷиноятҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ хадамоти гумрук фаъолияти бисёр назаррасро амалӣ менамоянд. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ вазифаҳои муҳим, аз ҷумла пеш бурдани сиёсати давлатӣ, танзим намудан, идора ва назорат кардан дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, назорати асъор ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукиро ба зимма дорад.
     Дар шароити муосир бо тараққиёти ҷомеа нақши Хадамоти гумрук дар ташаккулёбии муносибатҳои нави бозорӣ, ҳифзи истиқлолияти иқтисодӣ ва бехатарии иқтисодӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, басо назаррас мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон иброз намуданд: «Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро, аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад»[6].
     Фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ серсоҳа буда, аз масъалаҳои мубориза бар зидди қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, силоҳу лавозимоти ҷангӣ, содироти арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии халқҳо, анҷом додани назорат аз болои содироти маводҳои стратегии барои ҳаёт ва саломатии одамон, ҳайвонот ва набототи муҳити зист зарарнок иборат мебошад.
       Маҳз бо истифодаи ҳамин самти фаъолият ба кормандони Хадамоти гумрук муяссар гардид, дар давоми соли 2023, 4332 ҳодисаи қонуншиканиҳои гумрукиро ба қайд гирифтанд, ки 58 ҳолат ҷиноят дар соҳаи гумрук буда, аз он 39 ҳолат интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, 18 ҳолаташро қочоқи молҳои ниёзи мардум ташкил медиҳад. Инчунин, 4256 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошад. Аз рӯи парвандаҳои баррасишуда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ бошад, зиёда аз 2 миллиону 483 ҳазору 452 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуда, аз он маблағи 1 миллиону 807 ҳазору 364 сомонӣ ситонида шудааст[7].
       Дар муқовимат ба ҷиноятҳои гумрукӣ густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба нақши муҳим дошта, бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб узви Созмони умумиҷаҳонии гумрук ва беш аз 100 конвенсияю созишномаҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад[8]. Ҳамкориҳои байналмилалӣ имкон медиҳанд, ки ҷиноятҳои гумрукӣ боз ҳам бештар ва саривақт ошкор, пешгирӣ, бартараф ва пурзӯр карда шаванд.
     Ҳамин тариқ, муқовимат ба ҷиноятҳои гумрукӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлат ба ҳисоб рафта, баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин коллективҳои меҳнатӣ аз ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд.
 
МУСТАФОҚУЛОВ ДОВАРШОҲ БАЁНҚУЛОВИЧ,
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Рӯйхати адабиёт:                                                                                      
[1]. Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон// (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод.68, мод.69, №22, мод.306; с.1999, №12, мод.316; с.2001, №4, мод.149, мод.167; с.2002, №11, мод.675, мод.750; с.2003, №8, мод.456, мод.468; с.2004, №5, мод.346, №7, мод.452, мод.453; с.2005, №3, мод.126, №7, мод.399, №12, мод.640; с.2007, №7, мод.665; с.2008, №1, қ.1, мод.3, №6, мод.444, мод.447, №10, мод.803, №12, қ.1, мод.986, №12, қ.2, мод.992; с.2009, №3, мод.80, №7-8, мод.501; с.2010, №3, мод.155, №7, мод.550; с.2011, №3, мод.161, №7- 8, мод.605; с.2012, №4, мод.258, №7, мод.694; с.2013, №6, мод.403, мод.404, №11, мод.785, №12, мод.881; с.2014, №3, мод.141, №7, қ.1, мод.385, мод.386; с.2015, №3, мод.198, мод.199, №11, мод.949, №12, қ.1, мод.1107; с.2016, №3, мод.127, №5, мод.355, мод.356, №7, мод.608, мод.609, №11, мод.874, мод.875; с.2017, №12, мод.2, мод.3, №7-9, мод.586; с.2018, №1, мод.4, мод.5, №5, мод.266, №7-8, мод.522; с.2019, №1, мод.1, мод.2, №6, мод. 311; с.2020, №1, мод.8, мод.9, №7-9, мод.607, мод.623, №12, мод. 904). Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Адлия». Шакли 7.0 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 12.05.2025);
2. Зуева, К. Ю. Понятие и классификация таможенных преступлений // Молодой ученый. — 2017. — № 47 (181). — С. 109-111. —[Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://moluch.ru/archive/181/46678/ (санаи муроҷиат: 13.05.2025);
3. Михайлов В.И. Таможенные преступления: уголовно-правовой анализ и общие вопросы оперативно-розыскной деятельности. СПБ.: Юридический центр Пресс, 2015. -С. 211//[Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://search.rsl.ru/ru/record/01000638282 (санаи муроҷиат: 13.05.2025);
4. Тафсир ба Кодекси чиноятии Ҷумҳурии Точикнстон / Муҳаррири масъул Ҳ.Ҳ.Шарипов. Душанбе. Глобус. 2006. 880с.
5. Куксин И.Н., Азнагулова Г.М. Правовое государство, право и общечеловеческие ценности // Правовое государство: теория и практика. 2014. № 3 (37). С. 10–12: [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: file:///C:/Users/MOLIA/Downloads/Право%202022-1-53-59.pdf; (санаи муроҷиат: 14.05.2025);
6. Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2015:// [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: gumruk.tj/http. (санаи муроҷиат: 14.05.2025);
7. Таърихи мақомоти гумруки Тоҷикистон// [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL:https://donishkhona.tj/knowledgebase/tarikhi-maqomoti-gumruki-tojikiston (санаи муроҷиат 14.05.2025).
8. Акбаров Сайодил Саидович. Сифати хизматрасонии гумрукӣ ва роҳҳои такмили он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон//[Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: https://cyberleninka.ru/article/n/sifati-hizmatrasonii-gumruk-va-ro-oi-takmili-on-dar-um-urii-to-ikiston.(санаи муроҷиат 13.05.2025)
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)